​Тараққиёти касбу санъат ва сохахои мухими рӯзгор

Садриддин Айнӣ дар пайравии маорифпарварон китоби дарсии «Таҳзиб-ус-сибён»-ро таълиф карда буд, ки он бештар ба масъалаҳои муҳими иҷтимоии ҷомеа бахшида шудааст.

Дар шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд, Хуҷанд, Истаравшан, қуқанд, ҳисор, Кӯлоб ва дигар шаҳрҳо соҳаҳои гуногуни ҳунармандӣ мавҷуд буд, ки фаъолияти ҳунармандони дар рисолаҳои косибии худ нафишта мешуд. Дар тӯли чанд вақт аҳли ҳар як ҳунар ҷамъ шуда, он рисолаҳоро мутолиа мекарданд ва ба шогирдоне, ки ин ва ё он ҳунарро пурра омӯхтаанд, маросими камарбандро гузаронида, ба онҳо ҳуқуқи кушодани устохонаҳои шахсӣ медоданд. ҳар як ҳунармандони халқӣ шаҳрҳо ва гузарҳои худро доштанд. ҳунармандони машҳур дар Хуҷанд – Неъматшайхи Наҷҷор, Мулло Шайхи наққош, Мир ҳайдари наққош, дар Истаравшан – Мир Арбоби наққош, Бобоҷони наққош, дар Исфара – Мошариф оқсаққол, дар Конибодом – Боирҷони Кушкакӣ, Муҳаммад Шукури Наҷҷор, дар Балҷувон – Сафари Чӯбтарош, Усто Нур, ҳакими заргар, дар Бухоро – Мулло Муҳаммадшароф, Усто Баротбой, Усто ҳакими Бухороӣ, Усто Суфӣ, Усто Бегим, Абдураҳими Кӯлобӣ, Маҳмудхоҷаи Балҷувонӣ, Зокири Хатлонӣ, ҳоҷӣ ҳусайни Кангуртӣ, ҳоҷи муҳҳамиди Кӯлобӣ, Бисмили ҳисорӣ, Саидвалии ҳисорӣ, Карим Девона, Мавзуни Бадахшонӣ, Мусои Бадахшонӣ, Мулло Ёри Ванҷӣ ва даҳҳо дигарон буданд, к ибо ҳунари хеш машҳур шуда буданд.

ҳар як касби пири худро дошт. Масалан: пири оҳангарон – Довуд, санъати тасвирӣ – Дониёр, дӯзандагию рассомӣ – Бибӣ Зӯҳро ва дигарон. Агар мардон маҳсули ҳунари худро дар меъморӣ, кулолгарӣ чӯбтарошӣ, ороишӣ, кандакорӣ тасвир намоянд, духтарону занҳои тоҷик завқи бадеӣ, орзую умеди худро ба рӯи матоъҳо, рӯймолҳо, тоққиҳо, чодар, борпӯшҳо, чойхалта, ҷияк, дастпонак, гилем ва ғайра мекашиданду медӯхтанд.

Яке аз хусусиятҳои муҳимтарини фарҳанги ин давра дар он буд, ки олимону нависандагон ва шоирон, на танҳо дар шаҳрҳои марказӣ, балки дар аҳрҳои дигар, марказҳои адабиро ташкил карда, асарҳои худро офаридаанд.

Масалан бузургтарин пайрави сабки Бедил ин Нақибхон Туғрали Аҳрори Валӣ мебошад, ки маҳсули маънавиёташ аз мухаммас, қасида, маснавӣ, достонҳои «Фироқнома» ва «Соқинома» боқӣ мондаанд.

Мавзӯъҳои бенавоӣ, қшшоқӣ, зулм, истибдод, меҳру муҳаббат дар эҷодиёти даҳонии мардуми тоҷик бештар ба чашм мерасид. Масалан: достони «Гуруғлӣ»-и тоҷикӣ аз дигар мардум бо хусусиятҳои ватанпарварӣ, инсондӯстӣ ва қаҳрамононаш фарқ мекунад.

Гарчанде ки дар сатҳи иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии халқи тоҷик дар асри 19 ибтидои асри 20 навовариҳои зиёде ва вуқӯъ пайваста бошад ҳам, мардум анъана, урфу одат ва маросимҳои милли худро давом медоданд. Масалан: тӯйҳои суннатӣ, иди рамазон, тӯйи арӯсӣ, иди қурбон, Наврӯз сурудҳои гаҳворабандон, сурудҳои аллаи модарон, базми гул, суруди ёр-ёри арӯсӣ, сурудҳои мавсимию маросимӣ ба монанди гулгардонӣ, наврӯзӣ, сайри лола, сумалак, суруд-ҳои марсиявӣ, гиря, чӯпонӣ, гандумдаравӣ, хирмакӯбӣ, бофандагӣ, силсилаи суруду оҳангҳои класикии шашмақом, суруду оҳангҳои тоҷик аз мақомҳои Бузург, Рост, Наво, Дугоҳ, Сегоҳ, Ироқ ва ғайраҳо. Намояндагони соҳаи санъати мусиқӣ оид ба мақом бисёр рисолаҳои илмӣ навиштаанд. Яке аз он рисолаҳо «Рисолаи шашмақом»-и (1884) Мусохӯҷаи Туркистонӣ буда, дар бораи таркиби сохти шашмақом маълумотҳои муфид додаст. Дар соҳаи санъати театрӣ бошад театри халқии Лӯхтак, дорбозӣ, масхарабозӣ, ҳирсбозӣ, булбулбозӣ ва ғайра амал мекард.

Омӯхтани ин ва ё он илм ба будану набудани мударрисҳо вобаста буд. Оид ба фаъолияти мударрисҳо, таълиму тарбия ва зисту зиндагонии онҳо дар асри 19 ибтидои асри 20 –и мардуми тоҷик устод Садриддин Айнӣ дар асарҳояш «ғуломон», «Дохунда», «Мактаби кӯҳна», «Одина» ва «Ёддоштҳо» ошкору ҳаққони ва суфассал баён намудааст. Дар он давра мадрасаҳо маркази тайёр кардани аҳли илму фарҳанг буд ва ин гунна даргоҳ барои мардуми тоҷик муқаддас дониста мешуд.

337
Нет комментариев. Ваш будет первым!