ТАЪСИРИ КИШОВАРЗИ БА РУШДИ ФАРҲАНГ
Инсон ду мафҳуми бо ҳам марбутанд, ҳаргиз олам худ аз худ пурнур нагашта-аст. Инсон дар тӯли тамаддуни чандинасра ба василаи равандҳои биологию таърихӣ муқимнишин гардида, асоси мутамаддин, тавлиди неъматҳои моддиро ба ву-ч; уд овардааст.Бояд гуфт, ки олам ва инсон ду мафҳуми бо ҳам марбутанд, ҳаргиз олам худ аз худ пурнур нагашта-аст. Инсон дар тӯли тамаддуни чандинасра ба василаи равандҳои биологию таърихӣ муқимнишин гардида, асоси мутамаддин, тавлиди неъматҳои моддиро ба ву-ч; уд овардааст.
Тоҷикистони зебоманзар кишвари қадимтарини мардуми ориёиҳо ва аҷамиён буда, ҳиссаи олимону санъаткорони ин мардум дар ташаккули тамаддуни ҷа-х, онӣ басо зиёд аст. Бесабаб нест, ки олими нобиға, яке аз асосгузори илми генетика, академик Николай Вави-лов Осиёи Миёнаро ба яке аз манбаъҳои пайдоиши маданияту фарҳанг дохил кардааст. Ҳамин сарватҳои маданиро мушоҳида намуда, Н.И. Вавилов ба хулосае омадааст, ки сарзамини Тоҷикистон яке аз марказҳои ғанитарини пайдоиши зироат мебошад.
Дар воқеъ, маданияти кишоварзии тоҷикон хеле қадим буда, таърихи чандинасра дорад. Дар ин бора олими рус М. П. Попов чунин гуфтааст: «Барои кишо-варз, ҳамчунин барои муаррих ва забоншинос Тоҷи-кистон на танҳо аҳамияти замонавӣ ва ояндаи дурах-шон дорад». Тоҷикистон ба ақидаи ӯ гузаштаи бузурги одамизод. сарзамйни беҳамтои зироатпарварӣ дар сарнавишти таърих мебошад. Бостонш шоси маъру-фи тоҷик Абдулло Исҳоқӣ дар ҳудуди Тоҷикистон дар байни шаҳрхои Панҷакент ва Самарқанд дар соҳили дарёи Зарафшон қадимтарин шаҳри Осиёи Марказӣ-Саразмро кашф кардааст.
Кашфиётҳои бостоншиносӣ нишон доданд, ки маданияти Саразмиҳо – аҷдоди суғдиён ба давраи не-олит рост омада, таърихи 5500-сола дорад. Дар байни бозёфтҳои археологӣ асбобу таҷҳизоти зироаткорӣ, олоти сангину биринҷӣ барои коркарди замин, омочу каландҳои ибтидой ва ғайраҳо ба назар мерасиданд. Аз манзилгоҳҳо нишонаҳои устухонбандии чорвои хо-нагӣ (гӯсфанд, буз, гов) ёфт шудааст.
Пас аз ин тадқиқотҳо бармеояд, ки Саразм яке аз марказҳои парвариши чорвои хонагӣ буда, аз ин лиҳоз ибораи «хонагӣ кунонидан» аз калимаи қадими тоҷи-кии «домгирӣ» гирифта шуда, маънои ром кунонида-ни чорворо доштааст. Бозёфту тадқиқотҳои таърихию ботоншиносӣ нишон медиҳанд, ки ҳанӯз дар давра-ҳои хеле қадим аҷдодони мо дар натиҷаи фаъолияти амалй, асосҳои маданияти баланди коркарди замину санъати чорводорӣ ва инчунин қоидаю усулҳои бағоят мутамадеъро роҷеъ дар байни соҳаи муҳими мадания-ти моддӣ бунёд намудаанд. Аҷдодони қадимаи халқи тоҷик дар натиҷаи ривоҷи санъати баланди кишовар-зӣ барои ба вуҷуд омадани намуд ва зоти нави раста-нию чорво ба комёбиҳои назаррас ноил гардидаанд. Дар давоми ҳазорсолаҳо аз худ мероси бои маданӣ низ гузоштаанд. Ин маданият тавассути анъанаҳои хал-кӣ, расму оинҳои оилавӣ, ташкили хоҷагии деҳқонӣ, чорводорӣ, тиҷорат, тавассути анъанаҳои давлатдо-рӣ, одоби муомилоти байнидавлатй, илму маърифат, ташкили кори таълиму тарбияи насли наврас, тавас-сути адабиёти шифоию хаттӣ, санъати волои мусиқию тасвирӣ, рақсу сурудҳои дилнишин аз насл ба насл гузаштааст. Тибқи маълумоти Забеҳулло Сафо суғдиён дорои алифбо ва адабиёти хоси худ будаанд. Онҳо дар чабони суғдию маҳаллии худ доир ба дин, анъанаҳо, адабиёт, мусиқӣ ва дигар намудҳои санъат навишта-ҷоти гаронбаҳое доштанд. Дар замони сугдиён бисёр асарҳои динии насронӣ, монавӣ, буддоӣ ба забони су-гдӣ тарҷума мешуданд.
Аз ин андешаҳои олимону бостоншиносон барме-ояд, ки аҷдодони тоҷикон дар давраҳои хеле қадим до-рои хат, мактаб, санъат, адабиёт, анъана ва шаҳрҳои қадимаи маркази илму фарҳанги хеш буданд. Санъ-аткорони давраи қадим ҳунари худро аксар вақт дар рӯи девору тахтасангҳои кӯҳӣ сабт менамуданд. Онҳо бештар ҳаёти шоҳони замонро тасвир менамуданд. Ин гуна тасвирҳоро дар боқимондаҳои бозёфтҳои бостон-шиносии шаҳрҳои Панҷакент, Афросиёб, Варахш ва Саразм дидан мумкин аст.
Дар Саразм шабакаҳои қадимтарини обёрй, ко-резҳо ошкор карда шуданд, ки он аз рӯди Зарафшон ибтидо гирифтааст. Дар давраи мезолит ва энеолит дар ҳазорсолаи VI-V пеш аз мелод истифода бурдани ғулбаҳои (қубурҳо, ғӯлаҳо) сафолӣ ва биринҷӣ барои такмили техникаи обёрии замин, рӯёндани ҳосили фа-ровон ҳамчун як узви маданияти моддӣ ва баҳри тарақ-қиёти шаҳрҳои навбунёди тоҷикон мусоидат мекард.
Аввалин иншооти обёрикунанда ҳисобкуниҳои риёзӣ ва нақшаҳои аниқи илмиро талаб мекард. Он барои амалии соҳаи кишоварзӣ, пайдоиш ва ривоҷи мусобиқоти миқдорию сифатӣ шароит фароҳам овард. Дар ин бобат хизмати асосгузори алҷабр Муҳаммад ибни Мусо ал-Хоразмӣ дар ибтидои асри IX хеле бу-зург аст. Ин гуна кашфиётҳо ба тараққиёти иқтисо-диёти шаҳрҳо, ривоҷи ҳунармандӣ, пайдоиши илмҳои табиӣ, адабиёт ва санъат мусоидат кард. Инчунин барои инкишофи минбаъдаи илму фарҳанг заминаи боэътимод гузошт. Зинаи баландтарини маданият ва истифодабарии замин ба замони Сомониён рост омад, ки шарқшиноси маъруфи Амрико Ричард Фрай дар китоби худ «Мероси Эрон» ин давраро «Асри тиллоии эҳёи тамаддуни тоҷикон» номидааст.