ЛУҒАТИ МУХТАСАРИ ИСТИЛОҲОТИ ФАРҲАНГШИНОСӢ

Авасто – Абасто, Апастак, яке аз куҳантарин осо-ри фарҳангии халқҳои эронинажод, китоби муқаддаси оини зардуштия буда, маъноҳои асос, дастур, сарқо-нун, дониш ва ниёишро дорад. Ривоятҳои он дар ҳазор-солаи П-и то милод ба вуҷуд омадАвасто – Абасто, Апастак, яке аз куҳантарин осо-ри фарҳангии халқҳои эронинажод, китоби муқаддаси оини зардуштия буда, маъноҳои асос, дастур, сарқо-нун, дониш ва ниёишро дорад. Ривоятҳои он дар ҳазор-солаи П-и то милод ба вуҷуд омада, аз даҳон ба даҳон гузашта дар асрҳои VI-V то милод бо хати оромӣ сабт шуда буд. Нусхаи аслии он бо ҳуруфоти заррин дар рӯи 12 000 пӯсти гов бо ду нусха навишта шуда 21 наск ва ё панҷ қисми калонро дар бар мегирифт, қи инҳоянд: Ясно, Яштҳо, Виспарад, Вандидод ва Хурда Авасто.
Авторитет – калимаи лотинӣ буда, маънои мӯъта-бар, таъсирро дорад.
Авф – тарки уқубати гуноҳ ё бахшидани гуноҳи гу-наҳкор аст.
Адаб – калимаи арабӣ буда, маънояш андоза ва ҳадди ҳар чизро нигоҳ доштан аст, яъне одоб, хулқи нек, накӯтабиатй, дониш, тарбия мебошад.
Атиқӣ – қадимӣ: маданият ва санъатк атиқӣ: Дав-раҳои фарҳангу тамаддуни Юнон ва Рими қадимро атиқӣ мегӯянд.
Антиқа – маҷмӯи асотири ягон халқ.
Анъана – (арабӣ) – урфу одат, расму оин; аз номи касе ҳикоят кардан, унсурҳои мероси иҷтимой ва мада-нй, ки аз насле ба насле гузашта, дар ҷамъияти муайян ва дар доираи фаъолияти синфҳою гурӯҳҳои иҷтимой муддати дароз нигоҳ дошта мешаванд.
Антрошлогия- аз калимаи юнонӣ антропо – одам ва логос – илм, яъне илм дар бораи омӯзиш ва пайдо-иши одам мебошад.
Асотир – истилоҳи арабӣ буда, шакли танҳои онро устура мегӯянд.
Ассалому аллайкум – маънояш, ман ба Шумо сулҳ хоҳонам ва ё дуруд ба Шумо!
Ахлоқ – калимаи арабӣ буда, маънояш ҳикмати хулқ, одоб, рафтору кирдор, сират мебошад.
Афкори ҷамъиятӣ – ақидаҳо ва назари одамон оид ба масъалаҳои рӯзмарраю ҷории ҳаёти ҷамъиятиро мегӯянд.
Аҳадият — дар афкори иронӣ мартабаи олии худо (моҳияти мутлақи илоҳӣ) – ро мегӯянд, ки бидуни ҳеҷ гуна қайду шарт тасаввур мешавад. Дар ин мартаба офаридгор хайри маҳз, ғайбулғуюб ва моҳияту вуҷу-даш баробар аст. Вақте худо аз ин мартаба берун ояд бо мартабаи воҳидият рӯ ба рӯ мешавад. Дар ин ҳолат агар ба ботини худо бингаред, он аҳад аст ва ба зоҳи-раш бингаред он касир мебошад. Масъалаи касрату ваҳдат аз ҳамин нуқта сар мезанад.
Аҳвол — ҷамъи ҳол; дар тасаввуф эҳсосоту кайфи-яти махсуси равонии солимро мегӯянд, ки қисми тар-кибии тариқат буда, ба қалби сӯфй тавассути инояти илоҳӣ ворид мешавад. Абӯнасри Сарроҷ дар китобаш «Ал-ламаъ фитт – тасаввуф» аҳволи солиқонро ба 10 қисм (муроқибат, қурб, муҳаббат, хавф, ризо, шавқ, унс, этминон, мушоҳида ва яқин) ҷудо кардааст.
Барзах – як чизи васатиеро мегӯянд, ки монеа ва дар айни замон робитаи ду қисмат бошад. Дар Қуръон онро монеаи байни ҷаннату дӯзах медонанд. Дар ишроқия олами анвори муҷаррадро Барзах меноманд, ки усулан олами воқеии ғайримоддй шинохта шуда, дар он гӯё шаклҳои ваҳмию хаёлӣ дар сурати раббунавъ-ҳои ашёи олами моддӣ вуҷуд доранд.
Базис – (зербино) маҷмӯи муносибатҳои истеҳсоли-ест, ки сохти иқтисодии ҷамъиятро ташкил дода, низо-ми шаклҳои ҳаёти иҷтимоии одамро муайян месозад.
Ботиния – маҷмӯи фирқаҳои исмоилияро мегӯянд, ки бар хилофи таълимоти зоҳириён, маънии ботинии Қуръонро эътироф мекунанд. Баъзан Ботинияро ра-вияи алоҳида шуморанд ҳам, он дар қатори таълимия, субъия ва ғайра ба исмоилия тааллуқ дошта, аз ҷиҳати пайдоиш ва моҳияти таълимоташ аз исмоилия фарқи куллие надорад. Тақрибан дар асри X Ботиния муста-қилият пайдо намуда, бисёр донишмандон аз ҷумла Ҳасани Сабоҳ, Носири Хисрав ва дигарон ба шарҳу тафсири Қуръон пардохтанд. Бино ба маълумоти Му-ҳаммади Шаҳристонӣ, ботиниёнро дар Ироқ бо номи «ботиниён», «қарматиён», «маздакиён» дар Хуросон бо номи «таълимиён», «мулҳидон» мешинохтанд
Браҳмания – дини қадими ҳиндуёнро меноманд, ки дар ибтидои ҳазораи аввали пеш аз милод дар за-минаи инкишофи дини ведӣ ба вуҷуд омадааст. Дар эътиқодҳои он худоҳои миллии қабилаҳои гуногун, ақидаҳои тотемистӣ ва парастиши аҷдодӣ мушоҳида мешавад. Пайравони Браҳмания худои бузург Браҳма, омиру ҳофизи коинот Вишнӯи валинеъмат ва хароб-кунандаи мавҷудот Шива (рабъу навъи бадӣ) -ро ме-парастиданд. Ба ғайри инҳо худоҳои дуюмдараҷа низ доштанд. Браҳмания дар натиҷаи пайдоиши дини- нав, яъне буддоия тадриҷан ибтидои ҳазораи якуми милодӣ ба ҳиндуия табдил ёфт.
Буддоия – таълимоти динию фалсафиест, ки асрҳои VI-V то милод ба вуҷуд омада, зимни инкишофаш ба-робари масеҳият ва ислом ба дини ҷаҳонӣ табдил ёфт. Асосгузораш шоҳзода Сидхартҳа Гаутама мебошад, ки баъдтар ӯро бо.ном ва ё тахаллуси Буддо меши-носанд. Дар аввали мавҷудияташ аз 18 фирқа иборат буда, вале дар ибтидои асри аввали милод ба ду шо-хаи асосй ҳинаяна ва маҳаяна ҷудо шуда, рукни асо-сии таълимоти Буддо роҷеъ ба «чаҳор ҳақиқати асил» (мавҷудияти азоб, сабаби азоб, озодшавӣ аз азоб, роҳи озодшавӣ аз азоб) мебошад
Бутпарастӣ – ибодат кардан ба ашё, бут, санамро гӯ-янд, ки худоҳоро таҷассум мекарданд. Ба маънои маҳ-дудаш он дар замонҳои кадим дар заминаи фетешизм ва илмҳои ғайру ғариба ба вуҷуд омадааст. Ба маънои васеъаш Бутпарастӣ дини бисёрхудоӣ мебошад. Дар оғози пайдоишаш пайравони бутпарастӣ – дарахтон, ҳайвонот, сангҳо ва ғайраҳоро мепарастиданд, мин-баъд ба объектҳои парастиш шакли инсонӣ дода, онро инъикоси қувваи фавқултабиӣ мепиндоштанд.
Ваҳдат, ягонагӣ – масалан Ваҳдати навъӣ, ки муво-фиқи он кулли авлоди башар новобаста аз рангу пӯс-ташон инсонанд. Ваҳдати ҳақиқӣ ҳақ аст, ки сурраи тавҳид ба он ишора мекунад.
Ва аллайкум ассалом – Ба Шумо ҳам сулҳ мехо-ҳам !
Ведаҳо – маҷмӯи матнҳои нисбатан қадими забо-ни ҳиндӣ (ведӣ) – ро меноманд, ки тақрибан дар охири ҳазораи II ва 1-й то милод таълиф шудааст. Ин сарчашмаи бонуфузи афкори Ҳинди қадим аст, ки чор қисмати қадимтарини он Ригведа(гимнҳои Веда), Са-маведа (сурудаҳои қурбонихо), Яҷурведа (суханрони-ҳои қурбониҳо) ва Атхарваведа (сурудаҳои соҳирона) мебошанд.
Виҷдон – (арабӣ) – дарёфтан, донистан, яке аз дара-ҷаҳои асосии этика, дарки масъулияти маънавии шахс дар назди дигарон ва ҷамъият мебошад.
Гимн – калимаи юнонӣ буда, рамзи давлатҳо дар шакли суруд ё мусиқии тантанавй дида мешавад.
Готҳо – қадимтарин, қисмати Авасто, ки тақрибан асрҳои ХП-Х то милод таълиф шудааст. Ҳамаи оы аз 5-қисм ва 17 боб (ҳот) – и Ясно иборат аст, ки маҷмӯъан 896 байт сурудҳои манзуми порчаю бандҳо мебошанд. Мундариҷаи Готҳо бештар ҳодисаҳои иҷтимоии дав-раи зиндагии Зардуштро ифода мекунад. Готҳо мазму-ни ситоишӣ дорад, дар мавзӯи некию бадӣ, мунозираи Зардушт бо Аҳриман, лаҳзаҳои ҳаёти Зардушт маври-ди баррасй қарор гирифтааст.
Гуреза – шахсест, ки ҳаёташ зери хатар мондааст ва барои халосӣ ба макони дигар мегурезад.
Гуноҳ – истилоҳи арабӣ буда, маънои кори бад, зрпнтро дорад.
Гуманизм – ҳамчун ҷараёни маданӣ (адабӣ, илмӣ, фалсафй)маҷмӯи ақидаҳоест, ки таърихан тағйир ёфта, эҳтиром ва қадру қиммати инсониро ифода мекунад.
Дайр – маҳалли ибодати роҳибонро мегӯянд. Маъ-мулан ибодатгоҳҳои берун аз шаҳрро дайр меноми-данд. Дар забони паҳлавӣ дайр маънои гумбадеро доштааст, ки зери он ибодат мекунанд. Баъзе муҳаққиқон дайрро парастишгоҳи кофирон номиданд. Дайр-ҳои Буддоӣ, Зардуштӣ ва ғайраҳо вуҷуд доштанд.
Дарвеш – табақаи хоси одамонро мегӯянд, ки ба гадоию сақой умр мегузаронанд. Баъзе муҳаққиқон мӯқтақиданд, ки дарвеш маънои (дарюз) ҷустуҷӯ кар-данро низ дорад. Қисме аз аъзои шайхони сӯффия ба оворагӣ машғул буданд. Масалан бо унвони Дарвеш Камол, Дарвеш Носир номбар мешуданд.
Даҳр – дар фалсафаи асрҳои миёнаи Шарқи Назди-ку Миёна замони азалан ва абадан номутаҳоию бека-ронро мегӯянд, ки асоси таълимоти даҳрияро дарбар
мегирад .
Даҳрия – яке аз ҷараёнҳои материалистии фалса-фаи асрҳои миёнаи Шарқро меноманд, ки оламро қа-диму абадӣ ва даҳрро замони бекарони ҳастии модда мепиндошт. Усули даҳрия инкори худо, эътирофи яго-нагии моддиёт ва абадияти пайдоиши нуфуси инсонй, наботӣ ва иллати ба вуҷуд омадани ҳаводиси дигар аст, ки пайравони онро даҳрӣ меноманд.
Демократия – шакли сохтори сиёсии давлатие, ки дар он шаклҳои ҳокимияти халқӣ ташаккул ёфтаанд. Озодӣ ва ҳуқуқи шаҳрвандон дар қонунҳо асоснок карда шудаанд, яъне демос – халқ, кратия – ҳокимият
мебошад.
Дедуксия – воситаи муҳими тадқиқи илмҳои эмпи-рикй (таҷрибавӣ) ва амалй (индуксия) аст.
Дин – як шакли шуури ҷамъиятӣ буда, доир ба пай-доиши оламу инсон ривоят мекунад.
Истилоҳи дин аз калимаи лотинии «религио» ги-рифта шуда, маънояш ба ҳам пайвастани халқу миллатҳои гуногун мебошад.
Диалектика – калимаи юнонӣ буда, маънои сӯҳбат ва казоватро дорад, яъне маънояш сӯҳбату мунози-ра мебошад.
Дӯстӣ – шакли муносибатҳои байни одамон, ки бар манфиати умумият ва дилбастагии тарафайн асос меёбад.
Зардуштия – оини бостонии халқҳои эронинажод, ки дар нимаи аввали ҳазораи 1-и то милод ташаккул ёфта, бо номи асосгузораш Зардушти Спитамон маш-ҳур гаштааст. Китоби муқаддаси оини зардуштӣ Авасто буда, бо ҳуруфоти заррин навишта шудааст.
Забон – системаи овозй, омилҳои тафсирӣ ва грам-матикие, ки кори тафаккурро таҷассум мекунад ва воситаи муомила, мубодилаи афкор, якдигарфаҳмии одамон дар ҷамъият ба ҳисоб меравад. Яъне «забон воситаи алоқаи муҳимтарини байни инсон мебошад, ки ба воситаи он инсон ба якдигарфаҳми муяссар гар-дидааст»
Зоҳир ва ботин – ин категорияҳои ба ҳам алоқа-манди фалсафиро мегӯянд, ки дар он зоҳир хосияти бе-рунии ашёю ҳодиса ва ботин сохту таркиб ва робитаи дохилии унсурҳои онҳоро ифода мекунад. Аз ин хотир пайравони ботиния шиори «бе зоҳир ботин нест ва бе ботин зоҳир вуҷуд надорад» – ро ба миён гузоштанд.
– Илҳом – ҳолати махсуси инсон барои намудҳои гуногуни эҷодӣ мусоид мебошад.
Иммигратсия – калимаи лотинӣ буда, маънои му-ҳоҷират, ҳиҷрати муваққатй ва ё доимии шаҳрвандон ба кишвари дигар бо сабабҳои бекорй, маҳдудияти миллӣ, таъқиби сиёсӣ дида мешавад.
Инсони комил – шахси аз ҷиҳати ҷисмонию маъ-навӣ камол ёфтаро мегӯянд, ки аслу манзалоти худро шинохтааст. Моҳияти инсони комил монандии инсо-ну худо (одаму олам) ҳам аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва ҳам аз ҷиҳати маънавй мебошанд, яъне инсон намунаи ҷаҳо-ни офариниш ва пазирандаи олами ҳастист. Мутафак-кирони асрҳои миёна ин монандиро боз ҳам тақвият дода, инсонро бузургтарин ҷилвагоҳи ҳаққу ҳақиқат пиндоштанд. Инсон шахсест, ки дар натиҷаи камо-лоти ахлоқию маънавй тамоми низоми офариниши оламро дарк карда, ҳамчун олами сағир дар вуҷудаш зоҳиру ботини олами кабирро дармеёбад ва тимсоли як ҳақиқати воқеӣ будани худро мефаҳмад. Аз ин рӯ мутафаккирон қайд карданд, ки агар инсон аслу наса-баш яъне (ба вуҷуд омадани ҷисму нафсаш) -ро биш-носад, олам ва офарандаи онро низ мешиносад. Пас худшиносии инсон аз худшиносие иборат мебошад, ки ҳадафи асосиаш муайян намудани мақоми инсон дар олам мебошад.
Интихобкунанда – шахсе, ки ҳуқуқи интихобкунӣ дорад ва дар интихобот, райъпурсй, овоздиҳй иштирок мекунад.
Институт – калимаи лотинӣ буда, маънои барпо кардан ва ё таъсис додани ташкилот, муассисаи давла-тӣ, яъне дон-ишгоҳ мебошад.
Индуксия – шакли хулосабарориест, ки дар вай аз фактҳо, донишҳои ҷузъӣ хулосаи умумӣ бароварда мешавад.
Ифтихори миллӣ – дарки мақом, обрӯю эътибори миллати хеш дар пешрафти умумибашарӣ.
Ишроқия – яке аз ҷараёнҳои фалсафию ирфонии Шарқро мегӯянд, ки асоси таълимоташ аз ишроқи нур иборат мебошад. Асосгузораш Шаҳобиддини Сӯҳра-вардӣ аст.
Калом – лафзи арабй буда, маънои он сухан, гап, гуфтор, «иборот ё ҷумлаи дорои маънӣ» мебошад.
Каюмарс – яке аз персонажҳои «Шоҳнома» – и Фирдавсй ва дигар достонҳои хамосии халқҳои эро-нинажод буда, ин исм аз калимаҳои авастоии «гайа» – «зиндагӣ», «мартийа» – «миранда» таркиб ёфтааст ва маънояш зиндагии даргузар, «ҳаёти фонй» мебошад. Каюмарс аз он сабаб чунин маъно гирифтааст, ки му-вофиқи ривоятҳои авастоӣ Аҳурамаздо ӯро чун авва-лин инсон дар рӯи замин офарид, вале Аҳриман ва дигар қувваҳои бадӣ ба ӯ ҳуҷум оварда, ӯро кушта-анд, аз ин рӯ вай сифати мирандаро гирифт. Баъзе му-ҳаққиқон Каюмарсро «говмард» аз калимаи авастоии «гайа» – гов ва «мартийа» – мард маънидод кардаанд.
Коҳкашон – коҳкашон дар адабиёти классикии форсу тоҷик яке аз образҳои шеърист. Коҳкашон ас-лан роҳи сафеди равшани осмонро мегӯянд, ки аз маҷ-мӯи ситораҳои ноаён таркиб ёфтааст.
Кафорат – он чизе, дар товони гуноҳ ё бар ҷои он қасами шикаста дода мешавад.
Киноя – сухани пӯшида, пӯшида сухан гуфтан ме-бошад.
Компромис – калимаи лотинй буда, созише, ки бо роҳи гузашти тарафайн ба даст омадааст, тарзи ҳалли боақлонаи моҷаро дар натиҷаи гузашти тарафайн ме-гӯянд.
Конгресс – калимаи лотинй буда, маънояш вохӯрӣ, ҷамъомад, маҷлис, масалан Конгресси Умумиҷаҳониӣ тарафдорони сулҳ ва ғайраҳо мебошад.
Конкурс – калимаи лотинй буда, маънояш гузаро-нидани мусобиқа бо мақсади муайян намудани ишти-роккунандагони беҳтарин мебошад.
Кониститутсия (Сарқонун)- сохтори давлатро му-қаррар ва муайян кардан, яъне қонуни асосии давла-те, ки кувваи олии ҳуқуқиро дорад. Яке аз принсипҳои асосии конститутсия тасдиқи волоияти қонун мебо-шад.
Консерватория – калимаи италиявӣ буда, маънояш мактаби олии мусиқӣ мебошад, ки мутахассисони со-ҳаи санъати мусиқиро тайёр мекунад.
Корвонсарой – бошишгоҳ, ҷои дамгирии корвон-ҳои тоҷирон, сайёҳон, мусофирон дар мамлакатҳои Шарқ аз асрҳои П-1 то милод маълум аст.
Култ – парастиш, ситоиш, кеш, дину оин, ибодат, таъзим. Ба ҷо овардани хизмати динии худованд ва маросимҳои ба он вобаста; таъзим нисбат ба касе, си-тоиши касею чизе.
Култура – калимаи лотинӣ буда, маънои рӯёни-дан, парваридан ва ё зироаткорй карданро доштааст.
Қуръон – калимаи арабӣ – маънояш аз решаи кали-маи «иқраи арабӣ » қироат, хондан ва ё бихон гирифта шудааст. Маънои қироат ва ё китоби ҳаётро дорад.
Лайлатулқадр – шаби қадр, шабест, ки рӯзҳои тоқ, яъне 21-23- 25-27-ро дарбар гирифта, дурусташ шаби 27-уми моҳи мубораки Рамазон мебошад. Дар ин шаби лайлатулқадр такдири тамоми мардум муайян мешавад. Бинобар ин агар касе он шабро бо тоату ибодат рӯз намояд ба мақсади хеш мерасад. Бо азобу машақ-қат ба висоли касе ё ба муроди хештан расидан ва гай-раро мефаҳмонад.
Маздоия – ин дини қавмҳои эронинажод буда, ки дар ҳазораи дуюм ва якуми то милод дар сарзамини кунунии Осиёи Миёна, Эрон ва Афғонистон роиҷ буд. Он дар заминаи дини аҳди қадим, ки оташу обу хур-шед ва ғайраро ба дараҷаи қудсй расонида буданд, ба вуҷуд омадааст. Дар асрҳои УШ-У1 то милод ҳанӯз аҳкоми асоси дини зардуштй ташаккул наёфта буд ва он бо номи Маздоия дар байни халқҳои эронинажод маълуму машҳур буд. Дар он бо баробари парастиши Аҳурамаздо боз парастиши худоҳои маҳаллй низ дида мешуд.
Масеҳият – яке аз динҳои ҷаҳониро меноманд, ки дар аҳди аввали милод дар Фаластин ба вуҷуд омада-аст. Дар он аввал яҳудиёни Фаластин ва мардуми гир-ду атрофи он рӯй оварданд. То асри V тамоми мардуми Рим ва аксари мардуми Аврупо масеҳиятро эътироф намуданд.
Маҳалгарой – фаъолиятест, ки баҳри ҳимояи ман-фиатҳои маҳал равона гардида, бар зарари манфиат-ҳои умумӣ ва миллию давлатй равона карда шудааст.
Манора – манбаи нур, чароғдон, гулдаста ё бинои бурҷмонанд, ки асосан дар пеш ва шафати масҷиду ма-драсаҳо ё дар дохили ҳавлии онҳо барои азонгӯи сохта шудаанд.
Маъбад – ибодатгоҳ, иншооти меъморй, бинои мӯҳташам барои иҷрои маросими динӣ. Маъбадҳо дар давлатҳои гуногун ҳар хел мешаванд.
Маданият – маҷмӯи дастовардҳои моддӣ ва маъ-навие, ки инсон дар тӯли ташаккули ҷомеавй ба даст овардааст.
Маданият – истилоҳи маданият калимаи арабӣ буда, маънояш сокини шаҳр, шаҳрванд ва ё аз номи шаҳри муқаддаси «Мадинат-ул-Набӣ» гирифта шуда-аст.
Мадраса – калимаи арабӣ буда, маънояш дараса яъне ҷой барои дарсхонӣ мебошад.
Меҳрпарастӣ – яке аз динҳои куҳани қабилаҳои ориёиро мегӯянд, ки дар ҳудуди Ҳинду Эрони бостонӣ қабл аз маздоия ҳукмрон буд. Пайравони он меҳрро худои ахду паймон, ҳақиқат, танзимкунандаи умури ҷаҳон, ҳомии мазлумон, душмани беамони фосидию бедодгарӣ медонанд. Нахустин маънои Меҳр – Хур-шед аст, ки дар «Меҳряшт» – и Авасто дӯстию муҳаб-батро ифода мекард. Рӯзи тавлиди Меҳр ҳамчун иди Меҳргон ҷашн гирифта мешавад, ки он дар рӯзи 16 -уми сентябри мелодй рост меояд.
Маорифпарварӣ – ҷараёни адабию фарҳангй ва иҷтимоию сиёсиест, ки бо роҳи таблиғи ғояҳои хайр, адлу адолат, яъне мақсади эшон бо роҳи осоиштаи як-дигарфаҳмӣ аз байн бурдани иллатҳои сохти ҷомеа ва маърифатнок гардонидани мардуми ҷомеа мебошад.
Мӯъҷизоти ҳафтгонаи олам – Аҳромҳои Миср, Маъбади Артемидаи Эфес, Боғҳои муаллақи Бобил, Муҷассамаи Зевс, Муҷассамаи Гелиоси Родос, Бурҷи Искандария, Муҷассамаи Аполон.
Менталитет- калимаи англисӣ (менталиту) буда, тарзи тафаккур, оламдарккунӣ буда, шакли фаҳмиши системаи иҷтимоию сиёсй мебошад.
Миллат – умумияти таърихан ташаккулёфтаи иҷ-тимоию иқтисодӣ, ҳудуди забонӣ, худшиносӣ ва маъ-навии одамон мебошад.
Миллатгароӣ – шакли таҷассуми манфиатҳои мил-лй аст (миллатгароии раванди мусбӣ ва иртиҷоӣ).
Монавия – яке аз ҷараёни динии пеш аз исломист, ки дар асри III ба вуҷуд омада, бо номи асосгузораш Монӣ маълуму машҳур шудааст. Он ғояи асосии таъ-лимоти худро аз зардуштия гирифта, вайро моҳирона бо ақидаҳои гностикӣ омехт. Таълимоти фалсафии Монавия бисёр мураккабу зиддиятнок аст. Он аз қис-мати назария ва амалия иборат мебошад. Дар амалия Монавия инсонро барои ғалабаи қувваҳои некй бар бадӣ даъват менамояд. Дар илоҳиёти Монавия олам аз ду мабдаъ иборат аст, ки тақрибан ба таълимоти зардуштия монанд мебошад. Фарқаш аз илоҳиёти зар-душтия аз он иборат аст, ки инсон бо дастури яздо-ни нуронй нозил шуда, дар олами моддӣ бо лашкари зулмонӣ мубориза мебарад. Дар олами зулмонӣ ҳамаи мавҷудот аз омезиши хайру шарр пайдо шудаанд. Ма-салан: Монй мегӯяд инсон аз нуру зулмот корат аст, вай дар оянда аз зулмот озод шуда, ба саодати абадӣ ноил мегардад.
Муҳаббат – ин ишқи инсонй ё худ ғалабини қалб ба ҷамоли маҳбубро мегӯянд, ки дар заминаи шавқ ба вуҷуд меояд. Он дар афкори фалсафию ирфони асрҳои Миёнаи Шарқ навъ ва дараҷаҳои гуногун дорад. Му-ҳаббати поки инсонӣ ё худ ишқи байни марду занро муҳаббати аҳли шавқ меноманд, ки ба ҳама хрс аст ва муҳаббати сӯфиёнро муҳаббати аҳли кашф мегӯянд.
Дар тасаввуф дараҷаи баланди муҳаббатро ишқи ило-ҳӣ меноманд.
Мутамаддин – марҳилаи муосири инкишофи та-маддуни инсонӣ. Масалан давлате, ки сатҳи баланди инкишофро соҳиб аст.
Набӣ ва Расул – дар ислом шахсеро меноманд, ки воситаи миёнаи ҳаққу халқ буда, робитаи байни олами ғайбу шаҳодатро барқарор мекунад ва халқро ба ҳақ даъват менамояд. Дини ислом мавҷудияти силсилаи анбиё (Одам, Нӯҳ, Иброҳим, Мусо, Довуд, Исо ва аз байни ҳамаи онҳо Муҳаммад расули охирин шинохта шуда Аюб, Сулаймон, Илёс, Ёқуб, Юнус)яъне Наби-ёнро мепазирад, ки аз рӯи маълумоти муҳаққиқон аз огози дунё то ҳол гӯё 124 ҳазор Набӣ ва 313 Расул гу-заштаанд. Набиён дорои шариатанду Расулон бошанд дорои шариат ва китоби муқаддас мебошанд.
Надстройка – (рӯбино) маҷмӯи идеяҳо ва муноси-батҳои идеологӣ, ҳамчунин муассисоту ташкилотҳои пайдокунандаи ҳамин муносибатҳои давлат, ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба ва дигар ташкилотҳои ҷамъ-иятии ба ҷамъият хосро дарбар мегирад.
Нейтралитет – калимаи немисӣ, маънояш на ину на он, яъне, дахолат накардан ба моҷарои байни ду та-раф.
Нубуват – ин таълимоти диниест, ки мувофиқи он худо ба шахсе нисбат ба дигар бандагони худ имтиёз дода, аз асрори «олами ғайб» ӯро огоҳ месозад. Чунин вазифаро дар дини ислом Муҳаммад © ба ӯҳда дорад, ки худо ба ӯ ҳидояти мӯъминонро супорида дар бораи ин ё он ҳодиса ба ӯ ваҳи додааст. Пайғамбар уммато-нашро аз он воқеаю ҳодисаҳо бохабар мекунад.
Оккупатсия – истилоъ намудани ҳудудҳои давлати бегона бо қувваи ҳарбй.
Оппозитсия – калимаи лотинӣ буда, маънояш му-қобилгузорӣ, муқобил гузоштани ақидаҳо ва нуқтаи назари хеш ба ақидаҳои ҳукумрони муҳити мавҷуда.
Олами малакут – малакут дар таълимоти сӯфиён олами сеюмин аст, ки он олами ғайбу муҷаррадот ва нуфусу ботинро ифода мекунад.
Парлумон – калимаи англисӣ (парлиамент) буда, маънояш гап задан -мақомоти олии намояндагӣ ва қонунбарори давлатй аст.
Пантеизм – назарияи фалсафиест, ки худоро бо та-биат як мешуморад ва табиатро таҷассуми худо медо-над, яъне офарандаи ҳама ашё худоро медонад.
Прогресс – пешрафт (акси таназзул) буда, баланд-шавӣ, тараққиёт, инкишоф дар ҷомеа мебошад.
Расму оин, маросим – тартиби амалиёти маросимӣ дар вақти ба ҷо овардани ягон намуди амали динӣ ме-бошад.
Ратсионализм – аз решаи калимаи (ратиналис)-и лотинӣ гирифта шуда, маънои оқилона, ақл ва ё ақл-нокию ақлпарастиро дошта, намояндаи бу^ургаш Де-карт буда, ратсионалистон тамоми масъалаҳоро оқи-лона ҳалу фасл менамуданд.
Регресс – таназзул (акси пешрафт) буда, ақибравӣ, пастравӣ дар ҷомеа мебошад.
Референдум – калимаи лотинӣ буда, маънояш овоздиҳии умумихалқӣ оид ба ягон масъалаи муҳими давлатӣ ё ҷомеавӣ.
Реэмигратсия – бозгаштани муҳоҷирон аз хориҷи кишвар ба Ватан.
Реализм- воқеӣ, воқеият, воқеъгароӣ, реалият ва ё ҳақиқатро мегӯянд.
Реставратсия – барқарор намудани ин ё он чиз дар шакли пештарааш мебошад.
Сарвар – шахсе, ки роҳбариро ба ӯҳда дорад ва ба дигарон таъсир расонида метавонад.
Сабр – сабр гуфта, яке аз зинаҳои такомули рӯҳиро мегӯянд, ки зимни он солиқ дар роҳи маърифати ирфо-нй сабру таҳаммулро пеша кардааст.
Санксия – калимаи лотинӣ (санктио) буда, маъно-яш чораҳои маҷбурӣ. Иҷозат ба маҳкум кардан, ҷазо додан. Шаклҳои гуногуни санксия: ҳарбӣ, сиёсӣ, дип-ломатӣ, иқтисодӣ, савдоӣ, фарҳангӣ ва ғайраҳо мебо-шад.
Санъат – санъат як шакли шуури ҷамъиятиест, ки дарки маърифатию амалии олами воқеӣ аз тарафи ин-сон ифода карда мешавад.
Салом – аслан лафзи арабӣ буда, маънояш сулҳ, оштӣ, покӣ ва дӯстӣ мебошад.
Сир – дар фалсафа ва тасаввуф амреро сир мегӯ-янд, ки дар ақида ва қалб ниҳон мебошад.
Сотсиология – илм дар бораи ҳаёти иҷтимоии ҷо-меа мебошад.
Структура – сохт, сохтор, бофт.
Статус – ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳое, ки ҳолати ҳуқуқии инсон, муассисаи давлатӣ ё байналхалқиро тавсиф ме-намояд.
Сиёсатнома – асари Низомулмулк, ки дар бораи тартиб, тарз, қоида ва қонунҳои асосии давлатӣ иншо гардидааст. Мутафаккир ба масъалаҳои мухталифи давлат ва ҷомеа дахл намуда, дар марказ ғояи эҳеи адлу инсоф, тарзи оқилонаи давлатдорӣ, ободии киш-вар ва осоишии раиятро раво медонад.
Суверенитет – мустақилият, соҳибихтиёриро мегӯ-янд. Суверенитет шаклҳои гуногун дорад: маданӣ, си-ёсӣ, иқтисодй, давлатӣ ва ғайра мебошад.
Субкултура – фарҳанги дуюмдараҷа.
Тафсир – шарҳу эзоҳи лафзию динии сураҳои Қуръонро гӯянд, ки дар натиҷаи ба омма маълум набудани маънои оятҳо, мураккабии забону тарзи баёни Қуръон ва манъ будани тарҷумаи он ба вуҷуд омадааст. Асосгузори илми тафсир амакбачаи пай-ғамбар Абдуллоҳ ибни Аббос мебошад.
Тамаддун, сивилизатсия – марҳилаи муосир дар инкишофи инсоният, ки оғози онро ба пайдоиши хат мансуб медонанд, яъне тамаддун ва ё сивилизатсия гуфта, инкишоф, пешрафт ва тараққиёти ҷомеаро ме-гӯянд.
Тафаккур – қобилияти инсон дар муҳокима наму-дани раванди инъикос ҳақиқати айни дар тасавву-рот, муҳокимарониҳо, мафҳумҳои ифодашаванда.
Тамаддун – (лотинӣ) шаҳрвандӣ, давла^и: маҷмӯи дастовардҳои моддӣ ва маънавии ҷамъият мебошад, ба моли тамаддун иқтисодиёт, истеҳсолот, тиҷорат, муомилоти пулӣ, бунёди шаҳру меъмориҳо ва ҳоказо дохил мешавад.
Тавба – истилоҳи арабӣ буда, маънояш бозгаш-тан, руҷӯъ кардан. Бозгаштан аз гуноҳи қаблан со-дир шуда, ба роҳи ҳаёти нек дохил шудан.
Таъзим – калимаи арабӣ буда, маъноящ иззату ҳурмат кардан ва бузург донистан аст.
Тавозеъ – истилоҳи араби буда, маънояш хоксорӣ, фурӯтанӣ ва шикастанафсист.
Театр – аз калимаи юнонӣ гирифта шуда, маъно-яш ҷои тамошо мебошад, ки бори нахуст намудҳои театр ва амфитеатрҳоро мардуми юнон бунёд кар-данд.
Теология – таълимот дар бораи худо, иллоҳиёт, фиқҳ.
Тотемизм – маҷмӯи эътиқод, асотир, расму оини авлодию қабилавии ба қаробати гурӯҳҳои аҳолӣ ва тотемаҳо вобастаро мегӯянд. Ҳар қавму авлод тотеми хос(як намуди ҳайвонотё растанӣ ва гоҳҳо падидаҳои табии ашёи беҷон)-и худро дошт.
Фарҳангшиносӣ – (лот.Сшгиге, юн.1о§о§-илм) -илми инсониест, ки қонуниятҳои омӯзиш ва амали фарҳанг, сохтор, ҳамгироӣ ва иртибот бо ҳаёти мод-дӣ ва маънавиро меомӯзад.
Фарҳанг – мафҳуми фарҳанг азду бахш «фар» ва пешванди «ҳанг» иборат аст. Бо форсии ҳахоманишӣ дар Авасто ба сурати «фаро» (фра) ба маънои «пеш» омадааст ва « ҳанг» аз решаи авастоии «таяг» (тҳанг) ба маънои «кашидан» ва бо пешованди (о), ки ба маъ-нои қасду ният баробар аст, ташкил шуда дар забони форсии миёна низ «фарҳанг» (фраҳанг) будааст.
Фалсафа – илм дар бораи қонунҳои умумитарини табиат, ҷамъият ва тафаккур, яъне муҳаббат ба дониш мебошад.
Федератсия – давлати иттифоқӣ, муттаҳид гашта-ни сохторҳои давлатӣ, қи аз баъзе аломатҳо ва хусуси-ятҳои мустақилӣ даст кашида, онро ба ихтиёри марказ медиҳад. Умуман федератсия давлати ягона ба ҳисоб меравад.
Феномен – хирқ, хориқа, беназир, беҳамто, бе-мисл.
Фолклор – эҷодиёти даҳонии халқ.
Футувват – ҷавонмардӣ, ҷараёни иҷтимоию сиёсӣ, фалсафиву динӣ ва ахлоқии асри миёнагиест, ки ман-фиати табақаҳои гуногуни ҳунармандонро ифода ме-кард. Ин аз таълимотҳои зардуштия, маздакия, ҳикма-ти Юнони бостон ва тасаввуф гизои маънавӣ гирифта буд, ки дар асрҳои ХУШ-Х1Х таназзул кард.
Фундаментализм – риояи чунучарои принсипҳо ва догмаҳои аввалаи ин ё он таълимот, ки ба пайравони худ чунин талабҳоро пешниҳод менамоянд.
Шаҳрванд – шаҳрванд шахсест, ки фикру зикраш ва рафтору кирдораш баҳри беҳбудии халқу вата-наш равона карда шуда дар маъракаҳои ҷамъятиву давлатӣ фаъолона иштирок мекунад.
Шаҳрванд – мансубияти ҳуқуқии шахс ба давлат. Тамоми қоидаю қонунҳои давлатба шаҳрванд таал-луқ доранд ва шаҳрванд дар назди қонун:; эи давлат ҷавобгар аст. Давлат низ ба шаҳрванд тамоми кафо-латро баҳри ҳимоя медиҳад.
Шиа – як равияи дини исломро мегӯянд, ки Алӣ ва авлодониӯро баъди Муҳаммад ворисони ҳақиқии хилофат медонанд.
Шуур – шакли олии инъикоси маънавии воқеият буда, танҳо ба инсон хос аст. Мафҳуми шуур ҳам шуури фардӣ (шахсӣ) ва ҳам ҷамъиятиро (илм, фалса-фа санъат, ахлоқ, дин, сиёсат, ҳуқуқ ва гайра) дарбар мегирад.
Ҳадис – маҷмӯи ривоятҳо дар боби зиндагӣ ва раф-тору гуфтори Муҳаммад, яке аз сарчашмаҳои қоидаҳ-ои ҳаёти ҷамъиятӣ ва таъбири Қуръон аст.
Ҳастӣ – вуҷуд дар олам ва олами ҳастӣ аз ҳам ҷу-донопазиранд. Олам бепоёну ягона берун ва новобас-та аз шуури инсон ҳамеша вуҷуд дорад ва вуҷуд хоҳад дошт.
Ҳақиқат – марҳилаи ниҳоии тасаввуфро гӯянд, ки баъди шариат ва тариқат омада, маърифати зоти илоҳиро ифода мекард.
Ҳикмат – дар фалсафаи шарқ илмеро мегӯянд, ки дар бораи ҳақиқати ашё баҳс мекунад. Фалсафа ва ҳикматро улуми аклӣ меноманд. Ҳикмат ба мантиқ ва ҳикмати куллӣ тақсим мешавад. Дар адабиёт ва фал-сафа ҳикмат гоҳ чун муродифи илм, гоҳ ба маънои илмҳои динӣ ва гоҳ ба маънои фалсафа омадааст.
Ҳуқуқи инсон – ҳуқуқ ва озодии ҷудонопазири шахс. Инсон ба ҳуқуқ баробари ба дунё омадан соҳиб мегардад. Ҳуқуқи инсон дар эъломияи умумии ҳуқуқи башар омадааст.
Худшиносӣ – худро ҳамчун субъекти фаъолияту маърифати инсон шинохтан аст.
Урфу одат – расму таомул, қоидаҳои ахлоқи ҷамъ-иятӣ ба таври анъанавӣ барқарор шударо мегӯянд.
– Унитарӣ – аз калимаи лотинӣ (унитас) гирифта шуда, маънои ягона, муттаҳид, ки як чизи яклухтро мемонад.
Ултиматум – талаби қатъӣ, ки дар худ таҳдидро низ гирифтааст. Ултиматум дар ҳуқуқи байналхалқӣ дар муддати муайян ҳатман иҷро кардани талаби як давлат аз тарафи давлати дигар.
Чаҳонбинӣ – системаи ақидаҳо, назария ба таби-ат ва ҷамъият. Маҷмӯи ақидаҳои умуми роҷеъ ба во-қеият, табиат, ҷамъият, мақоми инсон дар ҷомеа, та-зоҳури ақидаҳои мазкур дар рафтору амалиёти онҳо мебошад.
Ҷамъият – ҷамоат, ҷамъомади мардум, тӯда, маҳ-фил маҷлис; маҷмӯи одамон дар давраи муайяни таъ-рихй бо ин ё он муносибатҳои истеҳсолӣ муттаҳид-гашта; ташкилоте, ки одамони мақсаду шавқи умумй доштаро муттаҳид месозад.
Эволютсия – (эволутио) инкишофдиҳӣ, инкишофё-бӣ, вусъатдиҳӣ, тараққикунӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ.
Экология – таълимот дар бораи муносибат бо му-ҳйти зист, зистшиносӣ.
Эстетика – таълимот дар бораи қонуният, қоида ва категорияҳои зебоӣ ва санъат аст.
Эпос – (юнонй) – қисса, достон, ҳамоса, воқеано-ма; адабиёти ривоятӣ; достони қаҳрамонии манзуми халқӣ, ки аз якчанд қисса иборат аст.
Этнография – мардумшиносй илме, ки маданияти моддӣ ва маънавии халқ, халқҳо; хусусиятҳои маишӣ, урфу одатҳо, маданияти ягон халқро меомӯзад.
Этика – таълимот дар бораи хулқ ва одоб аст, яъне илм дар бораи ахлоқ.
Этнос – халқ, мардум, авлод.
Этикет – тартиби муқараршудаи рафтору одоб, шаклҳои одоби муошират.
Эҳё – аз нав зинда гардонидан, ҳаёт бахшидан ва ё умри дубора ёфтан мебошад.Масалан: зинда гардонидани забон, фарҳанг, санъат, урфу одат ва ғайраҳо.Эҷодиёт – эҷод, ба вуҷуд овардан, халлоқият, офа-риниш; фаъолиятро мегӯянд, ки зимни он як чизи си-фатан наву аз ҷиҳати ҷамъиятию таърихӣ беҳамто ба вуҷуд меояд.

700
Нет комментариев. Ваш будет первым!