САНЪАТ ҲАМЧУН УНСУРИ ФАРҲАНГ

Санъат таърихи хело қадима дошта, дар ҷомеаи ибтидой дар омезиш бо асотиру эътиқодҳои динӣ пай-до шуда, дар раванди ташаккули ҷомеаи инсонй то имрӯз дар рушду такомул ва таҳаввулот аст.Санъат таърихи хело қадима дошта, дар ҷомеаи ибтидой дар омезиш бо асотиру эътиқодҳои динӣ пай-до шуда, дар раванди ташаккули ҷомеаи инсонй то имрӯз дар рушду такомул ва таҳаввулот аст. Оид ба санъат олимону санъаткорони зиёде ибрози ақида намуда, фикру андешаҳои худро баён намудаанд. Аз рӯи гуфтаҳои онҳо бармеояд, ки санъат як шакли шу-ури ҷамъиятӣ буда, дарки маърифатию амалии олами воқеиро аз тарафи инсон ифода мекунад.
Е ба таъбири дигар санъат шеваи махсуси фаъо-лияти инсон аст, ки дар он воқеият дар шакли бадеӣ, тахаюлӣ ва рамзӣ инъикос ёфта, мазмун ва вазифаю матлаби муайянро дорад. Санъат бо гуногуншаклии худ тамоми паҳлӯҳои ҳаёти инсон ва орзую ормони ӯро фаро гирифта, имкон медиҳад, ки дар баробари олами воқеӣ олами дигаре офарида шавад. Он маҳсу-ли тафаккур, ҷаҳонбинӣ ва маърифати инсонро дар-бар мегирад.
Инсон ҳангоми эҷоди намудҳои санъат бо асрори рӯйдод, ҳодисот ва воқеаҳои таърихи сарфаҳм рафта, пайваста дониши худро дар бораи олами атроф васеъ мекунад. Офаридаҳои худро чун воситаи муҳими дар-ки арзишҳои волои инсонӣ ба василаи муҳими таъли-му тарбия истифода менамояд.
Санъат ба таври айнй дар шаклҳои зайл зоҳир мешавад:
1. Фазоӣ- намунае, ки симояш (образҳояш) дар фа-зои муайян шакл мегирад ( наққошӣ, ҳайкалтарошӣ, меъморӣ, ороишиву амалӣ).

Замонӣ ва вақтӣ- намунае, ки офаридаҳояш дар доираи муайяни вақт зоҳир мешаванд( шифоҳӣ ва мусиқй).
Намуди фазоию вақтӣ (замонй)- шакли санъа-тест, ки образҳои он дар доираи фазою вақт офарида мешаванд( рақси театр, кино, актиёрӣ, телевизион, эстрадаю сирк).

Аз намудҳои санъат бори дигар айён мегардад, ки он тамоми паҳлӯҳои рӯзгор ва фаъолияти инсо-ниро дар бар мегирад. Аз ин рӯ имконоти санъат аз шаклҳои дигари фаъолияти инсон васеътар мебошад. Санъат бо шеваи махсуси худ гузаштаро ба имрӯз ва имрӯзро ба оянда пайваста, орзуву аъмоли мардумро дар худ таҷассум месозад. Ин шеваҳо гоҳҳо бо тариқи ошкоро ва гоҳҳо рамзй ифода меёбад. Дар бунёди санъат мардум ва фардҳои алоҳида саҳм мегиранд. Дар давраи антиқа санъатро бо ду маъно: васеъ ва маҳдуд таъбир кардаанд. Дар маънри васеъ – маҳо-рати хонасозӣ, киштиронӣ, ҳунармандӣ, зироаткорӣ, идоракунии давлат, соҳаи тибб ва ғайраҳо дохил ме-шаванд. Дар маънои маҳдуд – санъати мусиқӣ, рақс, назм ва ғайраҳо, яъне як василаи қонеъсозии талаботи фароғати инсонӣ дохил мешавад. Сипас ин эҷодҳо дар маҷмӯъ арзишҳои умумиинсонӣ касб мекунанд ва ҷой дар ганҷури фарҳанги ҷаҳонӣ мегиранд.
Минбаъд дар асрҳои миёна ва қарнҳои баъдина санъат бо пуррагӣ камол ёфт ва шеваи махсуси фаъо-лияти инсон шинохта шуда ҳар халқу миллат пайваста бо шаклу шеваи хос онро ривоҷ доданд. Ҳар кадоме аз ин дастовардҳо бо услуби офариниш, назокати за-бон, мазмун, рӯйдоду падидаҳои таърихӣ ва ғайраҳо бемислу нотакроранд.
Санъат дар баробари манбаи дониш ва маърифат буданаш мақсаду вазифаҳои муайян дошта, таърихи гузаштаро ба замони имрӯз мепайвандад. Бо туфайли осори бадей мусиқӣ, санъати тасвирӣ ғояҳои инсондӯс-тӣ, ватанпарварӣ, меҳру муҳаббат, хушодобӣ, хуша-хлоқӣ ва эҳсоси зебоипарастӣ талқин карда мешавад. Аз тарафи дигар санъат вобаста ба марҳилаи муайяни таърихӣ, авзои сиёсӣ, муносибатҳои қавмй, ифодага-ри орзую ормон ва таъминсозандаи эҷоди пурқиммати инсон аст. Ин тамоилро мо дар осори классикони фор-су тоҷик ва ҳам дар сурудҳои мардумӣ эҳсос мекунем. Симое, ки тимсоли ҳақиқату адолат, накӯкориву сахо-ват, шуҷоату родмардӣ, зебоиву хушахлоқӣ мебошад ба мисли Рустаму Сӯҳроб, Эраҷ, Сиёвуш, Тахмина, Гурдофарид, Беҳзод, Леонардо да Винҷ, Ромео, Ҷу-летто ва дигарон дар намунаҳои санъати бадеӣ таҷас-сум меёбанд.
Дар замонҳои баъдина хусусан дар миёнаҳои асри
XX тамоили ба идеология ва сиёсат омезиш додан ва тобеъ сохтани санъат рух дод, ки ин ба манфиати сан-ъат, ҷамъият ва умуман инсоният набуд. Яъне санъат дигар озодона бо мувофиқи иродаи офаранда ташак-кул намеёфт. Агар дар тӯли мавҷудияти худ санъат ва-зифаи маърифатӣ ва тарбиявиро ба ҷо оварда, яке аз омилҳои солим нигоҳдорандаи ҷамъият бошад, санъат дар вақти омезиш ба идеология ва сиёсат қариб, ки ин ҷавҳари муқаддаси худро гум мекунад.
«Мағзи маданияти бадеӣ санъат аст» гуфтааст файласуфи Юнони қадим Арасту.
Гегель сакъатро ҳамчун шакли образноки маъри-фат муайян кардааст. А.Н.Толстой бошад саньатро чун вобастаи муошират ва Г.В.Плеханов чун шакли маҳсули ботинй инсон донистаанд.
Дар зери мафҳуми маданияти бадеӣ соҳаи фаъоли-яти рӯҳӣ- амалӣ оид ба офаридан, паҳн кардан ва аз худ намудани асарҳои санъат ё маводҳое. ки қиммати бадеи эстетикӣ доранд, фаҳмида мешавад. Маданияти бадей дар давраи мо ба таври васеъ ба кор бурда меша-вад. Он на танҳо санъат, илм, омӯзандагони он, балки инчунин омили ҳалкунандаи эҷоди асарҳои бадей ва равандҳои аз худкунии онҳо (тарбияи эстетикию бадеӣ ва ғайра) мебошад. Масалан: Гарчанде рассом- ҳай-калсози рус Эрнест Неизвестний, раққосаи тоҷик Ма-лика Қаландарова, ҳофизаи халқии Тоҷикистон Шо-иста Муллоҷонова, файласуф ва шарқшиноси тоҷик Акбар Турсунов оҳангсоз – Растанович, нависанда -Солженицин, оҳангсози рус – С.В.Рахманинов ва дига-рон имрӯзҳо шӯҳрати ҷаҳонй пайдо кардаанд. Олим, санъаткори Юнони қадим – По-. ликлет таносуби идеали инсонро омӯхта, аз нуқтаи назари фалса-фаи санъат чунин шарҳ дода буд, ки инсон бояд аз сар то пой 1/7 тамоми қад, рӯй ва панҷаҳои даст – 1/10, панҷаҳои пой 1/6 бо-шад. Эҷодиёти ходимони илму санъат ба мақсади муайян карда-ни тамоми имкониятҳои инсон равона карда шуда буд, чунки «Инсон тоҷи табиат аст» гуфтани Софокли бу-зург дар асари фоҷиавии худ «Антигона» шаҳодати он аст. Хайкалсози бузург-Мирон (миёнаи асри У-то ми-лод) (асараш «Дискандоз»), Поликлет (асараш «Ҷаво-ни найзабардор») ва ғайраҳо инҳо ҳайкалҳои мавзун офаридаанд, ки ҳоло шӯҳрати ҷаҳонӣ доранд.

1.37K
Нет комментариев. Ваш будет первым!