ОМИЛҲО ВА УНСУРҲОИ МУҲИМТАРИНИ ФАРҲАНГ

Оид ба омилҳое, ки ба рушду нумӯи фарҳанг му-соидат мекунанд миёни муҳаққиқон баҳсу талошҳои тӯлонӣ давом дорад.Оид ба омилҳое, ки ба рушду нумӯи фарҳанг му-соидат мекунанд миёни муҳаққиқон баҳсу талошҳои тӯлонӣ давом дорад. Ба андешаи бисёр олимон омил-ҳои берунаи ба пешравии фарҳанг мусоидаткунанда омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, мазҳабӣ ва фар-ҳангӣ мебошанд. Муҳимтарин омил – омили сиёсӣ буда, омилҳои боқимондаро пайваст гардонида ва та-шаккул медиҳад. Дар ҳама давру замон вазъи иқтисо-дӣ, иҷтимой, фарҳангӣ ва мазҳабй ба сиёсати ҷомеа, давлату давлатдорй вобастагии зич дорад.

Сохти ҷамъият ва фаъолияти сиёсатмадорон ба омили сиёсй дохил мешавад. Омили сиёсӣ қодир аст, корҳои бузургеро баҳри рушди фарҳанг сомон диҳад. Аз тарафи дигар бо рафтори баъзе сиёсатмадорони ҷомеаҳо маҳз ҳамин омили сиёсй метавонад сабабго-ри таназзули фарҳанги ин ва ё он халқҳо, нестшавии унсурҳои маданияти худ ба мисли забон, анъана, хат, фарҳанг ва ғайраҳо гарданд.

Мисол оварда метавонем, давраи ҳукмронии сие-сатмадорони Сосониёну Сомониён – сиёсати Куруши Кабир, Дориюш, Бобакони Сосонӣ, Ардашери Боба-кон, Шопури 1-11, Анушервони Одил, вазир Бузур-гмеҳр, Сомонхудот, Асад, Исмоил, вазирон Балъамӣ, Ҷайҳунӣ ва дигарон, ки боиси рушду нумӯи фарҳангу санъат гардиданд ва ё баракси он сиёсати Исканда-ри Макдунӣ, Чингиз, Темур ва Гитлер, ки садҳо моли фарҳангу тамаддуни мардумро аз байн бурда-анд. Пайваста ба ин аз пандҳои ахлоқии Бузургмеҳр ёдовар мешавем.
Рӯзе Бузургмеҳрро пурсиданд: – Чаро дӯстон ба осонй душман мешаванду душманон бо машаққати зиёд дӯст мегарданд?
Бузургмеҳр гуфт: Чунки сӯхтан осон, сохтан муш-кил, шикастан осон, пайвастан мушкил, маблағ сарф кардан осон, маблағ ёфтан мушкил аст.
Агар дар бораи унсурҳои муҳимтарини рушди фарҳанг назар кунем, мо метавонем унсурро бо исти-лоҳи рукн (ҷамъашаркон) муродиф донем. Зимни ун-сури маданият ва ё фарҳанг он бахшҳои фаъолияти инсон дар назар дошта мешавад, ки маҳсули таффакур ва шууранд. Ба ибораи дигар, он паҳлӯҳои эҷоди ин-сонро унсур меноманд, ки дар муддати қарнҳои зиёд тавассути мушоҳида, таҷриба, донишу хирад ва зако-ват шакл гирифта, миёни фарҳангҳо ба ҳукми қонун даромадаанд. Ин унсурҳо, ки асоси маданияти маъ-навиро ташкил кардаанд, дараҷаи ҷаҳонбинӣ, назари намояндагонӣ ин ё он маданиятро ба олами атроф, кайҳон, падидаҳои ҷамъияту ҳодисаҳои табиат инъи-кос мекунанд. Муҳимтарин унсурҳои фарҳанг ба назари мо за-бон, хату алифбо, асотир, мазҳаб, анъанаҳо, оину ру-сум ва санъат мебошад. Савол пайдо мешавад, ки чаро такягоҳи мо намунаҳои маънавиёт гардидаанд? Саба-баш ин аст, ки онҳо дар муқоиса бо офаридаҳои моддӣ устувор ва дарозумртар буда, ба ҳар яке аз ин пади-даҳои маданӣ мӯҳри хираду заковати ҳар кадом халқ нақш бастааст, ки онро аз маданияти мардуми дигар ҷудо мекунад. Пешрафти фарҳанги мардуми оламиён дар ин унсурҳои фарҳанг таҷассум ёфтааст.
Ин унсурҳои фарҳанг таърихи хеле кӯҳан дошта, сутуни устувореанд, ки фарҳанг болои онҳо қомат рост кардааст. Онҳо ҷавҳари зотии фарҳанг, ҷаҳонби-нӣ ва дастовардҳое мебошанд, ки аз насл ба насл гу-зашта, сайқал ёфта, нерӯи некиву хирад, меҳру муҳаб-батро ба худ зиёд намуда, таҷассумкунандаи таърих ва маърифату маданияти халқҳо гардиданд. Унсурҳои зикршуда дар раванди меҳнати бунёдкоронаи инсонҳо пайдо шудаанд. Забон ҳамчун унсури фарҳанг ташак-кул ёфта, дар рушди фарҳанг саҳм мегирад ва вобаста ба сарнавишту таърихи миллат ғановати сл аён гар-дида, бо пайдоиши халқияту миллат фаъолияти васеъ касб мекунаду ба сатҳи ҷаҳонӣ мерасад. Забон воситаи муҳимтарини алоқаи байни одамон буда, ҳар як фард тавассути он фикрашро баён мекунад ва якдигарро ме-фаҳмад.
Оид ба хату алифбо ва аҳамияти он дар пешрафти фарҳанг сухан рондан он имконияти ба наслҳо боқӣ гу-зоштани арзишҳои волои аҷдодиро чандин маротиба афзун мегардонад. Агар доир ба хату алифбо дурусттар андеша ронем маълум мешавад, ки мардум ҳатто дар нимаи дуюми асри XIX ҳам аз баъзе сирру асро-ри хату алифбо огаҳ набуданд. Хат доираи имконияти инсонро васеъ сохта, ба ӯ шароит муҳайё мекунад, ки паҳлӯҳои ҳаёти худро бо рамзҳо ифода намояд.
Хат ин низоми аломатҳост, ки ба воситаи нақшу тасвирҳо робитаи одамонро таъмин намуда, хабареро ба фосилаи муайян мерасонад ва мероси куҳанбунёди инсонро то ба давраҳои минбаъда мебарад. Аввалин алифбо ба ихтирои финикиён мансуб буда, шакли му-каммалтарини хат аст. Дар он овозҳои алоҳида акс меёбанд ва ба халқҳои алоҳида ё гурӯҳи халқҳо таал-луқ дошта, доим ҳамсафарашон мебошад.

Инсон бо ихтирои алифбо қадами бузурге дар ҷо-даи пешравӣ ниҳод. Ӯ китобро офарид. Китобе, ки метавонад аз авзои замону рӯҳи ниёгон ба мо маълу-мотҳои дақиқ бидиҳад. («Мавод доир ба назарияи фарҳанг»-и Ҷ.Асрориён ва Н.Сайвалиев). Оид ба ун-сурҳои дигари фарҳанг мо дар мавзӯҳои оянд маълу-мотҳои муфассал хоҳем дод.

2.74K
Нет комментариев. Ваш будет первым!