ПЕШРАФТИ ИЛМУ ТЕХНИКА ВА МАСЪАЛАҲОИ УМУМИБАШАРИИ МАДАНӢ ДАР ЗАМОНИ МУОСИРИ ҒАРБУ ШАРҚ

«Ягон кишвар ба танҳоӣ азӯҳдаи ҳалли масъала-ҳои глобалӣ баромада наметавонад».
Э. Ш. Раҳмонов«Ягон кишвар ба танҳоӣ азӯҳдаи ҳалли масъала-ҳои глобалӣ баромада наметавонад».
Э. Ш. Раҳмонов

Имрӯзҳо мардуми аҳли башар ба ҳазорсолаи нав – ҳазорсолаи сеюм қадам ниҳодаанд. Асри XX – XXI-ро ҳамчун асрҳои пешрафти илму техника ва омӯзиши кайҳон меноманд. Дар ин давра тадқиқотҳои илмии фарҳангию таърихшиносӣ, таҳлили рӯйдодҳои сиёси-ву иқтисодие, ки дунёро ба ларза овардаанд дар хоти-ри оламиён боқӣ хоҳад монд. Пас аз ихтирои яроқҳои вазнини оташфишони харобиовару даҳшатбор сай-ёраи мо борҳо дар дами фалокат қарор гирифтааст. Ҷангҳои ҷудогона дар ин ё он гӯшаҳои ҷаҳон ҳар рӯз ҳаёти ҳазорҳо одамонро барбод медод.
Хушбахтона ақлу хиради инсон дар мубориза-ҳои зидди нобоварй, худбинии этникӣ ва миллӣ ғолиб омад. Хираду ақли солим тантана карданд. Дар тамо-ми рӯи замин боварию эҳтироми тарафайн, сулҳу оро-мӣ ҳукумрон гардид. Бо талаби Кумитаи Амнияти Со-змони Миллали Муттаҳид ҷидду ҷаҳди давлатҳо барои яроқпартоии умумй, баланд бардоштани сатҳи камби-зоатӣ, вазъи экологӣ ва аз байн бурдани касалиҳои си-рояткунанда, барои саросар нест кардани яроқи ядроӣ равона карда шудааст. Парвозҳои кайҳонӣ ба омӯх-тани ҳолати биосфера – ин ба минтақа паҳн шудани ҳаёт дар курраи замин ва назорат ба тагйироти муҳити зисти шаҳру деҳот мусоидат карданд. Биосфера ба марҳилаи нави тараққиёти худ, ноосфера ҷамъияти ақлу заковати инсонӣ дохил шуда, орзуи деринаи кулли одамон ва олимон бо муҳофизати муҳити зист ҷомаи амал пӯшид. Боре дар анҷумани пар-ламенти ИМА аз олими ма-шҳури амрикой, мутахасси-си калони соҳаи неруи атом Роберт Оппенгеймер пурсон шуданд. ки оё аз бомбаи атоми дида, воситаи боэътимоде ҳаст? Оппенгеймер мухтасаран ҷавоб гуфт: «Ҳаст, сулҳ!.. ».
Бинобар ин асри ХХ-ро асри прогресси илмию техникй ҳам меноманд, зеро дар ин аср кашфиётҳои муҳимтарини илмию техникй ба вуҷуд омадааст. Дар ин давра хусусан фалсафаи таьлим дар макс^ибҳои олй ба сатҳи баланд расид. Аз як тараф мутахассис бояд пе-шаи хеш, яъне касби интихобкардаи худро нагз омӯзад иа аз комёбиҳои техникаи соҳаҳои гуногуни фаъолият-|ок бохабар бошад. Аз тарафи дигар мутахассис набо-яд танҳо технократ бошад, вай бояд инчунин ҷаҳонби-нии васеъ дошта, аз одобу фарҳанг бархурдор бошад. Бесабаб нагуфтаанд, ки «Олим шудан осон, одам шудан душвор». Дар ин давра мутахассис бояд ҳам на-зарияю ҳам амалияи ихтисоси худро ба хубй донад ва ҳам бояд аз таъриху фалсафа ва сиёсатмадорй огоҳӣ дошта, шахси ҳаматарафа донишманд, ғамхору нафъ-расони мардум ва инсонпарвар бошад.
Фарҳанг ҳамчун шакли махсуси дониш инъикос-кунандаи рӯҳияи миллӣ мебошад. Маҳз дар фарҳанг хиради беназири халқ, тасаввуроти он оид ба инсон, тақдири худ ва имрӯзу фардои он муқаррар карда ме-шаванд.
Чй хеле ки шоирон дар васфи одамият ва инсони комил гуфтаанд:
Одамӣ одам набинад, аз куҷо одам шавад,
Шамъ агар оташ набинад, аз куцо раешан шавад.
(Саъдии Шерозӣ)
Ҳеҷ шакле бе ҳаюлло қобили сурат пабуд,
Одамӣ ҳам пеш аз он к- одам шавад, бӯзина буд.
(Бедил)
Шакку шубҳае нест, ки техника ва дастовардҳои техникии инсоният дар ташаккули маданият нақши муҳиме мегузоранд. Агар аз як тараф техника ва тех-нологияи замони имрӯза ба рӯзгори мардум дасто-вардҳои зиёде оварда мушкилотҳои зиндагии мардум-ро бартараф кунад, аз тарафи дигар ин гуна техникаю технологияҳои нав сабаби бекории миллионҳо одамон, қашшоқиҳо, паст ва маҳдуд шудани мавқеи ҳунарҳои нодири дастӣ ва умуман беқадрии инсон мегардад.
Бояд гуфт, ки инқилоби илмӣ, техникӣ дар нимаи 2-юми асри XX сурат гирифта буд, ки моҳияти он аз як зумра кашфиётҳо иборат буд. Компютер, нерӯи атом, ракетаҳои кайҳонӣ, лазер, биотехнология ва гайраҳо, ки дар инкишофи қувваҳои истеҳсолкунанда табадул-лоти бузурги технологӣ ба вуҷуд овард, барои оғози давраи нави технологии таърихи умумибашарӣ зами-на муҳайё сохт. Самти асосии давраи инқилоби илми-техникиро микроэлектроника, асбобсозй, техникаи роботй, биотехнология, информатика, нерӯи атомию саноати кайҳонӣ ва ғайраҳо муайян мекунанд. Дасто-вардҳои илмию техникй барои баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат дар давраҳои муайяни техникӣ, коркарди истеҳсолот ва пешрафти иҷтимоӣ мусоидат менамояд.
Аз комёбиҳои илмӣ-техникӣ сӯистеьмол намудан, ҷилавгирӣ карда натавонистани оқибатҳои манфии инқилоби илмӣ-техникӣ ногузир ба гирдоби фалока-ти термоядрой, экологӣ ва иҷтимой оварда мерасо-над. Масьалаҳои муштараки муосир ва роҳҳои ҳалли онҳо:
Бартараф намудани хавфи ҷанги термоядроӣ, сохтани ҷаҳони безӯрию тааддӣ, ҷаҳоне, ки барои пеш-рафти иҷтимоии ҳамаи халқҳо дар заминаи коксенсу-си манфиатҳояшон ба боварии ҳамдигарй ва якдилии умумибашарӣ мусоидат менамояд.
– Бартараф намудани таззодҳои тезу тунди та-раққиёти ноҳамвори иқтисодӣ ва мадании кишварҳое, ки тобеьи муносибатҳои гуногуни иқтисодй ва марбу-ти давраҳои гуногуни таъриханд, бартараф намудани ақибмонии иқтисодй, қашшоқию гуруснагӣ, экологӣ, демографӣ ва бесаводию бемаданиятӣ.

Бо захираҳои табии таъмин намудани инкишофи иқтисодии инсоният (аз он ҷумла бо маводи хӯрока, ашёи хом ва манбаҳои энергия) дар ҷомеаи ҷаҳонӣ.
Бартараф намудани бӯҳрони экологй, ки натиҷаи мудохилаи бемулоҳизаи инсон ба биосфера буда, бо-иси заҳролуд шудани муҳити зист, баҳру уқёнусҳо ва кайҳон гардидааст.
Боздошти афзоиши босуръати баланди аҳолӣ (таркиши демографӣ), ки вазъи пешрафти иҷтимоӣ – иқтисодиро мураккаб мегардонад.
Дар айни вақт пешбинӣ ва бартараф намудани оқибатҳои манфии инқилоби илмй-техникй ва сама-ранок истифода бурдани комёбиҳои он ба манфиати ҷамъият ва шахс хоҳад шуд.
Ҳалли ҳамаи ин проблемаҳо амалиёти ягона, ҳам-кории умумиҷаҳонии сардорони давлатҳо, халқҳо дар мубориза барои мавҷудияти инсониятро тақозо мена-мояд. Қадамҳои аввалин дар ин роҳ монанди шарт-номаҳои байни ҳукуматӣ оид ба ҳифзи муҳити атроф, васеъ гардидани фаъолияту ҳамкории ҳаракатҳои ҷамьиятии бонуфузи байналхалқй мебошад. Дар ин ҷо чанде аз гуфтори бузургони гузаштагонамонро дар бораи моҳияти ёдгориҳо мисол овардан ба маврид аст. Масалан: Огюс Перре меъмори машҳури асрҳои Х1Х-ХХ- и Фаронса мегӯяд: «Харобаҳой меъморӣ зе-боянд, чунки дар пеши чашм намоён шуда, ҳақиқатро ошкор мекунанд». Шоири бузурги рус А.С.Пушкин боз ҳам хубтар гуфта: «Эҳтиром ба гузашта ҷаҳони тамаддунро аз ваҳшигӣ фарқ мекунонад». Классики бузурги асри XV- и Шарқ Алишер Навоӣ ҳамчунин муносибати худро ба ёдгориҳо ба тарзи зайл баён кар-дааст: «Таърих фархунда аст, гузаштаро ҳамчун дарси ҳозираю оянда ба рӯямон боз мекунад».
Қонунҳои умумибашарие ҷой дорад, ки дар бо-раи муҳофизати ёдгориҳо қабул гардидааст. Ин ни-зомномаю дастурамалҳои дахлдор дар бораи тартиби баҳисобгирӣ, таъмини бехатарӣ, нигохдорӣ, истифо-дабарӣ ва таъмиркунии ёдгориҳои беҳаракати таъри-хию фарҳангӣ кор карда шудааст. Шӯроҳои ҷамъиятӣ барои муҳофизати ёдгориҳо, муассисаҳои давлатии назоратй аз болои таъмини бехатарӣ ва таъмири ёдго-риҳо таъсис дода шудаанд.
Донишгоҳҳои илмӣ- тадқиқотӣ ва лоиҳакашй бантя Рои аз нав барқарор намудани ёдгориҳои меъморӣ, санъати монументалӣ, хаттотӣ ва ғайра ташкил ёфтаанд. Масалан дар Фаронса ба таснифи илмии ёдгориҳо идораи санъати нафисаи Вазорати фарҳанг машғул аст, вале чорабиниҳои муҳофизатро идораи ёдгориҳои таъРихӣ ба амал мебарорад. Дар Британияи Кабир ёдгориҳои қадим гуфта, биноҳои таърихии беодамро меҳисобанд.
Вазорати корҳои ҷамъиятӣ ба муҳофизати ёдго-риҳо машғул аст. Дар ШМА ҳар як штат қонунҳои федералии худ, хизмати муҳофизат ва барқароркунии ёдгориҳоро дорад. Дар соли 1953 аз тарафи Конгрес-си ШМА трести Миллӣ оид ба муҳофизати сарват-ҳои таърихӣ ташкил дода шуд. Дар Полша бошад соли 1962 қонун дар бораи муҳофизати сарватҳои маданӣ қабул карда шудааст. Бидуни ин ташкилоти байналхалқӣ оид ба масъалаҳои маданият ва маориф (ЮНЕСКО) 11-декабри соли 1962 дар Париж оид ба ҳифзи зебоӣ ва хосияти манзараи табиату минтақаҳо тавси-янома қабул намудааст. Ҳамин тариқ, дар соли 1912 бороҳбарии муҳандиси бомаҳорат П.П.Покрышкин за-нгӯлаи хиштини калисои Баровск-Успенский, ки баландиаш 32 метр буда 1, 28 метр ба хати уфуқ ба як паҳлӯ хам шуда буд, рост карда шуд. Дар соли 1932 бошад бо роҳба-рии муҳандиси шӯравй И.Ф.Мауэр дар Самарқанд манораи ҷанубу шарқии мадрасаи Улуғбек, ки ба-ландиаш 32,7 метр ва моилиаш 3, 24 метрро ташкил медод, бо ёрии домкратҳои пуриқтидор рост карда шудааст. Муҳандисон на танҳо рост кардани биноҳоро аз бар кардаанд, балки ба қисмҳо ҷудо накарда ба ҷои нав кӯчондани биноҳоро фикр карда ёфтаанд. Масалан яке аз кӯчаи ш.Масков ба номи Горькийро дар ҷояш якчанд метр васеъ кардаанд. Устувор кардани ёдгорй бояд барои тамошобинон нонамоён бошад. Баьзе аз устодони сарватҳои маданӣ нисбат ба\’ онҳо бо иобоварй муносибат мекунанд, ба монанди яке аз ёдгориҳои маъмултарини меъмории асри XV мақбараи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ дар Кӯ-лоб, ки аксарияти онро таҳриф карда, бо нақшу ниго-ри кошонаи рангаи мавҷуднабуда оро дода буданд, ки чунин мисолҳо низ хеле бисёранд.
Пайваста ба ин гуфтаҳо боиси ифтихор аст, ки яке аз мӯъҷизаи меъмории асри XX ин бинои 16 ошёнаи ш.Тошкент аст, ки онро хонаи «Боғи муаллақ» – дор меноманд, аз ҷиҳати шукӯҳу зебогии худ шӯҳрати ҷа-ҳонӣ пайдо кардааст.
Тантанаи имкониятҳои беҳудуди эҷодиёти инсон дар давраи Таҷаддуд намоён мешавад. Эҷодиёт пеш аз ҳама, дар давраи муосир ҳамчун эҷоди бадеӣ дарк карда мешавад. Яке аз кашфиётҳои асосии илми муо-сир фарзия (консепсия)- и академик Вернадский В.И. мебошад.
Он дар бораи пайдо шудани махлуқи соҳибақл дар рӯи замин ба зинаи нави таърихи худ, яъне аз биосфе-ра ба ноосфера системаи «инсон ва табиат» гузашт. Ин системаро ҳамкории одаму табиат, тарафи айнӣ дарку сарфаҳмравй ва тарафи зеҳнӣ ташкил медиҳад. Ин ба маърифатнокии фаъолияти ҷамъият алоқаман-дӣ дорад. Маърифат раванди фаъолиятҳои зеҳнии таърихан тибқи ниёзҳои худшиносӣ ва ҷаҳоншино-сии инсон ташаккул ёфтааст.
Ба шинохти назарй ва амалии ҳастӣ нигаронида шудааст, ки мо дар охир аз сохтори раванди маъри-фати инсонӣ ва проблемаҳои глобалии замони ҳозира (муосир) ёдрас мешавем.
Ташаккулёбии маърифат ва ҷаҳонбинӣ раванди мураккабу бисёрҷабҳа мебошад, дар ин бора Фридрих Энгельс дар вақташ дуруст гуфта буд: Вақтҳое буд, ки одамон натиҷаи хоби худро гуфта наметавонистанд, вале бо мурури тараққиёту ташаккулёбии тафаккури ҷамъиятӣ одамон донишҳоро андӯхта ин ва дигар ҳо-дисаҳоро маънидод карданд ва фаҳмиданд.

ПРОБЛЕМАҲОИ ГЛОБАЛИИ ЗАМОНИ ҲОЗИРА

Проблемаи ҷанг (Барҳам додани сабабҳои иҷтимоӣ, I носеологӣ психологӣ. Ҳалли ҳамаи зиддиятҳо бо роҳи гуфтугӯи тамаддунҳо) Проблемаи сулҳи фоидаовар барои ҳамаи одамон ва кишварҳои сайёра.(Анъана шудани гуфтугӯи тамаддунҳои олам) Проблемаҳои экологии муҳити зист, тозагӣ ва равнақи он Паст ва нест кардани камбизоатӣ (Баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ. Барҳам додани ҷаҳолати одамон) Тероризми байналмилали Наркотизм (барҳам додани истеҳсол, мубодилот, ва истеъмоли он) Проблемаҳои демографй Афзоиши аҳолӣ, танзими оила, таносуби марг ва зиндагӣ Проблемаи саломатӣ (Барҳам додани беморӣ, афзудани умрдарозии одамони сайёра) Экстремизми дини ва умумибашарӣ Барҳам додани бесаводй (баланд бардоштани сатҳи дониш, фарҳанг ва маънавиёти аҳолӣ)

1.4K
Нет комментариев. Ваш будет первым!