ФАРҲАНГИ МАРДУМИ БАЙНАННАҲРАЙН

Байнаннаҳрайн – дар Шарқ панҷҳазор сол пеш аз милод дар байни ду дарё ( Даҷла ва Фурот) якчанд дав-латҳое ба вуҷуд омаданд, ки онҳо давлатҳои Шумер, Акад, Бобулистон (Бобил), Финикия, Ошур (Осир) буданд.Байнаннаҳрайн – дар Шарқ панҷҳазор сол пеш аз милод дар байни ду дарё ( Даҷла ва Фурот) якчанд дав-латҳое ба вуҷуд омаданд, ки онҳо давлатҳои Шумер, Акад, Бобулистон (Бобил), Финикия, Ошур (Осир) буданд. Онҳоро бо номҳои юнонӣ давлатҳои Месо-потамия ва ё бо славянӣ Двуречҳе низ мегӯянд. Мар-казҳои фарҳангии онҳо ба сарзамини имрӯзаи Ироқу Сурия рост меоянд. Шаҳрҳои қадимтарини маркази илму фарҳанг ва тамаддуни онҳо – Сипар, Киш, Нип-пур, Урук, Шуруппак, Ура, Ларса, Бобул ва ғайраҳо буданд.
Мардуми Байнаннаҳрайн ба зироатчигӣ, чорво-дорӣ, моҳигирӣ, ҳунармандӣ, тиҷорат машғул шуда, тавассути он дарёҳо бо мардуми ҳамсоя рафтуомад доштаанд. Назри Яздонӣ ва Далер Баҳромӣ дар маво-ди «Маданиятшиносӣ»-и хеш гуфтаҳои М.Рашшодро тақвият дода қайд кардаанд: Муҳаммад Рашшод дар китоби «Фалсафа аз оғози таърих»-и худ масъалаи ма-данияти Бобилистонро мавриди баррасӣ қарор дода, қайд мекунад, ки Бобил моҳиятан тамаддуни Эрони бостонро бо Миср ва Арабистонро бо Ошур пайваста-аст.
Онҳо дар натиҷаи робитаҳои тиҷоратию фар-ҳангии худ ба фарҳангу тамаддуни якдигар таъсирӣ мусбӣ расонида, аз комёбиҳою кашфиётҳои волоии ҳамдигар истифода мебурданд. Дар давраҳои қадим онҳо хатҳои қадимаи тасвирии худро доштанд, ки онро пиктография мегӯянд. Ин хат то 1500 аломатҳои мусавварро дар бар мегирифт. Воқеан хатҳои дигари мипбаъдаи онҳо дар асоси хатҳои пиктографӣ ба ву-ҷуд омадааст.
Мардуми ин сарзамин аз ҷиҳати эътиқодҳои динӣ М бисёрхудогӣ рӯй оварда, худои бузурги худро Мар-дук мегуфтанду мепарастиданд. Инчунин мардуми Шумеру Акад ва Бобулистон модархудои Мисри қа-дим – Балъат Ҷабалро низ мепарастиданд. Онҳо ба ҳа-ёти охират боварӣ доштаанд, ки дар қабрҳо ҳамроҳи маит( ҷасад) зарфҳои пур аз хӯрок, маснуоти зебузина-тӣ ва ҳайкалчаҳои аз лой сохта шудаи занонро гузоштаанд.
Дар давраҳои минбаъда бо мурури пешрафти зин-дагӣ, ташаккули шуур ва муносибати одамон нисбат ба мафҳуми Худо низ таъғир меёбад. Ба назари онҳо офтобу моҳтоб, замину осмон ва ғайраҳо на Худо, балки ҷисмҳо ва ҳодисаҳои табий мебошанд. Онҳо баъдтар худоҳоро ба инсон шабоҳат медоданд. Дар давлатҳои Шумеру Аккад барои фаъолияти идораку-нии давлат, идораҳои хоҷагӣ, мисли девони вазирони ахди Сомониён вуҷуд дошта, дар он шахсони мутасад-дӣ кор ва фаъолият менамуданд. Масалан: шахсе, ки ба соҳаи савдо назорат мекард онро дамкарон, дам-каре ё патесӣ мегуфтанд.
Дар ин давлатҳо соҳаи санъати меъморӣ, муҷас-самасозй, тасвирӣ, мусиқӣ ва ғайраҳо васеъ инкишоф ёфта буд. Барои сохтани муҷассамаҳо санги диоритро аз Арабистонӣ ғарбӣ мекашониданд. Гудеаро шоҳи меъморпараст меҳисобиданд, ки ӯ тамоми меҳру му-ҳаббати худро барои бунёди маъбадаҳо-сарф кардааст. То имрӯз хизматҳои он аз ёди мардумаш нарафтааст.

Элементҳои тасвирӣ маъбадҳое, ки дар боло номбар карда шуд, баътар дар сохтмони як қатор масҷиду мадрасаҳо ва калисою ибодатхонаҳои халқҳои Шарқу Ғарб дида мешаванд. Хусусан достони шумерӣ дар бораи Гилгамеш ба забонҳои хеттӣ ва ҳурутӣ тарҷума карда шудааст. Достони «Гилгамеш» яке аз муҳимта-рин асарҳои бадеии адабиёти Бобул мебошад. Муал-лифи ин асар то ҳол маълум набуда, он дорои аҳа-мияти баланди фалсафй мебошад. Мазмуни достон аз он иборат аст, ки Гилгамеш ба муқобили ноадолатӣ мубориза мебарад. Дар ин достон орзуҳои инсон дар бораи ҳаёти ҷовидонӣ ва ногузириши марг таъкид ме-шавад.
Яке аз ёдгориҳои бебаҳои маданияти давраи ҳу-кумронии Ҳамураппӣ ин маҷмӯаи қонунҳо мебошад, ки аз 182 модда иборат буда, меъёрҳои ахлоқию ҳуқу-қии ҷомеаро ба танзим медаровард. Бояд гуфт, ки Ко-декси Ҳамураппӣ дар зери таъсири қонунҳои Шумери қадим навишта шудааст. Мувофиқи маълумотҳо ва-зифаи асосии ин қонун аз барқарор намудани адолат дар мамлакат иборат мебошад. Дар ин қонун(Кодекс) унвонҳои шоҳ оварда шуда, бузургӣ ва хайрхоҳии шоҳ васф карда мешавад. Дар кодекс инчунин номгӯи моддаҳои ҳуқуқҳои ҷиноӣ, мурофияи судӣ, ҳуқуқҳои оилавӣ, табибон, устодон, моликиятдорӣ, дуздӣ, ғо-ратгарӣдуқуқҳои ҷанговарон ва ғайраҳо гирд оварда шудаанд .
Тамоми ҳокимият дар ин давлати мутамарказо-нидашуда аз ҳокимияти қонунгузорӣ, иҷрокунандаи судӣ ва динӣ иборат буда, ҳама дар дасти шоҳ буд. Кодекси (қонунҳои) Бобулистон шахсияти шоҳро ба дараҷаи илоҳӣ боло мебардорад. Ҳамураппӣ дар бо-раи худ гуфтааст:
«Ман Хамураппӣ аз авлоди шоҳзодаи писари Худо Син… шоҳаншоҳи мутлақ, бародари худо Замам, шоҳаншоҳи илоҳӣ мебошам. Мардук маро даъват намуд, ки роҳбарии халқ-ро ба ӯҳда гирам ба мамлакат некӯаҳволӣ ва ободӣ орам». Маҳз дар ҳамин давра қис-саҳои боғи Ирам, боғи биҳишт пайдо шуда-аст.Ин боғҳои муал-лақ дар Бобулистон бо амри шоҳ Новухо-доносор барои ҳамса-раш маликаи модиёнй бунёд шуда буданд. Боғҳои чорқатора болои зинаайвонҳои бузург бунёд карда шудаанд, ки деворҳои баланд ва айъонҳои су-тундор асоси боғҳои муаллақро ташкил доданд. Ҳар яке аз он 27 метр баландӣ дошт. Айвонҳо аз боло бо тахтасанг-ҳои бузург пӯшида шуда, рӯи он як қабат найшакари омехта бо қиркашида мешуд. Ба болои он ду қатор ғишти пухтаи гаҷдор ва аз болои он барои нагузаштани намиву об як табақа тахтасурб зич гу-зошта шуда дар болои он хоки замини ҳосилхез рехта шудааст.
Баъдтар ҳамин қиссаҳо асоси ривоятҳои «Қуръон»- ро дар бораи ҷаннат ташкил медоданд. Яке аз комёбиҳои мардуми Байнаннаҳрайн хатҳояшон буд.
Онҳо дар ҳазорсолаи IV- то милодй хати мехии худро дошта, дар давраҳои минбаъда хати мехии онҳо дар байни мардуми ҳамсоя низ паҳн гаштааст. Дар ин сарзамин мактабҳо таъсис дода шуда буд, ки он макта-бҳо ба баланд гаштани сатҳи саводи донишҷӯён овар-да мерасонид. Илмҳои забон, риёзӣ, ҳандаса, нуҷум, илоҳиёт, ҳуқуқ, тиб, мусиқӣ, санъат, фалсафа ва адаби-ёт хеле ташаккул ёфта буд.
Адабиёти онҳо ба ду шоха: динӣ ва ғайридинӣ ҷудо мешуд. Дар адабиёти бадеии Акадию Бобулис-тон насри бадей мавқеи аввалро ишғол мекард. Дар адабиёти онҳо назмҳои драммавӣ низ дида мешуд. Мардуми Байнаннаҳрайн барои аз худ намудани илму фарҳанг диққати ҷиддй медоданд. Ин комёбиҳои онҳо то ба имрӯз аҳамияти худро гум накарда, балки шӯҳ-рати ҷаҳонӣ пайдо кардаанд. Агар ба комёбию анъа-наҳои мардуми имрӯзаи минтақаҳои маданӣ аз давраи қадим то ба имрӯз назар кунем, онҳо дорои анъанаю одатҳои аҷиби хеш мебошанд.
Мо метавонем аз баъзе одатҳои мардуме, ки то ба имрӯз давом дорад ёдрас шавем. Агар мардуми ан-глис ба меҳмонӣ оянд, онҳо пас аз меҳмонӣ бо соҳиби хона хайру хуш накарда мераванд. Яҳудиҳо бошанд хайрухуш мекунанду намераванд. Олмониҳо ба меҳ-монй ҳатман бо шаробу газак мераванд, вале танҳо барои худашон мебаранд. Амрикоиҳо чунин одат до-ранд дар меҳмонӣ, ки рафтанд то субҳ мешинанд. Баъзе мардуми осиёгӣ одат доранд, ки агар ба меҳмони рафту он ҷо маъқулаш шуд, умуман ба хонааш бар-намегардад. Ҷопониҳо аз ҳама меҳмони хушахлоқанд. Фақат ҳамин, ки ба онҳо шароби бисёр додан мумкин нест, вагарна соатҳои тӯлонӣ дар хусуси роботу ком-пютерҳо гап мезананд. Фарансавиён чорнафара дар як ҷо нишастанро дӯст медоранд: шавҳару зан бо ошиқи зан ва маъшуқаи шавҳар. Баъзан боз ду нафари дигар ҳам меоянд: зани ошиқи зан ва шавҳари маъшуқаи мард. Дар Африқо ба меҳмони дермонда як косахо-наи сари шер шароби дарахти нахл менӯшонанд. Дар Гурҷистон ба меҳмони дермонда як шохи гов вино медиҳанд. Меҳмони аз ҳама хуб тоҷик аст: агар омад, ӯро мӯътабар медонанд, то «ба дилаш задан» меистад. Агар рафт, батамом меравад ва гоҳҳо фаромӯшатон мекунад. Ва аксар вақт бедаъват ҳам меоянд. Ин буд аз баъзе одатҳои мардуми имрӯзаи олам, ки аз насл ба насл гузашта, давом мекунад.

742
Нет комментариев. Ваш будет первым!