ФАРҲАНГИ ФОРСИЗАБОНОН ДАРАСРҲОИ ХУ1-ХУШ

Ба ҳама маълум аст, ки тоҷикон халқи ориёиасл буда, аз қадимулайём сокинони аслии Осиёи Марказӣ мебошанд. Ва таърихи онҳо бо таърихи кулли мардуми эронинажод пайванди ногусастанӣ вареиши қавӣ дорад.Ба ҳама маълум аст, ки тоҷикон халқи ориёиасл буда, аз қадимулайём сокинони аслии Осиёи Марказӣ мебошанд. Ва таърихи онҳо бо таърихи кулли мардуми эронинажод пайванди ногусастанӣ вареиши қавӣ дорад. Ин таърих хеле пурпечутоб буда, тобишу паҳлӯҳои гу-ногуни он ҳанӯз пурра омӯхта нашудааст. Аммо як нуқ-та маълум аст: саропои ин таърих аз хуни фарзандони озодипараст, ватандӯст ва гаюру маърифатпарвараш гулгун аст. Ин миллати цонсахт, ки дар ҳец давру за-моне барои гасбу тороци давлате, сарзамине шамшер накашидааст, гоҳе ба ҳукми беадолатии таърих зери хокистари цаҳолат мемонд, лекин гумному попадид на-шуда, чун шоҳини дурпарвоз боз бол мекушод. Миллати мо дар ҳама давру замон фазлу хирад, озодманишӣ, до-нишандӯзӣ, сарбаландӣ ва зиндагии поку беолоишро пеша карда, чун кӯҳсоронаш асоратнописанд буда, мисли арча дар дили сангреша давонда, умри цовидон ёфтааст.

Э. Ш. РАҲМОНОВ.

Тоҷикон форсизабонон халқиятеанд мансуб ба гурӯҳи калони шохаи ориёии оилаи кавмҳои ҳин-дуаврупоӣ. Олимон ва бостоншиносон онҳоро дар минтақаи фаррохи Шарқ сершумортарйн халқи Эро-ни нажод -форсҳо, ки ба се гурӯҳи асосӣ тақсим шуда буданд, муаян намудаанд. Тибқи таърифи Деникёр «агар тақрибан ҳудудҳои Форси ҳозираро фаро ги-рифта, аз Астаробод ба ҷониби Язд хате гузаронем, дар қисмати шарқии он тоҷикон, дар ғарб аҷамиён(байни Теҳрону Исфаҳон) форсҳо (байни Исфаҳону халиҷи Форс ) дарёфт мекунем».
Ҳамин тариқ, қадимтарин сокинони ба мо маъ-луми Осиёи Миёна-тоҷикон, форсизабонон, ҳатто пас аз тохту този ӯрдуҳои ғосиби ғайр, ки дар бисёр мавзеҳои фаррохи Осиёи Миёна ва берун аз онун-сурҳои эрониро несту нобуд намуда ё дар таркиби худ омехтанд ва ё ба кӯҳҳо танг карданд то ҳол дар Осиёи Миёна масоҳати васеъро ишғол менамоянд. Аксари тоҷикон форсизабонон дар қисматҳои кӯҳ-пораи шаҳрҳои Фарғона, Тошканд, Насаф, Самар-қанд, Бухоро, Хуҷанд, кӯҳҳои Ҳиндупушт, Туркистон, Силсилакӯҳҳои Қаратоғ, кӯҳҳои Бойсун, ва то сарга-ҳи Амударё, Зарафшон, Сирдарё зиндагӣ мекарданд. Ин мардуми форсизабон -тоҷиконро дар ин давру замон аз рӯи мавқеи зист ва қисман аз рӯи тип ба ду гурӯҳ тақсим кардан мумкин аст: водинишин ва кӯҳистонӣ. Табиист, ки хуни водинишинҳо бо хуни ғосибони охирзамон бештар омезиш ёфта, аз лиҳози тип аз форсизабонони кӯҳистониён тавофути назар-рас доранд. Дар бораи тоҷикони кӯҳистонӣ бояд гуфт, ки бо сабаби беҳтар боқӣ мондани хуни ори-ёӣ нисбат ба водинишинон хеле тоза ва хусусияти миллии хешро дошт. Дар шароити умумии мавҷуда, ки ҳама тоҷикон ба оилаи забони эронӣ мансубанд аз рӯи мавқеи таснифи ҷуғрофиашон гарчанде «бухо-риҳо, самарқандиҳо, ӯротеппагиҳо, фарғонагиҳо, ба-дахшониҳо» ва ғайраҳо меномиданд, ҳамаи тоҷикони Осиёи Миёнаро ба ду қисмат ҷудо кардан мумкин:
1. Онҳое, ки ба шеваҳои форсӣ гуфтугузор ме-кунанд.
2. Онҳое, ки ба забонҳои эронӣ, на форсй сухан мсронанд. Масалан: забонҳои маҳаллии суғдӣ, хуҷан-дӣ, яғнобй, язгуломӣ.
Забони тоҷикӣ идомаи забони форсӣ буда, бо насилаи таъсири маданию сиёсии Форс, дар асоси шсваҳои маҳаллӣ бо сабаби ба вуҷуд омадани баъзе хусусиятҳои забонӣ мавқеи хоса пайдо карда, дар фарҳанги ниёгон роҳ ёфта, дар ҳаёти онҳо бе асар памонд.
Тоҷикон -форсизабонон хидмати худро дар илму адабиёт ва мактабҳои гуногун равия дар асрҳои ХУ1-ХУШ ки ба сабаби ҷангидани амирон, хонҳои оп замон ва зулму бедоди азҳамзиёди онҳо мамла-кат хело хароб шуда буд, низ давом додаанд. Чеҳ-раҳои бузурги илму фарҳанги ин замон мактабҳои адабии хешро дар шаҳру вилоятҳои фарҳанги таъсис дода буданд.
Риштаи рӯзгори мардумони форсизабондар Ирон, Мовароуннаҳр, Хуросон ва Ҳинд (тоҷикӣ)- шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро, Лаҳор ва Деҳлӣ, Ҳирот ва ғайра-ҳо таъсис додаанд, амал мекард. Ин чеҳраҳои фарҳан-ги форсизабонон ба тамоми мушкилиҳои зиндагии хсш нигоҳ накарда, дар эҷодиёти фарҳангиашон ху-сусиятҳои забон ва урфу одати мардумашонро нигоҳ доштаанд.
Хусусан дар ин- давра мактабҳои хушнависӣ аз 1арафи устодон таъсис дода шуда, ба шогирдон махсусиятикасбихеш омӯзонда мешуд. Тавассути ин мактабҳо ва маҳсули эҷодиёти онҳо робитаҳои мин-гақаҳои мадании дохилию берунмарзии форсизабо-иоп боҳамдигар пайваст мегардид. Мо метавонем аз эҷодиёту саргузашти бузургони ин давра ёдрас гар-дем: Мулло Мушфиқӣ, Боқии Зардӯзи Бухороӣ( асри XVI), Низоми Оҳангари Ҳиротӣ- соҳиби маснавии «Юсуфу Зулайхо» (асри XVII), Мирхоҷаи Самарқан-ди- сарояндаи таърихи мадрасаи Шердори Самарқанд (асри XVII), Хоҷаҳасани Нисории Бухороӣ, Мутрибии Бухороӣ- олим, шоир ва ҳам муаллифи чандин кито-би илмӣ, Мирсайид Шарифи Роқим- шоир, муаллифи «Таърихи Сайид Роқим», Мирзо Абдулқодири Бедил (1644- 1721), Фитрати Зардӯзи Самарқандӣ, Сайидои Насафӣ (асри XVII ибт.Х^Ш), Мавлоно Афгори Са-марқандӣ, Мулҳами Бухорой, Ягонаи Насафӣ (асри XVIII), Ҷунайдулло Махдуми Ҳозиқ-мутахассиси илми тиб ва шоир (дар соли 1831 аз тарафи амир Насрулло кушта шудааст) ва даҳҳо дигароне буданд, ки саҳми онҳо низ дар пешрафти фарҳангу тамаддуни мардуми тоҷик, форсизабонон алалхусус дар соҳаи давлатӣ ва сиёсат ҳам дар олами Шарқ, хусусан дар Осиёи Миёна ва Эрон ниҳоят бузург мебошад.
Яке аз бузургони ин давру замон – Бадриддини Ҳилолӣ буда, оид ба ашъор ва осорҳои фарҳангии ӯ муҳаққиқони муосири Ғарбу Шарқ дар феҳристу ма-қолаҳои худ суханҳои басе пурқиммат гуфтаанд. Дар шарқшиносии Русия бори нахуст номи Ҳилолӣ ва ду асари ӯ дар феҳристи Б.А.Дорн (Санкт-Петербург-1852) қайд шудааст. Б.А.Дорн дар ин феҳрист ду нус-хаи «Шоҳу Дарвеш» ва як нусхаи «Сифот-ул-оши-қин»-ро тасниф кардааст. Минбаъд номи Ҳилолӣ ва тафсири осори ӯ дар феҳристи бисёр китобхонаҳои ҷаҳон қайд гардидаанд. Бо вуҷуди ин, аз маълумоти дигар сарчашмаҳо бармеояд, ки шӯҳрати фазлу дониш ва равнақи эҷодиёти Ҳилолӣ, махсусан баъд аз вафоти Ҷомӣ(1492) ва Навой(1501) афзун мегардад.
Дар ҳамин солҳо ӯ бо баробари газалҳояш масна-виҳои «Шоҳу Дарвеш», «Сифот-ул-ошиқин» ва «Лай-лию Маҷнун»-ро таълиф намудааст. Ин матлаб аз маъ-лумоти муаррих Хондамир боз ҳам равшантар маълум мегардад, ки ӯ дар «Хулосат-ул-ахбор» (соли 1499) ме-нависад: «Мавлоно Ҳилолӣ дар назми ғазал бешубҳа бебадал аст. Лекин дар ин айём ӯ аксар вақти худро ба таҳсили улум сарф мекунад».
Ба гуфтаи Бобур «сӣ-чиҳил ҳазор байт дар ёд дошт ва аксари байти хамсаҳои Низомиву Амир Хусравро аз ёд медонист». Яке аз хамсасароёни бузурги марду-ми тоҷик- форсизабонон ба шумор меравад.
Шахсияти барӯманди дигари ин замон Зайниддин Маҳмуди Восифӣ аст. Яке аз асарҳои бузурги фар-ҳангии ӯ «Бадоеъ-ул-вақоеъ» буда, омӯзиши он дар миёнаҳои асри XIX бо кӯшиши шарқшиносони рус П.Н.Лерх ва Б.Дорн шурӯъ шуда буд. Моҳияти ин асар дар ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ ва маданию адабии халқҳои Хуросону Мовароуннаҳри давраи Восифй ба муноси-батҳои гуногун дар асарҳои В.В.Бартольд, А.А.Семё-нов, Б.Ғ.Ғафуров, Е.Э.Бертельс, А.Мирзоев, С.Айнӣ ва дигарон таъкид шудааст. Устод Айнӣ ба омӯхтани ёддоштҳои Восифӣ машгул шуда, натиҷаи тадқиқоти хешро оид ба ҳаёту эҷодиёти ин нависанда дар асари «Восифӣ ва хулосаи Бадоеъ-ул-вақоеъ» ҷамъбаст на-мудааст.
Дигаре аз бузургони фарҳанги ин давра Сайидои Насафй буда, зиндагиаш ниҳоят душвор ва пур аз му-сибату ғам гузаштааст. Ба ҳамаи ин мушкилиҳои зиндагию ҷомеа нигоҳ накарда, дар эҷодиёти худ реалона камбудию ноадолатиҳои ҷомеаи хешро дар зери тан-қид қарор дода, хусусиятҳои гуманистию инсондӯсти-ро тарғиб намудааст.
Асарҳои ӯ дар як ҷо ҷамъоварӣ шуда, ба шакли қуллиёт ба замони мо расидаанд. Қуллиёти ӯ 27 масна-виро дарбар гирифта, ба мавзӯҳои мухталиф бахшида шудаанд. Гуманизми Сайидо маҳз ба парастиши ин-сони хурди оҷизу нотавон, ба ҳимояву дастгирии ода-ми оддии бечораву бенаво равона гардидааст. Сайи-до бахшида ба оммаи меҳнаткаш бо номи «Баҳориёт» (Ҳайвонотнома) асари махсусе эҷод кардааст, ки ҳа-мон ғояи иқтидори тавоноии халқро ба тарзи барҷас-тае таҷассум менамояд.
Яке аз шахсиятҳои дигари бузурги охири ин за-мон, яъне охири асри XVIII ва аввали асри XIX Ҷу-найдуллои Ҳозиқ буда, дар бораи ӯ адабиётшино-сони Тоҷикистону Узбекистон бисёр навиштаанд, ки муҳимтарини онҳо маълумоти С. Айнӣ, А. Мирзоев, Х.Мирзозода, А. Қаюмов ва Н. Маъсумй мебошанд. Ҳамаи ин мулоҳизаҳо дар рисолаи С. Амирқулов «Ҷу-найдуллои Ҳозиқ ва достони ӯ «Юсуф ва Зулайхо» ҷамъбаст гардидааст. Дар рисолаи С. Амирқулов тар-ҷумаи ҳол, мероси манзуми лирикй ва маснавии «Юсу-фу Зулайхо» тадқиқ шудааст. Навиштаҷотҳои Ҳозиқ то имрӯз аҳамияти худро гум накарда, ба ҳаёти марду-ми имрӯза пайвастагӣ дошта, аз тарафи олимони зиёде боиси таҳқиқу омӯзиш қарор гирифтааст.
Агар оид ба пешрафти маданияти моддии асрҳои ХУ1-ХУШ-и тоҷик сухан ронем, дар ин давра сохтмони биноҳои маъмурӣ, хоҷагй ва маданиго маишӣ вусъати зиёде пайдо намуд, ки ин яке аз ҷиҳатҳои хоси ин давра ба шумор меравад. Дар аксари шаҳрҳои маркази фарҳангию тиҷоратии вилоятҳои Мовароуннаҳру Хуросон ва Ҳинду Эрон биноҳои нав, иморатҳои мӯҳташам, аз қабили мадраса, масҷид, мақбара, ҳаммомҳо, тиҷоратхонаҳои боҳашамат, корвонсаройҳо, пулҳо ва хонақоҳҳо сохта шуданд. Ҳар яке аз ин меъмориҳо бо хусусияту ороишоти худ аз ҳамдигар ба куллӣ фарқ мекарданд.
Хусусан меъмориҳои гумбазноки шаҳрҳои Бухо-ро, Тошканд, Ҳирот, Самарқанд, Уротеппа, Хуҷанд, Шаҳрисабз, Кӯлоб, Хуқанд, Исфаҳон, Деҳлӣ ва ғай-раҳо аз тарафи меъморони моҳири гуногуни он замон сохта шуда буданд. Иморатҳои Қалъаи Ҳисор, аз қа-били Мадрасаи Кӯҳна, Мазори Махдуми Аъзам ва ғайраҳо шоҳиди санъати баланди меъмории Ҳисори онвақта мебошанд. Санъати минятурӣ ва ороиши бадеии китобҳои дастнавис ба дараҷаи баланд расида буд. Китобхонаҳое, ки дар дарбори баъзе султонҳо мавҷуд буданд, дар айни ҳол вазифаи коргоҳи китобат ва ороиши дастнависҳоро адо мекарданд.
Аз рӯи маълумотҳои шевашиносони давраи му-осир бармеояд, ки аксари мардуми форсизабонони кӯҳистонӣ дар кӯҳпораҳои ҳардара маскан гирифта, то имрӯз анъана ва урфу одати аҷдодии худро нигоҳ доштаанд. Инчунин саҳми фарзандони бофарҳангу ва-тандӯсти мардуми (ҳардурӣ) ҳардарагй дар пешрафти илму фарҳанг ва тамаддуни давраи муосири давлат-ҳои шуравӣ ва тоҷик ниҳоят бузург мебошад.
Яке аз шевашиноси муосири тоҷик М. Эшниёзов дар «Шеваи ҳардурй» ном китоби худ қайд кардаанд, ки кисмати мардуми форсизабонон бо фишору ғас-би сулолаи манғитиён аз шаҳрҳои маркази фарҳангӣ берун рафта, дар ҳар дараи кӯҳистонҳои гирду ат-рофи шаҳрҳои Фарғона, Самарқанд, Бухоро, Шаҳ-рисабз, Насаф, Ғузор, Бойсун, Ҳисор, ва ғайраҳо маскан гирифтаанд. Дар тақвияти гуфтаҳои боло мо метавонем гӯем, ки оғози шаҷарраи онҳо Авазбӣ ном шахси мансабдори форсизабони Бухорро буд. Ӯ бо сабаби фишори мансабдорони манғитиён дар охири умри хеш бо фарзандонаш аз Бухоро берун рафта ба қисмат-ҳои кӯҳпораи шаҳрҳои Насаф ва Ғузор зидагӣ кардааст. Фарзандони барӯманди минбаъдаи ин сар-заминҳо хештаншиносии мардуми худро тавассути эҷодкориҳо ҳамчун қавми шаҷарраи ориёиҳо муар-рифй кардаанд. Шахсиятҳои бузурги онҳо – М.Эркаев, Шокир Мухтор, М. Мирзоев, А. Рӯзӣ, М.Эшниёзов, Саттор Турсун, А.Қароқулов, Ҷ. Шамсиддинов, А. Аҳадов, И.Насриддин, У. Маҳмадшоев, С. Саидов, А.Абдуллоев, Н.Сайфиев, М.Болтаев, Х.Ҳамроқулов, Г. Пайванд, Д. Ҳомидов, С.Амирқулов, А.Ҳаитов, А.Бобоев, Р. Олимшоев, Р. Норқулов, Ю.Шодипур, Б.Ҳамзаев, С. Шоназаров, 3. Хуррамов, Н. Бозоров, А. Шоматов, Э. Амонов, С. Нурмаҳмадов, Н. Шаъбо-нов, Н. Аннаев, Р. Бердиев, Ҳ. Бегимов, М. Хуррамов, А.Шукуров ва дигарон мебошанд.
Албатта барои эҳё ва ё зинда нигоҳ доштани суннат-ҳои аҷдодии хеш дар тӯли асрҳо имрӯз байни мардуми форсизабонони ҳардурӣ (ҳардарагӣ) саҳми оилаҳои-Бозоровҳо, Одинаевҳо, Чориевҳо, Шералиевҳо, Мақ-садовҳо, Тошпӯлотовҳо, Норқобиловҳо, Ҳамдамовҳо, Бобоқуловҳо, Равшановҳо, Нурматовҳо, Ҷумаевҳо, Менглиевҳо, Норқуловҳо, Авазовҳо, Шоназаровҳо, Шаъбоновҳо, Амоновҳо, Шомаҳмадовҳо, Эшпӯло-товҳо, Азизовҳо, Пӯртуқовҳо, Бобоевҳо (эшонзода), Абдуевҳо, Нор-қуловҳо (шаҷарраи Олимшо), Мир-зоевҳо, Бердиевҳо, Аннаевҳо (устоҳои машҳур), Мӯ-миновҳо, Эшниёзов-ҳо, Амирқуловҳо, Калоновҳо, Одинаевҳо, Эгамбердиевҳо, Набиевҳо, Ҳазратовҳо, Муродовҳо (эшонзода), Хуррамовҳо, Рӯзибоевҳо, Ҷу-маевҳо, Равшановҳо, Раҷабовҳо, Соатовҳо, Юсуповҳо, Асадовҳо, Бегимовҳо ва ғайраҳо аз деҳаҳои Боғучор-боғ, Бешқӯтон, Қизилмазор ниҳоят бузург мебошад.
Он мардуми тоҷике-, ки дар як сарзамини фар-рох умр ба сар мебурданд ба кишоварзӣ машғул шуда, соҳиби маданияти заминдории хеш гаштаанд, ки дар қиёс бо мардуми дигари Осиёи Миёна бо нозукта-бъии худ фарқ карда меистанд. Бо ҳамин асосҳои фарҳанги қадим шарҳ дода шуда, муҳаббати тоҷикон ба тозагиву озодагии хона, ба осоишу ҳузуру ҳаловат, дарахтзор намудани атрофи манзили худ, шавқу рағбат ба гулзоркунии ҳавлй, сохтани суфа-чаҳои зебову шоиронаи гилин зери сояи дарахтон дар лаби ҳавзҳо, қабулҷои меҳмонон, ҷои истироҳат вағайраҳо дар навиштаҷоту боқимондаҳои қасру ис-тиқоматгоҳҳо мафҳуз мондааст. Дар деҳоти кӯҳӣ то ҳанӯз расму одати қадимаи меҳмонпазирии ҳамагонй боқист. Мусофири шабмондаро аз рӯи одоби аҷдо-диашон бояд хуб меҳмондорӣ кунанд ва агар шахсе ё хонадоне бе сабабҳои узрнок меҳмонро хуш напази-рад, айб шуморида мешавад. Занон дар миёни мар-думи тоҷикон ҳақиқатан нисбат ба он ки чашмдор буданд мумкин аст, камтари вазъи залилона дорад. Зан дар ҳамвориҳо, яъне водиҳо албатта рӯяшро аз мардони бегона пӯшонда мегардад, аммо дар кӯҳис-тон алал хусус дар водиҳои дурдасти кӯҳӣ, ки дини ислом дар он ҷойҳо нуфузи зиёд надорад ва зин-дагӣ соддатар аст. Ӯ аксаран бо рӯи боз мегардад. Дар баъзе маҳалҳои кӯҳӣ занон қатори мардон кор мекунанд, галла медараванд, ҳамроҳи фарзандон ба чарогоҳҳои тобистона кӯчида, аксар вақт тамоман бе ҳузури мардон ба шакли қасабаи алоҳидаи занона мезиянд .

275
Нет комментариев. Ваш будет первым!