ФАРҲАНГИ ДАВРОНИ АТИҚИИ ЮНОН ВА РИМ

Дар таърихи башарият бори нахуст ду минтақаи маданӣ ба вуҷуд омадааст, ки яке минтақаи Шарқ ва дигаре минтақаи Аврупо буданд. Фарҳанги Аврупо таърихи хеле куҳан дошта бошад ҳам, вале дар байни олимон ақидаҳое ҷой доштааст, ки гӯё маданияти Ав-рупо, фарҳанг ва санъати аврупоӣ нисбат ба мадани-ят ва санъати халқҳои Машриқзамин дертар ба вуҷуд омада бошад.Дар таърихи башарият бори нахуст ду минтақаи маданӣ ба вуҷуд омадааст, ки яке минтақаи Шарқ ва дигаре минтақаи Аврупо буданд. Фарҳанги Аврупо таърихи хеле куҳан дошта бошад ҳам, вале дар байни олимон ақидаҳое ҷой доштааст, ки гӯё маданияти Ав-рупо, фарҳанг ва санъати аврупоӣ нисбат ба мадани-ят ва санъати халқҳои Машриқзамин дертар ба вуҷуд омада бошад. Юнониёну Римиён ба ин гуфтаҳои боло розӣ шуда наметавонанд, онҳо фарҳангу тамаддуни худро куҳан(атиқӣ) меҳисобанд.
Бозёфтҳои археологӣ ва дастовардҳои фарҳангии охири ҳазораи IV ва аввали ҳазораи Ш-и пеш аз ми-лодии Юнону Рим дар ҳақиқат нишон медиҳад, ки аз ҳазорсолаи IV- и то милод сар карда, санъати бадеии Шарқу Ғарб баробар инкишоф ёфтаанд ва дар ҳолати таъсири мутақобилаи ҳамдигар хусусияти ягонаи эҷо-дӣ ба вуҷуд омадааст, ки он баъдтар дар санъати ба-деии мардуми ҷазираи Крит бо номи санъати Минойи ташаккул ёфтааст.
Дар қитъаи Аврупо ҷазираи Крит аз қадимтарин марказҳои тамаддуни инсонӣ ба ҳисоб меравад. Фар-ҳангу тамаддуни мардуми Юнони қадим аз тарафи олимону бостоншиносон омӯхта шуда, онро ба се давраи тӯлонӣ ҷудо намудаанд: – Маданияти давраи Критию Микенӣ (Х^1-ХП)то м.
— Маданияти давраи Гомери (Х1-1Х) то м.
– Маданияти давраи баъди гомерй ва эллинӣ (VIII-V), (1У-1) то м.
Комёбиҳои фарҳангӣ ва тамаддунии ҳар яке аз ин давраҳо бо хусусиятҳои худ аз ҳамдигар фарқ меку нанд. Қадимтарин ёдгориҳои хаттии ин мардум бори нахуст аз ҷ. Крити ш. Кносс ёфт шудааст. Дар он оид ба қасри шоҳи афсонавии ҷ. Крит- Минос маълумот меравад, ки он аз биноҳои боҳашамати 2-3 ошёна ибо. рат буда, масоҳаташ ба 16 000 м. кв баробар буд. Дар қасри Минос зиёда аз 300 хона ҷой доштааст. Дар деворҳои қасри шоҳон маҳсули санъати санъаткорон, рассомон, меъморон, наққошон, кулолгарон, заргарӣ ва ғайраҳо боқӣ мондааст. Бесабаб мардуми юнониё-ну римиёнро асосгузорони театр ва амфитеатр нагуф-таанд, чунки онҳо аввалин шаклҳои меъмории театру амфитеат ва стадионҳоро ба вуҷуд овардаанд.
Театри Дионис дар Афина 70 ҳазор ҷой дошта, те-атри шаҳри Эфес бошад 60 ҳазор одам мебурд. Драма-тургия инкишоф ёфт. Асосгузорони он Софокл, Эсхил, Аристофан ва дигарон ба эҷоди асарҳои драмавӣ пар-дохтанд. Яке аз аскияю масалгӯи Юнони қадим Эзоп буд, ки ӯ дар маҳсули эҷодиёташ масалҳои пурмазмун-ро ба мисли «Эзоп гарчанде, ки тамоми умри худ ғу-лом зистааст, вале ӯ озод мурдааст» сабт намудааст, ки ин ибораҳо мазмуни чандин асарҳоро дорад. Акса-ри олимону файласуфони Юнон зодаи шаҳри Милет буданд, ки он маркази илму ҳунар ба ҳисоб мерафт. Фарҳанги мардуми он дар зери таъсири маданияти қадимаи Эрону Мисру Бобул инкишоф меёфт. Мардуми Юнон аз ҷиҳати эътиқодҳои динӣ ба бисёрхудогӣ рӯй меоварданд, ки худои аввалинашон Худозан буда, баъдтар образи Худо Барзаговро офариданд.

Муҷассамаҳои худоҳояшонро сохта, дар ибодатгоҳҳо нигоҳ медоштанд. Муҷассамаи Зевс-58 м баландй дошта, дар муддати 9- сол сохта шуда, дар назди кӯҳи Олимп гузошта шудааст. Ин муҷассама бо бузургию ҳашамати худ яке аз мӯъҷизаи ҷаҳон эътироф шудааст.
Мардуми ҷамъияти Эгей низ ба хазинаи адабиёти ҷаҳонӣ аз худ мероси гаронбаҳое боқӣ гузоштаанд. Онҳо ҳанӯз дар ҳазораи II- то милод хати худро их-тироъ намуда буданд, ки он аз забони мардуми дав-раи тогомерии Юнон шаҳодат медиҳад. Санъати на-қшу нигорҳои девории он замон дар санъати атиқӣ ва минбаъд дар санъати монуметалии асрҳои миёнаи Ви-зантия, Руси қадим, Булғория, Фаронса ва ниҳоят дар санъати давраи Эҳё васеъ паҳн мегардад.
маданияти мардуми Аврупои имрӯза эътироф намудаанд. Яке аз қадимтарин ёдгориҳои маданияти Микен меъморию мақбараҳои Пелопонес ва Афинаю Спарта ба ҳисоб меравад.
Бесабаб нест, ки Гомер дар асараш «Илиада» Ми-кенияро «кони тилло» номида, шоҳи Микена Агаме-нионро дар байни шоҳон аз ҳама пурзӯртарин муарри-фӣ намудааст. Агар мо ба тамаддуни давраи гоммерии Юнон назар кунем дар ин давра маданияти Юнон хеле суст шуда буд. Чӣ хеле, ки аз тасвири достонҳои «Ил-лиада» ва «Одиссея»- и Гоммер мушоҳида карда меша-вад, қаҳрамонони достони Гоммер шоҳон ва ашрофон бо либосҳои оддӣ тасвир карда шудаанд. Мувофиқи маълумоту дастовардҳои фарҳангӣ пас аз давраҳои гоммерӣ дар асрҳои VIII-VI то милод маданияти мардуми Юнон хеле ташаккул ёфта, ҳатто аз мамлакатҳои Шарқи қадим пеш мегузарад.
Албатта, барои пешрафти маданияти ин давраи Юнон таъсири маданияти Шарқ, ки бо тавассути ро-битаҳои тиҷоратию фарҳангӣ омада, ниҳоят бузург мебошад.
Масалан: аввалин хати алифбои юнониҳо асо-си хати финикиягиро дорад. Тағиротҳои он танҳо дар дохил намудани аломатҳои ҳамсадою садонокҳо дида мешавад. Имрӯз як қатор алифбоҳои мардуми ҷаҳон, аз он ҷумла алифбои кирилй низ ибтидои худро аз хати юнонӣ гирифта бошад ҳам, асоси решааш ба хати қадимаи Финикия рафта мерасад. Пайваста ба ин мардуми юнониҳо аз мардуми финикиён ва ё ошуриён сирри аз рег тайёр кардани шиша ва ғайраҳоро омӯх-та буданд. Дар соҳаи комёбиҳои илмҳои нуҷум, геоме-трия(ҳандаса), меъморӣ мисриён ва бобулиён устоди юнониён мебошанд.
Комёбиҳои муҳимтарини маданияти мардуми Юнону Рими қадим илму фарҳанг, мактабҳо, дониш-кадаҳо, меъмориҳо, амфитеатрҳо, театрҳо, бозиҳои миллй, давлатдорӣ ва демократияи онҳо мебошад. Аз рӯи порчаҳою ҳуҷҷатҳои ҳуқуқие, ки то имрӯз боқӣ мондааст ба мо маълум мешавад, ки дар Юнони қадим маҷмӯаҳои қонунҳоро ба Драконт, Заленк, Харонда нисбат додаанд. Вале аксари ин қонунҳо дар заминаи анъанаҳои давраи ибтидоӣ мураттаб шудаанд.
Яке аз хусусиятҳои фарқкунандаи маданияти мар-думи Юнон ин асотири онҳо мебошад, ки аз он на фа-қат санъат ва адабиёт, балки дин ва то андозае илми юнонӣ низ ғизои маънавӣ гирифтааст. Юнониён аз рӯи эътиқодҳои динӣ ба бисёрхудогй рӯй оварда, худо-ҳои худро ба ду қисмат: заминию осмонӣ ҷудо мекар-данд. Тахмин меравад, ки асбоби мусиқии лира (уд) аз камони Аполон ба амал омадааст ва ё сохта шудааст, дар ибтидо ба он тор кашида менавохтаанд. Аз ин рӯ, Аполонро пешсафи нӯҳ олиҳа, худоҳои ҳофизон, муси-қичиён ва пешгӯикунандагон меноманд.
Агар сухан аз боби пешрафти илму фарҳанги Юнон равад, аксари олимону файласуфон ва санъаткорони Юнон ба мамлакатҳои Шарқи бостонӣ сафар намуда, малакаю таҷриба ва ҷаҳонбинии хешро сайқал дода, дар соҳаи илми тиб, риёзиёт, геометрия(ҳандаса), ҳу-қуқ, ахлоқ, фалсафа, мусиқӣ, нуҷум, меъморӣ, таърих, ҷуғрофия, табиатшиносӣ ва забону адабиёт асарҳои бузурги худро эҷод намуда ба ҷаҳониён додаанд.
Ҳатто ҳар яке аз он бузургони илму санъат мак-табҳои худро таъсис дода буданд, ки волотарини он мактабҳо Академияи Афлотун буд, ки дар замони худ шӯҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардааст. То ба имрӯз номи неки он олимону санъаткорон ҷовидона боқӣ монда, ҳазорҳо олимону санъаткорони давраҳои гузаштаю имрӯза ба онҳо пайравӣ мекунанд. Маҳсули эҷодиёт-ҳои онҳо то имрӯз аҳамияти худро гум накарда, балки таҳлил ва омӯзиши он асарҳо дар мадди назари олимо-ни дигар қарор даранд.
Олимону файласуфон ва санъаткорони Юнон -Фалес, Гераклит, Пифагор, Парменид, Зенон, Аскле-пий, Гигия, Панацея, Гипократ, Демокрит, Анаксагор, Суқрот, Евклид, Афлотун, Арасту, Теродот, Гомер, Фидий, Поликлет, Аполодор, Ксенофонд, Ариан, Лукиан, Сцпион, Цицерон, Вергилий ва дигарон намунаи ибрат бу- данд. Тибби Юнони қадим до- рои таърихи инкишофи муҳи- му ғанист. Аввалин маълумот оид ба тибби атиқаи Юнон дар асри ХП-то милод мутаалиқ аст. Он замон тибби юнониҳо касби мустақил гардид ва дух- турони касбиву мактабҳои ои- лавии пизишкӣ пайдо шуданд. Ҳар чанд ки оид ба ин давраи таърихи тибби Юнони қадим маълумот кам аст, аммо баъзе хусусиятҳои тибби онвақта дар манзумаҳои «Илиада» ва «Одиссея»- и Гомер таҷассум ёфтаанд. Гомер роҷеъ ба вазъи тиб ва мавқеи пизишкони Юно- ни қадим маълумот додааст, ки олимон ин қиссаро ба ибтидои асри XII то милод мансуб медонанд.
Дар Юнони қадим оилаҳои пизишкони касбӣ, дух-турҳои ҳарбиён, ки он вақтҳо мактабҳои «оилавии» пизишкй ҳисоб мешуданд, вуҷуд доштааст. Сарвари оилаи пизишкӣ ҳам дар як вақт устоди он Асклепий-(бо лотинй Эскулан) буда, фарзандонаш Махаон ва Подалирий шогирдони ӯ ба ҳисоб мерафтанд. Гомер пизишки Юнони атиқа Буқротро ҳам аз авлоди он-ҳост мегӯяд.
Бо номи Асклепий қиссае алоқаманд аст, ки ба таърихи тиб дахл дорад. Мувофиқи он Асклепийро па-дараш Аполдон аз батни модар гирифтааст. Юнониҳо минбаъд Асклеяийро худои тиб (дар румиҳо Эскулап) эълон кардаанд. Уро дар симои мӯйсафеде, ки ба асои морпеч такя кардааст, тасвир менамуданд. Дар асоти-ри мардуми кишварҳои Шарқи қадим ҳам бисёр вақт мор нақш меёфт, шояд одатан ҳамроҳи худоёне, ки онҳоро ба тансиҳатии одамон даъват менамуд ба фа-ъолияти тиббӣ алоқаманд медонистанд.
Оилаи пизишкии Асклепийро ду духтари ӯ пурра мекарданд, ки дар таърихи тиб мақоми хешро доранд. Якеро Гигия (маънои «сиҳатӣ»-ро дорост) мегуфтанд, ки бо маслиҳатҳоя оқилонааш доир ба пешгирии бемо-риву беҳдошти сиҳатӣ машҳур шудааст. Ӯро ҳамчун олиҳаи «сиҳатӣ» мепарастиданд ва аз номи ӯст вожаи «гигиена», ки маънои «бехдошт» – ро дорад.
Олиҳаи «сихатӣ» -ро чун чавондухтаре тасвир ме-карданд, ки ӯ бо дасти чап ҷомеро медошт, мор аз он ҷом чизе менӯшид. Ин акси мор ва ҷом минбаъд рамзи тиб гардид. Духтари дигараш Панацея «ҳама гуна бе-морӣ»- ро табобат карда метавонист. Минбаъд номи ӯ исми хосае гашт, вале на ба маънои хуб: «Панацея» (нӯшдору) ҳамон воситаи гайриилмиро меномидагӣ шуданд, ки агар ба ягон даво таъсири шифобахшии худро « бар ҳама беморӣ »-ҳо мансуб донанд, исти-фода мебурданд.
Дастовардҳои фарҳангии юнониён: «Иллиада», «Одиссея», «Табиат», «Давлат», «Метафизика», « Си-ёсат», «Сафедкунӣ», «Критон ва Федон», «Ибтидо», «Поэтика», «Риторика», «Теогения». «Аякс», «Шоҳ Эдип», «Фива», «Орестея» драмаҳои Эсхилу Софокл ва ғайраҳо буданд.
Шаҳрҳои марказӣ мадании давраи эллинии Юнон: Афина, Искандария, Антиохия, Пергом, Пелла, Бох-тар, Суғд (Мароқанд), Фарғона ва ғайраҳо буданд. Проблемаи моҳияти ҳеллинизм дар муҳити олимони давраи муосир низ ҳалли ягонаи худро наёфта буд.
Муҳимтарин маркази илмию фарҳангии давраи эллинӣ шаҳри Искандарияи Миср буд. Дар ин ҷо қаср-ҳои бузурги илму санъатро бино карда буданд, ки дар назди онҳо китобхонаи умумии Искандария бино кар-да шуда, дар он 700- ҳазор папирусҳои лӯлапеч нигоҳ дошта шудааст.
Дар ин китобхона адабиёти зарурӣ оид ба ҳамаи соҳаҳои илм бо ҳама забонҳо – юнонй, мисрӣ, яҳудӣ, форсӣ ва ғайраҳо гирд оварда шуда буд. Роҳбарии ки-тобхона ва осорхонаи Искандария ба зиммаи ходимо-ни маъруфи маданияти он замон- Зенодот, Каллимах, Аристрахи Самофракиягӣ, Аполлони Родоссй ва ди-гарон гузошта шуда буд. Саҳми математики машҳур Евклид (асараш «Ибтидо») ва Аристрахи мунаҷим ва физик ниҳоят бузург буд. Аристарх аввалин шуда давр задани заминро дар гирди офтоб кашф кард. Дар натиҷаи ин гуна кашфиётҳо осорхонаи Искандария ба маркази мадании ҷаҳон табдил ёфта буд. Дар инкишо-фи илми нуҷум бошад саҳми Гиппарх ва шогирдонаш Эратосфену Кирена ниҳоят бузург буд.
Онҳо гирифтани моҳ, масофаи байни моҳ ва за-мин, дарозию васеъгӣ, чанд маротиба аз ҳаҷми замин зиёд будани ҳаҷми офтобро кашф ва аниқ карда бу-данд. Маркази дигари илму санъати давраи ҳеллинӣ Пергам (Макдуния) ба ҳисоб мерафт. Шоҳони он намояндагони илму санъатро дар маркази давлати худ гирд оварда буданд. Файласуфони ин давра Эпикур ва

ДАВРАҲОИ ТАМАДДУНИ ЮНОН

Критӣ ва Микенй асрҳои ХУ1-ХП то м.

Давраи Гомерӣ асрҳои Х1-1Х то м.

Давраҳои баъди Гомери ва эллинӣ (эллинизм)

то милоди

Зенон буданд, ки дар бораи атомҳои беохир дар фазо ва вазни атомро пешгӯи карда буданд.
РИМИ ҚАДИМ. Яке аз давлати қадимтарини атиқаи Аврупо Рими қадим буда, дар ин сарзамин ҳа-нӯз 4 ҳазор сол пеш аз милод тамаддуни инсонӣ вуҷуд дош-та, мардуми он ба моҳидорй, шикорчигӣ, чорво-дорй, заминдорй ва ҳунармандй машғул буданд. Онҳо аз санъати сангтарошӣ, кулолгарӣ ва истифодаи оҳан бохабар буданд.
Рим дар сарзамини Италияи имрӯза яке аз қа-димтарин шаҳр ба ҳисоб меравад. Мардуми он дар соҳили дарёи Тибр маскан гирифта, шаҳри худро ба маркази илму фарҳанг ва тиҷорату тамаддун қарор до-данд. Дар бораи маданияти Рими қадим дар илми фар-ҳангшиносӣ ақидаҳои мухталиф ҷой доранд. Аз ҷум-ла фарҳангшиносони маъруф О.Шпенглер, А.Тойнби бостоншиносон Шлимен ва Эванс қайд кардаанд, ки тамоми комёбиҳои Рим аз инқирози тамаддуни атиқӣ шаҳодат медиҳад. Яъне римиён дар натиҷаи робита-ҳои тиҷоратию фарҳангӣ ва мазҳабии худ аз мадани-
яти баланди юнониён истифода бурда, ба комёбиҳои бузурги хеш ноил гаштаанд.
Ҳатто ҷаҳонбинии динии онҳо заминаи худро аз эътиқодҳои динии юнониён гирифтааст. Дар ҳамин давра римиён бо мақсади нишон додани хайрхоҳии худ нисбат ба юнониҳо таърихи мардуми хешро ба забони юнонӣ таълиф менамоянд. Дар он дастовардҳои онҳо ҳамқавму хешутабор будани римиёну юнониён тал-қин карда мешуд. Тарзи номгузорӣ, эътиқодҳои динӣ, анъанаи онҳо ва ғайраҳо мазмуни якхела доштанд. Масалан: Юпитер -Зевс, Юнона-Гера, Нептун- Посей-дон, Плутон- Аид, Церера-Деметра, Микерва- Афина, Вулкан-Гефест ва ғайраҳо. Римиён дар даврахои минбаъда нисбат ба юно-ниён дар соҳаҳои санъати портретӣ, муҷассамасозӣ, меъморӣ(театр, цирк, ам-фитеатрҳо, гулгаштҳо, гар-мобаҳо ва ғайраҳо) хеле пеш гузашта буданд. Санъати рақс ва мусғт;ӣ дар Рим кори паст ҳисоб меёфт аз ин рӯ ба ин намуди санъат диққати даркорӣ дода намешуд.
Дар яке аз қиссаҳои мардуми римиён гуфта шу-дааст, ки сарзамини Рим аз тарафи худоҳо офарида шудааст ва мо мардуми римиён назаркардаи худоҳо мебошем. Аз тарафи дигар мардуми Рим санъаткор, бародарон Ромул ва Ремро асосгузори меъморию бун-ёдгари шаҳри Рим меҳисобанд.Яке. аз талаботи асосие, ки дар ин асотир оварда шуда буд, садоқат ба шаҳри
Рим мебошад. Шояд аз ҳамин сабаб бошад дар нимаи аввали асри V- и то милод дар Рим маъбади Садоқат сохта шудааст. Талаботи дуюм Мардонагӣ ва талабо-ти сеюм Озодй номида шуда буд. Мафҳумҳои Садоқат, Мардонагӣ ва Озодӣ арзишҳои волои ахлоқи римиён-ро ташкил медоданд.
Римиён аз ҷиҳати эътиқодҳои динӣ дар давраи қа-дим ба бисёрхудогӣ рӯй оварда, ҳайвонҳоро низ парастиш мекарданд. Баъзе аз анъанаю эътиқотҳои динӣ( Нумагӣ)-ашон то сатҳи хонаводагӣ ва давлатӣ расидааст. Сипас дар асри 1-и милодӣ парастиши дини Насронй (пайғамбараш Исои Масеҳ) оғоз ёфта буд, ки ҳоло яке аз дини ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Хусуси-ятҳои дигари комёбиҳои фарҳангию ҳуқуқии мардуми Рими қадим ин волоияти қонун бо ном (12 -таблитсаи римӣ) мебошад, ки меъёрҳои ҳуқуқию ахлоқии ҷомеа-ро ба танзим медаровард.
Инчунин рақамҳои римӣ (1-1, Ш-3, IV- 4, У-5, IX-9, Х-10, ХХ1-21, ХЬ- 40, Ь- 50, С- 100, В- 500, М- 1000), солшумории милодӣ ва номи моҳҳо (январ, феврал. август, июн, июл ва ғ), ки то ҳол аз тарафи мардуми оламиён пазируфта мешаванд, аҳамияти хосе пайдо кардаанд.
Агар сухан дар бораи намояндагони илму фарҳанг ва санъати римиён равад, аксари дастовардҳои фар-ҳангӣ, кашфиётҳои илмӣ ва маҳсули санъати онҳо то замони мо омадарасида, аҳамияти худро гум накар-дааст. Ҳатто чунин ривояте ҳаст, ки ҳоло ҳам рими-ён асоси бунёди меъмориҳои шаҳри Римро ба маҳсули санъати бародарон Ромул ва Рем мансуб медонанд.
Яке аз аввалин намояндагони фарҳанги римиён шоир ва мутафаккир Архий буда, ки Ситсерон ӯро устоди худ шинохта, шеъру асарҳои бузургашро «Дар бораи давлат», «Дар бораи ҷумҳурӣ», «Дар бораи қонунҳо», «Дар бораи ӯҳдадориҳо», «Парадоксҳо», «Академикҳо», «Оид ба замони ман» ва гайраҳоро таълиф намудааст. Гораций бошад – шоир, олим, му-тафаккири дарбори Октавиан Август буд, ки реализм дар адабиёту ашъори ӯ мавқеи асосиро ишғол меку-над. Вергилий- табиатшиноси Рими қадим буда, 37-ҷилд асари худро оид ба табиат таълиф намудааст. Балтимус- мунаҷҷими Рими қадим буда, бори нахуст дар асараш «Маҷастй» оид ба масъалаи гелиосентри-кии олам, яъне даврзананда будани замин фикру ан-дешаашро баён намудааст. Ин фикру андешаҳои ӯ дар давраҳои минбаъда ба фикру андешаҳои олимони дигар, алалхусус, ба кашфиёту андешаҳои Коперник, Галилей, Дарвин, Нютон ва дигарон таъсири бузург расонидааст. Овидий – олим, мутафаккир, файласуф, фарҳангшиноси бузург буда, асарҳои зиёди худро бо номҳои «Наука любвы» (Дӯстдории илм\”> «Санъати ишқ» ва ҳаҷвияҳои зиёде таълиф намудааст. Матема-тики машҳури Рим Архимед оид ба сирру асрори риё-зиёт ва амалҳои он асарҳо эҷод кардааст.
Ҷолинус (тақрибан солҳои 130 -200 м.) – табиби бузурги Рим ба инкишофи илми тиб саҳми бузург гу-зоштааст. Ӯ дар овони ҷавониаш ба омӯзиши тиб машғул шуда, ба шаҳрҳои маркази илму фарҳангии он замон Смирн, Коринф, Искандария ва ғайраҳо сафар карда, дар рн шаҳрҳо умр ба сар бурдааст. Вай баъ-ди чанд соли сафари хеш ба ватанаш ш. Рим баргашта мактаби худро таъсис дода, зиёда аз 30 соли ҳаёти хешро паси сар карда, шӯҳрати ҷаҳонӣ ёфт ва табиби дарбори император Марк Аврелий шуда буд. Ӯ тасав-вуротро дар бораи сохти бадан ва ҷараёнҳои дар он ба амалоянда васеъ намуд. Ҷолинус муқаррар кард, ки деворҳои меъда, рӯда, шараён, бачадон ва узвҳои дигар як хел нестанд он узвҳо аз якчанд қабат ибора-танд. Ҷолинус ҳатто роҳи ҳаракати хунро низ дар ба-дан омӯхт.
Рисолаи ӯ «Дар боби набз» солҳои дароз китоби рӯимизии пизишкон буд. Баъди Буқрот Ҷолинус низ « табиат» (табъ) – ро ба ҳолат ва хусусияти бадан ало-қаманд медонист. Ӯ таъкид менамуд, ки то аниқ дони-стани сохт ва вазифаҳои бадани бемор, бемориҳоро омӯхтан, ташхиси дуруст кардан, пешгӯии беморӣ ва таъмини муолиҷа гайриимкон аст.
Ӯ инчунин ба масъалаҳои фалсафӣ, мантиқ, риё-зӣ ва дигар илмҳо назар кардааст. Ақидаҳои Ҷолинус | дар бораи табиати бадан ба таълимоти Буқрот муво-фиқ меомад. Мувофиқи гуфтаи ӯ тамоми бадан аз чор унсур – ҳаво, об, замин ва оташ иборат аст, ки пай-вастагиҳои гуногуни онҳо қисматҳои сахт ва моеъи ба-данро ба вуҷуд меоранд ва узвҳои соддаю мураккаб аз ҳамин қисматҳо таркиб ёфтаанд.
Файласуфи бузурги Рими қадим Лукретсий асари худро «Оид ба табиати ҷисмҳо» эҷод намуда, чунин гуфтааст: «Рӯҳи инсон чун тамоми дунё аз модда ибо-рат аст ва баробари мурдани одам рӯҳи ӯ низ маҳв ме-гардад. Бинобар ин аз марг тарсидан маънӣ надорад». Олимону файласуфони Рим худро шогирд ва пайравони олимону файласуфони Юнони қадим меҳисоби-данд. Дар давоми асрҳои зиёд то асри XVII мардуми Аврупо ба маданият ва санъати нотиқии гузаштаи худ танҳо бо тавассути ёдгориҳои боқимондаи Рими қа-дим шинос мегардиданд.
Ин албатта сабабҳои худро дошт. Яке аз сабабҳои рӯй додани чунин вазъият он буд, ки забони лотинии Рим дар Аврупо ҳамчун забони расмии дини католи-

ХУДОҲОИ БУЗУРГИ ЮНОНИЁН ВА РИМИЁН

Гефест,
Дмитрий,
Дионис,
Афина,
Юпитер,
Зевс,
Приметей,
Аполлон,
Посейдон,
Вулканкй барои ҳамаи мардуми саводнок фаҳмо буд. Сабаби дигараш пайдоиши дини насронй дар Рими қадим буд. Чунки забони юнонӣ дар Аврупо то давраи эҳё (XIV) фаромӯш шуда буд. Фақат аз давраи эҳё сар карда, за-бони юнонй бори дигар эътибори худро пайдо меку-над ва минбаъд таъсири худро ба фарҳангу тамаддуни мардуми Аврупо мерасонад.

5.72K
Нет комментариев. Ваш будет первым!