Дар бораи таърихи қарз (кредит)
Қонуни мазкур мафҳум, тартиб, асосҳои ҳуҳуҳии ташкилу нигоҳ доштан ва ошкор кардани таърихи ҳарзроҚонуни мазкур мафҳум, тартиб, асосҳои ҳуҳуҳии ташкилу нигоҳ доштан ва ошкор кардани таърихи ҳарзро муайян намуда, хусусиятҳои ташаккул, аз нав ташкил кардан, барҳам додани Бюрои таърихи ҳарз, принсипҳои ҳамоҳангсозии фаъолияти иштирокчиёни системаи ташаккули таърихи ҳарзро муҳаррар мекунад ва муносибатҳои дар ин соҳа ба миён омадаро ба танзим медарорад.
БОБИ 1. Муҳаррароти умумӣ
Моддаи 1. Маҳсади Қонуни мазкур
Маҳсади Қонуни мазкур аз фароҳам овардани шароити мусоиди ҳуҳуҳӣ барои ташкил, коркард, нигоҳдорӣ ва ошкор намудани таърихи ҳарз вобаста ба таъмини ҳифз ва самаранокии фаъолияти иштирокчиёни системаи ташаккули таърихи ҳарз иборат мебошад.
Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи таърихи қарз (кредит)
Қонуни мазкур мафҳум, тартиб, асосҳои ҳуҳуҳии ташкилу нигоҳ доштан ва ошкор кардани таърихи қарзро муайян намуда, хусусиятҳои ташаккул, аз нав ташкил кардан, барҳам додани Бюрои таърихи қарз, принсипҳои ҳамоҳангсозии фаъолияти иштирокчиёни системаи ташаккули таърихи қарзро муҳаррар мекунад ва муносибатҳои дар ин соҳа ба миён омадаро ба танзим медарорад.
БОБИ 1. Муҳаррароти умумӣ
Моддаи 1. Маҳсади Қонуни мазкур
Маҳсади Қонуни мазкур аз фароҳам овардани шароити мусоиди ҳуҳуҳӣ барои ташкил, коркард, нигоҳдорӣ ва ошкор намудани таърихи қарз вобаста ба таъмини ҳифз ва самаранокии фаъолияти иштирокчиёни системаи ташаккули таърихи қарз иборат мебошад.
Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
таърихи қарз – иттилооти мусбат ё манфии ич, рои ӯҳдадориҳои субъекти таърихи қарз аз рӯйи шартномае, ки дар Бюрои таърихи қарз нигоҳ дошта мешавад;
иттилоот – маълумот дар бораи субъекти таърихи қарз, ки дар воситаҳои алоҳаи электронӣ ва сабтҳои коғазӣ, ки иштирокчиёни системаи ташаккули таърихи қарз пешниҳод мекунанд ва истифодаи он, ки дар мавриди зарурӣ бо имзои электронии раҳамӣ тасдиҳ карда мешавад;
иттилооти мусбат – иттилооте, ки аз ҷониби субъекти таърихи қарз ба таври матлуб ич, ро гардидани ӯҳдадориҳои шартномавиро доир ба хавфи қарз фаро мегирад;
иттилооти манфӣ – иттилооте, ки аз ҷониби субъекти таърихи қарз, иҷро нашудани ӯҳдадориҳои шартномавиро доир ба хавфи қарз фаро мегирад;
Бюрои таърихи қарз – шахсони ҳуҳуҳӣ, ки ҳамчун ташкилоти тиҷоратӣ тибҳи тартиби муҳаррарнамудаи Қонуни мазкур барои ташкилу коркард, нигоҳдошти таърихи қарз, пешниҳоди ҳисоботи қарз ва дигар иттилоот хизмат мерасонад;
шартномаи пешниҳод намудани иттилоот ва ё гирифтани ҳисоботи қарз – шартномае, ки Бюрои таърихи қарз, бо таъминкунандаи иттилоот ва истифодабарандаи ҳисоботи қарз аз рӯйи шартҳо ва тартиби пешбининамудаи Қонуни мазкур баста шудааст;
таъминкунандагони иттилоот – шахсони воҳеӣ ва ҳуҳуҳие, ки дар асоси шартнома ба Бюрои таърихи қарз иттилоот пешниҳод менамоянд;
фаъолияти таъминкунандаи иттилоот дар ташкил ва ҳифзи манбаи маълумоти таърихи қарз – фаъолияти таъминкунандаи иттилоот барои коркард, нигоҳдошт ва ба Бюрои таърихи қарз додани маълумоте, ки аз субъекти таърихи қарз гирифтааст;
хавфи қарз – хавфи ич, ро накардани ӯҳдадориҳои шартномавӣ аз ҷониби яке аз тарафҳо;
субъекти таърихи қарз – шахсони воҳеӣ ва ҳуҳуҳие, ки нисбати онҳо таърихи қарз тартиб дода мешавад;
ташаккули таърихи қарз – амал ё маҷмӯи амалҳои Бюрои таърихи қарз нисбати иттилооте, ки оид ба нигаҳдорӣ, мониторинг, дақиқ ва аз нав кардан аз таъминкунандагони иттилоот мерасад ;
иштирокчиёни системаи ташаккули таърихи қарз ва истифодаи он – субъектҳои таърихи қарз, таъминкунандагони иттилоот, Бюрои таърихи қарз ва истфодабарандагони ҳисоботи қарз;
шартномаи қарз – шартномаи қарз, шартномаи кредит ва дигар шартномаҳое, ки барои қарзи молӣ ва ё тиҷоратӣ баста шудаанд;
истифодабарандагони таърихи қарз – шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ризоияти субъекти таърихи қарзро барои гирифтани ҳисоботи қарз бо мақсади бастани шартномаи қарз гирифтаанд;
ризоияти субъекти таърихи қарз – ризоияти хаттии субъекти таърихи қарз ба таъминкунандаи иттилоот барои пешниҳод кардани иттилоот ба Бюрои таърихи қарз ё ба истифодабарандаи таърихи қарз додани ҳисоботи қарз дар бораи ӯ;
ҳисоботи қарз – ҳуҷҷати ба таркиби таърихи қарз шомил буда, ки Бюрои таърихи қарз онро ба истифодабарандагони таърихи қарз пешниҳод менамояд;
пешниҳоди ҳисоботи қарз – фаъолияти Бюрои таърихи қарз оид ба пешниҳоди иттилооте, ки дар таърихи қарз мавҷуд аст;
амрнома – супориши мақоми ваколатдор ба Бюрои таърихи қарз дар
бобати андешидани чораҳои амалии ҳатмӣ барои дар мӯҳлати
муқарраргардида бартараф кардани камбудиҳо;
ӯҳдадориҳои шартӣ ва имконпазир – аккредитивҳои ҷуброннашуда, кафолатномаҳои интишорёфта ё тасдиқшуда, векселҳо ва замонатҳо;
Феҳристи ягонаи давлатии таърихи қарз – қисми таркибии Бонки
миллии Тоҷикистон, ки тибқи Қонуни мазкур таъсис ёфта, манбаи
маълумоти асосиро барои пешбурди фаъолияти Бюрои таърихи қарз, ки аз таърихи қарзи субъектҳои таърихи қарз иборат аст, ҷамъ меоварад;
Феҳристи давлатии Бюрои таърихи қарз – захираҳои иттилоотии кушод ва дастраси умум, ки дар бораи Бюрои таърихи қарз маълумотҳоеро дар бар мегирад, ки аз ҷониби мақоми ваколатдор ба он ворид карда шудаанд;
мақоми ваколатдор – мақоме, ки фаъолияти Бюрои таърихи қарзро танзим ва назорат менамояд;
амалиёти факторингӣ – соҳиб шудан ба ҳуқуқи аз харидор талаб намудани пардохти арзиши мол (кор, хизматрасонӣ) бо қабули таваккали пардохт накардан;
амалиёти форфейтингӣ – иҷрои ӯҳдадории қарзии харидори мол (кор, хизматрасонӣ) бо роҳи харидани вексел гайр аз ӯҳдадории фурӯшанда.
Моддаи 3. Доираи амали Қонуни мазкур
Қонуни мазкур муносибатҳои байни Бюрои таърихи қарз, дигар иштирокчиёни системаи ташаккули таърихи қарзро, ки дар фаъолияташон дучори хавфи қарз мегарданд ва субъектҳои таърихи қарз, инчунин мақоми ваколатдорро фаро мегирад.
Моддаи 4. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар бораи таърихи қарз
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таърихи қарз ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуҳуҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки онҳоро Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад.
Моддаи 5. Принсипҳои ташаккули таърихи қарз ва истифодаи иттилоот
Ташаккули таърихи қарз ва истифодаи иттилоот бо назардошти принсипҳои зерин амалӣ карда мешавад:
мавҷуд будани ризоияти субъекти таърихи қарз;
баробарии ҳамаи субъектҳои таърихи қарз;
истифодаи мақсадноки иттилоот, манбаи маълумоти таърихи қарз ва низоми иттилоотӣ;
махфӣ нигоҳ доштани иттилоот;
таъмини ҳифзи манбаи маълумоти қарз ва низоми дахлдори системаҳои иттилоотӣ;
дахлнопазирии ҳаёти шахсии шаҳрвандон, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва ташкилотҳо.
БОБИ 2. Танзим ва назорати фаъолияти Бюрои таърихи қарз
Моддаи 6. Мақоме, ки фаъолияти Бюрои таърихи қарзро танзим ва назорат менамояд
Танзим ва назорати фаъолияти Бюрои таърихи қарз ва ташаккули таърихи қарз ба Бонки миллии Тоҷикистон (минбаъд – мақоми ваколатдор) вогузор мегардад.
Моддаи 7. Салоҳияти мақоми ваколатдор
Ба салоҳияти мақоми ваколатдор дохил мешаванд:
қабул намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои ташкили фаъолияти Бюрои таърихи қарз;
додани иҷозатнома барои фаъолияти Бюрои таърихи қарз мутобиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон \”Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият\”;
санҷиши фаъолияти Бюрои таърихи қарз доир ба риояи талаботи иҷозатнома ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
пешниҳоди амрномаҳо ба Бюрои таърихи қарз оиди бартараф кардани камбудиҳои ошкоргардида дар ич, рои санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
муқаррар кардани муҷозот ба Бюрои таърихи қарз ва шахсони мансабдори онҳо;
таъсис додан ва пешбурди Феҳристи ягонаи давлатии таърихи қарз ва феҳристи давлатии Бюрои таърихи қарз;
баррасии муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ доир ба масъалаҳои фаъолияти Бюрои таърихи қарз.
Моддаи 8. Амрнома ва муҷозоти мақоми ваколатдор
Дар мавриди риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мақоми ваколатдор ҳуқуқ дорад оиди бартараф кардани камбудиҳои ошкоргардида ба Бюрои таърихи қарз амрнома равон кунад.
Ба сифати муҷозот мақоми ваколатдор ҳуқуқ дорад чораҳои зеринро истифода барад:
ҷавобгарии маъмурӣ;
боздоштани амали ич, озатнома;
муроҷиат кардан ба суд барои бекор кардани иҷозатнома.
Моддаи 9. Феҳристи ягонаи давлатии таърихи қарз
Феҳристи ягонаи давлатии таърихи қарзро мақоми ваколатдор метавонад бо мақасади зерин таъсис диҳад:
ҷамъ овардан ва нигоҳ доштани иттилооти таърихи қарз;
ҷамъ овардан, нигоҳ доштан ва пешниҳод намудани иттилоот ба истифодабарандагон оиди Бюрои таърихи қарз, ки дар он таърихи қарзи субъекти мушаххас дарҷ гардидааст;
ҳамоҳангсозии иттилооти байни Бюрои таърихи қарз ва нигоҳдории муваққатии манбаи маълумоти Бюрои таърихи қарзи аз нав ташкилёфта ва ё барҳамдодашуда.
Феҳристи ягонаи давлатии таърихи қарз дар мавриди ташаккул ёфтан қисми муаррифии ҳамаи таърихи қарзро, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бар зиммаи Бюрои таърихи қарз гузошта шудааст, нигоҳ медорад.
Қоидаҳои пешбурд ва мӯҳлати нигоҳдорӣ кардани иттилоотро дар Феҳристи ягонаи давлатии таърихи қарз мақоми ваколатдор муайян менамояд.
БОБИ 3. Ташкил ва амали гардонидани фаъолияти
Бюрои таърихи қарз
Моддаи 10. Ташкили Бюрои таърихи қарз
Бюрои таърихи қарз ташкилоти тиҷоратӣ буда, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад.
Бюрои таърихи қарз аз лаҳзаи ҳамчун шахси ҳуқуқӣ ба қайди давлатӣ гирифтан, гирифтани иҷозатнома ва ба Феҳристи давлатии Бюрои таърихи қарз қайд шудан ҳуқуқи фаъолият намуданро пайдо мекунад.
Ягон шахси ҳуқуқие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, ба истиснои шахси ҳуқуқие, ки тибқи Қонуни мазкур ба сифати Бюрои таърихи қарз фаъолият дорад, наметавонад дар номгӯйи худ ибораи \”Бюрои таърихи қарз\”-ро истифода намояд.
Моддаи 11. Намудҳои фаъолияти Бюрои таърихи қарз
Намудҳои асосии фаъолияти Бюрои таърихи қарз аз инҳо иборатанд:
ташаккули таърихи қарз;
пешниҳод намудани ҳисоботи қарз.
Ба намудҳои иловагии фаъолияти Бюрои таърихи қарз дохил мешаванд:
хизматрасонӣ бо тарзи машварат, ки ба ташаккул ва ошкоркунии таърихи қарз алоқаманд мебошад;
баҳодиҳӣ ба қобилияти қарзпардозии субъектҳои таърихи қарз дар асоси усули таҳиянамудаи онҳо;
таҳқиқи оморӣ бе муаррифии субъектҳои таърихи қарз.
Бюрои таърихи қарз ба амалигардонии дигар намудҳои фаъолияти сохибкорӣ, ки Қонуни мазкур пешбинӣ накардааст, ҳуқуқ надорад.
Моддаи 12. Талабот ба Бюрои таърихи қарз доир ба ҳимоя ва
таъмини нигаҳдории манбаъҳои маълумоти таърихи қарз ва системаҳои иттилоотии истифодашаванда
Бюрои таърихи қарз ӯҳдадор аст, ки дар фаъолияти худ иҷрои тадбирҳои зерини ташкилӣ, техникӣ ва талаботи технологиро таъмин намояд:
барои бехатар ҷойгир кардан ва истифода бурдани системаҳои иттилоотӣ, манбаъҳои маълумоти таърихи қарз ва дигар ҳуҷҷатҳо бино ва техникаи зарурӣ дошта бошад;
ҳангоми ташкил ва истифодаи системаҳои иттилоотӣ барои ҷойгир кардани манбаъҳои маълумоти таърихи қарз ва воситаҳои ҳифзи системаҳои иттилоотии мазкур бо шарти ҳатмии такроркунии иттилооти системаи манбаи маълумот аз таҷҳизоти сертификатсияшуда ва таъминоти барномавӣ истифода намояд;
дар шартномаҳое, ки бо таъминкунандагони иттилоот ва истифодабарандагони ҳисоботи қарз имзо гардидаанд, ногузирии татбиқи шартҳои муштараки амалӣ гардонидани тадбирҳои ташкилӣ, техникӣ ва талаботи технологии таъмини ҳифзи барномавиро ҳангоми ташаккул ва истифодаи системаҳои иттилоотӣ барои ташкили манбаъҳои маълумоти таърихи қарз ва воситаҳои ҳифзи системаҳои иттилоотии мазкур истифода мегарданд, таъмин намояд;
андешидани дигар тадбирҳои махфӣ нигоҳ доштани иттилоот доир ба субъектҳои таърихи қарз.
Моддаи 13. Пешбурди Феҳристи давлатии Бюрои таърихи қарз
Феҳристи давлатии Бюрои таърихи қарзро мақоми ваколатдор пеш мебарад.
Маълумоти Бюрои таърихи дар давоми панч, рӯзи кории баъди гирифтани иҷозатнома ба Феҳристи давлатии Бюрои таърихи қарз қайд карда мешавад.
Моддаи 14. Нигоҳдории ҳуҷҷатҳо ва иттилооти Бюрои таърихи қарз
Тартиби нигоҳдории ҳуҷҷатҳо ва иттилооти таърихи қарзро Бюрои таърихи қарз муайян мекунад.
Бюрои таърихи қарз иттилоотро дар давоми панч, соли пас аз рӯзи гирифтани иттилооти охирин нигоҳ медорад.
Пас аз гузаштани мӯҳлати нигоҳдорӣ иттилоот оиди таърихи қарз бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдор нобуд карда мешавад.
Моддаи 15. Аз нав ташкил кардан ва барҳам додани Бюрои таърихи қарз
Аз нав ташкил кардан ва барҳам додани Бюрои таърихи қарз бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати шахсони ҳуқуқӣ мутобиқи хусусиятҳои пешбининамудаи моддаи мазкур ба амал бароварда мешавад.
Дар ҳолати аз нав ташкил кардани Бюрои таърихи қарз таърихи қарзи дар он маҳфузбуда ба вориси ҳуқуқие, ки дар Феҳристи давлатии Бюрои таърихи қарз ба қайд гирифта шудааст, дода мешавад. Вориси ҳуқуқӣ ӯҳдадор аст, ки дар давоми даҳ рӯзи кории баъди гирифтани таърихи қарз манбаи ташкилёбии таърихи қарзро аз ин хусус огоҳ намуда, дар воситаҳои ахбори омма иттилоъ диҳад.
Бюрои таърихи қарз дар ҳолати аз нав ташкил ёфтан ва дар сурати ба қайд гирифта нашудани вориси ҳуқуқиаш дар Феҳристи давлатии Бюрои таърихи қарз, инчунин дар мавриди барҳам додан ҳуқуқ дорад таърихи қарзи дар даст доштаашро бо роҳи савдои музояда, ки дар он ҳуқуқи истисноии иштирок карданро танҳо Бюрои таърихи қарз дорад, ба фурӯш барорад. Тартиби доир намудани савдоро мақоми ваколатдор муқаррар мекунад.
Пас аз анҷоми аз нав ташкил кардан ва барҳам додани Бюрои таърихи қарз манбаи иттилооти таърихи қарз дар сурати набудани асосҳои қонунӣ барои интиқоли он ба шахсони дигари ҳуқуқие, ки ба фаъолияти Бюрои таърихи қарз ваколатдор шудаанд, бояд барои нигаҳдорӣ ба мақоми ваколатдор ба мӯҳлати панҷ сол дода шавад ва пас аз он бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нобуд карда шаванд.
Қарори доир намудани савдои музоядаро оид ба фурӯши таърихи қарз инҳо қабул менамоянд:
мақоми идораи Бюрои таърихи қарз, ки мақоми ваколатдор ба он ҳуқуқи қабул намудани қарори аз нав ташкил кардан ва барҳам доданро додааст;
мудире, ки ба тариқи озмун аз тарафи суд таъин шудааст – дар мавриди барҳам додани Бюрои таърихи қарз, ба шарте, ки он муфлис эътироф шуда бошад;
мақоми ваколатдори давлатӣ – дар мавриди аз Феҳристи давлатии Бюрои таърихи қарз хориҷ намудани Бюрои таърихи қарз.
Ташкилкунандагони савдо вазифадоранд дар давоми се рӯзи пас аз қабули қарори доир намудани музояда мақоми ваколатдорро аз макону замон, объекти савдо, нархи ибтидоии он огоҳ карда, дар воситаҳои ахбори омма иттилоъ чоп намоянд.
Ҳамаи таърихи қарзҳои ба фурӯш гузошташуда дар якҷоягӣ ҳамчун лоти ягона ба савдо гузошта мешавад. Нархи ибтидоии лотро ташкилкунандагони савдо муайян менамоянд ва голиби он иштирокчие ҳисобида мешавад, ки нархи аз ҳама баландро барои лот пешниҳод намудааст.
Агар дар савдо Бюрои таърихи қарз иштирок надошта бошад, савдо беэътибор шуморида мешавад. Дар ҳолати беэътибор эълон намудани савдо ташкилкунандагони он савдои такрорӣ таъин менамоянд. Дар савдои такрорӣ нархи ибтидоии фурӯши лот ба андозаи на кам аз 70 фоизи нархи ибтидоии фурӯши аввалаи он муқаррар карда мешавад ва голиб иштирокчие ҳисобида мешавад, ки нархи баландтарро барои лот пешниҳод намудааст.
Агар яке аз тарафҳо дар савдо иштирок надошта бошад, савдои такрорӣ беэътибор ҳисобида мешавад. Дар ҳолати баргузорнашуда эълон намудани савдои такрорӣ таърихи қарзро барои нигоҳдорӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ месупоранд, ки минбаъд он дар асоси озмун ба ҳар кадоми Бюрои таърихи қарз бебозгашт дода мешавад. Тартиби гузаронидани озмунро мақоми ваколатдори давлатй муайян менамояд.
Бюрои таърихи қарз дар давоми сй рӯзи пас аз гузаронидан охирин савдо таърихи қарзро ба голиби савдо медиҳад. Бюрои таърихи қарз, ки дар савдо голиб омадааст, ӯҳдадор аст дар давоми даҳ рӯзи ба ӯ додани таърихи қарз манбаъҳои ташаккули таърихи қарзро аз ин хусус огоҳ карда, дар воситаҳои ахбори омма иттилоъ чоп намояд.
БОБИ 4. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои иштирокчиёни системаи
ташаккули таърихи қарз ва истифодаи он
Моддаи 16. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои Бюрои таърихи қарз
Бюрои таърихи қарз ҳуқуқ дорад:
дар хусуси пешниҳоди иттилоот ва (ё) гирифтани ҳисоботи қарз бо таъминкунандагон ва ё истифодабарандагони иттилоот шартнома бандад;
аз таъминкунандагони иттилоот тасдиқи ризоияти субъекти таърихи қарзро дар барои ӯ ва маълумотро доир ба таърихи қарз талаб намояд;
бо тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшҳо (филиалҳо) ва намояндагиҳо кушояд;
дорои дигар ҳуқуқҳои муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳое бошад, ки мутобиқи Қонуни мазкур баста шудаанд.
Бюрои таърихи қарз ӯҳдадор аст:
таърихи қарзро ташаккул диҳад;
ҳангоми мавҷудияти тасдиқи гирифтани ризояти субъекти таърихи қарз ҳисоботи қарзро пешниҳод кунад;
маълумоти таърихи қарзро, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур, ошкор накунад;
ба субъекти таърихи қарз бо тартиби пешбининамудаи ҳуч, ч, атҳои дохилии Бюрои таърихи қарз ҳисоботи ислоҳшудаи қарзро пешниҳод намояд;
аз рӯйи аризаи субъекти таърихи қарз дар бораи манбаи
таъминкунандаи иттилоот, ки иттилооти пешниҳоднамудааш аз ҷониби субъекти таърихи қарз мавриди баҳс қарор гирифтааст, ба вай маълумот пешниҳод кунад;
аз пешниҳоди ҳисоботи қарз даст кашад, агар дархост бо риоя нагардидани талаботи муқаррарнамудаи Қонуни мазкур таҳия шуда бошад;
аз таъминкунандаи иттилооти таърихи қарз мукаммал ва илова намудани маълумоти воридшудро талаб намояд;
аз захираҳо ва системаҳои иттилоотӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода кунад;
хароҷоти манбаи ташаккулёбии таърихи қарзро барои ирсоли иттилот, ки шартномаи пешниҳоди иттилоот ва (ё) гирифтани ҳисоботи қарз пешбинӣ кардааст, ҷуброн кунад;
дигар талаботро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва (ё) шартномаи пешниҳоди иттилоот ва (ё) гирифтани ҳисоботи қарз муқаррар кардааст, риоя намояд.
Моддаи 17. Таъминкунандагони иттилоот
Таъминкунандагони иттилоот инҳоянд:
бонкҳо, ташкилотҳои маблаггузории хурд, ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ (ба гайр аз ломбардҳо), ширкатҳои лизингӣ (иҷоравӣ);
шахсони воқеӣ ё ҳуқуқие, ки ба қарз мол мефурӯшанд ё хизмат
мерасонанд ё мӯҳлати пардохти мол ё хизматрасониро ба таъхир
меандозанд.
Ич, рои санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақоми ваколатдор оид ба масъалаи фаъолияти Бюрои таърихи қарз ва ташаккули таърихи қарз барои таъминкунандагони иттилоот дар мавриде ҳатмист, ки ба фаъолияти онҳо чун таъминкунандагони иттилоот ҷиҳати иштирок дар ташаккул ва ҳифзи манбаи маълумоти таърихи қарз алоқаманд мебошад.
Моддаи 18. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои таъминкунандагони иттилоот
Таъминкунандагони иттилоот ҳуқуқ доранд:
аз Бюрои таърихи қарз талаб намоянд, ки маълумоти
пешниҳодшударо мутобиқи муқаррароти Қонуни мазкур ва шартҳои шартнома истифода баранд;
мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва (ё) шартнома дар бораи пешниҳоди иттилоот ва (ё) гирифтани ҳисоботи қарз дигар ҳуқуқҳо дошта бошанд.
Таъминкунандагони иттилоот ӯҳдадоранд:
ризоияти субъекти таърихи қарзро барои ба Бюрои таърихи қарз пешниҳод кардани маълумот дар бораи ӯ бигиранд;
дар бораи пешниҳоди иттилоот ва (ё) гирифтани ҳисоботи қарз бо Бюрои таърихи қарз шартнома банданд;
аз рӯйи шартҳо, ҳаҷм ва тартиби муайяннамудаи Қонуни мазкур ва шартномаи пешниҳоди иттилоот ва (ё) гирифтани ҳисоботи қарз ба Бюрои тарихи қарз иттилоот пешниҳод намоянд;
ба иттилооте, ки ба Бюрои таърихи қарз дода шудааст, бо талаби субъекти таърихи қарз тагйирот ворид намоянд;
маълумоти мавҷударо оид ба субъекти таърихи қарз айнан ба Бюрои таърихи қарз пешниҳод намоянд;
захира ва системаҳои иттилоотиро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода баранд.
Моддаи 19. Истифодабарандагони ҳисоботи қарз
Истифодабарандагони ҳисоботи қарз инҳоянд:
бонкҳо, ташкилотҳои маблаггузории хурд, ташкилотҳои молиявии гайрибонкӣ, ки барои амалиёти бонкӣ (ба гайр аз ломбардҳо), ширкатҳои лизингӣ (иҷоравӣ);
шахсонй воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба қарз мол мефурӯшанд ва хизмат мерасонанд ё мӯҳлати пардохти мол ё хизматрасониро ба таъхир меандозанд;
субъекти таърихи қарз;
мақоми давлатӣ, ки молу мулки гайриманқулро ба қайд мегирад;
судҳои баррасикунандаи парвандаҳои ҷиноятии дар истеҳсолоташон буда, инчунин мақомоти таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ аз рӯйи парвандаҳои ҷиноятии дар истеҳсолоташон буда дар сурати мавч, уд будани иҷозати прокурор.
Шахсони дар сархатҳои якум ва дуюми қисми якуми моддаи мазкур нишондодашуда пас аз бастани шартномаи пешниҳоди иттилоот ё гирифтани ҳисоботи қарз бояд дар Бюрои таърихи қарз, ҳамчун истифодабарандагони ҳисоботи қарз ба қайд гирифта шаванд.
Моддаи 20. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои истифодабарандагони ҳисоботи қарз
Истифодабарандагони ҳисоботи қарз ҳуқуқ доранд:
ҳисоботи қарзро гиранд;
мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар ҳуқуқҳо дошта бошанд.
Истифодабарандагони ҳисоботи қарз ӯҳдадоранд:
ба Бюрои таърихи қарз тасдиқномаро дар бораи гирифтани ризоияти субъекти таърихи қарз пешниҳод намоянд;
тагйир ёфтани маълумотеро, ки барояшон ҳангоми чун истифодабарандаи ҳисоботи қарз ҷиҳати ба қайд гирифтан пешниҳод гардидааст, хабар диҳанд;
махфӣ нигоҳ доштани ҳисоботи қарзро риоя намуда, иттилооти онро ба шахсони сеюм ошкор накунанд;
иттилооти ҳисоботи қарзро танҳо барои мақсадҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур истифода баранд;
бо талаби субъекти таърихи қарз ӯро аз мазмуни ҳисоботи қарз огоҳ созанд ё мутобиқи қоидаҳои дохилии истифодабарандаи ҳисоботи қарз нусхаи ҳисоботи қарзро ба ӯ диҳанд;
ҳаққи хизмати Бюрои таърихи қарзро барои пешниҳоди ҳисоботи қарз пардохт намоянд, ба истиснои мақоми давлатие, ки ҳуқуқи гирифтани иттилооти қарзро доранд;
мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар ӯҳдадориҳоро ба зимма гиранд.
Моддаи 21. Ҳуқуқҳои субъекти таърихи қарз
Субъекти таърихи қарз ҳуқуқ дорад:
барои ташаккули таърихи қарз ба манбаи ташаккули таърихи қарз дар бобати пешниҳод намудани маълумот дар бораи ӯ ба Бюрои таърихи қарз розигӣ диҳад;
мутобиқи талаботи муқаррарнамудаи Қонуни мазкур дар бораи худ соле як маротиба ройгон ва дигар вақт бо пардохти маблаг ҳисоботи қарзро гирад;
ба истифодабарандаи ҳисоботи қарз барои гирифтани ҳисоботи қарз дар бораи худ розигӣ диҳад ва ё надиҳад;
ҳангоми баррасии дархостномааш барои гирифтани қарз аз истифодабарандаи ҳисоботи қарз талаб намояд, ки бо ҳисоботи қарз шинос шавад ё мутобиқи қоидаҳои дохилии истифодабарандаи ҳисоботи қарз нусхаи ҳисоботи қарзро, ки истифодабаранда аз Бюрои таърихи қарз гирифтааст, диҳад;
маълумоти ҳисоботи қарзро бо имконияти гирифтани иттилоот доир ба манбаи ташаккули таърихи қарз мавриди баҳс қарор диҳад;
аз Бюрои таърихи қарз ҳисоботи ислоҳшудаи қарзро талаб кунад,
ба шарте ки ҳисоботи қарзи ба истифодабарандаи ҳисоботи қарз пешниҳодшуда дар натиҷаи амал ё беамалии кормандони Бюрои таърихи қарз дорои маълумоте бошад, ки ба маълумоти ба Бюрои таърихи қарз
пешниҳоднамудаи манбаи иттилоот мувофиқат накунад;
барои ислоҳи маълумоти нодуруст ба манбаи иттилоот муроҷиат намояд;
аз қонеъ гардониданашудани аризаи ба таърихи қарз ворид намудани тагйирот аз ҷониби Бюрои таърихи қарз бо тартиби муқарраршуда шикоят намояд.
БОБИ 5. Пешниҳоди иттилоот ба Бюрои таърихи қарз
Моддаи 22. Шартҳои умумии пешниҳоди иттилоот
ба Бюрои таърихи қарз
Таъминкунандагони иттилоот, ки дар сархати якуми моддаи 17 зикр шудаанд, ӯҳдадоранд иттилооти тибқи Қонуни мазкур муқарраршударо бо розигии субъекти таърихи қарз ба як Бюрои таърихи қарз ва ба дигар Бюроҳои таърихи қарз бошад, бо тартиби ихтиёрӣ пешниҳод кунанд.
Дигар таъминкунандагони иттилооти таърихи қарз бо ризоияти субъекти таърихи қарз иттилоотро ба Бюрои таърихи қарз ихтиёран пешниҳод менамоянд.
Шартҳои ба Бюрои таърихи қарз аз ҷониби онҳо пешниҳод кардани иттилоот ва гирифтани ҳисоботи қарз бо шартномаҳои пешниҳоди иттилоот ва (ё) гирифтани ҳисоботи қарз, ки мутобиқи ҳамин Қонун баста мешаванд, муайян мегарданд.
Иттилоотро таъминкунандагон ба Бюрои таърихи қарз аз тариқи электронӣ пешниҳод мекунанд. Ҳолатҳои дар сабти коғазӣ пешниҳод намудани иттилоот ба воситаи ҳуҷҷатҳои дохилии Бюрои таърихи қарз ва шартномаҳое, ки онҳо бо таъминкунандагони иттилоот мебанданд, муайян карда мешаванд.
Иттилооти дар моддаи 23 Қонуни мазкур зикршуда аз тариқи электронӣ ё сабти коғазӣ пешниҳод карда мешавад. Тартиби онро Бюрои таърихи қарз муайян менамояд.
Ризоиятномаи субъектҳои таърихи қарз барои ба Бюрои таърихи қарз пешниҳод намудани маълумот дар бораи худ бояд аз ҷониби таъминкунандагони иттилоот на камтар аз панҷ сол аз рӯзи ба Бюрои таърихи қарз пешниҳод гардидани иттилооти охирин дар бораи онҳо нигаҳдорӣ карда шаванд.
Моддаи 23. Иттилооте, ки ба Бюрои таърихи қарз пешниҳод мегардад
Иттилооте, ки таъминкунандагон ба Бюрои таърихи қарз пешниҳод мекунанд, бояд инҳоро дар бар гирад:
маблағи қарзи гирифтаи шахс;
таърихи додани қарз ва таърихи пардохти он;
иттилоот дар бораи таркиб ва тарзҳои иҷрои ӯҳдадориҳо (ба истиснои иттилооте, ки барои нигаҳдорӣ дар қуттиҳои сейф, ҷевонҳо ва утоқҳои бонк қарор доранд);
дигар маълумотҳо тибқи мувофиқаи тарафҳо;
Барои мақсадҳои ин банд зери мафҳуми қарз амалиёти кредитӣ, қарзӣ, лизингӣ, факторингӣ, форфейтингӣ, ҳамчунин баҳисобгирии векселҳо, ӯҳдадориҳои шартӣ ва имконпазир ва шартҳое, ки ба худ хавфи қарзро доранд, фахмида мешавад.
Иттилоот дар бораи субъекти таърихи қарз, шахси воқеӣ ё
соҳибкори инфиродӣ, ки мутобиқи талаботи қисми якуми моддаи мазкур пешниҳод мегардад, бояд насаб, ном ва номи падар, санаи таваллуд, ч, ойи истиқомат, ҳуч, ч, ати тасдиқкунандаи шахсият, рақами мушаххаси
андозсупорандаро дар бар гирад.
Иттилоот дар бораи субъекти таърихи қарз, шахси ҳуқуқӣ, ки мутобиқи талаботи қисми якуми ҳамин модда пешниҳод мегардад, бояд ном, шакли ташкилию ҳуқуқӣ, маҳалли ҷойгиршавӣ, рақам ва таърихи ба сифати шахси ҳуқуқӣ ба қайди давлатӣ гирифта шудан, рақами мушаххаси андозсупоранда, насаб, ном ва номи падари роҳбарони якум ва рақамҳои мушаххаси андозсупорандагонро дар бар гирад.
Номгӯи иттилооте, ки моддаи мазкур пешбинӣ намудааст,
метавонад бо мувофиқаи байни Бюрои таърихи қарз ва таъминкунандаи иттилоот дар асоси шартномаи онҳо оид ба пешниҳоди иттилоот ва (ё) гирифтани ҳисоботи қарз пурра карда шавад, ба шарте, ки ин ба талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф набошад.
Моддаи 24. Ба расмият даровардани ризоияти субъекти таърихи қарз барои пешниҳоди иттилоот ва додани ҳисоботи қарз
Ризоияти субъекти таърихи қарз барои ба Бюрои таърихи қарз пешниҳод намудани иттилооти марбут ба он ва (ё) барои додани ҳисоботи қарз ба истифодабарандагони ҳисоботи қарз ба тариқи хаттӣ ба расмият дароварда мешавад.
Ризоияти субъекти таърихи қарз – шахси воқеӣ имкон дорад аз ч, ониби шахси бовариноке, ки дар асоси ваколатнома амал мекунад ва он мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст, ба расмият дароварда шавад.
Барои набудани ризоияти субъекти таърихи қарз аз он, ки дар борааш маълумот барои ташаккули таърихи қарз ва ё додани ҳисоботи қарз пешниҳод карда мешавад, ҳамчунин барои нодуруст ба расмият даровардани он таъминкунандагони иттилоот, истифодабарандагони ҳисоботи қарз, ё шахсони масъули онҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошанд.
Моддаи 25. Асос ва мақсадҳои истифодаи иттилоот ва ҳисоботи қарз
Шартномаи байни иштирокчиёни системаи ташаккули таърихи қарз ва тасдиқи ризоияти субъекти таърихи қарз барои пешниҳод намудани иттилоот ба Бюрои таърихи қарз асос шуда метавонад.
Бюрои таърихи қарз ҳуқуқ дорад маълумотеро, ки аз таъминкунандагони иттилоот гирифтааст, барои таҳлили маркетингӣ ва оморӣ бидуни нишон додани шахсияти субъекти таърихи қарз истифода барад.
БОБИ 6. Муносибатҳои ташкили таърихи қарз ва истифодаи он
Моддаи 26. Бастани шартнома ва шартҳои он
Бо мақсади ич, рои ӯҳдадориҳои худ оид ба пешниҳоди иттилоот ва гирифтани ҳисоботи қарз таъминкунандагони иттилоот, ки дар қисми якуми моддаи 17 Қонуни мазкур зикр шудаанд ва истифодабарандагони ҳисоботи қарз, ки дар сархатҳои якум, дуюм ва сеюми қисми якуми моддаи 19 Қонуни мазкур оварда шудаанд, ӯҳдадоранд, ки бо Бюрои таърихи қарз дар хусуси пешниҳоди иттилоот ва (ё) гирифтани ҳисоботи қарз шартномаҳо банданд.
Шартномаи пешниҳоди иттилоот ва ё гирифтани ҳисоботи қарз бояд шартҳои зеринро дар бар гирад:
маълумот дар бораи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, соҳибкори инфиродӣ ё номи пурраи тарафҳо, маълумот дар бораи макони зист ё маҳалли ҷойгиршавӣ ва маълумоти бонкҳои онҳо;
мӯҳлати амали шартнома, асос ва тартиби тагйир додан, қатъ ва бекор кардани он бо тартиби яктарафа, ҳамчунин андозаи ҷарима барои риоя накардани ӯҳдадориҳои шартнома;
гирифтани ризоияти ҳатмии субъекти таърихи қарз барои ба Бюрои таърихи қарз пешниҳод намудани иттилоот дар бораи худ ва (ё) гирифтани ризоияти субъекти таърихи қарз барои ба истифодабарандагони ҳисоботи қарз пешниҳод кардани ҳисоботи қарз дар бораи худ;
намуд, ҳаҷм, мӯҳлат (давра ба давра), тартиби пешниҳоди иттилооте, ки таърихи қарзро дар бар мегирад, шартҳои пардохти пули хизматҳое, ки тарафҳои шартнома ба ҷо меоранд, ҳамчунин шартҳои татбиқи муштараки тадбирҳои ташкилӣ, техникӣ ва талаботи технологӣ барои ҳифзи манбаъҳои ташаккули таърихи қарз ва системаҳои истифодашавандаи иттилоот;
ӯҳдадории Бюрои таърихи қарз дар бобати истифодаи иттилооти пешниҳодшаванда, ки Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст;
ӯҳдадории Бюрои таърихи қарз дар хусуси риояи реч, аи махфӣ нигоҳ доштани ҳамаи иттилооти гирифташуда ва ошкор намудани он танҳо аз рӯйи асос, шартҳо ва тартиби пешбининамудаи Қонуни мазкур;
ҳач, ми иттилооте, ки дар ҳисоботи қарз мавч, уд аст ва тартиби
гирифтани он;
ӯҳдадории истифодабарандаи ҳисоботи қарз барои паҳн накардани иттилооте, ки дар ҳисоботи қарз мавҷуд аст;
ҷавобгарии тарафҳо, аз ҷумла ҷавобгарии таъминкунандагони иттилоот дар ҳолати аз ҷониби онҳо ба Бюрои таърихи қарз пешниҳод гардидани иттилооти нодуруст.
дигар шартҳо бо ризоияти тарафҳо.
Моддаи 27. Бақайдгирӣ дар Бюрои таърихи қарз ба сифати истифодабарандаи ҳисоботи қарз
Барои ба қайд гирифтани истифодабарандагони ҳисоботи қарз дар Бюрои таърихи қарз пешниҳод намудани ҳуч, ч, атҳои зерин зарур аст:
ариза барои бақайдгирӣ дар Бюрои таърихи қарз;
нусхаҳои тариқи нотариалӣ тасдиқшудаи иҷозатномаҳо ба ташкилотҳо барои машгул шудан ба намудҳои фаъолияти иҷозатдодашуда ки аз ҷониби мақоми ваколатдор дода шудаанд,;
нусхаи шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ ба сифати шахси ҳуқуқй;
маълумот дар бораи насаб, ном, номи падар ва вазифаҳои шахсоне, ки барои пешниҳоди дархост ба Бюрои таърихи қарз ваколатдоранд. Дар мавриди зарурат маълумоти мазкур бо имзои рақамдори электронии ин шахсон тасдиқ карда мешавад.
Моддаи 2 8. Пешниҳоди ҳисоботи қарз
Барои пешниҳоди ҳисоботи қарз ба истифодабарандаи ҳисоботи қарз инҳо асос шуда метавонанд:
шартномаи пешниҳод намудан ва ё гирифтани ҳисоботи қарз;
ризоияти субъекти таърихи қарз барои пешниҳод кардани ҳисоботи қарз дар бораи худ;
мувофиқати истифодабарандагони ҳисоботи қарз ба талаботи пешбининамудаи Қонуни мазкур;
дархости истифодабарандагони ҳисоботи қарз бо тасдиқи ризоияти субъекти таърихи қарз барои пешниҳоди ҳисоботи қарз;
Бюрои таърихи қарз дархостҳои пешниҳоди ҳисоботи қарз ва ҳисоботҳои пешниҳодшударо ба ҳисоб мегирад.
Дархостро аз номи истифодабарандаи ҳисоботи қарз шахси махсуси ваколатдори вай, ки барои додани дархост ба Бюрои таърихи қарз масъул аст, медиҳад ва маълумот доир ба ин шахс дар Феҳристи давлатии Бюрои таърихи қарз нигоҳ дошта мешавад.
Бюрои таърихи қарз ҳисоботи қарзро, ки дар бораи субъекти таърихи қарз аст, дар асоси дархости хаттӣ ба вай пешниҳод мекунад.
Дар ҳисоботи қарзе, ки ба субъекти таърихи қарз пешниҳод мегардад, бояд оид ба ҳамаи далелҳои истифодабарандагони ҳисоботи қарз аз рӯйи таърихи қарзи ҳамон субъект маълумот оварда, санаи пешниҳод, ном ва маълумоти истифодабарандагони иттилоот нишон дода шавад.
Бюрои таърихи қарз ҳангоми пешниҳоди ҳисоботи қарз ӯҳдадор аст, ки ҳамаи манбаъҳои ташаккули таърихи қарз ва санаи гирифтани ин иттилоотро нишон диҳад.
Ҳисоботи қарз аз рӯйи асос, шартҳо ва тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.
Бюрои таърихи қарз барои таҳрифи иттилооте, ки аз таъминкунандагони иттилоот гирифта шудааст, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошад.
Моддаи 29. Пардохти ҳаққи хизматрасони барои
пешниҳоди иттилоот ва ҳисоботи қарз
Барои хизматрасониҳои Бюрои таърихи қарз ҳаққи хизмат муайян гардида, андозаю тартиби ситонидани он тибқи шартнома муқаррар мегардад.
БОБИ 7. Муқаррароти хотимавИ
Моддаи 30. Тартиби ҳаллу фасли баҳсҳо
Субъекти таърихи қарз ҳуқуқ дорад ба Бюрои таърихи қарз ё таъминкунандагони иттилоот ариза навишта, иттилооти ҳисоботи қарзро мавриди баҳс қарор дода, пешниҳоди иттилооти дурустро талаб намояд. Ба ариза нусхаи ҳуч, ч, атҳоро, ки аризадиҳанда ба онҳо даъво дорад, замима кардан мумкин аст.
Таъминкунандагони иттилоот ё Бюрои таърихи қарз ӯҳдадоранд, ки дар давоми 15 рӯзи кории баъди гирифтани ариза онро баррасИ намоянд.
Агар таҳрифи иттилооте, ки Бюрои таърихи қарз гирифтааст, бо сабаби хатои техникии таъминкунандагони иттилоот ё Бюрои таърихи қарз, дар натиҷаи амал ё беамалии кормандони онҳо сар зада бошад, таъминкунандагони иттилоот ӯҳдадоранд ба Бюрои таърихи қарз иттилооти дурустро пешниҳод намоянд. Бюрои таърихи қарз ӯҳдадор аст, ки ба истифодабарандагони иттилоот ҳисоботи ислоҳшудаи қарзро пешниҳод карда, хароҷоти онро ҷуброн намояд.
Агар иттилооти мавриди баҳс ба маълумоти Бюрои таърихи қарз ва таъминкунандгони иттилоот мувофиқ бошад, таъминкунандаи иттилоот ва (ё) Бюрои таърихи қарз ба аризадиҳанда ч, авоб навишта, талаботи онро қонеъ намегардонад ва манбаи гирифтани маълумоти мавриди баҳсро дар мӯҳлати пешбининамудаи қисми дуюми моддаи мазкур нишон медиҳанд.
Агар аризадиҳанда баъди рад гардидани аризааш такроран муроҷиат намояд, хароҷоти додани ариза барои баррасИ ва ирсоли ҷавоби асоснок ба зиммаи аризадиҳанда вогузор мешавад.
Агар дар тақсими хароҷот ихтилоф ба миён ояд, баҳсҳо бо тартиби судИ баррасИ карда мешаванд.
Моддаи 31. ҶавобгарИ барои риоя накардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеИ ва ҳуқуқИ барои риоя накардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарИ кашида мешаванд.
Моддаи 32.Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмИ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон ЭмомалИ Раҳмон
ш.Душанбе
26 марти соли 2009 № 492
Қ А Р О Р И
МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
\”Дар бораи таърихи қарз (кредит)\” дар қироати дуюм
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон \”Дар бораи таърихи қарз (кредит)\” дар қироати дуюм қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Хайруллоев
ш. Душанбе,
25 феврали соли 2009, № 1244
Қ А Р О Р И
МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
\”Дар бораи таърихи қарз (кредит)\”
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро \”Дар бораи таърихи қарз (кредит)\” баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон \”Дар бораи таърихи қарз (кредит)\” ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев