ФАЛСАФАИ ФАРҲАНГ ВА ТАЪРИФҲОИ ОН

Фарҳангшиносӣ яке аз илмҳои ҷомеавӣ шинохта шуда, дорои хусусиятҳои хоси фалсафии худ мебошад. Илми фарҳангшиносӣ системаи донишҳо дар бораи қонунҳои табиат ва ҷамъият буда, ҳамчунин соҳаи ҷудогонаи донишҳо мебошад. Аз ин лиҳоз маданият (фарҳанг) соҳаи ҷудогонаи дониш мебошад.Фарҳангшиносӣ яке аз илмҳои ҷомеавӣ шинохта шуда, дорои хусусиятҳои хоси фалсафии худ мебошад. Илми фарҳангшиносӣ системаи донишҳо дар бораи қонунҳои табиат ва ҷамъият буда, ҳамчунин соҳаи ҷудогонаи донишҳо мебошад. Аз ин лиҳоз маданият (фарҳанг) соҳаи ҷудогонаи дониш мебошад. Аз ин ҷо бар меояд, ки маданият (фарҳанг) системаи донишҳо дар бораи қонуниятҳои зиндагӣ ва ё ҳаёти инсонӣ ме-бошад.
Илми фарҳангшиносӣ бо қонуниятҳои табиат ало-қамандӣ дошта, онро олимон илми дуюми табиат ва ё илми зиндагӣ низ номидаанд. Чунки илми фарҳанг-шиносиро на барои дониш гирифтан меомӯзем, балки ин илм тамоми паҳлӯҳои ҳаёти инсониро аз оила сар карда, то муассисаҳои таълимию тарбиявӣ ва фаъо-лияти кормандони корҳонаҳоро дарбар мегирад. Дар раванди фаъолияти бошууронаи дигаргунсозии таби-ат ва ҷамъият ҳар як насли инсон таҷрибаи андӯхтаи ниёгонро аз бар менамояд ва дар баробари ин сарват-ҳои модцӣ ва маънавӣ меофарад, роҳ ва усулҳои истеҳ-соли онҳоро такмил медиҳад. Ҳамчун истилоҳи илмӣ фалсафаи маданият аз тарафи мутафаккири немис А.Мюллер истифода шудааст.
Вале ақидаву фикрҳои алоҳида доир ба мадани-ят дар ҳама марҳилаҳои инкишофи афкори аврупоӣ ба мушоҳида мерасад. («Маданқятшиносӣ»- и Назри Яздонӣ ва Далери Баҳромӣ). Маданиятшиноси рус Гуревич П.С. бар он ақида аст, ки яке аз аввалин на-зарияҳои баҳсноки мавриди баҳси фалсафаи мадани-ят, – ин таносуби маданият ва табиат аст. Минбаъд ба зудӣ инкишоф ёфтани маданият аз он вобаста буд, ки маънидодкуниҳои зиёди худи ҳамин падида аз тарафи файласуфон ва ҷомеашиносон сурат гирифт. Бергсон ва Гердер қайд кардаанд, ки дар барқароршавии ма-даниятшиносӣ нақши асосиро фалсафаи маданият ме-бозад.
Оид ба фалсафаи фарҳанг дар замони маорифпар-варии Ғарб такони сахте ба миён омада сипас дар асри XX ташаккули босуръати маданият (фарҳанг) ба назар расид. Чун истилоҳи «Фалсафаи маданият» бештар дар эҷодиёти файласуфони асрҳои ХУШ- XX Воль-тер, Руссо, Вико, Гердер, Федотова, Салавёв В.А., Бер-дяев Н.А ба назар мерасад, аз ин хотир истифодаи рас-мии онро ба ибтидои асри XX рост донистан месазад. Аз диду назари фалсафаи фарҳанг кор тарзи аз бар кардани олам мебошад. Фарҳанг як навъ воситаест, ки тамоми мавҷудот тавассути он ба мо намоёну дас-трас мешавад. Худи одам ҳам хориқаи ма^аният аст. Фарҳанг ин принсипи эҷодии ҳаёти шахс ва тамоми ҷамъият аст. Фарҳанг хиради таҷассумёфтаи инсони-ят буда, чун унсури маънавӣ бо олами табиӣ пайванд амал мекунад.
Беҳтарин хусусияту намунаҳои фарҳанги пештара ба ҳаёти мо гузашта, солҳои тӯлонй фаъолият мекунад. Хориқаи маданият дар пеши назари мо бо ҳашамати воқеиаш намоён шуда, на фақат ифтихори наҷибона, балки ҳисси масъулият ва ҳатто хавфу ташвише ҳам мебошад, ки масъалаҳои сершумори олами ҳозираро ба миён овардааст. Тасвирҳои мухталифи соҳаи мада-ният имконпазир буда, ҳар кас вобаста ба мақсадҳои мушаххаси тадқиқотӣ ба тарзи худ ифода менамояд.
Вале таърифи томи моҳияти фарҳанг, ки дар ҳама ҷо маълум шуда бошад, вуҷуд надорад, гарчанде дар баробари ҳамин маъно ин мафҳум, яъне фарҳанг, ма-даният, култура ба назарамон фаҳмо менамояд. Маф-ҳуми маданият аз аввал на фақат бо кори хуби иҷро-шуда, балки бо тарзу мақсадаш низ алоқаманд аст. Маданият як навъ лиҳозест, ки тамоми мавҷудот ба воситаи он ба мо намоёну дастрас мешавад. Худи одам ҳам хориқаи маданият дониста шудааст.
Аз ин ҷост, ки маҷмӯи дастовардҳои моддӣ ва маънавиеро, ки инсон дар тӯли ташаккули ҷомеавӣ ба даст овардааст ва барои пешрафти инсоният истифо-да шуда, аз насл ба насл мегузарад, маданият номида-анд. Бояд гуфт, ки вожаҳои (истилоҳоти) «маданият», «фарҳанг» ва «культура» аз тариқи воситаҳои ахбори умум бо забонҳои гуногун садо дода, дар навиштаву сӯҳбатҳо фаровон истифода мешаванд.
Вале аксар одамон дар шарҳи вожаҳои зикршуда ва ибораҳои маъмул душворӣ мекашанд ва гоҳҳо ба шарҳи соддалавҳона ва маънидоди сатҳии онҳо қаноат мекунанд. Мо дар ибтидо вожаҳои «маданият», «кул-тура» ва «фарҳанг»- ро дар як қатор гузошта будем. Чунки аслан муродифи «маданият», «култура» аст ва аз рӯи моҳият дар як поя меистанд.
Вале худ «култура» калимаи лртиниест, маъноҳои кишт кардан, зироаткорӣ намудан, маънои парваришу тарбия ва парваридану рӯёнданро дорад. Калимаи культура аз асри XVIII ин ҷониб дар Урупо истеъмол мешавад.
Пас маданият чист? Маданият аслан калимаи ара-бӣ буда, маънояш шаҳрдорй аст, яъне сокини шаҳр, шаҳрванд. Ба ёд биёрем, шаҳри Ясрибро, ки «Мади-нат-ул-Набӣ», яъне шаҳри пайғамбараш хондаанд ё пойтахти қадимтарини ирониён Тайсафунро, ки аз шаҳомату бузургиаш арабҳо дар ҳайрат монда, «Ма-доин» – шаҳраш номидаанд. Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки дар Шарқ тарзи зисти шаҳриёнаро бо мафҳуми ма-данияту тамаддун ҳамрангу ҳаммаъно медонистаанд.
Агар ба истилоҳи «фарҳанг» назар кунем, ин вожа 2700 – сол пеш нахуст дар китоби «Авасто» навишта шуда, аз ду бахш «фар» ва «ҳанг» (тҳанг) иборат буда бахши «фар» маънои комёбиҳои давраи пешро дош-та, бахши «ҳанг» (тҳанг) маънои кашидан, овардан ва ё он комёбиҳои давраи пешро аз насл ба насл гузаро-ниданро дорад. Тамоми комёбиҳою дастовардҳои ин-сониро, ки дар тӯли ташаккули ҷомеавй ба даст овар-данд ба ду қисмат ҷудо намудаанд:

Маданияти моддӣ, қабл аз ҳама воситаҳои ис-теҳсолот, предметҳои меҳнати ҷисмонӣ ва ғайраҳо, ки предметҳои он бештар мушкилотҳои зиндагии инсон-ро осон мегардонад. Кулли мардуми ҷомеа барои ба даст овардани предметҳои он саҳм мегузоранд.
Маданияти маънавӣ, дар истеҳсолоту маишат истифода шудани комёбиҳо, савияи маълумот, вазъи марриф, кашфиётҳо, адои хизмати тиббӣ, санъат, меъ-ёру одобу ахлоқи аъзоёни ҷамъият, дараҷаи инкишофи

СОХТОРҲОИ МАДАНИЯТ (ФАРҲАНГ)

МАДАНИЯТИ МОДДИ

МАДАНИЯТИ МАЪНАВИ

Дарахтҳо ва кишту кор

Дин ва ахлоқ

Воситаҳои истеҳсолот

Сиёсат ва ҳуқуқ

Техника

Ихтироъи техника ва компютерҳо

Телевизор, компютер

Анъана ва урфу одат

Асбобҳои рузғор

Асотир

Роҳҳои нақлиётӣ

Дониш ва маълумот

Обанборҳо, ҳавзҳо

Адабиёт ва санъат

Биноҳо, меъмориҳо

Забон ва хат

талаботу манфиати одамон ба моли маданияти маъ-навӣ дохил мешаванд. Дар он зиёиён, санъаткорон, инжинерон ва олимон саҳмгузоранд.
Ин қисматҳои маданият ҳар яке ба сари худ муста-қил набуда, дар алоқамандии якдигар амал мекунанд. Маданияти маънавӣ дар шакли шайъӣ маҳфуз мемо-над. Ҳамаи ин то ба имрӯз аҳамияти худро гум накар-да, ба насли ҳозира хизмат мерасонад.
Мувофиқи қонунияти маданию таърихй, ки ба рутттди маданият мусоидат мекунад, маданияти маъ-навиро ба навъҳо ҷудо мекунанд. Аслан қонунияти тараққиёти ҷамъият ва ба навъҳо ҷудо кардани мада-ният масъалаи муҳимтарини фалсафаи фарҳанг буда, боиси баҳси доманадоре гаштааст. Яке аз хусусиятҳои муҳимтарини предметҳои маданияти моддй қонеъ гар-донидани талаботи зиндагии инсон бошад, хусусияти муҳимтарини маданияти маънавӣ дарозумрии пред-метҳои он мебошад.

2.99K
Нет комментариев. Ваш будет первым!