Нақши фарҳангофаринии дин дар ҷомеа

Роҷеъ ба пайдоиши дин олимони зиёде фикру ан-дсшаҳои худро баён намуда, ибораҳои гуногуни ма-даниро шарҳ дода заминаҳои пайдоиши эътиқодҳои диниро дар давраҳои хеле қадим муайян намуданд, ки ОН аз тарафи инсонҳо ба вуҷуд оварда шудааст. Дин ва эътиқодҳои он дар раванди ташаккули ҷомеа аз дав-ра ба давра гузашта, инкишоф ёфтааст. Ибораи «дин» маънои парастишу итоатро дошта, ин вожа дар бай-пи мардуми Шарқ маълум аст, ки онро дар Аврупо бо ибораи «религио» истифода бурда, ҳаммаънои дин мсҳисобанд. Маънои «религио» низ итоат ва ситоиш буда, миллатҳои гуногуни ҷаҳонро бо ҳамдигар ме-пайвандад.
Аз ин рӯ яке аз сабабҳои мавҷудияти эътиқодҳои динӣ аз тарафи инсон нафаҳмидани бавуҷудоии ҳоди-соту воқеоти табиат мебошад. Аз рӯи ин гуна маълу-мотҳо динро чунин маънидод намудаанд :
Дин як шакли шуури ҷамьиятӣ буда, доир ба пай-доиши оламу инсон ривоят мекунад. Дин бо аксари илмҳои ҷамъиятӣ: таърих, фалсафа, ахлоқ, фарҳанг, равоншиносӣ, иҷтимоиёт ва гайраҳо алоқамандии зич дошта, пайваста бо ин илмҳо ташаккул меёбад. Гарчанде, ки эътиқодҳои динҳои гуногун аз тарафи мардуми олам ба вуҷуд оварда шуда бошад ҳам, ҳамаи онҳо ба парастиши худои ягона бурда мерасонад.
Дар ҷомеаи ибтидоӣ 3 намуди динҳои қадим дида мсшуданд:

Тотемизм – маънои парастиши саравлод ва ё қа-биларо дорад.
Анимизм – калимаи лотинй буда, парастиши рӯҳ, яъне қадр ва ё эҳтироми инсонро дорад.
Фетишизм – калимаи франсавӣ буда, маънояш парастиши бут, санам, ягон ашёро доштааст, инчунин эътиқод ба сеҳрнокӣ.
Ин гуна фаҳмишҳо дар давраҳои қадим аз динҳои қабилавӣ-ҳиндуия, браҳмания, зардуштия, конфуция-гӣ, синтоизм ва ғайраҳо боқӣ монда, қисме аз ин гуна ҷаҳонбиниҳо ба динҳои ҷаҳонӣ низ гузаштаанд.
Дини буддоӣ -(Буддо -номи аслиаш шоҳзода Сид-харта Гаутама) асри VI-V п.аз. м. дар Ҳинди қадим арзи вуҷуд кардааст.
Дини насронй – (Масеҳӣ) – асосгузораш (Исои Ма-сеҳ) – асри I – и милодӣ дар Рим ба вуҷуд омадааст.
Дини ислом – бунёдгузораш (Муҳаммад пайғам-бар) асри VI-VII дар нимҷазираи Арабистон (шаҳрҳои Мадина ва Макка) пайдо шудааст.
Ҳар яке аз ин динҳои ҷаҳонӣ дорои дастури му-қаддаси фарҳангии хеш буда, ҷавҳари асосии онҳо аз таълимотҳои ахлоқию фалсафӣ иборатанд. Онҳо мар-думро ба рафоқат, нексириштӣ, самимият, покизагӣ, муҳаббати ҳақиқй ва гайраҳо ҳидоят менамоянд.
Як гурӯҳ олимон дину илмро ба ду дасти инсон ша-боҳат додаанд, ки ҳар яке аз онҳо дар пешрафти ҷомеаи инсонй вазифаҳои худро иҷро мекунанд. Агар дин бе илм инсонро ба ҷаҳолати торикии ҳуруфот раҳнамун созаду илм бе дин мардумро ба дастории маданияти моддӣ тарғиб намояд, он гаҳ дар байни мардум кинаву адоватҳо зиёд мегарданд. Аз ин хотир набояд илмро аз дин ва динро аз илм ҷудо кард. Тавассути илм мо самимияту муҳаббати илоҳиро дар ҷавҳари инсон ба даст меорем. Агар ақл, муҳаббат ва самимияти офа-ридаи худованд бошад, пас маҳсули ақл илмест, ки мо онро дар зиндагӣ истифода мебарем.
Масалан: агар таълимоти Кришно ва Мусо муғ-ҷаи дарахт бошад, таълимоти Буддо, Зардушт ва Исо гули муғҷа ва пас таълимоти Муҳаммадро ба меваи муғҷаю гулҳо монанд кардан мумкин аст.
Ин маънои онро дорад, ки онҳо ҳамдигарро аз байн набурда, балки онҳо ба таври табкӣ паи ҳам ме-оянд. Аммо аз ин бар меояд, ки ҳар як таълимоти нав давоми таълимоти пешина будааст. Байни онҳо ҷу-дой ва бегонагӣ набуда, балки баръакс онҳо давраҳои гуногуни тараққиёти як дин мебошанд. Он аввал дар шакли тухмӣ зоҳир шуда, баъд дар шаклимуғҷа ва гул акнун ба марҳилаи пухтани мева расидааст.
Табиист, ки ҳақиқати Худованд болотф аз фаҳми-ши инсонист. Агар чароғи дин хомӯш шгваду ҷаҳон фосиду вайрон гардад ва агар даст аз домаш илму до-ниш бардорему худро ба банди нодонӣ ва ваҳшоният занем, сабаби гумроҳии мо мегардад. Дарнатиҷа ба ҳар гуна хато ва гуноҳ гирифтор хоҳем шуд.
Дастовардҳои бузурги фарҳангӣ ва кацфиётҳои илмии олимони ҷаҳон ба он оварда мерасонад, ки мардуми башарият аз он дастовардҳо баҳраманд га-шта ба комёбиҳо муваффақ гарданд ва мушвдлотҳои ҷомеа ва зиндагии хешро бартараф намоянд. Хсарҳои адибону донишмандону санъаткорони зиёде бамонан-дӣ Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Форобӣ, Берунӣ, Сино, Саъдӣ, Борбад, Гесӯ, Бомшод, Менделев, Нютон, Гшилей. Дарвин, Шекспир, Маркс, Ломоносов, Рафоэлло, Ле-онардо-да-Винч ва дигарон ба пешрафти маданият, илму тамаддуни тамоми башарият ҳиссаи бениҳоят калон гузоштаанд. Ҷои тааҷҷуб нест, ки ислом оила-ро ҳамчун воҳиди асосии иҷтимой дар ҷомеаи исломӣ ҳисоб мекунад ва таъкид менамояд, ки ташкили оила барои ҳар як инсон масъулияти ҷиддӣ мебошад.
Шариати ислом барои он, ки аъзои оила дар зин-дагй ба некрӯзӣ ва хушбахтӣ муваффақ шаванд, муно-сибатҳои оилавиро ба таври дақиқ муайян кардааст. Ҳуқуқи кӯдакон ҳамчун бунёдкорони ҷомеа дар оянда ба таври махсус қайд шудааст.
Ислом ҳамчун дини осоиш масъалаҳои танзим ва ташкили оиларо барои мӯъминон ҳамаҷониба ва бо як ҳисси дилсӯзй баррасӣ намуда, танзимро аз ҷиҳати инфиродӣ, рифоҳӣ ва иҷтимоӣ ҳаматарафа дастгирӣ мекунад, ки ин ҷо танзими таваллуди кӯдак истисно намебошад.
Тоҷикистони муосир чун дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ дорои анъана, расму русум, суннатҳои мил-лӣ ва динӣ буда ба аҳолии он серфарзандӣ хос аст. 22 % аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон занони синну соли қобили таваллуд (аз 16 то 49 сола) мебошанд. Ба ҳар сад нафар аҳолӣ 19,2 нафар афзоиши табии аҳолӣ ба мушоҳида мерасад. Хушбахтона бо дастгирию кӯма-ки бевоситаи сарвари Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмома-лӣ Шарифович Раҳмонов бо мақсади гирифтани пеши роҳи фавтҳои бемаҳали модарону кӯдакон ва солим-гардонии аҳолии кишвар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷи-кистон барномаи миллии «Танзими оила ва ҳуқуқ»-ро бо қарори худ таҳти № 483 аз таърихи 2 декабри соли 1999 қабул намуд, ки он бисёр бомаврид ва шоистаи дастгирии ҳамагон аст.
Мутаассифона ҳанӯз ҳам дар кишвари мо ашхо-сони ноогоҳу бадхоҳ ва қувваҳои мутаассиби хурофот ёфт мешаванд, ки икдоми неки ҳукумат ва Вазорати тандурустии кишварро шояд нодуруст фаҳмида, зид-ди мазҳабу дини мубини ислом баромад намуда, садди роҳи амалигардонии он дар мамлакат мешаванд.

1.66K
Нет комментариев. Ваш будет первым!