МАВҚЕЪ ВА НАҚШИ МАОРИФПАРВАРОНИ ТОҶИК ДАР ПЕШРАФТИ ФАРҲАНГ
Барои таҳқиқи фарҳанги нимаи дуюми асри XVIII ва ибтидои асри XIX- и халқи тоҷик асари машҳури Муҳаммад Яъқуб «Гулшан-ул-мулук » ба аҳамияти калон соҳиб аст.Барои таҳқиқи фарҳанги нимаи дуюми асри XVIII ва ибтидои асри XIX- и халқи тоҷик асари машҳури Муҳаммад Яъқуб «Гулшан-ул-мулук » ба аҳамияти калон соҳиб аст. Асар аз он ҷиҳат пурқиммат аст, ки муаллифаш ба табақаи дорои манғития тааллуқ дош-та, шоҳиди бисёр воқеаҳо буд ва он камбудию воқеаҳ-оро ошкоро тасвир кардааст.
Барои таҳқиқи фарҳанги мардуми тоҷик дар ин давра маълумотҳои М.Бекчурин, С.Бурнашев қайди Мирзошамси Бухороӣ ва тавзеҳоти В.В.Григорев ни-ҳоят бузург мебошанд. Барои омӯхтану аз худ намуда-ни фарҳангу анъанаҳои мардуми Осиёи Марказӣ дар асрҳои ХУШ-ХГХ дастовардҳои фарҳангии «Таворихи авоил ва авохир»-и Муинӣ, «Таърихи амир Ҳайдар»-и Мулло Ибодуллоҳ ва Мулло Муҳаммад,«Футуҳно-ма»-и Бухороӣ, «Зафарнома»- и Хусравӣ, «Шоҳнома»-и Умархонд, «Таърихи муҳоҷирон»- и шоира Дилшода ва дигарон ёрии калон мерасонанд. Ба Руссия ҳамроҳ шудани Осиёи Миёна ба равнақи маданияту санъат ва адабиёт объективона мусоидат кард. Олимону рӯшан-фикрони тараққипарвари Руссия дар бобати тадқиқи иқтисодиёт, мардумшиносӣ, таърих, забон, адаби-ёт, истифодабарии сарватҳои табий ва ғайраи Осиёи Марказӣ хизматҳои зиёде кардаанд.
Аксари мутафаккирон ва.рӯшанфикрони мардуми Осиёи Марказй аз намояндагони зиёиёни пешқадамиРуссия сабақ мегирифтанд. Дар ташаккули ҷаҳонби-нии мутафаккири бузурги он солҳо Аҳмади Дониш (1827-1897) таъсири маданияти пешқадами Руссия ни-ҳоят бузург аст. Аҳмади Дониш дар он замон яке аз фозилтарин фарди Бухоро ба шумор мерафт. А.До-нишро бо сабаби озодфикриаш таҳқир намуда, «ко-фираш» хонда буданд. Бо вуҷуди ҳамин ҳам донишу маҳорат ва маълумотҳои ӯ амирро маҷбур мекард, ки ба вай бо назари эътибор нигарад. А.Дониш ба сифати котиби сафорати амир се маротиба ба Петербург са-фар карда буд. Ин шиносой бо Руссия ва маданияти мардуми рус дар тамоми ҳаёт ва фаъолияти ӯ нақши ҳалкунанда бозид.
Ба ақидаи вай агар амирро ба фоидаи маорифи халқ бовар кунонида шавад, гӯё худи ҳамин барои ба тарзи нав сохтани ҳаёти воқеии мардуми Осиёи Мар-казӣ кофист. Рӯҳи тамоми гуфтаҳои ӯро меҳру муҳаб-бат нисбат ба халқ ва ғамхорӣ барои саодатмандии мардум фаро гирифтааст. Муҳимтарин асари А.До-ниш рисолаи «Наводир -ул- вақоеъ» мебошад, ки аз маҷмӯи порчаҳои илмии фалсафӣ, публис-хстӣ ва ба-деӣ фароҳам омадааст. А.Дониш бо ақидаҳои фалса-фии худ дар мавқеи идеалистӣ қарор дошта, монанди Абӯалӣ ибни Сино ва Умари Хайём ба таълимоти аба-дияти олам ва офарида нашудани он мухлис будани худро низ изҳор доштааст. Ин дар шароити онвақтаи пуртаассуби Бухоро ҳамаи пояҳоро ба ҷунбиш меда-ровард. Ӯ дар рисолаҳояш камбудию ноадолатиҳои ҷомеаи худро баён намудааст.
Вай ҳамчунин пешбинӣ карда буд, ки бартараф намудани ин камбудиҳою ноадолатии ҷомеа фақат бо ёрии мардуми рус ба мо муяссар хоҳад шуд. Бо ин ақидаҳояш А.Дониш тарафдорони худро зиёд кард. Ин гуна муносибати ӯро устод С.Айнӣ дар «Ёддошт-ҳо»-и худ хеле таъсирбахш ба қалам медиҳад. Аз ин ҷиҳат фикру ақидаҳои А.Дониш бо вуҷуди он нисбат ба муносибатҳои синфӣ ақидаи пешқадам ва прогрес-сивӣ буданд.
Бузургтарин хизмати А.Дониш аз он иборат аст, ки ӯ тавонист дар атрофи худ як гурӯҳ пайравон, рӯ-шанфикрон, маорифпарварони асри XIX ва ибтидои асри XX- и тоҷикро муттаҳид кунад. Яке аз инҳо Аб-дулқодирхоҷаи Савдо буда тақрибан дар байни со-лҳои 1823-1824 дар Бухоро таваллуд шудааст. Дар замони зиндагии Савдо ақидаҳои маорифпарварӣ ва ҷунбиши афкори сиёсиву иҷтимоӣ ҳанӯз дар аморати Бухоро интишор наёфта буд. Он бедории фикрие, ки дар байни илму адаб ба вуҷуд омада буд, пас аз охи-ри солҳои ҳафтодум рост меомад, ки давраҳои баъди таълифи «Наводир-ул-вақоеъ»-и А.Донишро дарбар мегирад. Савдо дар ғазал ва манзумаҳои тақлидиаш баъзе фикрҳои танқидӣ ва тарғиби ахлоқи некро ифо-да намудааст. Ин гуна фикрҳо дар байтҳои алоҳидаи ғазалҳои бедилона ва ҳофизонаи ӯ дида мешавад.
Савдо аз банди тақлиду пайравии назми гузаш-тагон берун рафта, ба муқобили мавзӯи диниву та-саввуфии адабиёти замонаш, ба муқобили ҷаҳолат ва таассуботи динӣ дар лирикааш оҳанги некбинона ва хушнудонае дохил намуд. Ин оҳанг дар лирикаи Сав-до дар образи ринди бебоке таҷассум ёфт. Савдо дар ғазал ишқи ҳақиқии инсониро, ишқеро, ки ба кас роҳату қуввати рӯҳӣ мебахшад, тараннум мекард.
Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ бо вуҷуди душвории зиндагӣ ва ноҳамвории шароити рӯзгораш пайваста дар фаъолияти илмиву эҷодӣ буд, ки мутаасифона, имрӯз на ҳамаи онҳо ба мо расидааст. У соли 1886 ба сафари ҳаҷ мебарояд ва ба ин баҳона бо бисёр мамла-кату кишварҳои пешқадам, бо бисёр олиму фозилони хориҷӣ шинос мешавад. Сафари ӯ аз шаҳри Бухоро сар шуда, тавассути Туркистон, Кавказ, Истамбул то Арабистони Саудӣ ва дар бозгашт бо тавассути Ироқу Эрон баъди як сол ба ватани хеш Бухоро баргашт. Баъди баргаштан ӯ хотираҳои роҳ ва мулоқотҳояшро бо олиму фозилон ва мардуми шаҳрҳои дидагиаш дар шакли китоб бо номи «Савонеҳ-ул-масолик ва фаро-сих-улмамолик» («Воқеаҳои роҳҳо ва масофаҳои байни кишварҳо») таълиф намуда, онро ба амир Абдулаҳад мебахшад. Номи дигари ин китобро «Огаҳиҳои ғариб аз аҷоиботи сафар» мегузорад. Возеҳ дар ин китоб на фақат сафари ҳаҷ ва шаҳрҳои муқаддаси Маккаву Ма-динаро тасвир мекунад, балки аз бисёр воқеа ва шаро-ити мамлакатҳои тараққикардаи Аврупою Осиё барои ҳамдиёронаш хабарҳои тозаву навин ва ибратбахш нақл мекунад ва ба ин восита вай мисли А. Дониш ди-даи биниши аҳолии дар ғафлату ҷаҳолати асримиёнагй мондаро ба ҷаҳони фаррох мекушояд. Ғайр аз ин яке аз асарҳои ӯ «Тӯҳфаи амонӣ»- ном дош-та, бевосита ба илми тиб бахшида шудааст.
Шамсиддин Махдуми Шоҳин соли 1859 дар Бу-хоро таваллуд шудааст. Падари ӯ Мулло Амон аслан аз Кӯлоб буда барои аз бар намудани илму дониш ба Самарқанд ва сипас ба Бухоро меояд. Шоҳин ҳарчанд умри кӯтоҳ ва пур аз мусибату таҳлука дида бошад ҳам, аммо мероси хеле бой ва гаронбаҳое аз худ боқӣ гузошт. Ин мерос аз девони ғазалиёт, маснавии «Лай-лй ва Маҷнун», маснавии нотамоми «Тӯҳфаи дӯстон», рисолаи «Бадоеъ-ус-саноеъ» иборат аст.
Шоҳин дар рисолаи «Бадоеъ-ус-саноеъ»-и худ ил-лату нуқсонҳои аморатро ниҳоят нозуксанҷона ва бо нафрату газаби пуршӯр нишон додааст. Ин ҳамон хулосаҳоест, ки Дониш дар «Рисолаи таърихӣ» пас аз таҳлили таърихию иҷтимоии аморат далерона ва ошкоро гуфта буд. Ҳамон ҳақиқати таърихӣ ва конкре-тӣ суханони Донишро Шоҳин дар «Бадоеъ-ул-саноеъ» бо образҳои бадеӣ такрор ва тасдиқ намудааст. Бино-бар ин маснавии «Тӯҳфаи дӯстон» ва рисолаи «Бадо-еъ-ул-саноеъ» аз асарҳои беҳтарини адабиёти маориф-парварии нимаи дуюми асри XIX ба шумор мераванд. Исо Маҳмуди Бухороӣ, Хайрати Бухороӣ ва дигарон барин рӯшанфикрони забардасти охири асри XIX бу-данд, вале аз ҷиҳати ақидаву мафкура ба дараҷаи му-тафаккири бузург А.Дониш расида натавонистанд.
Бо баробари ба Руссия ҳамроҳ шудани Осиёи Марказй дар он корхонаҳои бузурги саноатию истеҳ-солӣ таъсис дода шуда робитаи тиҷоратию фарҳангии мардуми маҳаллӣ бо мардуми русҳо пайдо шуданд. Дар байни онҳо роҳҳои оҳан сохта шуд, ки он ба зиёд-шавии рафту омади мардуми тоҷику рус оварда расо-нид. Ин робита ба адабиёти маорифпарварони нимаи дуюми асри XIX ва ибтидои асри XX хеле таъсир ра-сонидааст.
Намояндагони пешқадами ин гуна адабиёт дар ви-лояти Фарғонаи кишвари Туркистон Муқимӣ, Амба-ротун, Фурқат, Ҳамза ва Дилшода буданд, ки ба фар-ҳангу тамаддуни баланди мардуми рус ҳусни таваҷҷӯҳ дошта, дӯстию рафоқати мардуми рус ва халқҳои Оси-ёи Марказиро дар маҳсули эҷодиёту ҳунари худ доимо таргибу ташфиқ мекарданд. Эҷодиёти онҳо баъди ин-қилоби маданӣ хеле ривоҷу равнақ ёфтааст. Шиносоӣ бо эҷодиёти рӯшанфикрони рус ба эҷодиёти баъзе аз озодандешону рӯшанфикрон чун Ҳайрат. Саҳбо, Аси-рӣ ва Айнӣ таъсири бузург расонид.
Ҳайрат шоири боистеъдод ва ғазалсарои забар-дасти мардуми форсзабон буда, дар назм роҳҳои нав меҷуст. Ӯ шеърҳое, низ дорад, ки дар онҳо мардумро ба маърифатнокӣ даъват намуда, дар роҳи беҳбудии мардум ҷаҳд карданро сифати олии инсон мешумо-рад. Яке аз ҳамзамону ҳамфикри Ҳайрат Тошхӯҷаи Асирӣ мебошад. Ӯ шоири инсондӯст буд ва мегуфт, ки «вазифаи адабиёт тавсифи акду дониш аст». Асирӣ мисли маорифпарварони ғарб ақидае дошт, ки бо роҳи маърифатнокӣ мардумро аз ҷаҳолат ва тас^суби динӣ раҳо додан мумкин аст. Вай боварии комил дошт, ки мактабҳои дунявӣ, илму маърифат мардумро хушбахт карда метавонад.
С.Айнӣ дар пайравии маорифпарварон китоби дарсии «Таҳзиб-ус-сибён»-ро таълиф карда буд, ки он бештар ба масъалаҳои муҳими иҷтимоии ҷомеа бах-шида шудааст.
Дар, шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд, Хуҷанд, Иста-равшан, Қуқанд, Ҳисор, Кӯлоб ва дигар шаҳрҳо соҳаҳои гуногуни ҳунармандӣ мавҷуд буд, ки фаъолияти ҳунармандон дар рисолаҳои косибии худ навишта ме-шуд. Дар тӯли чанд вақт аҳли ҳар як ҳунар ҷамъ шуда, он рисолаҳоро мутолиа мекарданд ва ба шогирдоне, ки ин ва ё он ҳунарро пурра омӯхтаанд, маросими камар-бандро гузаронида, ба онҳо ҳуқуқи кушодани устохо-наҳои шахсӣ медоданд. Ҳар як ҳунармандони халқӣ шаҳрҳо ва гузарҳои худро доштанд. Ҳунармандони машҳур дар Хуҷанд – Неъматшайхи Наҷҷор, Мулло Шайхи наққош, Мир Ҳайдари наққош, дар Истарав-шан – Мир Арбоби наққош, Бобоҷони наққош, дар Исфара – Мошариф оқсаққол, дар Конибодом – Боир-ҷони Кушкакӣ, Муҳаммад Шукури Наҷҷор, дар Бал-ҷувон- Сафари Чӯбтарош, Усто Нур, Ҳакими заргар, дар Бухоро -Мулло Муҳаммадшароф, Усто Баротбой, Усто Ҳакими Бухороӣ, Усто Суфӣ, Усто Бегим, Аб-дураҳими Кӯлобӣ, Маҳмудхоҷаи Балҷувонӣ, Зокири Хатлонӣ, Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртй, Ҳоҷй Муҳамма-ди Кӯлобӣ, Бисмили Ҳисорӣ, Саидвалии Ҳисорӣ, Ка-рим Девона, Мавзуни Бадахшонй, Мусои Бадахшонӣ, Мулло Ёри Ванҷӣ ва даҳҳо дигарон буданд, ки бо ҳу-нари хеш машҳур шуда буданд.
Ҳар як касб пири худро дошт. Масалан: пири оҳан-гарон- Довуд, санъати тасвирӣ- Дониёр, дӯзандагию рассомӣ -Бибӣ Зӯҳро ва дигарон. Агар мардон маҳсу-ли ҳунари худро дар меъморӣ, кулолгарӣ чӯбтарошӣ, ороишй, кандакорй тасвир намоянд, духтарону занҳои тоҷик завқи бадеӣ, орзую умеди худро ба рӯи матоъҳо, рӯймолҳо, тоққиҳо, чодар, борпӯшҳо, чойхалта, ҷияк, дастпонак, гилем ва ғайра мекашиданду медӯхтанд.
Яке аз хусусиятҳои муҳимтарини фарҳангии ин давра дар он буд, ки олимону нависандагон ва шои-рон, на танҳо дар шаҳрҳои марказӣ, балки дар шаҳр-ҳои дигар, марказҳои адабиро ташкил карда, асарҳои худро офаридаанд.
Масалан бузургтарин пайрави сабки Бедил ин Нақибхон Туғрали Аҳрори Валӣ мебошанд, ки маҳсу-ли маънавиёташ аз мухаммас, қасида, маснавӣ, достон-ҳои «Фироқнома» ва «Соқинома» боқӣ мондаанд.
Мавзӯъҳои бенавоӣ, қашшоқӣ, зулм, истибдод, меҳру муҳаббат дар эҷодиёти даҳонии мардуми тоҷик бештар ба чашм мерасид. Масалан: достони «Гуруғ-лӣ»-и тоҷикӣ аз дигар мардум бо хусусиятҳои ватан-парварӣ, инсондӯстӣ ва қаҳрамононаш фарқ меку-над.
Гарчанде ки дар сатҳи иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии халқи тоҷик дар асри XIX ибтидои асри XX навовариҳои зиёде ба вуқӯъ пайваста бошад ҳам, мардум анъана, урфу одат ва маросимҳои миллии худ-ро давом медоданд. Масалан: тӯйҳои суннатӣ, иди рамазон, тӯйи арӯсӣ, иди қурбон, Наврӯз, сурудҳои гаҳворабандон, сурудҳои аллаи модарон, базми гул, СУРУДИ ёр-ёри арӯсӣ, сурудҳои мавсимию маросимӣ ба монанди гулгардонӣ, наврӯзӣ, сайри лола, сумалак, суруд-ҳои марсиявӣ, гиря, чӯпонӣ, гандумдаравӣ, хир-манкӯбй, бофандагӣ, силсилаи суруду оҳангҳои клас-сикии шашмақом, суруду оҳангҳои тоҷик аз мақомҳои Бузург, Рост, Наво, Дугоҳ, Сегоҳ, Ироқ ва ғайраҳо. Намояндагони соҳаи санъати мусиқӣ оид ба мақом бисёр рисолаҳои илмй навиштаанд. Яке аз он рисолаҳо «Рисолаи шашмақом»-и (1884) Мусохӯҷаи Турки-стонй буда, дар бораи таркиби сохти шашмақом маъ-лумотҳои муфид додааст. Дар соҳаи санъати театрӣ бошад театри халқии Лӯхтак, дорбозӣ, масхарабозй, хирсбозй, булбулбозӣ ва ғайра амал мекард.
Омӯхтани ин ва ё он илм ба будану набудани му-даррисҳо вобаста буд. Оид ба фаъолияти мударрисҳо, таълиму тарбия ва зисту зиндагонии онҳо дар асри XIX ибтидои асри XX- и мардуми тоҷик устод Сад-риддин Айнӣ дар асарҳояш «Ғуломон», «Дохунда», «Мактаби кӯҳна», «Одина» ва «Ёддоштҳо» ошкору ҳаққони ва муфассал баён намудааст. Дар он давра мадрасаҳо маркази тайёр кардани аҳли илму фарҳанг буд ва ин гуна даргоҳ барои мардуми тоҷик муқаддас дониста мешуд.
РУШАНФИКРОН ВА Ё МАОРИФПАРВАРОНИ
ТОҶИК
А.Дониш ва Т.Асирӣ
Қори Раҳматуллои Возеҳ
Шамсиддини Шоҳин
Муқимӣ ва Фурқат
Абулқодири Савдо
Ҳамза ва Дилшода
Садриддин Айнй
Амбароту