Таълимоти чорвакхо

Фалсафаи чорвакҳо, ки бо номи локаята.низ маъруф аст, таълимоти материалистии аҳди бостони ҳинд ба шумор меравад. Локаята-аз калимаи санскритии «лока» гирифта шуда, маънии «макон, кишвар, мамлакат, олам, Коинот, замин, ҳаёт»-ро ифода намуда, дар шакли ҷамъ ба маънии «халқ, мардум, одамият» фаҳмида мешавад. Баъзеҳо мафҳуми «локаята»-ро дар шакли «локаятама» пазируфтаанд, ки маънии «нуқтаи назари мардуми оддӣ»-ро дорад. Синоними мафҳуми «локаята» калимаи «чарвака» мебошад, ки маънояш нисбатан норавшан аст. Аз рӯи баъзе тахминҳо «чарвака» ибтидои номи асосгузори ин таълимот аст. Мувофиқи ақидаи дуюм, ин калима аз феъли чар — хӯрдан, хойидан гирифта шудааст, зеро пайравони ин таълимот «хӯрдан, нӯшидан, хушҳолӣ» — ро таблиғ мекарданд. Гурӯҳи сеюм бошад, бар онанд, ки мафҳуми «чарвака» аз калимаи «чару» — форам, хуш ва «вак» — калима гирифта шудаанд, ки ҳамчун «каломи хуш» фаҳмида мешавад. Муассиси онро Берхесити (Браҳаспати) меноманд, ки яке аз пайравони намоёни мактаби настика буд. Настика-мактаби фалсафиест, ки бо тамоми маъниаш даҳрӣ мебошад. Тибқи таълимоти он, дар олам ҳарончӣ ҳаст ва узвҳои ҳис онро эҳсос мекунанд ва берун аз он чизеро эътироф намекарданд. Зиндагиву маргро шаклҳои тавофутноки модда медонистанд. Бархилофи дигар макотиби фалсафии ҳинд равияи чорвакҳо «Ведаҳо» — ро эътироф намекард, ба зиндагии баъди марг бовар надошт, мавҷудияти худоро куллан инкор мекард ва ҷаҳонбинии он бошад, аслан ба нахустин будани модда ва дуюм будани шуур асос ёфтааст.

Чорвакҳо дар муқобили ҷаҳонбинии ведӣ қарор гирифта, адабиёт, таълимот ва дини онҳоро ҳадафи танқиди сахт қарор додааст. Онҳо чунин ақида доштанд, ки нуқсони асосии «Ведаҳо» сохтакорӣ, зиддиятнокӣ ва пургапӣ буда, касоне, ки худро донандаи «Ведаҳо» мешумориданд, қаллоб ва фиребгари гузаро мебошанд. Умуман, «Ведаҳо» ба фикри онҳо «сергапии беақлона буда, маросимҳои он бошад, воситаи шикамсеркунист».

Лаҳзаи муҳими таълимоти материалистии чорвакҳо ин назарияи онҳо оид ба пайдоиши шуур ба шумор меравад. Онҳо ба дарки он омада расиданд, ки шуур ин хосияти материяи олиташкил аст.

Шуур аз маҳабҳут (яъне модда) – об, оташ, хок ва ҳаво ба вуҷуд оварда шудааст ва ҳангоми муттаҳид шудани онҳо ҷисми зинда тавлид мешавад. Худ аз худ ваю – ҳаво, агни – оташ, ап – об ва кшити — хок шуурро ба вуҷуд оварда наметавонанд. Мадҳавачоря дар бораи мактаби чорвакаҳо менависад: «Дар ин мактаб танҳо чор унсур эътироф мешавад: хок, об, оташ, ҳаво. Ва маҳз ҳамин чор аслро асоси пайдоиши шуур медонанд». Мувофиқи ақидаи онҳо бо фасод шудани тан нафс ҳам нест мешавад.

Аз гуфтаҳои боло бармеояд, ки мувофиқи таълимоти чорвакҳо, танҳо олами воқеӣ ва ҳаёти воқеӣ вуҷуд дораду халос. Онҳо худоёнро эътироф надоранд ва аз ин рӯ, даҳрӣ (атеист) мебошанд.

Ахлоқи чорвакҳо хусусияти гедонистӣ дошт. Онҳо мақсаду мароми зиндагиро дар хушбахтӣ медиданд, хушбахтиро бошад, чун ҳаловату фараҳ мефаҳмиданд. Дар ин масъала онҳо қатъиян дар муқобили буддоиҳо қарор доштанд, ки онҳо зиндагиро танҳо аз ранҷу азоб иборат медонистанд ва бояд гуфт, ки гедонизми чорвакҳо ба муқобили ҳақирӣ ва худро маҳкуми марг сохтани буддоиҳо дар нирвана нигаронида шуда буд.

Чорвакҳо дар назарияи маърифат дар мавқеи сенсуалистӣ меистоданд. Онҳо ҳама гуна хиради фавқулоддаро маҷмӯи эҳсосот медонистанд.

Бояд гуфт, ки чорвакҳо дар замони худ, яъне дар аҳди бостон шӯҳрату нуфузи зиёдеро касб карда буданд. Лекин бо мурури замон ин мактаб таъсири худро гум кард ва асарҳои онҳо бошад, нобуд шуданд, ё ки қасдан аз тарафи браҳманҳо, ки бештар ҳадафи мазаммати чорвакҳо гашта буданд, сӯзонда мешуданд, ки имрӯз чизе аз онҳо боқӣ намондааст

463
Нет комментариев. Ваш будет первым!