Унсурхои фалсафи

Дар миёнаҳои ҳазораи якуми пеш аз эраи мо дар ҳиндустон дар заминаи ҷамоаи деҳотӣ шакли нави муносибатҳои истеҳсолӣ ташаккул ёфт, ки ба ҷудошавии косибӣ аз хоҷагии қишлоқ, ба вуҷуд омадани марказҳои тиҷоратию косибӣ, ибтидои асри санг ва инкишофи муносибатҳои пулию молӣ алоқаманд буд. Бӯҳрони низоми кастагӣ дар ин давра боло гирифта, муборизаи кшатриҳо ва вайшиҳо ба муқобили браҳманҳо шиддат меёфт. Дар ҳиндустон дар ин давра давлатҳои зиёде вуҷуд доштанд, вале Магадҳа нисбат ба ҳамаи онҳо афзалият дошт ва қуллаи баланди тараққиёти он ба давраи салтанати Ашокҳо (273 — 232) рост меомад. Дар чунин шароит нахустин мактабҳои фалсафии ҳинд ба вуҷуд омаданд, ки доир ба баъзеи онҳо мухтасар маълумот хоҳем дод.

Мактабҳои фалсафии ҳинд гуногунанд, лекин муҳим­таринашон фалсафаи Буддо, ҷайния, чорвакҳо, веданта, вайшешика, няя, санкҳя ва йога ба шумор мераванд.

330
Нет комментариев. Ваш будет первым!