Адабиёти дини
Доир ба ҷаҳонбинии динӣ ва фалсафии мардуми ҳинд асарҳои зиёде вуҷуд доранд. Осори қадимтарини адабиёти ҳинд «Веда» (Веда калимаи санскритӣ буда, маънии донишро далолат мекунад) ном дошта, дар охири ҳазорсолаи II ва ҳазорсолаи I пеш аз эраи мо ба забони қадимаи ҳиндӣ (яъне ведӣ) эҷод шудааст. «Веда»-ҳо аз чор қисм: «Ригведа», «Самаведа», «Яҷурведа» ва «Атҳарваведа» иборат буда, маҷмӯи гимнҳо, муноҷот ва дуоҳои маросимиро дар бар мегирад. Мураттабсозӣ ва тафсири «Веда»-ҳо дар нимаи якуми ҳазорсолаи пеш аз эраи мо анҷом пазируфтааст. Хондан ва аз худ кардани онон танҳо ба мардони се варнаи (табақаи) аввал раво буду халос. Занҳо ва шудраҳо аз қироату азбар кардани ин маҳрум буданд.
Бояд гуфт, ки аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа «Веда» — ҳоро ба чор гурӯҳ ҷудо мекунанд: якум-самхита, ё ки худи «Веда»-ҳо, дуюм-Браҳманҳо, сеюм — Аранякҳо, чорум – Упанишодҳо. «Веда»-ҳо, ки асосан аз маҷмӯи ҷаҳонбинии қабоили ориёӣ бармеоянд, хусусияти асотирӣ ва бисёрхудоӣ доранд. Чунончи, танҳо дар «Ригведа» номи зиёда аз се ҳазор худоён зикр ёфтаанд. Дар ибтидо онҳоро миранда мешумурданд, аммо баъдтар онҳо хислати намирандагӣ ва абадиятро гирифтанд. Худоёни ведӣ аслан таҷассуми ҳодисот ва равандҳои табиат буда, офаридгор ва содиркунандагони онҳо ҳисоб мешуданд. Зинаи қадимаи ривоятҳои ориёӣ ба сӯи давраи модаршоҳӣ (матриархат) майл мекард. Дар ин давра мавқеи асосиро дар пантеони (Пантеон – номи умумии ҳамаи худоёни динҳои политеистӣ буда, инчунин маъбади қадимаи худоёнро низ ифода мекунад) ориёӣ Адита-Притхива- «Модар-худои беинтиҳо», ки 12 писар дошт, ишғол мекард. Худои Варуна таҷассуми осмони ситоразор ва ҳамзамон ҳокими шаб ба шумор мерафт. Митра, Суря, Пушан, Савитар бошанд, таҷассумгари Офтоб буданд. Аз ҳамин сабаб, Митра ҳокими рӯз ҳисобида мешуд. Варуна ва Митра (аввал шаб, баъд рӯз) одамонро назорат карда, ба онҳо ҷазо таъин мекунанд ва ҷазо медиҳанд. Арянам-ҳокими рӯҳи аҷдодони фавтида ва ғайра ба шумор мерафт. Баъдтар ба ин пантеон Индра ва Вишну илова шуданд. ҳамаи ин худоҳо аслан, таҷассуми ҳаводиси табиат буда, ҳар кадом ба андозае кӯшидааст онро ба таври худ шарҳ диҳад. Масалан, кусуфу хусуф чунин шарҳ дода мешуд, ки гӯё азозил Раҳу гоҳ Офтоб ва гоҳ Моҳтобро фурӯ мебурда бошад. Пайдарпай омадани субҳ ва баромади Офтоб чунин шарҳ дода мешуд, ки гӯё худои Офтоб Суря худои субҳ Ушасро таъқиб мекарда бошад.
Вақте ки қабилаҳои ориёӣ дар ҳинд маскан ихтиёр кардаанд, аз шуғли чорводорӣ ба зироаткорӣ гузаштанд. Онҳо аз ҷангалзорҳо заминҳои киштбоб тайёр мекарданд. Чи хеле ки маълум аст, зироаткорӣ аз боронгариҳои пайдарпай ва хушксолию беборонӣ вобастагӣ дорад, ки ин дар асотири ин давра бевосита инъикос меёфт. Маҳз аз ҳамин ҷо давраи дуввуми мифологияи (асотири) ориёӣ оғоз мешавад. Дар мадди аввал худои оташ Агни, худои Офтоб Суря-Савитар, худои тӯфон, раъду барқ Индра арзи ҳастӣ карданд. Маҳз худои Индра осмонро аз замин ҷудо кард. ӯ доимо бо худои хушксолӣ Вритра дар набард буд. Хулоса, давраи дуввуми ташаккули мифологияи ҳинд дар алоқамандии зич бо ҳодисаҳои табиат ва таъсири онҳо ба тарзи истеҳсолот ба вуҷуд омаданд ва маҳз бо ҳамин хусусиятҳо ҷаҳонбинии ин давра аз ҷаҳонбинии пешин фарқ мекунад.
Хусусияти хоси ҷаҳонбинии ҳинди қадим дар он аст, ки дар ин давра дар соҳаи маънавиёт пешрафти назаррасе мушоҳида мешавад ва он, бешубҳа, гузариш аз асотир ба оғози фалсафа мебошад. Чунин гузариш ҳанӯз дар Ригведа мушоҳида мешуд, аммо танҳо дар қисмати Упонишодҳо он ба қуллаи баланд мерасад.
Дар байни гимнҳои зиёди Ригведа, ки дар ситоиши худои Индра суруда мешуданд, ишораҳое вуҷуд доштанд, ки мавҷудияти Индраро инкор мекарданд. Ба ин мазмун чунин саволҳо буданд: «Касе ӯро дидааст?» ё ки «Вай дар куҷост?» ва ғайра. Дар гимни дигар бошад оиди ягонагии худоён ишораҳо ба чашм мерасанд. Худоҳои Агни, Индра, Яма, Варуна ва номгӯи гуногуни онҳо аз тарафи донишмандон ҳамчун «ҳастии ягона» тавсиф шудаанд. Дар гимни «Пуруша» бошад, асоси антропоморфӣ (антропоморфӣ ба чизҳои беҷон, ҷисмҳои осмони ва ҳайвонот нисбат додани хислатҳои одамӣ, ҳамчунин худоро ба шакли одами тасаввур кардан) доштани ҷаҳонбинии асотирӣ баръало намоён мешавад. Чунончи, Пуруша («мард») айни Коинот шумурда мешуд: «Охир Пуруша ин коинотест, ки аз қадим вуҷуд дорад ва хоҳад дошт», омадааст дар яке аз гимнҳои Ригведа. ҷаҳонбинии ведӣ аслан динию асотирӣ буд ва маҳз аз ҳамин ҷиҳат пайдоиши олам аз Пуруша ҳамчун маросими динӣ ҷилвагар шудааст. Мувофиқи ин ривоятҳо аспу гов, гимну сурудҳо, Офтоб, фазо, бод, осмон, замин ва ҳатто худоҳои Индра ва Агни офаридаи Пуруша мебошанд. Дар гимни «Пуруша» лаҳзаи ғоявии он, нобаробарии иҷтимоии одамон, низоми варнагии Ҳинди қадим асосонок карда мешавад: браҳманҳо аз даҳони Пуруша, кшатриҳо аз бозувон, вайшиҳо аз миён ва шудраҳо бошанд, аз пойҳои он пайдо шудаанд. Бояд гуфт, ки дар маъхазҳои Ҳинди қадим доир ба варнаҳо аввалин маротиб дар ҳамин ҷо ишора рафтааст.
Дар қатори гимнҳои «Пуруша» ва «Гармои кайҳонӣ» дар қисмати охирини Ригведа гимнҳои дигаре дучор мешаванд, ки дар он масъалаи офариниши олам мавриди таваҷҷӯҳи бештаре қарор гирифтааст. Чунончи, дар қисмати «Гимн доир ба офариниши олам» масоили хусусияти ҷаҳонбинӣ дошта, аз қабили пайдоиши олам, хушкӣ, намӣ, гармӣ, пайдоиши ҳаёт ва ғ. гузошта шудаанд ва боз дар худи ҳамин гимн ба хулосае меоянд, ки дар ибтидо ҳеҷ чиз вуҷуд надоштааст. Маргу зиндагӣ, намию хушкӣ, шабу рӯз вуҷуд надоштанд ва тамоми фазоро пардаи торикӣ пӯшонда буд. Танҳо мавҷудияти кадом як навъи гармие, ки манбаи он номаълум буд, эътироф мешуд ва такони аввалинро низ ба он нисбат медоданд.
Зинаи дуввуми ҷаҳонбинии асотирии ориёӣ дар адабиёти дигари ведӣ-Браҳма инъикос ёфтааст. Таълимоти Браҳма, ки тӯли қарнҳо дар ин сарзамин ташаккул ёфтааст, аз маҷмӯи дуоҳое иборат аст, ки зимни онҳо тавсияҳои динию мазҳабӣ ва андарзҳои ахлоқӣ ифода ёфтаанд. Сабаби Браҳма ном гирифтани он низ дар ҳамин аст, ки таълимоташ аслан дар шакли муноҷот ва суруду доуҳо баён шудаанд.
Мабдаи нахустини олам аз нигоҳи браҳманҳо рӯҳи ягонаи ҷовид буда, рӯҳи инсон ҷузъи таркибии он аст. Браҳманҳо чунин мепиндоштанд, ки рӯҳи одами фавтида ба ҷисми дигари тавлидшаванда мегузарад. Чунон ки онҳо гумон мекарданд, рӯҳ пас аз марг ва нестшавии ҷасад дар олами малакутӣ ё дӯзахҳои бистуҳаштгона сукунат кардан боз ба замин фуруд меояд. Агар аз олами малакутӣ омада бошад, ба ҷисми одамони нек, яъне браҳманҳо ва худоён ва агар аз дӯзах баргашта бошад, ба ҷисми сифлагону табоҳкорон дохил мешавад.
Браҳманҳо офарида шудани оламро инкор мекарданд. Онҳо коинотро айни Браҳма ва Браҳмаро айни Коинот медонистанд. Мувофиқи ақидаи браҳманҳо, Майя, яъне тарсу ҳарос, ваҳму хаёл онҳо (Коиноту Браҳма)-ро аз ҳам ҷудо карда, якеро холиқу дигареро махлуқ, якеро сабабу дигареро оқибат мепиндорад, ҳоло он ки ҳарду як вуҷуду як ҳақиқатанд.
Браҳма идора кардани Коинотро ба салоҳияти ду худои дигар, ки дар пояи арши ӯ меистоданд, супурдааст: Яке вишнуи валинеъмат, яъне худои некӣ ва дигаре Шиваи даҳшатангез, яъне худои бадӣ. Ба ҷуз инҳо боз се худои бузурги дигар мавҷуданд. Муҳимтаринашон инҳоянд: Индра – худои осмон, Агати – худои оташ, Яма – худои дӯзах, Суря – худои хуршед (Офтоб).
Зарурати диниро браҳманҳо дар тиловати дуоҳо, ибодати доимӣ, риёзат кашидан, ба даргоҳи Браҳма қурбонӣ кардан, рӯза доштан, садақа кардан, меҳмоннавозӣ ва тарбияи фарзандон медиданд. Хислатҳои золимӣ, ҷоҳилӣ, дурӯғгӯӣ, дуздӣ, зинокорӣ, таносоӣ, бадгӯию бадандешӣ ҳаром шумурда мешуданд. Браҳманҳо нобаробарии иҷтимоӣ, ба кастаҳо ҷудошавии ҷомеаро аз мавқеи динӣ шарҳ медоданд ва асоснок мекарданд. Тобеияти бечунучаро ба браҳманҳо, эътирофи ҳукумати шоҳӣ, иҷроиши браҳмаҳои (ӯҳдадориҳои динию шаҳрвандӣ) варнаи худ накӯкориҳои муҳимтарин ҳисоб мешуданд. Ба ақидаи онҳо, иҷрои расму оинҳои муайян воситаи покшавӣ аз гуноҳ ба ҳисоб мерафт.
Дар муносибати оилавӣ мард мавқеи фахрӣ дошта, барои завҷа ҳамчун чизи муқаддас ҳисоб мешуд ва пас аз марги шавҳар зан бояд худкушӣ мекард, то дар он дунё низ хизмати ӯро ба ҷо орад. Зан бо рӯи кушод мегашт ва дар муомилоту ҳуқуқ бо мард баробар буд.
Браҳмания ба пайдоиши макотиби мухталифи фалсафии Ҳинд аз қабили будоия, ҷайния, ҳиндуия ва ғайра замина гузошт. ҳоло браҳмания дар шакли ҳиндуизм, яъне дини давлатии ҳиндустон вуҷуд дорад.
Бо мурури замон браҳманҳо китоби дигареро, ки мазмуну мундариҷааш аз таълимоти браҳмания фарқ мекард, ба вуҷуд оварданд. Ин таълимот бо номи «Дастури бешагӣ» маълум буда, ин қисматро асосан, Аранякҳо меномиданд. «Дастури бешагӣ» барои зоҳидоне, ки дар ҷангалҳо гӯшанишинӣ ихтиёр карда буданд, таъин шуда буд. Гузариш аз ҳолати гӯшанишинии хонагӣ бо риёзаткашӣ ҳамчун пеш гирифтани «роҳи дониш» фаҳмида мешуд. Дар шароити ҷангал иҷро намудани расму русуми хонагӣ ғайриимкон буд ва ин шакли риёзат барои ташаккули порсоёна мутобиқат мекард ва имкон медод, ки Аранякҳо нисбат ба браҳманҳо дорои идроки баландтар гарданд.
қисмати хотимавии «Веда»-ҳоро «Упанишодҳо» ташкил мекунанд, ки дар он аслан рисолаҳои мазмуни фалсафидошта гирд оварда шудаанд. Упанишад калимаи санскритӣ (упа – ни – шад) буда, маънояш дар назди устод нишаста таълим гирифтан мебошад. Воқеан, дар ин асар панду андарзҳо кам нестанд. Аз ин рӯ, дар байни ном ва моҳияти ин мафҳум пайвастагии ногусастание вуҷуд дорад. «Упанишодҳо» аз 108 матни ҳаҷман гуногун (аз як то сад саҳифа) иборат буда, қисмати аввали он дар асрҳои 6-3 пеш аз милод ва қисмати охири он дар асрҳои ХIV-ХV эраи мо офарида шудаанд.
Теъдоде аз файласуфон «Упанишодҳо» — ро ҳамчун асари фалсафӣ қаламдод кардаанд. Чунончи, олими аврупоӣ П.Дейсен, муаллифи «Фалсафаи Упанишод» таълимоти «Упанишодҳо» — ро ба назарияҳои Афлотун мусовӣ донистааст. Илова бар ин, дар «Упанишодҳо» гӯё таълимоти (доктринаи) Кант эҳсос карда мешавад. Олими ҳинд С. Чакрабортӣ бошад, дар «Упанишодҳо» «авҷи аълои фалсафаи ҳинд» — ро мебинад. Гӯё маҳз ташаккули афкори ақлгароёна (ратсионалистӣ) дар таълимоти «Упанишодҳо» муаллифро ба чунин андеша водор карда бошад. Бояд гуфт, ки «Упанишодҳо» таркибан хело ҳам мураккаб буда, асосан аз маҷмӯи гуфторҳо, андарзҳо, муноҷот, дуою гимнҳо, маросимҳо, истиораю муаммоҳо иборат аст. Маросимҳо дар «Упанишодҳо» нисбат ба «Браҳманҳо» хеле кам дучор мешаванд. Лекин бо вуҷуди ин унсурҳои динию асотирӣ дар «Упанишодҳо» афзалият доранд.
Дар «Упанишодҳо» миқдори худоҳо хеле зиёданд. Пеш аз ҳама номи худои Проҷапатӣ ва баъд Браҳма, яъне офаридгори варнаҳо ва дҳармаҳо дучор мешаванд. Дар яке аз ривоятҳо омадааст, ки чӣ тавр аз торикии кулл худои Проҷапатӣ ва аз зарраҳои он Шива, Вишну ва Браҳма пайдо шуданд. Аз ин рӯ, асотири «Упанишодҳо» ба расму оин сахт марбут аст.
қобили тазаккур аст, ки дар қисматҳои минбаъдаи «Упанишодҳо» аз бисёрхудоӣ ба яккахудоӣ рӯ оварда шудааст. Чунончи, шумораи худоҳо аз 3306-тои аввал ба 33 ва ниҳоят танҳо ба Браҳма омада қарор мегирад. Аз ҳамин ҷо шурӯъ карда, дар таълимоти «Упанишодҳо» гузариш ба фалсафа оғоз мешавад. Мафҳуми Браҳма акнун на танҳо ҳамчун Худо, балки ҳамчун мабдаи (субстансияи) ягона таҷассум меёфт. Баъзан Браҳма айни Атман доиниста мешуд ва дар ҷаҳонбинии онҳо омезиш ва таҷассуми субъекту объект ба назар мерасад. Дар таълимоти «Упанишодҳо» аломатҳои диалектика (ба маънии таълимот дар бораи ягонагию муборизаи ба ҳам зидҳо) низ дучор мешаванд. Чунончи, дар он омадааст: «Дар асл Браҳман ин Атман аст, ки … аз гармию сардӣ, аз хостану нахостан, дҳарма ва ғайридҳарма таркиб ёфтааст». Нисбати Атман гуфта мешавад, ки ӯ аз донаи биринҷ хурдтар ва аз Замин бузургтар аст. Ё худ Шива нисбати худ мегӯяд: «Ман аз ҳама хурд ҳастам ва аз ҳама бузург менамоям» ва ғ.
Дар «Упанишодҳо» масъалаи мавқеи намоёнро ишғол мекунад. Назарияи маърифати он ба таҷассуми Браҳман-Атман нигаронида шудааст. Мувофиқи таълимоти он, «агар Атман дониста шавад, пас ҳама чиз дониста мешавад». Мақсади олӣ дар зиндагӣ, тибқи ин таълимот, ин якшавии Браҳман ба Атман ҳангоми зиндагӣ, аз сансара наҷот ёфтан ва баъди марг ба «олами Браҳма» мушарраф шудан ба шумор меравад. «Упанишодҳо» «чобукӣ, саховатмандӣ, софдилӣ, ҳақиқатпарастӣ» — ро тарғиб мекарданд. Проҷапатӣ ба фарзандонаш се васият карда буд. Васиятҳои ӯ хомӯш кардани шаҳват, садақа ба бечорагон, ҳамдардӣ ба наздикон мебошанд.
Бояд гуфт, ки дар ташаккули афкори ақлгароёнаи (ратсионалистии) ҳинди бостон «Веда»-ҳо, хусусан қисматҳои «Ригведа» ва «Упанишодҳо» нақши муҳим доранд. Маҳз дар ҳамин қисматҳо мафҳумҳо ва таълимоти асосии ведӣ, аз қабили браҳман, атман, рита, дҳарма, карма, мокша ва ғ. баён шуда, масъалаҳои ҷаҳоншиносиву илоҳиёт, таълимот дар бораи охират ва наҷот, назарияҳои ҳастӣ ва маърифат, манбаъҳои асосии он баррасӣ шудаанд. Дар «Веда»-ҳо роҳҳои амалии бартараф кардани шар, ранҷу азоб, инчунин роҳҳои дарёфт кардани саодату озодӣ нишон дода шудааст. қобили қайд аст, ки «Веда»-ҳо дар таъсису ташаккули макотиби гуногуни фалсафии ҳинд, алалхусус будоия ва ҷайния мақоми муҳим дорад.