Фалсафаи хиндустони бостони

Хиндустон дар таърихи башарият бо тамаддуни бою кӯҳан ва макотиби гуногуни фалсафии худ маъруфият ёфтааст. Тибқи сарчашмаву маъхазҳо мардуми ҳинду аз давраҳои қадим ба фалсафа ва табииёт ошноӣ доштанд. Аммо бояд зикр намуд, ки дар риштаҳои дигари фалсафа, хусусан дар он риштаҳое, ки ба мушоҳида ва таҷриба иртибот доранд, дар ин сарзамин пешрафти назаррасе ҳосил нагардид. Дар илми илоҳиёт ва риёзиёт бошад, баръакс, ба комёбиҳои бузурге ноил шуданд, зеро дини Браҳма, яъне дини ҳиндуёни қадим, ба ҷуз аз масоили динӣ чизи дигареро намеандешид, аммо ба гуногунандешӣ дар ҷомеаи ҳинд мусоидат менамуд.

қобили зикр аст, ки афкори фалсафии мардуми ҳинду боиси таваҷҷӯҳи ҷаҳониён гардида буд ва ҳатто донишмандони Юнон баъзе афкору ақоиди худро аз ин сарзамин ба даст оварданд. Чунончи, истилоҳи қувва ва феъл, ҳаюло ва сурат аввалин бор дар фалсафаи няя ба забон оварда шуданд ва таълимоти атомистии Демокрит низ аз фалсафаи ҳинд – вайшешика об мехӯрад. Инчунин рақамҳои ҳандасӣ ва илми ҳандаса (ҳандаса аз калимаи ҳинд гирифта шудааст) ва илми риёзиёт маъруф бо ҳамин ном аз ин ҷо ба дунё паҳн шуданд.

Оғози фалсафа дар ҳиндустони қадим ба миёнаҳои ҳазораи якуми пеш аз милод рост меояд ва ин давра дар таърихи қавмҳои ҳиндӣ ҳамчун давраи пайдоишу ташаккулёбии давлат ва нашъу намо ёфтани он маълум аст. Дар ин давра идоракунии давлат дар ихтиёри роҷа қарор дошта, ҳокимияти ӯ бошад, асосан ба табақаҳои аристократияи заминдор ва коҳинони сарватманд, яъне ба браҳманҳо такя мекард.

ҷамъияти ҳинди қадим ба чор варна ҷудо мешуд, ки ин ҷиҳати муҳим ва фарқкунандаи он ба шумор меравад: браҳманҳо (дар забони санскритӣ вожаи «браҳма» ба маънии дуо ва «браҳман» ба маънии дуогӯй омадааст), кшатриҳо (Кшатри аз феъли «кши», яъне доштан, ҳокимият доштан, ҳукмрон будан, куштан, задан гирифта шудааст), вайшиҳо (вайши аз вожаи «вайшя» гирифта шуда, маънии садоқату тобеиятро дорад) ва шудраҳо (пайдоиши калимаи «шудра» номаълум аст). Калимаи санскритии «варна» маънои «ранг, парда, тобиш» — ро дорад, вале дар Аврупо ба маънии «каста» (табақа) истеъмол мешавад. ҳар як табақаи зикршуда ранги хоси худро дошт: браҳманҳо-сафед, кшатриҳо-қирмизӣ, вайшиҳо -зард, шудраҳо – сиёҳ. Ин табақаҳо аз гурӯҳҳои муайяни одамон иборат буда, ҳар яке дар ҷамъият мавқеи муайяни худро доштанд. Дар ҳамаи табақаҳо муносибати эндогамӣ ҳукмрон буд, ки мувофиқи он никоҳи байни табақаҳои бегона манъ карда мешуд. Мансубияти табақавӣ модарзодӣ буда, хусусияти меросӣ дошт. Меҳнати фикрӣ мутааллиқ ба табақаи олӣ, яъне браҳманҳо буда, соҳаи ҳарбӣ ба табақаи кшатриҳо, зироаткорӣ, ҳунармандӣ, косибӣ, савдо ба вайшиҳо ва меҳнати аз ҳама вазнину токатфарсо ба шудраҳо мансуб буд. Се табақаи аввал ориёнажод буда, аз табақаи чорум шудраҳо, ки аслан аз мардуми бумӣ буданд, фарқ мекарданд. Рӯҳонияти ҳинд низ фақат табақоти сегонаро мӯҳтарам мешумурд ва мӯътақид бар он буд, ки онҳо чандин зинаро паймуда, акнун дар зинаи такомул қарор доранд. Аммо табақаи охир, яъне сиёҳон ва ашхоси ноқисулақлро мардуми наҷис шумурда, даъвои онро дошт, ки сиёҳон ва ашхоси ноқисулхилқа ҳанӯз по ба марҳалаи сайри такомул наниҳодаанд ва рӯҳи шар дар тани онҳо ҷой гузидааст. Тай намудани зинаҳои тукомул барои мардони гурӯҳи чорум ва занҳои ҳамаи табақаҳо мамнӯъ буд, зеро ки мувофиқи қонуни мавҷуда онҳо аз ҳайвон ҳеҷ фарқе надоштанд. Браҳманҳо дар идоракунии давлат таъсиру нуфузи зиёде доштанд, лекин ҳокимияти воқеӣ аслан дар дасти кшатриҳо буд. Танҳо онҳо донандагони асили матнҳои динӣ ва расму оинҳое, ки қасдан аз тарафи худи онҳо мураккаб карда мешуданд, ба ҳисоб мерафтанд. Браҳманҳо ба ҷаҳонбинии динӣ ва асотирие, ки дар Ҳинд ҳукмрон буд, такя намуда, миёнравии байни олами табиӣ ва ғайритабиӣ, байни одамон ва худоҳоро иҷро намуда, ба идеологҳои расмии ориёиҳо табдил ёфта буданд.

1.48K
Нет комментариев. Ваш будет первым!