Мазмун ва мундариҷаи илми фалсафа дар доираи фанҳои зерин ҳувайдо мешавад: илми мантиқ; антропологияи фалсафӣ; илми ахлоқ; фалсафаи иҷтимоӣ; илми эстетика; фалсафаи забон; фалсафаи дин; фалсафаи ҳуқуқ; фалсафаи сиёсат; фалсафаи фарҳанг; фалсафаи таърих; таърихи фалсафа ва ғ. Дар бобҳои минбаъдаи китоби мазкур доир ба ҳар кадоми ин илмҳои фалсафӣ ва мавзӯоти фарогирифтаи онҳо маълумоти муфассал дода мешавад
Сохтори фалсафа
Сохтори илми фалсафа хеле мураккаб буда, якчанд қисмҳоро шомил аст: онтология (таълимот дар бораи ҳастӣ; ҳастишиносӣ); гносеология (таълимот дар бораи маърифат; маърифатшиносӣ); аксиология (таълимот дар бораи арзишҳо; арзишшиносӣ); праксиология (таълимот оид ба фаъолияти амалии инсон).