Мафхуми чахонбини, чихатхо, зинахо ва шаклхои таърихии он

Истилоҳи «ҷаҳонбинӣ» дар марҳилаи таърихии Замони Нави Аврупои ғарбӣ пайдо шуда, ба фалсафа аз нимаи дуюми асри XIX ворид гашта, мавриди истифодаи васеъ қарор гирифт.

ҷаҳонбинӣ ҳамчун мафҳуми фалсафӣ маҷмӯи ақидаҳои умумӣ роҷеъ ба воқеият, табиат, ҷамъият, мақоми инсон дар ҷомеа ва тазоҳури ақидаҳои мазкур дар рафтору амалиёти одамонро ифода мекунад.

Аз ин рӯ, ҷаҳонбинӣ барои ҳамагуна маслак, афкори иҷтимоӣ, динӣ, фалсафӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқӣ ҳамчун зерниҳод хизмат мекунад. Ин зерниҳод ду сатҳ ё ҷиҳат дорад: яке ҳиссӣ-равонӣ ва дигаре маърифатӣ-ақлист. ҷиҳати ҳиссиву равонии ҷаҳонбинӣ рӯҳияву ҳиссиёти инсонро ба ҳадаф гирифта, дар он хурсандӣ, рӯҳбаландӣ, саодатмандӣ, маъюсӣ, рӯҳафтодагӣ ва ғ.-ро ба вуҷуд меоварад.ҷиҳати маърифативу ақлии ҷаҳонбинӣ бошад, дар шакли донишҳо ва арзишҳо ба идроку ақли инсон нигаронида шуда, онро тасхир мекунад ва робита бо эҳсосу иродаи худи инсон дар шуури ӯ дар шакли эътиқод нақш мебандад.

Инчунин ҷаҳонбинӣ омили муҳими бамиёноварандаю муайянкунандаи сифати ахлоқ ва муносибати инсон бо ҳаёт, бо талаботу ниёзҳои гуногуни нафси худ, бо ҳамҷинсон, бо меҳнат, бо илму дониш, бо дину давлат ва дигар падидаҳои ҳаётии ӯ низ мебошад.

ҳамин тариқ, маҷмӯи ҳамагуна бинишу нигариш ба олам, ба ҳаводиси табиат ва ҷамъият, назария ва дидҳои фалсафӣ, иҷтимоиву сиёсӣ, ахлоқиву зебоишиносӣ, илмӣ аз ҷаҳонбинӣ маншаъ гирифта, онро ифода мекунад.

ҷаҳонбинӣ дар се зинаи ба ҳам алоқаманду пайванди назариву амалии шинохти маънавии робитаҳои дохилии табиат, ҷамъият ва инсон ташаккул меёбад ва амал мекунад, ки инҳо зинаҳои: 1) маърифат ё шинохт (худшиносӣ, ҷаҳон­шиносӣ), 2) арзёбӣ, 3) натиҷагирӣ (ғоягирӣ, идеология) мебошанд. Бисёр хусусиятҳои ҷамъиятиву таърихӣ, навъҳои гуногун ва таркиби ҷаҳонбини инсон маҳз дар ҳамин зинаҳои шинохти олам ва раванди маърифати маънавии он ошкор мегарданд.

Хусусияти муҳими ҷаҳонбинӣ аз он иборат аст, ки он сатҳи олии худидоракунии инсони ҷамъиятӣ буда тамоми фаъолияти маънавию амалии ӯро фаро мегирад.

Дар ҷаҳонбинӣ шинохти воқеият, инъикоси он аз мавқеи хостҳо, ҳадафҳо ва ормонҳои субъект сурат мегирад. ҷаҳонбинии инсон ифодакунандаи ваҳдати дониш, арзёбӣ ва ғоятпазирии ӯ мебошад. Ин падидаи махсуси шуури инсон аст, ки ба ҳеҷ яке аз шаклҳои шуури ҷамъиятӣ, аз ҷумла фалсафа айният надорад. Илму ҳунар, адабиёт, фалсафа, ахлоқ, инсон, ҷамъият, табиат ва ҳатто ҳастӣ ҳангоме маънӣ пайдо мекунанду ҷиҳат мегиранд, ки бар асос ва муттакои як ҷаҳонбинӣ устувор бошанд ва бо меъёрҳои он санҷида шаванд.

Дар раванди инкишофи таърихии фарҳанги башарӣ, ки дар такомули худшиносӣ ва ҷаҳоншиносӣ пайдарпай, аз насл ба насл ва давра ба давра сурат мегирад, ҷаҳонбинӣ низ аз лиҳози ҳаҷм, сифат ва сатҳ такмил меёбад. ҷаҳонбинӣ дар оғози пайдоиши худ эътиқодеро ифода мекунад, ки дар заминаи таҳлил ва арзёбии аввалин донишҳои ҳосилшуда роҷеъ ба моҳияти ҳастӣ дар шуур инъикос меёбад. Ин гуна донишҳоро асотир (мифология) меноманд. ҷаҳонбинии асотирӣ инъикоси афсонавию ҳаётии моҳияти ҳастӣ мебошад. Ин ҷаҳонбинӣ хоси инсонест, ки ӯ ҳанӯз чун тифли кӯчак дар оғӯшу парвариши модаронаи табиат беғаму бепарво ва бедарду беташвиши аёми балоғат мезияд. Инсони асотирӣ (примитивӣ) мисли инсони мутамаддину муосир азоби рӯҳӣ намекашад. Чунки ӯ, ба қавли Гегел, «рӯҳи мустақил ва озоди инсонӣ» надорад. ӯ ҳанӯз инсони табиӣ ва ҷамъиятист. Вобаста аз ин хусусиятҳои ҷаҳонбинии асотирӣ ҷамъияти инсонӣ низ аз қайду басти қонунҳои табиат озод нест. Ин ҷомеа мисли «галаи бешӯбон» аст. қонунҳои ҳукмрони зиндагӣ бар он ҷомеа маҳсули шуур ва тафаккури ҷамъиятӣ нест, балки ин қонунҳоро табиат ба «ақли ҳайвонӣ» ва бетафовути инсону ҷомеаи асотирӣ ироа мекунад.

Эътиқоди ҷаҳонбинии чунин инсонро барои он асотирӣ номидаанд, ки он ҷаҳонбинӣ аз нигоҳи мантиқӣ –илмӣ асоси воқеӣ надорад, инъикоси дурусти моҳияти ҳастӣ нест. Он маҳсули тахайюлоти бофтаи ноби инсон, ки дар бораи ончӣ бояд бошад ва ончӣ ҳаст, мебошад.

Инсони асотирӣ дар муносибат бо худу ҳамроҳонаш ва муҳити атроф дар маърифати онҳо танҳо олатҳои ҳис ва идрокро ба кор мебарад ва бо таъсири онҳо тибқи ниёз­мандиҳои ақли ҳайвонии худ муносибат мекунад. Барои ӯ хатову савоб, неку бад, росту дурӯғ ошкор нест. Чунки зътиқоди инсони асотирӣ эътиқоди бетафовути фарқият­нопазири ӯ ҳамчун як ҳайвони табиӣ мебошад. Вай ҳуқуқи озодӣ надорад, чунки дорои шуури сайқалёфта нест.

ҷаҳонбинии динӣ –ин эътиқоди инсонист, ки моҳияти фавқуттабиатӣ доштани асрори он чӣ ҳаст ва он чӣ бояд бошадро ифода мекунад. Бо тавассути чунин эътиқод инсон ба маърифати худ ва ҷаҳон на аз чашми сар, ки махлуқу зоҳирбин аст, балки аз мавқеи рӯҳи бошуури инсон, рӯҳе ки аслан аз хок нест, мепардозад.

ҳамин тавр, вижагиҳои ҷаҳонбинӣ ва дониши фалсафиро муайян карда, зимнан дарк кардан мумкин аст, ки ҷаҳонбинии фалсафӣ, баъдан, фанни фалсафа ва доираи мавзӯъҳои он, дар раванди тӯлонии тадриҷан бартараф шудани маҳдудиятҳое ташаккул ёфтааст, ки он маҳдудиятҳо ба ҷаҳонбинии асотирӣ ва динӣ-табиӣ (анимизм, тотемизм, политеизм ва ғ.) хос буданд. Сониян, набояд фаромӯш кард, ки донишҳои фалсафӣ худ ба худ ё ба таври стихиявӣ пайдо нашуда, балки дар натиҷаи кӯшишу фаъолияти муназзами илмиву маърифатӣ фароҳам оварда мешуданд. ҳадафи фалсафа, дар бартарӣ аз асотир, анимизм, тотемизм, политеизм ва дигар шаклҳои бостонии ҷаҳонбинӣ, ба омӯзишу тафсири озодонаву танқидии олам ва ҳаёти инсон нигаронида шуда буд. Агар дар асотир ва динҳои табиӣ вижагии антропоморфизм (ба аҷсому падидаҳои табиӣ нисбат додани феълу сифатҳои инсонӣ) хос бошад, дар фалсафа, баръакс, олам ҳамчун як майдони амали қувваҳои айнии ғайриинсонӣ ва ғайришахсӣ маънидод карда мешуд.

Дигар бартарияти ҷаҳонбинии фалсафӣ аз дигар анвоъи зикршудаи ҷаҳонбинии асотирӣ аз он иборат аст, ки, ҷаҳонбинии фалсафӣ бо бурҳони ақливу мантиқӣ муҷаҳҳаз буда, дар заминаи шинохти назариявии воқеият асос меёбад, ҷаҳонбинии асотирӣ бошад, танҳо бар пояи маърифати мушоҳидавию таҷрибавии воқеият устувор аст. Яъне ҳар он чизе ки инсони қадим ба василаи чашми худ медид ва онро дар ҳаёти рӯзмаррааш воқеан мушоҳида мекарду ба кор мебурд — асоситарин хусусияти ҷаҳонбинии асотирист.

Фалсафа ҳамчун ҷавҳари назариявии ҷаҳонбинӣ аст.

Умуман маънои луғавии фалсафа ҳикматдӯстӣ мебошад. ҷавҳари ҳикмати фалсафӣ иборат аз он аст, ки моҳияти асливу ҳақиқии мавҷудияти равандҳо, нахустсабабҳо ва қонуниятҳои инкишофи олам дарёфт шавад. Арасту қайд кардааст, ки «фалсафа ба ошкор сохтани нахустсабабу нахустасос равона карда шудааст, файласуф бошад-ин ҳамон кас аст, ки метавонад ошкор кардани сабабҳоро хубтар омӯзонад».

Фалсафа ҳамчун замонаи дар андешаҳо фарогирифта (К.Маркс) фаҳмида мешавад ва онро барои он арҷгузорӣ мекунанд, ки ҳамчун мактаби инкишофи тафаккури назариявӣ баромад мекунад. Масъулияти файласуф – таваҷҷӯҳ зоҳир кардан ба ҳаводиси замона, фаҳмида гирифтани шароити номуайян ва муайян кардани қонуниятҳои падидаҳо бавуқӯъоянда мебошад. Бинобар ин, дар бораи фалсафа мегӯянд, ки он моҳияти маънавии замони худ мебошад. Фалсафа ҳамчун шакли шуури ҷамъиятӣ ба коркарди ақидаи комил дар бораи олам ва мавқеи инсон дар он равона шудааст.

Фалсафа ҳамчун шакли шуури ҷамъиятӣ ба саволҳои: олам аз рӯи табиати худ чи гуна аст; оё чизи умумие вуҷуд дорад, ки ба ҳамаи ашёву падидаҳои воқеӣ хос бошад ва агар ин гуна чизи умумӣ мавҷуд бошад, пас ҳақиқат чист? ва ғ. ҷавоб медиҳад. Моҳияти ҳақиқии масоили фалсафа ҳам аз гузориши ҳамин саволҳо бармеоянд. Масъалаҳои фалсафӣ – муносибати инсон ба олам, мақому рисолати ӯ дар он, чигунагии донисташавандагии олам, амалу фаъолияти инсон дар олам ва ғ. мебошад.

Аз ин ҷост, ки фалсафа ҳамчун шакли шуури ҷамъиятӣ вазифаи ниҳоят муҳим – вазифаи худшиносии иҷтимоиро ба ҷо меорад.

Яке аз хусусиятҳои назаррасӣ фалсафа ҳамчун шакли шуури ҷамъиятӣ аз он иборат аст, ки ҳақиқатро меомӯзад ва маърифат мекунад. Оё масъалаи маърифат ба ҳақиқат иртиботе дорад ё онҳо масъалаҳои гуногунанд? Вобаста ба ин савол бояд гуфт, ки ҳақиқат ва маърифат ду паҳлӯи ҳамон як масъала – масъалаи гносеологӣ ё донисташавандагии олам мебошад. ҳақиқатро фақат ба василаи маърифат ошкор сохтану дарёфтан мумкин аст. Фалсафа ҳеҷ гоҳ дар тамоми давру замон аз ошкор сохтани ҳақиқат сарпечӣ намекард. Барои файласуфон донистани ҳақиқат ҳама вақт маънои ба даст овардани донишҳои воқеӣ дар бораи ҳастии олам ва инсон, мақсади ҳаёт, ҳадафҳои инсон, моҳияти бадию некӣ ва ғ.-ро дорад.

Барои он ки фалсафа мунсибатҳои куллии инсониро ба олам ва оламро ба инсон омӯзад, робитаи байни шуур ва ҳастиро дарк намуда, ба саволҳои рӯзмарра ҷавоб гардонад, ба он лозим аст, ки усул ё методи махсуси маърифати худро кор карда барояд. Ин метод тафаккури назариявиест, ки табақ­бандии назариявӣ, хулосаҳои мантиқию ратсионалӣ, хулоса­барорию қиёси падидаҳои гуногун ва ҷустуҷӯи равобити онҳоро дар бар мегирад.

Дигар хусусияти муҳими фалсафа ҳамчун шакли шуури ҷамъиятӣ аз он иборат аст, ки он ҷаҳонбинист. Доир ба хасоисӣ асосии ҷаҳонбинии фалсафӣ қаблан дар ҳамин мавзӯъ маълумот дода будем.

Фалсафа ҳамчун шакли шуури ҷамъиятӣ бо илм робитаи ҷудонопазир дорад. Донишҳои илмию фалсафӣ мураттаб ва мутасл буда, ҳар як нуқоти онҳо мантиқан аз моҳияти дигар нуқоташон сар мезанад. ҳам донишҳои илмӣ ва ҳам донишҳои фалсафӣ дорои бурҳони қотеъ буда, собитшавандаанд. Ин донишҳо на ба эътиқоду тасаввуроти ошкоро, на ба табъу эҳсосот, балки ба далоилу бурҳони мантиқиву асоснок такя мекунанд. Фалсафа ва илм барои дарёфту ошкор сохтани ҳақиқат пайваста ҷаҳду талош мекунад. Аз ин гуфта бармеояд, ки миёни онҳо робитаи узвию ҷудонопазир мавҷуд аст.

Дар айни замон, донишҳои фалсафӣ хусусиятҳои хоси худро доранд, ки онҳоро ягон илми дигар доро нест. Он дар баробари иҷрои муҳимтарин вазифаҳо, аз қабили ҷамъбастгардонӣ, муттаҳидсозии донишҳои мухталиф, кашфи қонуниятҳои умумитарин, муайян намудани робитамандии олами ҳастӣ, мақоми назариявии фалсафа ва ғ. имконият медиҳад, ки он вазифаи пешгӯикунӣ ё эвристикӣ яъне пешниҳоди фарзияҳои пешакӣ роҷеъ ба принсипҳои умумӣ, тамоили инкишоф, инчунин тахминҳои пешакӣ дар бораи падидаҳои мушаххаси олам, ки ҳанӯз бо усулҳои махсуси илми омӯхта нашудаанд, иҷро намояд. Ин ба фалсафа имконият медиҳад, ки норасоиву иштибоҳоти маърифатии манзараи оламро рафъ созад. Фалсафа ин камбудиҳоро ба василаи тафаккури мантиқӣ ислоҳ ва пурра мегардонад.

Муносибатҳои маърифатӣ, арзишӣ, ахлоқӣ ва эстетикии инсон ба олам, ки аз гуфтаҳои боло бармеоянд, фалсафа меомӯзад. Фанни фалсафа «муносибати инсон-олам мебошад, ки аз нуқтаи назарҳои гуногун баррасӣ шудааст. ҳам олам ва ҳам инсон тағйир меёбанд, бинобар ин, фаҳмиши фанни фалсафа падидаи мушаххасӣ – таърихӣ мебошад.

Аз чунин фаҳмиши фалсафа таъиноти замонавӣ ва робитаи он бо ҳаёт, эҷоди манзараи ҳаққонии замона ва дарки маънову моҳияти ҳастӣ бармеояд.

ҳамчунин фалсафа ҳамчун шакли шуури ҷамъиятӣ бо муносибатҳои ҷамъиятӣ низ робитаманд аст. Зеро фалсафа чи аз ҷиҳати пайдоиш ва чи аз рӯи таъиноташ ба муносибатҳои ҷамъиятии инсону башарият, ба воқеияту муносибатҳои ибайни одамон алоқаи канданашаванда дорад. Ба оуносибати инсон ба олами беруна ва дарки маърифатию диалектикии ҷамъият низ сарукор дорад. Чунки муносибати эҷодӣ ба олам метавонад танҳо ҳамчун муносибати иҷтимоӣ ба хуби дарк карда шавад.

Фалсафа дар тӯли таърихи мавҷудияти худ чор марҳилаи асосии ташаккулро аз сар гузаронидааст. Дар марҳилаи аввал – Давраи қадим (асрҳои VI то мелод – III мелодӣ) масъалаи асосии мавриди назари файласуфонро кайҳон ва асрори пайдоиши он ташкил медод. Бинобар ҳамин фалсафаи давраи қадим, хусусан, мактаби фалсафии Миллети Юнони Бостонро фалсафаи космосентрӣ (кайҳонмарказӣ) меноманд. Намоян­дагони бузургтарини фалсафа дар аҳди бостон – Фалес ва Гераклит, Левкипп ва Демокрит, Суқрот, Афлотун, Арасту, ҳамчунин, мактабҳои калбиён, эпикуриҳо, равоқиён, шак­кокиён ва навафлотуния ба шумор мераванд. Дар марҳилаи дуввуми ташаккули фалсафа – Асрҳои Миёна (асрҳои IV-XIV мелодӣ) масъалаи асосии фалсафа – шинохти Худо мебошад, бинобар ҳамин фалсафаи асримиёнагиро фалсафаи теосентрӣ (Худомарказӣ) меноманд. Ин марҳила, алалхусус, марҳилаи рушди бесобиқаи фалсафаи илоҳиётшиносӣ, илмҳои шаръӣ, ирфону адаб ва дигар илмҳо ба шумор меравад. Марҳилаи саввуми ташаккули фалсафа, ки дар тӯли он масъалаи асосии фалсафа инсон ва ҷомеа маҳсуб мешуд, Замони Нав (асрҳои XY-XIX)-ро дар бар мегирад. Ниҳоят, аз асри XX сар карда то замони ҷорӣ марҳилаи чаҳоруми ташаккули фалсафа идома дорад, ки мавзӯи асосии таҳқиқоти онро проблемаи забон, алалхусус, забони илм ташкил медиҳад.

Нахустин мактаби фалсафӣ, ки дар Юнони Қадим ташаккул ёфтааст, фалсафаи табиат (натурфилософия) мебошад. Машҳуртарин намояндагони ин мактаб Фалес, Гераклит, Левкипп, Демокрит ва Пифагор мебошанд. Фалес ва Гераклитро масъалаи мабдаъи моддии олам ба худ ҷалб намуда буд ва онҳо он мабдаъро моддӣ мешумориданд. Левкипп ва Демокрит аввалин бунёдгузорони назарияи атомистӣ маҳсуб мешаванд. Онҳо атомҳо (хурдтарин заррачаҳои тақсимнопазир)-ро нахусаносири олами моддӣ мепиндоштанд. Пифагор ва шогирдони ӯро бошад, ҷиҳати миқдории масъалаи пайдоиш ва инкишофи олами моддӣ ба худ саргарм намуда, онҳоро ба кушодани муаммои ададҳо машғул медошт.

Мактаби дигари фалсафии Юнони қадим – мактаби ақлгароӣ мебошад, ки маъруфтарин намояндагони он Суқрот, Афлотун ва Арасту мебошанд. Суқрот ва Афлотун асосгузорони фалсафаи идеалистӣ маҳсуб мешаванд ва нахустин бор дар таърихи фалсафа таълимот дар бораи идеяро кор карда баромадаанд. Арасту бошад, бунёдгузори материализми метафизикӣ ва мантиқи шаклӣ мебошад. Муҳимтарин мақулаи низоми фалсафии Арасту – мақулаи шакл аст.

Чаҳор мактаби дигари фалсафаи замони бостон дар давраи эллинистӣ ташаккул ёфтаанд. Ин мактабҳо –мактабҳои калбиён, эпикуриён, равоқиён ва шаккокиён буданд. Масъалаи асосии фалсафаи калбиёнро – масъалаи худкифоягии инсон, масъалаи асосии мавриди баҳси Эпикур ва пайравони ӯро – таносуб ва айнияти миёни хушбахтӣ ва лаззати зиндагӣ, масъалаи асосии мавриди назари равоқиёнро – инсон ва сарнавишти кайҳонии ӯ, ҷавҳари таълимоти шаккокиёнро бошад, таълимот дар бораи фазилати хомӯшӣ ё сукути хирадмандона ташкил медоданд.

Охирин мактаби фалсафии замони бостон – мактаби навафлотуния мебошад, ки мағзи таълимоти онро ғояи ваҳдати вуҷуд ва ақида дар бораи силсиламаротиби ҳастӣ ташкил медиҳад.

Фалсафа дар Асрҳои Миёна асосан дар ду минтақаи бузурги ҷуғрофиёӣ – Аврупои насронӣ ва Шарқи исломӣ рушд менамуд. Дар ин давра фалсафа дар Аврупо ду давраи инкишофро тай намудааст: 1) давраи ташаккул ва такомули фалсафаи мадрасӣ (схоластикӣ), рушди миститсизм, илму ҳикмат ва донишу эътиқодҳои динӣ. Машҳуртарин намояндаи ин давра Августини Муқаддас мебошад; 2) давраи рушди муносибати мӯътадилонаи байни имон ва ақл. Намояндаи маъруфи ин давра Фомаи Аквинӣ мебошад. Чи тавре ки қаблан зикр кардем, масъалаи асосии фалсафаи асримиёнагии Аврупо – масъалаи маърифати Худо, ғояҳои асосии он бошад – яккахудоӣ (монотеизм), офариниши олам (креатсионизм), имон ба Худо, ишқи илоҳӣ, умеди наҷот, иродаи нек, виҷдони пок, одамияту нексириштӣ ва амсоли онҳо ташкил медоданд.

Дар давраи мазкур фалсафа дар Шарқи исломӣ низ роҳи мураккаб ва пуршебу фарозеро тай намудааст. Низоми фалсафӣ, доираи мавзӯъ, масъалаҳо ва умуман мазмуну мундариҷаи афкори фалсафии Шарқи исломӣ нисбат ба фалсафаи асримиёнагии Аврупо хеле бой ва рангинтар буд. Барои исботи ин фикр фақат як сайри кӯтоҳ ба таърихи афкори илмиву фалсафии форсу тоҷик дар давраи салтанати Сомониён кофист.

Таърихи ташаккулу такомули афкори илмиву фалсафии форсу тоҷик дар давраи салтанати Сомониён ва баъди онҳо дар адабиёти илмӣ то ҳадди назаррас мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор гирифтааст. Бисёр муҳаққиқон мунсифона ин давраро ҳамчун даврони тиллоии инкишофи илму фарҳанг дар Хуросону Мовароуннаҳр тавсиф кардаанд. Пуштибониву ғамхории амирони Сомонӣ, аз як тараф, тарғибу ташвиқи муҷаддади илму ҳикмат дар китоби муқаддаси дини мубини ислом ва ҳадисҳои Паёмбари он, аз тарафи дигар, барои тавсиъа ва рушди ҳамаҷонибаи илму фарҳанг тамоми шароиту авомили созандаро фароҳам оварда буданд. Ба раванди ташаккулёбии илму фалсафаи исломии форсу тоҷик густариши забони арабӣ дар ҳавзаҳои интишори забони форсӣ – тоҷикӣ низ таъсири самароваре дошт: мутафаккирону олимони форсу тоҷик, аз ҷумла Абӯалӣ ибн Сино, маҳз ба тавассути забони арабӣ бо осори фалсафӣ, тиббӣ, дидактикиву адабии юнониҳо, ҳиндиҳо, суриёнҳо ва дигар халқиятҳои бостонӣ шинос шуда ва аз онҳо баҳрабардорӣ кардаанд. Гузашта аз ин, ҳатто шиносоии олимону мутафаккирони форсу тоҷик бо осори паҳлавӣ ва таъсирпазирии онҳо аз анъанаҳои илмии даврони Сосониён низ ба воситаи забони арабӣ сурат мегирифт.

Марҳилаи асосии ташаккули фалсафаи асримиёнагии форсу тоҷик аз замони таълифи «Донишнома» оғоз меёбад. Ибни Сино бо навиштани ин асари мукаммали фалсафӣ бори аввал асоси илоҳиётнигориро дар услуби забони форсӣ – тоҷикӣ татбиқ карда, тамоюлоти ташаккули лексикаи онро ба воситаи истилоҳоти арабӣ муайян кард. Ин ибткору иқдоми Ибни Сино хеле созанда буд, зеро дар пояи лексикаи арабии ба забони форсӣ – тоҷикӣ воридгардида роҳро барои забони фалсафаи форсу тоҷик боз кард. Истилоҳоти бешумори илмӣ ва фалсафие, ки Ибни Сино матраҳ карда буд, дар рушди минбаъдаи афкори илмиву фалсафии форсу тоҷик нақши арзандаву мусбатеро бозидаанд ва ҳанӯз ҳам забони илм ва фалсафаи форсу тоҷик аз истифодаи онҳо бархӯрдор аст. Аз ҷумлаи ин иқтибосот чунин истилоҳоти ҳоло ҳам дар фалсафаи тоҷику форс маъмулро зикр кардан мумкин аст: қазия, муқаддима, арӯз, араз, хитоба, шеър, муғолата, тамсил, толӣ, муқаддам, изофа, ҳамлӣ, мавзӯъ, мобаъдаттабиъа, фалсафа, ҳикмат ва ғ.

Гуфтан мумкин аст, ки рушди илму фалсафаи форсу тоҷик баъди таназзули давлати Сомониён низ дар Хуросону Мовароуннаҳр бедаранг идома ёфта, танҳо баъди ба истилои муғулҳо гирифтор шудани ин сарзамин ба бӯҳрону таназзул мубтало гаштааст. Чуноне ки мадракоти таърихӣ шаҳодат медиҳанд, аз замони салатанати Сомониён то истилои муғулҳо, яъне дар давраи салтанати сулолаҳои турктабори ғазнавиён, Салҷуқиён ва Хоразмшоҳиён, ҳаёту фаъолияти илмиву фарҳангӣ дар Хуросону Мовароуннаҳр ба таври муттасилона ҷараён дошт. Аз осори пурарзиши дар ин давраҳо навишташуда осори динӣ – фалсафӣ ва ашъори пурҳикмати Носири Хусрав (1004 – 1088), асарҳои фалсафии Афзалиддини Кошонӣ (нимаи дуввуми а. XII – авали а. XIII) аз қабили «Созу перояи шоҳони пурмоя», «Ал-муфид ли-л-мустафид», «Таърихи Байҳақӣ» — и бузугтарин муаррихи давраи ғазнавиён – Абулфазли Байҳақӣ (995 – 1077), «Cиёсатнома» — и Абӯалӣ ҳасан ибни Алӣ ибни Исҳоқ, мулаққаб ба «Низомулмулк» — вазири донишманди дарбори Салҷуқиён дар боби давлатдорӣ ва сиёсатшиносӣ, «ҳадоиқ – ус – сеҳр» — и Рашидаддини Ватвот дар назмшиносӣ, «Мақомоти ҳамидӣ» — и ҳамидаддини Балхӣ дар адабиётшиносӣ, «Чаҳор мақола» — и Низомии Арӯзии Самарқандӣ ва «Синдбоднома» — и Заҳирии Самарқандӣ дар боби фарҳангшиносӣ, «Кимиёи саодат» — и Абӯҳомид Муҳаммади ғазолӣ (1958 – 1111) дар боби ирфон ва тасаввуф, ё ин ки асари даҳҷилдаи тиббии Зайниддин Исмоили ҷурҷонӣ (ваф. 1135/1137) бо номи «Захираи Хоразмшоҳӣ», инчунин, асарҳои ба сарфу наҳв бахшидашудаи Абулқосим Маҳмуд Замахшарии Розӣ (1074 — 1143) ва Абӯбакр Абдулқоҳир ибни Абдурраҳмони ҷурҷонӣ ва амсоли онҳоро ном бурдан мумкин аст.

Як хусусияти бисёр ҳам ҷолиби забони илму фалсафаи асримиёнагии форсу тоҷик ин буд, ки он дар ду қолаб – қолаби манзуми шеърӣ ва қолаби мансури мантиқӣ ташаккул ёфта, нобиғаҳои илми форсу тоҷик дар ҳардуи ин қолабҳо маъниҳои фаровонеро роҷеъ ба моҳияти мавҷудоту падидаҳои олами моддиву маънавӣ тасвир карда тавонистаанд. Баъди истилои муғулҳо фаъолияти олимони тоҷик дар самти кашфи асрори олами моддӣ аз сабаби инқирози шароитҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, ҳамчунин аз сабаби ба инкишофи улуму фунуни табиатшиносӣ майл надоштани ҳокимони аз фарҳанг фарсахҳо дури муғулнажод рӯ ба инқироз ниҳод. Вале фаъолият дар кашфи моҳияти табиати равонии инсон, ки то ҳадде бо шароити моддиву иқтисодӣ вобаста нест, мисли пештара идома ёфта, дар ин ҷода мутафаккирони форсу тоҷик ба дастовардҳои оламшумул ноил гаштанд. Аз қабили ин гуна дастовардҳо — рубоиёти фалсафии Умари ҳайём, ғазалиёти Хоҷа ҳофиз, «Гулистон» — и Саъдӣ, «Маснавии маънавӣ» — и ҷалолуддини Румӣ, ашъори ирфонии Абдулқодири Бедил буда метавонанд, ки дар тӯли асрҳо ақлу дили оламиёнро тасхир карда меоянд.

Ба ҳамин тариқ, метавон гуфт, ки инқирози ҳаёти илмиву фарҳангӣ дар Шарқи асримиёнагии исломӣ, бархилофи ақидаҳои дар байни ағлаби муҳаққиқон роиҷ бо таълимоти исломи ноб, идеологияи мазҳаби ҳанафӣ ва ҷараёнҳои эътидолии ирфон ва тасаввуф, аз ҷумла бо идеологияи тариқати нақшбандия, ки дар шуур ва ҷаҳонбинии мардуми тоҷик асрҳои аср инҷониб ҳукмронӣ мекунанд, аслан ҳеҷ гуна робитае надорад. Баръакс, ҳамаи ин омилҳо инсонро ба кашфи асрори табиат, ба тасхир ва идораи оқилонаи олам ҳидоят мекунанд. Як нуктаи дигари муҳимро низ набояд фаромӯш кард, ки дар Асрҳои Миёна инқирози илмҳои табиатшиносӣ танҳо маҳдуди ҷаҳони исломӣ набуда, балки тамоми ҷаҳонро фаро гирифта буд. Бинобар ҳамин сабаби ин инқирозро дар дигар омилҳо ҷустан лозим аст.

ҷои шак нест, ки яке аз омилҳои асосии инқирози фалсафаи ақлонӣ ва илмҳои табиатшиносӣ дар ҷаҳони исломӣ — маҳз гирифтории сарзаминҳои исломӣ ба чанголи муғулҳои саҳронишин буд.

Омили дигари инқирози фалсафаи ақлонӣ ва илмҳои табиатшиносӣ дар Шарқи исломӣ ва умуман дар ҷаҳони асримиёнагӣ – адами усулҳои дақиқу таҷрибапазири омӯзиши қавонини табиат ва маърифати олами моддӣ мебошад. Маҳз кашфу татбиқи чунин усулҳои дақиқи омӯзишу маърифати олами табиӣ, ки дар оғози Замони Нав ба олимони ғарбӣ даст дода буд, барои илмҳои табиатшиносиро аз вартаи инқироз наҷот додан ва роҳ кушодан ба инқилобу кашфиётҳои нав ба нави илмиву техникӣ шароит фароҳам овардааст.

Дар ҳақиқат, имконияти раҳо кардани илмҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ аз бӯҳрони чандсадсолаи асримиёнагӣ аз асри XVII, баъди кашфи мантиқи риёзӣ, ё ин ки коркарди усулҳои нави таҳқиқоти илмӣ аз тарафи Ф. Бэкон (1561 – 1626), Р. Декарт (1596 – 1650), Б. Спиноза (1632 – 1677) ва дигар олимони ғарбӣ имконпазир гаштааст. Ф. Бэкон, барои он ки илмҳои таҷрибавиро аз вартаи бӯҳрон наҷот диҳад, назарияи ҳақиқати дугуна ё дуҷиҳатаро кор карда баромада буд. ӯ дар ин назарияи худ байни усулҳои маърифати ҳақоиқи динӣ (аз тариқи ваҳй илқошуда ё тавассути ҳадс (интуитсия) эҳсосшаванда, фавқулақлонӣ) ва маърифати фалсафӣ (аз тариқи олатҳои маърифат- ҳавоси панҷгона, идрок ва тафаккур касбшаванда ва таҷрибапазир) як навъ «девори Чин» гузошт. Бэкон чунин ақида дошт, ки мавзӯи илоҳиётшиносӣ – шинохти Худо буда, вазифаи он асоснок кардан ва ҳифз намудани эътиқоду имони динӣ, аммо мавзӯи фалсафа — табиат буда, вазифааш омӯзиши қонунҳои табиат ва коркарду татбиқи усулҳои маърифати олами табиӣ мебошад. ҳамин назарияи Бэкон баъдан аз тарафи дигар мутафаккирони ғарбӣ пазируфта шуда, ба шарофати татбиқи он дар ҷомеаи аврупоӣ инқилобҳои бесобиқаи илмӣ – техникӣ ба вуқӯъ пайвастанд ва олимони табиатшиноси ғарбӣ ба кашфиётҳои бузург ноил гаштанд.

Ба ҳамин тариқ, метавон хулоса кард, ки дар Асрҳои Миёна фалсафа бештар дар Аврупои насронӣ ва Шарқи исломӣ рушд намудааст. Мавзуи асосии фалсафаи асримиёнагии Аврупои насронӣ — масъалаи шинохти Худо буд. Ин мавзӯъ дар фалсафаи асримиёнагии исломӣ низ хеле мубрамият ва мақоми воло дошт. Дар фалсафаи асримиёнагии Аврупо аз замони Августини Авлиё то Фомаи Аквинӣ дар байни имон ва ақл ҳамоҳангӣ вуҷуд надошт ва донишҳои эътиқодӣ бидуни истидлоли мантиқӣ пазируфта мешуданд. Аз замони Фомаи Аквинӣ дар байни имон ва ақл созиш ба амал оварда мешавад ва барои ворид шудани истидлоли мантиқиву ақлонӣ ба ноҳияи фалсафаи мадрасии Аврупо шароит фароҳам меояд. Аммо файласуфон ва мутафаккирони мусалмон, алалхусус Ибни Сино ва дигар мутафаккирони бузурги форсу тоҷик, танҳо ба масоили илоҳиётшиносӣ маҳдуд нашуда, балки ба тамоми масъалаҳои илмиву фалсафии замони худ таваҷҷӯҳ зоҳир менамуданд. Дар Асрҳои Миёна Бухорову Самарқанд, Марву ҳирот ва дигар шаҳрҳои бузурги Хуросон ва Мовароуннаҳр аз замони салтанати Сомониён то истилои муғулҳо аз ҷумлаи муҳимтарин марказҳои илмиву фарҳангии Шарқи исломӣ маҳсуб мешуданд.

Дар Замони Нав, ки аз асри XYII оғоз меёбад, илмҳои табиатшиносӣ аз фалсафа ҷудо мешаванд. Ин илмҳо дар баробари рушди таҷрибавӣ пайдо карданашон, аз лиҳози назариявӣ низ асосноку мукаммал ва барои мустақилона тафсир кардан тавонистани моҳияти ҳодисаҳои физикӣ, кимиёӣ, биологӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди таҳқиқашон мутобиқ мешаванд. Дар натиҷаи чунин таҳаввулоти илмҳои табиатшиносӣ, онҳо дигар ба ҳимоят ва сарпарастии фалсафа эҳтиёҷ надоштанд. Акнун вазифаи анъанавии фалсафа дар таърихи илм ба ҳайси «шоҳи илмҳо» поён пазируфта буд. Дар паёмади ин дигаргуниҳо талабот барои аз нав муайян ва дақиқ кардани вазифаҳо ва доираи мавзӯи фалсафа ба миён омад. Дар ин ҷода алалхусус Ф.Гегел ва К.Маркс саҳми хеле бузург гузоштаанд. ҳар яки ин файласуфони бузурги аврупоӣ мӯътақид буд, ки маҳз низоми фалсафии ӯ таҷассумгари моҳият ва мазмуну мундариҷаи фалсафаи нобу ҳақиқӣ мебошад. Зимнан, ҳам Гегел ва ҳам К.Маркс барои афкори пешинаи фалсафӣ, алалхусус фалсафаи Юнони Бостон ва ғарби асримиёнагӣ низ арзишеро қоил буданд ва аз он барои танзими афкору низоми фалсафии худ ба таври фаровон сӯистифода бурдаанд.

Ба ҳамин тариқ, дар миёнаи асри XIX дар афкори фалсафии Аврупои ғарбӣ муҳимтарин тағйироти куллӣ дар таърихи фалсафа ба амал омад. Мутобиқи ин тағйирот таърихи фалсафаи Аврупо ба ду давраи асосӣ ҷудо карда мешавад: 1) давраи пайдоиш ва рушди фалсафаи анънавии классикӣ; 2) давраи ташаккул ва такомули фалсафаи муосири ғайрианъанавӣ, ки аз нимаи дуввуми асри XIX сар шуда то имрӯз идома ёфта истодааст.

Фалсафаи ғайрианъанавии муосири Аврупо бархилофи фалсафаи анъанавӣ-классикӣ дигар даъвои пурра ифода карда тавонистани мазмуни асосии масоили бунёдии маърифати фалсафиро надорад. Фалсафаи муосир масъалаи маърифати пурраи мавзӯъҳои фалсафиро ҳалнопазир мешуморад. Барои даст кашидани фалсафа аз даъвои мутлақияти донишу маърифати фалсафӣ чунин далел оварда мешавад, ки худи маърифати инсонӣ моҳиятан маҳдуд ва интиҳопазир мебошад. Илова бар ин, таҳқиқотҳое, ки тӯли ду асри охир гузаронида шудаанд, собит менамоянд, ки ҳар як амали маърифатӣ бо шароити мавҷудаи ҷамъиятиву таърихӣ ва фарҳангиву маънавӣ сахт вобаста мебошад. Яъне раванди тафаккур ва маърифати инсонӣ ҳамеша маҳдуд буда, таҳти таъсири омилҳо ва шароитҳои мушаххаси иҷтимоиву таърихӣ ва фарҳангӣ сурат мегирад. То он замоне, ки ҳаракат ва инкишофи ҷамъияти инсонӣ вуҷуд дорад, типҳои таърихии ҷомеа, фарҳанги башарӣ, низоми мавҷудаи донишҳо, аз ҷумла, тасаввуротҳо дар бораи амиқтарин мабонии мавҷудияти аносиру падидаҳои олами моддӣ ва ҳаёти инсонӣ низ доиман тағйир ва таҳаввул меёбанд.

Бо эътирофи ин ҳақиқат, дар фалсафаи ғайрианъанавии муосир ҳатто имкониятҳои маърифатии ақл ва тафаккури мантиқиро, ки барояш ҳамчун як «асос ё заминаи худкифоя» хидмат мерасонад, низ маҳдуд, тағйирёбанда ва муассири шароити ҷамъиятиву таърихӣ мешуморад. Яъне, дар баробари тағйироти миқдориву сифатии ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеаи башарӣ имкониятҳои маърифатӣ ва доираи мавзӯъҳои тафаккури фалсафӣ низ тағйир меёбанд. ҳамчунин, дар маҷмӯи захираҳои маърифатии фалсафаи ғайрианъанавии муосир низ тағйирот ба амал омада, дар он на танҳо унсурҳои зеҳнӣ ва ақлонӣ, балки унсурҳои марбут ба эътиқоди динӣ, эҳсосоту ҳолатҳои равонию қалбӣ, ҳадсу фаросат ва ирфон низ фароҳам оварда мешаванд. Умуман, метавон гуфт, фалсафаи ғайрианъанавии муосир тафаккури ақлониро аз он мақоми волое, ки дар фалсафаи классикӣ дошт, маъзул карда, ҳамзамон ба ҷустуҷӯи чунин як асли вуҷуди инсонӣ пардохтааст, ки он асл дар байни ҳастии объективии универсалӣ ва тафаккури инсонӣ нақши миёнаравро бозида, ба тамоми саволҳои тафаккури инсонӣ посух гуфтаву онро қонеъ карда тавонад.

Дар фалсафаи муосир нақши чунин аслро забон иҷро карда истодааст. Аммо ин ҷо таҳти мафҳуми «забон» танҳо забони гуфтугӯӣ не, балки тамоми воситаҳои равобиту муошират: тамоми анвои забонҳои риёзиву мантиқӣ, воситаҳои забонии бақайдгирӣ ва танзими нишондодҳои таҷрибаҳо ва дастгоҳҳои илмӣ, воситаҳои гуногуни сабту пахши иттилоот, забони технологияи компютерӣ, воситаҳои бадеиву рамзӣ ва ғ., низ дар назар дошта мешавад. Ба ин ҷиҳати масъалаи маърифат ва тафаккур, алалхусус, дар мактабу ҷараёнҳои мухталифи таҳлиливу структуралӣ, аз қабили фалсафаи лингвистӣ, постпозитивизм ва герменевтика таваҷҷӯҳи фаровон зоҳир карда мешавад.

Дар баробари забон, фарҳанг низ барои дар байни ҳастии объективӣ ва тафаккури инсонӣ эҷод кардани «ҳусни тафоҳум» нақши хеле муҳимро мебозад. Дар ин маврид мафҳуми «фарҳанг» низ ба маънои васеъ дар назар дошта шуда, ҳамаи он чизҳоеро фаро мегирад, ки он чизҳо аз ашёву падидаҳои табиӣ фарқ мекунанд. Дар ин гуна чизҳо нақши таъсири бевоситаи инсон ё таъсири офаридаҳои инсонӣ ба олами табиӣ, ки арсаи зиндагӣ ва фаъолияти иродиву ақлонии инсон мебошад, баръало ба назар мерасад. Яъне, фарҳанг гуфта дар забони фалсафаи муосир ҳамаи он чизҳо ва ҳодисаҳои аслан табиӣ ифода карда мешаванд, ки аз тарафи инсон тағйир дода шуда ё аз нав истеҳсол карда шудаанд, мисли корд, табар, арра хона, либос, технологияи саноатӣ, воситаҳои нақлиёту алоқа, асбобҳои ченкунандаи илмӣ ва ғ.

Аз ин нуқтаи назар, мавзӯъи фалсафаи муосир таҳқиқи универсалияҳои фарҳанг, яъне қонунҳои умумии пайдоиш ва рушди фарҳанги башарӣ мебошад. Мавзӯи мазкур, ки ҳанӯз дар марҳилаи ташаккулёбист, алъон чандон низомнок ва асоснок карда нашуда бошад ҳам, уфуқҳои наверо барои рушди инкишофи афкори фалсафӣ мекушояд. Инҷо мебояд тазаккур дод, ки ҷаҳони фарҳанги башарӣ, новобаста аз вижагиҳояш, як фаръ ё болосохте дар фавқи олами табиист, дар оғӯши ҳамин олам сабзида ва аз он ғизо мегирад. Аз инҷо маълум мегардад, ки фалсафаи муосир низ мисли фалсафаи анъанавӣ аз ковишу таҳқиқи нахустаносири ҳастӣ, пеш аз ҳама, ҳастии инсонӣ фориғ буда наметавонад. Пас, хулоса кардан мумкин аст, ки мавзӯи фалсафаро танҳо бо таҳқиқи фарҳанги башарӣ маҳдуд сохтан мувофиқи матлаб нест. Чунки, агар олами табиӣ, ки асоси моддии пайдоиш ва рушди инсоният ва фарҳанги башарӣ мебошад, аз маърази фалсафа хориҷ карда шавад, дар он сурат фалсафа ногузир аз илми ҷавҳаршиносӣ ба илми суваршиносӣ табдил хоҳад ёфт.

Хулоса, фалсафаи ғайрианъанавии муосир, новобаста аз баъзе тафовутҳо ва вижагиҳояш, мисли фалсафаи анъанавии классикӣ, шакли махсуси фаъолияти маънавии инсон буда, ба маърифату тасвири манзараи умумии олам нигаронида шудааст.

Мундариҷа, вазифаҳои асосӣ, метод ва принсипҳои фалсафа. Барои тасаввуроти пешакӣ ҳосил кардан дар бораи мундариҷа ва вазифаҳои асосии фалсафа, таърифе, ки онро яке аз асосгузорони фалсафаи классикии немис Иммануил Кант дар шарҳи фалсафа гуфтааст, зикр кардан бамаврид аст. Ба ақидаи ин файласуфи бузург, фалсафа мебояд ба саволҳои зерини инсон ҷавоб диҳад: Ман чиро дониста метавонам? Ман бояд чӣ кор кунам? Ман ба чӣ умед баста метавонам? Инсон чист ва моҳияту рисолати зиндагии ӯ аз чӣ иборат аст? Саволҳои додашуда мундариҷа ё масоили асосии фалсафаро хеле дақиқ муайян мекунанд. Дар баробари ин, И.Кант муҳимтарин масъалаи бунёдии фалсафаро, ки ҳамеша пешорӯяш меистад, хотиррасон накарда, ба ҳукми фаромӯшӣ супурдааст. Манзури мо – амиқтарин аслҳои мавҷудияти ҳастии универсалӣ, яъне масъалае мебошад, ки фаъолияти маърифатӣ ва умуман, фаъолияти ҳаётии инсон, дар замина ва чаҳорчӯбаи он доир мегарданд. Ба ақидаи И.Кант, ҳар чизе, ки инсон бо он рӯ ба рӯ мешавад, инсон он чизро аввал аз ғалбери ақлу тафаккур гузаронида, баъд дар хотираи худ сабт мекунад. Барои ҳамин мо оламро на дар он шакле, вуҷуд дорад, балки дар он шакле дарк мекунем, ки онро тафаккури мо тасвир мекунад. Инсон барои озод шудан аз ин хидмати миёнаравии ақл илоҷе надорад ва наметавонад оламеро, ки новобаста аз инсон ва тафаккури ӯ худ ба худ ба таври объективона вуҷуд дорад, бидуни миёнаравии ақл фаҳму дарк намояд.

Аммо нодурустии ин нуқтаи назари Кант дар раванди муосири инкишофи афкори фалсафӣ ҳарчи бештар собит шуда истодааст. Дар ҳақиқат, барои инсон имконияти воқеӣ барои озод шудан аз тобеияти ақлу тафаккур вуҷуд дорад. Чунин имконият дар заминаи фаъолияти азнавсозандаи инсон ва маҳсули чунин фаъолият муҳайё мешавад. Инсон ба тасаввуроти худ дар бораи олам такя карда, ашёҳои моддиеро месозад, ки онҳо на танҳо дар тасаввуроти ӯ, балки дар олами беруна, дар радифи дигар чизҳову равандҳои олами объективӣ арзи вуҷуд мекунанд. Чунончи, инсон телевизионро сохта истода, ба тасаввуроту донишҳои муайян роҷеъ ба қувваи барқ, анвои мухталифи мавҷҳо ва нурафканиҳои электромагнитӣ, вижагиҳои идроки самъӣ (шунавоӣ) ва басарӣ (бинишӣ), хосияти маводе, ки аз онҳо қисматҳои гуногуни ин дастгоҳи мураккаб тайёр карда мешавад ва дигар донишҳо такя мекунад. Ин дастгоҳ маҳз бо шарофати ба моҳияти ҳодисаҳои физикӣ, кимиёӣ, биологӣ ва ғ. сарфаҳм рафтани инсон вазифаи худро иҷро мекунад, яъне он садо медиҳад ва тасвир мекунад. Ба ҳамин тариқ, маълум мешавад, ки телевизион маҳсули танҳо тасаввуроту тахайюлоти инсон ё коркарди фикрӣ набуда, натиҷаи ба моҳияти ашёву ҳодисаҳои объективӣ сарфаҳм рафта тавонистани инсон низ мебошад.

ҳамин тавр, зарур аст, ки ба чаҳор масъалаи асосии фалсафа, ки онҳоро Кант зикр карда буд, боз як масъалаи дигар – масъала дар бораи хусусиятҳои куллии ҳастии айнӣ илова карда шавад. Яъне, мундариҷаи фалсафа аз маҷмӯи посухҳо ба ин масоили панҷгона фароҳам меояд.

Фалсафа ҳамчун шакли олии фаъолияти маънавӣ дар ҷомеа вазифаҳои гуногунеро иҷро мекунад, ки ҳар кадоми онҳо барои такомули фарҳанги башарӣ хеле муҳим ва мубрам мебошанд. Ин вазифаҳо аз инҳо иборатанд: вазифаи ҷаҳонбинӣ; вазифаи методологӣ; вазифаи маърифатӣ; вазифаи фикрӣ – назариявӣ, вазифаи интиқодӣ, вазифаи баҳамоварӣ (интегратсионӣ); вазифаи иҷтимоӣ-таърихӣ; вазифаи арзишӣ; вазифаи ояндабинӣ.

Ба маҷмӯи принсипҳои фалсафа – принсипи объективият, принсипи низомнокӣ, принсипи таърихӣ, принсипи мантиқӣ, принсипи герменевтикӣ ва ғ. дохил мешаванд.

Аз ҷумлаи методҳое, ки дар тӯли инкишофи таърихии афкори фалсафӣ тарроҳӣ шудаанд, методи диалектикӣ, методи метафизикӣ, методи догматикӣ, методи герменевтикӣ, методи эклектикиро зикр кардан мумкин аст. Алҳол бояд таъкид намоем, ки методи диалектикӣ, ки бештар ба донишҳои илмӣ такя дорад, аз методҳои метафизикӣ, догматикӣ ва эклектикӣ тафовут дорад. Тавассути методи диалектикӣ воқеият, объектҳо, падидаҳо ва равандҳо дар тағйирёбию инкишоф ва дар робитаю алоқамандӣ таҳқиқ карда мешаванд. Чунин талабот дар методҳои ғайридиалектикӣ ба таври зарурӣ риоя карда намешаванд. Аз ин рӯ, методи диалектикӣ нисбат ба методҳои ғайридиалектикӣ дар тадқиқоти илмӣ бештар бартарият касб менамояд

7.05K
Нет комментариев. Ваш будет первым!