Пайдоиши фалсафа ҳамчун шакли махсуси фаъолияти маънавӣ тақрибан ба ибтидои ҳазорсолаи якуми қабл аз мелод рост меояд. Аввалин бор истилоҳи «фалсафа»-ро мутафаккири Юнони бостонӣ Пифагор (миёнаҳои асри VI то мелод) ба кор бурдааст. Аммо таърифи нахустини нисбатан муфассал ва дақиқи ин мафҳум ба қалами Афлотун тааллуқ дорад. Афлотун зимни шарҳ додани мафҳуми фалсафа, инчунин тафовути мазмунии ин мафҳумро аз ду мафҳуми дигари бо он аз лиҳози маъно хеле наздик, яъне аз «дониш» ва «хирад» ба таври возеҳ нишон додааст. ҳамчунин дар таҳқиқу маънидод кардани мазмуну мундариҷаи мафҳуми фалсафа олими дигари Юнони бостонӣ – Арасту низ саҳми бузург гузоштааст.
То замони Афлотун ва Арасту фалсафа ғолибан аз донишҳое иборат буд, ки онҳоро одамон дар мактаби ҳаёт ва таҷрибаи рӯзгор андӯхта фароҳам оварда буданд. Ин донишҳо хеле мармузу номуназзам буданд ва дар шакли бадеӣ, ба таври хеле образнок ифода меёфтанд. Аз замони Афлотуну Арасту сар карда тадриҷан дар фалсафа ҷои донишҳои шаклан образноку бадеӣ (асотирӣ)-ро донишҳое мегиранд, ки шакли ифодаи онҳо бо моҳияташон, яъне бо шакли мантиқиашон мувофиқ буд. Аммо, новобаста аз ин тағйирот, услубҳои мармуз ва бадеиву образноки ифодаи мазмуни донишу таҷрибаҳо, на танҳо тӯлонӣ дар фалсафа боқӣ монданд, балки дар як бахши бузурги фалсафаи муосир, яъне фалсафаи Шарқ ҳанӯз ҳам ба сифати услубҳои ҳукмрон нақш мебозанд.
Бояд хотиррасон намуд, ки фалсафа асосан вобаста аз рӯи се таъиноташ бештар мавриди истифода қарор мегирад: а) фалсафа ҳамчун ҷаҳонбинӣ; б) фалсафа ҳамчун илм; в) фалсафа ҳамчун шакли шуури ҷамъиятӣ. Ин ҷанбаҳои зуҳурёбии донишҳои фалсафӣ дар шакли «соф» муқаррар набуда, балки ҳамдигарро печидаанд. Дар сатҳи илмӣ-маърифатӣ зарурати фарқ кардани ин ҷанбаҳо мувофиқи матлаб аст.
…