Предмет ва усулҳои омӯзиши фалсафаи ҳуқуқ
Ташаккулу инкишофи фаҳмиши фалсафии ҳуқуқ, таҳлили масоили фалсафии ҳуқуқ таърихан дар робита бо тасаввуроту мафҳумҳо ва ақидаҳоифитрӣ- ҳуқуқӣсурат гирифтааст. Ҳанӯз мутафаккирони дунёи қадим кӯшиши муайян намудани мабдаи табиӣ, фитрии давлат ва қонунҳоро ба харҷ дода буданд. Мисоли ин гуфтаҳо ақидаҳои зерин шуда метвонанд: мутобиқ будани ҳаёти одамон ба хиради фалсафӣ (Пифагор ва ҷонибдоронаш), давлат ва қонунҳо чун инъикоси назму суботи кайҳонӣ (Гераклит), тафовути қонуни сунъӣ ва ҳуқуқи табиӣ (софистон), таносуби қонунҳои худоӣ ва қонунҳои инсонӣ (Суқрот), мафҳуми баробарии геометрӣ ва арифметики Афлотун, ақидаи ҳуқуқи шартӣ, ё иродавӣ ва фитрии Арасту, ҳуқуқи табиат ва қонуни инсонӣ (Ситсерон), мафҳуми ҳуқуқ чун санъати некӣ ва адолат (ҳуқуқшиносони римӣ), таносуби ҳуқуқи иродавӣ, ҳуқуқи фитрӣ, ҳуқуқи инсонӣ ва ҳуқуқи худоӣ (Г. Гротсий) ва ғ. Масоили таъсиси ҳокимият, таносуби ҳокимияти динӣ ва дунявӣ, қонунҳои давлат ва қонунҳои илоҳӣ, риояи адолат дар давлатдорӣ ва қонунгузорӣ ва ғ. дар маркази таваҷҷӯҳи файласуфон ва мутафаккирони Шарқ низ қарор доштанд.
Ҳамин тариқ, дар тӯли асрҳо масоили фалсафии ҳуқуқ чун ҷузъиназарияҳои фитрӣ- ҳуқуқӣдарку таҳлил мешуданд. Ҳамзамон масоили фитрӣ-ҳуқуқӣ дар дохилиназарияҳои динӣ, фалсафӣ, ҳуқуқӣ, сиёсӣтаҳлил мешуданд. Дар Шарқ низ масоили назариявии ҳуқуқ дартаълимоти динӣ (дини зардуштӣ, дини ислом), фалсафаи калом, фалсафаи машшоъ, назму насрва ғ. баррасӣ мешуданд.
Ҳамин тариқ, зимни таҳлили як зумра масъалаҳои назаривӣ (таносуби ҳуқуқ бо адолат, озодӣ, баробарӣ; моҳият ва зуҳуроти ҳуқуқ; ҳуқуқҳои инсон; қонуни ҳуқуқӣ; давлати ҳуқуқбунёд ва ғ.) фалсафаи ҳуқуқ ва предмети он мунтазам ташаккул ва инкишоф меёфтанд. Ҳамзамон назарияҳои мухталифи фалсафии ҳуқуқ ва дар робита бо онҳо предмети ба онҳо хоси омӯзиш ташаккулу инкишоф меёфтанд.
Чунончи, фалсафаи ҳуқуқиИ. Кант(1724 — 1804) дар шаклиназарияи метафизики ҳуқуқпешкаш гашта, ба қонуни ахлоқӣ, ё талаби қатъӣ (имеративӣ) асос меёбад. Назарияи метафизикии мавсуф аз талаботи қатъии ахлоқиву ҳуқуқӣ иборат аст. Ин талаби ахлоқии қатъӣ чунин ифода мегардад: «чунин амал намо, ки амалат то ҳадди имкон асоси қонунгузории умумӣ гардад». Ҳамзамон амали ҳуқуқ дар ҷомеа зарур шуморида мешавад, чунки, ба андешаи мавсуф, на ҳамаи одамон қонуни ахлоқиро риоя мекунанд. Илова ба ин, таъкид мешавад, ки ҳуқуқ бо мақсади пешгирии табдили озодии инсон ба худсарӣ амал мекунад. Ҳуқуқ ба маънои маҷмӯи талаботе фаҳмида мешавад, ки худсарии як нафарро дар таносуб бо дигарон тавассути қонуни айнии умумии озодӣ маҳдуд мекунад. Асосҳои ахлоқии ҳуқуқ ҳимоя мешаванд, аз ҷумла вазифаи ҳуқуқ дар таъмини фазои амали ахлоқ эҳсос мегардад. И. Кант ҳуқуқи фитрӣ, ҳуқуқи қонунгузорӣ ва адолатро ҷудо мекунад. ӯ камбудии назарияи позитивии ҳуқуқро дар набудани ҷабҳаҳои назариявӣ мебинад. Таҳлили паҳлӯҳои назариявии ҳуқуқ вазифаи фалсафа эълон мешавад. Ба илми позитивӣ назарияи «софи» ҳуқуқ муқобил гузошта мешавад. И. Кант яке аз поягузорони назарияи давлати ҳуқуқбунёд мебошад, аз ҷумла зарурати ҷавобгӯи талаботи ҳуқуқ будани сохти давлатдориро ҳимоя мекунад.
Аз як қатор ақидаҳои И. Кант яке аз асосгузорони мактаби таърихии ҳуқуқГ. Гуго(1764 — 1844) истифода мебарад. ӯ кӯшиши муттаҳид намудани нуқтаҳои назари позитивӣ, фалсафӣ ва таърихиро ба харҷ дода,фалсафаи позитивии ҳуқуқроинкишоф медиҳад. Фалсафаи позитивии ҳуқуқ аз ҳуқуқшиносии позитивии таҳлилӣ (догмавӣ) ва таърихи ҳуқуқ ҷудо карда мешавад. Фалсафаи позитивии ҳуқуқ барои он пешкаш мешавад, ки фаҳмиши фитрии ҳуқуқ ба инобат гирифта намешавад. Асари Г. Гуго низ чунин номгузорӣ мешавад: «Китоби ҳуқуқи фитрӣ ҳамчун фалсафаи ҳуқуқи позитивӣ, аз ҷумла ҳуқуқи хусусӣ». Таърихи ҳуқуқ аз фалсафаи позитивии ҳуқуқ ва ҳуқуқшиносии таҳлилӣ ҷудо карда шуда, ҳамзамон пайдоиши ҳуқуқ новобаста аз фаъолияти қонунгузорӣ таҳлил мешавад. Ба назари Г. Гуго, предмети фалсафаи позитивии ҳуқуқро асоси ақлонии дарки илмии ҳуқуқ ташкил медиҳад. Аммо хирад на ба маънои фалсафӣ ва фитрӣ-ҳуқуқӣ, балки ҳамчун «рӯҳияи халқ», тасаввуроти ҳуқуқӣ ва шуури ҳуқуқии халқ тавсиф мешавад, ки таърихан инкишоф ёфта, заминаи пайдоши ҳуқуқ мебошанд.
Дар ташаккулу инкишофи фалсафаи ҳуқуқ саҳмиГеорг Вилгелм Фридрих Гегел(1770 — 1831) калон аст. Фалсафаи ҳуқуқи Гегел ҳамчунфалсафаи ҳуқуқи фитрӣпешбарӣ шудааст. Асари машҳури ӯ низ чунин ном дорад: «Ҳуқуқи фитрӣ ва илм дар бораи давлат. Асосҳои фалсафаи ҳуқуқ». Гегел ҳуқуқи фитриро ҳуқуқи фалсафӣ меномад. Зимни эътирофи робитаи ҳуқуқ ва ахлоқ се давраи инкишофи мафҳуми ҳуқуқ ҷудо карда мешаванд: ҳуқуқи абстрактӣ, ахлоқ ва одоб. Дар ин се давра аввал қобилияти ҳуқуқдории абстрактии шахс, сипас табдили шахс ба субъекти иродаи озоди ахлоқӣ ва дар охир амалӣ гаштани озодӣ ба вуқӯъ мепайванданд. Дар давраи ниҳоӣ мафҳуми ҳуқуқ дар ҳудуди оила, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлат мушаххас мегардад. Мафҳуми абстрактии фалсафии ҳуқуқ аз мафҳуми мушаххаси позитивии ҳуқуқ фарқ карда шуда, дар натиҷа мафҳумҳои ҳуқуқ ва қонун ба ҳам муқобил гузошта намешаванд, чунки давлати ақлони ба маънои ҳуқуқи такомулёфта фаҳмида мешавад. Ба назари Гегел, моҳияти ҳуқуқро озодӣ ташкил медиҳад. Озодӣ ҳамчун воқеӣ гаштани мафҳуми ҳуқуқ, яъне ғояи ҳуқуқ дарк мешавад. Таърихи ҷаҳонӣ чун инкишоф дар дарки озодӣ тавсиф мешавад.
Назарияи либертарии фалсафаи ҳуқуқҳамчун инкишофи фалсафаи ҳуқуқи И. Кант ва Гегел эътироф мешавад. Ҳамзамон ин назарияи фалсафӣ-ҳуқуқӣ аз назарияи метафизикии И. Кант ва фалсафаи ҳуқуқи фитрии Гегел бо он фарқ мекунад, ки зимни тафовути ҳуқуқ ва қонун на ҳуқуқи фитрӣ ва на талаботи ахлоқӣ, балки фаҳмиши либертарии (ғайрифитрии) ҳуқуқро ба асос мегирад. Фаҳмиши либертарии ҳуқуқ зарурати дарки ҳуқуқро ҳамчун шакли умумӣ ва андозаи баробари озодии фард талаб мекунад.Моҳияти ҳуқуқробаробарии шаклӣ ташкил медиҳад, ки дар шакли андозаи баробари танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ, озодӣ ва адолат ифода мегардад. Дар натиҷа ҳуқуқ ба маънои андозаи озодӣ фаҳмида мешавад. Ин андозаи озодӣ аз нигоҳи абстрактӣ барои ҳама баробар ва дар робита бо адолат барои ҳама ягона мебошад. Дар натиҷа баробарии шаклӣ ба маънои баробарӣ дар озодӣ дарк мешавад, чунки байни одамони нобаробар озодӣ ҷой надорад. Чунин моҳияти ҳуқуқ маҳаки дарки ҳуқуқи позитивӣ (қонунгузорӣ ва шаклҳои дигари ифодаи ҳуқуқи позитивӣ) мебошад, яъне қонунҳо бояд баробарии шаклии одамони воқеан нобаробарро таъмин намоянд. Ҳамзамон чунин моҳияти ҳуқуқ маҳаки ҳуқуқи фитриро низ ташкил медиҳад. Ба ибораи дигар, ҳам ҳуқуқи позитивӣ ва ҳам ҳуқуқи фитрӣ дар ҳамон сурат ба маънии аслиашон ҳуқуқ мебошанд, ки агар ҷавобгӯи талаби қонуни ҳуқуқӣ бошанд. Қонуни ҳуқуқӣ талаб мекунад, ки баробарии шаклӣ риоя шавад. Агар дар фалсафаи фитрӣ-ҳуқуқӣ талаби қонуни ҳуқуқиро эътирофу риояи ҳуқуқҳои фитрии инсон ташкил диҳанд, пас дар фалсафаи либертарии ҳуқуқ қонуни ҳуқуқӣ зимни моҳияти либертарии ҳуқуқ дарк мешавад.
Ҳамин тариқ, якҷоя бо ташаккул ва инкишофи назарияҳои гуногуни фалсафаи ҳуқуқ предмет ва усулҳои омӯзиши он муайян мешуданд.Предмети фалсафаи ҳуқуқромасъалаҳои назариявӣ, фалсафӣ оид ба моҳият ва зуҳуроти ҳуқуқ, мафҳум ва фаҳмиши ҳуқуқ, нақш, арзиш ва аҳамияти ҳуқуқ дар ҳаёти одамон, ҷомеа ва давлат ташкил медиҳанд. Фалсафаи ҳуқуқ бо таҳлили масъалаҳое сару кор дорад, ки берун аз назарияи позитивии ҳуқуқ қарор доранд. Дар ҳуқуқшиносии позитивӣ қонунгузорӣ ва шаклҳои дигари ҳуқуқи позитивӣ (амсоли судӣ, одатҳои ҳуқуқӣ ва диг.) омӯхта мешаванд. Паҳлӯҳои фалсафии мафҳум ва моҳияти ҳуқуқ дар фалсафаи ҳуқуқ омӯхта мешаванд.Фалсафаи ҳуқуқ илм оид ба паҳлӯҳои фалсафии (назариявӣ, арзишии) ҳуқуқ мебошад.
Вазифаи муҳими фалсафаи ҳуқуқ— муайян намудани моҳияти аслии ҳуқуқ, ё ҳакиқати ҳуқуқӣ мебошад, ки чун маҳаки ҷавобгӯи адолат, озодӣ, хирад ва дигар арзишҳои иҷтимоӣ будани ҳуқуқи расмии (позитивии) амалкунанда баромад мекунад.
Предмет ва усулҳои фалсафаи ҳуқуқ дар дохили назарияҳои гуногуни фалсафаи ҳуқуқ ташаккул ва муайян шудаанд. Чунончи, тибқифалсафаи ҳуқуқи Гегел, предмети фалсафаи ҳуқуқроғояи ҳуқуқташкил медиҳад. Ғояи ҳуқуқро мафҳуми ҳуқуқ ва амалӣ намудани он ташкил медиҳад. Фалсафаи ҳуқуқи Гегел баусули диалектика, ки усули мутлақи маърифат аст, такя мекунад. Дар фалсафаи ҳуқуқи Гегел предмет ва усули фалсафаи ҳуқуқ як маъно доранд, чунки диалектика инкишофи мафҳуми ҳуқуқро меомӯзад. Ҳамзамон диалектикае, ки дар соҳаи давлат, сиёсат, ҳуқуқ истифода мешавад, диалектикаи сиёсӣ номида мешавад.
Дарфалсафаи либертарии ҳуқуқпредмети фалсафаи ҳуқуқротаносуби ҳуқуқ ва қонун, аниқтараш ҳуқуқ дар тафовут бо қонунташкил медиҳад. Тибқи ақидаи либертаристон, маҳз тафовути ҳуқуқ ва қонун предмети назарияҳои мухталифи фалсафаи ҳуқуқро ташкил медиҳад. Сабаби пешкаши чунин хулоса дар он аст, ки дар назарияи либертарӣ тафовути ҳуқуқ ва қонун маънои тафовути ҳуқуқи фитрӣ ва ҳуқуқи позитивиро надорад. Дар назарияи либертарӣ аз қонун ҳуқуқе фарқ карда мешавад, ки ба маънои либертарӣ, яъне ҳамчун шакли баробарии шаклӣ дарк мешавад. Аз ин нуқтаи назар, либертаристон ҳамаи дигар назарияҳоеро, ки ҳуқуқи фитриро дар тафовут бо қонун эътироф мекунанд, ғайрилибертарӣ меноманд. Барои ҳамин, предмети фалсафаи либертарии ҳуқуқро маҳз мафҳуми либертарии ҳуқуқ дар тафовут аз қонун ташкил медиҳад.
Предмет ва усули омӯзиши фалсафаи ҳуқуқ заминаи эътирофифалсафаи ҳуқуқ ба сифати фанни мустақили илмӣмебошанд. Аммо мустақилияти фалсафаи ҳуқуқ аз назарияи алоҳидаи фалсафаи ҳуқуқ вобаста аст. Дар ин замина фалсафаи ҳуқуқ ҳамчунфанни мустақили фалсафӣ, ё фанни мустақили ҳуқуқшиносӣ, ё ин ки илми байнифаннӣ (байни фалсафа ва ҳуқуқшиносӣ)инкишоф ёфтааст.
Чунончи, фалсафаи ҳуқуқи Гегел заминаи инкишофи минбаъдаифалсафаи ҳуқуқ ҳамчун илмии мустақили ҳам фалсафӣ ва ҳам ҳуқуқшиносӣмегардад. Ҳамзамонфалсафаи ҳуқуқ ҳамчун фанни мустақили фалсафӣдар дохили равияҳои кантчиён ва кантчиёни нав, неотомӣ, феноменологӣ, экзистентсиалӣ, антропологӣ инкишоф меёбад. Аз нимаи дуввуми асри XIX сар кардафалсафаи ҳуқуқ ҳамчун илми мустақили ҳуқуқшиносӣинкишоф меёбад. Ҳамзамонфалсафаи позитивии ҳуқуқвафалсафаи ғайрипозитивии, пеш аз ҳама фитрии ҳуқуқинкишоф меёбанд. Дар назарияҳои И. Бентам, Д. Остин, Г. Келзен, Г. Харт, О. Вайбенгер, Г.Ф. Шершеневич ва дигарон фалсафаи ҳуқуқ чун фанни илмии ҳуқуқшиносӣ дар робита бо ҳуқуқшиносии таҳлилӣ (позитивӣ) инкишоф меёбад. Якҷоя бо онҳо фалсафаи ҳуқуқи фитрӣ инкишоф меёбад.
Назарияҳои алоҳидаи фалсафаи ҳуқуқ метавонанд мутааллиқ ба фалсафа, ё илми ҳуқуқшиносӣ бошанд. Дар ҳар сурат фалсафаи ҳуқуқилми мустақили байнифаннӣмебошад. Ҳуқуқ предмети омӯзиши илмҳои ҳам фалсафа ва ҳам ҳуқуқшиносӣ мебошад. Дар фалсафаи ҳуқуқ, ҳамчун илми байнифаннӣ, хулосаҳои илмҳои фалсафа ва ҳуқуқшиносӣ якҷоя истифода мешаванд. Таҳлилҳои фалсафӣ ва ҳуқуқшиносӣ аз натиҷаҳои ҳамдигар истифода мебаранд. Фалсафаи ҳуқуқ чун илми мустақили байнифаннӣпредмети ягонадорад.Предмети фалсафаи ҳуқуқромафҳум ва моҳияти ҳуқуқдар робита бо арзишҳои иҷтимоӣташкил медиҳанд. Мафҳум ва моҳияти ҳуқуқ дар фалсафаи ҳуқуқ, якум, бо истифода аз мафҳумҳо ва усулҳои фалсафӣ, дуввум, дар робита бо мафҳумҳо ва усулҳои таҳлили назариявии ҳуқуқ дар илми ҳуқуқшиносӣ, пеш аз ҳама дар назарияи умумии ҳуқуқ, саввум, зимни таҳлили арзиш ва аҳамияти ҳуқуқ ҳосил мешаванд.
Дар фалсафаи ҳуқуқназарияи маърифат,чун асоси методологии ҳамаи илмҳо,усулидиалектика,ҳамчун низоми қоидаҳои дарки олам,категорияҳои диалектика,усулигузаштан аз донишҳои мушаххас ба абстрактӣ (умумӣ), усулҳои арзишӣ (аксеологӣ), низомнок, функсионалӣвасеъ истифода мешаванд.
Хислати байнифаннии фалсафаи ҳуқуқробештари муҳаққиқони муосир (В.С. Нерсесянс, С.С. Алексеев ва диг.) эътироф мекунанд. Фалсафаи ҳуқуқ дар кишварҳои пасошӯравӣ ба сифати ҳам фанни мустақили ҳуқуқшиносӣ ва ҳам қисми фалсафа омӯхта мешавад. Дар ҳар ду ҳолат хислати байнифаннии фалсафаи ҳуқуқ ба инобат гирифта мешавад. Ҳамзамон байни ҳуқуқшиносон ақида ҷой дорад, ки фалсафаи ҳуқуқ ҷузъи назарияи умумии ҳуқуқ мебошад. Дар воқеъ назарияи умумии ҳуқуқ ҳамаи равияҳои ҳуқуқиро, аз он ҷумла фалсафаи ҳуқуқро меомӯзад. Аммо дар ин ҳолат низ хислати байнифаннии фалсафаи ҳуқуқ эътироф мешавад.
Омӯзиши фалсафаи ҳуқуқ ба сифати илми мустақили ҳуқуқшиносӣ, ё фалсафӣ муайян намудани предмети алоҳидаи онҳоро душвор мегардонад. Предмети фалсафаи ҳуқуқ хислати байнифаннӣ дорад, чунки бидуни мафҳумҳои фалсафӣ ва умуман бе маърифати фалсафӣ ташаккули ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ ғайриимкон аст. Ҳамзамон файласуфон аз хулосаҳои таҳлилҳои ҳуқуқӣ васеъ истифода мебаранд, зеро ҳуқуқ предмети хоси илмҳои ҳуқуқшиносиро ташкил медиҳад. Дар натиҷаи ин равобити байнифаннӣ ҷаҳонбинӣ, яъне сатҳи фалсафии дарки ҳуқуқ ҳосил шуда,предмети ягонаи байнифаннӣмуайян мешавад.
Якҷоя бо предмети хоси байнифаннӣ ҳамчунинусули байнифаннӣистифода мешавад, чунки, аз як тараф, бидуни усулҳои фалсафӣ ноил гаштан ба сатҳи фалсафии дарки ҳуқуқ аз имкон берун аст. Аз тарафи дигар, усулҳои хусусии таҳлилҳои умуминазариявии ҳуқуқ тобеи усулҳои фалсафӣ мегарданд. Танҳо бо такя аз усулҳои хоси ҳуқуқӣ муваффақ гаштан ба сатҳи ҷаҳонбинии васеи ҳуқуқӣ душвор аст, чунончи, омӯзиши ҳуқуқ танҳо зимни усули шаклии меъёрӣ танҳо бо маводи меъёрии ҳуқуқӣ маҳдуд мешавад. Дар ин ҳолат моҳияти ҳуқуқ дар робита бо қонун муайян гашта, тафовути он аз ҳуқуқ ба инобат гирифта намешавад. Ин ба фаҳмиши позитивии ҳуқуқ меорад.
Фалсафаи ҳуқуқ чун илми байнифаннӣ моҳияти аслии ҳуқуқро, якум, дар тафовут аз қонун, дуюм, дар робита бо мафҳумҳои адолат, озодӣ, хирад ва дигар арзишҳои иҷтимоӣ рӯшан мекунад. Чунин нақши арзишии фалсафаи ҳуқуқ ба туфайли маҳз доштанипредмет ва усули хоси байнифаннӣимконпазир мегардад. Файласуфон ва мутафаккирони гузашта низ аз ҳамин имконияти таҳлили илмӣ васеъ истифода бурдаанд.