Қонуни баҳамгузарии тағйироти миқдорӣ ва сифатӣ
Дар қонуни мазкур, ки механизми инкишофро маълум месозад, дар раванди инкишоф алоқаманд будани тағироти миқдорӣ ва сифатӣ тасдиқ карда мешавад.
Тағйироти сифатӣин пайдоиши объект, предмет, зуҳуроти нав мебошад. Чуноне, ки Гегел қайд намудааст, сифат «умуман муайянияти яқин, айниятдошта ба ҳастӣ аст… Чизе ба туфайли сифати худ чунин аст, ки ҳаст, сифати худро гум карда, он чигунагии худро қатъ мекунад». Бинобар ин, мафҳуми «сифат»-ро аз хосиятҳои предмет, ки хеле сершуморанд, бояд фарқ карда шавад.Сифат– ин муайянияти ботинии предмет, маҷмӯи хосиятҳои муҳим, ки бе онҳо чигунагии предмети мазкур барҳам мехӯрад.Хосиятҳамчун як тарафи сифат дониста мешавад. Вобаста ба шароитҳои мухталиф дар предмет хосиятҳои гуногун зуҳур меёбанд. Он хосиятҳои предмет, ки дар шароити мазкур маълум намегардад, вале дар дар шароитҳои дигар зуҳур ёфта метавонад, хосиятҳои диспозитсионалӣ (аз лот.,dispositio – мавқегирӣ, ҷойгиршавӣ) ё худ барқароршаванда номида мешаванд. Предмет (умуман чиз ҳамчун ҷисм ва раванд) хосиятҳои сершумор дорад, ки аз ҷумлаи онҳо баъзеаш дар шароити мазкур зуҳур меёбад, дигараш дар ҳолати имконӣ, диспозитсионалӣ қарор дорад. Агарчи ин хосиятҳои диспозитсионалӣ зуҳур намеёбанд, вале доимо дар предмет нигоҳ дошта мешаванд. Аз ин бармеояд, ки дар предмет кадом як асоси устувор, барандаи доимии хосиятҳои он – мабдаъ ҷой дорад. Чунин мабдаъ таркиби предмет, «сохт»-и он мебошад.
Ҳамин тавр, сифати предметро ҳам хосиятҳои он ва ҳам мабдаи он муайян мекунанд. Агар мабдаи предмет дигаргун ва хосиятҳои он иваз гарданд, пас тағироти муайянияти сифатии предмет ба вуҷуд меояд. Нобудшавӣ ва пайдоиш ду тарафи ҷудонопазири андозагирии сифатӣ мебошад.
Дар ҳудуди сифати мазкур тағйир ёфтани хосиятҳоротағйироти миқдорӣномида мешавад.Миқдор– ин муайянияти зоҳирии ҳастии предмет. Ин муайяниятест, ки бо назардошти хусусиятҳои фазоӣ-вақтии предмет ошкор шуданаш мумкин аст. Миқдор моҳияти предметро ифода намекунад, вай фақат хосиятҳои онро тавсиф менамояд. Агар сифати предмет хоси танҳо як предмет бошад, пас нишонаю аломатҳои миқдории предметҳо ва зуҳуроти гуногун монанд шуда метавонанд. Масалан, мо моҳии зинда ва санги беҷонро қиёс намуда, дар онҳо дарозӣ, баландӣ ва паҳноии якхеларо ба қайд мегирем. Албатта, чунин қиёс аз рӯи нишонаҳои зоҳирии миқдорӣ, ки ба сифати объектҳо беэътино ҳастанд, сурат мегирад.
Таҷрибаи маърифат шаҳодат медиҳад, ки ду методи собит намудани муайянияти миқдорӣ ҷой доранд: ҳисоб ва ченкунӣ. Ҳанӯз Арасту ба ин ишора карда, навишта буд: «Ҳар кадом миқдор маҷмӯъ аст, агар вай ҳисоб карда шавад, бузургӣ аст – агар чен карда шавад».[10]
Ҳамин тавр, дар миқдор ду лаҳзаи баҳамзид –маҷмӯъ ва бузургӣфарқ карда мешаванд. Барои ифода кардани маҷмӯъ ва бузургиҳо одамон аз давраҳои қадимададроистифода мебурданд. Бо инкишофи риёзиёт низомҳои мураккабтари ададҳо (ададҳои бутун, ратсионалӣ, комплексӣ ва ғ.) пайдо шуданд. Тавассути онҳо фарқ кардан, тасвир намудан ва фикрӣ сохтор додани намудҳои гуногуни маҷмӯю бузургиҳо имконпазир гашт. Аниқ дарёфт кардани андозаҳои ададии бузургиҳои таҳқиқшаванда дар илм аҳамияти калон дорад. Мутаассифона, мо на ҳамеша ҷиҳатҳои миқдории зуҳуроти мушоҳидашавандаро бо адад ифода карда метавонем. Бамаврид аст қайд намуд, ки агар Арасту маҷмӯро номуттасил ва бузургиро муттасил арзёбӣ карда бошад, пас минбаъд нисбӣ будани чунин зидгузорӣ ошкор гашт.
Ду намуди асосии тағйироти миқдорӣ фарқ карда мешавад: афзудан ва косташавӣ (зиёдшавӣ ва камшавӣ).
Аз гуфтаҳои боло маълум мегардад, ки сифат бо моҳияти предмет вобастагӣ дорад, миқдор, пеш аз ҳама, бо шакли зоҳирии он алоқаманд аст. Дар аксари ҳолатҳо ҷудо кардани сифат ва миқдори объект амалиётии тафаккури абстрактисозанда ва нақшавӣ-содданигорандаи мо мебошад. Ҳеҷ кадом сифат қабл аз тағйироти миқдорӣ ва умуман бе рух додани он вуҷуд дошта наметавонад. Ҳамчунин ҳар кадом тағйироти миқдорӣ натиҷаи ягон тағйироти сифатӣ мебошад. Вобаста аз ин бояд ба инобат гирифт, ки тағйиротро қатъиян ба тағйроти маҳз сифатӣ ё маҳз миқдорӣ ҷудо карда намешавад. Онҳо бениҳоят нисбӣ буда, дар аксари ҳолатҳо аз нуқтаи сарҳисоб вобастаанд.
Синтези диалектикии сифат ва миқдор дар категорияи «андоза» ифода карда мешавад. Мазмуни ин категория робитаи тарафайни байни муайянияти сифатӣ ва миқдории зуҳуротро баён мекунад. Ҳар кадом зуҳурот муайянияти сифатии хешро вобаста аз зиёд ё кам гаштани нишондиҳандаҳои миқдориаш нигоҳ дошта метавонад. Аммо ингуна лаппишҳо, ки сифат «иҷозат» медиҳад, сарҳади муайян дорад. Берун шудани тағйироти миқдорӣ аз ин сарҳад боиси нобудшавии сифати мазкур ва пойдоиши ягон сифати дигар мешавад. Масалан, об ҳолати моеъгии худро ҳангоми тағирёбии ҳарорат аз 0 то 100оС нигоҳ дошта метавонад. Аммо берун аз сарҳади ин фосила об ба намуди газӣ ё ҷисми сахт мубаддал мегардад (ҳангоми меъёрӣ будани фишори атмосфера). Фосила {0, 100} – ин андозаи мавҷудияти об дар сифати моеъгӣ мебошад.
Ҳамин тавр, ин қонун баён мекунад, ки дар ҳар кадом предмет ё зуҳурот ҷамъшавии тағйироти миқдорӣ сурат гирифта, дар марҳилаи муайяни инкишофи он аз ҳадди андоза берун мегардад ва бо ҳамин ба тағйироти сифатӣ, яъне пайдоиши предмети нав сабаб мегардад. Ин предмети нав андозаи худро дорад, ки убур кардани он боз пайдоиши предмети дигарро ба миён меоварад. Ин ҳолат беохир такрор ёфта, аз беохирии раванди инкишоф далолат мекунад.
Ҳастӣ на танҳо бо сохтор ва андоза асос ёфтааст. Дар он равандҳои беандоза ва бетартиб низ ҷой доранд. Албатта, беандозагию бетартибие, ки зодаи иродаи инсон аст, бояд аз беандозагии муқаррарию бетартибии равандҳои табиӣ (ҳаракати броунии молекулаҳо, маҷрои пурталотуми дарё, фаввора задани вулкан ва ғ.) фарқ карда шавад. Аз беандозагӣ ва бетартибии равандҳои табиӣ маҳз раванди худташкилшавӣ дар табиат сарчашма мегирад. Механизми ин ҳодисаро синергетика муфассал шарҳ медиҳад. Аммо беандозагӣ ва бетартибии навъи дуюм, ки бо иродаи инсон вобастааст, ҳамеша бо кадом як чизи харобиовар, ғайримеъёрӣ, зишт айният дода шуда, ба мувофиқат, оқилӣ, самаранокӣ, хайр, неъмат, адолат муқобил гузошта мешавад. Дар аксари ҳолатҳо ин бетартибии харобиовар натиҷаи он аст, ки дар мавриди кӯшидан ба ҳадафҳо вайрон шудани андоза самараи манфиро ба миён меоварад. Дар ин ҷо даъвати ҳакими юнонӣ «андозаро дар ҳама чиз нигоҳ дор» мубрамтар мегардад.
Дар олам намудҳои гуногуни ҷаҳиш-гузаришҳо ба сифати нав мавҷуд мебошанд: регрессивӣ (таназзулӣ) ва прогрессивӣ (пешрафтӣ), босуръат (ё таркишмонанд) ва тадриҷӣ, ба мавҷудияти низом осеб нарасонанда ва пайдосозандаи низоми нав ба ҷои низоми кӯҳна ва ғ. Хусусияти ҷаҳиш ҳам аз табиати предмети тағирёбанда ва ҳам аз шароите, ки ҷаҳиш дар он амалӣ мегардад, вобаста аст. Ҷаҳиш марҳилаи дигаргуншавиҳои сифатии зуҳурот, раванди гузариши як сифат ба дигараш мебошад. Ҷаҳиш ин танаффус дар бетанаффусӣ аст.