Категорияҳои детерминизм

Мушаххасгардонии диалектикии принсипи детерминизм ва пайвастшавии он бо принсипи инкишоф тавассути низомикатегорияҳоиҷуфтӣ, китарафҳоватамоилҳоибаҳамзидиҳастироинъикосменамоянд, амалӣ карда мешавад.

Мафҳуми «қонун» категорияи муҳими детерминизм мебошад. Ба маънои васеъ ва абстрактӣқонун навъи робитаҳои муҳим, устувор, такроршаванда, ногузир ва объективии зуҳуроти олам мебошад.Қонуният зоҳиршавии қонунҳо мебошад. Қонунҳои воқеият новобаста аз шуури мо мавҷуданд ва амал мекунанд. Қонунҳои воқеият объективӣ мебошанд. Қонунҳои илм – қонунҳои маърифатшудаи воқеият, ки дар тафаккури мо инъикос ёфтаанд. Ҳамаи илмҳо самти умумии омӯхтани қонунҳои объективии ё табиат, ё ҷамъият, таърих, фарҳанг, ё худи маърифат, тафаккурро доранд. Дар ҳар ҳолат сухан дар бораи қонунҳои олами воқеӣ (на фавқултабиию транссендентӣ) меравад, ки моҳияти ашёҳо ва зуҳурот, робитаҳои байни онҳо устуворгаштаро инъикос менамоянд.

Қонунҳо вобаста аз дараҷаи умумияташон (аз қонунҳои куллии фалсафӣ сар карда то мушаххас-таҷрибавӣ), аз рӯи соҳаи амалашон (иҷтимоӣ ва психологӣ, табиати органикӣ ва ғайриорганикӣ), аз рӯи сифати муносибатҳои детерминатсионӣ (статикӣ ё динамикӣ) ва ғ. аз ҳамдигарашон фарқ мекунанд.

Дар шароити муосири инкишофи маърифати илмӣ бо боварии комил метавон гуфт, ки қонунҳои табиат, ҷамъият ва маърифат ҳадди зуҳурёбиҳои қонуниятҳои диалектикии инкишоф мебошанд.

Инҷо зарур аст, ки чанде аз хусусияти қонунҳои ҷамъият қайд карда шавад:

а) қонунҳои ҷамъият, дар тафовут аз қонунҳои табиат, дар ҷараёни ҳаёту фаъолияти одамон пайдо мешаванд; онҳо бо ҳаёти рӯзмарраи одамон ва ҷамъият алоқаманд мебошанд (новобаста аз он, ки одамон онҳоро равшан дарк намекунанд ё қувваи фавқултабиӣ хоҳанд ҳисобид);

б) давомнокии амали қонунҳои ҷамъият ва фарҳанг нисбат ба қонунҳои табиат маҳдудтар аст: онҳо «таърихӣ» мебошанд. Ин махсусан дар мисоли ивазшавии қонунҳои иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсӣ хубтар мушоҳида карда мешавад.

Категорияҳоизарурат ва тасодуфдараҷаи қатъӣ ва беалтернативии муносибатҳои детерминатсиониро инъикос менамоянд. Аз мавқеи диалектикӣ зарурат ва тасодуф алоқаманд буда, ду тарафи раванди инкишофро ташкил медиҳанд. Инкишоф ба таври ростхата сурат намегирад, вай дар олами воқеӣ амалӣ мегардад. Ба ин раванд ҳам сабабҳои дохилӣ ва ҳам вазъияти беруна таъсир расонида метавонанд.

Дар анъанаи фалсафии гузаштаи наздик зарурат бо робитаҳои дохилӣ (муҳим) вобаста карда мешуд, тасодуф бо робитаҳои беруна (ғайримуҳим). Чунин тафсири зарурат ва тасодуф сазовори эътироз шуда метавонад. Чунки дар он дохилӣ ва беруна қатъиян зид гузошта мешавад, ҳарчанд ки фарқияти онҳо нисбӣ аст. Худи тасодуф асоси худро на танҳо дар берун, инчунин дар дохил дошта метавонад. Аз ин лиҳоз,тасодуф – ин амалишавии як имконияти объект аз ҷумлаи имкониятҳои сершумораш дар шароити муайян ва муносибати муайян.Масалан, ҳангоми қуръапартоӣ ду имконияти рӯйболо афтидани танга мавҷуд аст, аммо танҳо яке аз ин имкониятҳо амалӣ мешавад. Метавон гуфт, ки мавҷудияти тасодуф дар олам зарур (ногузир) аст. Бе тасодуф озодӣ ва интихоби озод вуҷуд дошта наметавонанд. Агар тасодуф ҷой намедошт, ҳастӣ хусусияти фаталистӣ ва статикӣ касб мекард.Зарурат – амалишавии ягона имконияти обект, ки маҳз онро дар шароити муайян ва муносибати муайян дорад. Масалан, барои ҳар кадом организми зинда ҳамеша ҳадди муайяни давомнокии ҳаёташ вуҷуд дорад ва ғ. Зарурат ва тасодуф ҳамчун тарзҳои гуногуни табдилёбии имконият ба воқеият маълум карда мешаванд.

Ҳамин мавқеро ҳамчунин синергетика, ки низомҳои номувозинатиро таҳқиқ мекунад, асоснок менамояд. Дар равандҳои ноустувору динамикӣ детерминизм гум намешавад, балки сифати наверо соҳиб мегардад, ки бо маҳдудияти интихоби худ ба худи (пешбининашудаи) роҳҳои имконии инкишофи минбаъдаи низомҳо вобастагӣ дорад. Раванди ростхатӣ ба раванди ғайриростхатӣ ва гуногунандоза табдил мегардад.

Асоснок карда шудани сифати нави динамикии детерминизм имкон фароҳам сохт, то ки ҷой доштани хусусияти нави таъсирҳои мутақобилаизаруратватасодуфдар минтақаи бифуркатсия исбот карда шавад. Дар минтақаи номбаршудатасодуфба дараҷаи муайяни детерминизми динамикӣ соҳиб мегардад, ки он дар се муносибат назаррас мебошад:

  1. На ҳар яктасодуфимконӣ аст. Фақат ҳамонаш имконӣ аст, ки дар доираи маҷмӯи роҳҳои инкишофи ояндаи низом ҷойгир бошад. Ин маҷмӯъ (гуногунандозагӣ) аз хусусияту хосиятҳои динамикии низом вобаста аст. Хусусияти номаҳдудиитасодуфба маҳдудӣ мубаддал мегардад, ки сабабаш ҳад доштани маҷмӯи имкониятҳояш мебошад.
  2. Тасодуф– ин худ ба худ интихоб шудани як флуктуатсия аз маҷмӯи флуктуатсияҳои низоми интиқолёбанда мебошад, ки ба худ сифати аттрактори навсохтордиҳандаи низомро касб мекунад. Аз ин сабаб дараҷаи эҳтимолияти ин ё он тасодуф аз маҷмӯи флуктуатсияҳои низом вобаста мебошад. Детерминизми динамикиитасодуфвобаста ба маҳдуд будани ин маҷмӯъ боз ҳам муайянтар мегардад.
  3. Тасодуфбо қонуниятҳои давомат дар инкишофи зуҳурот маҳдуд карда мешавад. На ҳар як флуктуатсия, балки танҳо яке аз онҳо, ки дар худ тамоюли мусбии хосиятҳои ба сифати нав интиқолёбии материяи иҷтимоиро маҳфуз медорад, ба аттрактор (мутаносибан – ба зарурати сохторёбии низоми муайян) табдил меёбад.

Бояд қайд намуд, ки на танҳотасодуфхосиятҳои зикршударо соҳиб мегардад, инчунин дар навбати худзаруратниз чанде аз хосиятҳои тасодуфро дар бар мегирад.Аввалан, худташкилшавии зарурат худ ба худ аз маҷмӯи муайяни флуктуатсияҳо сурат мегирад. Дар минтақаи бифуркатсия вай шакли аттракторро ва баъди гузаштан аз ин минтақа, шакли сохтори диссипативиро (пошхӯрандаро) соҳиб мегардад. Худ ба худ ба аттрактор (мутаносибан – ба шакли зарурат) табдил шудани яке аз флуктуатсияҳо маънои онро дорад, кизарурат тасодуфродар худ гирифт,тасодуфбазаруратмубаддал гашт.Сониян, дар шакли аттрактор ё сохтори диссипативӣзаруратдар шохаи минбаъдаи ба сифати нав интиқолёбии низом боз ба яке аз флуктуатсияҳо (батасодуф) табдил мегардад.

Чунин аст механизми баҳамгузариизаруратватасодуф, синтези динамикии онҳо, ки шакли баҳамтабдилёбии флуктуатсияҳо ба аттрактору сохторҳои диссипативӣ ва баракси онро ба худ мегирад.

Синтези динамикӣ ва баҳамгузарии зарурату тасодуф механизми мушаххас гардонидашудаи синергетикии амалиқонуни инкори инкормебошад. Ин механизм ба ҷаҳиши сифатӣ мазмуни мушаххастари баҳамгузариҳои флуктуатсияҳо ва аттракторҳо, пешбининашуда (худ ба худ) ва қонуниятӣ, зарурат ва тасодуфро зам менамояд. Навоварии баёни синергетикии ин қонун маҳз дар ҳамин зоҳир мегардад.

Имконият ва воқеиятҷуфти категорияҳо мебошанд, ки яке аз ҷанбаҳои муҳими диалектикаи ҳастии оламро инъикос менамоянд.

Мафҳуми «воқеият» бо ду маънояш истифода мешавад. Дар маънои васеаш мазмуни ин мафҳум ба мафҳумҳои «материя», «олами моддӣ» ва «воқеияти моро иҳотакарда» наздик аст. Вале дар ин маънои васеаш мафҳуми воқеиятро бо мафҳуми имконият муқоиса карда наметавонем, чунки материя, воқеияти моддӣ на имконӣ, балки актуалӣ (воқеӣ) вуҷуд доранд. Маънои дигари мафҳуми«воқеият» — ин ҳастии мушаххаси объекти алоҳида дар муддати муайяни вақт, фазои мавзеӣ дошта, бо хусусиятҳои сифатӣ ва миқдорӣ, дар шароитҳои муайян.Агар бо суханони Гегел ифода кунем, воқеият «ҳастии нақди объект» мебошад. Дар ин мазмун мафҳуми воқеият ҳамрадифи диалектикии мафҳуми имконият буда метавонад. Аз ин лиҳоз, мо мафҳуми «воқеият»-ро маҳз дар ҳамин мазмун истифода хоҳем бурд.

Нишонаҳои асосии воқеият актуалӣ (воқеӣ) ва таърихӣ будан аст. Воқеияти обект – ин тамоми боигарии мазмуни он, робитаҳои дохилӣ ва берунааш дар давоми вақти муайян. Таърихияти воқеият дар он аст, ки вай натиҷаи тағйироти воқеияти пешина, натиҷаи имконияти амалишуда буда, худаш низ асоси воқеияти оянда мебошад.

Категорияи «имконият» диалектикаи робитаи мутақобилаи воқеияти ҳозира ва ояндаро инъикос менамояд.Имконият – ин ояндаи объект дар ҳозираи он, тамоилу самти тағйироти объект. Имконият чунин варианти тағйирёбии вақеият аст, ки ба қонунҳои он мухолиф нест. Имконият ҷудо аз воқеият вуҷуд дошта наметавонад. Воқеияти мазкур дар ҳуд имкониятҳои сершумор дошта, ба хусусияти тағйироташ кадом як номуайянӣ мансуб мебошад. Ҳозира дар ҳолати умумӣ дақиқ муайян карда наметавонад, ки кадоме аз имкониятҳояш амалӣ мешаванд, зеро шароити амалишавии онҳо ҳанӯз муҳаё нашудааст. Ҳар як имконияти мушаххас пурра маълум аст, вале тақдири ҳар кадоми имкониятҳо, амалӣ шудан ё нашудани онҳо нисбатан номаълум мемонад. Дар ин ҳолат дар бораи эҳтимолият гуфтан ҷоиз аст. Эҳтимолият андозаи миқдории имконият, баҳои дараҷаи амалишавии он мебошад.

359
Нет комментариев. Ваш будет первым!