Ҳадс ва эҷодиёт
Дар раванди инкишофи донишҳои инсонӣ ҳампайвандию ҳамтаъсирии маърифати ҳиссӣ ва зеҳнӣ нақши бузург дорад.Ҳадс(интуитсия, фаросат) яке аз зуҳурёбиҳои аҷибу ҳайратовари чунин алоқамандӣ аст. Одатан ҳадсӣ гуфта, равандҳои маълумнашудаи фикррониро, ки дар зершуур (бешууриёт) ҷараён мегирад ва ҳар идеяро, ки тарзи пайдошуданаш бароямон возеҳ нест, дар назар дошта мешавад. Дар аксари ҳолатҳо аломатҳои зерини ҳадсро ба қайд мегиранд: ғайричашмдоштии ҳалли ҳадсии масъала; нофаҳмо будани ҷараёни ҳадсӣ ва ғайриимкон будани тавзеҳи роҳҳои пайдоиши натиҷаҳои он; яқинии ин натиҷаҳо ва эҳсоси боварӣ ба ҳаққонияти онҳо; зарурати асосноккунӣ ва санҷиши дарёфтҳои ҳадсӣ. Ин хусусиятҳои ҳадсро маънидод кардан мумкин мебуд, агар ҳамин фарзро ба инобат гирем, ки заминаю сарчашмаи ҳадсро ҳамтаъсирии хоссаи образҳои аёнӣ ва мафҳумҳои абстрактӣ ташкил медиҳад. Чунин тасаввурот нисбати ҳадс имкон медиҳад, ки фаҳмем – чигуна дар ақли инсон навтарин образҳои аёнӣ ва мафҳумҳои абстактӣ тавлид мешаванд, агарчи мӯҳтавои тафаккури ҳадсӣ фақат бо ин маҳдуд намешавад.
Гузаришҳои ҷаҳишмонанди образҳо ба мафҳумҳо ва баръаксӣ ба таври «автоматӣ», дар сатҳи тафаккури бешуурона (бешууриёт) сурат мегирад. Чунин «ҷаҳишҳо»-и фикр ҳам аз ассотсиатсияи ҳиссӣ, ҳам аз муҳокимарониҳои мантиқӣ фарқ доранд. Дар чунин «ҷаҳиш» фикри мо гӯё, ки ба «ченаки сеюм» мегузарад ва ба туфайли ин, қудрати бартараф кардани монеъаҳоро дар роҳи дарёфти донишҳои навин пайдо мекунад. Бинобар ин, чунин «гашти моҳирона» имкон медиҳад, ки тавассути ҳадс ба натиҷаҳое расидем, ки бо тарзи дигар дастрас намудани онҳо амри муҳол аст. Бояд қайд намуд, ки имкони «дарёфт»-и ҳадсии ҳақиқат аз ҳаҷми иттилооти дар ихтиёри инсон мавҷудбуда вобастагӣ дорад.
Ҳадс, таасуроти фаҳмиданашуда ё қисман фаҳмидашуда, амалиёти фикрии дар сатҳи бешууриёт иҷрошуда дар равандиэҷодиётнақши намоён доранд. Фаъолияти эҷодӣ дар ҳақиқат асрорҳои худро дорад, вале барои шарҳи он ба ирфону илоҳиёт ниёз нест, чунки а) равандҳои дар сатҳи бешууриёт ҷараёндошта қонуниятҳои худро доранд, ки аз ҷониби илм мунтазам маълум карда мешаванд ва б) нақши бешууриётро дар эҷодиёт ба ҳадди қувваи фавқултабиӣ расонидан ҷоиз нест: бе кори ақл, бе иштироки шуур ҳеҷ кадом эҷодиёт имконпазир нест.
Маданият заминаест, барои рушди фаъолияти эҷодӣ ва дар навбати худ, кулли маданият – маҳсули эҷодиёт. То чанде ҷомеа ба пешрафти худ манфиатдор бошад, дар он эҷодкорӣ то ҳамон дараҷа қадрдонӣ карда мешавад. Эҷодиёт воситаи азнавсозӣ, инкишофёбӣ, мукаммалсозии инсон, ҷомеа, шароити зисти одамон аст. Чун анъана се намуди асосии эҷодиёт номбар карда мешавад: бадеӣ, илмӣ, техникӣ. Ҳамчунин намудҳои дигари эҷодиёт мавҷуданд: фалсафӣ, педагогӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, идеологӣ ва ғ.
Эҷодиёт– ин фаъолияте, ки маҳсулаш натиҷаҳои сифатан нав ва аҳамияти иҷтимоидошта мебошад. Муайян кардани меъёри навгонӣ будани натиҷаҳои эҷодӣ кори саҳл набуда, санҷиши махсусро талаб менамояд. Арзиши ҷамъиятии натиҷаҳои эҷодӣ аз рӯи он нақши воқеӣ, ки онҳо дар инкишофи ин ё он соҳаҳои ҳастии инсонӣ доранд, муайян карда мешавад. Ин бошад, бо гузашти вақт маълум мегардад. Арзиши амалӣ ва назариявии натиҷаҳои эҷодӣ, таъсири онҳо ба ҷомеа на танҳо аз моҳияти онҳо, инчунин аз тарзи истифодабарии ҷамъиятии онҳо вобастагӣ дорад.
Раванди эҷодиёт махсусияти худро дошта, якчанд марҳиларо дар бар мегирад:
— масъалагузории эҷодӣ;
— ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли он;
— тавлиди идея, ки калиди қулфкушои ҳалли масъаларо медиҳад;
— коркарди консепсия (барнома, лоиҳа, ибтикорот), ки ба натиҷаи ниҳоии ҷустуҷӯшаванда мерасонад;
— маводи натиҷа – ба шакл даровардани онҳо бо мақсади ба одамони дигар дастрас кардан (матн, нақша, маҳсулот ва ғ.).
Дар аксари ҳолатҳо эҷодиёт бо илҳом алоқамандӣ дорад. Эҷодиёт аз рӯи моҳияташ фаъолияти озодона мебошад. Дар ҷое, ки озодии эҷодиёт нест, дар он ҷо ҳатман шӯълаи фаъолнокии эҷодии одамон хомӯш мегардад. Меҳнати эҷодӣ ба маҷбурсозӣ, иҷборан тезонидани кор тоқату ниёз надорад. Муҳаё будани шароит ба амалҳои озодонаи шахсиятҳои эҷодкор, ки барои кори худ фидокор ҳастанд, омили зарури баланд бардоштани самараи меҳнати онҳо мебошад.