Масъалаи муносибати фарҳанг ва тамаддун

Мафҳумҳои «фарҳанг» ва «тамаддун» бо ҳамдигар зич алоқаманд мебошанд, бинобар ин онҳоро аз ҳамдигар фарқ накарда, баъзан як чиз меҳисобанд. Дар ҳақиқат, миёни ин мафҳумҳо ба ғайр аз умумият, тафовутҳо низ мавҷуданд. Мафҳуми тамаддун – яке аз мафҳумҳои муҳими илмҳои фалсафаи муосир ба шумор меравад, ки серпаҳлӯ ва бисёрҷабҳа мебошад, вале ҳанӯз моҳияти он пурра дарк нашудааст. «Тамаддун» — истилоҳи илмиаш — «сивилизатсия» аз калимаи лотинии civilis – «шаҳрвандӣ», «давлатӣ» гирифта шудааст. Агар ба таърихи пайдоиши ин истилоҳ назар афканем, он ҳанӯз дар давраи антиқӣ барои фарқ кардани ҷомеаҳои пешрафта аз ақибмонда — антиқӣ аз барбарӣ ба вуҷуд омадааст. Мутафаккирони давраи антиқа тамаддун гуфта ҷомеаи ҳуқуқбунёди тараққикарда ва нисбатан пешрафтаеро дар назар доштанд, ки дар он ҳаёти иҷтимоӣ аз рӯи қонуни асосие, ки барои ҳамаи аъзоёнаш баробар, мақбул ва ҳатмӣ аст, ташкил карда шудааст. Ба тавассути ин қонун ҳуқуқхои шахсӣ ва манфиатҳои иҷтимоии ҳамаи аъзоёни ҷомеа ҳимоя мешуданд. Бинобар ин ҳар як аъзои ҷомеаи тамаддунии давраи антиқӣ шаҳрванди фармонбардори чунин қонун ба ҳисоб мерафт. Барбариҳо, аз рӯи тасаввуроти юнониҳо, халқи нисбатан ақибмонда буданд, зеро ҳаёти иҷтимоии онҳо ба як шакли муайян ва қонуни мукаммали коркардашуда такя намекард. Аз ин рӯ, юнониҳо худро ҳамеша ба барбариҳо муқобил мегузоштанд ва баръакси онҳо, худро халқи пешрафта — қонуншинос, озоду худогоҳ, некирода, бомаърифат, бошараф, вазифашинос, меҳанпараст, шуҷотманду боадолат меҳисобиданд. Ин муқобилгузории «онҳо» ва «мо», ки ҳанӯз дар давраи антиқӣ ба вуҷуд омада ба маҳаки фарқкунанда табдил ёфт, то имрӯз яке аз омилҳои муҳими худшиносӣ ва мардумшиносӣ гашта, ба такомули фардӣ ва ҷамъиятии шахс ва ҷомеа тахассус бахшида, ба пешрафти фарҳанг ва тамаддунҳо такони бузурге дод.

Дар ҳаёти муқаррарӣ истилоҳи «тамаддун» чун муодили (эквиваленти) калимаи «бофарҳанг» истифода шуда, ба хусусияти сифатии ҷомеа ишора мекунад. Тамаддун — давраи олӣ ва зинаи баланди таърихи инкишофи ҷомеаро, ки баъд аз марҳилаи ваҳшигӣ ва барбарӣ баромадани инсоният ба вуҷуд меояд, ифода менамояд. Бо мақсади пурра дарк кардани моҳияти тамаддун, мо пеш аз ҳама бояд муносибати «фарҳанг» ва «тамаддун»-ро равшан намоем. Муносибати байни тамаддун ва фарҳанг ҳанӯз дар давраи антиқа ташаккул ёфта, то замони мо чор марҳиларо тай намудааст, ки чунинанд:

  1. Давраи ҷамъияти общинаи ибтидоӣ ва асрҳои миёна.Фарҳанг ва тамаддун ҳанӯз аз ҳамдигар ҷудо нашудаанд. Моҳияти фарҳанг на чун натиҷаи эҷоди инсон, балки он — мувофиқи қонуниятҳои олам, табиат ва ҷомеа ба танзим даровардани ҳаёти иҷтимоӣ аз тарафи одам ба ҳисоб мерафт.
  2. Давраи Эҳё.Фарҳанг бори нахуст бо фаъолияти хусусию шахсии эҷодии инсон алоқамандӣ пайдо мекунад, тамаддун – бо ҷараёни таърихи ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ вобаста карда мешавад. Лекин байни фарҳанг ва тамаддун номувофиқатҳ ва хилоф мушоҳида нашудааст.
  3. Давраи Маорифпарварӣ ва Замони Нав.Фарҳанг моҳияти фардию шахсӣ пайдо карда, бо сохти ҷомеаи шаҳрвандии тамаддунӣ якҷоя пайванд мешаванд. Мафҳумҳои фарҳанг ва тамаддун рӯи ҳам меоянд. Маорифпарварони аврупоӣ истилоҳи «тамаддунро» барои ифодаи ҷомеаи шаҳрвандӣ – ҷомеаи пешрафтаи сифатан олӣ ва аз ҷиҳати маданӣ нисбатан воло, ки дар он озодӣ, баробарӣ, маърифатнокӣ, маориф ва маданият ҳукмрон аст, истифода намуданд. Аз ин рӯ, тамаддун – зинаи олӣ ва дараҷаи баланди тараққиёти ҷамъиятие мебошад, ки пас аз давраи ваҳшигӣ ва барбарӣ меояд. Ин марҳилаи оғози ҷудошавии мафҳумҳо мебошад.
  4. Давраи Навтарин. Фарҳанг ва тамаддун қатъиян ҷудо карда шудаанд. Бедарак нест, ки дар назарияи олими олмонитабор Шпенглер фарҳанг ва тамаддун чун тазоди ҳамдигар шарҳ дода шудаанд.

Ҳамин тариқ, муайян шуд, ки фарҳанг ва тамаддун аввал ҳамчун як падидаи фарҳангии фаъолияти маданӣ — иҷтимоии мардум ба ҳисоб мерафтанд. Вале бо мурури замон, дар асоси фаъолияти эҷодкоронаи одамон ва тараққӣ ёфтани ҷабҳаҳои гуногуни зиндагии мардум ва ҷомеа ҳар ду мафҳум паҳлӯҳои мушаххасу мураккаби ҳаёти иҷтимоиро фаро гирифта, мазмуну мундариҷаи бою мукаммал ва махсуси худро пайдо намуданд, ки шарҳ додани он аз аҳамият холӣ нест. «Тамаддун» чун истилоҳи илмӣ нисбат ба вожаи «фарҳанг» дертар, дар асри XVIII, аз тарафи маорифпарварони фарангӣ (франсавӣ) барои ифодаи ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки дар он озодӣ, адолат ва сохтори ҳуқуқӣ ҳукмрон аст, васеъ истифода шуда, дар илми фалсафа ва ҷомеашиносӣ мавқеи устувор пайдо мекунад. Маорифпарварон аввалин шуда вожаи тамаддунро чун истилоҳи илмӣ барои ифодаи давраи муайяни тараққиёти ҷомеаи пешқадам, ки пас аз айёми ваҳшигӣ ва барбарӣ меояд, истифода намудаанд. Аз тарафи дигар, ақлгароёна, онҳо тамаддунро таҷассумкунандаи маҷмӯи тамоми дастовардҳое, ки ақлу хиради инсон ба вуҷуд овардааст, муайян карданд. Мувофиқи ақидаи онҳо, ба роҳ андохта шудани кишту кори замин ва соҳаи кишоварзӣ, бунёди шаҳру кишварҳо, пайдо шудани хат, ҷорӣ шудани ҳуқуқ — давраи аввалини ба вуҷуд омадани тамаддунҳо дар таърих ба ҳисоб меравад. Маорифпарварон тамаддунро чун маҷмӯи дастовардҳои инсонӣ муайян карда, бо ин восита ҳуқуқи табиии озодӣ доштани инсонро таъкид мекунанд. Онҳо озодӣ ва соҳибҳуқуқии одамонро дар назди ҳокимияти боло ҳимоя намуда, аз ҳокимон талаб мекунанд, ки нисбат ба раияти худ виҷдоният, вазифашиносӣ ва масъулиятшиносӣ зоҳир созанд.

Маорифпарварон дар симои тамаддун идеали ҷомеаи пешқадаму ҳуқуқбунёд ва боадолатро медиданд. Бинобар ин мутафаккирон аввал бо ин истилоҳ маънои бартарӣ доштани давлатҳои тарраққикардаро бар давлатҳое, ки дар зинаи пасттари инкишоф қарор доранд, ифода менамуданд. Дар ин сурат тамаддун ба ваҳшигарӣ ва барбарият муқобил гузошта мешуд. Баъдтар ин мафҳум ба ду маъно истифода карда мешавад:1) «тамаддун» — ҷомеаи ба дараҷаи олӣ инкишофёфта, ки дар заминаи хирад, адолат, ҳуқуқ ва таҳаммули динӣ ба вуҷуд омадааст; 2) «тамаддун» — ба фарҳанг зич алоқаманд буда, дараҷаи баланди инкишофи фарҳанг — пешрафту тараққии ҷомеаро нишон медод. Маркиз де Мирабо, масалан, дар рисолааш «Дӯстони одам ё рисола дар бораи аҳолинишинӣ» (с.1765) тамаддунро чун ҷомеае тафсир мекунад, ки дар асоси принсипҳои волои ахлоқӣ, қоидаҳои беҳтарини муомила ва муошират, ки хушунат ва истисмори одамро аз тарафи одам манъ мекунад, бунёд шудааст. Дар ин рисолаи худ Мирабо чунин менависад: «Агар аз бисёрии мардум пурсем, ки тамаддун чист, онҳо мегӯянд: «мулоиматии хулқу атвор, одобу дониш, риояи қонун тамаддун аст. Тамаддун маълумотест, ки барои таъмини ҳамзистии ҳалқҳо дар ҷомеа дар тарғибу риояи қоидаю қонуни рафтор хидмат мекунад. То он даме ки тамаддун ба неккирдорию хулқу хӯи хуби мардум шаклу асос набахшад, барои ҷомеа ҳеҷ хидмате карда наметавонад».

Барои маорифпарварон тамаддун пеш аз ҳама марҳилаи инкишофи ҷамъиятест, ки дар он ахлоқи ҳамида ва неккирдорӣ амри воқеист. Ба ақидаи онҳо, «шахси тамаддунӣ» — шахси пешқадам- худогоҳу қонунбардор, шаҳрванди боадолат, комилу шоистаест, ки дорои сифатҳои хуби инсонӣ – ақлу хирад, маълумотнокӣ, бофарҳангӣ, донишдорӣ, зарофат, ҳусни одоб, мебошад. Чунин шарҳи тамаддун то имрӯз дар илми ҷомеашиносӣ мавқеи худро нигоҳ медорад. Воқеан, натанҳо Мирабо, балки маорифпарварони дигар низ ба инкишофи таърихии инсоният ва пешрафти ҷамъиятӣ аз нуқтаи назари ахлоқ баҳо медоданд. Бӯҳрони тасаввуротҳои маорифпарварон, ҷамъ шудани маводи мукаммали таърихии мардумшиносӣ, ки ба давраи саёҳатҳои гирди олам ва кашфиётҳои бузурги ҷуғрофӣ рост омад, гуногунӣ ва рангорангии фарҳангҳою тамаддунҳои беруназмарзии Аврупоро кашф карда, ба ҷаҳониён вобаста ба тарзу усулҳои хоси зиндагӣ хусусиятҳои характернок доштани фарҳанг ва хулқу атвори мардумони дунёро ошкор намуда, дар аввали асри XIX назарияи мардумшиносии тамаддунҳоро ба миён овард. Ин назария дар асоси ақидаи Т.Жуффруа: «ҳар як халқ дорои тамаддуни худ аст», ба вуҷуд омада инкишоф меёбад.

Ҳамин тариқ, аз охири асри XVIII ва аввали асри XIX оид ба тафсири «тамаддун» се нуқтаи назари илмӣ ба вуҷуд омад, ки то имрӯз дар фалсафаи иҷтимоӣ мавқеи хеле устувор доранд, ки инҳоанд:

а)назарияи мутаҳидсозанда(унитарӣ):тамаддунро чун ормони тараққиёти пешрафтаи башарият мешуморад, ки ягонагии куллиро таъмин мекунад;

б)назарияи марҳилавӣ: тамаддунро — яке аз марҳилаҳои пешрафти тараққиёти башарият чун яке аз ҷузъи ягонагии куллӣ муайян мекунад;

в)назарияи маҳаллӣ — таърихӣ: тамаддунро умумияти сифатан гуногун ва нотакрори этникӣ ё таърихӣ-оммавӣ меҳисобад.

Дар аввали асри XIX Ф. Гизо Франсуа Гизо (1787-1874), кӯшиш намуд, ки тазодҳои миёни пешрафти башарӣ ва гуногунии таърихӣ- фарҳангии халқҳо ба вуҷуд омадаро ҳал намояд. Мувофиқи таълимоти Ф.Гизо, тамаддун аз ду қисм иборат аст: ҷузъи ҷамъиятӣ — беруна нисбати инсон ва кулли олам ва ҷузъи зеҳнӣ (ақлонӣ) — дохилӣ, ки табиати (тинати) шахсии ӯро муайян мекунад. Тамаддун баҳамтаъсирасонии ин ду падида аст. Баҳамтаъсиррасонии падидаи иҷтимоӣ ва зеҳнӣ — асоси инкишофи тамаддун мебошад. Мафҳуми «тамаддун» барои Ф.Гизо бо «идеяи пешрафт» ҳаммаъно аст. Он пешрафти муттасили ҷамъият, инкишофи пешбаранда, такомули сохти ҷамъият ва худтакмилдиҳии ахлоқи инсониро ифода мекунад. «Ин инкишофи пешбаранда якчанд аср инҷониб вуҷуд дорад ва ҳамеша дар вазъияти пешравӣ мебошад» — таъкид мекард Ф.Гизо. Ақидаҳои сиёсӣ-иҷтимоии Ф.Гизо оиди тамаддун дар давраи авҷи илму техника ва мустаҳкам гардидани идеалҳои озодӣ ва демократия дар Аврупо ва Амрико хеле маъмул ва мақбул гашта буданд. Ин ақидаҳои Ф.Гизо «назарияи таърихӣ-этникии тамаддунро» ба миён овард, ки он мавҷудияти тамаддунҳои маҳаллӣ-таърихӣ ва аз болои онҳо ҳукмрон будани тамаддуни волоеро бо номи «пешрафти ҷамъияти башарӣ», ки ба сӯи он тамоми тамаддунҳо равона мебошанд, собит намуд. Акнун мавҷудияти тамаддун мисли як шакли танҳои ягона не, балки, чун маҷмӯи тамаддунҳо дар алоҳидагӣ шинохта шуда, омӯхта мешаванд. Ҳеҷ мавзӯе беҳтар аз пешрафти башарият дар тамаддун нест, зеро пешрафти тамаддун — ҳаракати ҷомеаро ба пеш, ба сӯи камолёбии зеҳнӣ, ахлоқӣ ва сиёсии инсон равона месозад — таъкид мекард Ф.Гизо.

Л.Морган(1818-1881) дар китобаш «Ҷамъияти қадим» таърихи инсониятро ба 2 давраи бузург ҷудо мекунад: 1) давраи ибтидоӣ, ки аз давраи ташаккули қавму авлод оғоз меёбад; 2) давраи баъдина – ба вуҷуд омадани ҳудудҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ.Инмарҳиллаҳо паи ҳам тамоми халқҳо ва фарҳанги башариро — аз пешрафта то ақибмонда, фаро гирифта, ба ҳам мепайвандад. Ҳар марҳила нишона вахусусиятҳои хосҳои худро дорад.Пайдо кардани оташ, ихтироъ шудани тиру камон чун воситаи шикор ё дифоъ, инкишоф ёфтани кулолгарӣ, кишоварзӣ, чорводорӣ, коркарди замин ва маъданҳои табиҳ, шаклгирии дигар навъҳои шуғли якҷояи одамон чун давраҳои пешравӣ ва гузариш аз як навъи тамаддун ба навъи дигари он шинохта шуданд. Морган дарк мекунад, ки аввал моликияти ҷамъиятӣ ба вуҷуд омадааст, вале баъдтар бо тараққӣ ёфтани қувваҳои истеҳсолкунанда дар ҷамъият моликияти хусусӣ ҳукмрон мегардад. Морган таърихи пайдоишу ташаккули оиларо омӯхта, ба вуҷуд омадани оилаҳои моногамниро (иборат аз як зану як мард) низ яке аз нишонаи муҳими тамаддун мешуморад.Ба ақидаи ӯ,тамаддун зинаи сеюми таърихи инкишофи ҷамъият мебошад, ки баъд аз айёми ваҳшигӣ ва барбарӣ меояд.

Дар асри ХIХ Ф.Энгельс ин ақидаҳои Л.Морганро инкишоф дода, дар асари машҳураш «Пайдоиши оила, моликияти хусусӣ ва давлат» якчанд нишонаҳои давлатро чун нишонаи марҳилаи пешрафти иҷтимоӣ муайян менамояд: 1) дараҷаи баланди тараққиёти моддӣ-техникӣ; 2) бавуҷуд омадани муносибатҳои истеҳсолӣ, пул, бозор ва моликияти хусусӣ; 3)дифференсиасияи иҷтимоӣ, ба синфҳо ҷудошавии ҷомеа ва муноқишаҳо; 4) ба вуҷуд омадани давлат ва ҳуқуқ; 5) оилаҳои моногамнӣ. Муҳим аст, ки дар асри XIX барои аз нав дида баромадани мафхум ва моҳияти «тамаддун» заминаҳои қатъӣ ба вуҷуд меоянд. Дар назарияи марксистӣ мафҳуми тамаддун барои муайян намудани хусусияти инкишофи марҳилаи муайяни ҷамъиятӣ, ки пас аз давраи ваҳшигӣ ва барбарӣ мерасад, тафсир меёбад.

Вобаста ба афкори пешқадами мутафаккирони Аврупо дар фалсафаи иҷтимоӣ мафҳуми тамаддун чун пешрафти тараққиёти иҷтимоию сиёсии ҷамъият ва сатҳи баланди дастовардҳои моддӣ — маънавӣ ва технологии ҷомеа маънидод мешавад: Тамаддун – ҳолати пешрафтаи инкишофи зеҳнӣ, моддӣ ва маънавии ҷамъияти одамон мебошад, ки комёбиҳои он дар соҳаи санъат, илму фарҳанг бо истифодаи муттасили хат ва ташаккули сохторҳои сиёсию иҷтимоӣ собит шудаанд.

Муаррихон қайд мекунанд, ки ҳар як тамаддун айёми бавуҷудоӣ, инкишоф, тараққӣ ва нобудшавии худро аз сар мегузаронад. Вале бо вуҷуди ин тақдири ҳар як тамаддун аз қудрати ислоҳотдарорӣ доштан ва то чӣ андоза ба азнавсозиҳо тайёр будани он зич вобаста аст. Дар ин ҳолат ҷараёни тағйирёбӣ метавонад беҷаҳиш ва шикастхӯрии комили иҷтимоӣ — мӯътадил ва ба таври эволютсионӣ гузарад. Баъди бӯҳронҳо (экологӣ, сиёсӣ, демографӣ маънавӣ ва ё иқтисодӣ) бешубҳа дигаргуниҳои мушаххас — ивазшавии макони сукунат ё дигаршавии дастгоҳи идоракунанди ҷомеа ва ё давраи табоҳии система — тамаддун нобуд мешавад. Агар одамон боандеша рафтор кунанд, фаъолияташонро дуруст ба роҳ монанд, маҳдудияти шуури худро бартараф сохта, тамаддунро аз табоҳӣ ва нобудшавӣ наҷот дода метавонанд.

Пас аз Инқилоби Бузурги Фаронса оид ба мафҳум ва моҳияти тамаддун якчанд ақидаҳои тозае ба вуҷуд омаданд. Ин ақидаҳо бархилофи таълимоти маорифпарварон, ки тамаддунро зинаи олии пешрафти ҷамъиятӣ мешумориданд, гаровишҳои нисбатан маъюсона дошта, тамаддунро зинаи поёнравӣ ва таназзулёбии фарҳанг эълон намуда, ба аврупоцентризм ва эътиқодмандии маорифпарварон оид ба инкишофи ягонаи ростхатта доштани ҷомеа рахна заданд.

Олими рус Н.Я. Данилевский (1822-1885) нахустин шуда сохторпазирии тамаддунии ҷомеаро чун масъалаи бисёрии тамаддунҳо ошкор намуд. ӯ 10 типи таърихӣ-фарҳангии тамаддунҳоро нишон дода, ба онҳо боз як навъи тамаддуни нави ҷавон – тамаддуни славяниро дохил намуд. Олими рус тамоми халқҳои тамаддундорро ба се гурӯҳи асосӣ ҷудо мекунад: 1) эҷодкорони пешқадами таърих; 2) эҷодкорони манфии таърих; 3) эҷодкороне, ки барои мақсадҳои дигарон хидмат мекунанд. Мувофиқи таълимоти вай, ба гурӯҳи якум тамаддунҳое дохил мешаванд, ки барои пешрафти маънавиёти одамон ҳисса гузоштаанд: тамаддунҳои мисриёни қадим, чиниёни қадим, юнониён, румиҳо ва монанди инҳо. Данилевский ба гурӯҳи дуюм ҳамон навъи таърихӣ — фарҳангиеро дохил мекунад, ки сабаби шикастхӯрӣ ва нобуд шудани тамаддунҳои косташуда гаштаанд, мисли турку муҷул ва ҷ. Ба гурӯҳи сеюм ӯ навъи фарҳангҳои нав ба вуҷуд омада истодаеро дохил мекунад, ки дар таърихи инсоният онҳо на нақши созандагҳ, на қудрати табоҳсозӣ доштанд, чун финҳо…

Ҳар навъи таърихӣ — фарҳангӣ аз ҳолати мардумшиносӣ ба давлатӣ таҳаввул меёбад ва аз он ба сӯи тамаддун. Дар зери мафҳуми давраи тамаддунӣ Н.Я. Данилевский айёмеро дар назар дорад, ки дар муддати он халқҳо, фаъолияти маънавии худро дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ санҷида ба роҳ мондаанд. Данилевский якчанд қонуниятҳои бавуҷудоӣ, инкишоф ва тулӯи тамаддунҳоро муайян намуда, чунин таъкид мекунад:

  1. Ҳар қавм ё халқият, ки бо як забон бо ҳам муошират мекунанд ва айёми бачагии фарҳангиашонро якҷоя бо ҳам аз сар гузаронидааанд, метавонад як навъи (типи) таърихӣ — фарҳангии худро ба вуҷуд оваранд.

2.То давраи тавлиду инкишофёбии фарҳанг мардум бояд ба истиқлоли давлатӣ расанд.

  1. Ягон хусусият ва принципҳои як навъи таърихӣ — фарҳангӣ ба навъи дигари таърихӣ-фарҳангӣ намегузарад. Ҳар як навъи таърихӣ-фарҳангӣ тамаддуни ба худ хосро меофарад. Бештари тамаддунҳо, мувофиқи ақидаи Н.Я. Данилевский, танҳо дар як ё якчанд соҳаи фарҳангии худ нерӯи созандагӣ доранд. Чунончи, тамаддуни юнонӣ дар соҳаи зебошиносӣ, фалсафа, риёзиёт ва дигар навъи фаъолияти маънавҳ хеле боло рафтааст.

Мувофиқи ақидаи О.Шпенглер (с.1880 -1936), фарҳангҳо мустақилона, новобаста ба якдигар ба вуҷуд омада, ба таври худ инкишоф меёбанд. Ҳар фарҳанг рӯҳи хоссаеро дорост. Фарҳанг — тани рамзиест, ки таҷассуми зиндагии ҳамин рӯҳ аст. Ҳама чизи зинда оқибат несту нобуд мешавад. Ҳар чизи соҳибрӯҳ барои изҳор кардани рӯҳи худ тавлид меёбаду давраҳои бачагӣ, балоғат ва пириро аз сар мегузаронад ва оқибат нобуд мешавад. Сарнавишти ҳар фарҳанг низ чунин аст. “Фарҳанг лаҳзае тавлид меёбад, ки аз як рӯҳи бесимо ва беҳудуди одамони ибтидоӣ симои як рӯҳи бузургу маҳдудеро офарида, мепарварад. Фарҳанг мисли ниҳоле, ки фақат дар як ҷо месабзад, он дар макони маҳдуд ва муайян рӯида, бо ҳамин макон абадан пайванд мегардад. Тамоми нерӯи сиришти фарҳанг дар сурату симоҳои гуногуни халқу забонҳо, давлатҳо, таълимотҳои динӣ, илму санъатҳо ба таври хосса зоҳир мегардад.

Ҳамин ки тамоми нерӯҳои моддӣ ва маънавии фарҳанг амалӣ мегардад, ба бӯҳрон дучор шуда, боз ба ҳолати ибтидоияш бозмегардад. Вале, ба ақидаи Шпенглер, ҷараёни бавуҷудоӣ, инкишоф ва таназзули фарҳанг равон ва росхатта нест. Ин ҳастии зинда – муборизаи шиддатноки дутарафаи нерӯҳои гуногун мебошад: аз як тараф, он дар самти берунӣ – барои ба даст даровардани ҳокимият, мустаҳкам кардани он ва ба низомдарории муҳити атроф фаъолият мебарад; аз тарафи дигар, дар самти дохилӣ — барои ҷорӣ шудани ҳукми фарҳанг бар нерӯҳо ва виҷдонияти зеҳнӣ ба он ҷое, ки эҳсосоти зиёновар ҷойгир мешавад. Заволёбии фарханг дар натиҷаи сарф шудани тамоми нерӯҳои рӯҳии он, ҳангоми беқадру қиммат шудани арзишҳои фарҳангҳо ва ё гум шудани маънии онҳо дар зиндагӣ ба вуҷуд меояд. Зеро дар ин давра фикру мароми одамон акнун ба сӯи арзишҳои волои фарҳангӣ не, балки ба сӯи мақсадҳои манфиатҷӯёнаи шахсӣ ва некӯаҳволии худ моил мешаванд. Ин айёмро Шпенглер бо фарорасии давраи тамаддун вобаста мекунад: «Тамаддун – сарнавишти ногузири фарҳанг аст. Ояндаи Ғарб фақат ҳаракати буҳудуди ҳамеша ба пеш, боло, ба сӯи идеалҳои мо рафтаистода нест. Замони муосир марҳилаи тамаддун аст, на фарҳанг. Тамаддун – марги рӯҳии фарҳанг мебошад».

Бродел тамаддунро яке аз ҷамъияти пурустувори одамон меҳисобад, ки он чун воқеияти фавқуллода таърихи хеле тӯлониро аз сар мегузаронад. Асоси ҳамаи тамаддунҳоро муаррих дар сохти менталитети мардум медид: дар эътиқодот, дину оин, урфу одат, анъанаю маросимҳо, муносибати одамон нисбат ба кору зиндагии оилавӣ, ҳаёту мамот ва ғ. Ба ақидаи ӯ, маҳз сохти менталитети мардум хеле қадима ва муддати дурудароз дар фарҳанги халқҳо арзи вуҷуд дошта, хазинаи арзишҳои нотакрор, ибтидои асолату моҳият ва хусусиятҳои хоси ҳар тамаддун мегарданд. Бродел қайд мекунад, ки тамаддун моли гузашта аст, на моли оянда. Он ҳатто сарнавишт ҳам нест, зеро сарнавишт абадан ҷавон аст, аммо тамаддун ин айёми пирист, он қаҳрамони қадимтарини таърихи инсоният аст. Он пири комил ва падарбузурги таърихи дунёст. Тамаддунҳо инқилобҳо ва фалокатҳои иҷтимоиро ҳазм мекунанд, ҳатто иваз шудани синфи ҳукмронро дар сари ҳокимият, асолати характерноки инкишофи давомнокро, ки дар «таърихи тӯлонии бардавом» ғӯтавар аст, тағйир намедиҳад. Бо вуҷуди он тамаддунҳои бар таърихи тӯлонии бардавом фурӯрафтаи Бродел якнаво нестанд, онҳо ба «вақти тақриршуда» дар маҷмӯи «ҳаракатҳои иҷтимоӣ» бо лаппишҳо ва каҷравиҳои давомдор чи дар иқтисодиёт, сиёсат, демография, ва чи дар тафаккури коллективона ва худмаърифатии мардум, чи дар болоравию пастравии ҷинояткорӣ дар ҷомеа, якдигарро иваз кардани мактабҳои бадеи, хонишҳои адабӣ, мӯд ва дигар зоҳир мегарданд. Бродел бештар ба зуҳуротҳое, ки дар вазъи иқтисодӣ ба амал омада хосияти тӯлониро пайдо мекунанд диққат дода, онро «равияи чандинасра» меномад, ки он болоравӣ ва пастравии дарозмуддати ҷараёҳои иқтисодиро муайян мекунад.

Дар ҳақиқат, воқеаҳои таърихӣ дар таълимоти Бродел аз қаъри қабатҳои чуқури таърихӣ, ки ба сохти менталитети мардум аз дохил таъсир расонида, ба он хусусияти инкишоф ва таърихият мебахшанд, маълумот медиҳанд. «Давомнокии дарозмуддат» дар навбати худ мутеи вақти сокиннамо гашта, таркиби воқеиятҳои таърихиро ба шакл дароварда, сохту таркиб ва тақрирҳои онҳоро дар таърихи фарҳанги моддӣ ва маънавии мардум мустаҳкам месозад. Аҳамияти бузурги ин таълимоти Бродел дар он аст, ки ӯ айёмҳои гуногунтабиат ва солномаҳои зиддиятноки таърихиро баҳам алоқаманд намуда, ба мо пайванд ва муттаҳид кардани сохту таркиб, давра ва воқеаҳои таърихиро меомӯзонад. Бродел вазифаи муаррихро дар ҷустуҷӯ ва истифодаи шарҳу эзоҳотҳое мебинад, ки ҳаракати амудии аз як сатҳ ба сатҳи дигари айёмӣ гузаштани воѕқаҳои таърихро инъикос менамоянд. ӯ таъкид мекард, ки танҳо «давомнокии дарозмуддат», ки дар ҳар сатҳи гузашти айём алоқа ва муносибатҳои уфуқиро миёни якчанд давраҳои хурди таърихӣ таъмин менамояд, қодир аст, ки пайдарҳамии давраҳои таърихиро нигоҳ дорад.

Барои А.Тойнби тамаддун аз қисматҳои таърихи инсоният иборат аст, ки ба таври сунъӣ барои пажӯҳиш ҷудо карда мешаванд. Бутунии ҳар як қисмати тамаддун маҳдудият ва ҳудудҳои онро нисбат ба ҳамдигар муайян месозанд. Ба ақидаи Тойнби, тамаддунҳо дар натиҷаи ҷустуҷӯи ҷавоб бар масъалаҳое, ки табиат («замини ҳосилхез» ва «замини нав») ва муҳити инсонӣ («зарба» ва «фишор») назди одамон мегузоранд, ба вуҷуд меоянд. Дар ин маврид тамаддуни нав бо ду роҳ ба вуҷуд меояд: 1) бевосита аз ҷомеаҳои содда бо роҳи тағйир додани сохти он, дар натиҷаи аз байни он ҷудо карда гирифтани аққалияти эҷодкор (элита) барои ташаккул додани ҷавоб дар ҳалли масъалаҳои гузошташуда, инчунин, кор карда баромадани самту усулҳои фаъолнокии иҷтимоӣ; 2) аз тамаддунҳои пешина, дар асоси истифода намудани дастовардҳои тамаддунҳои аҷдодии худ (генетикии). Тойнби чунин мешуморид, дар ин маврид ба сифати дастгоҳи нигоҳдоранда ва интиқолкунандаи ахбороти генетикӣ ниҳодҳои конфессиалӣ, дини баромад мекунанд.

Муқобилгузории ин мафҳумҳо аввалин бор аз тарафи файласуфони рус ба миён оварда шуд. Онҳо моҳияти маънавӣ доштани фарҳангро тарафдорӣ карда, тамаддунро чун падидаи ғарбгароёнаи аз маънавиёт дур тафсир медоданд. Н.Бердяев тамаддунро ҳатто «марги рӯҳи фарҳанг» эълон намуд. Дар таълимоти ӯ, фарҳанг чизи рамзист, на воқеи, вале он дар натиҷа, ба тавассути аракатҳои мунтазами дохилифарҳангиаш аз фарҳанг берун шуда, ба сӯи зиндагӣ, амал ва нерӯ ҳаракат мекунад ва беихтиёр ба тамаддун рафта мерасад. Дар ҳамин роҳҳо «гузариши фарҳанг ба тамаддун ба амал меояд», «тамаддун кӯшиш дорад, ки зиндагиро амалӣ созад», «ҳаётро ба тавассути иваз намудани мақсади зиндагӣ бар воситаҳо ва василаи умр гузаронад».

Ҳамин тариқ, нисбати муносибатҳои «фарҳанг» ва «тамаддун» се нуқтаи назар вуҷуд дорад:

1.Мафҳуми фарҳанг ва тамаддун муродифи ҳамдигаранд ва байни онҳо ягон фарқияти махсус нест. Масалан, А.Тойнби тамаддунро зинаи муайяни фарҳанг меҳисобад ва дар самти маънавии он динро ҳамчун элементи асосҳ ва муқарраркунанда мешуморад.

  1. Байни фарҳанг ва тамаддун ҳам умумият (монандӣ) ва ҳам тафовутҳои ҷиддӣ ба назар мерасад. Ин гуна ақидаро бостоншиноси франсавӣ Ф.Бродел пешниҳод намудааст. ӯ тамаддунҳоро дар партави зуҳуроти маънавӣ, ки асосашро хусусияти тафаккури миллӣ — менталитет ташкил медод, омӯхта, тамаддунро пойгоҳи фарҳанг маънидод намуд.
  2. Маданият ва тамаддун зидди якдигаранд. Ин ақида дар назарияи файласуфи олмони О.Шпенглер дар китоби «Ғуруби Аврупо» таҷассум ёфтааст. Шпенглер тамаддун ва фарҳангро ба ҳам муқобил гузошт. Мувофиқи ақидаи ӯ тамаддун фарҳанги миранда, нобудшаванда ва парокандашудаистода мебошад. Шпенглер навиштааст: «тамаддун аз паи фарҳанг чун таваққуфкардае аз паи ташаккулёфта, чун марг аз паси ҳаёт, чун беҳаракатӣ аз паи инкишоф, чун шаҳри санггаштае аз паи деҳи обод, чун нуқси пирӣ аз паи бачагии дерину дилнишин меравад. Ба ақидаи ӯ, фарҳанг — организми зиндаю сабзанда буда, барои инкишофи санъат ва адабиёт ва сабзиши эҷодкории нотакрори шахсият ва ҳар як фард имкониятҳои васеъ фароҳам меорад. Дар таммаддун барои эҷодиёти бадеӣ ҷой нест. Дар он техника ва ақли беҳис ҳукмрон аст. Он одамонро яксон намуда, онҳоро ба мавҷуди бесимо табдил медиҳад.

Масъалаи муносибати фарҳанг ва тамаддун танҳо ҳамон вақт ҳалли худро пурра меёбад, ки агар ба тамаддун чун ба падидаи фарҳангӣ, яъне — маҳсули фарҳанг, моҳияту қисми таркибии он нигарем: тамаддун – маҷмӯи воситаю василаҳои фаъолияти ҷамъиятест, дар ҷараёни инкишофу тараққиёти фарҳангӣ ба вуҷуд меояд. Фарҳанг на фақат тариқат (технология) ва тарзу усули зиндагӣ ва тамоми фаъолияти эҷодкоронаи одамонро фаро мегирад, балки он ба арзишҳои муҳими ҳаётӣ такя намуда, ба зиндагон ва ҳастии инсон маънӣ мебахшад. Фарҳанг бо мақсадгузориҳои муайяни инсонӣ ва дар ҳаёт амалӣ гардидани ин мақсадҳо зич алоқаманд бошад, тамаддун бо намунаҳои муносибату рафтор, хулқу атвор, меъёру арзишҳои азхудкардашудаи мардум ва ҷомеа сарукор дорад. Фарҳанг – воситаи аз худ кардани дастовардҳо аст, вале тамаддун – дар шароитҳои таърихии муайян амалӣ гардонидани як навъи ҷомеа мебошад. Фарҳанг – дар асоси ҷаҳонбинӣ ва меъёрҳои гуногуни маънавию ахлоқӣ муносибат доштан ба ҳамин навъи ҷомеа мебошад. Тафовутҳои байни фарҳанг ва тамаддун, ки дар системаҳои муайяни иҷтимоӣ ба зиддиятҳо оварда мерасонанд хусусияти нисбӣ доранд. Таърих гувоҳи он аст, ки беҳтарин арзишҳои инсонпарварона танҳо ба тавассути тамаддуни тараққикарда дар ҳаёт татбиқ мешаванд. Тамаддуни воло, дар навбати худ, танҳо дар заминаи фарҳанги эҷодкор ва эъҷозофарин ба вуҷуд меояд. Тамаддунҳо — системаҳои куллии таърихӣ-иҷтимоие мебошанд, ки қонуниятҳои инкишофи онҳо ба фаъолияти қонуниятҳои гурӯҳҳои иҷтимоӣ, этникӣ, миллат ва давлат ҳамранг нестанд. Тамаддун сохтори куллиест, ки ҷузъҳои гуногуни (динӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, ташкили ҷаёти иҷтимоӣ, системаи маориф, таълиму тарбия ва ғ.) ба ҳам мувофиқат гардонидашуда ва зич алоқамандро дар бар мегирад. Ҳар яке аз ин ҷузъҳо дар худ хусусияти хоси ин ё он тамаддунро таҷассум мекунанд. Ин хусусият ҷавҳари тамаддун буда, он хеле устувор мебошад. Бо таъсири ангезандаҳои дохилӣ ва беруна дар ин ё он тамаддун дигаргуниҳо ба вуҷуд оянд ҳам, аммо ҷавҳари он бетағйир мемонад. Аз ин рӯ, ҳар як тамаддун сарнавишти таърихӣ, арзишу хусусиятҳо ва сохторҳои ба худ хос дошта, дар макон ва давраи муайяни таърихӣ ягонагии маънавии ин ё он гурӯҳи бузурги иҷтимоии хешро мувофиқи анъанаҳои таърихиашон ба амал меоварад.


1.29K
Нет комментариев. Ваш будет первым!