Фарҳанг дар шароити ҷаҳоншумулӣ (глобалӣ)

Ҷаҳонишавии қувватгирифтаистода тамоми ҷанбаҳои зиндагии имрӯзаро фаро мегирад. Он аз иқтисодиёт манша гирифта, пас дар фарҳангу сиёсат густариш ёфтааст. Дар айни замон, аз ҷаҳонишавӣ аз ҳама бештар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бурд мекунад, аз ин рӯ, онро, баъзан, «амрикоикунонӣ» низ меноманд. Ҷаҳонишавӣ дар фарҳанг ҷаҳонишавии иқтисодиётро идома намуда, онро мукаммал мегардонад, аммо дар баробари ин ҷаҳонишавӣ вижагиҳои муҳими аслии худро доро аст. Ҷараёнҳо ва равандҳо дар он шаклҳои хеле тезу тундро мегиранд. Дар фарҳанг ҷаҳонишавӣ бештар чун амрикокунонӣ баромад мекунад, зеро тасаллути ҷаҳонии тақвият ёфтаистодаи фарҳангҳои омма, тиҷорӣ ва расонавӣ бештар амрикоӣ мебошанд. Ҷаҳонишавии фарҳангӣ ба танг карда баровардани фарҳанги волои аслӣ, салтанати фарҳанги омма, аз миён рафтани гуногунрангии фарҳангӣ, якхела ва ба қолаб даровардани фарҳангҳо оварда мерасонад.

Дар адабиёти хориҷӣ оид ба раванди ҷаҳонишавӣ ва тиҷорӣ се нуқтаи назар мавҷуд аст. Фарзи аввал он аст, ки ҷаҳонишавии фарҳангӣ падидаи айнӣ, лозим ва аслан, ҳастии мусбат аст. Тарафдори ин фарзия забоншиноси швейтсарӣ Ж.Молино мебошад. ӯ мӯътақид аст, ки ташвиши кишварҳои аврупоӣ оиди он, ки раванди ҷаҳонишавӣ дар асл амрикоикунонӣ аст, асоси ҷиддӣ надорад. Сабаби аслии ташвиши аврупоиёнро ӯ дар он мебинад, ки муддати қарнҳо аврупоиҳо сиёсати ба худашон манфиатноки ҷаҳонишавиро ҷорӣ мекарданд. Ҳоло ки раванди ҷаҳонишавӣ самти худро тағйир дод, ба онҳо тарки ошноӣ аз аврупотсентризми худ хеле мушкил афтодааст.

Назари дуюм, назари танқидӣ буда, нисбати ҷаҳонишавии фарҳангӣ охирзамона аст. Он дар ақидаҳои намояндагони мактаби франкфуртии фалсафӣ Т.Адорно ва М.Хоркхаймер возеҳу равшан баён мешавад. Онҳо аввалин шуда падидаи санъати фарҳангиро, ки дар тавлиди фарҳанги оммавӣ ва фарҳанги тиҷориро, ки бо номи расонаҳои модернӣ ва постмодернӣ маъруф гаштаанд, кашф намуданд. Ба назари онҳо паҳн шудани маҳсулоти санъати фарҳангӣ ба таназзули ҷомеа ва ҷуброннопазирии асосҳои аз дастрафтаи аслии инсон ва ҳастии ӯ оварда мерасонад. Ин андешаҳо дар таълимоти сохторгароӣ (М.Фуко), постмодернизм(Ж.Ф. Лиотар, Ж.Бодрияр) ва дигар ҷараёнҳои мухталифи тафаккури муосир инкишофи худро ёфтаанд.

Асосҳои нуқтаи назари сеюмро ҷомеашиноси инглис Р.Хоггарт кор карда баромадааст. Солҳои 30-юми асри ХХ ӯ ҷараёни ба маданияти шаҳр ҳамроҳшавии коргарони инглисеро, ки аслашон аз мардуми кишоварз буданд, таҳқиқ намуд. Р.Хоггарт қайд кард, ки мутобиқшавии коргарон ба фарҳанги оммавии шаҳриён автоматӣ ва ғайрифаъол набуд: коргарон қобилияти муқобилаткунии худро ҳартарафа зоҳир мекарданд, онҳо ҳамеша кӯшиш мекарданд, ки аз қолабҳои муайяншуда саркашӣ ва канораҷӯӣ кунанд. Дар Фаронса ҳамин ақидаҳоро таърихшинос М. де Серто такмил медод.

Масъалаҳои равобити байни фарҳангҳои миллӣ, ғарбӣ ва ғайри ғарбӣ, марказ ва пиромуни он, фарҳангҳои ҳукмрон ва тобеъ, империализми фарҳангӣ ва ҳуввияти фарҳангӣ ва ғ. чун маъалаҳои муҳим ва мубрам шинохта шуданд. Печидагӣ ва шиддатнокии масъалаҳои мазкур бештар дар равобити фарҳангҳои Амрико ва Фаронса равшан зоҳир мегрдад. Ба ақидаи муҳаққиқи фаронсавӣ Ж. Леклерк, Фаронса ва Иёлоти Амрико аз бисёр ҷиҳатҳо тамаддунҳои гуногунфарҳанг мебошанд. Фаронса намунаи навъи классикии тамаддуни анъанавии санъату ҳунару фарҳанги воло ва Амрико- намунаи тамаддуни самеъулбасарӣ (аудиовизуалӣ) ва фарҳанги оммавӣ мебошанд. Нишондиҳандаи аввалӣ — беҳтарин музеи Лувр, ки Маркази ҷаҳонии захирасозӣ ва намоиши шоҳкориҳо асту ба тамошои он тамоми мардум аз саросари дунё меоянд. Симо ва рамзи Амрико-Маркази умумиҷаҳонии истеҳсолкунандаи филмҳо — Ҳолливуд мебошад, ки бо интишори маҳсулоти синамо рӯи дунёро гирифтааст.

Ҷаҳонишавии олами санъату ҳунар ба адами тақоруну таносуби ҷараёни маҳсулоти классикию самеъулбасарӣ (аудиовизуалӣ) ва бозорҳои санъату синамо мерасонад. Чунин мешуморанд, ки амрикоиҳо филмҳои франсавӣ ва бисёре аз мардуми Фаронса як наққошии амрикоиеро ҳаргиз надидаанд. Аммо мавзӯи ҷараёнҳои фарҳангии зоҳиран табиӣ ва мухталифу тағйирёбанда мисли ҳар гуна ҷараёнҳои дигар мутеи мантиқи бозорӣ мебошанд. Дар натиҷа, миёни сохторҳои ташаккулёфтаистодаи содироти арзишҳои фарҳангии франсавӣ ва амрикоӣ тафовутҳои мушаххаси қобили таваҷҷӯҳ ба назар мерасанд.

Аз як тараф, таҳдиди маҳдудияти таҷдиднопазир ва коҳиши теъдоди осори классикӣ ва аз тарафи дигар, номаҳдудӣ, такрористеҳсолкунию зиёдшавии теъдоди филмҳо ба вуҷуд меоянд. Нодирии мутлақ ба фаровонии мутлақ дучор мешавад. Бархе аз муаллифон ба намунаҳои овардашуда такя намуда аз он натиҷагирӣ мекунанд, ки ҷаҳонишавии фарҳангӣ ягон асоси ташвишоваре надорад. Аммо вазъияти синамои Кореяи Ҷанубӣ мисоли равшани ташвишовар будани ин падида аст. Ҳанӯз дар солҳои 80-ум кишвари Корея соле зиёда аз 100 филмро ба навор мегирифт, ки аз он синамои миллӣ афзалият пайдо мекунад, аммо пас аз он ки давлат аз танзими давлатии иқтисоди кишвар даст кашид, кор ранги дигар гирифт: дар солҳои охир воридоти садҳо филмҳои америкоиро таъмин намуда, истеҳсоли филмҳои миллии худро аз ҳарвақта камтар намудааст. Чунин сарнавишт ба санъати синамои Гонконг низ насиб гашааст: он рақобати Ҳолливудро бардошта натавонист.

Чунон ки мебинем ҷараёни ҷаҳонишавии фарҳангӣ хеле мураккаб ва баҳсангез буда, ба натиҷаҳои мухталиф оварда мерасонад. Қолабгароӣ ва ба як шаклдарорӣ ва дурагакунонӣ ва омехтасозии фарҳангӣ ба ҳамин гуна натиҷаҳои номатлуб оварда мерасонад. Аз ин рӯ, масъалаи бақоии фарҳангҳои маҳаллӣ ва миллӣ ханӯз ҳам кушода ва ҳалношуда мондааст.


326
Нет комментариев. Ваш будет первым!