ФАРД, ФАРДИЯТ, ШАХС

Макс Шелер қайд мегӯяд, ки ҳам мафҳум ва ҳам калимаи «одам» дар истеъмоли ҳаррӯзаю муқаррарии онҳо духӯраанд. Аз як тараф, дар зери мафҳум ва калимаи «одам» инсонро ҳамчун намояндаи олами ҳайвонот, қуллаи олии он мефаҳманд. Аз тарафи дигар, калимаи «одам»-ро истеъмол карда, мо тамоми зоти одамро мефаҳмем, масалан мегӯем, ки «одам аз маймун пайдо шудааст», «одам бунёдгари «табиати дуюм» — олами маданият аст. Инчунин аз тарафи дигар, ҳар як одами алоҳидаро ҳамчун фард, шахс дар назар дорем. Барои ҳамин ҳам барои фаҳмидани фарқиятҳои ҳамон як калимаи «одам» зарур аст, ки чор таърифи дигарро истифода барем: 1) инсон дар систематикаи ҳайвонҳо; 2) инсон дорандаи моҳияти худ, ки ба туфайли он аз олами ҳайвонҳо берун мебарояд; 3) инсон ҳамчун намояндаи кулли инсоният; 4) инсон ҳамчун фард ва ҳамчун шахс.

Мафҳуми «индивид» (фард) дар забони лотинӣ маънои тақсимнашавандаро дорад. Бо ин мафҳум намояндаи намуди биологии «ҳомосапиенс», умумиятҳои иҷтимоии одамон — қишру табақаҳо, синфҳо, халқияту миллатҳо ва касбу ҳунарҳои гуногунро ифода мекунанд. Фард, аз як тараф, таснифи оддӣ ва умумигардонидашудаи зоти инсон ва аз тарафи дигар, нисбати дигарон мавҷудияти алоҳида доштан аст. Фарди воқеӣ ҳеҷ гоҳ ба мафҳуми худ айнан баробар нест, чунки доимо дар сабзишу инкишофёбӣ аст, хусусияту паҳлӯҳои нав пайдо мекунад. Аз ин сабаб, «фард» ҳамчунин маънои тағйирёбии симои одамро дорад. Тағйирёбиҳои симои фард ҳолату сифати яквақта муайяншуда дар зиндагии он нест.

Фард махсусият ва муайянии мушаххаси одами алоҳида, сифатҳои табиӣ ва дар зиндагӣ пайдокардаи онро ифода мекунад. Хусусияту сифатҳое, ки фарди муайян дорад, дар ҳамин шаклу зуҳурот ба дигарон хос нест. Фард махсусияту муайянии хоссаи морфологӣ, физиологӣ ва психикии худро дорад, ки дар ҳамбастагӣ бо муҳити зиндагӣ ва фаъолияти он сурат мегирад. Махсусияти ҳар як фард дар сатҳи зиндагии биологии он низ зоҳир мешавад. Худи табиат дар ҳар як фард нотакрории онро муайян мекунад, нигоҳ медорад, хусусан генофонди онро. Ҳуҷайраҳои бадани ҳар як фард молекулаҳои хоссае доранд, ки онро аз ҷиҳати биологӣ ва физиологӣ нотакрор мегардонанд. Аз ин ҷост, ки гуногунрангии фардҳои инсонӣ беҳудуд буда, он нафақат дар шаклу шамоили зоҳирии онҳо, балки дар олами ботинии онҳо низ зоҳир мешавад. Мазмуну маънои нотакрори фарди алоҳидаро ҳам симои зоҳирӣ ва ҳам олами ботиниву маънавии он ташкил медиҳанд. Нисбат додани ин зуҳуротҳои фардӣ ба қувваҳои беруна ва бегона нуқтаи назари илмӣ нест. Ҳамаи зуҳуротҳои фардии одамон новобаста аз тарзҳои ҳастии биологӣ ва иҷтимоии онҳо вуҷуд дошта наметавонанд. Дар айни замон, фард — берун баромадан аз ҳудуди воҳиди фардист. Ин берун баромадан ҳамон вақт ба амал меояд, ки агар одам худашро хуб шиносад, донад, ки ӯ кист, кордонӣ, вазифа, ӯҳдадориҳо, таъиноту роҳҳои зиндагӣ ва мақоми худро дар зиндагӣ муайян ва кӣ будани худро идрок кунад.

Дар зери мафҳуми «фардият» ташаккулу зуҳуроти хислату хусусиятҳои фард фаҳмида мешавад, ки дар махсусияти худ ба дигарон монанд нест. Фардият нотакрории фарди алоҳидаро дар кулли сифатҳо ва зуҳуроти он ифода мекунад. Фардияти инсон фақат дар ҷамъият ва муносибатҳои ҷамъиятии бо дигарон доштааш сурат мегирад. Кӯдакони аз ҷамъият берунмонда фақат аз ҷиҳати биологӣ ва он ҳам бошад, аз рӯи нормаи биологии ба ҳайвон хос амал мекунанд. Дар байни онҳо зиндагӣ карда, ба воя расида, «тарбия» гирифта, ҳангоми ба ҷамъият ва муҳити зиндагии инсонӣ баргардониданашон фардияти инсонӣ пайдо карда натавонистанд, ҳарчанд ки генотип ва хусусиятҳои табиӣ-ҷисмонии худро нигоҳ доштанд.

Фардияти ҳар як кас нотакрор буда, бо ирсияти биологӣ ва шароити зисту фаъолияташ дар ин ё он муҳити табиӣ ва иҷтимоӣ, хусусан муҳитҳои хурди иҷтимоӣ (микросреда) ташаккул меёбад. Шароиту вазъияти нотакрори муҳити хурди зисту фаъолияти ҳар як фард дар ӯ хусусияту сифатҳои нотакрорро ба вуҷуд меорад. Фардият дар зуҳуроту алоҳидаи худ маҷмӯи ҳамаи ҷабҳаҳои онро ташкил медода нест, чунки доимо дар тағйирёбӣ аст. Барои ҳамин ҳам, фардият худ аз худ маҷмӯи зуҳуроту омилҳо ва ҷабҳаҳои ташаккулёбии он набуда, балки ягонагии яклухт ва аз ҳампайвандии онҳо дар ҳар як фард аст, чунки дар воқеияти ҳақиқии худ ҷудо-ҷудо вуҷуд дошта наметавонанд. Мазмуни мафҳуми «фарддият»-ро тақсимнашавандагии ҳамаи унсурҳои он ташкил медиҳад. Фардияти одам мутлақ ва як чизи ба охиррасида нест. Шароиту меъёрҳо ва андозаҳои доимо мутаҳаррику тағйирёбандаи зиндагиву фаъолият ва муносибатҳои он бо дигарон шарту меъёрҳои тағйирёбии фардияти ӯст.

Дар айни замон фардияти инсон ифодаи (инварианти) шахсияти он аст, ки тағйир меёбад ва ҳам устуворияти худро дар зиндагиаш нисбатан нигоҳ медорад. Фардият, чи хеле зикр шуд, нотакрории одамро дар маҷмӯи хусусияту хислатҳо ва сифатҳои он ифода мекунад. Мазмуни ин мафҳумро ба таври зайл фаҳмидан мумкин аст. Ҳар як одам аввал дар шакли фақат ба худ монанд, баъд дар шакли «фарди тасодуфӣ» (К.Маркс) барои дигарон, баъд фарди иҷтимоӣ, яъне намояндаии ин ё он умумияти одамон ва баъд дар шакли шахс ташаккул меёбад. Сифату зуҳуроти шахсии он ба хусусиятҳои фардиаш мусовӣ нест. Шахс то ҳамон андоза пурарзиш ва фаъол аст, ба кадом андозае, ки муносибатҳои ҷамъиятиро азхуд мекунад ва ба моҳияти ботинии худ табдил медиҳад. Барои шахс сифати «ман ҳастам ва амал мекунам» ва барои фард «ман ҳамин хел ҳастам» бартарӣ дорад, вале ин сифатҳои фардӣ ва шахсиро муқобил гузоштан мумкин нест, чунки шахсият дар заминаи фард сурат мегирад, ҳарчанд бо хусусиятҳои фардӣ маҳдуд намешавад. Гуногунрангиву нотакрории фардиятии одамон шарти муҳиму талаботи инкишофи ҷамъият аст.

Ду назарияи асосии шахсият вуҷуд дорад: шахс ҳамчун шарҳу сифати фаъолияти-функсионалӣ, ин ё он мақом доштани одам дар зиндагиву фаъолияти ҷамъиятӣ; шахс ҳамчун шарҳи моҳиятии инсон. Назарияи аввал ба фаҳмишу муайян кардани вазифаҳо (функсияҳо), таъиноти инсон ва мақоми иҷтимои-фаъолиятии он асос ёфтааст. Шахсияти инсон фақат дар ҷамъият ташаккул меёбад. Вале чунин фаҳмиши шахс имконият намедиҳад, ки олами ботинии он ошкор сохта шавад, чунки фақат рафтору амали зоҳирии онро ба назар мегирад. Маънидодкунии шахс аз мавқеи функсионалӣ яктарафа, нокифоя аст. Муайянкунии моҳияти айниятноки шахс дар имкониятҳои ботинии худи он, дар фаъолияту маънавият, худсозиву худвоқеятдиҳии шахсии инсон, сифатҳои он ҳамчун субъекти озодона ва бошуурона амалкунанда ифода меёбад. Бо ин тарзҳо ӯ моҳияти ботинӣ-инсонии худро месозад, зоҳир мекунад ва воқеӣ мегардонад. Сифатҳои шахсӣ таҷассумшавӣ ва ифодаёбии муносибатҳои ҷамъиятии одамон ва дар ин муносибатҳо таҷассум гардонидани онҳо аст. Берун аз доираи ин муносибатҳо одамон субъектҳои зиндагӣ, ахлоқу маърифат, маданият ва фаъолияти ҷамъиятии худ шуда наметавонанд.

Дар тарзҳои муайяни фаъолият ва муносибатҳои ҷамъиятӣ типҳои муайяни таърихии шахс ташаккул меёбад. Дар протсесси иҷтимоишавии фардҳои биологӣ ду масъала, ки хилофи ҳамдигаранд, ҳал карда мешавад: масъалаи худнигоҳдории ҷамъият ҳамчун системаи тому ягонаи иҷтимоӣ ва ба тартиботу муқаррароти он тақлид кардану мутобиқ шудани фардҳо, худнигоҳдории шахсиятҳо, яксон нашудани онҳо бо тамоми ҷамъият, нигоҳ доштани шахсияти беҳамто, озодии шахсии худ.

Ҳамин тавр, дар мафҳуми фард (дорандаи тан, бадани табиӣ) ҷанбаи биологии он, мансубияти он ба умумиятҳои иҷтимоии одамон ифода меёбад. Дар мафҳуми инсон ҳам ҷанбаи биологӣ ва ҳам ҷанбаи ҷамъияти-мадании он ва дар мафҳуми шахс хислату хусусият ва сифатҳои муттаҳидкунандаи (интегративии) иҷтимоӣ-психологӣ ва фарҳангии инсон: ҷаҳонбинӣ, худшиносӣ, худмуайянкунӣ, худбаҳодиҳӣ, майлу рағбатҳои арзишӣ ва дигар сифатҳои шахсӣ ифода меёбанд. «Шахс» мафҳумест, ки сифатҳои иҷтимоии одам, орзуву ормонҳои ғоявӣ, ахлоқӣ, эстетикӣ, мавқеъ ва эътимоди шаҳрвандӣ, сиёсӣ, тарзу услубҳои тафаккур, ироданокӣ ва ба ин монанд сифатҳои иҷтимоии онро ифода мекунад. Шахс мафҳуми аз ҳама асосӣ ва волотарини маънидодкунии моҳияти инсон аст, ки чунин моҳиятро дар мавҷудоти дигари зинда дарёфтан мумкин нест. Мафҳуми «шахс» моҳияти иҷтимоӣ, маданӣ, фарҳангӣ ва фаъолияти одамро ифода мекунад.

Мафҳуми «одам» назар ба мафҳуми «шахс» маънидодкунии умумитар буда, фарқияти одамро аз дигар мавҷудоти зинда ифода мекунад. Дар айни замон ҳар як одам дорои шахсияти худ аст ва ин ду мафҳумро ба ҳамдигар муқобил гузоштан мумкин нест. Ҳар як одам шахс аст ва ҳар як шахс — шахсияти одамӣ дорад. Мавҷудоти ғайри одамӣ шахсият надоранд. Шахс — одами дорои худшиносӣ ва ҷаҳонбинӣ аст, ки таъиноту вазифаҳои (функсияҳои) ҷамъиятии худро маърифат кардааст, худро ҳамчун субъекти худсоз ва худмаърифаткунанда, субъекти таърихӣ, меросдору меросхӯри наслҳои гузаштаи инсонӣ шинохтааст. Шахс таҷассуми фардии муносибатҳои ҷамъиятӣ ва дорандаи функсияҳои субъекти маърифату дигаргунсозии олам, ҳуқуқҳо ва ӯҳдадориҳои худ аст. Сифатҳои шахсӣ аз ду манбаъ ғизо мегиранд — аз тарзи иҷтимоии зиндагӣ ва аз ақлу хирад. Манбаи асосии ташаккули зуҳуроти сифатҳои шахсӣ ин ҳаёту фаъолияти ҷамъятӣ аст. Мафҳуми «фард» асосҳои бунёдиро, мафҳуми «фардият» махсусиятро, мафҳуми «шахс» моҳияти инсонро ифода мекунанд. Мафҳуми «инсон» мафҳуми кулл ва умумиест, ки ҳамаи сифатҳои дар боло номбаршудаи инсонро ҳамчун умумияти намуди биологӣ ва умумисайёравӣ (инсоният) ифода мекунад. Ҳамаи мафҳумҳои номбаршуда ба ҳамдигар алоқаманданд ва мазмуни интегративӣ доранд, якдигарро пурра месозанд.

Шарти объективӣ ва зарурии шахс шудан ва шахс будан тани (бадани) биологии одам, аст, вале тану бадани он шахс нест. Хештаншиносӣ, ҷаҳонбинӣ ва тарзи иҷтимоии зиндагиву фаъолияти он аломатҳои асосии шахс шудани он аст. Шахс будани ӯ худ аз худ аз рӯи баданаш не, балки аз рӯи кору фаъолият, маърифату маданият, ахлоқу муносибатҳои бо дигарон ва ҷамъият доштаи ӯ, аз рӯи амалу рафтор, кору кирдори он муайян мегардад. Дар навбати худ ҳамаи ин зарурияти инкишофи қобилияти худбаҳодиҳӣ ва худшиносии ӯро ба миён меорад. Ба гуфтаи Ж.П.Сартр шахсият лоиҳа ва гуфтаи Х.Ортега-и- Гассет барномаест, ки ҳеҷ вақт ба итмом намерасад. Шахсият ба ин маъно, мегӯянд онҳо, ҳама вақт бебарорӣ ва ноқаноатмандӣ аст.

Ба ташаккулу камолоти шахс се чиз сабаб мешавад: ворисияти табиӣ-биологӣ, муносибатҳои ҷамъиятӣ ва муҳити иҷтимоӣ-маданӣ, ниҳоят вазъияту сатҳи зиндагӣ. Дар натиҷаи баҳампайвастану ва ба ҳам мусоидаткунӣ ва таъсиррасониҳои ин омилҳо, ки инсонро ҳамчун шахс ташаккул медиҳанд, ӯ сифатҳои дахлдор: қобилияту талабот, одобу ахлоқ, мақсаду манфиат ва дигар сифатҳое пайдо мекунад, ки қувваҳои моҳиятиашро ташкил медиҳанд ва дар гуногунрангии беҳудуд вуҷуд доранд. Гуногунрангии талаботу қобилият ва дигар қувваҳои моҳиятии одамон қонунияти инкишофи иҷтимоӣ ва мадании онҳо аст. Ҷамъият наметавонад, ки фақат ҷамъияти чӯпонҳо ва галабонҳо, ё фақат ҷамъияти олимону шоирон ва ҳофизон, ё фақат ҷамъияти ҳокимону сиёсатмадорон бошад. Ҳамаи номбурдагон дар ҷамъият бе якдигар вуҷуд дошта ва кору амал карда наметавонанд. Гуногунрангии касбу ҳунарҳо, тарзу шаклҳои фаъолияту муносибатҳои байни онҳо, гуногунрангии фардиятӣ ва шахсиятӣ дар ҷамъият маҳсули ягон қувваи берунаи тоҷамъиятӣ ва новобаста аз ҷамъият набуда, балки маҳсули фаъолияту муносибатҳои ҷамъиятии худи одамонанд.

507
Нет комментариев. Ваш будет первым!