Бешуурӣ

Бешуурӣ. На ҳамаи ҳолатҳои марбут ба психикаи инсон метавонанд сифати шуурнокиро дошта бошанд. Шуур дар баробари ҷанбаҳои мухталифи фаъолияти психикии мағзи сари инсон хоси танҳо яке аз ҳолатҳои он аст. Бештари равандҳои психикӣ бидуни иштироки бевоситаи шуур ба амал меоянд. Бисёре аз ҳодисаҳои фаъолияти муқаррарии инсон ҷойдоштаро метавон ба сифати мисоли тасдиқи ин қазоват пешниҳод намуд. Масалан, ба ҳар кадоме аз Шумо ҳеҷ набошад чандин маротиба иттифоқ афтодааст, ки субҳ ҳини берун омадан аз хона як қатор амалҳои муқаррариро ба сомон расонед: маводи дарсиро дохили ҷувздон мегузоред, барқро хомӯш мекунед, чумаки обро маҳкам мекунед, дарро қулф мекунед ва ғайра. Аммо дар истгоҳ ногаҳон шумо таҳти шубҳа меафтед, ки оё воқеан ҳам чумаки обро маҳкам карда будед, телевизорро хомӯш карда будед ва ба мисоли ҳамин. Шумо барои ҳосил кардани боварӣ ба иҷрои ин корҳо кушиши менамоед, ки ба тартиб ҳамаи амалҳои субҳ хини аз хона берун омадан анҷом додаатонро пеши назар оред. Дар ин маврид эҳтимол меравад, ки шумо ҳамаи амалҳои субҳ пеш аз хона баромаданатонро худ ба худ, бешуурона анҷом дода бошед.

Мисоли фавқуззикр баёнгари он аст, ки мундариҷаи ҷараёни ҳодисаҳои дар фаъолияти психикии инсон ба амалоянда танҳо бо амалҳои бошуурона маҳдуд намешавад, балки он иборат аз падидаҳое ҳам ҳаст, ки берун аз ҳавзаи шуур худро дар ҳолати бешуури маҳфӯз медоранд. Яъне бештари равандҳои психикии инсон бидуни иштироки фаъоли шуур ба амал меоянд. Ин падидаҳо ҳар замон ғайричашмдошт метавонанд бидуни пешбинию дарки пешакӣ рафтори инсонро роҳнамоӣ кунанд ва ба он таъсиргузор бошанд. Бинобар ҳамин ҳам ҳанӯз аз замони фалсафаи аттика андешаҳое пайдо шуданд, ки психикаи инсонӣ, яъне олами ботинии инсон аз шуур дида бойтару рангинтар аст. Оид ба бештари ҳолатҳои руҳияш фард наметавонад пурра маърифат дошта бошад. Зеро дар психика соҳаҳое мавҷуд аст, ки ба таври куллӣ якбора ва ҳамзамон таҳти назорати ақл қарор намегиранд ва аз ин рӯ бештари рафторҳои инсон берун аз идораи султаи ақл мемонанд. Бинобар ҳамин ҳам бештари рафторҳои инсон ба сифати сарчашмаи худ на ақлу фаросати ҳолис, балки бешууриро доранд.

Аммо дар илм барои дарки амики ин масъала руи кор омадани чандин назару андешаҳои мухталиф лозим омад, то дарки имрӯзаи он ба даст ояд. Файласуфи фаронсави Рене Декарт чунин андеша дошт, ки шуур ва психика ягонаанд ва берун аз ҳудуди шуур танҳо фаъолиятҳои холиси физиологии мағзи сар метавонанд ҷой дошта бошанд. Аммо ба тадриҷ дар ради ин қазоват андешаи дигаре руи кор омад, ки на ҳамаи он чизе ки дар руҳияи инсон руй медиҳад имконияти ворид шудан ба доираи ақлро доранд. Яъне ҳарчанд инсон вуҷуди тафаккуркунанда аст, вале ин маънои онро надорад, ки шуури у бетанаффус, истнопазир амал мекунад. Дар ҳаёти инсон равандҳои ноогоҳонаи психикӣ низ нақши арзандаю бештар доранд. Масалан, кӯдакеро тасаввур кунед, ки дар овони хурдсолияш пайваста мавриди ҷазои ҷисмонии волидайн қарор мегирифт ва у дар худ чунин тасмим мегирифт, ки бо соҳиби фарзанди худ шудан онҳоро озор нахоҳад дод, зеро ин амали носавоб аст. Вале мутаассифона, бо мурури расидан ба ин мақсад, яъне соҳибфарзанд шудан муносибати у баръакс ба фарзандонаш нисбат ба он муносибате, ки волидайн бо у доштанд, бештар бераҳмонаю сангинтар мегардад. Сабаб дар чист? Нафари мазкур нохудогоҳона дар сатҳи бешуури вориди раванди бозтавлидкунии он намунаи рафторҳое аст, ки дар овони хурдсолӣ пайваста пеши назараш ҷилвагар мешуданд.

Назариёти ибтидоиро оид ба масоили бешуури бори аввал файласуфи олмонӣ Лейбнитс Г. В. (1646-1716) матрах менамояд. Ин падидаро у ҳамчун шакли поёнии фаъолияти рӯҳӣ арзёбӣ мекунад. Бешуурӣ тибқи андешаи у берун аз остонаи тасаввуротҳои даркшуда меистанд ва шабеҳи соҳилҳои ториқи андешаи нопайдоканоранд. Наздик ба ҳамин андеша И. Кант низ бешууриро бо гариза, яъне қобилияти аз ҷониби инсон ба дастоварии бевоситаи дониш дар шакли ҳадсу тезхушӣ бидуни исботу таркиби мантиқӣ монанд месозад. Вале ба шакли густурдаю усулӣ моҳияти ноогоҳию бешуурии фардӣ аз ҷониби мутафаккири равоншиноси асри ХХ Зигмунд Фрейд бори аввал матрах мегардад. Дар ин замина маҳз у назарияи устувори бешууриро ташаккул дода, барои омӯзиши алоқаю робитаҳои ноаёни марбут ба ҳаёти руҳии инсон роҳи фароҳ кушод.

Тибқи андешаи Фрейд психикаи инсон дар ҷараёни таҳаввули худ қобилияти ҳайратангези аз доираи шуур берун рондани бештари таассуроту нигарониҳои нохушро ба қисми дигари мағзи сар пайдо намуд ва бо ин бештар аз пештар имконияти дарки амиқи ҳодисаҳоро ба даст овард. Зеро агар психикаи инсон қабати шуурнокии худро аз таассуроту нигарониҳои мухталиф пур мекард, пас ҷилои шуури феълии мо хира мегашт ва мо наметавонистем ба фаъолияти шадиди шуур аз зарурати посух гуфтан ба ҳар як пурсиши олами моро иҳотакарда ҳамзамон мусоидат намоем. Бинобар ҳамин ҳам бештари таассуроту нигарониҳои инсонро дунболсозанда ба он қабати психика, ки соҳаи «бешуурӣ» унвон шудааст, бадар карда мешавад. Мусаллам аст, ки ин таассуроту нигарониҳо бенишон аз байн намераванд, фақат мо дарки бошууронаи онҳоро мавқуф мегузорем. Вале онҳо таъсиргузории худро ба шуури мо пайваста идома медиҳанд ва аксар маврид муайянкунандаи мундариҷаи он мебошанд. Илова бар ин дар қабати бешуурии психикаи инсон ангезаҳои гаризавии у худро маҳфуз медоранд.

Чунин дастоварди беназири Фрейд тасаввуроти маъмул, роиҷи илмиро дар бораи вуҷуди табиатан хирадпеша будани инсон, ки у бо ин қобилияташ худро аз мавҷудоти дигари зинда фарқ мекунад, зери суол гузошт. Маълум гашт, ки дар психикаи инсон равандҳое ба амал меоянд, ки на ҳамеша таҳти назорати ақлу хушмандии у қарор доранд, вале бо вуҷуди ин аксаран муайянкунандаи самти рафтору амали иҷтимоии у мебошанд. Баъдан таквияти ин андешаро мо дар таълимоти мутафаккири дигар Карл Густав Юнг (1875-1961) дучор меоем. Вале дар фарқият аз Фрейд у доираи густариши бешууриро танҳо ба фард маҳдуд намекунад. Ба андешаи у аксар маврид бешуури инчунин мундариҷаи таҷрибаи ҳаётии умумиятҳои дастаҷамъиро низ метавонад ташкил диҳад ва бинобар ҳамин ҳам зуҳури чунин шакли бешууриро у бешуурии дастаҷамъӣ(коллективӣ) номида буд. Ин падидаи бешуурии дастаҷамъиро Юнг бо мафҳуми «архетип» номгузорӣ карда буд. Кашфи ин падида ба Юнг дар заминаи мушоҳидаи ҳаёти руҳии гирифторони бемории маҷзубият(шизофренӣ) даст дода буд. У дар ҷараёни ин мушоҳидаҳо ба натиҷае расид, ки аз умки психикаи онҳо аҳёнан симоҳое чехраи худро менамоёнанд, ки бештари маврид бо ангезаҳои такрорёбандаи симоҳои дар заминаи шуури динию устураҳои бостонии мардумони дунё вуҷуддошта монанданд. Ин муаммое буд, ки Юнг дар назди худ мақсади кашфи онро бо ҷиддият мегузорад. Дар заминаи ҷустуҷӯҳои фикрӣ у ба натиҷае мерасад, ки ин симоҳо маҳсули таҷрибаҳои ҳаётӣ фардии инсон набуда, балки онҳо аз ганҷинаи таҷрибаи ҳаётии умумиинсонӣ гирифта шуда, нохудогоҳона дар психикаи мо вуҷуд доранд. Ин мафҳумро аз ин пас васеъ дар таҳқиқи падидаҳои фарҳангӣ ба кор гирифтанд ва ин ақида устувор гашт, ки мухтавои бештари устураю тасаввуротҳои куҳансобиқаи фарҳангӣ маҳз тавассути архетипҳо имрӯзҳо низ дар андешаю осори маънавии инсоният дар шаклҳои гуногун зоҳир мешаванд. Яъне ҳарчанд инсони муосир ҳис мекунад, ки у аз ин устураю тасаввуротҳои кӯҳансобиқаи фарҳангияш фарсаҳҳо дур ва акнун эмин аст, вале аз аҷдодони ибтидоии худ дида у бештар дар заминаи фарогирии осори мухталифи бадеӣ, афсонаю ривоятҳо, осори санъати киною театр, муҷассамасозӣ ва ғайра таҳти таъсири онҳо қарор дорад. Яке аз омилҳои таквиятдиҳандаи ин ҷараён дар ҳаёти инсони муосир ба андешаи Юнг аз он иборат аст, ки тамаддуни муосир харҷи бештар хусусияти илмгароёна касб мекунад ва дар ин замина имконияти зуҳури мундариҷаи бешуурии психикаи инсон пайваста маҳдуд карда мешавад. Вале он барои худ ҳамеша роҳу шеваҳои гуногунро чустӯҷу ва пайдо мекунад. Юнг ин андешаро барои шарҳи тамоюли рузафзуни мардумони сайёраи замин ба зуҳури лаълиҳои парвозкунанда истифода мебарад.

296
Нет комментариев. Ваш будет первым!