Қувваҳои ҳаракатдиҳанда ва субъектҳои ҷараёни таърихӣ
Яке аз масъалаҳои муҳими фалсафаи иҷтимоӣ ин ҷустуҷӯ ва муайян кардани қувваҳои ҳаракатдиҳандаи таърих, омилҳои ташаккули падидаҳои ҷамъиятӣ аст. Бо назардошти он ки таърих раванди мураккабу гуногунпаҳлӯ буда, дар ташаккули падидаҳои он омилҳои марбут ба хусусиятҳои ҷуғрофӣ, моддию иқтисодӣ, маънавӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва ғайра ҳам дар алоҳидагӣ ва ҳам дар маҷмӯъ иштирок менамоянд, бинобар ҳамин ҳам муайян кардани омилҳои бартириятдошта дар инкишофи ҷомеа мушкилиҳои хоси худро дорад. Вале новобаста ба ин ҳамеша кӯшиш ва зарурияти пайдо кардани нақши таъйинкунандаи қувваю омилҳои ҳаракатдиҳандаи равандҳои ҷамъиятӣ вуҷуд дорад ва бе дарки ин имконияти идоракунии самараноки ин равандҳо низ муяссар намегардад. Бинобар ҳамин ҳам тӯли таърих пайваста кӯшиши пайдо намудани омилҳои афзалиятноки ҳаракатдиҳандаи равандҳои ҷамъиятӣ вуҷуд дошт ва ба сифати он омилҳои гуногун марбут ба падидаҳои ҷуғрофӣ, маънавӣ, истеҳсолӣ, сиёсӣ ва ғайра пешниҳод мегашт.
Дурахшонтарин ҷеҳраҳои ба омили ҷуғрофӣ эътиқодманд Ибни Халдун ва Монтескё мебошанд. Тибқи таълимоти онҳо омили мазкур дар ташаккули сифатҳои инсон ва истеҳсолоти моддии пешакардаи ӯ нақши асосӣ дорад. Ибни Халдун бо назардошти хусусиятҳои мутафовути обу ҳаво инсонҳоро гурӯҳбандӣ мекунад. Вай мӯътақид аст, ки шароити иқлимӣ ва обуҳаво таъйинкунандаи чигунагии хислати инсонҳост ва ҳар мӯҳите барои ташаккули иҷтимоъ муносиб нест. Дар мавриди таъсири иқлим ба хусусиятҳои ҷӣсмонӣ ва хилқати инсонҳо чунин андешаро баён мекунад: «қисмати ободи навоҳии хушки курраи замин васати он аст, зеро ифроти гармо дар ҷануб ва шиддати сармо дар шимол монеъи умрон аст». Ба ҳамин тиртиб вай огоҳона нақши омилҳои иҷтимоию биологиро дар ташаккули сифатҳои инсон инкор мекунад ва онҳоро вобастаи таъсири иқлим медонад. ӯ мӯътақид аст, ки бо тағйири мӯҳит вижагиҳои ҷисмӣ ва хулқу атвори одамон дигаргун мешавад: «бояд донист, ки таъсири фаровони неъмат ва осоиши зиндагӣ дар вазъи бадан ва ҳатто дар кайфияти дин ва ибодат ҳам намудор мешавад; чунонки мебинем бодиянишинон ва ҳам шаҳрнишиноне ки дар мазиқа ва хушунат мезиянд ва ба гуруснагӣ одат мекунанд ва аз шаҳавоту хушгузарониҳо дӯрӣ меҷӯянд, нисбат ба ононе ки ғарқи нозу неъматанд диндортар ва ба ибодаи бештар рӯй меоваранд; балки мушоҳида мекунем, ки аҳли дин дар шаҳрҳо ва амокини пурҷамъият андаканд». Вале бояд таъкид кард, ки аз дидгоҳи ӯ омили табиӣ танҳо омили таъйинкунанда дар ташаккули зиндагии иҷтимоии инсонҳо нест. Дар фалсафаи иҷтимоии аврупойӣ чунин андешаи сабагаройии ҷуғрофиро дар ҳаёти ҷомеа Монтескё ҷонибдорӣ менамуд. ӯ заминаҳои аксари падидаҳои мансуб ба ҳаёти сиёсӣ, табақабандии ҷомеа, хусусияти падидаҳои хонаводагиро ҳам марбут ба омилҳои табиӣ медонад. Ба андешаи ӯ ҳавои сард боиси афзоиши фаъолияти одамон ва ҳавои гарм баръакс боиси коҳиши нерӯю қобилияти ҳаракати онҳо мегардад. Яъне мардуми манотиқи сардсер серфаъолият ва мардуми манотиқи гармсер камфаъолият мебошанд. ӯ ҳамчунин мефармояд: «Мардони кишварҳои гармсер мисли пирамардон тарсӯ ҳастанд, вале мардони кишварҳои сардсер бар хилофи онҳо мисли ҷавонон мутаҳавиранд», ки ин аз нигоҳи имрӯз сатҳӣ ба назар мерасад.
Бо вуҷуди хусусияти якҷониба доштани аксари муҳокимаҳои пайравони ин равия таъкиди онҳо аз нақши омилҳои ҷуғрофӣ дар ташаккули ҷамъияти инсонӣ робитаи ногусастании ҳаёти ҷомеаро аз муҳити табиии ҳаётгузаронии одамон нишон доданд. Бинобар ҳамин ҳам таълимотҳое, ки минбаъд вобаста ба таҳлили масъалаи ҷустуҷӯи омилҳои ҳаракатдиҳандаи рушди ҷомеа пайдо шуданд акнун таваҷҷӯҳашонро ба таҳлили падидаҳои алоқаманд ба муҳити воқеии ҳаётгузаронии чомеа равона сохтанд. Ҳамчунин ин андешаҳо тавассути нишон додани робитаи ногусастании рушди ҷомеа бо сарватҳои мӯҳити табиии ҳаётгузаронии он тавонистанд барои дарки ҷойгоҳи шоистаи онҳо дар шуури инсоният нақши босазое гузоранд.
Мутафаккирони дигар дар мавриди муайян намудани қувваи пешбарандаи таърих таваҷҷӯҳи асосиро ба омилҳои маънавӣ равона кардаанд.
Нуқтаи назари дигар ба ин масъала таъкид менамояд, ки ҷарёни ҳодисаҳои таърихиро новобаста аз фаъолияти одамон тасаввур намудан мумкин нест. Яъне бе иштироку татбиқи фаъолияти онҳо ташаккули муносибатҳои ҷамъиятӣ, пешрафти истеҳсолот, эҷоди дастафзорҳои ҳаётӣ, идоракунии худи ҷомеаро ноил омадан номумкин аст. Бинобар ҳамин Гегел мегӯяд: «Таърих маҳз фаъолияти одамонест, ки барои расидан ба мақсадҳояшон кӯшишу ғайрат менамоянд». Вале одамон таърихро на бо такя аз хоҳишу армонҳои фардияшон, балки дар асоси талаботҳо ва шароити объективии пурра ба шуур ва ирода новобастаашон пеш мебаранд. Ин талаботу шароитҳо хусусият, самт ва шаклҳои фаъолияти одамонро муайян намуда, дар қонунҳои инкишофи ҷомеа таҷассум меёбанд. Бинобар ҳамин ҳамқонунҳои инкишофи ҷамъият ин робитаи объективии муҳиму зарурӣ, устувор ва такрорёбандаи ҳодисаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ буда, самти асосии инкишофи онро муайян менамоянд. Вобаста ба таърифи мазкур, ки фарогирандаи хусусиятҳои таърифи қонунҳои умумии олам мебошад, метавон оиди ягонагии мундариҷаи онҳо сухан ронд. Вале бо назардошти он ки мо фаъолияти инсонро ҳамчун офарандаи таърих, ба сифати воқеияти ҷамъиятӣ эътироф намудем, пас дар баробари вуҷуд доштани умумият инчунин эҳтимоли мавҷудияти фарқиятро миёни қонунҳои умумии олам ва ҷамъият эътироф кардан лозим меояд. Умумияти байни ин қонунҳо дар мавҷудияти ҷиҳатҳои умумӣ (робитаи зарурӣ, муҳим, устувор ва такроршавандагӣ), ки барои дар шакли қонун зоҳиршавии ҳодисаҳои муайян замина фароҳам меорад, зоҳир мешавад. Ҳам дар табиат ва ҳам ҷомеа куллӣ ба воситаи ҷузъӣ, фардӣ, тасодуфӣ, узван якҷоя бо онҳо амал мекунад. Аммо дар баробари ҷиҳатҳои умумӣ қонунҳои инкишофи ҷомеа аз қонунҳои умумии олам фарқ мекунанд ва ин фарқият аз омилҳои зерин иборат аст: а) қонунҳои инкишофи ҷамъият дар фаъолияти одамон зоҳир мешаванд, вале қонунҳои умумии инкишофи олам худ аз худ ҷараён мегиранд ва инсон бо дарки онҳо фаъолияташро метавонад самаранок ба роҳ монад; б) аз ин рӯ қонунҳои дар табиат амалкунанда хусусияти абадӣ дошта, қонунҳои инкишофи ҷомеа бо пайдошавӣ ва рушди он алоқамандӣ доранд; в) вобаста ба дараҷаи инкишофи ҷомеаҳо зоҳиршавии қонунҳо низ дар онҳо хусусияти хосро мегирад.
Дар баробари шинохти таърих ҳамчун натиҷаи фаъолияти одамон лозим меояд, ки мо дар силсилаи навъҳои мухталифи фаъолияти инсон нақши ҳалкунандаи шакли муайяни онро ба сифати омили асосии ҳаракатдиҳандаи ҷараёни таърихӣ ҷудо намоем. Инро дар заминаи баррасии тасвири таърихии инкишофи равандҳои ҷамъиятӣ, ки ҷомеаро ҳамчун падидаи таърихӣ ҳамеша дар ҳоли таҳаввул ва инкишоф қарор медиҳад, омӯхтан аз манфиат холӣ нест. Аз ин ҷиҳат зимни маърифати фалсафии ҷомеа таваҷҷӯҳ ба дарёфти омилҳои муассир дар ин раванди ҳастии ҷомеа мавқеи муҳимро ишғол менамояд. Ҳарчанд назару андешаҳо оид ба мӯхтавои ин омилҳо мухталиф аст, вале дар маҷмӯъ метавон онҳоро моҳиятан ба шакли зерин табақабандӣ намуд – назарияи форматсионӣ, тамаддунӣ ва назарияи фарҳангӣ. Ҳар кадоме аз ин назарияҳо саромадон ва ҷонибдорону мухолифони худро дар мавриди зарфияти имконоташон барои дарку тафсири равандҳои марбут ба таҳаввули инкишофи таърихии ҷомеаҳоро доранд. Дар заминаи ин бархурдҳо он чиз аён мегардад, ки воқеан ҳам ҷараёни инкишофи таърихии ҷамъият нисбат ба мундариҷаи назарияҳои онҳоро дарккунанда бойтару рангинтар аст ва бинобар ҳамин ҳам ҳеҷ кадоме аз ин назарияҳо наметавонанд дар алоҳидагӣ барои шарҳи ин равандҳо худкифоя бошанд. Ин назарияҳо танҳо дар вобастагии якдигар метавонанд манзараи таҳаввули ҷамъиятро нисбатан пурратар тасвир намуда, барои дарку идоракунии ин равандҳо ба инсон кӯмак намоянд.
Аз ҷиҳати собиқаи таърихӣ яке аз маъмултарин назарияҳои ба дарки равандҳои таърихии рушди ҷомеа нигаронидашуда ин назарияи тамаддунӣ аст. Ба истифодаи илмӣ ворид шудани худи мафҳуми «тамаддун» ба таълимоти Ибни Халдун ва Тюрго алоқамандӣ дорад. Маҳз дар заминаи ҳамин таълимотҳо батадриҷ фарқияти миёни мафҳуми «фарҳанг» ва «тамаддун» зуҳур карда, алҳол ба кор гирифтани онҳо дар андешаронии ҷомеашиносӣ аз мушаххасоти муайяне бархурдор аст. Ин тафовутро нахуст муфассал Освалд Шпенглер баррасӣ менамояд. Фарҳанг дар назари ӯ ҳамчун падидаи эҷодӣ ҷилвагар гашта, бо ин хусусияташ худро аз падидаи дигари ҳамаслаш «тамаддун», ки марбут ба истифодабарии амалии дастовардҳои фарҳангӣ аст, канора мегирад. Вале баъдан Макс Вебер мафҳуми тамаддунро иборат аз як болоравии хаттӣ ва муайянкунандаи пешрафти мудавоми ҳаёти ҷамъиятӣ дониста, онро бо мафҳуми «тараққӣ» алоқаманд медонад. Бинобар ҳамин ҳам имрӯз аслан мафҳуми «тамаддун» барои муайян намудани дараҷаи таҳаввули иҷтимоии ҷамъияти инсонӣ(тамаддуни кишоварзӣ, саноатӣ, пасосаноатӣ), афзалияти намунаи алоқаҳои иҷтимоӣ(тамаддуни анъанавӣ, тамаддуни муосир), афзалияти эътиқоди динӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ(тамаддуни исломӣ, тамаддуни насронӣ, буддойӣ) ва ғайра истифода бурда мешавад.
Тасаввури ҷомеа ҳамчун падидаи таърихӣ ба он далолат менамояд, ки ҷомеа пайваста дар ҳоли тағйирпазирӣ қарор дорад. Бо ёдоварии он ҳаводисе, ки дар саддаи XX рух доданд: ихтирои радио, оинаи ҷаҳоннамо, бомбаи атомӣ, сохтани техникаи компютерӣ, инқилобҳо дар соҳаи иҷтимоӣ, ду ҷанги ҷаҳонӣ ва бисёр дигар падидаҳо кофист ҷомеаро дар як ҷо побарҷо тасаввур нанамоем. Вале ба кадом самт тағйир ёфтани ҷомеа, муайян кардани қувваҳои ҳаракатдиҳандаи ин падидаҳо масъалаи дигар аст ва баррасии онҳо пайваста мадди назари олимон қарор дорад.
Масъалаи тағйироти ҷомеа ва хусусияту самтгирии он пайваста таваҷҷӯҳи ҳама мутафаккирони давру замонҳои гуногунро ба худ ҷалб месохт. Дар садаҳои ахир низ ба он таваҷҷӯҳ кам набуд. Ин масъала андешарониҳои гуногунро ба думбол дорад ва яке аз масъалаҳои муҳим дар ин маврид муайян намудани омилҳои таъсирбахш ба тағйиротҳои дар ҳаёти ҷомеаҳо рухдиҳанда марбут аст. Чун тағйиротҳо дар ҷомеа аксар маврид ноаён ва дар фосилаҳои дӯру дароз ба амал меоянд, омилҳои ба ин гунна тағиротҳо хосро дар сатҳи шуури фардӣ дарк намудан душвор аст. Ин ҷо фикран ба умқи ҳастии ҷамъиятӣ, ба алоқаю муносиботи моҳиятӣ ғӯтавар гаштан лозим меояд, ки чун қоида, бо равандҳо, ҳаводиси тасодуфӣ ва ғайримуҳим печидагӣ доранд. Вале бо вуҷуди ин инсоният ҳамеша дар симои хирадмандони худ кӯшиши муайян сохтани омилҳои ба ин равандҳо мусоидаткунандаро ҷустан дорад ва ин омилҳо ҳамчун нерӯҳои мутаҳҳарики рушди иҷтимоӣ номгузорӣ шудаанд.
Дар навбати аввал ба сифати чунин омилҳои ба тағйиротҳои иҷтимоӣ мусоидаткунанда таваҷҷӯҳро мақоми афзалиятноки хирад, зеҳният, рӯҳ, инсон ба худ бештар ҷалб мекарданд. Чунончи, А.Августин (с.354 – 430 т.м) дар асари муҳими худ «Роҷеъ ба сели (қаҳри) илоҳӣ» кӯшиши аз дидгоҳи ақоиди насронӣ ташреҳ додани бисёр падидаҳои таърихиро ба харҷ дод. Таърихро таҷассуми ваҳйи илоҳӣ ва одамонро мушорикони бенақш тасвир намудааст. Ба эътиқоди ӯ, дар маркази раванди таърихӣ Худо қарор дошта, ҳама торҳои корҳои дунёӣ бо падидаи зуҳури исои Масеҳ иртибот доранд. Чунин тафсири тағйироти иҷтимоиро минбаъд дар осори мутафаккирони дигар низ метавон дучор омад. Дар фалсафаи исломӣ низ сарчашмаи ҳама гунна тағйиротҳо марбут ба иродаи офаридгор дониста мешавад. Вале бояд таъкид кард, ки диду нуқтаҳои назари мутафаккирон ҳарчанд хеле гуногун аст, аммо моҳияти онҳо дар мавриди ҷавҳари пешбарандаи таърих донистани иродаи худо ба ҳам наздик мебошанд.
Дар фалсафаи Гегел (1770 — 1831) тағйироти воқеияти иҷтимоиро рӯҳи Мутлақ, худрушдёбии он муайян мекунад. Ба қавли Гегел, таърихи умумиҷаҳонӣ пешрафтест дар фаҳмиши озодӣ, ки боистӣ дар зарурати он маърифат карда шавад. ӯ менависад: «Озодӣ худ дар худ аз зарурати беохири фаҳмидани маҳз худи худ ва бо ин ҳақиқӣ гаштан иборат аст, зеро аз рӯйи мафҳуми худ он дониш оид ба худ аст, он барои худ мақсад ва заминаи ягонаи мақсади рӯҳ аст, ки онро ин рӯҳ амалӣ мегардонад». Яъне таърих ин раванди дар ҳаёти воқеии халқҳо таҷассум ёфтани имконияти ба даст овардани озодӣ аст. Дар зинаҳои муайян намудаи Гегел аз инкишофи таърихии ҷомеаҳои башарӣ(олами шарқӣ, олами юнониён, олами римиён, олами олмонӣ) на ба ҳамаи халқҳо саодати якхелаи ба даст овардани озодӣ муяссар гардидааст. Дар ин масир дастрасӣ надоштани мардуми шарқтабор ба ин неъмати бузурги ҳаракатдиҳандаи такомули таърихӣ аз ҷониби Гегел махсус қайд карда мешавад. Аз миёни ҷамъи мардум танҳо мустабидони бар онҳо ҳукуматдошта аз ин неъмат бархурдор Буда, хоҳишу иродаи дахлнопазири онҳо қутбнамои рушди ҷомеа маҳсуб меёфтанд, ки аксар маврид худсарии саросарӣ, беадолатӣ нисбати зердастон, шаҳвонияти номаҳдудро аз як тараф ва итоати кӯркӯрона, тамаллуқкорӣ, хушомадгӯйии авому уламоро аз ҷониби дигар ба бор меовард. Ин амалҳо тадриҷан ба як навъ фарҳанги муоширати фармонравоёну зердастон табдил ёфта, ҷомеа имконияти дарки таъсири манфии онро аз даст медиҳад. Танҳо дар олами юнону римӣ инсоният ба тадриҷ одати эҳтиромгузориро ба ин неъмати инсонӣ касб мекунад, вале дар ин ҷо ҳам он хусусияти саросариро пайдо накард. Зеро доштани онро танҳо баъзеҳо вобаста ба баромади иҷтимоияшон ва мансубияти қавмияшон барои худ раво медонистанд. Ба андешаи Гегел танҳо дар мулки олмониён ба шарофати паёмадҳои мусбии даврони Реформатсия(Ислоҳотгаройӣ) ва инқилоби фаронсаи соли 1789 озодии комил насиби мардум гашт, ки ин дар дастёбии онҳо ба ҳуқуқҳои гражданӣ, сиёсӣ ва аз байн бурдани сохти яккаҳукмронӣ, монархиявӣ ифода ёфтанд.
Дар роҳи амалишавии худ рӯҳи ҷаҳонӣ монеаҳо, минҷумла монеаҳоеро, ки худ ба вуҷуд овардааст, бартараф мекунад. Он чунин амалиётеро низ бартараф месозад, ки аз афрод бармеоянд. Гегел навишта буд: «Баррасии наздиктарини таърих моро ба он эътиқодманд месозад, ки амалиёти одамон аз талаботи онҳо, рағбату манофеи онҳо, характеру қобилиятҳои онҳо бармеоянд ва зимнан ба чунин тарзе, ки дар ин саҳна талабот, рағбату манофеъ ангезаҳои водоркунандаанд ва фақат онҳо нақши муҳим мебозанд. Бешак, дар он ҷо низ аҳдофи умумӣ, хоҳиши некӣ, муҳаббати наҷибонаро ба ватан метавон дарёфт кард; аммо ин некӯкориҳо ва ин кулл дар муносибат ба олам ва ба он чи ки дар он руй медиҳад, нақши ночиз мебозанд. Албатта, мо дар худи ин субеъктҳо ва дар соҳаҳои фаъолияти онҳо амалишавии хирадро ёфта метавонем, аммо миқдори онҳо дар қиёс бо тӯдаи авлоди инсонӣ ва накӯкории онҳо қиёсан на он қадар паҳншудаанд. Баръакс, рағбатҳо, аҳдофи тамаъкорона, таъмини худпарастиҳо нерӯи бештар доранд». Ин ангезаҳо метавонанд ҳатто боиси аз байн рафтани давлатҳои аз ҷиҳати инкишоф пешрафта низ гардад. Аммо зарурати дар Рӯҳи мутлақ ниҳодашуда, новобаста аз аксуламали нерӯҳои манфӣ худро дар худинкишофёбии мантиқии ҳадафи таърихӣ татбиқ менамояд. Яъне таърих аз фаъолияти одамони ҷудогонае таркиб ёфтааст, ки ҳар кадоме аз онҳо кӯшиш менамояд мақсаду манфиатҳояшонро амалӣ гардонанд. Вале дар натиҷаи фаъолияти одамоне, ки дар роҳи амалӣ шудани мақсадҳояшон кӯшишу ғайрат менамоянд, як чизи нави аз мақсадҳои аввалинашон кулан фарқкунанда пайдо мешавад, ки одамон маҷбуранд дар фаъолияти минбаъдаашон онро ба эътибор гиранд. Ин омили новобаста аз мақсаду манфиатҳои одамони алоҳида вуҷуддоштаро ӯ «хиради таърихӣ» меномад, ки татбиқшавияш дар заминаи фаъолияти ҳамин одамон ҷараён мегирад. Бинобар ҳамин ҳам моҳияти таърих, инкишофи ҷомеа аз татбиқшавии хирад, инкишофи худро маърифат кардани рӯҳи ҷаҳонӣ ё идефи мутлақ иборат аст. Дар ҷараёни худро маърифат карданаш рӯҳи мутлақ аз якчанд зинаи мушаххас гузашта, дар мафҳуми халқ таҷассум меёбад, ки дар ваҳдати қонунҳо, муассисаҳои давлатӣ, санъат, дин ва фалсафа ифода меёбад.
Бисёр файласуфон Кондорсе, И Г Гердер, О. Конт, Л. Уорд, А. Тойнбӣ, П.А. Сорокин, Н. А. Бердяев низ масъаларо оид ба таъини омилҳои асосии рушди ҷомеа каме дигаргуна, аммо моҳиятан ҳамин гунна ҳалл мекунанд. Онҳо дар заминаи тағйиротҳо нақши омилҳои маънавиро муассир меҳисобанд. Масалан К. Ясперс (1883 — 1969) дар сароғози дигаргуниҳои ҷомеаи башарӣ дарёфти сарҳадеро таҳти «замони меҳварӣ»- муҳим медонад, ки аз он таърихи барои инсон арзишманд оғоз мегардад. Ин замон давраи байни с.800- 200-уми то мелодро, вақте қариб ҳамзамон нахустфайласуфони юнонӣ, паёмбарони сомитабор, поягузори зардуштия дар Ирон, буддоия ва ҷайния дар Ҳинд, конфутсизм ва даосизм дар Чин амал мекарданд, фаро мегирад: «Он замон дар таърих гардиши комилан қатъӣ рух дод. Инсони чунин намуд (тип), ки ин рӯзҳо боқӣ монд, пайдо гашт». Ба андешаи К. Ясперс: «чизи наве ки дар ин давра арзи вуҷуд кард, иборат аз он аст, ки инсон ҳастиро дар томият, худи худ ва сарҳадоти хешро фаҳм мекунад. Пешорӯи ӯ даҳшати олам ва заъфи худӣ падидор мегардад. ӯ аз болои варта истода, саволҳои қатъӣ мегузорад, озодшавию наҷотро тақозо мекунад. ӯ сарҳадоти худро фаҳмида, назди хеш мақсадҳои олӣ мегузорад. Мутлақиятро дар умқи худ фаҳмиш ва дар возеҳияти олами моваровоқеӣ маърифат менамояд. Дар ин давра муқулаҳои асосие кор карда шуданд, ки бо онҳо мо то ба имрӯз андеша меронем, дар ин давра асосиҳои адёнҳои миллӣ ниҳода шуданд, ки имрӯз низ ҳаёти одамонро муайян менамоянд». Поягузорони адёнҳои миллӣ дар эҷодиёти худ маҷроҳои асосии ҳаёти маънавии башарияро муайян карданд. Конфутсий, Буддо, Исои Масеҳ дар Ғарб намегӯянд, ки худи оламе, ки мо дар он умр ба сар мебарем, чи тавр аст, балки ғолибан дар бораи он ҳарф мезананд, ки дар олам чи тур бояд зист, то ки ба он арзанда бошем. Онҳо роҳеро муайян карданд, ки бо он рушди башарият минбаъд гом бардошт. «Баъди он ки ҷаҳиши замони меҳварӣ рух дод ва рӯҳи дар он ташаккулёфта ба ҳар каси дорои қобилияти шундану донистан тавассути ғояҳо, офаридаҳо, образҳо дастрас шуд, вақте ки имкониятҳои беинтиҳо эҳсосшаванда гаштанд, ҳамаи халқҳои минбаъда вобаста ба дараҷаи шиддуту коройиашон ва маҳорати ҷавобгуйиашон ба ин ҷаҳиши баамаломада таърихӣ гардиданд». К. Ясперс ишора мекунад, ки барои наҷот додани моҳияти инсонӣ мо бояд иртиботи худро бо замони меҳварӣ ҳамеша таҷдид кунем ва ба азалияти он баргардем. Ба қавли К. Ясперс, таърих пеш аз ҳама таърихи паёмаҳои рӯҳи инсонӣ буда, таҷассуми моддии он, аз ҷумла техника, натиҷаи таърихи маънавист. Фикри баёндоштаи К. Ясперс мушоҳидаи муҳими таърихист, ки аҳамияти калони фарҳангшиносӣ дорад. Фақат он чи шубҳабарангез аст, ки маҷмӯи мураккаби авомили рушди маънавии башариятро танҳо бо ғояҳои дар қаринаи падидаҳои дар замони меҳварӣ пешниҳодшуда марбут кардан саҳеҳ нест.
Бисёр намояндагони равияи баррасишаванда, ки аз мавқеи авлавияти омили маънавӣ дар рушди ҷомеа баромад мекарданд, накши шахсиятҳои маъруфро дар таърих мутлақ мегардониданд. Т Карлейл (1795 — 1881) нависта буд: «Таърихи умумиҷаҳонӣ, яъне таърихи он ки инсон дар ин олам чи корҳоро анҷом дода аст, ба пиндори ман, таърихи одамони бузургест, ки дар ин курраи арз заҳмат кашидаанд. Онҳо, ашхоси бузург, доҳиёни башарият, тарбиятгарон, намунаҳои ибрат ва дар маънои васеъ офаридагони ҳамаи он чизҳое буданд, ки оммаи мардум умуман мекӯшид амалӣ гардонад, мехост ба даст оварад; ҳамаи кирдору аъмоли дар ин олам анҷомёфта моҳиятан берун аз олами моддӣ, таҷассуми афкори мансуб ба одамони бузурги ба олами мо фиристодашуда мебошанд. Таърихи ин бузургон воқеан ҷони кулли таърихи ҷаҳониро ташкил медиҳад». Чуноне мебинем, Т. Карлейл нақши вежаи одамони бузургро дар таърих қайд карда, ҳамрадиф характери ҳосилавии фаъолияти оммаи мардумро эътироф менамояд. Андешаҳои Г. Тард (183 -1904) низ чунинанд, ки ӯ онро дар асараш «Қонуни тақлид» иброз медорад: мардум ин издиҳои ғайрифаъолест, ки аз ҷониби доҳиён «талқин» (гипноз) мешаванд, ба ӯ тақлид мекунанд. Дар натиҷаи тақлид арзишҳо ва меъёрҳои ҷамъятиву гурӯҳӣ арзи вуҷуд мекунад. Аз назари Г. Тард, тақлид сарчашмаи асосии пешрафти иҷтимоист. Бархе аз уламо халқро манфӣ тавсиф дода, фаъолияташро бо маҷбуркунӣ ё таъсири қавии доҳиён иртибот медиҳанд. Равоншиноси маъруф, поягузори таҳлили равонӣ З. Фрейд (1856 — 1939) қайд мекард, ки халқ бо мабдаи ғайриақлонӣ сироят ёфта, мубтало ба майлҳои таҳтушуурист. ӯ навишта буд: «Омма лаванду бешуур буда, саркаширо аз ғаризаҳо хуш надорад, бо исботҳо оммаро ба ногузир будани ин саркашӣ бовар кунондан мумкин нест ва ин афрод ҳамдигарро дар ҳавасмандкунии бадахлоқию фисқи худӣ ҷонибдорӣ мекунанд. Фақат бо таъсири афроди намунавӣ, ки доҳиёни ин афрод эътироф шудаанд, аз онҳо фидокорию меҳнатро метавон муваффақ шуд ва аз ин устувории фарҳанг вобастагӣ дорад. Ҳама хуб аст, агар ин доҳиён фаҳмиши заруриёти ҳаётиро, ки бартар аз фаҳмиши дигарон бошад, дошта ва аз тасарруфи ғаризаҳои шахсии худашон иртифоъ гирифта бошанд. Аммо барои эшон хатаре ҳаст, ки ба хотири аз даст надодани таъсирашон нисбат ба он омодагие, ки омма дар мавриди сар фаровардан ба онҳо нишон доданиянд ин доҳиҳо бештар ба омма таслим хоҳанд шуд. Бинобар ҳамин ҳам зарур аст, ки онҳо соҳиби воситаҳои ҳокимият бошанду бад- ин тариқ аз омма вобаста набошанд». Агар сухан пиромуни иллатҳои амиқи рушди ҷомеа равад, Фрейд онро дар фаъолнокии бешууронаи афрод мебинад. З. Фрейд изҳор медошт, ки табдили якборагии (сублиматсияи) ғаризаҳо хусусияти нисбатан ба чашм бархӯрандаи рушди маданист: маҳз ба туфайли он фаъолияти илмӣ, бадеӣ, муҳандисӣ- созандагӣ ё мафкуравӣ имконпазир мегардад. Фалакнавардӣ заминаи пайдоиши шаҳвонии ба камолнарасида дорад. Ба андешаи ӯ, дар маҷмӯи комплекси эдипӣ сарчашмаҳои ҳамзамон ҳам дин, ҳам ахлок, ҳам санъат ва ҳам ҷомеаро дарёфт карда мешавад. З. Фрейд моро ба эътирофи авомили равонӣ ҳамчун сарчашмаҳои муҳим ё сабабҳои рушди ҷамъиятӣ водор месозад.
Файласуфи испонӣ Ортега – и- Гассет (1883-1955) тахмин мезанад, ки ҳаракати ҷомеа бо таносуби омма ва ақаллият муайян карда мешавад. На як бор иттифоқ уфтода, ки оммаҳо ҳокимияти ҷамъиятиро ғасб мекарданду равандҳои сиёсӣ, маънавӣ ва ахлоқию иқтисодиро муайян менамуданд. Чунин вазъиятро Ортега – и – Гассет исёни омма меномад ва бо ҳамин унвон асарашро нашр мекунад. Зимнан дар асари ӯ мӯҳтавои мафҳумҳои «омма» ва «синф» «шахсиятҳои бузург» ва «ақаллият» мувофиқ намеоянд. Оммаҳо ва ақаллияти баргузида ҳамзамон дар синфҳои ҷудогона мақом доранд. Оммаҳо ақаллиятро пахш карда, ба он тарзи ҳаёти худро таҳмил мекунанд. Алъон нақши омма тағйир хӯрда. «Ҳамаи аломатҳои тасдиқкунандаи даъвои ба пешсаҳна баромадан ва ишғоли ҷойгоҳи муносиби иҷтимоӣ, ба манфиати худ истифода бурдани он неъматҳое, ки пештар барои гурӯҳи маҳдуд пешбинӣ шуда буд, аз ҷониби омма вуҷуд дорад. Азми росихи оммаҳо барои ба душ гирифтани вазоифи ақллиятҳо… меҳвари замони мо мегардад… Режимҳои сиёсии анқариб арзи вуҷудкарда ба назарам намунаи маҳсули пофишории сиёсии оммаҳо падидор мешаванд, на чизи дигар. Имрӯз мо тантанаи абармардумсолориро (гипердемократияро) мебинем, ки дар он омма мустақим, берун аз ҳар гунна қонун амал карда, тавассути фишори дағалона хоҳишу завқҳои худро ба дигарон таҳмил месозанд». Ҳамин тариқ, на шахсиятҳои маъруфи ҷудогона, балки оммаи оддию бебизоат бо пахш намудани шахсиятҳо, ақаллиятҳо самти тағйироти ҷомеаро бо таназзул бахшидан ба рушди соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва соири соҳаҳо муайян менамоянд. Ҳамин тавр «ғояҳо», дар ин маврид «тасаввуроти» оммаи ғофил, моҳияти «нерӯи муҳаррике» мешаванд, ки боиси ҳамчун «оби беҳаракат, рокид» мондани ҳаёти ҷомеа мешаванд. Давлат амалан «таҳти ҳокимияти бераҳмонаи омма» ба сар мебарад.
Ҳамин тавр мо бо баъзе тафсироти нерӯҳои муҳаррики таърих: пешгӯигароии динӣ (А. Августии), рӯҳгароии обективӣ (Гегел) ва ҷавҳаргаройӣ (К. Ясперс), шинос шудем. Ҳамаи онҳо иллати интиҳоии тағйироти иҷтимоиро дар омили рӯҳӣ (маънавӣ) мебинанд. Сухан роҷеъ ба он нест, ки ин омил худ ба худ пешниҳод мешавад, балки ин омил мустақил ва новобаста ба авомили моддӣ тасаввур карда мешавад. Ҳине ки ба майдони назари уламову файласуфон (масалан, ба мисли З. Фрейд ва Ортеги – и — Гессет) омма, халқ қарор мегирад, онҳо нақши ин гурӯҳҳоро дар таърих, чуноне мо бовари ҳосил кардем, дар тарҳи манфӣ баҳогузорӣ мекунанд, ки ин баҳогузории нақши эшонро ба сифати омили рушддиҳандаи раванди таърихӣ душвор мегардонад. Ҳатто мақулаи иҷтимоӣ – фалсафии «халқ», ки метавонад таҳти кунҷи муайяни биниши омили айнӣ маҳсуб шавад, дар ин ҷо дар заминаи зуҳури хусусиятҳои зеҳнии афрод (характер, ҳиссиёт майлҳои таҳтшуурӣ, хоҳишҳо, расму оинҳои онҳо ва ғ.) тансиф карда мешавад, ки ин маҳсули иштироки онҳоро дар саҳифаи таърих вожгуна нишон медиҳад.
Дар таърихи афкори иҷтимоию фалсафӣ дар баробари андешаҳои зикршуда инчунин бисёр консепсияҳои моддигароёнаи рушди чамъиятӣ ба мушохида мерасанд. Аммо, чун коида, онҳо то ба шахсияти инсон нарасида, ӯро паси омилхои моддии рушди сотсиум боқӣ мегузоранд. Ба шумули чунин консепсияҳо сабабгории (детерминизми) ҷуғрофӣ, сабабгории демографӣ, сабабгории иқтисодӣ ва сабабгории технологӣ мансубанд.
Сабабгории ҷуғрофӣ ба исрори бартарияти нақши мӯҳити ҷуғрофӣ дар рушд ҷомеа моил аст (Халдун, Ш.Монтеске, Г.Т.Бокл, Ф.Ратсел). Дар чорчубаи ин равия мактабест бо номи «Геополитика». Ҳануз пеш аз ҷанги якуми ҷахон дар он дастуре ташаккул пазируфт барои гасби худудхои бегона бо бахонаи норасоии худуд аз баъзе кишвархои тавсианаёфта ба хотири барзиёд будани худуди онҳо. Маълумоти иктисоди ва сиёсии гуё дурустии хамин дастурро асосноку тасдиқ мекарданд. Дар с.20-ум дар Олмон маҳфил ва маҷаллаи «Геополитика» таъсис ёфта, дар онҳо матолиби геополитикиро ба сифати илми навтарин муарифӣ ва интишор карданд. Сарварони ин наҳзат К.Хаусхофер ва Э. Обст буданд. Геополитика қисми таркибии мафкураи таҷовузройии миллатгароёни олмонӣ гашт.
Сабабгарии демографиро маъмулан бо исми иқтисоддону роҳиби англис Т. Малтус иртибот медиҳанд, ки асарҳои асосиаш ба ахири садаи 18 – сеяки аввали садаи 19 рост меоянд. Асари асоси ӯ «Таҷриба доир ба қонуни нуфус» дар ҳамин садсолаҳо ба табь расида, таваҷӯи бештариро ҷалб кард. Т. Малтус чунин нуқтаи асосиро ба миён гузошт, ки агар афзоиши аҳолӣ ба худ монеае набинад, он гоҳ он ба ҳар 25 сол дучанд зиёд шуда, бо пргорессияи ҳандасӣ афзудан мегирад ва воситаҳои мавҷудият бошанд, ҳатто ҳангоми шароитҳои аз ҳама мусоидтарин ҳам барои меҳнат дар ягон маврид наметавонанд зудтар бияфзоянд, ба ҷуз дар прогрессияи арифметикӣ. Т. Малтус умуман моддигаро набуд; ӯ ба нерӯи илоҳӣ чун ба омили ибтидоии рушди ҷамъияӣ истинод меварзид. Барои ӯ омилҳои маънавии мустақим, ки ба расму оинҳо, маърифат ва ғайра асос доранд бегона набуданд. Зимнан ӯ ҷунин меҳисобанд, ки афзоиши миқдори нуфуси аҳолӣ омили рушди иҷтимоист, вале то ҳадди муайян. Ҳангоми расидан ба дараҷаи муайяни миқдори нуфус метавонад монеае ва баъдан таҳдид ба рушди ҷомеа низ эҷод шавад. Дар инҷо Т. Малтус аз бисёр чиҳат ҳақ аст.
Т. Малтусро мушоҳидаи афзоиши қашшоқӣ дар бисёр мамолик ба ташвиш оварда, ӯро водор ба пешниҳоди фарзияи хусусияти манфӣ доштани нуфуси назоратнавандаи аҳолӣ ба рушди ҷомеа намуд. Дар сурати сарфи назар кардан аз зарурати чораҳои муассир дар ин самт, дигаргуниҳо дар ҷомеа хусусияти манфӣ гирифта ба инкилобҳо, ҷангҳо, бемориҳои оммавӣ ва ғ. оварда мерасонанд. ӯ роҳи баромадро аз вазъият дар пешгирии фисқу фуҷури ҷинсӣ, дар танзими таваллуд, дар беҳтаркунии васоити коркарди заминҳо (бо мақсади баландбардории ҳосилнокии замин) ва ғайра медид. Аммо номи Т. Малтус, ки масъалаи умдаи иҷтимоиро ба миён гузошт (зимнан хидмати таърихи ӯ дар ҳамин аст), минбаъд барои аҳдофи аз илм дур истифода шудан гирифт. Аз охири садаи XIX ва бавежа нимаи аввали қарни ХХ малтусчигии ҷадид пайдо шудаю густариш ёфт, ки мекӯшид ҳама тарафҳои манфии ҳаёти моро дар асоси афзоиши босуръати нуфус шарҳ диҳад. Малтусчиёни навини даҳсолаҳои ахир муътақиданд, ки гӯё афзоиши босуръати нуфус сабаби умдаи бӯҳронҳои экологии ҷомеа мебошад ва «барзиёдии аҳолӣ»- ро бо ҳар навъе бояд барҳам дод. Чунончи Х. Шмутсер дар соли 1986 изҳор дошт, ки ягона воситаи беҳтарини кам кардани теъдоди таҳаммулнопазири нуфуси барзиёд дар ихтиёри кишварҳои ҷаҳон буда (агар ақли солим боло нагирад) бомбаи нейтронист.
Ҳамрадиф бо дастури зиддиинсонии малтусчигии ҷадид дастури аз нигоҳи фалсафӣ гуманистии дигар низ вуҷуд дорад, ки бар назардошти таҳдидҳо ба афзоиши нуфуси башарият дар рӯи Замин дарки зарурияти ногоҳдошти ҳаёт (ҳатто зиндагардонии мурдагон) ва ба дигар сайёраҳои кайҳон кӯчонидани аҳолии Заминро муҳим медонад.
Сабабгаройии иқтисодӣ яке аз равияҳои маъруф дар фалсафаи иҷтитимоӣ аст. Он ҳанӯз то Маркс арзи вуҷуд карда буд, ҳарчанд иддае аз мутахассисин майл доранд сабабгории иқтисодиро бо марксизм якмаъно иртибот диҳанд. Яке аз намояндагони машҳури он иқтисоддони англис Р. Ҷонс (1790-1885) аст, ки аз дидгоҳа вай асоси ҳар як ҷомеаро тарзи истеҳсолот ва тақсимоти сарвати ҷамъиятӣ ташкил медиҳад. Ба андешаи ӯ, тағйиротҳои дар тарзи истеҳсолот ба амалоянда самти тағйиротҳои умуман дар ҷомеа баамалояндаро муайян месозанд. ӯ менависад: «Тағйирот дар ташкили иқтисодии ҷомеа бо дигаргуниҳои бузурги сиёсӣ, иҷтимоӣ ахлоқӣ ва зеҳнӣ ҳамроҳ буда, ба васоити фаровон ё заиф дахл менамоянд. Ин дигаргуниҳо ба асосҳои иҷтимоӣ ва сиёсии мардумони мувофиқа таъсири қатъӣ мерасонанд ва ин таъсирот ба характери зеҳнӣ, расму оинҳо, тарзи рафтору гуфтор, феълу атвор ва хушбахтии одамон асар мегузоранд». Чуноне мебинем, омили иқтисодӣ, ба андешаи Р.Ҷонс, омили умдаю пешбарандаи рушди ҷомеа мебошад.
Сабабгории иқтисодии К.Маркс бар эътирофи муносибатҳои истеҳсолӣ, ҳамчун муносибатҳои дар асосии ивазшавии ҳама шаклҳои сохтори ҷамъиятӣ қарордошта истинод мекунад. Ба андешаи Маркс баъди тағйироти нерӯҳои истеҳсолӣ дер ё зуд муносибатҳои истеҳсолӣ дигаргун мешаванд, ки бояд бо характери нерӯҳои истеҳсолӣ созгор биоянд. Муносибатҳои истеҳсолӣ кулли зербино, забарсохтро, ки аз низоми ақоиду назарияҳо (сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва ғ.) иборат аст, муайян мекунанд. Зиддиятҳои мухолиф дар сармоядории классикӣ ҳам тарзи истеҳсолот ва ҳам муносибатҳои байни онҳову забарсохтро фаро мегиранд. Нерӯи муҳаррике, ки ин зиддиятро ҳалл (ё бартараф) месозад, муборизаи синфии синфи коргар бо буржуазӣ ва инқилоби истисморшавандагон алайҳи истисморгарон мебошад. К.Маркс муборизаи синфиро «локомотиви таърих» номида буд. Масъалаи таносуби авомили муҳаррики таърихро дар симои оммаҳои халқ ва шахсият, Маркс бо ба асос гирифтани мақоми онҳо дар низоми истеҳсолоти истисморшавандагон ва истисморгарон ҳаллу фасл мекард. Дар ин раванд ҷойгузини мақоми аввал «оммаҳои коргарӣ» пешбинӣ мешуданд, ки нерӯи умдаю муҳаррики ҷомеа маҳсуб мегаштанд. Дар иртибот ба ин тасдиқ карда мешуд, ки мафкура низ «нерӯи муҳаррики моддӣ» мешавад (фақат ба андозае, ки оммаро «фаро мегирад»). Аҳдофи эъломмдоштаи К.Маркс, ба вежа дар давраи аввали фаъолияти илмияш, моҳиятан инсонпарварона буданд. Вале таҳлили назариявии мушкилаи бегонашавӣ ӯро ба зарурияти пажӯҳиши моликияти хусусӣ раҳнамун сохта, тадқиқи амиқи ин масъала ӯро ба хулосае овард, ки мусодиронро бояд мусодира кард. Иқтисод сиёсӣ бо сиёсат ҷафс хӯрд. Ҳамин тавр дар таълимоти К.Маркс як қатор омилҳо ё нерӯҳои муҳаррики рушди ҷамъиятӣ мақом дорад, аммо нуқтаи умдаи сохтаҳои назариявии ӯ пешниҳод оид ба мақоми муносибатҳои истеҳсолӣ, иқтисодӣ – сиёсӣ дар муайян намудани раванди рушди таърихӣ буд.
Ин сабабгории иктисодӣ дар шакли таҳрифхӯрда баъдан дар таълимоти пайравони мактаби марксизм ба назар мерасад. Аз назари онҳо тағйироти иқтисодиёт сабаби дигаргуниҳо дар фарҳанг ва қабл аз ҳама дар фалсафа мегардад. Дар ҳоли ҳозира сабагории иқтисодӣ бештар дар шакли парастиши (фетишизатсияи) даромад ва пул зоҳир меёбад, ки афзоиши миқдории онҳо гуё нерӯи муҳаррикии рушди кулли ҷомеаю маданият мегардад.
Сабабгории технолужӣ, ки тайи даҳсолаҳои охир коркард мегардад, дар осори Д. Белл, Р. Арон, О. Тоффлер ва дигарон пешниҳод шудааст. Онҳо мошинҳо ва низоми мошинҳо, таъсири онҳоро ба дигаргуншавии сохтор ва характери ҷомеа тадқиқ мекунанд. Худи ин ҷомеа саноатӣ номида мешавад (дар муқобили «тосаноатӣ», ки дар он соҳаи кишоварзӣ муайянкунанда буд) ва бар истеҳсолоти мошинӣ ва ташкили фабрикавии меҳнат асос ёфтааст. Гузариш ба худкоргардонӣ (автоматизатсия) фақат шакли ҷомеаи саноатиро тагйир медиҳад, аммо моҳияташро дигар намесозад. Дар қаъри ҷомеаи саноатӣ компютерҳо пайдо мешаванд, ки аз ибтидои ҳукмронии иттиллоот ва вуруди он ба марҳилаи ҷомеаи хабарбунёд (пасосаноатӣ) башорат медиҳанд. Моликият ба воситаи истеҳсолот аҳамияти иҷтимоияшро аз даст медиҳад ва дар он мақоми муҳимро соҳаи хизматрасонӣ ишғол менамояд. Меҳвари марказии куллияи низоми чунин ҷомеа соҳаи идоракунӣ дар асоси иттиллоот мегардад.
Чунин метавон шуморид, ки нерӯи воқеии муҳаррики рушди ҷомеа (дар ИМА, Аврупои Ғарбӣ, Ҷопун) алъон иттиллооткунонӣ (компутаркунонӣ), роботкунонӣ ва худкоргардонии истеҳсолот мегарданд. Коркарди ҳаҷми бузурги мудом афзояндаи итиллоот имкон медиҳад дар истеҳсолот ва хоҷагии деҳот истеҳсоли маҳсулот зиёд карда шуда, идоракунии муассисоти давлатӣ ва бисёр дигар чизҳо уҳдабароёнаю устувор гардонида шаванд. Иттиллоъкунонӣ маънои ихтисори истеҳсолоти анъанавиро надорад, баръакс, соҳаҳои сершумори истеҳсолоти дар низомҳои ҷамъияти саноатии анъанавӣ вуҷуддошта барои рушди худ таҳрики иловатан нав пайдо мекунанд.
Бад ин тариқ, авомили сершумор ё нерӯҳои муҳаррике ҳастанд, ки сабаби тағйиротҳо дар ҷомеа мешаванд. Дар ин муносибат метавон гуфт, ки «назарияи омилҳо» дуруст аст. Дар «назарияи омилҳо» бо вуҷуди бартариятҳояш нерӯи асосии муҳаррик ҷудо карда намешавад. Чунин нерӯ бояд инсон, фаъолияти меҳнатии вай эътироф карда шавад. Барулин. В. С. мегӯяд, ки «таърихи тамоюли қонунӣ дорад, зеро он ба мантиқи айнии дигаргуниҳои иҷтимоӣ итоат мекунад ва ҳамзамон худи ин қонунмандӣ фақат тавассути фаъолияти одамон амалӣ мегардад. Агар ин фаъолият нест, на ҷомеа ҳасту на таърихи он. Ин далел аллакай худ ба худ гувоҳи аҳамиятнокии бунёдии фаъолияти инсонист дар ҷомеа», «ба андешаи мо, нерӯҳои муҳаррики ҷомеа фаъолияти одамон аст». Моҳиятан ҳамин нуктаи назарро К. Х Момҷян низ ҷонибдор аст. ӯ нуктаеро асоснок мекунад, ки тибқи он ҷавҳари ҷомеаи таҳти дидгоҳии фалсафаи иҷтимоӣ омӯхташаванда фаъолияти инсонист. Фаъолияти инсон шакли худҳаракат, ё дигаргун гӯем, гуногунрангии фаъолнокии ахбораи нигаронидашудаи низомҳои худтанзимкунандаи мутобиқатист; он бо омезиши максадгаройӣ ва меҳнат ҳамчун навъи хоссаи мутобиқшавӣ ба муҳит, бо фаъолнокии мутобиқотӣ – мутобиқгардонӣ алоқаманд аст. Инсон нишони нахустин – шуур дорад, ки бо он фаъолияти олотӣ алоқаманд аст. Зуҳуроти оддитарини томи ҳаёти ҷамъиятӣ амалиёти иҷтимоист, ки аз баҳамтаъсирии иҷтимоӣ ва дастҷамъиятӣ (коллективистӣ) гусастнопазир мебошад. Нерӯи умдатарини муҳаррики ҷомеаро дар фаъолияти инсон мебояд дид. «Файласуфи иҷтимоъшинос кадом чизеро ки наёмӯзад (принсипҳои ташкилаи сохтори ҷомеаро ё ифодаи ғайримустақими вазифавии соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятиро, пӯёии) (динамикаи) таърихро ё принсипҳои навъбандии онро» — вай боз ҳамон фаъолияти инсониро дар зуҳурот ва таснифоти мухталифи он меомӯзад.
Қайд намудан муҳим аст, ки агар инсон, фаъолият, меҳнат, манфиатҳо ва бисёр чизҳои дигари бо ҳастиаш пайванди ногусастанӣ доштаро ба сифати асоси ё ҷавҳари ҷомеа ҳамчун низоми моддӣ бипазирем, он гоҳ бисёре аз консепсияҳои фавқуззикр дар худ нукоти воқеан ҳам таваҷҷӯҳпазирро дар худ доранд. ҳам тагйироти тарзи истеҳсолот, ҳам нуфус, ҳам анъанаҳои миллатҳо, ҳам характери шахсиятҳои бузург ва бисёр омилҳои дигар метавонанд ба сифати нерӯи ҳаракатдиҳандаи ҳаёти таърихии инсоният баромад намоянд. Фақат агар фаъолияти (меҳнати) инсон дар маркази худи моҳияти ҷомеа ё дар маркази нерӯҳои муҳаррики ҷомеа қарор гирифта, соири авомил аз ҳамин он вобаста гарданд. Ҳамин тавр, зимни баррасии консепсияҳои нерӯҳои муҳаррики рушди иҷтимоӣ ба чунин хулосаи умумӣ омада метавонем, ки ҳалли нисбатан мақбули масъала ба эътироф намудани назарияи омилҳо ва консепсияи инсонмарказии (антропосентристии) ҷомеа вобаста мебошад.