Механизмҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон

Механизмҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон дар натиҷаи омӯзишу тадқиқи адабиёти ҳуқуқӣ[1] ва санадҳои ҳуқуқии меъёрӣ[2] пешниҳод шудааст.

Дар зери мафҳуми механизмҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон он роҳу восита ва тарзу усулҳои ҳуқуқие фаҳмида мешавад, ки тавассути онҳо ҳуқуқ ва озодиҳои инсон аз ҳар гуна кирдорҳои таҷовузкорона ҳимоя карда мешавад.

Низоми механизмҳои ҳифзи ҳуқуқҳои инсон чунин аст:

  1. Механизмҳои дохилидавлатии ҳифзи ҳуқуқи инсон;
  2. Механизмҳои байналхалқии ҳифзи ҳуқуқи инсон.

Механизмҳои дохилидавлатии ҳифзи ҳуқуқи инсон гуфта, он роҳу воситаҳое фаҳмида мешаванд, ки қонунгузории давлатҳои алоҳида баҳри ҳимоя намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд муайян намудаанд. Механизмҳои дохилидавлатии ҳифзи ҳуқуқи инсонро инчунин механизмҳои миллии ҳимояи ҳуқуқи инсон меноманд.

Хусусиятҳои фарқкунандаи механизмҳои дохилидавлатии ҳифзи ҳуқуқи инсон аз механизмҳои байналхалқии ҳифзи ҳуқуқи инсон инҳоянд: якум, агар механизмҳои дохилидавлатии ҳифзи ҳуқуқи инсонро Конститутсия ва қонунҳои давлатҳои алоҳида муайян намоянд, пас механизмҳои байналхалқии ҳифзи ҳуқуқи инсонро санадҳои ҳуқуқии байналхалқӣ муайян менамоянд; дуюм, ҳангоми муқаррар намудани механизмҳои дохилидавлатии ҳифзи ҳуқуқи инсон дастовардҳои ҳуқуқи байналхалқӣ ва таҷрибаи ҷаҳонӣ ба инобат гирифта мешавад; сеюм, механизмҳои дохилидавлатӣ бо маблағгузорӣ ва маҷбурияти давлатӣ таъмин карда мешавад. Давлат механизмҳои ҳифзи ҳуқуқи инсонро муайян намуда, мӯътадил ҷорӣ шудани онро таъмин менамояд. Механизмҳои байналхалқии ҳифзи ҳуқуқи инсонро бошад, ташкилотҳои байналхалқӣ.

Механизмҳои дохилидавлатии ҳимояи ҳуқуқи инсонро ба се намуди асосӣ ҷудо менамоянд: воситаи судии ҳифзи ҳуқуқи инсон; воситаи маъмурӣ-ҳуқуқии ҳифзи ҳуқуқи инсон; воситаи ғайридавлатии ҳифзи ҳуқуқи инсон.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти муътадили ҳар се механизми дохилидавлатии ҳифзи ҳуқуқи инсон ба роҳ монда шудааст. Воситаи судии ҳифзи ҳуқуқи инсонро мақомоти судӣ амали менамоянд. Воситаи маъмурӣ-ҳуқуқии ҳифзи ҳуқуқи инсонро Президенти ҶТ ва воҳидҳои сохтории дастгоҳи ӯ; Кумитаи қонунияти конститутсионии Маҷлиси миллии Маҷлиси олии ҶТ; Кумитаи ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҶТ; мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо; Прокуратура; Милитсия; Адвокатура ба амал мебароранд. Воситаи ғайридавлатии ҳифзи ҳуқуқи инсон аз ҷониби ташкилотҳое ба амал бароварда мешавад, ки ғайриҳукуматӣ буда, махсус бо мақсади ҳал намудани масъалаҳои ҳимояи ҳуқуқи инсон таъсис дода шудаанд. Ба монанди, Бюрои Ҷумҳуриявӣ оид ба ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният, Ассосиатсияи миллии воситаҳои ахбори умуми мустақил, Маркази таҳлилию машваратӣ оид ба ҳуқуқи инсон, Маркази тараққиёти инсон ва ҷомеа. Ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон корҳои зиёдеро ба анҷом расонида истодаанд.

Механизмҳои байналхалқии ҳифзи ҳуқуқи инсон аз маҷмӯи тарзу воситаҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон иборат буда, ҳамчун кафили амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошанд.

Механизмҳои байналхалқии ҳифзи ҳуқуқи инсонро ба ду намуди асосӣ ҷудо менамоянд: универсалӣ ва минтақавӣ.

Тарзи универсалии ҳифзи ҳуқуқи инсон аз ҷониби СММ ба амал бароварда мешавад. Мақомоти СММ оид ба ҳуқуқи инсонро ба ду гурӯҳ ҷудо менамоянд: гурӯҳи якум – Асамблеяи Генералии СММ, Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, Комиссия оид ба ҳуқуқи инсон, Комиссари Олӣ оид ба ҳуқуқҳои инсон; гурӯҳи дуюм – мақомоти шартномавии СММ: Комитет оид ба ҳуқуқи инсон (1946), Комитет оид ба табъизи нажодӣ (1970), Комитет оид ба барҳам додани табъиз нисбати занон (1982), Комитет оид ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маданӣ (1985), Комитет оид ба барҳам додани азобу шиканҷа (1988), Комитет оид ба ҳуқуқҳои кӯдак (1990), Комитет оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзоёни оилаи онҳо.

Тарзи минтақавии ҳифзи ҳуқуқи инсон аз ҷониби ташкилотҳои байналхалқии минтақавӣ – Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо (Иттифоқи Аврупо), Ташкилоти Давлатҳои Амрико (ТДМ), Ташкилоти Ягонагии Африқо (Иттифоқи Африқо), Лигаи Давлатҳои Араб (ЛДА), Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ба амал бароварда мешавад. Тарзи минтақавии ҳифзи ҳуқуқи инсонро метавон ба намудҳои зерин ҷудо намуд: низоми аврупоӣ; низоми америкоӣ; низоми африқоӣ; дигар низомҳои минтақавӣ.

Механизми баррасии шикоятҳои фардӣ дар ду сатҳ амали мегардад: дар сатҳи умумиҷаҳонӣ аз ҷониби СММ ва дар сатҳи минтақавӣ аз ҷониби ташкилотҳои байналхалқии минтақавӣ. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳуқуқи муроҷиат намуданро ба ташкилотҳои байналхалқӣ барои ҳифз намудани ҳуқуқу озодиҳои худ доранд.


[1] Ниг.: Права человека: Учебник для вузов. / Отв. ред. чл.-корр. РАН, д.ю.н. Е.А. Лукашева. – М.: Норма, 2004. – С. 277-522; Права человека: учебник. / А.Н. Головистикова, Л.Ю. Грудцына. – М.: Эксмо, 2006. – С. 263-291; Холиков А.Г., Диноршоев А.М. Права человека: Учебник для вузов. / Под ред. д.ю.н., проф. Холикова А.Г. – Душанбе, 2009. – С. 611-683; Карташкин В.А. Международные механизмы защиты прав человека. Как подать жалобу в международные органы. – М.: Норма, 2003. – 112с.; Искандаров З.Ҳ. Ҳуқуқи инсон ва механизми миллии ҳимояи он. – Душанбе: Эҷод, 2007. – 136с. ва ғ.[2] Ниг.: Сборник международных актов по правам человека. / Сборник для издания подготовили: Хамидов Х.Х., Надырова Ш.А., Додоев А.М. – Душанбе: Конуният, 2001. – 564 с.; Маҷмӯи ҳуҷҷатҳои байналмиллалӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқҳои инсон (барои кормандони ҳифзи ҳуқуқ). – Душанбе: Мастер-Принт, 2006. – 484с.; Адлия (централизованный банк правовой информации РТ). – Версия 6,0. ва ғ.
380
Нет комментариев. Ваш будет первым!