Пайдоиши инсон ва нотакрории ҳаёти ӯ

Инсон шакли махсуси вуҷудият, зинаи олии инкишофи мавҷудоти зинда дар рӯи Замин, субъекти протсессҳо ва муносибатҳои ҷамъиятӣ, эҷодкору қувваи ҳаракатдиҳандаи таърих ва бунёдгари маданият аст. Инсон намуди биологии иҷтимоишуда аст.

Инсон падидаи беназиру пурасрори эволютсияи табиӣ ва таърих аст. Табиати инсон чигуна аст, моҳияти инсонии вай чи тавр сурат мегирад, чи тавр ва дар чӣ зоҳир мешавад, ӯ аз дигар мавҷудоти зиндаи олам чӣ фарқ дорад, таъиноту маънои зиндагиву фаъолияташ дар чист? Оё вай дар ҳамаи ҷабҳаҳои зиндагӣ ва фаъолияти худ пуриқтидору тавоно ва номаҳдуд аст, ҳадду ҳудудҳои имкониятҳо, қобилияту талаботи ӯ чигунаанд — чунинанд масъалаҳои асасие, ки дар атрофии мафҳуми «Инсон» ба вуҷуд меоянд.

Назарияҳои пайдоиши инсон гуногун ва хилофи якдигаранд. То Замони нав дар бораи пайдоиши инсон тасаввуроту таълимотҳои теистӣ ҳукмрон буданд. Дар Замони нав назарияҳое ба вуҷуд омаданд, ки пайдоиши инсонро ба парадигмаҳои дигар вобаста медонанд. Яке аз ин назарияҳо ба он асос ёфтааст, ки инсон пайдоиши фавқутабиӣ дорад ва маҳсули «хиради кайҳонӣ» аст. Илми муосир ин фаҳмиши пайдоиши инсонро тасдиқ намекунад.

Назарияи дигар аз он иборат аст, ки инсон пайдоиши табиӣ дошта, маҳсули эволютсияи биологӣ дар сайёраи Замин аст. Ин фаҳмиш ба назарияи эволютсионии Ч.Дарвин ва назарияи меҳнатии пайдоиши инсон асос ёфтааст, ки асосгузори он Ф.Энгелс мебошад. Ин назарияҳо дар илми муосир эътироф шуданд, ҳарчанд ки мухолифони онҳо ҳам ҳастанд. Парадигмаҳои фаъолияти меҳнатӣ ва эволютсияи табиӣ ба протсесси комплексӣ будани пайдоиши инсон аҳамияти хосса дода, омилҳои асосии онро муайян мекунанд.

Аз рӯи маълумотҳои илми муосир оғози протсесси пайдоиши аҷдоди қадимаи инсон барамапитек(14- 20 млн. сол пеш) алоқаманд аст, ки бо ду по устувор роҳ мегашт, «олотҳои табиӣ»-ро истифода мебурд, вале худаш олот намесохт. Зинаи дигари пайдоиши онавстралопитек(5-8 млн. сол пеш), баъд аз 2 млн. сол аз онҳамоҳабилус– «одами боақл» пайдо шуд. Намуди аз он такомулёфтатар «ҳомоеректус» — «одами ростгард» 1-3 млн. сол пеш пайдо шуд. Ҳомоеректус қобилияту ҳунари тайёр кардани олотҳои шикориро дошт, аз оташ истифода бурданро медонист, қобилияти нутқ ҳам пайдо карда буд. Насли баъд аз он пайдошуда «ҳомосапиенс» — «одами оқил» (150- 200 ҳазор сол пеш) буд. Аз он одами кроманёнӣ (40-50 ҳазор сол пеш) пайдо шуд, ки бо симои зоҳирӣ, сохти косахонаи сар, рангу рӯй, қобилияту сатҳи ақлониаш ба инсони муосир монанд буд. ӯ қобилияти ташкил кардани шаклҳои гурӯҳӣ-ҷамъиятии меҳнатро пайдо карда буд ва аз маводҳои дастраси табиӣ манзилгоҳ месохт, нутқи сарреҳу инкишофёфта дошт.

Омилҳои асосии антропогенезмеҳнат, тафаккуру шуури мантиқӣ, забон (нутқ) ва танзими муносибатҳои ҷинсии аҷдодони инсонмебошанд. Антропогенез тарзи ташаккулёбӣ ва вуҷуд доштани ҳастии инсон — ҳастии иҷтимоӣ ва мадании инсон, протсесси суратгирии муносибатҳои иҷтимоииhomosapiеns— инсони боақлу хирад аст, ки бо протсесси ташаккулу инкишофёбии субъективият ва шуури алокаманди дорад.

Антропогенез ва сотсиогенез протсессҳои аз ҳам ҷудо вуҷуддошта нестанд. Бе муносибатҳои ҷамъиятӣ (сотсиогенез маънои пайдоиши ҷамъияту муносибатҳои ҷамъиятиро дорад) аҷдодони инсони муосир инсон намешуданд ва бе инсон низ муносибатҳои ҷамъиятӣ ташаккул намеёфтанд.Антропосотсиогенезпротсесси ягонаи бо ҳам пайваста сурат гирифтани антропогенез ва сотсиогенез аст. Антропосотсиогенез маънои пайдоиши инсону ҷамъиятро дорад. Онро ҳамчун протсесси аз ҳам ҷудои пайдоиши инсон ва ҷамъият фаҳмидан мумкин нест. Инсони типи муосир, яъне инсони боақл ва бо ду по рост роҳ мегаштагӣ 50 ҳазор сол пеш пайдо шудааст. Пайдоиши инсони муосир ба яке аз шохаҳои маймунҳои одамшакл —неандарталҳоалоқаманд аст. Минбаъд, дар давоми эволютсияи табиии зиёда аз 35 ҳазорсола неандарталҳо аз байн рафта, ҷои онҳорокроманёнҳо— шохаи боз ҳам инкишофёфтаи дигар гирифт, ки бо хислату хусусиятҳо ва намуди зоҳирии худ аз неандарталҳо фарқ надоштанд. Неандарталҳо, ки бештар тараққӣ карда буданд, бо вуҷуди он дар зери фишори таъсиррасониҳои барои онҳо вазнину мушкили табиӣ малакаҳои пештараи худро гум карда, ба онҳо муясар нашуд то ки ба муҳити табиии тез-тез тағйирёбанда мутобиқ шаванд ва малакаҳои пештараи худро барқарор кунанд ва бинобар ин боз ҷои онҳоро кроманёнҳо гирифтанд. Аз ин рӯ, вақтҳои охир ақидаи дигар пайдо шуд, ки мувофиқи он намуди биологии «одам» дар натиҷаи омехташавии неандарталҳо ва кроманёнҳо пайдо шудааст.

Дар протсесси антропогенез сифатҳои нави ғайрибиологии инсон, муносибатҳои иҷтимоӣ, ахлоқӣ, маданӣ ва фарҳангии вай пайдо шудаанд ва инкишоф ёфтанд, зоти инсон дорандаи субстрати нав гардид, ки дар тарзи сифатан нави зиндагии иҷтимоӣ ва мадании он зоҳир мешавад. Антропосотсиогенез ба «протсесси таърихии инсон» ва маданият асос гузошт. Пайдоиши муоширати фикрӣ, мубодилаи предметӣ, номгузории олоту воситаҳои истеҳсолӣ, предметҳои рӯзғор унсуру паҳлӯҳои муҳими ин протсесс буданд. Иҷтимоишавии одамони аввала бидуни мубодилаи афкор, номгузории ашёву предметҳои атроф, ки ба протсесси фаъолияту меҳнати худ ҷалб мекарданд, имкон надошт. Ҳамаи ин ва паҳлӯҳои тарзи нави ташаккулёфтаи зиндагии онҳо зарурати пайдоиши забонро ба вуҷуд овард. Дар рафти антропосотсиогенез гузариш аз муносибатҳои эндогамӣ (алоқаҳои ҷинсӣ бо намояндагони ҳамхун ва қавму авлоди худ) ба муносибатҳои экзогамӣ — хонадоршавӣ ба намояндагони қавму авлоди бегона, аз бисёрзанӣ ва робитаҳои бенизоми ҷинсӣ ба якказанӣ ба вуқӯъ пайваст. Ин бошад, барои ба танзим даровардани муносибатҳои ҷинсӣ мусоидат кард ва онҳоро ба доираи муайяни ахлоқӣ даровард.

Ба ғайр аз сабабҳое, ки дар боло зикр шуданд, сабабҳои дигари пайдоиши инсон, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, ангезишҳои партави радиатсионӣ, таъсиррасонии протсессҳои кайҳонӣ ба сайёраи Замин номбар карда мешаванд. Мувофиқи фарзияҳои дигар зоти «одам» дар Африка пайдо шудааст. Сатҳи баланди радиатсия дар ин қитъа боиси мутатсияи организмҳои зинда, аз ҷумла аҷдодони ҳайвонии инсон шудааст.

Фаҳмиши дигари пайдоиши инсон низ вуҷуд дорад, ки аз назарияи эзотерии қадимае бармеояд, ки мувофиқи он кайҳон вобаста ба қонунҳои даврӣ (сиклӣ) инкишоф меёбад. Принсипи асосии ин инкишоф, ки асосу бунёди оламро ташкил медиҳад — принсипи мутлақ ва бешахсиятӣ аст. Ин принсип худ аз худ тафриқа мешавад, худро дар табиат ва моҳиятҳои тоинсонӣ ифода мекунад, ки сараввал дар шакли астрал ва эфир вуҷуд дошта, дар шакли ҷисми физикӣ вуҷуд надоранд. Баъд аз астрал ва эфир инсонҳои дорои қобилияти маънавӣ ва ақлонӣ пайдо мешаванд, ки ба меҳнати ҷисмонӣ ва забон эҳтиёҷ надоштанд, онҳо ҳамчун одамони аввалин бо ҳамдигар ба таври телепатӣ муошират мекарданд, дуруштиву густохӣ ва дағалиро намедонистанд. Замоне, ки ин одамон зиндагӣ мекарданд, асри тиллоӣ ном доштааст. Ҳарчанд, ки инсонҳои аввала аз худ осори ҷисмоние (насле) нагузоштанд, — мегӯянд тарафдорони ин назарияи пайдоиши инсон, — мо метавонем ба ривояту афсона ва асотире, ки дар хусуси онҳо вуҷуд доранд, бовар кунем. Мувофиқи ин тасаввуротҳо, инсонҳои аввала баъдан зотан вайрон шуданд ва аз ҳолати аввалаи худ берун баромаданд, ба инсони муосир табдил ёфтанд. Тарафдорони ин ақидаву тасаввуротҳо боварӣ доранд, ки бо фаро расидани давраи минбаъдаи Кайҳон инсонҳои муосир боз ба ҳолати аввалаи худ бармегарданд. Вале чунин ақида қобили қабул нест, чунки эволютсияи Кайҳон ва ҳаёт дар рӯи Замин баргарданда нест, фақат болораванда аст.

Инсон мавҷуди зиндаи табииест, ки аз тарзи зиндагии соф табиӣ ба зиндагии таърихӣ-иҷтимоӣ, фарҳангӣ-маънавӣ, аз зиндагии ҳайвонӣ ба зиндагии хоссаи инсонӣ гузаштааст ва ин зиндагӣ ба туфайли меҳнат, шуур ва забон насиби ӯ гардидааст. Зиндагии трансендентӣ (беруна) ва пешакӣ барои ӯ бегона аст. Ончи ки барои трансендентӣ-ондунёӣ, бегона, беруна ва тоинсонӣ аст, дар вуҷуди биологии худи инсон нест, дар таълимотҳои динӣ ва шуури оммавӣ дар шакли худо ва дигар қувваҳои транстендентӣ ва фавқутабии ба назар мерасад ва маънидод карда мешавад, ки ба ҳақиқати аслии пайдоишу мавҷудият ва инкишофи инсон рост намеояд.

Асрору моҳияти инсонро баррасӣ намуда, онро бояд ба назар гирифт, ки инсон моҳияти нотакрор аст. Ҳамчун «қисми табиат» дар рафти эволютсияи табии хеш аз ҳолати табиӣ берун баромада, қобилияти сифатан нави офаридани олами иҷтимоиёт, тамаддуну маданият ва фарҳангро пайдо кард, ки дар шакли тайёр пешакӣ на аз тарафи табиат ва на аз тарафи қувваҳои фавқутабиӣ ва трансендентӣ дода нашудааст.

Меҳнат меъёри асосии антропосотсиогенез аст. Ҳамчун омили асосии пайдошавии инсон ва ҷамъияти ансонӣ, меҳнат асоси бунёди тамаддуни инсонӣ — падидаи нав дар олам гардид. Зарурати объективии меҳнат кардан на фақат дар нигоҳ доштану давом додани наслҳои паиҳам ивазшавандаи инсон, таъмин намудани онҳо бо воситаҳои зиндагӣ, эмин нигоҳ доштани онҳо аз ҳодисоту рӯйдодҳои кӯр-кӯрона амалкунандаи табиати беруна, балки инчунин дар моҳияти ҷамъиятии вай ва нигоҳдориву давом додани тамаддуни инсонӣ аст.

Зарурияти асосии пайдоишу суратгирии иҷтимоият на фақат сохтану истифода бурдани олотҳои корӣ ва ба воситаи онҳо истеҳсол кардани воситаҳои зиндагии тарзи нав, яъне зиндагии иҷтимоӣ, балки бо мақсадҳои муайян истифода бурдани онҳо буд, ки базарурияти пайдоиши нутқу забон ва муоширати одамони ташаккулёфтаистода мусоидат кард. Худи фаъолияти олотӣ, яъне бо олотҳои сунъӣ меҳнат кардан ҳамон вақт воқеӣ мегардад, ки мақсаднок бошад ва ба қонеъ гардонидани ин ё он талаботи инсон ва вобаста ба ин, ба дигаргунсозии муҳити атроф ва худмуайянкунии инсон дар он нигаронида шуда бошад. Ақлу хирад, маҳорати меҳнат кардан, маърифат, мақсаду мақсаднокӣ ва мақсадгузорӣ, ки инсон дар протсесси антропосотсигенез пайдо кард, инсонро бештар ба ҷамъиятсозӣ ва худсозии иҷтимоӣ ва маданӣ водор мекард.

Хусусияти хоси антропосотсиогенез аз он иборат аст, ки дар рафти он предметикунонии меҳнату қувваҳои инсонӣ оғоз мешавад ва онҳо аз як предмет ба предмети дигар, аз як одам ба одами дигар, аз як насл ба насли дигар на дар шакли ирсияти органикӣ-биологӣ, балки дар шакли меросияти иҷтимоӣ-маданӣ ва фарҳангӣ интиқол мешаванд. Дар натиҷаи меҳнату истеҳсолот инсон ашё, предметҳо ва протсессҳои муҳити берунаро ба талаботҳои моддӣ, маданӣ ва фарҳангии дар рафти антропосотсиогенез ташаккулдодаи худ мутобиқ мегардонад, онҳоро ба он шаклҳое табдил медиҳад, ки дар он шакл истифода бурдану истеъмол кардани онҳо барои ӯ қуллай ҳаст, ин ё он талаботи онро қонеъ мегардонад ва дар ин протсесс талаботҳои аввалаи табиӣ-биологии худро маданӣ мегардонад ва талаботҳои сифатан нави иҷтимоӣ ва маданӣ ба вуҷуд меорад.

Таъиноту функсияҳои наве, ки инсон дар давоми антропосотсиогенез пайдо кард ва зарурати объективии бошуурона мутобиқ шудан ба муҳит, аз ҷумла муҳити нави иҷтимоии ташаккулёфтаистода, меҳнати мақсаднок, бошуурона қонеъ гардонидани талаботҳои нави иҷтимоӣ ва маданӣ, бо тарзу роҳҳои нави сунъӣ воситаҳои зиндагӣ истеҳсол кардан, фақат мутеъи талаботҳои табиӣ нашудан, ташаккули тафаккуру шуур ва забон, муттаҳидшавии аҷдодҳои одамон дар ҷамъият — маҳз дар ҳамин аст моҳияти антропосотсиогенез.

Шуур ҳамчун шакли олии инъикос ва пайдо кардани иттилоот дар бораи олами атроф ва маърифати он яке аз дастовардҳои муҳими антропосотсиогенез аст. Комёбӣ ва музаффариятҳое, ки инсоният дар роҳи антропосотсиогенез ба даст оварда, ба қуллаи аз ҳама баланди инкишоф расидааст ва ба эволютсияи иҷтимоӣ ворид шудааст, самараи якҷояи ҳамаи омилҳои антропосотсиогенез, яъне ҳам меҳнат, ҳам шууру нутқу забон ва ахлоқ аст. Меҳнатро бе шуур ва шуурро бе меҳнату дигар омилҳои антропосотсиогенез тасаввур кардан мумкин нест. Тафаккур, ақлу шуур, ки инсон дар антропогенез пайдо кард, ба ӯ имконият доданд, ки инсон фақат дар зери қонунҳои яккаҳукмронии биологӣ намонда, аз онҳо боло барояд, ба роҳи беҳудуди сохтани олотҳои меҳнат, ба таври сунъӣ истеҳсол кардан ва ба тарзҳои инкишофи иҷтимоиву маданӣ ворид шуда, сохтори морфологии бадани худро тағйиру такмил дода, то сатҳи имрӯзаи пешравии иҷтимоӣ, маданиву фарҳангӣ расад. Меҳнат ва шуур моҳиятҳои ба ҳам пайванданд, онҳоро аз ҳам ҷудо кардан ва муқобил гузоштан бефаросатии назариявӣ аст. Меҳнат, шуур ва забон дар як вақт ва дар пайвастагӣ бо ҳамдигар воқеият ёфтаанд.

Эволютсияи инсон дар ҷамъият, назар ба эволютсияи ӯ дар табиат, хеле босуръаттар ба амал меояд, чунки дар эволютсияи иҷтимоиаш вай на фақат ба узвҳои бадани органикиаш такя мекунад, балки инчунин аз садҳо олотҳо ва воситаҳои ба таври сунъӣ сохтаи худ, аз техникаву технологияҳои гуногун истифода мебарад. Худи ин воситаҳои сунъӣ давоми бадани органикии инсон буда, суръати пешравии онро дар эволютсияи иҷтимоӣ ва фарҳангияш, ҳамзамон қувваҳои ҷисмонӣ ва маънавии ӯро даҳҳо маротиба афзун ва сермаҳсул мегардонанд. Дар эволютсияи иҷтимоияш пеши роҳи инсон ҳамеша кушода аст. Меҳнату истеҳсолот (ҳам истеҳсолоти моддӣ ва ҳам истеҳсолоти маънавӣ) тарзи ягонаи истеҳсолу такрористеҳсолкунӣ ва бозсозии иҷтимою мадании худи инсон ҳамчун субъекти муносибатҳои ҷамъиятӣ аст. Аввалин муносибатҳои ҷамъиятии дар рафти антропосотсиогенез пайдо шуда падидан наве буд, ки дар ҳолати биологии аҷдодони инсон вуҷуд надошт. Бо ташаккули шуур мафҳуму идеалҳо, орзуву ормонҳо дар бораи ҳодисоти олам ва зиндагии худи одамон пайдо шуданд, ки на фақат ба масъалаҳои ҳаёти рӯзмарраи онҳо, балки инчунин ба оянда нигаронда шуда буданд, симои оянда ва тасаввуроти хаёлии онҳоро дар бораи он ифода мекарданд. Дар заминаи маърифати ҳиссӣ ва ақлӣ-мантиқӣ одамон дорои сифати нави эҷодкорӣ гардиданд, ки хоси аҷдодони ҳайвонии онҳо набуд. Мубодилаи афкор, иттилоот ва муошират ба воситаи забон дар шакли ифодаи фикр, дар шакли гуфтугӯи зинда ба вуқӯъ пайваст. Забон дар оғозу маҷрогирии антропосотсиогенез ва дар инкишофи минбаъдаи он ҳамчун воситаи коммуникатсия ва баҳамназдиккунандаи аҷдодони одамони ташаккулёфтаистода аҳамияти муайянкунанда дошт.

Инсон мавҷуди табиист, вале фақат мавҷуди табиӣ будан ҳадду ҳудуди охирини мавҷудияти ӯ нест. ӯ мисли ҳайвонҳо фақат дар ҳудуди қонунҳои табиӣ, зери таъсири онҳо зиндагӣ ва кору амал намекунад. Антропосотсиогенез онро аз ин ҳолат берун баровард. Ба туфайли антропосотсиогенез зиндагӣ ва рафтору амали онро қонунҳои иҷтимоӣ, маданият ва ахлоқ ҳамроҳӣ ва муайян мекунанд. Дар сурати аз доираи таъсири ин қонунҳо берун мондан, вай ҳамчун субъекти муносибатҳои ҷамъиятӣ амал карда наметавонад, одамияте, ки дар антропосотсиогенез ва инкишофи минбаъдаи таърихӣ ва маданӣ пайдокардаи худро гум мекунад.

Оид ба моҳияти инсон дар фалсафаи муосир низ назарияҳои гуногуни баҳамхилоф вуҷуд доранд. Яке аз равияҳои фалсафие, ки бо номи «мактаби фалсафаи антропологӣ» маълум аст, дар инсоншиносии фалсафӣ нисбат ба дигар равияҳо бештар ба забон гирифта мешавад. Асосгузори ин мактаб М.Шелер дар китоби худ «Мақоми инсон дар Кайҳон», пеш аз ҳама дар хусуси се тасаввуроти анъанавӣ дар инсоншиносии аврупоӣ мулоҳиза меронад: антропологияи теологӣ, ки тасаввуротҳои яҳудиёнро дар бораи офариниши Олам, Одам ва Момаҳаво, биҳишту дӯзах дар бар мегирад; антропологияи фалсафӣ — таълимот дар бораи инсон ҳамчун мавҷуди бохирад, дорандаи «Логос», нутқ ва қобилияти маърифатӣ — анъанаи фарҳанги аврупоӣ. Ин анъана ба андеша ва таълимотҳое робита дорад, ки бунёди тамоми Олам-универсиумро, аз ҷумла пайдоиши инсонро, ба хиради фавқулинсонӣ вобаста медонад. Ин анъанаро худи Шелер эътироф ва ба он пайравӣ мекунад. Анъанаи сеюм антропологияи табиӣ-илмӣ мебошад. Мувофиқи ин таълимот, инсон комилан зодаи табиати зинда буда, пайдоишу инкишофи он дар сайёраи Замин воқеият ёфтааст.

Макс Шелер кӯшиш мекунад, ки ба саволи «инсон чист?» ҷавоб диҳад. Шелер эътироф мекунад, ки ин савол хеле мураккабу пурпечутоб аст ва бе ошкор сохтани мақому манзалати инсон дар олам ба он ҷавоб ёфтан басо мушкил аст. Ба ақидаи Шелер, инсон аз ҳамаи сутунмуҳрадорон фарқ дорад ва ин фарқият дар моҳияти он ниҳон аст. Фарқияти «мавҷҳои зиндагӣ»-и инсон, мегӯяд ӯ, назар ба дигар мавҷудоти зинда дар фаъолияти маънавии он зоҳир мешавад. Шелер моҳияти инсонро бо маънавиёти он яксон месозад. Албатта, моҳияти инсонро бе маънавияти он тасаввур кардан мумкин нест, вале моҳияти инсон бо маънавиёти он маҳдуд намешавад. Паҳлӯҳо ва қонуниятҳои ташаккулу зуҳуроти моҳияти инсон фақат бо маънавиёти он маҳдуд набуда, балки онро меҳнат, шаклҳои гуногуни фаъолияти бунёдкорӣ, муносибатҳои ҷамъиятӣ муайян мекунанд ва ҳампайвандии ногусастании он бо охириҳо сурат мегирад. Моҳияти инсон на инъоми табиӣ ва на илоҳӣ аст. Дар муносибатҳои бо олам доштааш алҳол худсозии худи инсон ташаккул меёбад. Субстрати биопсихикиро хоси тамоми табиат ҳисоб карда, изҳор мекунад, ки зуҳуроти эҳсосоти инсон азсаргузаронии кадом як эҳсосоти азалиест барои аз худ кардани воқеияти объективӣ ва дар он зиндагӣ кардани инсон. Шелер дар табиати инсон асоси мантиқӣ-органикиро дарёб намуда, онро бунёду оғози наботӣ дар инсон меномад. Баъд системаи наботӣ дар табиати инсон ҷонро пайдо месозад, ки Шелер онро инстинкт меномад. Ахлоқу одоб ва рафтору амали инстинктии инсонро баррасӣ карда, Шелер қайд менамояд, ки инстинктҳо маънои муайян ва набз доранд, такроршаванда, ирсӣ ва модарзодӣ мебошанд.

Инсон дорои моҳияти психикӣ аст, ки дар шакли хотираи ассотсиативӣ зоҳир мешавад. Дар кадом шакле, ки моҳияти инсон зоҳир нашавад, дар худ меъёрҳои коррективии хавфовар дорад. Ин коррективҳо шакли дигари зуҳуроти моҳияти ҷони инсон мебошанд.

Шелер ба хулосае меояд, ки инсон қобилияти содир кардани амалу кирдори паст ва олиро дорад, вале ҳеҷ вақт ҳайвон буда наметавонад. Агар ҳайвон дорои ақл бошад, фақат бо сатҳи пасти ақлониаш аз инсон фарқ мекунад, на баръакс. Шелер мегӯяд, ки моҳияти инсон ва ҳамаи ончие ки онро дар олам аз мавҷудоти дигари зинда боло мегузорад, ақл ва қобилияти интихобкунии он аст. Ба ақидаи ӯ, сатҳу зинаҳои нави психикие, ки инсон пайдо мекунад, ҷавҳари асосии моҳияти онро ташкил медиҳад.

Ба фикри Шелер, ҳар як падидаи зиндагии инсон зуҳуроти паҳлӯҳои ҳастӣ ва маънавии он аст. Шелер дуалист аст. Дуализми он – дуализми олам ва идеал аст. Дар ин дуализм рӯҳ принсипи олиест, ки моҳияти инсонро муайян мекунад, ифодаи таъиноти фавқултабиӣ ва зидди ҳастии инсон аст. Рӯҳ зуҳуроти худи ҳаёт аст, бинобар ин бавуҷудоварандаи идеяҳо, эҳсосот, муҳаббат, тавбаву надомат, иззату эҳтиром, қабули озодонаи ин ё он қарор аст. Қобилияти муҳимтарини рӯҳ объективона ва беғараз дарку маърифат кардани предметҳо дар ҳастии хоссаи онҳо аст.

Дигар асосгузори мактаби «антропологияи фалсафӣ» Гелмут Плеснер дар тадқиқотҳои худ кӯшиш мекунад, ки муносибати дуалистии Шелерро нисбати инсон, муқаррароти априории зиндагиву фаъолиятии инсонро, ки дар таълимоти ӯ ҷой дорад, аз байн бардорад. Плеснер инсонро ҳамчун падидаи фавқулодда ва ғайриоддӣ дар маркази олам мегузорад, манзараи худомарказии оламро инкор мекунад, ба ҷои тартиботи азалии худомарказӣ тартиботеро мегузорад, ки ба инсон нигаронида шудааст. Дар айни замон Плеснер инсонро асрори маърифатнашавандаи ҳастӣ, мавҷуде муайян мекунад, ки доимо аз ҳудуди ончие ки ба он дода шудааст, берун ба дуриҳои транстсендентӣ меравад. Ба муқобили эътироф нашудани омилҳои биологии мавҷудияти инсон баромада, Плеснер майлонҳои биологигардонии моҳияти инсонро дар бихевиоризм танқид мекунад. Ба ақидаи ӯ, барои фаҳмишу маънидод кардани моҳияти инсон мафҳумҳои «инсон мавҷуди биологии номукаммал», «раҳоёбӣ», «сабуккунӣ» (Гелен) наметавонад истифода бурда шаванд. Табиати инсонро ӯ дар асоси таҳлили ҷанбаҳои биофизикии мавҷудияти он ва дар партави комёбиҳои илмҳои рӯҳшиносӣ ва фарҳангшиносӣ муайян мекунад. Ба принсипи Декарт дар хусуси он, ки моҳияти инсон дар зиндагии ботинии он худро воқеӣ мегардонад, такя карда, Плеснер ба сифати медиуме, (медиум дар таълимоти спиритизм маънои қобилияти муошира кардани одамон бо рӯҳу арвоҳҳоро дорад), ки инсонро ифода мекунад, на бунёдкориву бунёдҳои маданӣ, на шаклҳои ашёвӣ-предметии мавҷудияти инсон, балки тану бадан ва рафтори онро дар вазъиятҳои гуногун ба асос мегирад ва муҳим мешуморад. Плеснер вазифаи назарияи антропологии худро дар ошкор сохтани ҳудудҳои аз ҷониби инсон аз худ кардани олами предметӣ ва объективонидани зиндагии инсон мебинад.

Намояндаи дигари «мактаби фалсафаи антропологӣ» Арнолд Гелен дар асари худ «Инсон. Табиати он ва мақоми он дар табиат» масъалаи асосии фалсафаи антропологӣ — бешууриро мавриди муҳокима қарор медиҳад. Дар ҳудуди ин масъала Гелен инсонро «ҳайвони ҳанӯз муайян нашуда» меномад. Ба ақидаи ӯ инсон «аз ҷиҳати биологӣ мавҷуди номукаммал аст», чунки инстинктҳои нокифоя дорад, барои ҳамин мавҷуди камолёфта нест, бо сохтору камолоти ҳайвонӣ-биологии худ ба итмомрасида нест. Худ бо худ танҳост ва маҷбур аст, ки воситаҳои зиндагии аз зиндагии ҳайвонҳо фарққунандаи худро ҷӯяд. Гӯё табиат ӯро чун мавҷуди ба олам кушода офаридааст, аз ин ҷост, ки табиат ба ӯ қобилияти офаридани маданиятро додаст. Дар фаҳмиши Гелен таърих, ҷамъият, сохторҳои он ба сифати сохторҳои пуррагардонии номукамалии инсон ба миён меояд ва онро пурра месозанд, майлу рағбатҳои ниминстинктии ӯро воқеӣ мегардонанд. Таълимоти Гелен дар бораи муайянии пешакии биоантропологии шаклҳои мадании зиндагии инсонӣ таҷассуми пурраи худро дар таълимоти плюралистии ахлоқии ӯ ёфтааст, ки Гелен онро ҳамчун ҷавоб ба афзоиши мақоми ақлият дар зиндагии инсон маънидод мекунад. Оқибату натиҷаи инро Гелен дар заифшавии функсияҳои инстинктивии инсон мебинад, ки онро аз эҳсосоти бо олам бевосита пайваст будан маҳрум месозад. Вобаста ба ин, Гелен назарияҳоеро, ки ба ақлу хирад рӯ меоваранд, гуманитаризми абстрактӣ ва мурда меномад, ки асоси воқеӣ надоранд. Гелен зарурати баррасии рафтору кирдори ахлоқиро аз ду нуқтаи назар муҳим мешуморад: аз нуқтаи назари биологӣ бо ёрии категорияҳои махсуси биологӣ ва аз нуқтаи назари маданӣ-таърихӣ, яъне дар асоси ба назар гирифтани «моҳияти маънавии инсон ва хосияту хислатҳои он ҳамчун натиҷаи анъанаҳо, замони муайян ва вазъияти муайяни таърихӣ ӯ зиндагии маданӣ ва иҷтимоиро ҳамчун эпифеномени (оқибати) асосҳои ҳаётӣ-аломату нишонаҳои биологӣ- генетикӣ ҳисоб мекунад, ки қобили қубул нест.

Дар фалсафаи антропологии муосир доир ба пайдоиш, мавҷудият, табиат ва моҳияти инсон самту равияҳои гуногуни тадқиқотӣ вуҷуд доранд. Яке аз онҳоэкзистенсиализм(кал. лотинии «экзистенсия» — вуҷудият, вуҷуд доштан) мебошад, ки ба нотакрории ҳастии инсон дар олам диққати махсус медиҳад. Экзистенсиализм таълимоти фалсафиест, ки мувофиқи он инсон мавҷуди яккаву танҳои дар олам партофташуда аст, ҳама вақт худро зери хавфу хатар эҳсос мекунад, зиндагиаш мукаммал нест, аз ин сабаб ҳикматҷӯи мекунад, то ки худро нигоҳбонӣ ва ҳифз кунад. Ин таълимот ба омӯзиши олами ботинии инсон аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад.

Мафҳуму категорияҳои асосии тадқиқотии экзистенсиализм «ҳастии инсон», «вуҷудияти инсон» (экзистенсия), «ҳеҷ», «танҳоӣ», «вазъияти дуҳудуда», ё «вазъияти сарҳадӣ», «партофташуда», «номуайянӣ», «тарсу ҳарос», «нтизорӣ», «коммуникатсия», «фоҷиа», «даҳшат», «ноустуворӣ», «вазъияту ҳолати мудҳиш» аст. Мувофиқи таълимоти мазкур, тарсу ҳарос ва дар дунё яккаву танҳо вуҷуд доштани инсон вазъияту ҳолатҳои зиндагӣ ва ҳастии онро муайян мекунад. Экзистенсиализми муосир рафтори ғайримуқаррарии инсонро дар ҳолату вазъиятҳои ғайримуқаррарӣ тадқиқ мекунад. Мувофиқи тадқиқотҳои он, рафтори номуайяни инсон ҳолати вуҷуд доштани он аст. Дар ҳолати рафтори номуайян одам дурӯғ намегӯяд, дурӯягӣ намекунад, вале ин сифатҳои он на барои худи он ва на барои дигарон то охир самимӣ нестанд. Чунин рафтор тарзи худмуҳофизаткунии ҳар як фард аз назорати фишороварии ҷамъият, сохтору созмонҳои он аст. Фард бегуноҳ ва беихтиёр ҳаргуна ҷинояткориҳоро содир мекунад. Чунин ҳолату вазъиятҳои вуҷуд доштани инсон ва рафтори онро, мегӯянд экзистенсиалистҳо, бо категорияҳои илмӣ ифода кардан мумкин нест, чунки тарзҳои вуҷуд доштану рафтори фардҳо доимӣ набуда, беҳудуд тағйирёбанда ва ивазшавандаанд. Азобу таассурот ва азсаргузарониҳои инсон дар вазъияту ҳолатҳои гуногуни вуҷуддории он руй медиҳад, ки набояд ба инобат гирифта шаванд. Маҳз ҳамин ҳолату вазъиятҳое, ки инсон ба онҳо дучор меояд, ба гуфти экзистенсиалистҳо, боядмасъалаи асосии фалсафабошад. Принсипи асосии онҳо дар фаъолияту амалиётҳои ҷамъиятӣ қатъиян иштирок накардани шахс аст. Шахс ҳамчун мавҷуди худшинос, мегӯянд онҳо, метавонад норозигии қатъии худро нисбат ба ҷамъият, сохтору созмонҳои он изҳор кунад, ба муқобили онҳо исён бардорад. Экзистенсиализм худро тавбадиҳанда, мураббӣ ва ҳомии маънавиву ғоявии инсон ба қалам медиҳад.

Фалсафаи экзистенсиализм дар Германия (асосгузорони он Мартин Хайдеггер ва Карл Ясперс) дар заминаи таълимоти теологии Киеркегор, фалсафаи ирратсионалии Нитсше ва феноменологияи Гуссерл пайдо шудааст. Дар таълимоти Киеркегор ғояи «тафаккури экзистенсиалӣ» ғояи асосӣ аст. Ба ақидаи ӯ, агар таффаккур аз манфиатҳои назариявӣ ва абстрактӣ (умумигардондашуда) ба миён ояд, пас тафаккури экзистенсиалӣ ба ҳастии ботинии инсон, азобу азиятҳои мекашидагӣ ва азсаргузарониҳои он нигаронда шудааст.

Категорияи асосии экзистенсиализм — категорияи вуҷуд доштан — экзистенсия аст. Муносибати инсон ба олами беруна, муносибатҳои ҷамъияти одамон, фаъолияту маърифат ва азсаргузарониҳои онҳо дар таълимоти экзистенсиализм дар партави ҳамин категория мавриди омӯзиш қарор дода мешавад. Зиндагии инсон дар экзистсеализм пешакӣ муайяншуда ҳисоб карда мешавад ва мавҷудияти он хилофи ҷамъияту сохторҳо ва тартиботи он аст, бинобар ин экзистенсиализм таълимоти идеалистӣ аст.

Идеализми Хайдеггер аз таълимоти ӯ дар бораи бартарӣ доштани мавҷудияти хоссаи фард нисбат ба тамоми паҳлуҳои ҳастии он ба миён меояд. ӯ мавҷудияти худ ба худи фардро ҳамчун ҳастии томи он ҳисоб мекунад. Ба ақидаи ӯ, пеш аз он ки дар бораи олам сухан кунем, бояд тамоми оламро бо инсон муқоиса кунем. Киеркегор бошад, ба маърифат, маънавиёт ва эҳсосоти инсон мақому мартабаи онтологӣ медиҳад. Дар таълимоти ӯ хислату хусусият ва сифатҳои ҳаётии инсон на аз воқеияти таърихӣ ва иҷтимоӣ, ҳолату вазъиятҳои гуногуни зиндагии он, балки аз мавҷудияти ҷисмонии худи он ба миён меоянд, худвуҷуддории инсон воқеияти таърихӣ, иҷтимоӣ, маънавӣ ва фарҳангиро ба вуҷуд меорад. Аз ин ҷост, ки дар экзистенсиализми Киеркегор таърих, ҷамъият ягон таҷрибаро дар инсон ба вуҷуд оварда наметавонад, баръакс, ҳама чизро аз фарди инсонӣ мегирад.

Хайдеггер мегӯяд: «Маърифат фаъолият нест, предметсозӣ нест, маърифат муроқиба аст». Вале дар ин тасдиқоташ ӯ на дар хусуси муроқибаи таҷрибавӣ-амалӣ, балки дар бораи «муроқибаи соф», падидаҳои (феноменҳои) шуури трансенденталӣ (ондунёӣ) сухан меронад. Падида-феномен ончие аст, ки мегӯяд Хайдеггер, «худаш худашро дармеёбад», «худпайдошавӣ» ва «худошкоршавӣ» мебошад. Падида дар худ ончиеро дорад, ки он аз зуҳурот фарқ мекунад. Ҳаргуна зуҳурот худро дарнамеёбад, вай иттилоотест дар бораи ончие, ки худаш худашро дарнамеёбад ва бевосита ошкор сохта наметавонад. Аз назари Хайдеггер, зуҳурот ҳамчун зуҳури ягон чиз маънои худдарёбии ҳамон чизро не, балки маълумот дар бораи ҳамон чиз мебошад ва барои ҳамин ҳам худашро бевосита ошкор намесозад. Аз ин ҷост, ки зӯҳурот ҳамчун чизи дигаре дар бораи падидаи дигар маълумот медиҳад, чунки ҳар як падида-феномен худаш худашро дармеёбад.

Мавҷудияти инсонро Хайдеггер аз тамоми ҳастӣ ҷудо мекунад, дар навбати аввал – аз ҳастии материалӣ. Бархилофи ҳаргуна фаҳмиши ҳастии инсон, дар экзистенсиализми Хайдеггер ҳастии инсон — ҳастии шуури он аст. ӯ мегӯяд, ки ягон мавҷуди дигар ба ҷуз инсон дар бораи охирату марги худ чизеро намедонад. Фақат инсон дар ин дунё муваққатӣ ва гузаро будани худ ва якҷоя бо он гузаро ва муваққатӣ будани ҳастиро медонад. Азбаски Хайдеггер инсонро мавҷуде ҳисоб мекунад, ки он матавонад дар бораи ҳастӣ масъала гузорад, вобаста ба ин саволи дигаре ба миён меояд: чи хел ҳастии инсон аз худшиносии он фарқ дорад? Охир, худшиносии инсон қобилияти шинохтани худ ва дар хусуси ҳастии худ масъала гузоштан аст?

Сохтори ҳастии инсонро Хайдеггер ҳамчун «ташвиш» муайян мекунад. Ба ақидаи ӯ, ташвиш аз се ҳолат иборат аст: «ҳастӣ дар олам», «нигаронӣ ба оянда» ва «ҳастӣ дар ҳудуди дохилии олам» (бытие внутримировое). Дар ин маврид Хайдеггер кандашавандагии ҳастии инсонӣ ва паҳлуҳои объектӣ ва субъектии онро дар назар дорад. Дар ин маврид Хайдеггер онро дар назар дорад, ки инсон аз аввал худ ба худ вуҷуд надорад, ӯ баъд бо ашёю предметҳо ва ҳодисоти олам дучор омада, онҳоро дарёфт мекунад.

Хайдеггер «ташвиш»-ро ҳамчун «нигаронӣ ба оянда» муайян карда, инсонро ба ҳаргуна ҳастии предметӣ муқобил мегузорад. Аз нуқтаи назари ӯ, ҳастии инсонӣ (вуҷудияти инсонӣ) «ҳамон чие ҳаст, ки ҳамон чи нест», чунки ҳастии инсонӣ аз худ дар гурез аст, яъне имконияти худи он аст. Ин ҳолати нигарониву ташвиши инсонро Хайдеггер «лоиҳа» меномад ва ба хулосае меояд, ки ҳастии инсонӣ назар ба ҳолати ҳозираш ҳастии ба лоиҳа дароварандашудаи худи ӯст.

Ҳолати сеюми нигаронӣ, ба қавли Хайдеггер, маънои махсуси муносибати инсонҳо нисбат ба ашёву, предметҳо ва чизҳо дар зиндагониашон мебошад. Муносибати инсон ба чизу ашёҳо ҳамчун чизҳои ба он наздик — муносибати ҳамсафаронаш дар зиндагии ӯ аст. Муносибати инсон ба чизҳо ҳамчун чизҳои ба ӯ наздик, ба он ҳарорат медиҳанд, ин баргардондаии ҳарорати чизҳо аз инсон ба худи чизҳо мебошад, ки инсон ба онҳо дода буд.

Ташвиш маънои ҳамеша дар олам аз худ пешгузаштанро дорад ва сифатест ба маънои ҳастии инсон. Ҳар як ҳолати ташвишӣ модусҳои муайяни вақт аст. Вуҷуд доштан дар олам — модуси вақти гузашта, пешрафтан — модуси вақти оянда ва ҳастӣ бо…» — модуси замони ҳозира аст. Ҳарсеи ин модусҳо ба ҳамдигар пайванданд ва падидаи (феномени) ягонаи ташвиш, нигаронӣ, интизории инсонро ташкил медиҳанд. Ин модусҳо — лаҳзаҳои вақти феноменалӣ)- гузашта, ҳозира ва оянда, дар таъбири Хайдеггер, ба куллӣ аз се андозаи вақти объективӣ фарқ мекунанд, ки дар он гузашта ончие нест, ки дар гузашта мондаасту вуҷуд надорад. Гузашта ҳамеша дар ҳозира ва оянда вуҷуд дорад, яъне гузашта хоси ду модуси дигари вақт аст. Ҳар яке аз модусҳои вақт махсусияти худро дорад. Бархилофи вақти объективии физикӣ (табиӣ), ки ҳамчун хатӣ, яксамтӣ, аз ҳозира иборатбуда дониста мешавад, модуси «гузашта» дар таълимоти Хайдеггер маънои воқеият ёфта, содиршударо дорад. Модуси «ҳозира» маънои тааллуқ доштан ба ашёҳо, предметҳо ва ончие, ки вуҷуд дорад. Модуси «оянда» маънои «лоиҳа»-ро дорад.

Вобаста ба он, ки кадом модуси вақт ба мадди аввал гузошта мешавад, «оянда» — равон будан ба сӯи марг аст ё ғулому банда будан ба чизҳо аст. Вобаста ба ин, ҳастии инсонӣ метавонад ҳақиқӣ ё ғайриҳақиқӣ бошад. Дар ҳастии ғайриҳақиқӣ модуси «хозира» бартарӣ дорад ва дар он ифода меёбад, ки «олами ашёҳо» (чизҳо) одамонро аз «охират»-и онҳо эмин медорад. Азбаски одамон ба сифати мавҷудоти олам ба охирӣ рӯбарӯ мешаванд, метавонанд дар айни замон ба сифати одамони дигар баромад кунанд, чунки моҳияте, ки дар он одам вуҷуд дорад, табиӣ-ашёӣ ё иҷтимоӣ мебошад. Тарзи ғайриҳақиқии вуҷуддории он, чунин тарзу вуҷуд доштан аст, ки ҳастии инсонии онро муҳити предметӣ ва иҷтимоӣ фуру мебарад. Ин ҳастии предметӣ- ашёӣ аст.

Ҳастии ғайриҳақиқӣ, ба таъбири Хайдеггер, дар сохтори «нигаронӣ» (интизорӣ) ниҳон аст ва онро ягон тағйирдиҳиҳои муҳит аз байн бурда наметавонад. Маърифати анъанавӣ, яъне тадқиқоти анъанавӣ дар бораи инсон, мегӯяд Хайдеггер, бо маънидодкунии қиёси инсон бо ашёҳо асос ёфтааст, муввақатӣ ва даргузарии он ва охирати онро ба назар намегирад. Инсонро ба қатори ашёҳо мегузорад, дар натиҷа имконияти мавҷудияти он маҳдуд ва азхудбегонашавии он афзун мегардад. Ин бошад, мегӯяд Хайдеггер, ҳастии ҳақиққии инсонро бо ашёву предметҳо мепӯшонад. Аз ин сабаб хусусияти хоси ҳастии ғайриҳақиқии инсон бегонашавӣ аз худ ва аз дигарон аст. Ҳастии инсонӣ ҳеҷ вақт ҳастии аз дигарон ҷудо ва бегона нест, ҳастие нест, ки аз ҳастии дигарон воқиф набошад. Вуҷуд доштани одамони ба ҳамдигар монанд, мегӯяд Хайдеггер, ҳамеша ба якдигар маълум аст, чунки он лаҳзаҳои ҳастӣ ва сохтори априории (пешакӣ додашудаи) ҳар як одами алоҳида мебошад. Дар ҳастии муштарак ҳар як одам худро дар муқоиса бо дигарон мешиносад, чунки онҳо нисбати вай ва вай нисбати онҳо объективона вуҷуд доранд. Ҳастии ғайриҳақиқӣ ҳамчун ҳолати хамзистии якҷоя махсусияти худро дорад. Якӯм, ҳар як одам худро дар муқоиса бо дигарон мешиносад, ӯ худро дар ҳастии дигарон мебинад. Ақидаи объективона дар ин маврид метавонад шахсро бо шахси дигар иваз намояд, чунки фикран иваз намудани худ бо дигарон ва баръакс — падидаи ба ҳамдигар монандкунии одамон аст.

Дар натиҷаи баҳаммонандкунонӣ бофтаву сохтаи «одами миёна» ё «одами оддӣ» ба вуҷуд меояд ва он ба ҷои «одами ҳақиқӣ» гузошта мешавад. Дар чунин умумигардонӣ одамсозӣ (миёнагардонӣ) ҳастии инсонӣ ҳамчун ҳастии рӯзмарравӣ монанд кунондани тарзи мавуҷудияти як касро ба тарзи вуҷуддоштани каси дигар фурӯ мебарад. Тарзи вуҷуд доштани як кас ба тарзи вуҷуд доштани каси дигар ҳукмронӣ мекунад ва ин маънои онро дорад, ки ҳастии алоҳидаи ҳар як касро аз ӯ мерабоянд, ҳол он ки ҳамон як кас — каси дигар нест. Ҳар як кас дар муқоиса бо дигарон вуҷуд дорад ва ҳукумронии онҳоро таъмин мекунад. Дар ин маврид инсон ҳамчун субъект як чизи миёна аст, чунки он аз ҳамаи одамон ташкил меёбад. «Вуҷуд доштани ҳақиқи», барои Хайдеггер, — ин маърифати (шинохти) таърих, охират ва озодии худ аст ва онро дар марг дарёфтан мумкин аст. Марг — гурез аз ҳастии худи инсон аст. Инсон биму воҳимаи экзистенсиалии худро эҳсос карда, метавонад аз ҳудуди «вуҷуд доштани ғайриҳақиқӣ» берун равад. Ин биму ҳарос аз ҳастии худи инсон аст, на биму ҳарос аз чизи дигаре, ончие аст, ки аз ҳарос меҳаросад, он ҳастӣ дар олам аст.

Мафҳуми «тарс» (ҳарос) дар экзистенсиализми Хайдеггер воситаи ягонаи раҳо ёфтан аз вуҷуд доштани муқаррарӣ ва муроҷиат кардан ба худ аст, ки дар ниҳояти кор ба пешвози марг рафтан аст, чунки марг он ҳудудест, ки вуҷуд доштани ҳар як фардро муайян мекунад. Ба ибораи Хайдеггер, «он чие ки аз ҳарос метарсад, ҳастӣ дар олам аст». Ҳарос — ҳолати асосии рӯҳии ҳастии инсонӣ аст. «Ҳастӣ барои марг тарсу ҳарос аст». Ан ин ҷост, ки дар экзистенсиализми Хайдеггер роҳи ягона аз вуҷуд доштани муқаррарӣ ва ба худ рӯ овардан — ин рӯ овардан ба марг аст. Ин ҳадди охирини вуҷуд доштани инсон аст. Ин ғояи ноилоҷӣ ва бемаънӣ вуҷуд доштани инсон аст.

Карл Ясперс муаммои «ҳастӣ ва инсон»-ро ба тарзи дигар мефаҳмад. ӯ чунин ҳисоб мекунад, ки ҳастиро ҳамчун як чизи том ва ба охирасида муайян кардан мумкин нест, ҳамчунин онро як чизи дар ҳудуди худ тақсимшуда низ ҳисобидан мумкин нест. Маърифати инсонӣ ҳеҷ вақт асрори ҳастиро то охир ошкор сохта наметавонад. Одамро объективона омӯхтан мумкин нест, онро ҳамчун экзистенсия омӯхтан мумкин аст.

Дар таълимоти Яспере экзистенсия, бар хилофи ҳастии воқеӣ-амалии инсон, чунин сатҳи ҳастии он аст, ки ҳеҷ гоҳ мавриди омӯзиши илм шуда наметавонад.

Ясперс экзистенсияро ҳамчун падидаи объективинашаванда муайян мекунад, ки дар ниҳояти кор ба рӯ гардонидан аз маърифати инсон, муқобил гузоштани ҳудудҳои байни маърифат, хирад ва инсон ҳамчун субъекти аввалиҳо, оварда мерасонад. Аз нуқтаи назари Ясперс, экзистенсия бевостита ба трансендентсия ва худо алоқаманд аст. Бе ин алоқамандӣ экзистенсия ба иродаи кӯркӯрона ва тӯндрав табдил меёбад. Экзистенсия ба трансендентсия эҳтиёҷ дорад, чунки ба туфайли он вуҷуд дошта метавонад, худаш худашро воқеӣ гардонда наметавонад. Бе трансендентсия экзистенсия бесамар аст. Трансендентсия ҳастиест, ки экзистенсияро аз худнамоӣ ва худтасдиқкунии оддӣ ва «иродаи озод» ба дорандаи ҳастӣ табдил медиҳад. Одаме ёфт намешавад, ки бе дигарон вуҷуд дошта бошад ва вуҷуд дошта тавонад ё худ аз худ одам бошад. «Одамон»-и худ ба худ вуҷуддошта одам намешаванд. Коммуникатсия шарти универсалии ҳастии инсон аст.

Экзистенсияро предметӣ гардонидан мумкин нест, мегӯяд Ясперс, вале як экзистенсия, яъне экзистенсияи як одам бо экзистенсияи одами дигар ба воситаи муошират имконпазир аст. Ин имконият медиҳад, ки экзистенсия на фиреби субъективӣ, балки воқеияти вуҷуддошта бошад. Экзистенсия барои Яспер

1.15K
Нет комментариев. Ваш будет первым!