Соҳаи иҷтимоии ҳаёти ҷамъият

Соҳаи ҳаёти иҷтимоии ҷомеа дар асоси гуногуннавъии муносибатҳои иҷтимоӣ ташаккул меёбад. Муносибатҳои иҷтимоӣ ин пеш аз ҳама муносибатҳои байни одамон ва умумияти одамон дар хусуси вазъи воқеии онҳо дар ҷомеа, асосан-дар хусуси баробарӣ ё нобаробарии онҳо бо дигар одамон ва умумиятҳо мебошад. Нишонаи дигари фарқкунандаи ин соҳаи ҳаёти ҷомеа аз соири соҳаҳо аз он иборат аст, ки таваҷӯҳи он бештар ба баррасии вижигиҳои ташаккулёбии умумиятҳои гуногуни одамон, хусусияти ҳамкориию ҳамбастагии ичтимоии онҳо, мақоми ишғолкардаи онҳо дар кӯшиши дастрасӣ ба захираҳои ҷомеа барои қонеъ сохтани талаботашон ва ғайра нигаронида шудааст. Дар раванди ба вуқӯъ пайвастани ҳодисаҳои соҳаи иҷтимоии ҳаёти ҷомеа ҷӯзъҳои таркибии соҳаҳои дигар ба сифати замина, асоси амалӣ гаштани онҳо хизмат менамоянд. Масалан, агар воситаҳои истеҳсолот, техникаю технология ба сифати заминаи татбиқи фаъолияти меҳнатии инсон хизмат намоянд, пас соҳаи идоракунии равандҳои ҷамъиятӣ, яъне сиёсат, омили муҳими ба ҳамдигар созиш додани манфиатҳои гуногуни умумиятҳои иҷтимоӣ буда, омили таъмини суботи ҷамъиятӣ ва қонеъгардонии талаботи онҳо ба дастгирии иҷтимоӣ аст. Бинобар ҳамин ҳам дар таркиби соҳаи сиёсии ҳаёти ҷомеа сиёсати иҷтимоӣ мақоми муҳим дорад. Барои дарки чунин хусусияти гуногунҷанбагии соҳаи иҷтимоии ҳаёти ҷомеа мушаххас намудани мӯҳтавои мафҳуми «иҷтимоӣ» хеле муҳим аст, зеро истифодаи он дар ҳам дар гуфтугӯи муқаррарӣ ва ҳам дар заминаи илмию таблиғотӣ хеле васеъ ба чашм мерасад ва дар онҳо мавҷудияти ин гунна гуногунмаъноии калимаи «иҷтимоӣ»-ро мушоҳида кардан душвор нест. Аслан мафҳуми «иҷтимоӣ» дар маъноҳои зерин мавриди истифода қарор мегирад: иҷтимоӣ аслан дар маънои васеаш баёнкунандаи мундариҷаи мафҳуми ҷомеа аст ва онҳо ҳаммаъноянд; иҷтимоӣ ин хусусияти фарқкунандаи инсон аз табиат аст; иҷтимоӣ ин муносибати марбут ба гурӯҳҳо ва умумиятҳои иҷтимоӣ аст; иҷтимоӣ хусусияти амалест, ки ба рафтори дигар шахс нигаронида шудааст. Дар шарҳи марбут ба соҳаи махсуси ҳаёти ҷамъият мафҳуми иҷтимоӣ дар ду маънои ахир истифода бурда мешавад.

Соҳаи иҷтимоӣ яке аз соҳаҳои умумитарини ҳаёти ҷомеа ба шумор меравад. Вале фаҳмиши моҳият ва таркиби он имрӯз хеле печидаю тазодолуда ва барангезандаи мубоҳисоти калон боқӣ мемонад. Соҳаи иҷтимоӣ ин соҳаи истеҳсолот ва бозтавлиди инсон аст. Дар ин ҷо инсон худро чун мавҷуди биолужӣ, иҷтимоӣ ва рӯҳонӣ бозтавлид мекунад. Соҳаи иҷтимоӣ дар ҳамин маънӣ ба соҳаҳои истеҳсолоти моддиву маънавӣ- донишҳои илмӣ ва арзишӣ муқобил намеистад, азбаски чизҳои дар онҳо истеҳсолшуда бояд аз ҷониби одамони дигар, табақаю гурӯҳҳо истеъмол гарданд. Соҳаи иҷтимоӣ ин ҳифзуссиҳат ва таҳсилот, аз кӯдакистон сар карда то мактаби олӣ, ин муошират бо фарҳанг, аз тамошоравӣ ба театр то ба клубҳои илмӣ, ин идомати насли инсонӣ, аз таваллудшавии атфол то ба рафтани насли калонсол аз зиндагонист.

Чунин қабул шудааст, ки таркиби соҳаи иҷтимоиро гурӯҳҳои калону устувори одамон (умумиятҳои иҷтимоӣ) ва муносибатҳои мавҷудаи байни онҳо ташкил медиҳад ва ҳар яке аз ин гурӯҳҳо аҳдофи худро пайгирӣ ва манофеи хешро ҳимоят мекунанд. Миёни чунин гурӯҳҳо ҳамрадиф бо синфҳову дастаҷамъиҳои меҳнатӣ мардум, миллат ва ҳатто башарият ҳамчун умумияти иҷтимоӣ ҷудо шуда меистанд. Чунин тавсифи соҳаи иҷтимоӣ умуман саҳеҳ, аммо ғайрикофӣ ба назар мерасад. Аслан ҷузъҳои таркибии сохтори иҷтимоиро аз афрод ва мақому нақши онҳо, муттаҳидшавии онҳо дар шакли умумиятҳои гуногун, хусусияти алоқамандии онҳо бо якдигар, ки вобаста ба шароитҳои гуногуни ҷамъиятию таърихӣ дар ҳолати тағйирёбӣ қарор доранд, иборат медонанд. Умумиятҳои иҷтимоӣ аз якдигар бо аломатҳои гуногуни худ фарқ мекунанд ва муҳимтарини онҳо вобаста ба талаботу манфиат, арзишу меъёрҳои рафтор, мақомашон дар таркиби тақсимоти ҷамъиятии кор ва дастрасии онҳо ба истифодаи захираҳои ҷомеа мавҷудбуда барои таъмини инкишофии фардияшон аст. Ин умумиятҳо вобаста ба мансубияти этникӣ, синфӣ, ҷинсию синнусолӣ ва оилавӣ ташаккул меёбанд.

Умумияти иҷтимоии одамон вобаста ба мансубияти этникияшон дар шаклиавлод, қабила, халқият ва миллатзоҳир мешавад. Ҳар кадоме аз ин умумиятҳо ба шакли муайяни ҳамбастигию ваҳдати иҷтимоии ба худ хос такя мекунанд. Ибни Халдун ҳамбастагии шаклҳои аввалияи умумиятҳои иҷтимоиро «асабият», Эмил Дюркгейм «ҳамбастагии механикӣ», Фердинанд Тённис «Gemainschaft»(ҷамоа, общинность) номидаанд. Ин шаклҳои ҳамбастагии умумиятҳои ибтидоии одамон ба тарзи ташкилшавии онҳо алоқамандии бевосита доранд. Барои онҳо меҳнати дастаҷамъӣ, муҳофизати якҷояи манфиатҳои умумӣ, умумияти забон, хулқу атвор, анъанаҳо хос аст. Барои авлод муҳим дар баробари ин хешутабории хунӣ аст. Дар асоси иттиҳоди чандин авлод навъи умумияти мураккабтари иҷтимоӣ – қабила ташаккул меёбад. Дар асоси наздиктар шудани умумияти ҳудудии қабилаҳо, робитаи фарҳангию иқтисодии онҳо умумиятҳои нави таърихӣ, яъне халқиятҳо ташаккул ёфтанд. Бинобар ҳамин таъкид мешавад, ки халқият ин умумияти иқтисодӣ, забонӣ, ҳудудӣ ва фарҳангии одамон аст, ки дар заминаи тарзҳои муайяни таърихии истеҳсолоти ҷамъиятӣ, ки аслан хусусияти синфӣ(ғуломдорӣ, феодалӣ) доштанд, пайдо шудааст. Ҳарчанд ба пайдошавии халқҳо ташкили давлат бештар мусоидат намуд, вале дар ҷараёни тараққиёти таърихӣ халқиятҳо ҳам аз рӯи ҳудуд ва ҳам аз рӯи забон ба давлат мувофиқат надоштанашон мумкин аст.

Иттиҳоди мураккабтарини одамон аз рӯи умумияти сиёсияшон миллат ба ҳисоб меравад ва он аз рӯи мансубияти ҳудудӣ, забонӣ, иқтисодӣ ба давлат мувофиқати ногусастанӣ дорад ва бинобар ҳамин ҳам мавҷудияти давлат шарти асосии ба сифати миллат эътироф кардани ин ва ё он иттиҳоди одамон дониста мешавад. Халқиятҳое мавҷуданд, ки ҳарчанд аз рӯи миқдор афзалият доранд, вале бо сабаби надоштани давлат ҳамчун миллат эътироф намешаванд. Аммо халқиятҳои дорои чунин воҳиди сиёсие ба монанди давлат новобаста аз теъдодашон ба сифати миллат эътироф шудаанд ва дар қабулу муҳокимаи масоили байналмиллалӣ нуфузи худро доранд. Аз ин ҷиҳат дар заминаи аксари назарияҳои илмӣ пайдошавии миллат ва давлатҳои миллиро ба ҳамдигар зич вобаста медонанд.

Синф

Ташаккулёбии умумияти иҷтимоӣ дар асоси гуногунии мақоми одамон дар системаи истеҳсолоти ҷамъиятӣ, ки бо мафҳуми синф ифода мешавад, унсури муҳими муҳити иҷтимоии ҳар як ҷомеа ба шумор меравад. Синфҳо ҳанӯз дар заминаи ҷомеаи ибтидоӣ зуҳур мекарданд, вале дар доираи мафҳум таҳлилкунии онҳо аз авали асри Х1Х дар таълимоти таърихшиносони фаронсавӣ О.Гизо, Ф. Тери, иқтисоддони англис А.Смит ва дигарон низ вомехӯрад. Аммо нахуст Карл Маркс барои синф шохиси(индикатор) санҷидашавандаи объективиро дар шакли доштани воситаҳои истеҳсолот пешниҳод намуд ва ин баъдтар барои дар доираи марксизм пайдо шудани таърифи мукаммал ба он гардид. Ин таъриф чунин аст: «Синф гуфта гурӯҳҳои калони одамон номида мешаванд, ки ин гурӯҳҳо аз рӯи мақоми дар системаи таърихан муайяни истеҳсолоти ҷамъиятӣ доштаашон, аз рӯи муносибате, ки ба воситаҳои истеҳсолоти ҷамъиятӣ доранд(ин муносибат аксаран дар қонунҳо собит намуда ва ба расмият дароварда шудааст), аз рӯи роле, ки дар ташкили ҷамъият бозӣ мекунанд, ва, пас, аз рӯи тарзҳои ба даст овардан ва миқдори он ҳиссаи сарвати ҷамъиятӣ, ки дар тасарруфашон ҳаст, аз якдигар фарқ мекунанд. Синфҳо чунон гурӯҳҳои одамон мебошанд, ки якеи ин гурӯҳҳо ба туфайли тафовути мавқеи дар сохти муайяни хоҷагии ҷамъиятӣ доштааш меҳнати гурӯҳи дигарро аз они худ карда метавонад». Дар ҷомеаи сармоядории классикӣ возеҳан асоси иқтисодии тақсимоти ҷомеа ба синфҳо- буржуазия, яъне соҳибмулкон ва заҳматкашон (пролетария) бармало гашт, ки бидуни дастони корӣ ягон моликияте надоштанд. Баромадҳои сершумори инқилобии синфи коргар дар вазъи иҷтимоии миёни онҳо тағйиротҳои шигифтангезеро ба вуҷуд овард. Баъдан аксари давлатҳо дар мамолики мутараққии сармоядорӣ чораҳои муассирро барои азнавтақсимкунии сарватҳои андӯхтаи ҷомеа андешидан гирифтанд ва ин бархурди гурӯҳҳои иҷтимоиро камтар намуд. Дар ин ҷомеаҳо барои таъмини субот сиёсӣ минбаъд роҳҳои шаффофи тағийрдиҳии мақоми иҷтимоӣ ва дастрасӣ ба захираҳои инкишоф ба таври васеъ дар ихтиёри одамон гузошта шуданд. Бинобар ҳамин ҳам батадриҷ дар ҷомеаҳои муосир ҳамрадиф бо моликият инчунин донишҳо, маълумот, маҳорати касбӣ нақши шомихеро барои тағйир додани мақоми иҷтимоии инсон бозидан гирифтанд.

Дар ҷомеашиносии муосир низ мафҳуми синф васеъ истифода бурда мешавад, вале барои мушаххас намудани он дар баробари аломатҳои иқтисодӣ инчунин шохисҳои дигар низ истифода бурда мешавад. Масалан Макс Вебер, Ралф Дарендорф, Энтони Гидденс низ ин мафҳумро васеъ истифода мебаранд, аммо онҳо таҳти ин мафҳум гурӯҳҳое дар назар дошта мешавад, ки вобаста ба дастрасияшон ба хизматрасониҳои бозор, ҳокимият, маълумотнокӣ ва ғайра аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Зарурати табақабандии гурӯҳҳои иҷтимоӣ аз рӯи ин шохисҳо аз талаботи дигаргуниҳои дар ҷомеаҳои муосир баамаломада бармеояд. Дар заминаи ин гуна табақабандӣ бар ивази он синфҳое, ки дар марксизм муайян шудаанд (коргар, буржуазия) акнун дар сохтори иҷтимоии ҷомеаҳои муосир синфҳои зерин пайдо шуданд: синфи болоӣ, миёна, поёнӣ(Гидденс), синфи ҳукмрон, мутеъ ва бесинф(Дарендорф)….

Роҷеъ ба ҷанбаи синфии таҳлили соҳаи ҳаёти иҷтимоии ҷомеаи муосири тоҷик дар адабиёти ватании ҷомеашиносии мо солҳои ахир қариб ки чизе ба назар намерасад. Аммо ба он андозае, ки ба он моликият, дар асосии он ба даст овардани даромад вазъи иҷтимоии соҳибмоликиятро дар ҷомеа муайян мекунад, таҳлили ба табақа ҷудошавии ҷомеа ва оқибатҳои аз он сарзада эътибори худро гум намекунад. Бо эътимоди комил метавон гуфт, ки муносибатҳои моликият, ки миёни одамон дар ҷомеа аз рӯйи воситаҳои истеҳсолот ва неъматҳои моддии истеҳсолкардаи онҳо шакл мегиранд, тарзҳои тақсимоти сарватҳои ҷамъиятӣ байни одамон ва хусусиятҳои истеъмолоти фардиро муайян мекунанд.

Қишрбандии(стратификатсия) иҷтимоӣ

Ба андешаи аксари муҳаққиқон бар асари он тағйиротҳои куллие, ки дар ҳаёти ҷомеаҳои муосир ба вуқӯъ пайваст, хусусияту ҳамкории гурӯҳҳои иҷтимоиии дар сохтори иҷтимоии онҳо мавҷудбуда низ дигаргун шуд. Ин дар навбати худ зарурияти ҷустуҷӯи шохисҳои муносиби табақабандии умумиятҳои иҷтимоӣ, таҳарруки иҷтимоии онҳоро ба миён овард. Барои дарки ин дигаргуниҳо баробари «синф» мафҳумҳои нав ба миён омаданд. Яке аз ин гуна мафҳумҳо «страта»(қабат), қишр мебошад, ки онро барои муайян намудани қабати аз синф хурдтари иҷтимоӣ мавриди истифода қарор доданд. Мафҳуми страта аз синф дида имконияти фарогирии бештару гуногунҷанбаи умумиятҳои иҷтимоиро дошта, хусусияту дараҷаи таҳарруки сохтори ҷомеаро инъикос менамояд. Таксими чомеа ба кишрхои алохида асосан вобаста ба тафовутхои одамон аз руи шуғл, маҳалли сукунат, меъёри даромад, маълумотнокӣ ва ғ. мебошад. Омиле, ки бар асоси онҳо як фардро мутааллиқ ба ягон қишри муайян медонанд пойгоҳ (статус) меноманд. Доштани статусҳои иҷтимоӣ яке аз хусусиятҳои ҷудонопазири афрод, гурӯҳҳои иҷтимоӣ, ниҳодҳои иҷтимоӣ аст. Муносибатҳои ҷамъиятии дар ин ва ё он ҷомеа роиҷ низ ҳамеша тавассути барандагони ҳамин гуна статусҳо ҷараён мегиранд. Дар баробари мафҳуми статуси иҷтимоӣ мафҳумҳои статуси касбӣ, вазифавӣ, ҳуқуқӣ низ истифода бурда мешавад ва онҳо мафҳуми авваларо мушаххас мегардонанд.

Статуси иҷтимоӣ тавассути якчанд нишондоди сотсиологи – даромаднокӣ, ҷойи гурӯҳ дар сохтори иҷтимоии ҷомеа, маълумот, мавқеи иҷтимоӣ ва ғайра чен карда мешавад. Мавқеи иҷтимоиро бо истифода аз нишондодхои объективӣ (ҷинс, синнусол, миллат, шуғл, вазифа….) низ муайян менамоянд. Дар ҷомеахои анъанавӣ ба сифати чунин ченакҳо инчунин эътибор, мансубияти авлодӣ низ қобили қабул дониста мешаванд. Масалан, солҳои охир дар ҷомеаи мо низ дар сатҳи ғайрирасмӣ табақабандии афрод, гурӯҳҳои муайяни аҳолӣ аз рӯи ин аломатҳо(саидзода, тура, мирзо,) тадриҷан вусъати тоза пайдо карда истодааст. Хамин тавр, ба қишрхои мухталиф чудошавии аъзоёни чомеахои инсониро одатан конуни умумии инкишофи он мехисобанд. Дар ин бора П. Сорокин чунин менависад: «ҳар гурӯҳи иҷтимоии созмонёфта ҳамвора як ҳайъати ичтимоиии кишрбандишуда аст. То кунун ҳеҷ гурӯҳи пойдоре, ки якдаст ва ҳама аъзои он баробар бошад, вучуд надошта аст. Чомеаи бекишре, ки баробари вокеи миёни аъзоёни он вучуд дошта бошад, афсонае аст, ки харгиз дар таърихи башар тахкик наёфта аст». Яъне П. Сорокин кишрбандиро конуни медонад, ки на танхо бар чомеа, балки бар чахони набототу хайвонот низ хоким аст. Харчанд у ба мавчудияти кишрбанди дар чомеахои ибтидои низ ишора мекунад (гурухои синнусоли, чинси, гурухои зердастону мумтозхо, роҳбарони кобилахо, таксими кор дар дохили кабила ва г.), аммо ин падида аз хама бешар дар чомеахои муттамадин ба чашм мерасад: «Демократияхои навин низ аз ин коида берун нестанд. Гарчи ин демократияхо дар конуни асосияшон гуфтаанд, ки: «Хамаи инсонхо баробаранд», вале факат хушбоварон натича мегиранд, ки дар ин гуна чомеахо кишрбандии ичтимои вучуд надорад.

Таҳарруки иҷтимоӣ

Ҷомеашиносон муътақиданд, ки дар кулли ҷомеахо миёни афроди статусҳои гуногундошта мубориза, мусобиқа вуҷуд дорад ва ин мубориза аслан танҳо барои дарёфти имтиёзоти иҷтимоӣ нест, балки мубориза барои доштани беҳтарин нақши иҷтимоӣ низ ҳаст. Ин ҷараёнро аслан бо мафҳуми «таҳарруки иҷтимоӣ» ифода менамоянд. Таҳарруки иҷтимоӣ ин хусусияти ҷойи худро иваз кардани фард, гурӯҳи иҷтимоӣ дар фазои алоқаю муносибатҳои дар ҷомеа роиҷ аст. Ва он аз ҳама бештар робитаи устувор бо тағйири мақоми иҷтимоӣ ва тахассусии одамон дорад. Аз ин рӯ одатан ба падидаи таҳарруки иҷтимоӣ чунин таъриф медиханд: ҳама гуна ҷойивазкуниеро, ки он боиси тағйирёбии мақоми иҷтимоӣ, тахассусии одамон, ҷойи онхо дар сохтори иҷтимоии ҷомеа мегардад, таҳарруки иҷтимоӣ меноманд.

Таҳарруки иҷтимоӣ метавонад амудӣ ё уфуқӣ бошад. Таҳарруки уфуқӣ яъне интикол ба боло ё пойини нардбони табакоти аст. Ин навъи таҳаррукро дар навбати худ боз ба ду гуруҳ чудо мекунанд – таҳарруки болоравандаи уфуқӣ(боло рафтани макоми иҷтимоии шахс) ва таҳарруки поёнравандаи уфуқӣ (ба макомҳои поинтар ҳаракаткунии пойгоҳҳои иҷтимои). Баъзан дар ҷараёни камолоти тахассусию иҷтимоии одамон ҳарду ин навъҳои таҳаррук метавонанд дар якчоягӣ амал намоянд. Масалан, ягон устоди донишгоҳро ба вазифаи нисбатан болотар ба ягон филиали дар шаҳри дигар мавчудбуда мегузаронанд. Аз ҷиҳати ишголи вазифа ин болоравӣ аст, вале аз ҷиҳати зиндагӣ дар марказ, доштани имконоти рушди илмӣ, наздикӣ бо мақомоти роҳбарикунанда в.г. нисбатан поёнравӣ аст. Аз ин ҷихат агар таҳарруки болоравии иҷтимоӣ ин раванди ихтиёрӣ ва марбут ба саъю кушиши афрод бошад, пас баръакси он, яъне таҳарруки поёнравандаи амудӣ ин хусусияти иҷборӣ дорад. Таҳарруки амудӣ бошад, иборат аст, аз тамоми навъхои интиқолҳои дигар, ки бо тагйири табақоти иҷтимоӣ вобастаги надоранд. Масалан, тагйири манзил кардан, ё кабули ҳамон як шугл дар ҷойи дигар бе тагйири статус (пойгоҳ) ва гайра.

Аслан ба сифати маҷроҳои (каналхои) таҳарруки уфуқӣ шаклхои шугл, омузиш, тарбия ва г. хизмат мекунанд. Дар қатори ин омилҳо таъсири «маълумотнокӣ» ба суръати таҳарруки иҷтимоӣ дар байни афрод ва соири гуруҳҳои иҷтимоӣ хеле калон аст. Вале ин таъсирот на ҳама вакт натоиҷи мусбиро метавонад ба бор дошта бошад. Тибки натоиҷи пажухишхои дар ин самт анҷомдодаи сотсиологи фаронсавӣ Р. Будон маълумотноки ҳамчун яке маҷроҳои таҳарруки иҷтимои на танҳо барои болоравии макоми ишголкардаи одамон, балки барои маҳрум шудани онҳо аз чунин имконот низ хизмат карда метавонад. Пайваста такмил ёфтани мундариҷаи маълумотнокии одамон рақобати онҳоро низ барои ишголи мақомхои бонуфуз пуршиддат намуда, дар натича боиси тагйир ёфтани пойгоҳҳои иҷтимоии онҳо, сарфарозии баъзеҳо ва маҳрумшавии дигарҳо аз ин имконият мегардад. Яъне маълумотнокӣ на танхо омили тавсиабахши таҳарруки иҷтимоӣ, балки зиминаи эҷоди нобаробариҳои иҷтимоӣ низ мебошад.

Чигунагии таносуби таҳарруки амудию уфуқии иҷтимоӣ аз чумлаи омилҳои муассири устуворӣ ва ё ноустувории тартиботи ҷамъиятӣ ба шумор мераванд. Дар чомеа ҳар кадар агар барои одамон имконияти васеи тагйирдиҳии мақоми иҷтимоияшон фароҳам оварда шуда бошад, ҳамон қадар тамоили фардгароияшон зиёд ва ҳамбастагии гуруҳию махаллияшон камтар шуда, ваҳдаташон дар доираи ҷомеа ба якдигар мустаҳкамтар мегардад.

Дар ҳама кишварҳо ва дар тамоми марҳилаҳои рушди ҷомеа проблемаи асосӣ ҳамеша мавҷудияти нобарории иҷтимоии одамон ба шумор меомад. Ба ҳалли ин мушкилот ду муносибати ягона имконпазир (алтернативӣ) шакл гирифт:

— ба ҳар як шахс фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои таҷдиди ҳаёти худ (тавфиқ ё нобарорӣ кори шахсии ӯст, на кори ташкилотҳои давлатӣ).

— аз ҷониби давлат ба ҳар як инсон фароҳам овардани маҷмӯи муайяни неъматҳои моддӣ барои бунёд гузоштани ҳаёти камубеши шоиста дар ҷомеа, боқӣ аз худи талошҳои шахсӣ вобаста аст, ки давлат аксаран онро ҳавасманд ҳам намекунад.

Амалия нишон дод, ки ҳардуи ин муносибатҳо дар зуҳуроти ниҳоии худ ба ҷомеа манфиате намеоранд: аз як ҷониб, ба табақа ҷудогардонии аз ҳад беши ҷомеаро ба дороён ва бечорагон ва аз дигар тараф, тамоюлоти қавии баробаркуниро ба вуҷуд меоранд. Бархӯрди озодии шахсӣ ва баробари иҷтимоӣ ҳалли ягона надоранд. Дар шароитҳои имрӯза сухан бояд роҷеъ ба нобаробарии иҷтимоии «одилона» биравад, ҳангоме ки ҳама табақоти иҷтимоӣ, ки ба моликият, ба сарвати андӯхтаи ҷомеа муносибатҳои гуногун доранд, асосан бо он розиянд, ки ин сарватҳо чи гунна байни одамон тақсим карда мешаванд, дастрасӣ ба онҳо аз ҷониби қишрҳову гурӯҳҳои иҷтимоиӣ чи тур амалӣ мегардад.

Аммо на фақат муносибатҳои моликият вежагиҳои бозтавлиди инсонро дар ҷомеа муайян менамоянд. Ҷанбаи дуюми муҳими таҳлили соҳаи иҷтимоии фаъолияти ҳаети одамон ин тақсимоти ҷинсиву синнусолии ҷомеа мебошад. Кӯдакон, ҷавонон, инсонҳои сини баркамол, солхӯрдаю пирони фартут ба ҳаёти ҷамъиятӣ ҳар хел ворид мешаванд. Талаботу манофеи ин гурӯҳҳои синнусолӣ, ҳамсон ба тарзҳои қонеъгардонии онҳо гуногунанд. Дар робита ба ин проблемаҳои мухталифи муносибатҳои тарафайни байни наслҳо арзи вуҷуд мекунанд ва яке аз паҳлӯҳои ин мушкилаҳо иҷтимоист. Талошҳои худхоҳонаи қисме аз ҷавонон ба соҳибшавӣ ба чунин неъматҳои моддӣ, ки ба саҳми воқеии онҳо дар афзоиши сарвати ҷамъиятӣ иртиботи камтар доранд, аз ҷониби наслҳои калонсол вокуниши манфиро бармеангезанд.

Проблемаи баробарии иҷтимоии зан ва мард дар ҷомеа мақоми хоса дорад. Ба фаъолияти меҳнатӣ ҷалб сохтани занон ҳамрадиф бо мардон барои ҷомеа талафоти бузург, қабл аз ҳама ба заиф шудани таркиби оила кам шудани тавалуд, набудани назорати зурурии рафтори фарзандон аз ҷониби волидайн, гум шудани фаҳмиши тарафайни онҳо ва ғ. бурда мерасонад.

Ҷанбаи сеюми муҳими таҳлили соҳаи иҷтимоии фаъолияти ҳаети ҷомеа оила ҳамчун гурӯҳи иҷтимоӣ мебошад. Он дар сохтори иҷтимоии ҷомеа мақоми хоссаро ишғол мекунад. Дар ин ҷо муносибатҳои байни зан ва мард шакл мегиранд, ки бо идомати авлоди инсонӣ алоқаманданд. Андозаҳои оила ва муносибатҳои дохилиоилавӣ аз шароитҳои моддии ҳаёт кулан вобастаанд. Оилаи деҳқонӣ дар ҷамоати деҳотӣ амалан гурӯҳи хурди меҳнатӣ буд. Оилаи муосири шаҳрӣ, чун қоида, аз вазифаи меҳнатӣ маҳрум аст. Ҳаёти оилавӣ, рӯзгор ин маконест, ки инсон нерӯҳояшро барқарор ва худро ба меҳнат ва эҷодиёт омода менамояд. Дар омади сухан, тамоюлоти навтарин дар рушди истеҳсолот, махсусан фаъолияти илмӣ, иттолоотӣ пайдоиши шаклҳои гуногуни шуғли меҳнатии аъзоёни оиларо дар хона боис мегарданд. Имрӯз метавон аз хона набаромада дар фирмае кор кард. Барои ин компутар доштан кофист. Ин дар ҳаёти оилавӣ падидаи нав буда, на якранг баҳогузорӣ мегардад.

Таҳлили соҳаи иҷтимоӣ механизми вобастагии (сабабгории) вазъи иҷтимоии инсон дар ҷомеа, характери ба сарвати андӯхтаи ҷомеа ҷалб кардани ӯ ва мувофиқан вежагиҳои аз ҷониби инсон бозтавлид кардани қобилятҳои ҳаети худ ба меҳнат ва бозтавлиди наслҳои ҷадидиро ошкор мегардонад.

Табақаҳо ва гурӯҳҳои иҷтимоии одамон ба андозаи фаҳмиши мақоми худ дар ҷомеа ба тағйир додани он мекӯшанд, хусусан агар худро гӯлзада, фиребхӯрда ва вазъияти бавуҷудомадаро ноодилона маҳсуб намоянд. Механизмҳои тағйирдиҳии он дар соҳаи идоракунии равандҳои ҷамъиятӣ қарор мегиранд.


500
Нет комментариев. Ваш будет первым!