Ташаккули фалсафа дар Чини Қадим

Пайдоиши афкори фалсафӣ дар Чин ба давраҳои ниҳоят кӯҳани таърихӣ тааллуқ дорад. Ҳанӯз дар асрҳои VIII-VI пеш аз милод дар ҷаҳонбинии мардуми ин кишвари мутамаддин ду тамоил арзи вуҷуд карда буд. Яке консерватививу дигаре прогрессивӣ (мистикӣ)-ву атеистӣ аст. Дар ҷараёни муборизаи байни ин тамоилҳо ғояҳои соддалавҳонаи материалистӣ оид ба панҷ мабдаи пайдоиши ашё бештар инкишоф ёфта буд. Лекин ба вуҷуд омадани тамоилҳои фалсафӣ асосан ба асрҳои VI-V пеш аз мелод рост меоянд.

Бояд гуфт, ки дар таърихи илму фарҳанги умумибашарӣ ҳодисаҳои нодире вуҷуд доранд, ки онҳо ба тамаддуни Чини қадим робитаи зич доранд. Чунончи, илми ҳисоб, кашфи қутбнамо, харитаҳои ҷуғрофӣ, кашфи борут, ихтирои коғаз ва ғайра аз қабили онҳоанд. Дар баробари падидаҳои фарҳангӣ дар Чини қадим тасаввуроти динию асотирӣ низ ташаккул ёфта буд. Лекин бархилофи қавмҳои дигар чиниҳо рӯҳ ва маънавиёти диниро асоси зиндагии худ қарор надода, балки танҳо тарафҳои моддӣ ва арзишҳои дунявии онро қабул карданду халос. Пешвоёни адёни хешро на ҳамчун пайғамбарон ва фариштаҳои осмонӣ, балки чун афроди оддию заминие мешумориданд, ки аз дигарон бо донишу заковат ва ҳулқу фазилати хеш бартарӣ доштанд.

Оғози фалсафа дар Чин бо китобҳои қадимае алоқамандӣ дорад, ки онҳоро дар маҷмӯъ «Панҷкитоб» меноманд. Аксари ин китобҳо, аслан таҷассуми ҷаҳонбинии асотирӣ ва то андозае мунъакиси ғояҳои мактаби фалсафии конфутсийчигӣ ба шумор мераванд.

Дар ҷаҳонбинии анъанавии динию асотирии чиниҳо он масоиле қарор доштанд, ки ҳар лаҳза дар зиндагии хеш ба он дучор мешуданд. Қабл аз ҳама барои чиниҳои қадим масъалаи ҷаҳолату зулм, манбаъҳо ва офарандагони он, инчунин роҳҳои бартараф намудани он мароқангез буд. Дар китоби «Ши Сзин» («Китоби сурудҳо») муаллифи номаълуме оид ба ин масъала ба худ савол медиҳад, баҳс мекунад ва дар охир ба хулосае меояд, ки офарандаи кулли мусибату бадбахтӣ ва ҷаҳлу зулмот худи инсон аст ва ӯ худоро ҳамчун офаридгору танзимгари ҳаёти одамӣ инкор кардааст.

Дар китоби дигари ин давра «Шу Сзин» («Китоби таърих») дар бораи мавҷудияти панҷ мабдаъ -об, оташ, дарахт, фулузот ва замин сухан меравад. Илова бар ин, дар бораи панҷ ҳодисаи табиат — борон, нури офтоб, гармӣ, сардӣ ва бод низ дар он маълумот дода шудааст. Саривақтӣ ва мӯътадилии онҳоро асоси некӯаҳволии мардум медонистанд ва инчунин мекӯшидаанд, ки сабабҳои мусоидӣ ва номусоидии онҳоро низ шарҳ диҳанд. Шарҳи ин ҳодисаҳо хеле соддалавҳона буда, хусусиятҳои хоси шуури ибтидоиро инъикос менамуданд, ки он пеш аз ҳама дар алоқаманд намудани ҳодисаҳои табиат ба ахлоқи ҷомеа ва ҳодисоти иҷтимоӣ зоҳир мешуданд. Чунончи, боронҳои мусоид, нури офтоб, гармию сардӣ ва бод ба ақидаи онҳо, аз рафтори шоистаи ҳокимон, аз тартибу низом дар мамлакат, аз хирадмандии сарварони давлат вобаста буда, бепарвогию саҳлангорӣ, хатокорию ҷоҳилии ҳокимон боиси боронҳои тӯлонӣ, офтоби сӯзон, гармои тафсон ва хунукию тӯфони сахт мегарданд.

Баъдтар барои чиниёни қадим ҷаҳонбинии хеле муҳим- «Дао» («роҳ») ба вуҷуд омад. Он қонуни ҷаҳоние ҳисоб мешуд, ки ҳам табиат ва ҳам инсон ба он итоат мекард. «Дао» — ин қонуни ҳам кайҳонӣ ва ҳам ахлоқӣ буд. Ахлоқ дар Чини қадим аз меъёрҳои таркибии он- «Ли» — «боэҳтиром будан», «Сяо» — «парастиши волидайн», «Ди» — «парастиши бародари бузург» сахт алоқаманд буд.

Сароғози фалсафаи Чин дар худ аллакай ҷанини илмҳо, аз он ҷумла риёзиёт, ситорашиносӣ, тиб ва ғайраро гузошта буд. Лекин бо вуҷуди ин, дар ин давра дар Чин илм ҳанӯз дар сатҳи паст қарор дошт, ки ин, бешубҳа, ба фалсафа низ таъсири худро расонда буд.

Фалсафаи Чини қадим дар давраи Чжанго, ки бо номи «асри тиллоии фалсафаи Чин» низ ёдрас мешавад, ба вуҷуд омадааст. Таърихи онро ба давраҳои Тсин ва Хан ҷудо мекунанд. Фарқияти ин давраҳо аз он иборат аст, ки дар давраи Тсин гуногунии макотиб, муборизаи ақоид ва дахолат накардани ҳукуматдорон ба фалсафа маъмул буд.

Дар фалсафаи Чини қадим шаш мактаби асосӣ — Конфутсий, Мотсзи, Лаотсзи, легизм, ин-ян (файласуфони табиатшинос) ва софистҳо вуҷуд дошт. Қисми асосии ин макотиб ахлоқию сиёсӣ буда, қисми хурди онҳо характери метафизикӣ доштанд. Дар макотиби Чини қадим фалсафаи амалӣ, масоили идороти халқу мамлакат афзалият доштанд. Тарафи ҷаҳонбинии он бошад, хеле суст инъикос ёфта буд. Умуман, фалсафаи Чини қадим ба низоми муайян надаромада буд, зеро ки бо илмҳои мавҷудаи замон алоқа надошт ва сабаби ин, пеш аз ҳама дар он буд, ки илми мантиқ ҳанӯз дуруст ташаккул наёфта буд.

Бояд гуфт, ки миёни макотиби номбурда оид ба масоили гуногун ақоиди мухталиф вуҷуд доштанд, лекин ҳадафи ягона ва ниҳоии онҳо наҷот додани қавму мамлакати худ аз ҳолати ҷоҳилию қашшоқӣ буд.

519
Нет комментариев. Ваш будет первым!