Ихвон-ус-сафо
Ихвон-ус-сафо (Бародарони пок). Дар садаи чаҳоруми ҳиҷрии қамарӣ гурӯҳе аз донишмандони мусулмон, махсусан дар Эрон ва Ироқ анҷумане таъсис доданд, ки бо номи Ихвон-ус-сафо машҳур шудааст. Намояндагони асосии ин ташкилот Абӯсулаймон Муҳаммад ибни Маъшар Басатӣ ал-Муқаддасӣ, Абулҳасан Алӣ ибни Ҳоруни Зинҷонӣ, Абӯҳамиди Мӯҳрҷонӣ, Абулҳасан Алӣ ибни Ромис Авфӣ, Зайнуддини Рифоа будаанд.
Усули фалсафаи Ихвон-ус-сафо чунин аст: Ҷаҳон, дар назари онҳо ҳақиқати воҳид аст, ки табақоту қисматҳои мухталифи он дар натиҷаи иштибоҳе, ки байни онҳо вуҷуд дорад, ба ҳам пайваста аст. Ба қавли ихвон, «чунон ки як шаҳр як, ҳайвон ё як инсон воҳид аст, олам низ воҳид аст». Табақоти поёнии олам монанди узве ба табақоти олӣ пайваста аст ва ҳама ба калимаи илоҳӣ боқиянд ва ҳастии худро аз он касб мекунанд. Забоне, ки тавассути он ихвон монанди байни маротиби олам ва пайвастагии табақоти он ва робитаи байни холиқу махлуқро баён кардаанд, забони тамсил ва ташбеҳ аст. Калиди асрори ҷаҳон ва ҳодии инсон дар маърифати олами ҳастӣ адад аст, ки монанди нури хуршед торикии ҷаҳлро аз миён бармедорад ва бо партави олами мақулот ҷаҳони эҳсосшавандаро мунаввар месозад. Ихвониён худро пайрави Фисоғурас донистаанд. Онҳо воқеан дар таълимоти ҳандасӣ ва риёзии ҳастӣ аз мақом ва усули эшон ҷонибдорӣ кардаанд. Онҳо дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ мавқеи маърифатгароёна дошта, ба он ақидаанд, ки оммаро ба теғи дониш ва огоҳӣ мусаллаҳ созанд ва ба ин васила ба сари қудрат омадани шахсони бофазл ва доноро таъмин намоянд. Ихвониён таассуби мазҳабиро инкор карда, ба он умед бастаанд, ки чун кори олам ба маротиб ва хоса ададист, ин маротиб навбати шарро паси сар хоҳанд кард ва кори олам ба дасти хайр хоҳад расид.