Бисёрфарҳангӣ (мултикултурализм)

Бисёрфарҳангӣ (мультикультурализм)– яке аз падидаҳои ҷадид аст. Он дар солҳои 70-уми асри ХХ дар Канада ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба вуҷуд омадааст. Бисёрфарҳангӣ якбора ҳамчун як ҷунбиши воқеии иҷтимоӣ ва ҳам чун як ҷараёни хоси фикрӣ ва мафкуравӣ аст. Он намунаи бонуфуз барои ҳалли масоили печидаи гуногунрангии фарҳангӣ, этникӣ (қавмӣ), нажодӣ ва мазҳабии давлатҳо мебошад.

Нахустин намунае, ки қадаме барои бартараф кардани гуногунрангии фарҳангию этникӣ буд, ассимилятсия – наздикшавии фарҳангҳо мебошад. Он барои комил ё наздиктар мутамарказонидан ва инҳилол шудани ақаллиятҳо дар умумияти этникию фарҳангии ҷолиб ва ҳукмрон равона мешавад. Намунаи барҷастаи он Фаронса мебошад. Имрӯзҳо он қариб, ки яке аз кишварҳои бузурги аврупоие аст, ки миллати якфарҳангии шаҳрвандӣ, миллат — давлатро муаррифӣ менамояд. Ин воқеият ба далели он имконпазир гардид, ки Фаронса дар давраи тӯлонӣ – аз инқилоби Фаронса сар карда сиёсати мақсадноку хирадмандонаи ҷаҳонфарҳангиро моҳирона пеш гирифта, кӯшиши бартараф кардани тафовутҳои фарҳангӣ ва қавмию забонӣ ва барпо кардани як ҷумҳурии шаҳрвандии дунявӣ ва маданӣ азм кардааст.

Намунаи дуюми бисёрфарҳангӣ модели ҳамгироӣ сӯи якпорчагӣ ва ҳифзи ҳар як ҷомеаи қавмию фарҳангӣ аз ҳуввияти онҳост. Дар айни замон модели мазкур дар пояи тақсимбандии дақиқи иҷтимоӣ ва ҷанбаҳои сиёсию хусусӣ барпо гардидааст. Дар ҷанбаи якум ба таври муттасил усули баробарии ҳуқук ва озодии тамоми аъзоёни ҷамъият ба амал бароварда мешаванд. Ҷанбаи дуюм шомил аст ба соҳаҳои фарҳангию қавмӣ, мазҳабӣ ва тарафҳои дигарро фаро мегирад ва онҳоро умури хусусии ҳар як фарди ҷомеа мешуморад. Гуфтан лозим аст, ки дар ин маврид ба унвони як қоида, як сиёсатеро пеш мегирад, ки ҳадафи он бартараф намудани тафовутҳои фарҳангию қавмӣ ва забонӣ мебошад, ки он на ҳамеша ошкоро ба иҷро мерасад. Давлатеро, ки чунин моделро интихоб намудааст, миллати қавмӣ меноманд. Мисоли равшани он кишвари Олмон аст.

Модели сеюми бисёрфарҳангӣ – то ҳадди имкон кӯшиш мекунад, ки як роҳи сеюми ҳалли масоили фарҳангӣ ва миллӣ гардад. Ин модел дар Канада ва Иёлоти муттаҳидаи Амрико ба вуҷуд омадааст. Ёдовар мешавем, ки Канада аз ҷиҳати фарҳангӣ, (этникӣ) қавмию забонӣ кишвари мутанаввеъ аст. Аксарияти аҳолии Канадаро ҷомеаҳои инглисӣ-канадагӣ ва франсавӣ- канадагизабонҳо ташкил медиҳанд. Яке аз бузургтарин музофоти Канад – Квебеки франсавизабон – манбаи таҷзияталабӣ(ҷудоиталабӣ) гаштааст. Хатаровар будани ин падидаро дарк карда, солҳои 60-ум ҳукумати федералии Канада дар ҳалли ин мушкилӣ сиёсати зӯроварӣ не, балки як шакли мутамаддин ва замонавиро (модерниро) пеш гирифт. Баробарии забонҳои инглисию франсавӣ шинохта шуданд ва Канада расман худро чун ҷомеаи бисёрфарҳангии дар асоси дузабонӣ ташкилшуда эълом намуд. Квебек дар сатҳи қонуни асосӣ ҳамчун музофоти вижагиҳои забонию фарҳангидошта тахассус ва таъсис ёфт. Як қонуни махсус дар вижагии бисёрфарҳангӣ ба тасвиб расид. Аз тариқи ин ва иқдомоти дигар шиддати мушкилиҳои ҷудоиталаби ва танишҳои миёни фарҳанги ба таври қобили таваҷҷӯҳ тазъиф гардиданд. Вазъияти бисёр мураккабтар дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мебошад. Воқеият ин аст, ки бо сохтори қавмию фарҳангии худ Амрико яке аз ҷомеаҳои мураккабтарин буда, ахолии он дар тӯли таърихӣ такомул ёфта, ҳадди аққал панҷ ҷузъи аслиаш амрикоӣ аст: аҳолии таҳҷоии маҳаллии ҳиндӣ; насли гуломоне, ки аз авоми африқоӣ ворид шудаанд; муҳоҷирони аввалини гуногунмазҳаб ва ҳархела; нобиҷагони сиёсию иқтисодии асилзодаи инглисию саксонӣ; мавҷҳои пай дар паи муҳоҷирони на танҳо аврупоӣ, балки кишварҳои Амрикои Лотинию Осиёӣ ҳастанд.

Дар талоши бунёди ҷомеа ва давлати муттаҳиду муҷассам Амрико дар масири Фаронса мутамарказ шуда расман наздикшавиро (ассимилятсияро), ки «бандари /тигели/ шинокунанда» номида шуд, интихоб намудааст. Аммо, бо вуҷуди ин дар миёнаи асри ХХ маълум шуд, ки ин сиёсат ҷомеаро бештар ба натиҷаҳои номатлуб овард. Ҷунбишҳои амрикоии африқоитабор дар солҳои 1960-ум ва шаклҳои мухталифи феминизм ва ғайра барои ҳуқуқҳои маданӣ ва сиёсии худ баромад мекарданд, ки ҳамаи ин шоҳиди бӯҳрони ҳуввияти амрикоӣ буд, ки тӯли тамоми таърихи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гоҳе маҳв мешуданд ва сипас дубора авҷ мегирифтанд. Сабаби аслии ин воқеа он аст, ки дарвоқеъ, наздикшавӣ асосан дар иртибот бо муҳоҷирони сафед, ки аз кишварҳои аврупоӣ буданд, анҷом дода шуда буд. Аммо нисбати сурхпӯстон резервуатсия — нигаҳдорӣ ва танг карда баровардани онҳо аз ватану масканҳои таърихиашон ҷорӣ шуда, алайҳи сиёҳпӯстон — нажодпарастӣ, алайҳи гурӯҳҳо ва мардуми дигари ғайрисафедпӯст маҳдудият ва ҳуқуқпоймолкуниҳо ба роҳ андохта шуда буданд. Ҳамаи ин вазъият барои мардуми амрикоӣ эҳтимоли зиёди ба вуқӯъ пайвастани вазъи муташанниҷ ва хатарнок дар равобити байниқавмӣ хусумату хатари инфиҷори иҷтимоиро ба вуҷуд овардаст. Ҷустуҷӯи роҳи наҷот ва ҳалли ин мушкилиҳо ба зоҳиршавии бисёрфарҳангӣ- мултикултуризм — чун як сиёсати хос, ки мақсади аслии он ҳалли масоили тезу тунди аққалияти амрикоиёни африқоӣ буд, ба вуҷуд омад. Бисёрфарҳангӣ, дар навбати аввал, чун як сиёсати имтиёзноки муайяни ҷуброни хисорат барои бартараф кардани оқибатҳои табоҳовари нажодпарастӣ пеш аз ҳама дар соҳаи маориф хидмат намуда ба як қатор муваффақиятҳо ноил гардид. Пас, талаботҳои бахше аз аққалиятҳои акфриқоиҳо ва ба он ҳамроҳ шудани даъвоҳои аққалиятҳои дигар вазъият мураккабтар ва бадтар гашта, чизе бо номи «истибдоди аққалият» ба вуҷуд омад. Ба ин далел дар солҳои 90-ум баҳсҳои шадиде оиди бисёрфарҳангӣ /мултикултурализм/ ва оқибатҳои манфии он, ки дубора ба бӯҳрони ҳуввияти амрикоӣ ишора мекарданд, мушаххас шуданд. Бо вуҷуди ин бисёрфарҳангӣ аз марзҳои Амрикои Шимолӣ берун шуда ба кишварҳои дигар таъсири худро расонид. Махсусан, дар мамлакатҳои Австралия, Колумбия, Парагвай, Африқои Ҷанубӣ Қонуни асосии худро дар асоси бисёрфарҳангӣ пазируфта буданд. Ҳатто Фаронса, ки дар ҳалли масоили фарҳангӣ ва миллии худ нуфуз дошт, дар солҳои 90-ум ба мушкилиҳои тазъифи ҳуввияти миллии франсавӣ дучор гардид.

Ба таври куллӣ, бисёрфарҳангӣ ва оқибатҳои онро якнаво равшан ва арзёбӣ кардан хеле душвор аст. Он ба як маънӣ инкори ҷаҳонфарҳангӣ, имтиноъ аз ҷамъшавӣ ва наздикшавӣ (интегратсия ва диссимилятсция) аст. Бисёрфарҳангӣ идома ва тақвими хати нисбияти фарҳангӣ (релятимизми фарҳангӣ) бо ҳифзи усули баробарии ҳамаи фарҳангҳояш ва илова бар он плюрализми касратгароии фарҳангӣ мебошад. Дар шакли максималиаш он инкори ҳаргуна чизи куллӣ ва ҷавҳари ҳастии умумияти қавмию миллию иҷтимоии миллати ҷолиб ва дархости баробарии комил барои ҳамаи аққалиятҳои фарҳангӣ, забонӣ ва дигар барои тамоми гурӯҳҳои фарқият дошта, чунин аст нуқтаи назари ҷомеашиноси Ғарб А. Этсионӣ. Ба ақидаи ҷомеашиносони амрикоӣ Тоффлер, баробарфарҳангӣ яке аз манзалату шарафи ҳар як ҷомеа аст. Дар ҳар ҳолат бисёрфарҳангӣ нақши фарҳангро ба дарақаи мутлақ бардошта ба омилҳои иҷтимоию иқтисодӣ аҳамият намедиҳад Барои баробарии комили иҷтимоӣ фақат шону манзалати фарҳанг кофӣ нест. Заифӣ ва ноқисии бисёрфарҳангӣ дар он аст, ки он бештар ба тафовутҳо аҳамият дода, аз куллӣ чашмпӯшӣ мекунад. Дар зиндагии воқеӣ ҳар як шахс дар се ҷиҳат (тамоиз) фикр мекунад: чун ҳамагон, чун баъзеҳо ва монанди ҳеҷ касе. Оиди фарҳанг низ чунин аст. Фарҳанги холис, хусусан дар замони мо мавҷуд нест. Тамоил ба сӯи онҳо сирфан ормонист ва хеле хатарнок аст, зеро ки он ба парокандагии ҷомеа ва давлат мерасонад. Дар айни замон, ҳифз намудани бисёрфарҳангӣ, албатта, лозим аст.


274
Нет комментариев. Ваш будет первым!