Хусусияти маърифати илмӣ
Илм– як намуди фаъолияти маърифатӣ, ки вазифааш коркард ва низомноксозии назариявии донишҳои объективӣ дар бораи воқеият аст. Илм аз амалия пайдо шудааст ва дар асоси он тараққӣ мекунад. Талаботи истеҳсолоти моддӣ ва таҷрибаи ҷамъиятии одамон асоси пешрафти илм мебошад. Илм ҳамчун падидаи ҳаёти ҷамъиятӣ аз сиёсат, ҳуқуқ, дин, санъат, ахлоқ фарқ мекунад. Ҷавҳари илмро қонунҳо ва мафҳумҳои илмӣ, назария ва фарзияҳои илмӣ ташкил медиҳанд. Хусусияти тафаккури илмӣ он аст, ки вай ҳамаи даъвоҳои худро бо фактҳо муайян намуда, хурофотро намепазирад. Қудрати илм дар он аст, ки ба далелҳои воқеӣ такя карда, аз онҳо хулосаи мувофиқ мебарорад, дар ҳамагуна тасодуф ва ҷузиёт вай зарурат ва қонуниятро кашф намуда, дар асоси онҳо пешгуӣ мекунад, ки аҳамияти бузурги амалӣ дорад.
Илмҳои муосир ба се гурӯҳи калон, яъне батабиатшиносӣ, техникӣ ва ҷамъиятшиносӣҷудо карда мешаванд. Илмҳои табиатшиносӣ бо муттаҳид сохтани тафсири риёзии табиат ва тадқиқотҳои озмоишӣ-таҷрибавӣ асос ёфтаанд. Илмҳои техникӣ ҳамчун зинаи пайвасткунандаи байни табиатшиносӣ ва истеҳсолот шинохта шудаанд. Алҳол мақоми донишҳои техникӣ баланд гардидааст, ки аз истифодашавии самараноки амалии илм шаҳодат медиҳад. Илмҳои ҷамъиятшиносӣ хусусиятҳои таърихии низомҳои инкишофёбандаи иҷтимоиро муайян менамоянд. Ҳамаи илмҳои номбаршуда дараҷаҳои тадқиқоти таҷрибавӣ ва назариявӣ, инчунин тақсимоти дохилии худро доранд. Дар замони муосир тамоюли ҳамгирошавии маърифати илмҳои табиатшиносӣ ва иҷтимоӣ-гуманитарӣ нерӯи тоза гирифта, ба дарки объектҳои ниёзи аҳли башар равона шудааст. Дар ин миён тадқиқотҳои том ва байнифаннӣ аҳамияти хосса пайдо кардаанд.
Инсон аз донишҳои гуногун бархурдор аст, вале на ҳамаи онҳо илмӣ мебошанд. Дониши илмӣ бо чунин аломатҳояш аз дигар намуди донишҳо фарқ мекунад: зеҳнӣ (ақлонӣ) будан; объективӣ, бешахсиятӣ, умумиэътирофӣ будан; такрористеҳсолшавӣ ва санҷидашавӣ; мавзунии мантиқӣ, дақиқӣ ва якмаъноӣ; ҳампайвандию алоқамандии мантиқӣ.
Бояд гуфт, ки се намуди асосии донишҳои илмӣ вуҷуд доранд:
- дониш доир ба масъалаҳо (проблемаҳо);
- дониш дар бораи методҳо;
- дониш дар бораи объектҳо ё донишҳои предметӣ.
Дараҷаҳои таҷрибавӣ ва назариявии маърифати илмӣ
Маърифати илмӣ ду дараҷаи ба ҳам алоқаманд, вале аз ҳамдигар тафовут – таҷрибавӣ ва назариявиро дар бар мегирад. Инҷо махсус таъкид мекунем, ки «таҷрибавӣ ва назариявӣ»-ро аз «ҳиссӣ ва зеҳнӣ» бояд фарқ кард, агарчи алоқамандӣ низ доранд.
Дар сатҳи таҷрибавӣ мушоҳидаи зинда (маърифати ҳиссӣ) бартарӣ дошта, шаклҳои зеҳнӣ (мафҳумҳо, ҳукмҳо ва ғ.) нуфузи тобеъшаванда доранд. Объекти таҳқиқшаванда бештар аз ҷиҳати муносибатҳо ва зуҳуроти берунаашон инъикос карда мешавад. Мазмуни маърифати таҷрибавӣ ин ҷамъоварии фактҳо, ҷамъбасти ибтидоии онҳо, тавсифи маълумотҳои мушоҳидавӣ ва озмоишӣ, низомигардонии онҳо, таснифот ва дигар шаклҳои фаъолияти бақайдгирии фактҳо мебошад. Тадқиқоти таҷрибавӣ объектро тавассути чунин методу воситаҳо, ба монанди тафсир, қиёс, ченкунӣ, мушоҳида, озмоиш, таҳлил, индуксия аз худ менамояд. Доир ба ин методҳо минбаъд маълумот хоҳем дод.
Мафҳуми факт (аз лот.,factum – иҷрошуда, бавуқӯъомада) чунин маъноҳо дорад: 1) қисми алоҳидаи воқеият, воқеаҳои объективӣ, натиҷаҳое, ки ё ба воқеияти объективӣ ё субъективӣ мансубанд; 2) дониш дар бораи ягон воқеа, зуҳурот, ки этимодбахш буданаш исбот шудааст; 3) ҷумлае, ки дар рафти мушоҳида ва озмоиш ҳосил шудааст. Маъноҳои дуюм ва сеюми зикршуда дар мафҳуми «факти илмӣ» фаро гирифта мешавад, ки ҳангоми ворид буданашон ба сохтори мантиқии низоми донишҳои илмӣ ҳамин зайл фаҳмида мешавад. Ҷамъоварии фактҳои таҷрибавӣ, гарчанде вай доманадор ҳам бошад, бе «фаъолияти ақл» ба ошкор сохтани ягон қонунҳо ва баробариҳо оварда намерасонад. Дар фаҳмиши табиати факт ду тамоили ниҳоӣ ҷудо мешавад: а) фактуализм, ки новобастагӣ ва мустақилияти фактҳо нисбат ба назарияҳоро эътироф мекунад; б) теоретизм, ки баръакс вобастагии пурраи фактҳо аз назарияҳоро эътироф мекунад. Ҳалли дурусти масъала дар он аст, ки факти илмӣ таъсире аз назария дошта, нисбат ба назария мустақилияти нисбӣ дорад, чунки сабаби асосиаш воқеияти моддӣ мебошад.
Фактҳои алоҳида набояд ҷудо аз ҳам баррасӣ шаванд: танҳо дар он ҳолате онҳо маводи илм мегарданд, ки агар онҳо ҳамчун низоми том гирифта шаванд. Ҳарчанд, ки ҳар як факт сабабияти худро дар воқеият ва амалия дорад, вале он бо ягон тарз консепсиявӣ шудааст, яъне бо тасаввуротҳои назариявии муайяне махлут гардонида шудааст. Бинобар ин, А.Уайтхед қайд мекунад, ки маърифати илмӣ муттаҳидшавии ду қабат аст: якумаш аз маълумотҳои бевоситаи дар рафти мушоҳидаи мушаххас гирифташуда ба амал меояд, дигараш аз тарзи умумии ҷаҳонфаҳмии мо пайдо мешавад. Ба ақидаи ӯ, ин қабатҳо мутаносибан «қабати мушоҳидавӣ» ва «қабати назариётӣ», ки аз инҳо якумаш ҳамеша тавассути мафҳумҳои аз қабати назариётӣ дастрасшуда тавсиф мегардад.
Мувофиқи ақидаи К.Поппер, агар дар фактҳо «ягон чизи назариявӣ ҷойгир» намебуд, пас «фактҳо» асоси назария низ шуда наметавонистанд. Алҳол байни назарияҳо ва он фактҳое, ки тавассути ҳамин назарияҳо тавсиф мегарданд, ҳамеша «фарқияти воқеӣ» гузоштан мумкин аст. Назарияҳои аз ҷониби инсон созмонёфта метавонад бо фактҳои воқеӣ номутаносиб бошанд. Он гоҳ дар дарёфти ҳақиқат лозим меояд, ки назарияҳо ба фактҳо мутобиқ сохта шавад ё ин назарияҳо бартараф карда шаванд.
Сатҳи назариявӣ бо бартарияти шаклҳои тафаккур (мафҳум, ҳукм, хулосабарорӣ, назарияҳо, қонунҳо ва ғ.) баён мегардад.Тафаккур– ҷараёни фаъоли инъикоси ҷамъбастӣ ва воситавии воқеият мебошад, ки онро дар низоми абстраксияҳо ифода месозад.
Мушоҳидаи зинда, маърифати ҳиссӣ дар сатҳи назариявӣ аз миён намеравад, балки қисми тобеи ҷараёни маърифат мегардад. Вазифаи муҳими дониши назариявӣ аз дастраскунии ҳақиқати объективӣ бо ҳамаи мушаххасият ва пуррагии мазмунаш иборат мебошад. Барои ин методу воситаҳои сершумори маърифатӣ истифода мешаванд. Аломати хоси маърифати назариявӣ ин самтгирӣ ба худ, рефлексияи дохилиилмӣ, яъне таҳқиқи худи ҷараёни маърифат, шаклҳо, тарзҳо, методҳо, дастгоҳи мафҳумӣ ва ғ. мебошад.
Таърихи маърифат нишон медиҳад, ки идеяҳои нав на дар натиҷаи муҳокимаҳои муназзами мантиқӣ ё ҷамъбастсозӣ пайдо мешаванд, балки дар натиҷаи ҷаҳиш, танаффусият, бетанаффусият дар ҳаракати фикр пайдо мешавад. Нақши муҳими тахаюлот ва ҳадсро дар тадқиқотҳои илмӣ чандин эҷодкорони бузурги илм эътироф намудаанд. Асосноккунии пурраи мантиқӣ ва таҷрибавии чунин хулосаҳо дертар дарёфт мешаванд, вақте ки онҳо аллакай ифода шуда, ба илм дохил шуданд. Ҳамин тавр, маърифат ягонагии ҳиссӣ ва зеҳнӣ, таҷрибавӣ ва назариявӣ, ақл ва хирад, ҳадсӣ ва ақлонӣ (дискурсивӣ) мебошад.
Ба сохтори сатҳи назариявии маърифат дохил мешаванд: масъала, фарзия, назария ва қонун.
Масъала– шакли назариявии дониш, ки мазмунашро он чи, ки аз ҷониби инсон ҳанӯз ошкор нашудааст, ташкил медиҳад. Ин саволест, ки дар рафти маърифат пайдо шуда, ба худ ҷавоб металабад. Масъала ду марҳиларо дар бар мегирад: гузориш ва ҳалли он. Ба ақидаи В.Гезенберг, ҳангоми гузориш ва ҳалли масъалаҳои илмӣ инҳо муҳим аст: а) низоми муайяни мафҳумҳо, ки тавассути онҳо муҳаққиқ масъаларо ба қайд хоҳад гирифт; б) низоми методҳо, ки бо дарназардошти мақсадҳои тадқиқот ва хусусияти масъалаи ҳалшаванда интихоб карда мешаванд; в) такя ба анъанаҳои илмӣ. К.Поппер чунин ҳолатҳои ба миён омадани масъалаҳоро қайд мекунад: а) ҳамчун натиҷаи зиддият дар назарияи алоҳида; б) ҳангоми бархӯрди ду назарияи баҳамзид; в) дар натиҷаи номутаносибии назария бо мушоҳида.
Ба тарзи гузориш ва ҳалли масъала инҳо таъсири муҳим доранд: якум, хусусияти тафаккури замона ва дуюм, сатҳи дониш дар бораи он объектҳое, ки бо пайдоиши масъала алоқаманданд. Ба ҳар кадом давраи таърихӣ шаклҳои ҳолати проблемавии худ хос аст.
Фарзия– шакли донишҳои назариявӣ, ки дар рафти ҳалли масъала пайдо мешавад ва дар худ тахминҳои дар асоси фактҳо ифодашударо дорад, ки ҳаққонияти онҳо маълум карда нашудааст ва ба исботу асосноккунӣ ниёз доранд. Инкишофи фарзияҳои илмӣ дар се самт метавонад, ба амал ояд: а) маълум сохтани фарзия дар доираи худи он; б) худинкоркунии фарзия, пешниҳод ва асосноккунии фарзияи нав; в) табдилёбии фарзия ҳамчун низоми донишҳои эҳтимолӣ ба назарияи илмӣ. Санҷиши ҳақиқати фарзия ахиран дар шаклҳои амалия сурат мегирад, аммо нақши муайяни ёрирасоне дар мариди исбот ё радкунии фарзияҳо ҳамчунин ба меъёри мантиқии ҳақиқат низ мансуб мебошад.
Дар рафти исботи фарзия қисме аз онҳо назарияи ҳақиқӣ мегарданд, дигарҳояш тағйир меёбанд ва дақиқу мушаххас гардонида мешаванд, сеюмиҳояш ба иштибоҳу хато табдил ёфта, бартараф карда мешаванд.
Се навъи фарзияҳо ҷудо карда мешаванд: а) фарзияҳое, ки бевосита барои шарҳдиҳии таҷриба пайдо мешаванд; б) фарзияҳое, ки дар ташаккули онҳо таҷриба нақши муайян доранд, аммо ҳалкунанда не; в) фарзияҳое, ки дар асоси ҷамъбасти назариёти мавҷуда пайдо шудаанд.
Фарзияҳои умумӣ, ҷузъӣ ва корӣ мавҷуданд. Фарзияҳои умумӣ – ин тахминҳо дар бораи қонуниятҳои гуногуни байни ҳодисаҳо мебошанд. Онҳо бунёди созмондиҳии асосҳои донишҳои илмӣ мебошанд. Фарзияҳои ҷузъӣ ин тахминҳо дар бораи пайдоиш ва хосиятҳои фактҳои алоҳида, ҳодисаҳои мушаххас ва падидаҳои ҷудогона мебошанд. Фарзияҳои корӣ – ин тахминҳое, ки чун қоида дар марҳилаи аввали тадқиқот пешбарӣ карда мешаванд ва ба сифати нуқтаи ибтидоии ҳаракати минбаъдаи андешаҳои тадқиқотӣ хизмат мекунанд.
Назарияшакли нисбатан мушкилтар ва инкишофёфтаи донишҳои илмӣ мебошад, ки инъикоси томи робитаҳои қонунӣ ва муҳими соҳаи муайяни воқеиятро дастрас мегардонад. Намунаи назарияҳо ин механикаи классикии И.Нютон ва назарияи нисбияти А.Эйнштейн мебошад. А.Эйнштейн иброз карда буд, ки ҳаргуна назарияи илмӣ бояд ба меъёрҳои зерин ҷавобгӯ бошад: а) ба маълумотҳои таҷриба ихтилоф надошта бошад; б) бо воситаи маводи таҷрибавӣ санҷидашаванда бошад; в) бо «содагии мантиқӣ»-и қазияҳо, яъне мафҳумҳои асосӣ фарқ кунад; г) аз ҷиҳати мантиқӣ худсарона интихоб нашуда бошад; д) пурназокат ва ҳамоҳанг бошад; е) соҳаҳои васеи истифодаи худро дошта бошад; ж) ба офаридани назарияҳои нав ва умумитарро, ки ба доираи онҳо ин назария ворид бошад, ҳидоят намояд.
Вазифаҳои асосии назария аз инҳо иборат мебошад:
- Вазифаи синтетикӣ – муттаҳидкунии донишҳои алоҳидаи саҳеҳу эътимодбахш ба системаи тому ягона.
- Вазифаи ташреҳӣ – ошкор сохтани робитаҳои сабабӣ ва дигар робитаҳо, гуногунии робитаҳои падидаи мавриди омӯзиш қарорёфта, хусусиятҳои муҳим, қонунҳои пайдоиш ва инкишофи он.
- Вазифаи методологӣ, ки истифодаи методҳо, тарзҳо ва роҳҳои таҳқиқ кардани назарияҳои дигарро дар назарияи мазкур фаро мегирад.
- Вазифаи пешгӯӣ, ки аз пешбинии илмии падидаҳо ва ҳодисаҳои минбаъда иборат аст.
- Вазифаи амалӣ. Таъиноти ниҳоии ҳар як назария ин «дастурамал» шудани он барои тағйир додани ҳақиқати воқеӣ мебошад.
Бе муқаррар намудани қонунҳо ва бе ифодашавии онҳо дар низоми мафҳумҳо назарияи илмӣ вуҷуд дошта наметавонад. Қонун унсури муҳимтарини назария мебошад, ки таърифашро дар боби гузашта дода будем. Инҷо фақат маълумот медиҳем, ки таснифоти қонунҳои ин ё он назария аз рӯи асосҳои зерин сурат гирифта метавонад: а) аз рӯи шаклҳои ҳаракати материя (механикӣ, физикӣ, кимиёвӣ, биологӣ иҷтимоӣ); б) аз рӯи ҷабҳаҳои асосии воқеият (қонунҳои табиат, қонунҳои ҷамъият, қонунҳои тафаккур); в) аз рӯи миқёси фарогирӣ ва ҷабҳаҳои амали онҳо: куллӣ, умумӣ, махсус; г) аз рӯи моҳияти сабабӣ (динамикӣ ва статистикӣ, таҷрибавӣ ва назариявӣ); д) аз рӯи арзиш ва нақши (асосӣ ва ғайриасосии) иҷро мекардаашон.
Қонун робитаҳои зерини байни равандҳоро ифода мекунад: а) робитаҳои объективӣ, яъне хоси олами воқеӣ, хоси фаъолияти мушаххаси одамон; б) робитаҳои муҳим ва умумӣ, яъне ҳамеша ва дар ҳама ҷо амалкунанда: в) робитаҳои зарурӣ, ки бо моҳият пайвандӣ дошта, бо ногузирӣ амалӣ карда мешавад; г) робитаҳои дохилӣ, ки умқи вобастагиҳои соҳаи мушаххаси таҳқиқшавандаро инъикос менамояд; д) такроршаванда, устувор.
Ҳар як қонун чизи тағйирнопазир набуда, баръакс падидаи мушаххаси таърихӣ мебошад. Бо тағйир ёфтани вазъият, бо инкишофи таҷриба ва маърифат баъзе қонунҳо бо дигар қонунҳо иваз мешаванд, шаклҳои амали қонунҳо ва тарзҳои истифодакунии онҳо иваз мешаванд.
Маърифати қонунҳо раванди мураккаб ва пурихтилоф аст. Субъекти маърифаткунанда наметавонад якбора объекти мавриди омӯзишро пурра тасвир намояд. Вай метавонад бо расидан ба хулосаҳои назарии мухталиф, сохтани мафҳумҳо, бо истифода аз як қатор методҳо дар маҷмӯъ ба ин идеал наздик шавад.
Ҳарчанд ки сатҳҳои таҷрибавӣ ва назариявии маърифат аз ҳам тафовут доранд, вале онҳо ба ҳам алоқаманданд буда, ҳудуди байни онҳо тағйирпазир аст. Набояд, ки яке аз ин сатҳҳо бар зиёни дигараш мутлақ гардонида шавад. Тадқиқоти таҷрибавӣ тавассути мушоҳида ва таҷрибагузаронӣ маълумотҳои навро дастрас менамояд, маърифати назариявиро нумӯъ мебахшад, вазифаҳои нави боз ҳам мушкилро пеш мегузорад. Аз тарафи дигар, маърифати назариявӣ дар асоси таҷриба маънои навро инкишоф додаю мушаххас гардонида, уфуқи васеътаре барои маърифати таҷрибавӣ пешниҳод менамояд, дар ҷустуҷӯи фактҳои нав ба он самт бахшида, ба мукаммалшавии методу воситаҳои он мусоидат мекунад. Дар ҷараёни маърифати илмӣ ба вайрон кардани ягонагии назария ва амалия набояд роҳ дод.
Дар раванди таърих таносуби байни назария ва амалия доимо тағйир меёбад, чунки шаклҳои нави амалияи ҷамъиятӣ ба вуҷуд меоянд. Робитаи назария ва амалия тарафайн аст: бевосита (аз амалия ба принсипҳо ва шаклҳои умумии тафаккур) ва баръакс – амалисозии нақшаҳои умумӣ дар маърифат ва дар ҳаёти воқеӣ. Моҳияти робитаҳои бевосита дар он аст, ки ҳамаи категорияҳои мантиқӣ, нақшаҳои назариявӣ ва дигар абстраксияҳо дар ҳадди охир дар ҷараёни дигаргунсозии предметӣ-амалии воқеият ташаккул меёбанд. Амалия ин ҳамон зинаест, ки тавассути он объективона кулл дар намуди шаклҳои мантиқӣ ба тафаккур шомил мегардад. Ин шаклҳо дар навбати худ боз баргашта, барои маърифат ва дигаргун кардани воқеияти объективӣ ёрӣ мерасонанд, яъне предметишавии (шайъишавии) назария ба амал меояд.
Барои он ки назария предметӣ гардонида шавад, бояд шароитҳои муайян риоя шаванд: 1) назария бояд тарафи муайяни воқеиятро эътимодбахш ва айниятнок инъикос намояд, ба фактҳои воқеӣ дар алоқамандии онҳо мувофиқат дошта бошад; 2) назария бояд ягонагии ботинӣ, алоқамандии амиқ ва таъсири мутақобилаи мафҳумҳо, қонунҳо, фарзияҳо ва ғайраро баён намояд; 3) вай бояд тамоюли инкишофи воқеияту амалияро маълум карда тавонад, бинобар ин, бояд ҳамеша тағйир ёбад, васеъ гардад, аниқтар ва амиқтар гардонида шавад; 4) назария (агарчи амиқу пурмазмун аст) танҳо дар он вақт қувваи моддӣ шуда метавонад, ки агар ба шуури одамон, ки нерӯаш назарияро ба воқеият табдил медиҳад, татбиқ шавад. 5) воқеъсозии амалии назария ин ҷараёни мураккаб ва пурихтилоф буда, бо олами махсуси иҷтимоӣ-фарҳангии предметҳо, воситаҳо алоқаманд аст, аз ҷумла, бо олоти меҳнат, воситаҳои техникӣ (асбобҳо, таҷҳизотхо, лавозимоти ченкунӣ), забон, (табиӣ ва сунъӣ), воситаҳои методологӣ, ниҳодҳои иҷтимоӣ; 6) барои он ки назария ба ғайр аз тарзи шарҳрдиҳӣ, инчунин методи тағйир додани олам бошад, зарур аст, ки роҳҳои пурсамари интиқолдиҳии донишҳои илмӣ бидуни барномаҳои таҷрибаҳои амалӣ дарёфт карда шавад, ки онро технологигардонии дониш, гузаштан ба забони мушаххаси қарорҳо, талаботҳо, дастурҳо (танзимотҳо) талаб менамоянд. Маҳз дар марҳалаи технологизатсия гузариш аз тасвири илмӣ ба низоми меъёрӣ, ки таъйиноти мақсадӣ ва амалӣ доранд, ба амал меояд.