Фарҳанг ва табиат

Мазмун ва моҳияти мафҳумҳои ба ҳам алоқаманд ҳангоми муқоиса ва муқобилгузорӣ ба ҳамдигар равшан мегарданд, зеро шинохтани ягонагӣ ва тафовути мафҳумҳои мутаалиқ ва мутадохил танҳо дар натиҷаи ҷудо ва дар алоҳидагӣ дида баромадани онҳо комилан муяссар мегардад.«Табиат» ва «фарҳанг» низ аз қабили чунин мафхумҳо мебошанд, ки дар як робитаи печида ва зери таъсири мураккаби байниҳамдигарианд. Дар нигоҳи аввал чунин ба назар мерасад, ки онҳо ба ҳам мухолифанд, зеро фарҳанг – зуҳуроти ғайритабиӣ, ҳастии бунёдкардашуда – муҳити сунъӣ ва маҳсули эҷоди тафаккуру дасти инсон мебошад. Он табиатест, ки аз тарафи худи инсон ба вуҷуд оварда шудааст.Таърифи аввалине, ки ҳамин моҳияти фарҳангро қайд мекунад ба мутафаккирони антиқӣ тааллуқ дорад, ки гуфтаанд: «фарҳанг — хилофи табиат» аст.Фарҳанг аслан аз табиат ҷудо карда шуда, чун падидаи ғайритабиӣ шинохта мешавад.Оназ таъсири мутақобилаи инсон ва табиат ва танҳо, бо амалу кӯшиши фаъоли одамон ба вуҷуд меояд. Яъне, равобитиин ду падида:фарҳанг ва табиат ба тавассути фаъолияти одамон ба амал меояд. Дар натиҷаи фаъолияти инсон табиат симои сунъӣ гирифта, тағйир меёбад ва хеле дигаргун мешавад. Ин тағйиротҳои куллӣ ҳаёти инсонро дар як рукни созанда ба танзим дароварда, беҳтар ва гуворо мегардонанд.

Ҳамаи он чизе, ки барои қонеъ гардидани талаботҳои моддию маънавии одамон зарур аст, дар табиат мавҷуд аст. Дар ҷараёни меҳнати фикрию ҷисмонӣ инсон ба ашё ва қувваҳои табиат таъсир расонида, на фақат муҳити атрофро дигаргун месозад, балки нерӯи зеҳнӣ ва ҷисмониашро барои беҳтар кардани шароити зиндагиаш истифода бурда, симои худ ва табиатро низ дигаргун месозад. Бинобар ин фарҳанг бе табиат вуҷуд дошта наметавонад, зеро инсон фарҳангро дар табиат эҷод мекунад. Фарҳанг — муҳити зиндагисозест, ки бо тақозои замон ва инкишофи зеҳнии инсон аз тарафи инсон барои худнигҳдорӣ ва пеш бурдани ҳаёташ дар дохили табиат, вале муқобили он чун василаи умр эҷод шуда, баҳри қонеъ гардонидани талаботҳои моддӣ ва маънавии мардум истифода мешавад. Фарҳанг он чизеро тағйир медиҳад, ки табиат офаридааст. Фарҳанг дар натиҷаи меҳнати амалии инсон, дар мавриди таъсиррасони ба табиат ба вуҷуд омадааст. Табиат замина ва омили ҳастии инсон ва фарҳанг мебошад. Табиат пеш аз ҳама, ҷахонест, ки шомили ҳама чиз, аз ҷумла, донишу амали инсон ва кулли ҷаҳон аст. Дар ин маъно он ба мафҳуми модда наздик аст, яъне, табиат – моддае мебошад, ки дар тамоми шаклҳои мухталифи табиӣ мавҷуд мебошад. Дар ин робита инсон аз рӯи қобилиятҳои худ фақат як ҷузъи нодири табиати ин ҷаҳон аст. Табиат қабл аз инсон ва фарҳанг, худ ба худ ба вуҷуд омадааст ва метавонад бидуни онҳо арзи вуҷуд кунад, он худкофӣ аст. Ҳамаи ҷузъҳои фарҳанг, баръакс, аз табиат сохта шуда, эҷод мешаванд: тамоми олоти муҳофиза ва ашёю асбобҳои рӯзғор аз маводҳои табиӣ сохта мешаванд — хона чун макони ҳифзу зист, маҳсулот, саноеъ ва монанди инхо. Бинобар ин фарҳанг «табиати дуввум» мебошад. Тамоми ҳастию бунёди фарҳанг аз ҷузъиёти моддии табиӣ иборат аст, он асоси моддию табиӣ доранд. Набудани моддиёт вазъи ҳастии маънавиётро мушкил мекунад. Аз ин ҷиҳат, фарҳанг дар муқобили табиат чун табиати коркардашуда истода бошад ҳам, он бо табиат ягонагии мустаҳкам дорад. Вале чун эҷоди инсонӣ фарҳанг бар табиат афзалият дорад, агарчи табиат сарчашмаю мавод ва макони фаъолияти одам мебошад. Хамин тариқ, фарҳанг хилофи табиат аст. Он василаест, ки дар ҷараёни баҳамтаъсиррасонии табиат ва инсон ба вуҷуд омада, инкишоф меёбад. Инсон эҷодкори фарҳанг шуда, ба тавассути он тадриҷан аз тобеияти қувваҳои табиӣ баромада, аз эҷоди худ олоти фатҳу тасхири табиатро ба вуҷуд меоварад. Табиат — модари ҳамаи офаридаҳои одам аст. Инсон низ аз табиат баромадааст, ӯ маҳсул ва ҷузъи модар — табиати бузург аст ва, ба ѕавли К. Маркс, «инсон бо табиат зинда аст». Тамоми зиндагӣ ва рушди инсон дар тааммул бо бахше аз табиат ҷараён мегирад, аз ин рӯ, табиат тарафҳои гуногуни ҳаёти одамонро фаро мегирад. Робитаи фарҳанг ва табиат ба тавассути фаъолияти одамон ба амал меояд. Дар натиҷаи фаъолияти инсон табиат симои сунъӣ гирифта, тағйир меёбад ва хеле дигаргун мешавад. Инсон миёни фарҳанг ва табиат чун мутавассит ва мувассил аст. Одамони қадим ба мақсади худнигаҳдорӣ ва зинда мондан дар муборизаи шадид бо офатҳои табиӣ барои ҳаёт, роҳи наҷоти худро дар мутобиқшавӣ ба муҳити гирду атроф ва фатҳу тасхир намудани табиат медиданд. Қонуни ҳаёт аз онҳо амалиёти фаъол ва саривақтиро талаб менамуд. К.Маркс муҳити табиӣ-ҷуғрофиро шарти табиӣ ва заминаи инкишофи маданӣ-иҷтимоӣ мешуморид, ки он дар натиҷаи фаъолияти фаъоли одамон ҳам табиат, ҳам фарҳанг ва ҳам симои маънавии худи инсонро ба кулли таҷйир медиҳад. К.Маркс, ақидаи ба ду олам — ба олами беруна, ки одамонро ба хоҷагидорӣ ва хаёти иқтисодӣ ҷалб мекард ва ба олами ботинӣ, ки инсонро ҳамчун мавҷуди биологии ҷузъи табиати зинда мешуморид, ҷудо кардани муҳити табииро дастгирӣ намудааст.

Ба тавассути фарҳанг одам нисбати табииёт тағйиротҳои катъиеро ба вуҷуд овард. Аммо, ба қавли А.Печчеи, инсон наметавонад, баробари вақт қадам занад, ва ба он дигаргуниҳое, ки худаш ба вуҷуд овардааст батаъҷил мутобиқ шавад. Агар иқтисодиёти мамлакатро дар муддати кӯтоҳ (масалан, як панҷсола) дигар карда шавад, шууру зеҳну заковати инсонро асрҳо зарур мебояд. Табиати инсон тавре сохта шудааст, ки психологияи ӯ бе таҳрибаи муайян, бе фаъолияти амалию ақлонӣ батезию тундӣ дигар намешавад ва дергоҳе дар ҳудудиқобилияти дарки эҳсосотӣ ва ирсӣ мемонад. Вале агар инсон аз ҳудуди табиат берун намеомад, ӯ бефарҳанг. Захираҳои табиатро истифода намуда, инсон нерӯи табиии моддӣ ва маънавии худро низ ошкор месозад. Фатҳу тасхири табиат — барои инсон сиришти ӯро мекушояд. Ба олами ботинии худ расидани инсон дарки олам, худогоҳӣ, ташаккули худшиносӣ, бедории шуур, созандагиро дар назар дорад, ки яке ин падидахо танҳо ба зеҳну заковати инсонӣ хос буда, чун яке аз навъҳои мутобиқшавӣ ва худнигаҳдорӣ мебошад. Мутобиқшавӣ бар муҳит, ташаккули зеҳнию фаъолияти инсонро тахассус бахшида, яке аз сабабҳои ба вуҷуд омадани фарҳанги маънавӣ — ахлоқ, маърифат, мазҳаб, дину оин, санъат ва тамоми қоидаву қонуну меъёрҳои муайяне, ки зиндагии одамонро ҳарҷониба ба танзим медароранд, гардидаанд. Ин вижагиҳо равобити фарҳанг ва табиат муносибати дуҷонибаи инсон ва табиатро воқеӣ ва мустаҳкам мегардонад.

Падидаи фарҳангӣ — баҳамтаъсиррасониии амалии табиӣ ва табиатест, ки аз тарафи инсон дигаргун карда шудааст. Ба тавассути фаъолияти амалию созандагии инсон табадуллоти бузург — аз як шакл ба шакли дигар гузаштани ҳастӣ имконпазир мегардад. Хусусияти фарқкунандаи фарҳанг – шавқи бартараф кардани ғайримуташаккилиро дар худ ва олами беруна бедор намуда, омӯзиши масъалаи муносибати одамро ба табиат ба миён овард. Дар ҳалли масъалаи муносибати фарҳанг бо табиат якчанд назарияҳо ба вуҷуд омаданд:

Муносибати байни фарҳанг ва табиат хеле гуногун аст ва он пеш аз ҳама аз фарҳанг — хусусият ва вижагиҳои он вобаста аст. Он ба сабаби тафовутҳои маънӣ дар байни фарҳанги Ғарб, ки дар асоси дини масеҳӣ ва Шарқ, ки дар заминаи дини ислом ва динҳои дигари шарқӣ ташаккул меёбанд, дар муносибати мардум нисбат ба табиат комилан зоҳир мегардад. Ба ташаккул ёфтани вижагиҳои фарҳангҳо бештар дину мазҳабҳои ҳукмрон чун муҳри ҳукми маънӣ таъсири худро мерасонанд. Мувофиқи назарияи К.Юнг, инсони шарқӣ – як дарунгароест (интроверт), ки огоҳӣ ва зеҳни худро ба самти дохилӣ, бар сӯи огоҳии ботинии худ ҳидоят мекунад, ӯ аз дунболи растагорӣ, наҷоти худро дар худ меҷӯяд ва дар ин ҷода ҳамеша барои беҳбудии маънавиёти худ мекӯшад. Мусулмон ба табиат ҳаргиз чун ба чизе, ки онро бояд ҳатман тасхир кунад ва ё мутеи худ гардонад ё ҳатто, дар ин ҷода онро ба харобӣ оварад, Ба ӯ хислатҳои хоксорию таваҷҷӯҳ кардан нисбати табиат хос аст. Инсони шарқӣ ба табиат чун ба як чизи худодод нигариста, нисбати он фурӯтанӣ, эҳтирому таҳаммул зоҳир месозад, ба он эътиқод намуда, онро мепарастад. Дар ин масъала мазҳабҳои ҳиндуӣ, бахусус таълимоти ҷайнизм (аҳинса) — принсипи ба ягон мавҷудоти зинда зиён нарасониданро комилан ба роҳ андохтааст, ки мувофиқи он, пайравони ҷайнизм то ҳатто ба кишоварзӣ машғул шуда наметавонанд. Ба ақидаи онҳо, шудгори замин ҷондорони заминӣ — кирму ҳашаротҳоро гӯё озор мебахшидааст. Аз ин рӯ, онҳо бояд ҳамеша даҳони худро бо дастмоли сафед маҳкам кунанд, то ки баногоҳ ягон ҳашаротеро фурӯ набаранд. Ҷайнӣ метавонад фақат рӯзона гаштугузор кунад, вақте ки равшан аст ва танҳо боҷорӯби махсус роҳашро тоза карда истода раҳсипор гарад, то мабодо, ҷондореро зер накунад.

Ба масеҳии ғарбӣ нисбат ба табиат бештар муносибатҳои амалгароёна ва манфиатҷӯёна хос аст. Ба қавли К.Юнг, инсони ғарбӣ — берунгаро (экстраверт) аст. ӯ барои наҷоташ зеҳни худро ба сӯи сиришти худ нею ба муҳити атроф, ба берун равона мекунад. Бинобар ин инсони ғарбӣ ҳамеша барои тасаллут ёфтан бар муҳити атроф майлу рағбат намуда, ба ин хотир баҳри фатҳу тасхири табиати ҷаҳон кӯшишу ғайрат мекунад. Шуури ӯ ба сӯи ояндаи ғайб аст, ӯ ҳимояи хешро на дар худ, балки дар ҳукмронии худ аз болои табиат ва муҳити атроф меҷӯяд. Инсони ғарбӣ худро офаранда ва муҳофизи холиси табиат меҳисобад. ӯ кайҳост, ки худро фотеҳ ва дигаргунсозандаи табиат мешуморад. Аз ин ҷост, ишораи маъруфи қаҳрамони асари Тургенев – Базаров, ки гуфтааст: «табиат – маъбаде нест, балки он коргоҳест ва инсон – коргари он». Чунин муносибат бештар ба ақидаи масеҳии «меҳнат — қисмати асосии одам ва он яке аз арзишҳо ва некӯкории муҳимтарин аст», такя мекунад. Аммо чунин муносибат нисбат ба табиат дар фарҳанги ғарбӣ доимӣ намонда, бо мурури замон ва гузашти давру айём тағйир ёфта, тафовутҳо пайдо кардаанд.

Нуқтаи шурӯъ дар ҳаллу фасли ин мавзӯъ мумкин аст як фарҳанги бостонӣ гардад. Бояд қайд кард, ки моҳияти куллӣ аз ҳунари бостонӣ дар он аст, дар фарҳанги антиқӣ табиатро ба дараҷаи баланд қадрдонӣ мекарданд. Бо вуҷуди ин маҳз дар даврони бостонии антиқӣ ҳамин ду нигориши гуногун нисбат ба табиат, ки ҳоло дар фарҳанги аврупоии муосир арзи вуҷуд дорад, ташаккул ёфтаанд. Дар ин масъала ду майлони фаҳмиши антиқии табиат диққати касро ба худ мекашад: юнонӣ ва румӣ. Юнониҳо кори кишоварзӣ ва меҳнати деҳқонро як қаҳрамоние мепиндоштанд, ки аз одамон шуҷоату диловарӣ ва ҳатто хашми оташинро талаб мекард. Ба як маъно метавон гуфт, ки онҳо гӯё ба табиат ва худоёни худ хитоб карда, онҳоро ба набарди зиндагӣ даъват мекарданд. Юнониҳои бостон ба кишоварзӣ бештар на баҳри коркарди замин шуғл варзидаанд, балки онхо кӯшиш мекарданд, ки аз қаъри замин ҳарчи бештар он самараеро, ки худоёнашон аз онҳо махфӣ медоштанд, ба даст оваранд.

Назари румиҳо нисбат ба табиат дигар буд. Кишоварзӣ ва коркарди замин барои онҳо машғулияти табиие буд, ки ба онҳо осудахолӣ ва осоиштагиро муҳайё менамуд. Кишоварзӣ эъзоҷи махсусе буд, ки аз одамон муносибати иззатмандонаро нисбати табиат талаб мекард. Румиҳои бостон чунин муносибати худро нисбати ҳамаи санъатҳо тарҷиб мекарданд, ба ақидаи онҳо санъату ҳунарҳо низ мисли он ки ҳамаи мавҷудоти зинда: дарахтону гиёҳҳо рӯида месабзанд, бояд ба таври табиӣ рушд кунанд. Румиҳо ба умеди гирифтани подоши саховатмандонаю шоистаи амал бештар ба мавзунию ҳамоҳангии фарҳангу табиат саъйю кӯшиш мекарданд.

Пас аз он, ин ду тамоюли фарҳангӣ дар мавозеъ ба таври мусовӣ ва ба ҳам печида, ё гоҳе яке бар дигаре ҷолиб омада, пайваста инкишоф меёфтанд. Дар асрҳои миёна нисбати табиат назари динии зоҳидона ҳукмрон буд, ки мувофиқи он, табиат як манбаи нохолису пурвасваса ҳисоб ёфта, чун мавҷуди паст баҳо мешуд. Табиат миёни худо ва инсон чун садди тақсимот дар назар гирифта мешуд, аммо, чун ҷисми моддӣ, аз нуқтаи назари калисо, тани инсон барои рӯҳи илоҳӣ чун завлонаю ва зиндон ба шумор меравад. Дар давраи Таҷаддуд оиди табиат баъзе анъанаҳои антиқӣ, хусусан расму оинҳои румиён эҳё шуданд. Шоири итолиёни Ф.Петрарка дар эҷодиёти худ табиатро ҳамчун модари дӯстдору меҳрубон, волида ва мураббӣ, меъёри табиӣ ва қонуни судманд бар нафъи башар, ки дар он ҳама аз табиат – ҳам ҷисм, ҳам зеҳн, ҳам тафаккур. Табиат Худоро танг карда, гӯё ӯро дар худ ҳал намуда, на ҳамчун садд балки чун миёнараве байни одам ва Худо меистад. Санъати Давраи Эҳё ба усули давраи бостонии антиқа — ба тақлидкорӣ майл мекарда, рассомро тақлидкори бузурги табиат муаррифӣ намуда, забони санъату табиатро ба ҳам наздик эълон менамояд.

Дар давраи Замони Нав, аз миёнаи асри XVII сар карда, дар фарҳанги аврупоӣ тамоюли Юнони Қадим нисбати табиат зоҳир мегардад. Ҷомеаи Ғарб бо муайянии пурра мақсад мегузоранд, ки табиатро тасхир ва мутеъи худ гардонад. Тағйиротҳои муҳим дар санъату ҳунар рӯй медиҳанд. Бештари ҳунармандон санъатро аз табиат боло мегузоштанд. Гётте мӯътақиди он буд, ки «ҳунарманди озодфикр фавқи табиат аст ва онро метавонад тибқи ҳадафҳои худ истифода барад». Аз ин бештар ба таври хос нависандаи инглис Оскар Уайлд чунон мегуяд: «Ҳунар (санъат) он ҷое оғоз мегардад, ки табиат ба поён мерасад».

Хусусиятҳои фарқкунандаи фарҳанг – тамоюли бартараф кардани ғайримуташаккилии худ ва олами беруна, омӯзиш ва зарурати ҳалли мушкилиҳои равобити муносибати одамро бо табиат ба миён овард. Дар ҳалли масъалаи муносибати фарҳанг бо табиат якчанд назарияҳо ба вуҷуд омаданд… Фрейд муҳофизати одамро аз ҳодисаҳои табиат ба мақсади худнигаҳдорӣ вазифаи асосии фарҳанг мешуморид.
Шарден мафҳуми ноосфераро — пардаи муфаккиреро, ки аз давраи пайдоиши одам Заминро иҳота намудааст, дохил намуд. Вернадский дар заминаи мафхуми ноосфера дар зери таъсири фаъолияти одам марҳилаи нави инкишофи биосфераи Заминро дида баромад.

Маркази системаи Офтобиро ситораи Офтоб ташкил медиҳад, ки дар мадори худ 9 сайёраро ҷалб намудааст. Пайдоиши Офтобро олимон тахминан ба 5 млрд сол ѕабл шаіодат медиҳанд. Офтоб ба системаи галактикаи спиралии Роҳи Каҳкашон дохил аст. Замин —сайёраи севуми системаи офтобӣ буда, ҳам аз ҷиҳати масса ва ҳам аз ҷиҳати қутр калонтарин аз сайёраҳои дохилист. Масоҳати умумии он 510 млн км2 мебошад. Масса хусусияти ҷисми физикҳӣ буда, ба миқдори модда ва энергия мутавофиқ аст. Массаи курраи Замин 5,976·10^24кг. мебошад. Дар истифодаи рӯзмарра, масса бисёртар ба ҷои вазн истифода бурда мешавад, вале дар физика ва соҳаи муҳандисӣ вазн маънои бузургии қувваи ҷозибаро дорад, ки аз тарафи Замин ва ё ягон сайёраи дигар ба ҷисм таъсир мекунад. Замин аввалин сайёраест, ки бо доштани об маъруф аст ва ягона масканест, ки дар он ҳаёт вуҷуд дорад. Замин аз хок иборат аст. Хок ин қабати ҳосилхези замин мебошад. Қабатҳои асосии Заминро литосфера, атмосфера, гидросфера ва биосфера ташкил медиҳад. Литосфера ѕишри замин аст, ки чуқурии он аз 60 то 200 км мерасад ва танҳо дар ҳудуди 2-3 км, зиёдаш ҷое то 6 км чуқурии он ҳаёт мавҷуд буда метавонад. Атмосфера қабати ҳавоии курраи Замин буда, дар он ҳаёт мавҷуд аст. Гидросфера (обкурра) – қабати обии курраи Замин аст, ки тамоми обҳои зеризаминӣ ва сатҳи заминро, тамоми баҳру уқёнусҳои курраро дар бар мегирад. Он зиёда аз 71 % — сатҳи курраи заминро ташкил мекунанд. 90% гидросфераро обҳои баҳру уқёнусҳо ва танҳо 2 % — обҳои зеризаминӣ, 2% — барфу ях ва 0,02% обҳои сатҳи замин фаро мегирад.

Биосфера (зисткурра)- пардаи курраи Замин аст, ки макони зисту зиндагони тамоми мавҷудоти зинда аст ва таркибу сохтори он аз модда ва энергияи замин иборат мебошад. Онро «минтақаи зиндагӣ» низ меноманд, ки як қисми атмосфера – 20-25 км якҷоя бо қабати озонии он, 2-3 км чуқурии қишри замин аз сатҳи хушкӣ ва 1-2 км аз чуқурии қаъри баҳри уқёнусҳо ва тамоми гидросфераро дар бар мегирад. Дар таълимоти олими рус Вернадский мавзӯи зисткурра (биосфера) мавқеи марказиро ишғол менамояд: «Мавҷудоти зинда,- менависад ӯ,- яке аз вазифаҳои зисткурра (биосфера) мебошад, ки аз ҷиҳати моддӣ ва энергетикӣ бо он дар иртибот буда, якҷоя бо ҳам нерӯи бузург заминшиносӣ ва таъинкунандаи он мегарданд». Вернадский биосфераро (зисткурраро) «минтақаи зиндагӣ» мешуморид, ки ба ғайр аз мавҷудоти зинда муҳити зистро низ дар бар мегирад. Вай дар биосфера 7 анвои хоси мухталиф аммо марбутро аз маводи заминшиносӣ муайян намуд, ки ҳамеша дар мубодила ва равобити ҳамдигар арзи вуҷуд доранд.: 1) мавчудоти зинда; 2) маводи биогенӣ (сӯхтаҳои фасилӣ, сангоҳак) маводе, ки мавҷудоти зинда аз худ мебарорад;, 3) маъданҳои кӯҳӣ ё маводе, ки баъди вулкан рӯи замин мебароянд; 4) моддаи хунсӣ, ки дар он мавҷудоти зинда иштирок намекунанд; 5) моддахои ғайриорганикӣ, мисли хоку замин; 6) маводи родиактивӣ атом; 7) моддаҳои парокандаи аслии кайҳонӣ: шаҳобсанг, гарду ғубор ва ғ. Ба ақидаи Вернадский, мавҷудоти зинда дорои нерӯи бузурги моддӣ ва энергетикӣ буда, омили пешбарандаи инкишофи ҷаҳонӣ аст. Ҳаёт дар рӯи Замин дар натиҷаи мубодилаи мавҷудоти зинда ва муҳити зист, олами органикӣ ва ғайриорганикӣ, ки дар равобиту таъсири мутақобила сохторҳои инкишофёбанда ташкил менамоянд, ба вуҷуд омада тараққӣ мекунад. Ғизогирӣ, нафасгирӣ ва зиёдшавии мавҷудоти зинда ва ҷараёнҳои ба он вобастаи бавуҷудоӣ, ҷамъшавӣ ва пароканда шудани маводи органикӣ гардиши моддиёт ва энергияро мудом таъмин менамоянд. Нуқтаи баланди ин гаровишҳо дар миёнаи қарни ХХ, вақте ки бӯҳрони муҳити зист (экологӣ) на фақат ҳастии табиатро ба хатар андохтааст, балки ба мавҷудияти башарият низ таҳдид мекунад, ба вуқӯъ омад.

Масъалаи муносибатҳои фарҳанг ва табиатро нисбати инсон низ омӯхтан ҷоиз аст. Ин ҷо ин масъалаҳо чун иртиботии зоти инсонӣ — фитрӣ, яъне биологӣ, ва генетикӣ, ки бо роҳи ирсӣ мегузаранд, ва касбшуда, яъне омилҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ, ки дар давоми ҳаёт ба воситаи таълиму тарбия ба одамон ҷо карда мешаванд, ба назар мерасанд. Аз лиҳози таърихӣ ин масъалаҳо низ бо равишҳои мухталиф тафсир ёфтаанд, аммо ба таври куллӣ аввалият ба мушкилиҳои касбшуда, ки ба гурӯҳи омилҳои иҷтимоию фарҳангӣ дохил мешаванд, дода шудааст. Аммо дар асри ХХ вазъият дар ин ҷода хеле тағйир ёфта, мушкилиҳои фитрӣ, чун омилҳои биологӣ ва ирсӣ ба мадди аввал баромаданд. Дар миёнаи солҳои 1970 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико илми ҷадиди зистшиносии иҷтимоӣ(сотсиобиология), ки дар он ҷомеаи инсонӣ ба бархе аз ҳашаротҳо (занбӯр, мӯрчаҳо) нисбат дода шуда, дар худи инсон омили биологӣ ва ирсӣ чун омили асосӣ шинохта шуд. Бархе аз намояндагони илми зистшиносии биологӣ зиндагии инсон ба 80% пешакӣ аз рӯи омили ирсиаш таъйиншуда мебошанд ва танҳо ҳаёти 20% башарият мувофиқи омилҳои иҷтимоию фарҳангӣ нақша мегирад. Чунин масъалагузориҳо хеле баҳсталабанд, аммо онҳо ба андозае дар замони мо назаррасанд.

Ҳамин ки одам қувваҳои табиатро қисман ба худ мутеъ намуд, баъзе аз гурӯҳи одамон кӯшиш мекунанд, ки дар баробари табиат фарҳангро низ ба зери асорати худ дароранд. Чунин муносибати фаъол нисбати табиат тамаддуни муосирро ба бӯҳрони экологӣ оварда расонд, ки он на танҳо ба табиат зиён оварда истодааст, балки ба мавҷудияти худи инсоният таҳдид мекунад. Чунин вазъи хатарнок аз нав дида баромадани мантиқи инкишофи тамаддуни муосирро талаб мекунад. Аммо муносибати амалгароёна ва манфиатҷӯёна нисбати табиат аз тарафи одам ба расмият даромада истодааст. Бо дигар шудани муносибатҳои одам нисбат ба табиат ҳаёти инсон низ чун қисмати бузургу асосии он дигаргун сохта дар баъзе мавридҳо мавҷудияти худро низ ба хавфу хатар андохта истодааст. Аз ин рӯ, муносибати фарҳанг ва табиат хеле мураккаб мебошанд. Ҳоло тарафҳои моддӣ ва маънавии фарҳанг мавриди омӯзиши тамоми башарият қарор ёфтаанд. Барои табиат ҷамъият ва сохти он аҳамияте надорад. Табиат барои ҳама як сон сахӣ мебошад. Он аз ҳама муруввати якхела талаб менамояд. Ҳифзи табиат дар ҳама давр, барои ҳар гуна ҷомеа, ки асоси сохти вай чӣ гуна набошад, масъалаи мубрами рӯз ба ҳисоб мерафт. Аз ин лиҳоз, одамон дар назди авлодон дар ин ҷода масъулу ҷавобгар ҳастанд. Барои пайдо намудани неъматҳои моддӣ ва манбаи зиндагӣ, инсон бояд ҳифзи табиатро фаромӯш накунанд ва аз сарватҳои табиии Замин оқилонаю сарфакорона истифода баранд.

Дар айни замон, дар атмосфераи сайёраи Замин миқдори оксиген, ки организмҳои зинда аз он нафас мекашанд, торафт кам мешавад. Дар атмосфераи он пайдо шудани шикофиҳои озонӣ, ки ҳифзи сайёраро аз бодҳои заҳрноки кайҳонӣ мушкил мегардонанд, мушоҳида мешавад. Сабаби асосии ба вуқӯъ омадани чунин ҳолатҳо муносибати бераҳмонаи одамон нисбат ба боигарии табиат мебошад. Табиатшиноси шинохтаи Амрико Луис Батон дар китоби «Ифлосшавии ҳаво» — и худ чунин менависад: «Аз ду яке: ё одамон мекӯшанд, ки ҳаво камтар ифлос шавад, ё ин ки ифлосшавии ҳаво ба он оварда мерасонад, ки одамон дар рӯи замин беҳад камшумор мешаванд…».

Бӯҳрони экологии (муҳити зист) замони муосир чунин тақозо мекунад, ки ҷомеаи башарӣ оиди ҳалли масъалаҳои муносибати инсон ва табиат, фарҳанги муҳити зист, ба як таҷдиди назаре ниёз дорад. Мо бояд аз асосҳои нисбатан қадимии ин масъала: истисмори беинтиҳои захираҳои табиӣ, тағйиротҳои беандозаи харобиовари пешрафти ҷамъиятӣ, фатҳу тасхири бенизом ва тезу тунди табиат, ки сабаби бисёр зиддиятҳои мухталиф ва хатарноки байни фарҳанг ва табиат гаштаанд, даст кашем. Оиди ҳифзи муҳит ва табиат дастури комили зиндагисоз тартиб дода, дар ҳалли ин мушкилиҳо фаъолияти мушаххаси муфидро ба иҷро расонем. Равобити байни фарҳанг ва табиат бо муносибатҳои олампарварона ва башардӯстонаи созанда мустаҳкам гарданд. Дар ин ҷода метавон намунаҳои хосеро аз равобтаи байни фарқангу табиати Шарқи бостон ва фарҳангҳои барҷастаи ниёгонамон, фарҳанги бостонии ҳинду чин, фарҳанги Ғарби Давраи Эҳёро, ки таҷрибаи беназир доранд, васеъ истифода барем. Фарҳанг ва тамаддун бояд дар он кӯшанд, ки табиатро мутеъ ва тасхиршуда нею илҳомбахшу фараҳфизо нигоҳ доранд.


361
Нет комментариев. Ваш будет первым!