Ҷадидия

Ҷадидия вожаи арабӣ буда, маънои нав ё тозаро далолат мекунад. Он ҷараёнест, ки паҳлӯҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангиро бештар фаро гирифта, даҳсолаҳои охири асри XIX дар қазон ба вуҷуд омада, сипас дар охири асри XIX дар Осиёи Миёна роиҷ гардида, арзишҳои зиддифеодалӣ ва зиддимустамликавӣ касб намудааст. Умурронии муносибатҳои феодалӣ, заъфу фалаҷ будани аморати Бухоро, муфлисиву нодории мардум, бемаърифатии аксарияти аҳолӣ ва зимни ин мавҷуд набудани тафаккури сиёсию маҳрумият аз ҳуқуқу имтиёзҳои инсонӣ таваҷҷӯҳи истиқлолхоҳону озодандешони аморати Бухоро ба сӯи наҳзати ҷадид кашид. Онҳо дар асоси ҷадидияи қазонӣ ҷараёни тамоман наверо сурату сирати тоза бахшиданд, ки ҳадафи вуҷудан нав намудан, комилан дигаргун сохтани муносибатҳои мавҷудаи ҷамъиятиро назди худ гузоштанд. Ҷонибдорони он дар оғоз мурод ва вазифаҳои худро танҳо ба василаи тарғибу ташвиқи ақида ва афкори маорифпарварӣ пиёда карданӣ буданд. Вале баъдтар мӯътақид шуданд, ки танҳо бо ба ҷо овардани вазифаҳои маърифатию тарғиботӣ наметавонанд авзои умумии Бухороро тағйир диҳанд. Аз ин рӯ, дар назария ва амалияи фаъолияти худ ба масъалаҳои ҳаёти иҷтимою сиёсӣ ва ҳарчи зудтар ислоҳот даровардан дар он камари ҳиммат барбастанд. Давраи ҷанбаи сиёсӣ касб намудани ин ҷараён аслан ба марҳилаи авҷ гирифтани ҳолати инқилобии Россия ва Туркистону Бухорои шариф рост меояд.

Ташаккулу тарвиҷи ҷадидияро бояд чун ифодаи дигаргунии иҷтимоию сиёсӣ пазируфт, ки дар фазои иҷтимоии аморати Бухоро ба зуҳур омада буданд. Пас аз соли 1905 аз дохили ҷадидия ду тамоил-буржуазию демократӣ ва буржуазию миллатгароӣ ҷудо шуд. Ин тамоилҳо бо якчанд хасоисаш аз ҳамдигар тафовут мекарданд. Ин ҷараёнҳо мақсад ва усулҳои мухталифи ба он муваффақ шуданро доштанд ва мавқеъ ва рисолати гуногунро дар ҳаёти ҷомеа ноил гардида буданд.

Бамиёноии тамоили буржуазию демократӣ ба ташаккули буржуазияи маҳаллии Бухоро алоқаманд буд. Бухоро, ки ниммустамликаи Россияи буржуазӣ буд, саъй менамуд, ки соҳибихтиёрии худро пойдор намояд.

Асоси бунёдии мафкураи тамоили буржуазию демократиро ғояҳои маорифпарварӣ, ки зуҳури норизогию эътирози иҷтимоии табақаҳои поёнии аҳолӣ буд, ташкил медод. Ҷадидия ҳамчун маҳсули марҳилаи мустамликадорӣ хасоиси зиддифеодалӣ ва зиддимустамликавиро низ доро буд. Онҳо сохт ва усули салтанатдории аморати Бухоро, низоми таълиму тарбия ва самтҳои дигари ҳаёти иҷтимоию фарҳангии ҷомеаро мазаммату накуҳиш карда, барои дигаргунии куллии онҳо тадбирҳои амалӣ меандешиданд. Равияи буржуазию милатгароӣ манфиатҳои ашрофони маҳаллиро ҳимоя мекарданд. Ин тамоил бештар ғояҳои иртиҷоиро ҷонибдорӣ намуда саъй ба дигаргун намудани сохти ҷамъиятӣ надошта, мунасибатҳои ҷамъиятии мавҷударо ҳифз карда, танҳо шакли ҳокимияти навро мехостанд. Онҳо таълимоти сохтакоронаи «муттаҳидии миллӣ»-и худро амалӣ карданӣ шуда, ба сиёсати мустамликавии рус муқобилияти беҷуръатона нишон медоданд.

Рушди минбаъдаи тамоили демократии ҷадидия бештар дар зери таъсири ҳаводиси иҷтимоию сиёсӣ ва муборизаи халқҳои Россия ба муқобили ҳукумати подшоҳӣ сурат мегирифт. Баъди вожнун кардани он дар гӯшаю канораҳои Россия ва мустамликаҳои он ҳаракатҳои миллию озодихоҳӣ авҷ гирифтаанд. Чунончи, дар аморати Бухоро низ ҷадидҳо бо унвони ҷавонбухориён ба мубооризаи беамон барои ҳаёти нав бархоста буданд. Намояндагони ҷараёни ҷадидияи тоҷик Садриддин Айнӣ, Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ, Аҷзӣ, Абдулвоҳид Мунзим, Аҳмадҷон Ҳамдӣ, Абдуррауфи Фитрат, Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ, ва дигарон буданд.


328
Нет комментариев. Ваш будет первым!