Фалсафаи тоҷик дар асрҳои миёна. Закариёи Розӣ
Абӯбакр Муҳаммад бини Закариёи Розӣ (865-925) табиби ҳозиқ, кимиёгари варзида, файласуфи барҷаста ва мутафаккири озодандеши тоҷику форс ва умуман ҷаҳони ислом буда, дар шаҳри Рай, ки дар наздикии шаҳри Теҳрони имрӯза воқеъ аст, таваллуд шуд. Илова бар онки, бинобар суннати он рӯз, дар мусиқии назарӣ ва амалӣ маҳорату таҷрибаи хубе касб кард, гуфтаанд, ки қабл аз тарбияти расмиаш дар пизишкӣ кимиёгар буд. Дар Рай ва баъдан дар Бағдод раиси бемористон буд. Тибқи иттилои манбаъҳо, ҳудуди дусад китоб навишта, муаллими файласуф буда ва «табиби беназири мусулмон» шинохта шудааст. Аммо баъдан аксарияти мутафаккирон назариёти фалсафии ӯро зоҳиран бо нафрат инкор кардаанд, ҳарчанд ҳатто дар ин кор таҳти таъсири ӯ будаанд.
Осори фалсафии Абубакри Розӣ «Самъ-ул-каён», «Ал-ҳаюло ас-сағир ва ал-ҳаюло ал-кабир», «Фи-з-замон вал-макон», «Ал-лаззат фил-одата ал-мадхалу ило ал-мантиқ», «Китоб-ул-бурҳон», «Фил фалсафати ал-қадими кайфият-ал-истидлол», «Ас-сират-ул-фалсафа», «Ат-тиб Ур-рӯҳони» ва ғайра мебошанд. Танҳо теъдоди ниҳоят ками рисолаҳои мухтасар аз осори фалсафии Абубакри Розӣ боқӣ мондаанд. Аз асарҳои боқимондаи ӯ бармеояд, ки ӯ фалсафаро ҳадафи нафс ё рӯҳи инсонӣ медонистааст.Аслан Абӯбакри Розӣ дар ибтидои ҷавонӣ ба илми кимиё шуғл варзида, сипас тарки он намуда, пизишкиро пеша кардааст.
Абӯбакри Розӣ аз рӯи усули таҷриби кор мекард. Назари ӯ асосан назари моддӣ буд ва аз хурофот сахт нафрат дошт. Аз ҳамин сабаб даъвогарони мафкуравии ӯ таънаю маломаташ мекарданд. Масалан, яке аз ин муддаиён Каъбӣ буд, ки дар бораи ӯ чунин гуфта будааст: «Ту кимиёгарӣ кардӣ, дар ҳоле ки натавонистӣ даҳ динори қарзии занатро дар маҳзари қозӣ бипардозӣ. Ту муддаии табобат ҳастӣ, дар ҳоле ки натавонистӣ чашмонатро дармон кунӣ ва нобино шудӣ». Дар ҳоле ки Алӣ Асғари Ҳалабӣ Розиро яке аз ситораҳои дурахшони илми тиб ном бурда, мегӯяд: «Пизишкӣ набуд, Буқрот онро ба вуҷуд овард, мурда буд,Ҷолинус онро зинда кард, пароканда буд, Абӯбакри Розӣ онро фароҳам овард, ноқис буд, Ибни Сино онро комил кард».Ин гуфта нодурустии таънаву маломати Каъбиро доир ба маҳорати фавқулоддаи Абӯбакри Розӣ собит менамояд.
Абӯбакри Розӣ мухолифи тамоми динҳо буд ва анбиёро бошиддат танқид мекард. Онҳо, ба қавли мутафаккир, омили аслии эҷоди нифоқ ва хараҷу мараҷ дар миёни ҷомеаи башарӣ ҳастанд. Вай мӯътақид буд, ки барои раҳоии ҷомеаи башарӣ аз хараҷу мараҷ ва нифоқ бояд аз фалсафаву истидлоли мантиқӣ мадад гирифт.
Усули ақоиди Абӯбакри Розӣ бинобар нақли Абӯҳотами Розӣ ин аст, ки Худованд ҳамаи бандагони худро мусовӣ халқ карда ва ҳеҷ касро бар якдигар бартарӣ надодааст. Ва агар бигӯем, ки барои роҳнамоии онон ҳоҷат ба интихоби кесе дошт, ҳикмати болиғаи Вай мебоист чунин иқтизо кунад, ки ҳамаро ба манофеъ ва мазореи ониву отиашон огоҳ созад ва касеро аз миёни эшони баргузидагон бартарӣ надиҳаду мояи ахлоқу низои онон нагардад ва интихоби имом ва пешво боиси он шавад, ки ҳар фирқа аз пешвои худ пайравӣ ва дигаронро такзиб кунаду ба назари буғз бад-онон нангарад ва ҷамооти бузурге бар сари ин ихтилоф аз миён бираванд. Мӯъҷизоти мутаннабиён низ ҷуз хидъаву найранг нест ва ғолиби онҳо аз мақулаи афсонаҳои динӣ аст, ки баъд аз он падид омад. Мабониву усули адён бо ҳақоиқ мухолифату муғойират доранд ва ба ҳамин сабаб ҳам миёни онҳо ихтилоф дида мешавад ва иллати эътимоду эътиқоди мардум ба адёну итоат аз пешвоёни мазҳабӣ танҳо одат аст. Адёну мазоҳиб иллати асосии ҷангҳову мухолиф бо андешаҳои фалсафӣ ва таҳқиқоти илмӣ ҳастанд. Китобҳое, ки бо номи кутуби муқаддаси осмонӣ маъруфанд, кутубе холӣ аз арзишу эътиборанд ва осори касоне аз қудамо, монанди Афлотун, Арасту, Уқлидус ва Буқрот хидмати муҳимтару муқаддастаре ба башар кардааст(Забеҳуллоҳи Сафо. Таърихи улуми ақлӣ дар Эрон.-Теҳрон, 1331ҳ., саҳ. 187).
Чунонки аз «Сират ул-фалсафа»-и Абӯбакри Розӣ бар меояд, усули фалсафии мутафаккир бар исботи қадимияту абадияти ҷавоҳири панҷгона-модда (ҳаюло), замон, макон, Худованд ва нафс равона шудааст. Ҳастии ҳаюло ва бартарияту абадияти онро Абӯбакри Розӣ чунин баён намудааст: «Падид омадани табоеъ аз чизе будааст ва он чиз қадим будааст. Ва он ҳаюло будааст. Пас ҳаюло қадим аст ва ҳамеша будааст. Валекин мураккаб набудааст, балки кушода будааст. Ва ба охири кор, ки олам бархезад, ҳаюло ҳамчунон ки будааст кушода шавад ва ҳамеша кушода бимонад» (Очеркҳои таърихи фалсафа, саҳ. 33).
Абӯбакри Розӣ шаклҳои ҳастии ҳаюло-макон, замон ва ҳаракатро низ азалию абадӣ шуморида ва дар ин бобат чунин гуфтааст: «Чун, мар ҳаюлоро, ки қадим аст, аз макон чора нест, пас макон қадим аст» (Ҳамон ҷо). Ба ақидаи мутафаккир, далели аввалини қадамияту абадияти ҳаюло ва шаклҳои ҳастии он аст, ки чизҳои ҷисмонӣ ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонанд бесабаб пайдо шаванд. Ҳар як чизи моддии пайдошуда бояд ҳатман сабаб, моя ва асоси моддии дошта бошад, яъне «ҳаюло қадим аст ва баҳри он ки раво нест, ки чизе қоил ба зот (ки ҷисм бошад), на аз чизе мавҷуд шавад, ки ақл мар ин суханро напазирад» (Носири Хусрав. Зод ул-мусофирин, саҳ. 74).
Масалаи қадимияту абадияти ҳаюло Абӯбакри Розиро ба таҳқиқи масъалаи ибдоъ ё хилқат (офариниш)-и олам овард, ки дар иртиботи ин гуфтааст: «Ибдоъ муҳол аст ва мумкин нест, ки Худой чизе падид оварад аз чизе … » ва «…чун ибдоъ муҳол аст, воҷиб ояд, ки ҳаюло қадим бошад» (Носири Хусрав. Ҳамон ҷо, саҳ. 103).
Назарияи қадимияти олам ва муҳол будани офариниши он файласуфро ба эътирофи назарияи атомистӣ овардааст. Ба ақидаи ӯ, ҳаюлои мутлақ аз ҷузвҳои номутаҷҷазо (атомҳо) иборат аст. Ҳар як номутаҷҷазо узмо (бузург)-и хосе дорад, ки аз он хурдтар шуда наметавонад, яъне ба ҷузвҳои аз он хурдтар тақсим намешавад. Олам аз аҷсому ҳаводиси рангини он аз ҳамин аҷсо таркиб ёфтаанд ва дар охир гусехта боз ба онҳо бархоҳанд гашт. Ҳаюлои мутлақ ҷузвҳо будааст номутаҷҷазо,-навиштааст мутафаккир,-чунонки ҳар якеро аз ӯ аҷмо будааст…Ва ҳар ҷузверо аз он узмо расо набошад, аз он хурдтар аҷмо раво бошад, ки бошад, чи агар ҷузви ҳаюлоро ҷузв бошад, ӯ худ ҷисми мураккаб бошад, на ҳаюлои мабсут бошад…Таркиби аҷсом аз он аҷзои номутаҷҷазо аст ва кушода шудани таркиби аҷсоми (олам) сӯи он ҷузв бошад ба охири кор» (Очеркҳои таърихи фалсафа, саҳ. 34).
Ҳамчунин Абӯбакри Розӣ гуногунияти аҷсоми оламро дар асоси назарияи атомистӣ чунин шарҳ додаст: «Аз он ҷузвҳои ҳаюло он чи сахт фароз омадааст, аз ӯ ҷавҳари замин омадааст. Ва он чи кушодатар фароз омадааст, аз ӯ ҷавҳари об омадааст. Ва он чи аз ӯ низ кушодатар омадааст, ҷавҳари ҳаво омадааст. Ва он чи аз ҷавҳари ҳаво кушодатар омадааст, ҷавҳари оташ омадааст…Таркиби ҷирми фалак ҳам аз он ҷузвҳои ҳаюло аст. Вале ин таркиб бархилофи он таркиб аст…Аз баҳри он ки ҷисми ӯ сахт кушода нест, чун ҷавҳари оташ ва ҷавҳари ҳаво» (Ҳамон ҷо).
Ҳамин тавр Абӯбакри Розӣ зимни ҳалли масоили гуногунияти олам, инчунин масъалаи мизон (андоза)-ро ба миён гузошта, кӯшиш кардааст нишон диҳад, ки ҳар як аҷсому ҳаводис мизони ҳастии худро дорад ва бо тағйири андоза моҳияташ низ тағйир хоҳад ёфт.
Абӯбакри Розӣ дар баёни масъалаи назарияи маърифат донисташавандагии оламро эътироф кардааст. ӯ дар асари худ «Тибби рӯҳонӣ» нақши ақл ё хирадро дар раванди маърифати олам чунин тафсир намудааст: «Ҳеҷ чизе дар судмандӣ бар мо бартар аз хирад нест. Мо бо ёрии хирад бар чорпоёни ногӯё бартарӣ ёфтаем то бар онон чирагӣ меварзем, ононро ба кори худ мегардонем ва ба шеваҳое, ки ҳам барои мо ва ҳам барои онҳо судбахш аст, бар онон фармонравоӣ мекунем. Бо ёрии хирад ба ҳамаи он чи, ки моро бартар месозад ва зиндагии моро ширину гуворо мекунад, даст меёбем ва ба хосту орзуи худ мерасем. Бо мадади ақл аст, ки сотанд ва ба кор бурдани киштиҳоро дарёфтем ва ба сарзаминҳои дур, ки ба василаи дарёҳо аз якдигар ҷудо шудаанд, мерасем. Пизишкӣ ба ҳамаи судҳое, ки барои тани мо дорад ва тамоми улуми дигари ба мо фоидабахш дар партави хирад маро ҳосил шудааст. Бо хирад умури ғализ ва чизҳоеро, ки аз мо ниҳон ва пӯшида будааст, дарёфтаем. Бо ёрии он шакли замину осмон азамати онҳоро донистаем…хуллас, хирад чизест, ки бе он ҳоли мо ҳамоно ҳоли чорпоён, кӯдакон ва девонагон хоҳад буд. Ва чизест, ки бо ёрии он афъоли ақлии худро пеш аз он ки дар ҳавас ошкор шаванд, тасаввур мекунем ва онҳоро гуногун дармеёбем, ки гӯё эҳсосашон карда бошем. Сипас ин суратҳоро дар афъоли ҳисси худ намоён мекунем ва мутобиқати онҳоро бо он чи пештар суратгирӣ ва тахайюл карда будем, ошкор мекунем»(Ҳамон ҷо, саҳ.35).
Аммо ин иқтибос чунин маънӣ надорад, ки файласуф нақши эҳсосотро дар маърифати олам нодида гирифта бошад. Баръакс, ӯ чунин мешуморид, ки ақл танҳо дар сурате василаи мӯътамади маърифат шуда метавонад, ки ба эҳсосот ва маълумоти аз он бадастомада такия намояд. Аз ин ҷиҳат, назарияи маърифати Абӯбакри Розӣ ба назарияи инъикоси дигар мутафаккирони ҳикмати машшоӣ хеле шабоҳат дорад. Чунончи, Абӯбакри Розӣ дониши ҳиссиро натиҷаи таъсири ашёву ҳодисаҳо ба эҳсосҳои ин медонад, яъне инсон, ба таъбири ӯ, ба донистани ҳамаи мавҷудот қодир аст ва дар олам чизе нест, ки ақли инсон онро дониста натавонад.
Абӯбакри Розӣ масъалаҳои тарбияи ақлию ахлоқӣ роҳу воситаҳои хайрияти умум ва саодати одамӣ, адлу инсоф ва мақсаду мароми ҳаёти инсонро низ мавриди таҳқиқ қарор додаст: «Мартабаи бартарини мо,-навишта буд ӯ,-на ба лаззати ҷисмонӣ ғутавар шудан, балки касби илм, татбиқи адолат ва комёб шудан ба хайри умум аст. Ин бошад на бо зӯҳду тақво, балки дар натиҷаи иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъият ва ба туфайли омӯхтани фалсафа муяссар мешавад. «Он кас лоиқи роҳи ҳақиқат аст, ки ҷаҳд карда фалсафаро биомӯзад. Нуфуси инсонӣ фақат тавассути омӯхтани фалсафа метавонад аз зиштию ҷаҳолати дунявӣ наҷот ёбад. Ҳар гоҳ, ки марг онро омӯхт ва ҳатто камтарин қисматашро баргирифт, нафсаш аз разолату ҷаҳолат софӣ ва наҷот хоҳад ёфт» (Абӯбакри Розӣ.Расоил ул-фалсафия.-Қоҳира, 1939, саҳ. 65).