Нерӯҳои истеҳсолии ҷомеа

Чуноне ки зикр гашт, муносибатҳои иҷтимоӣ – иқтисодӣ ё истеҳсолӣ моҳиятан муносибатҳои обективӣ ва дар ҳамин маъно моддиянд. Онҳо на танҳо аз шуур ва иродаи одамон вобаста наянд, балки, баръакс, шуур ва иродаи онҳоро муайян менамоянд. Пайдоиши ин суолҳо табиист, ки онҳо аз чӣ вобастаанд, кадом омил табиати ин муносибатҳоро муайян менамояд? Чаро дар ин ё он давра маҳз ҳамин на дигар сохти иҷтимоӣ – иқтисодӣ вуҷуд дорад ва барои чӣ ҳамон як низомҳои муносибатҳои иҷтимоӣ – иқтисодӣ ва бо ин тарзҳои истеҳсолот дар таърихи ҷаҳонӣ бо дигар муносибатҳою тарзҳо иваз мегарданд.

Чуноне аллакай ишора кардем, муносибатҳои тақсимот ва мубодила, ки моҳиятан муносибатҳои моликиятанд, сохтори дохилии истеҳсолот, шакли истеҳсолиеро ташкил медиҳанд, ки дар он раванди худи истеҳсолот сурат мегирад. Худи истеҳсолот раванди аз ҷониби нерӯҳои муайян, ки онҳоро нерӯҳои истеҳсолии ҷомеа номидан қабул шудааст, офарида шудани маҳсулоти ҷамъиятист. Ин нерӯҳо одамонанд, ки бо воситаи меҳнат муҷаҳҳаз буда, онҳоро ба ҳаракат оварда метавонанд. Истеҳсолоти ҷамъиятӣ амалкарди нерӯҳои истеҳсолии ҷомеа аст, ки ҳамеша дар шакли таърихан муайяни ҷамъиятӣ ба вуқуъ меояд. Амалкарди нерӯҳои истеҳсолӣ мазмуни истеҳсоли ҷамъиятиро ташкил медиҳад ва низоми муносибатҳои иҷтимоӣ – иқтисодӣ шаклест, ки бо он ин мазмун ифода ёфатааст. Ва чуноне ки дар олам ҳаст, мазмун шаклро муайян мекунад.

Нерӯҳои истеҳсолии ҷомеа калон ё хурд буда метавонанд ва барои ифодаи он лозим меояд мафҳуми дараҷаи рушди нерӯҳои истеҳсолии ҷомеаро ҷорӣ намоем. Маҳз дараҷаи рушди нерӯҳои истеҳсолии ҷомеа омили муҳимест, ки намуди (типи) муносибатҳои иҷтимоӣ – иқтисодии дар ҷомеа мавҷудбударо муайян менамояд. Омили дигар сохтори дохилии нерӯҳои истеҳсолист. Дараҷаи рушди нерӯҳои истеҳсолии ин ё он созвораи иҷтимоътаърихӣ бо ҳаҷми маҳсулоти ҷамъиятии дар он офаридашуда ба ҳисоби нуфуси аҳолии он чен карда мешавад. Ин нишондиҳандаро чун самаранокии истеҳсолоти ҷамъиятӣ метавон ифода намуд.

Самаранокии истеҳсолоти ҷамъиятӣ, табиист, аз техникаи дар истеҳсолот истифодашаванда ва аз дигар омилҳои дар раванди рушди ҷомеа пайдогардида вобаста аст. Аммо на фақат аз онҳо вобаста аст. Он, инчунин аз он шароитҳои табиие низ вобаста аст, ки дар онҳо раванди истеҳсолоти ҷамъиятӣ сурат мегирад. Вақте ки одамон ба ҷамоъовардӣ, шикор ва моҳидорӣ машғуланд, миқдори маҳсулоти ба дастовардаашон нафақат бо техника ва вақти ба меҳнат сарфшуда, балки бо он ки захираҳои табиӣ чӣ қадар ғанианд, муайян карда мешаванд. Самаранокии истеҳсолоти ҷамъиятӣ дар як ва ҳамон як дараҷаи техника, аммо дар шароитҳои мухталифи табиӣ гуногун буда метавонад.

Захираҳои табиӣ на фақат ба сифати ашёи меҳнат истифода бурда шуда метавонанд. Масалан, замин дар зироаткорӣ на типҳо чун шайъи меҳнат балки чун воситаи меҳнат низ баромад мекунад. Ҳамзамон он унсури нерӯҳои истеҳсолӣ мегардад. Табдилпазирии замин ба воситаи меҳнат ва ба ҳайати нерӯҳои истеҳсолӣ воридшавии он натиҷаи рушди таърихӣ буд. Истифодабарии замин ба сифати воситаи меҳнат, бешак, нишондиҳандаи рушди нерӯҳои истеҳсолист. Аммо ҳосилхезии табии замин тӯҳфаи табиат аст ва ба самаранокии истеҳсолоти заминдорӣ вобаста аст. Ҳангоми истифодаи як ва ҳамин як техникаи кишоварзӣ, як ва ҳамон як низомҳои заминдорӣ, ҳангоми миқдори якхелаи вақти ба меҳнат сарфшуда самаранокии истеҳсолоти ҷамъиятӣ дар ҷомеаи заминаш ҳосилхез нисбати он ҷомеае нисбатан балантар буда метавонад, ки шароитҳои табииаш носозгоранд. Дар баъзе манотиқ коркарди замин ба осонӣ даст диҳад, дар дигар манотиқ ин заҳмати зиёд ва хеле вакти бештарро тақозо дорад. Самаранокии истеҳсолоти ҷамъиятӣ аз иқлим низ вобаста аст. Чунин манотиқ (тропик ва субтропикҳо) мавҷуданд, ки дар онҳо корҳои кишоварзӣ тамоми сол имконпазиранд ва дар муддати сол ду ва ҳатто се ҳосил гирифтан метавон. Дар соири манотиқ (минтакаи муътадил) бошад, фаъолнокии кишоварӣ бо мавсими муайян маҳдуд аст: дар инҷо дар як сол беш аз як ҳосил гирифтан наметавон.

Лиҳозо, дар самаранокии истеҳсолоти ҷамъиятӣ ду таркибаи асосиро фарқ кардан воҷиб аст: яке аз онҳо — натиҷаи рушди иҷтимоӣ, таърихӣ, дигаре тӯҳфаи табиат. Якумиро самаранокии ҷамъиятӣ (ё иҷтимоӣ), дуввумиро самаранокии табиӣ ва ягонагии ногусастании онҳоро самаранокии умумии истеҳсоли ҷамъиятӣ номида метавонем. Мувофиқан фарқ кардани дараҷаии иҷтимоии рушди нерӯҳои истеҳсолӣ ва дараҷаи умумӣ, ё ки ҳолати нерӯҳои истеҳсолӣ зарур мебошад.

Барои ҷомеаҳои то сармоядорӣ тафовути беш ё ками байни дараҷаи иҷтимоии рушди нерӯҳои истеҳсолӣ ва дараҷаи( ҳолати) умумии онҳо хос аст. Ин тавофут бо гузариш ба ҷомеаи саноатӣ коҳиш ёфта, метавонад тамоман аз байн равад. Дар чунин маврид оддияк метавон роҷеъ ба дараҷаи рушди нерӯҳои истеҳсолӣ бе ягон аниқкуниҳо сухан ронд.

Ҳангоме ки роҷеъ ба пешрафти нерӯҳои истеҳсолии ҷомеа сухан меронанд, табиист, ки дар бораи афзоиши самаранокии иҷтимоии истеҳсолот ҳарф заданианд. Роҳи ягонае, ки афзоиши бемайлони маҳсулотнокии меҳнатро таъмин карда метавонад, пешрафти техникист. Рушди истеҳсолот аз ибтидои пайдоишии сармоядорӣ асосан маҳз ба ҳамин самт ҷараён гирифта аст. Чунин тарзи зиёдкунии самаранокии меҳнат дергоҳ ҳамчун тарзи ягонаи имконнпазир баррасӣ мешуд. Айният додани таҳаввули нерӯҳои истеҳсолии ҷомеа бо пешрафти техникӣ ва мувофиқан тавъам донистани дараҷаи рушди нерӯҳои истеҳсолот бо сатҳи рушди техника бо ин иртибот дорад.

Ба чунин айниятдиҳӣ дар осори поягузорони фаҳмиши моддигароёнаи таърих низ вомехӯрем. Маркс менависад: «Нерӯҳои ҷадиди истеҳсолиро соҳиб шуда, одамон тарзи истеҳсолотро тағйирмедиҳанд ва бо тағйир додани тарзи истеҳсолот, тарзи таъмини рӯзгори хеш онҳо муносибатҳои ҷамъиятиро тағйир медиҳанд. Осиёби дастӣ ба мо ҷомеаро бо мулкдори феодалӣ чун сарвар, осиёби буғӣ ба мо ҷомеаро бо сармоядорони саноатӣ медиҳанд». Дар тақвияти андешаи Маркс Ф. Энглис менависад: «Олотҳои одамони ваҳшӣ сабабгори ҷомеаи ӯ ба он андозае мебошанд, ки олотҳои навин сабабгори ҷомеаи сармоядорианд» .

Ҷойи шубҳа надорад, ки сифати инсон ҳамчун нерӯи истеҳосолӣ дар сатҳи бештар аз техникаи истифодабарандаи ӯ вобаста аст. Аммо на фақат аз он вобаста аст. Дараҷаи иҷтимоии рушди нерӯҳои истеҳсолӣ ҳаргиз танҳо аз дараҷаи техникӣ иборат нест. Ғайр аз техника дигар омилҳои иҷтимоӣ мавҷуданд, ки аз онҳо сатҳи қобилияти инсонро дар офаринишии неъматҳои ҷамъиятӣ муайян мекунанд. Ва дар байни онҳо низоми мавҷудаи муносибатҳои иҷтимоӣ – иқтисодӣ аз ҳама муҳимтар аст. Дар ҳамон як муҷаҳҳазияти техникӣ, аммо дар муносибатҳои гуногунии иҷтимоӣ – иқтисодӣ одамон метавонанд миқдори на он қадар якхелаи маҳсулоти ҷамъиятӣ биофаранд. Нафақат нерӯҳои истеҳсолӣ ба муносибатҳои истеҳсолӣ таъсир мегузоранд, балки муносибатҳои истеҳсолӣ низ таъсири фаъол ба инкишофи нерӯҳои истеҳсолӣ доранд.

Хусусияти фаъолияти истеҳсолии инсон имконияти кам кардани фосилаи миёни ихтирооти техникӣ ва истифодаи амалии онро ба зиммаи худ дошта, бидуни таҳаввули пайвастаи он пешрафти кунунии олами техникӣ имконнопазир мебуд, зеро адами он муҷиби таъхиру боздошти истифодаи амалӣ ва баъзан ба гӯшаи фаромӯшӣ афтодани навовариҳо мегардад. Агар дар анъанаи маданияти ғарб таҳаввули фаъолияти истеҳсолии инсон пайваста дар асосии дастовардҳои илмӣ пеш мерафт, пас дар анъанаи фарҳангии мо аз баҳам пайвастани онҳо худдории нобоварона ба назар мерасад. Решаи чунин шакли ҷаҳонбинӣ дар қаринаи фарҳанги мо аз алоқаи он ба фалсафаи Афлотун бармеояд. Тибқи ривояти Плутарх Афлотун ҳатто натавонист хашми худашро аз шогирдаш, ки майли бепоён ба эҷоди ҳар гуна асбобҳои механикӣ дошту бо ин муҷиби гӯё поён омадани мартабаи илми ҳандаса ба олами моддӣ, яъне доираи шуғли ғуломон мегашт, пинҳон дорад. Яъне ҷилавгирӣ аз бархӯрди илм ба олами моддӣ зодаи фалсафаи Афлотун аст, ки он баъдан дар зеҳни алоқамандонаш амиқ реша давонда, мавқеъи мусоидати дастовардҳои илмиро дар таҳаввули фаъолияти истеҳсолии инсон нодида мегирифтанд.

Дар шароити муосири фарҳанги техникии мо бошад, ҳарчанд дастовардҳои навини илмию техникӣ ба истеҳсолот ворид мешаванд, вале дар ҷавоби онҳо на ҳамеша чунон ки мебояд таҳаввули фаъолияти истеҳсолӣ сурат мегирад. Чунки бисёре аз ин дастовардҳо барои мо ҳамчун падидае «кушоду- сарбаста» аён мешаванд, яъне мо онҳоро сарфи назар аз асрори офаринишашон, ки маҳфуз дар муассисоти тарроҳӣ ҳастанд, қабул мекунем. Ин сирри офариниш иборат аз захираи ахборотӣ, дониш ва маълумоти илмӣ мебошад. Бинобар ин бе назардошти ғанӣ гардонидани тӯшаи ахборотӣ ва илмию ахборотии фарҳангамон дар ояндаи наздик таҳаввули фаъолияти истеҳсолиро интизор шудан номумкин аст. Дар сурате ки олами мутаммаддин аз инқилоби насли панҷуми ахборотию маълумотӣ, яъне инқилоби компютерӣ баҳра мебарад, дар мо алҳол насли сеюми он (нашру табъ) ҳам устувор нест ва бинобар ҳамин ҳам бидуни иқдомоти қотеъ дар ин ҷода дигаргунии назаррасеро интизор шудан муҳол аст.

Ҳамин тариқ, дар ҳама марҳилаҳои рушди ҷомеаи инсонӣ як ва ҳамзамон якчанд сарчашмаҳои мухталифи рушди нерӯҳои истеҳсолӣ вуҷуд дошт. Яке аз сарчашмаҳои асоситарин, ки дар заминаи ҳамагуна тарзҳои истеҳсолот ба назар мерасад ин хусусияти муносибатҳои иҷтимоӣ – иқтисодӣ мебошанд. Ташаккули муносиботи ҷадиди иҷтимоӣ – иқтисодӣ тағйироти минбаъдаро дар рушди нерӯҳои истеҳсолии башарият имконнпазир мегардонад.

Дар баробари муносибатҳои иҷтимоию истеҳсолӣ яке аз ҷанбаҳои муҳими фаъолияти моддию истеҳсолии одамонро истифодаи техникаю технология ташкил медиҳад. Пеш аз баррасии ин масъала тафсири забонии худи мафҳуми «техника» — ро мавриди баҳс қарор додан аз фоида холӣ нест, зеро интихоби истифодаи калимаҳо дар парвариши тафаккури инсон нақши асосиро адо мекунанд. Мафҳумҳои бо шеваи фаҳмо тафсиршуда зимни ба андешаи мардум пайвастани худ инконияти дар зеҳни ӯ тасаввури тозаи воқеияти бо ин мафҳум ифодаёфтаро ба вуҷуд овардан пайдо мекунанд. Ҷоиз ба ёдоварист, ки нахустин тафсири мукаммал аз мафҳуми техника марбут ба фалсафи Арасту аст. ӯ аз ин мафҳум ду маъниро берун меорад: 1) техника ин ҷамъи он олоту мошинхоест, ки дар истеҳсолоти моддӣ барои дигаргунсозии мақсадноки табиат ва хизматрасонӣ мавриди истифода :2) техника ин маҷмуи дониш, маҳорат ва санъати офариниш аст.

Маънии аввал робитаи инсонро бо табиат, дар фарқият аз маънии дуюм, на дар асоси шабеҳасозиҳо, балки аз тариқи истифодаи мафҳумҳои физикӣ пешниҳод мекунад. Маҳз бар асари фарқияти чунин баҳрабардориҳои мухталиф аз усули барқарори робитаи инсон бо табиат миёни фарҳангҳои шарқу ғарб сониян қишре дар эҷоди техникӣ пайдо шуд, ки асароти он то кунун эҳсос мешавад. Яъне дарки фарҳанги шарқ аз мафҳуми «техника» тавъам бо санъат буд, зеро он ҳамоно мехост натиҷаи бархурди рӯҳи худро бо табиат дар шакли ҳиссӣ, ки хоси санъат аст, пешниҳод кунад. Аз ин рӯ тафаккури сохтан дар риштаи техникӣ дар фарҳанги шарқ ба пояҳои баланди таҷридӣ расида, бештар аз пештар аз рӯзгори воқеъӣ фосила мегирифт. Вазифаи илм дар ин маврид иборат аз мусоидат ба инсон дар зисти ҳамгун бо табиат дониста мешуд. То кунун дар таҷрибаи фарҳангии мо мафҳумҳои техника ва санъат аз ҳамин рӯ анқариб маънии ягона доранд, масалан «маҳсулоти саноатӣ», «саноатӣ кардан» ва ғайра…

Вале чуноне, ки ёдовар шудем техника дар тӯли таърих тавонист дар қаринаи фарҳанги урупойӣ ба як шохаи махсуси дониши табдил ёфта, аз санъат ҷудо шавад. Он низоми пешрафти фаъолияти эҷоди техникии инсонро рӯи дониш, ки барояш дурустию саҳеҳтар аз зиштию зебойӣ волотар аст, қарор медиҳад. Акнун он ғарқи андешаю хаёлоти холис нашуда, таъмини низомандиҳои модди инсонро вазифаи муқаддаси худ меҳисобад. Ф.Бэкон инро бо иборае хотирнишин чунин хулоса мекунад: «Илм қувва аст». Дастовардҳои фаъолияти эҷодии намояндагони ин фарҳанг тамоми ҷанбаҳои рӯзгори мардумро ба тадриҷ фаро гирифта, боиси зоиши ҳавасмандии бепоёни иҷтимоъ аз пешрафти техника гашт. Ва даъвои соири мардумон, ки ин мардум дар роҳи ҷустуҷӯи саодат тавассути фарҳанги техникӣ дучор иштибоҳ гаштаанд, гумон меравад дар аз воқеъият аст. Дар асл он имконияте барои ба воқеъият пайвастани хаёлпардозиҳои инсонро фароҳам овард. Дар натиҷаи ин техника ҳамчун як узви ногусастание ба ҷисми фарҳангии мардумони Аврупо ворид шуд.

Барои он ки иртиботу фарогирии мо аз ин суннати фарҳангии уропоиён на ба қимати гум кардани чеҳраи мушаххаси фарҳангию миллиямон ба амал ояд зарурати кашфи ба чи омилҳое вобастагӣ доштани ин амр пеш меистад. Он омилҳое, ки муҷиби фароҳам омадани чунин имконият гаштаанд, сегона мебошанд: рушди илми таҷрибавӣ, таҳаввули дарки мавқеи инсон ва ахиран дигаргун гаштани хусусияти пешбурди истеҳсолот. Аз ин нуқтаи назар ҳарчанд барандагони фарҳанги шарқ дар тӯли таърих ба пешрафтҳои васеъ дар риштаҳои мухталифи илм ноил омаданд, вале он чиз пинҳон нест, ки фанни техника аз мадди назари ҷустуҷуйҳои фикрии онҳо фарсахҳо дур афтод. Вале ин қазоват арзиши он чизҳои тозаеро, ки шарқиён дар бахшҳои ихтироъкорӣ- соатсозӣ, шишасозӣ, дастгоҳҳои обёрӣ ва ғайраро, ки зимни огоҳии худ аз илмҳои физикию механика эҷод карданд, кам намекунад. Мақсад аз ин гуфта он аст, ки бо вуҷуди ҳамаи ин пешрафтҳо тафаккури ғайритаҷрубии шарқиён ин дастовардҳоро мавриди истифодаи васеъ қарор намедод. Ҳамчунин назари номатлуби худи намояндагони фикрии он, ки ба ҳар роҳ мекӯшиданд илмро аз бархӯрд бо олами моддӣ ва ҳиссӣ ҷилавгир созанд, муҷиби ангуштшуморию беасар нопадид гаштани чунин дастовардҳо мегашт. Илми Шарқ аз ҳамин нуқтаи назар тули чандин садсолаҳо иборат аз назарияи таҷридию муҳосибае буд, ки ба ҷузъ аз риштаи тибб, оптика, биология ва дорусозӣ натавонист мантиқи тахаллуфнопазири ақлии худро бо таҷриба бипайванданд. Яъне илм натавонист берун аз ин соҳот ба олами тааммули ҳамарӯзаи инсон ворид шуда, дар таҳияи асбоби рифоҳу уруҷи фаъолияти дигаргунсозандаи ӯ аз олам дасти кӯмак дароз кунад. Ҳарчанд дар алоқа бо ин пайваста оиди неруи амалии илм ақидаҳои пурарзиш низ баён мешуд, вале ҳадафи ин гуфтаҳо ҳеҷ робитаи маъноӣ бо назари намояндагони маданияти ғарбӣ надошт. Масалан, дар афкори фалсафии ин давра милоки бархурди илм бо таҷриба аз ҳадисҳои пайғамбари Ислом бармеомад, ки тибқи он ҳақиқати ҳар гуна донишро шарти зарурати амали ахлоқии он муайян мекард. Чунин муносибати ахлоқӣ нисбати илм табиӣ дониста шуда, таъбири нақши иҷтимоияш аз он бурун оварда мешуд, яъне дониш дар ин маврид на ҳамчун асосии маҳорати таҷрибавӣ, балки аз нуқтаи назари ахлоқӣ арзёбӣ мешуд. Аз ин рӯ, дар маданияти шарқ фарҳанги техникӣ танҳо тавассути завқмандии шахсии пешаварон, косибони алоҳида, новобаста аз истифодаи дастовардҳои илмӣ пеш мерафт.

Баръакси ин он мардумоне, ки ворисони маданияти юнонӣ шуданд, аз баракати тамоюли он ба маърифати таҷрибавӣ тавонистанд дар аъмоқи равони хеш майли ниҳониеро бо олотмошинҳову соири дастгоҳҳои техникӣ парвариш дода, ҳифз созанд. Дар натиҷа эшон дар кулли риштаҳои фаъолияту таҳияи дастафзорҳои рифоҳии ҳамарӯза дар фарқият аз майли мо ба панду андарз, пайваста ниёзмандии бепоёнро ба эҷоди ҳар гуна дастгоҳҳои техникӣ ҳисс мекардагӣ шуданд. Равоншиноси машҳури асри ХХ К.Г.Юнг чунин рафтори инсонро, ки мудом ниёзмандии худро ба ихтироъоти навин ҳамчун амри воҷибе эҳсос мекунад, зиндагии рамзӣ номида буд, ки дар пойдории ин зиндагӣ рамзу симоҳои устуравиии ба шакли шайъӣ даромада дар амалу андешаи мо бештар аз пештар бартарият пайдо карда, муҷиби лаззат бурдан аз ҷавҳарияти аввалияи фарҳангии дур афтода мегардад. Дар ин ҷо мақсад он устураву суннатҳои аввалияи фарҳангие аст, ки имконияти тафсири замонавӣ онҳоро дар ҳар давру замон аз даст додани ҳар кӯшиши инсонро дар роҳи имрӯзӣ сохтани ҳаёти ҷомеа ба бунбасти торик мекашонад, вале инсон ҳамеша мекӯшад дар ин самт гом бардорад, то ин ки маънии ҳастиашро пайдо кунад. К.Г.Юнг сабаби равонии судури инчунин амалро аз ҷониби инсоният танҳо марбут ба исми судмандияшон барои зиндагии моддӣ надониста, балки онро аз хотири расолати муқаддасотии ин амал дар пеши назари мардум берун меорад. Дастовардҳои техникӣ барои он муқаддас шуморида мешаванд, ки онҳо дар сурати баъзан «нолозим» воқеъ шуданашон ҳам моро ба зиндагии рамзӣ мепайванданд. Зеро ҳар як дастоварди техникӣ пеш аз ҳама таҷассуми рамзии ғаризаҳои эҷодии иҷтимоъ аст ва онҳо ба мисоли зарфҳое ҳастанд, ки равони айнӣ, иҷтимоӣ мекӯшад нерӯи эҷодиашро дар онҳо биғунҷонад. Қаблан ба сифати чунин зарфҳои ғунҷоишдиҳандаи нерӯи эҷодии инсон ибодатгоҳҳо, донишҳои назариявӣ хизмат мекарданд, то он даврае, ки эҷоди техникӣ ҷойгузини онҳо нагашт.

Омили дигари қаблан ёдоваришуда, ки муҷиби дастболоии техникӣ ёфтан дар фарҳанги урупойӣ гашт, ин шеваи хоси дарки мавқеъи инсон дар доираи анъаноти фарҳангии он аст. Ин омил низ сарчашмаи худро аз самтгирии арзишии инсоният мегирад. Дар вобастагӣ ба шаклҳои ин самтгириҳо агар баъзе аз фарҳангҳо бозиҳои фикрии инсон ба ҳар тавр талоши ба воқеъият пайвастани худро пайдо кунанд, пас дар қаринаи фарҳангҳои дигар онҳо умуман тағйирнопазир боқӣ монда ё беасар нопадид мешаванд. Масалан, дар анъанаи фарҳангии мо то кунун худдории зуҳдпарастона аз таъмини ҳаёти моддии худ бо ниёзҳои мубрам ба сифати намуна шинохта мешавад, ки дар асл монеъи баҳрабардорӣ аз ғаризаҳои эҷоди техникии инсон гашта, ҳар гуна асбоби рифоҳи зиндагиро пеши назараш музҳик дармеоварад. Чунки мардуми майли зиёдаравиро дар худ саркубкунанда қудрати офаринишро дар фарҳанги техникӣ аз даст медиҳад, ба он хотир ки он мавонеъи ангезаи асосӣ дар роҳи навоварии техникӣ аст. Мардуми ҳамвора аз зуҳдварзӣ пайравӣ созанда майли зиёдаравиро аз истифодаи неъматҳои моддӣ наметавонад дар худ тарбия диҳад. Яъне вай қобилияти эҷоди он осори техникие, ки тавонад баробари эҷоди техникии мардуми бешгаро истода тавонад, дошта наметавонад. Ба гуфтаи файласуфи испонӣ, Х.Ортего-и-Гассет: «Ин гурӯҳ аз мардум метавонад танҳо дар он шакли техника тозагие ворид созанд, ки он на муҷиби тағйирпазирии олами моддӣ, балки танҳо фаъолияти ҷисму рӯҳи инсон шуда метавонад».

Дар анъанаи фарҳангии мардумони шарқ маҳз чунин канораҷӯӣ аз бешгаройӣ боиси он шуд, ки бисёре аз бозиҳои фикрии намояндагони он дар ҳоли ба воқеъият пайвастанашон натавонистанд аз сурати назариявӣ гом фаротар бигузоранд. Ин ҷо яке аз чеҳраҳои дурахшони илми физикаи исломӣ Ҳасан ибни Хишамро зикр кардан бамаврид аст, чун ӯ аввалин шахсест, ки дар ин бахши илм баҳсро оиди нур ва қувваи бозтоби оинаҳо ва шӯъоҳои шиканандаву мунъакисшаванда оғоз мекунаду баъдан зимни такя ба ин тадқиқотҳо дар Аврупо асбобҳои оптикӣ ихтироъ шудаанд.

Дар баробари майли бешгаройӣ барои ба фаъолияти таҳаввулбахши амалӣ пайвастани эҷоди техникии инсон инчунин эътиқод ба такомули беохири шахсият низ аз мақоми шоиста бархурдор аст. Дар маданияти шарқ яке аз сабабҳое, ки монеъи имкони мавҷудияти воқеъӣ пайдо кардани маҳорати эҷоди техники инсон мешуд ин маҳз тамоюли он ба такомули беохири шахсиятро нодида гирифтанаш аст, ки дар пайравӣ аз он дар илм барои кашфи асрори табиату олам инсонро аз риояи қаламрави таҳаллуфнопазир хушдор медод. Тибқи ин андеша қаламрави муайяншудаи имконоти илм дар роҳи кашфи асрори табиату олам то андозаест, ки дар доираи он донишмандон ҳеҷ гоҳ берун аз низоми барқароршудаи табиат чизе наметавонанд эҷод кунанд, зеро офаридгор барои барқарории низоми офариниш як силсила илалу қонуниятҳоеро офаридааст, ки дарки моҳияташонро зери тасарруфи худ дур аз қобилияти ҷустуҷуйҳои донишандӯзии инсон нигоҳ медорад. Албатта мақсад аз чунин шеваи арзёбии мавқеъи инсон дар олам дунболагирӣ аз ҳалли масоили улуми табиию мусоидат аз пешрафти фарҳанги моддии таъминкунандаи ниёзмандиҳои мардумро надошта, баръакс ҳадаф аз он фароҳам овардани эътиқоди росихи динӣ буд. Ҳарчанд чунин тамоюл дар фарҳанги асримиёнагии Аврупо низ бар асари дар чорсӯи фаромӯшии сарчашмаи аслии худ, яъне анъанаи фарҳангии Юнони бостон афтоданаш ба назар мерасид, вале пас аз даврони Ренессанс (Эҳё) бо барқарории равияи ақлгароӣ дар тафаккури илмӣ он тавонист бо дарки хирасарии ин анъана огоҳона даст аз саркуб кардани ниёзмандиҳои моддии инсон кашида, баръакс ба мусоидати пешрафташ камар бандад. Он қоил ба мувозинати миёни тамоюлоти моддӣ ва маънавии инсон гашта, эълом дошт, ки эътирофи такомули беохири камолоти инсон кафили интизории мо аз кашфиётҳои ҷадиди илмию техникӣ аст. Ин давроне буд, ки боварияшро рӯи ҳақиқати илмию фаннӣ қарор дода, мартабаи қудрати офаридгории инсонро дар баробари худи офаридгор афзалият дод.

Хусусияти истеҳсолии моддии инсон ҳамчун яке амрҳои сегонаи тазаккурёфта, ки омили пешрафти фарҳанги техникӣ мебошанд, аз чигунагии шаклгирии дарки фаъолияти таҳаввулбахши инсон бармеояд. Хусусияти фаъолияти истеҳсолии моддии инсон имконияти кам кардани фосилаи миёни ихтирооти техникӣ ва истифодаи амалии онро ба зиммаи худ дорад. Бидуни таҳаввули пайвастаи он пешрафти кунунии олами техникӣ имконнопазир мебуд, зеро адами он муҷиби таъхиру боздошти истифодаи амалӣ ва баъзан ба гӯшаи фаромӯшӣ афтодани навовариҳо мегардад. Агар дар анъанаи маданияти ғарб таҳаввули фаъолияти истеҳсолии моддии инсон пас аз барқарории тамаддуни саноатӣ пайваста дар асосии дастовардҳои илмӣ пеш мерафт, пас дар анъанаи фарҳангии мо аз баҳам пайвастани онҳо худдории нобоварона ба назар мерасад. Решаи чунин шакли ҷаҳонбинӣ дар қаринаи фарҳангии мо аз алоқаи он ба фалсафаи Афлотун бармеояд. Тибқи ривояти Плутарх Афлотун ҳатто натавонист хашми худашро аз шогирдаш, ки майли бепоён ба эҷоди ҳар гуна асбобҳои механикӣ дошту бо ин муҷиби гӯё поён омадани мартабаи илми ҳандаса ба олами моддӣ, яъне доираи шуғли ғуломон мегашт, пинҳон дорад? Яъне ҷилавгирӣ аз бархӯрди илм ба олами моддӣ зодаи фалсафаи Афлотун аст, ки он баъдан дар зеҳни алоқамандонаш амиқ реша давонда, мавқеъи мусоидати дастовардҳои илмиро дар таҳаввули фаъолияти истеҳсолии инсон нодида мегирифтанд.

Дар шароити муосири фарҳангӣ техникии мо бошад, ҳарчанд дастовардҳои навини илмию техникӣ ба истеҳсолот ворид мешаванд, вале дар ҷавоби онҳо на ҳамеша чунон ки мебояд таҳаввули фаъолияти истеҳсолӣ сурат мегирад. Чунки бисёре аз ин дастовардҳо барои мо ҳамчун падидае «кушоду- сарбаста» аён мешаванд, яъне мо онҳоро сарфи назар асрори офаринишашон(технологияашон), ки маҳфуз дар муассисоти тарроҳӣ ҳастанд, қабул мекунем. Ин сирри офариниш иборат аз захираи ахборотӣ, дониш ва маълумоти илмӣ мебошад. Бинобар ин бе назардошти ғанӣ гардонидани тӯшаи ахборотӣ ва илмию ахборотии фарҳангамон дар ояндаи наздик таҳаввули фаъолияти истеҳсолиро интизор шудан номумкин аст.


248
Нет комментариев. Ваш будет первым!