Соҳаи идоракунии равандҳои ҷамъиятӣ(сиёсӣ)

Соҳаи идоракунӣ ё ин кисиёсииҳаёти ҷомеа ҳамчун низоми фаъоли амалкунандаю рушдёбанда боз як соҳаи умумитарини фаъолияти ҳаётии одамон мебошад. Илова ба ин дар ин ҷо на танҳо мувофиқ гардондани шаклҳои мухталифи фаъолияти инсонӣ, гуногунрангии равандҳои ҷамъиятӣ, балки идоракунӣ бо таъсиррасонии тарафайни кули ҷомеа бо мӯҳити онро иҳотанамуда низ дар назар дошта мешавад. Дар ин маврид саволе низ ба миён меояд, ки раванди томи идоракунии сиёсии низом аз чи гуна унсурҳо иборат аст? Посухи ин савол пеш аз ҳама марбут ба ҳокимият ҳамчун субъекти муҳими идоракунӣ мебошад. Дар он ҷое, ки синфҳо, миллатҳо, гурӯҳҳои ҷамъиятӣ ҳангоми татбиқи манофеи хеш дар имкониятҳои иқтисодию иҷтимоии дигар табақаҳои аҳолӣ дигаргунӣ бармеангезанд ва зарурати танзими чунин вазъиятҳо тавассути ҳокимияти сиёсӣ зоҳир мегардад, маҳз муносибатҳои сиёсӣ, муносибатҳои байни одамон доир ба ҳокимият, яъне сиёсат арзи вуҷуд мекунанд. Ҳокимият қарорҳое қабул мекунад, ки бо гузориши масойилу аҳдофи мушаххас барои тамоми ҷомеа иртибот доранд. Ин қарорҳо аз ҷониби як гурӯҳи ашхос аз номи ҷомеа ё бо худи ҷомеа ваколатдоршуда пазируфта шуда, баъдан ба забони амалиёти (таъсири) амалии мушаххас баргардон карда мешаванд. Онҳо барои иҷрошавӣ ҳатмианд ва барои ин ҳокимият васоити зарурӣ дорад.

Дар мавриди таҳлили ҳаёти сиёсии ҷомеа фарқ кардани мафҳумҳои низоми сиёсии ҷомеа ва сиёсат муҳим аст. Агар низоми сиёсии ҷомеа яке аз соҳаҳои бузургтарини ҳаёти ҷомеа бошад, сиёсат ин фаъолият, таркиби муҳими низом аст. Онро берун аз низоми сиёсии ҷомеа фаҳмидану дарк кардан имкон надорад. Дар маънои муайян сиёсат вазифаи низоми сиёсӣ, инчунин восита ва механизми амалкунии он аст. Фаъолияти сиёсиро моҳиятан тамоми зернизомҳои низоми сиёсии ҷомеа таҳрик мебахшанд. Қисмати ниҳодии он нисбатан фаъолтар аст. Майдони ин фаъолият аз чаҳорчӯби худи низоми сиёсӣ убур мекунад. Ба таъсирпазирии сиёсӣ соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маънавӣ ва соири соҳаҳои ҳаёти ҷомеавӣ гирифтор меоянд.

Барои дарки мӯҳтавои масоили марбут ба соҳаи ҳаёти сиёсии ҷомеа ҳамчун соҳаи идоракунии равандҳои ҷамъиятӣ ва тарзи зуҳуру татбиқи он дар заминаи таҷрибаи фарҳангии халқҳои гуногун, аз ҷумла тоҷикон, пеш аз ҳама шарҳи маънои луғавӣ ва мафҳумии «сиёсат» аз манфиат холӣ нест. Дар кули луғатномаҳо маънои калимаи арабиасоси «сиёсат» ҳамчун «зӯрӣ, таҳдид,..» омадааст. Бинобар ҳамин ҳам аксар маврид дар ҷараёни таърих корбурди ин мафҳум барои ифодаи амали ба идоракунии иҷтимоӣ ва вижагиҳои муносибати тарафайни аъзоёни ҷомеа нигаронидашуда бештар ба фишангҳои хусусияти иҷборӣ дошта такя мекард. Вале баъдан бо таҳаввули ниҳодҳои иҷтимоӣ ва шаклҳои идоракунии ҳаёти ҷамъиятӣ мазмуни мафҳуми мазкур низ тағйир ёфта, нисбатан дигаргун гашт. Бинобар ҳамин ҳам алҳол таҳти мафҳуми «сиёсат» на танҳо бартарияти ба кор гирифтани шеваҳои репресивидоштаи ба танзимдарории муносибатҳо, балки тарзи бо роҳи ҳамоҳангсозии манфиату арзишҳо ва меъёрҳои рафтори дастаҷамъонаи аъзоёни ҷомеа ба танзим даровардани фаъолияту муносибатҳоро дар назар доранд. Аз ин ҷиҳат мазмуни мафҳуми сиёсат ва муродифи юнонии он сифати муносибатҳоро оид ба ҳокимияти давлатӣ, тарзи татбиқшавии он ва самти фаъолияти ҷамъиятии ташкилоту иттиҳодияҳои дастаҷамъонаи одамонро ифода менамоянд. Анъанаи наздик бо ҳамин маъно истифода бурдани мазмуни мафҳуми сиёсат ба таълимоти Арасту алоқаманд аст, ки ба андешаи ӯ давлат ҳамчун фазои муоширати аъзоёни ҷомеа ба хотири амалӣ сохтани ҳадафи таъмини адолату саодатмандии онҳо аз фишанги сиёсӣ истифода мебарад. Мазмуни мафҳуми адолат дар таълимоти ӯ бо давлат ва ҳуқуқ, ки ҳамчун меъёрҳои батанзимдарорандаи муоширати сиёсӣ мебошанд, робитаи ногусастанӣ дорад. Бинобар ҳамин ҳам сиёсат мебояд ба таҳқиқи сохтори давлатӣ таваҷҷӯҳ намуда, дар ин замина шаклҳои аз ҳама беҳтарини онро барои ҷомеа пешниҳод намояд. Дар натиҷа сиёсат ҳамчун идораи оқилонаи давлат ба хотири ба даст овардани саодати умумӣ ва кашидани лаҷоми ҳирсу хостҳои берун аз идораи фардӣ қарордошта тавассути воситаҳои сиёсӣ намудор мегардад. Аз он ҷиҳат, ки санъати маърифати саодату адолати умумӣ ва тавассути муоширати сиёсӣ ба роҳ мондани он хоси қобилияти ҳамаи аъзоёни ҷомеа нест, бинобар ҳамин ҳам ин ваколат ба дӯши нафарони дорои чунин сифатҳо вогузор карда мешавад. ҳамин тавр нуқтаи муҳим дар ин таълимот ва дар заминаи ин анъана минбаъд ташаккул ёфтани соири таълимотҳои сиёсӣ ин рабт додани олами сиёсат бо амали давлат ва дар ҳамин асос ҷараён гирифтани муоширати одамон ва соири гурӯҳҳои иҷтимоӣ мебошад. То замони мо ҳарчанд таърифоти сиёсат дар шаклҳои гуногун баён шудааст, вале нуқтаи дар боло зикршуда ҷойгоҳашро дар мӯҳтавои он пурра гум накардааст.

Дар даҳсолаҳои охир сиёсат бештар аз нигоҳи татбиқи ҳадафноку бошууронаи ирода, самти рафтори субъекти иҷтимоӣ нисбат ба соири субъекту объектҳо баррасӣ мегардад. Дар ин маврид субъекти иҷтимоӣ на дар доираи як синф ё гурӯҳ, балки дар доираи давлат, халқ, миллат, ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар шаклҳои муттаҳидшавии одамон дар назар дошта мешавад. Сиёсат дар ин маврид на танҳо нисбат ба давлат ва синфҳои алоҳида, балки нисбат ба дигар давлату миллатҳо, масоили марбут ба хусусияти демографӣ, экологӣ, молиявӣ, иқтисодӣ дошта низ татбиқ карда мешавад. Аз ин рӯ дар ҳошияи мафҳуми куллии сиёсат мафҳуми дигар, масалан, «сиёсати иқтисодӣ», «сиёсати миллӣ», «сиёсати демографӣ» ва ғайра, ки соҳахои гуногуни амалишавии сиёсатро ифода мекунанд, пайдо шуданд. Ва худи соҳаи сиёсӣ ҳамчун маҷмӯи ташкилотҳои давлатию сиёсӣ, ниҳоду муассисоти ба танзимдарорандаи муносибатҳои сиёсӣ дар ҷомеа арзёбӣ мешавад.

Ҳамин тавр истилоҳи «сиёсат» маъниҳои зиёд дорад, аммо аксаран дар амалия ва назария ду маънии бунёдии он мавриди истифода аст:

— сиёсат ҳамчун фаъолияти мақсадноки одамон дар соҳаи ҳокимият, муносибатҳои ҳукмронӣ, давлатӣ, синфӣ, миллӣ:

— сиёсат ҳамчун тавсифи хосиятҳои умдаи мавҷудияти ниҳодҳои давлатӣ ва дигар ташкилаҳои сиёсӣ.

Дар ин маъниҳо ду ҷанбаи ҳастии муносибатҳои сиёсӣ фарқ карда мешавад: ҷанбаи фаъолманд- ҳангоми ҷудокунии он ба чунин тарафи он, ба мисли ҳаракатмандӣ (динамизм), вобастагӣ аз талошҳои иҷтимоии субъектҳои муносибатҳои сиёсӣ, иртиботи мутақобила ба дигар намудҳои фаъолияти иҷтимоӣ таваҷҷӯҳ карда мешавад.

Ҷанбаи ниҳодӣ (институтсионалӣ) ба сохтормандии муносибатҳои сиёсӣ, ташкили онҳо дар асосии принсипи муайяне ишора мекунад. Муносибате хусусияти ниҳодӣ пайдо мекунад, ки дар асосии меъёри муайян, қоидаи тасдиқгардидае ташкил шудааст.

Муносибатҳои ташкили сиёсӣ соҳиби як навъ аломатҳои муҳиманд: аввалан, онҳо василаи муҳимтарини муайянкунию ифоданамоии манфиатҳои гурӯҳҳои иҷтимоии дар ҷомеа амалкунанда, ташаккул ва таҷассуми иродаи субъектҳои сиёсат хизмат мекунанд: сониян, онҳо бо татбиқи қарорҳои мӯътабар, бо фаъолияти дастгоҳи ҳокимият алоқаманданд; солисан, онҳо ба бартарафсозии таззодҳо андаруни субъекти фаъолияти сиёсӣ нигаронида шудаанд.

Хусусиятҳо (аломатҳо)-и муҳими сиёсат, ки бе онҳо муносибатҳои сиёсӣ арзи ҳастӣ намекунанд, аз чиҳо иборатанд?

Аввалан, сиёсат дар он ҷо арзи вуҷуд мекунад, ки дар он ҷо одамон на фақат проблемаҳои шахсиро ҳал мекунанду ба онҳо рағбат доранд, балки он ҷо амал ҳам мекунанд, ба назордошти дарки алоқаҳои онҳо бо масоиле, ки аз чорчӯбаҳои манофеи шахсӣ, муносибатҳои шахсӣ ва маишӣ мутаҷовизанд, вақте ки аз ин проблемаҳо бисёр одамони маскуни минтақаю кишвари муайян ва мутаалиқ ба ин ё он гурӯхи ҳиссиётӣ (эмотсионалӣ) мушаввашанд.

Сониян, типи дилхоҳи сиёсат дар ин ё он андоза бо ҳалли проблемаҳои мавҷудият ва амалкарди давлат алоқаманд аст.

Солисан, сиёсат дар ин ё он андоза бо амалиётҳои оммаҳои бузурги одамон алоқаманд аст.

Робеан, инъикоси томи чунин намудҳои равобит фақат дар соҳаи назария, дар чунин намудҳои вежаи инъикосот (рефлексия)-и сиёсӣ, ба мисли барнома, доктрина, эъломия амалӣ карда шуда метавонад.

Холисан, хусусияти муҳими сиёсат характери ҳукмфармоии он, қобиляти ба он хоси маҷбурнамоӣ, таъсиррасонии иродавӣ барои додани ҳадафмандӣ ба амалиёти бисёр одамон, барои инъикоси манфиатҳои томияти иҷтимоӣ дар фаъолияти онҳо мебошад.

Ҳамин тариқ, сиёсат ин фаъолияти мақомоти давлатӣ, аҳзоби сиёсӣ, нерӯҳо ва ҳаракатҳои ҷамъият дар соҳаи муносибатҳо байни гурӯҳҳои калони иҷтимоӣ, ҷамоаҳои одамон аст, ки ба муттаҳидкунии талошҳои онҳо бо мақсади такмили ҳокимият ё бо усулҳои махсус ба даст овардани он нигаронида шудааст. Ҳокимияти сиёсӣ яке аз унсурҳои муҳимтарини ҳаёти сиёсии ҷомеа аст, аммо онро пурра намекунад. Ҳаёти сиёсии ҷомеа аз фаъолияти сиёсии гурӯҳҳои мухталифи иҷтимоӣ ташкил меёбад. Дар ин маврид ҳар яке аз онҳо ба татбиқи сиёсати худ мекӯшад. Сиёсат ин танзимкунӣ ва идоранамоии соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ дар асосии истиқрори муносибатҳои ҳукмронӣ ва тобеият аст, ки бо ёрии давлат татбиқ карда мешаванд. Моҳияти онро ҳокимияти сиёсӣ ташкил медиҳад.

Иҷтимоъшиносу сиёсатдони амрикоӣ С. Липсет қайд мекунад, ки ҳокимияти сиёсӣ он гоҳ дар ҳадди эътидол қарор мегирад, ки агар он қонунӣ бошад. Ахирӣ дар ин мавридҳо имконнопазир аст: а) вақте ки ҳокимият бар анъанаҳо асос ёфтааст, масалан, мутлақияҳо (манархияҳо).

б) Вақте ки ҳокимият ақлони-ҳукуқист, яъне қонунӣ истиқрор гардидааст. Масалан, дар натиҷаи пирӯзӣ дар интихоботҳо. в) Вақте ки ҳокимият характери харизматикӣ дорад, яъне дар асосаш эътиқод ба сифатҳои бузурги шахсии доҳии сиёсӣ қарор гирифтааст.

Вежагиҳои беназири фаъолияти сиёсӣ барои амалигардонии он олоти беназирро тақозо доранд. Чунин олотҳо барои татбиқи он дар раванди рушди тамаддуни башарӣ офарида шуда буданд. Ин пеш аз ҳама, низоми сиесӣ ва давлат аст, ки дар маҷмуъ ба ҳайси олотҳои асосии таъсиррасонии сиёсии субъекти ҳокимият ба объекти худи ҳамин ҳокимият баромад мекунанд.

Тавафути низоми сиёсии ҷомеа аз дигар низомҳо ин аст, ки ин низом дар маънои муайяне дар нисбати дигар низомҳо нақши роҳбарикунандаро иҷро мекунад. Чунин ҳолат вобастаи ҳатмияти иҷрои қарор, дастурҳо, нишондодҳои аз ҷониби тамоми дигар низомҳои ҷамъияти дар чорчӯбаҳои низоми сиёсӣ қабулгардида мебошад. Роҳи пешгирифтаи сиёсии дар чорчӯбаҳои низоми сиёсӣ коркардашуда аз он иборат аст, ки он дар қиёс бо дигар низомҳои ҷамъиятӣ дар сатҳи бештаре расмӣ кунонида шудааст. Ин бо дараҷаи баланди, танзими муносибатҳои дар ҳудудҳои он рушдкунанда аз ҷониби меъерҳои махсуси ҳуқуқӣ ва сиёсии ташреҳ меёбад. Чунин шароит асосии мухторият, мустақилияти муайяни низоми сиёсӣ хидмат мекунад. Дар чорчӯбаи низоми сиёсӣ татбиқи ҳуқуқ ва озодиҳои асосии шаҳрвандон ҳамчун иштирокчиёни ҳаводиси сиёсӣ дар асосии принсипҳо ва меъёрҳои қонуникунонидашудаи муносибатҳои сиёсӣ, амалкунии ниҳодҳои ҷудои ҳокимият сурат мегирад.

Маданият ба ҳаёти иҷтимоӣ-сиёсии афрод ва ҷумумиятҳо таъсири муҳим мерасонад. Ин таъсир бо роҳҳои гуногун амалӣ мегирад: а) тавассути иҷтимоишавӣ ва ташаккули шахсияти ҷудогона: ин раванди ташаккули шахсияти кӯдак ва мутобиқшавиаш ба ҳаёт дар ҷомеа аст, ки ба таълими ӯ, ҷалб кардани ӯ ба фарҳанг асос ёфтааст ва ба ӯ имконияти дарки ин маданият ва дар чорчӯбаҳои он бошуурона амал карданро фароҳам меоварад. б) тавассути офаридан ва ҷорӣ кардани арзишҳо: маданият низомҳои арзишҳо ва маҳакҳои муайянкунандаи онро муқаррар мекунад: в) тавассути намунаҳои фаъолият ва намунаҳои рафтор: низоми арзишҳо интихоби воситаҳои қонеъгардонии талабот ва манофеъ, инчунин тарҷеҳотро дар кӯшишу талошҳо муайян месозад: г) тавассути офаридани амсилаҳои ниҳодҳо ва низомҳои иҷтимоӣ.

Амалкарди низоми сиёсӣ бо муҳити иҳотанамудаи иҷтимоӣ, асосан бо мӯҳтаво ва характери рушди низоми иқтисодӣ муайян карда мешавад. Таъсири низоми иқтисодӣ бо низоми сиёсӣ дар бисёр чиҳатҳо зоҳир мегардад. Аллакай худи ба сари қудрат омадани ин ё он сиёсатмадор ё ҳизб (блоки сиёсӣ) аз бисёр ҷиҳат бо барномаи чорабиниҳои иқтисодӣ пешакӣ муайян карда шудааст, ки онҳоро дар мавриди ба даст овардани ҳокимият ӯҳдадор мегарданд ки амалӣ намоянд. Ҳокимияти сиёсӣ ба имконияти низоми иқтисодӣ фаъолона такя мекунад. Дар ин ҷо оид ба он воситаҳои бузурги молиявие бояд ёдовар шуд, ки барои гузаронидани маъракаҳои интихоботӣ тақозо карда мешаванд.

Ҳокимияти сиёсиро на танҳо ба даст овардан, балки нигоҳ дошта тавонистан дар ин маврид татбиқ кардани аҳдофи нерӯи сиёсии қудратёфта низ муҳим аст. Ин ҷо нақши низоми иқтисодӣ низ муҳим аст. Ин ҷо нақши низоми иқтисодӣ низ муҳим аст. Сухан доир ба машрӯъияти (легитиматсияи) ҳокимияти сиёсӣ, эътирофу ҷонибдории он аз ҷониби мардум, аҳолии кишвар меравад. Дар ин росто аз сиёсати иқтисодии пешгирифтаи ҳокимияти сиёсӣ бисёр чизҳое вобастаанд. Албатта, мардум ҳокимияти сиёсиро ҷонибдорӣ мекунад, ки эътидоли соҳибкорӣ ва ҳимоятнокии иҷтимоии шаҳрвандонро таъмин карда бошад. Дар мавриде ки давлат дар иҷрои он чиҳое оҷиз мемонад, ки мардум аз он интизор аст, -дар ин ҳолат ҳокимияти сиёсӣ ба аз дастовардани қонунмандӣ (легитимность) таваккал мекунад.

Барои таъмини эътидол дар ҷомеа ҳама ҳукуматҳои кишварҳои демократӣ амалан сиёсати мусоидат кардан ба рушди бизнеси хурду миёна ва афзоиши теъдоди ашхосеро дастгирӣ мекунанд, ки соҳибони амволи ғайриманқул мебошанд. Таъсири низоми иқтисодӣ ба сиёсӣ дар он зоҳир мегардад, ки дараҷа ва ҳолати рушди иқтисодиёт ангеза ва боиси ислоҳоти сиёсӣ мегарданд. Ва худи гузаронидани ислоҳот бошад, таъмини асосноки иқтисодиро талаб менамояд.

Мураккабият ва серпаҳлӯ будани сиёсат шарти он шуда, ки барои ташреҳи ин падида дар таърих муносибатҳои зиёде ба вуҷуд омаданд. Бархе аз онҳоро дида мебароем. Муносибати иқтисодӣ ба сиёсат дар марксизм ва дигар консепсияҳои детерменизми иқтисодӣ нисбатан возеҳтар ба мадди назар гузошта шудааст. Сиёсат ҳамчун зерсохт (надстройка) ба болои рӯбинои (базиси) иқтисодӣ, ҳамчун ифодаи тамаркузёфтаи иқтисодиёт тавсиф дода мешавад. Онро қонунҳои объективии иқтисодие муайян мекунанд, ки аз иродаи субъектҳои сиёсӣ вобаста нестанд. Чунин таъсири афзункардашудаи талаботи иқтисодӣ ба сиесат ба камтар баҳогузорӣ кардани мустақилияти он бурда мерасонад. Таҷрибаи таърихии кишвари мо шаҳодат аз он медиҳад, ки дар давраи идоракунии маъмурӣ-фароҳамдиҳӣ на фақат иқтисодиёт ба сиесат таъсири қавӣ мегузорад, балки сиесат дар нисбати иқтисодиёт метавонад чун нерӯи бартаридошта баромад намояд.

Дар чорчӯбаи муносибати қишрӣ (стратификатсионӣ) сиёсатро чун рақобати гурӯҳҳои муайяни ҷамъиятӣ: синфҳо ва миллатҳо (марксизм) ё гурӯҳҳои манфиатдор барои татбиқи манофеи худ тавассути ҳокимият тафсир мекунанд. Агар тафсири марксистии сиесат чун муборизаи байни синфҳо дар олами муосир аз бисёр ҷиҳат таъсирашонро аз даст дода бошад, назарияи гурӯҳҳои манфиатдор густаришу рушди густарда ёфта, асосан, он дар консепсияҳои чандандешигароии демократия пешниҳод шудааст, ки сиёсатро дар давлати муосири демократӣ чун рақобати гурӯҳҳои гуногунранги манфиатдоре тафсиф мекунанд, ки мувозина, баробарии манофеи ҷамъиятро таъмин менамоянд.

Консепсияҳои ҳуқуқии сиесат, давлатро аз ҳуқуқ ва пеш аз ҳама аз ҳуқуқҳои табиии инсон, ки дар асоси ҳуқуқҳои оммавӣ, қонунҳо ва фаъолияти давлат қарор доранд, ҳосилшуда медонанд. Назарияҳои дар ин самт нисбатан маъруфу мӯътабари шартномавӣ (назарияи «шартномаи ҷамъиятӣ») дар таълифоти чунин мутафаккирон, ба мисли Спиноза, Гоббс, Локк, Руссо, Кант пешниҳод гардидаанд. Вежагии умумии ин ҳама назарияҳо аз он иборат аст, ки сиесат ва пеш аз ҳама фаъолияти давлатҳо чун рисолатдорони ҳифзи ҳуқуқҳои бунёдии ба ҳар як инсон аз зодрӯз хос (ҳуқуқҳо ба ҳаёт, озодӣ, амният, моликият ва ғ.) тафсир карда мешаванд.

Муносибати ахлоқӣ ба сиесат бо муносибати ҳукуқӣ зич иртибот дорад. Ин дар консепсияҳое равшан зоҳир мегардад, ки мавҷудияти тодавлатии ҳуқуқи табииро дар шакли принсипҳои ахлоқии ҷамоаи инсонӣ эътироф менамоянд. Дар чорчӯбаҳои муносибати ахлоқӣ сиесат бо назардошти ормонҳо, арзишҳо, аҳдоф ва меъёрҳое баррасӣ карда мешавад, ки онҳоро бояд он татбиқ кунад, барои ҳамин он фаъолияте эътироф мегардад, ки ба дарёфтани хайри умум нигаронида шудааст. Чунин тафсири сиёсат ҳанӯз дар аҳди хеле бостон арзи ҳастӣ карда буд. Ҳанӯз Арасту мӯътақид буд, ки сиёсат шакли олии фаъолияти ҳаети инсон аст, зеро тавассути он дар муносибатҳои тарафайни одамон адолат пойдор шуда, хайри (манфиати) ҳар яке ба даст меояд. ӯ нигошта буд: «Адолат фақат дар ҳаёти сиёсӣ ҷой дорад, зеро тамоми сохти ҳамзистии сиёсӣ бар ҳуқуқ устувор аст».

Муносибати антропологӣ ба сиёсат кӯшиш дорад сарчашмаи нисбатан амиқи онро инъикос кунад, ки дар табиати инсон реша дорад. Аз ин дидгоҳ сиёсат шакли муоширати мутамаддини одамон дар асосии ҳуқуқ, тарзи мавҷудияти дастҷамъонаи инсон аст. Чунин муносибат низ аввалин бор дар таълифоти Арасту дучор меояд, ки инсонро мавҷуди сиёсӣ маҳсуб мекард.

Консепсияҳои муосири антропологӣ ба думболи Арасту сиёсатро узван хос ба авлоди инсонӣ ва решадошта дар сиришти дастҷамъонаи инсон, озодии фарди ӯ, дар тақсимоти ҷамъияти меҳнат ва ба ҳамтаъсиррасониҳои мураккабу зиддиятноки аз он барояндаи афрод маҳсуб мекунанд.

Роҷеъ ба сохтори низоми сиёсии ҷомеа сухан ронда қайд кардан воҷиб аст, ки дар таркиби он дар ҳамбастагии зич чор зернизоми бузург амал мекунанд: зернизомҳои ниҳодӣ (институтсионалӣ), танзимгарӣ, иртиботӣ (коммуникативӣ) ва сиёсӣ-идеологӣ.

Зернизоми ниҳодӣ муштамили ниҳодҳои сиёсиест, ки ба онҳо пеш аз ҳама шаклҳои идоракунии сиёсӣ (республика, монархия), режимҳои сиёсӣ (демократӣ, тоталитарӣ, авторитарӣ), мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва додситонӣ, аҳзобу неҳзатҳои сиёсӣ, созмонҳои сершумори ҷамъиятӣ, низоми интихоботӣ ва ғ. дохил мешаванд. Ба ин зернизом дар низоми сиёсӣ нақши калидӣ мутлааллиқ аст, он ба андозаи бештар аҳдоф ва самтҳои амалкарди тамоми низомро муайян месозад.

Зернизоми танзимгарӣ бо такя ба меъерҳои сиёсӣ-ҳуқуқии дар ҷомеа қабулшуда ва дар сарқонуни кишвр ва дигар асноди қонунгузорӣ мунъакисгашта ташаккулёбию фаъолияти ниҳодҳои сиёсӣ ва амалкарди низоми сиёсиро ба танзим медарорад.

Зернизоми иртиботӣ аз маҷмӯи муносибатҳое иборат аст, ки дар раванди амалкарди низоми сиёсии ҷомеа арзи вуҷуд мекунанд. Ин пеш аз ҳама муносибатҳо дар хусуси идоракунии ҷомеа мебошанд. чун қоида, ин муносибатҳо характери расмӣ, яъне бар меъерҳои мавҷудаи ҳуқуқӣ асосёфта доранд. Аммо ҳамрадиф бо онҳо дар низоми сиёсӣ баъзан муносибатҳои ғайрирасмӣ низ пайдо шудаю рушд мекунанд, ки дар меъёрҳои мавҷудаи ҳуқуқӣ таҳким наёфтаанд.

Зернизоми сиёсӣ- идеологӣ шомили консепсияҳои сиёсӣ, ақоиду назарияҳои сиёсиест, ки дар муайянкунии аҳдофи сиёсӣ ва роҳҳои дастёбӣ ба оҳо нақши шомил мегузоранд.

Низоми сиёсии ҷомеа чун дилхоҳ низоме дар асосии қонунҳои объективии худӣ рушд мекунад. Амали қонунҳои рушди ҷамъиятӣ амалан дар намуди сирф холис буда наметавонад, он дар амалигардонии худ як тору пуди мураккаби амалиёти иқтисодҷтимоӣ, маънавӣ ва ғ. мебошад. Аз ин рӯ қонунҳои ҷомеа фақат чун қонунҳо-тамоюлҳо, қонуниятҳои муайян татбиқ карда мешаванд.

Дар низоми сиёсии ҷомеа метавон ду гурӯҳи қонуниятҳоро ҷудо карда якум-қонунятҳо дар пайдоиш ва рушди ҳокимияти сиёсӣ. Онҳо асосан ба муносибатҳои тарафайни шахсият ва ҳокимият дахл доранд. Дар ин гурӯҳ чунин қонуниятҳоро метавон ҷудо намуд: а) муносибатҳо дар низоми ҳокимияти сиёсӣ тамоми дигар муносибатҳоро дар низоми сиёсии ҷомеа муайян мекунанд. б) дилхоҳ ҳокимияти сиёсӣ (табиати иҷтимоии он чӣ гунае ки набошад) ба тавсеаи ваколатҳои худ ва истиқрори назорати куллию фарогир аз болои ҷомеи тамоюл дорад. Бо Пайдоиши ҷомеаҳои демократӣ тамаддуни инсонӣ дар роҳи чунин қонуният ба истилоҳ «боздоштҳо» ва «порасангҳо»-ро кор карда баромад. Ба онҳо низоми тақсимоти ҳокимиятҳо, инчунин ташаккули низоми созмон ва муносибатҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ мансубанд; в) ҳокимияти сиёсӣ ҳамеша ва дар ҳама ҷо мухолифини сиёсӣ дорад; г). режими тоталитарӣ Тақсимоти ҳокимиятҳо, бисёрҳизбӣ, озодии шахсиятро истисно мекунад. Баръакс, низоми демократии сиёсӣ кафолатҳои ҳуқуқ ва озодиҳои шахсиятро дар назар дорад. Низоми авторитарӣ ин ҳадди баландтарини мутамарказ гардидани ҳокимият бо мақсадҳои дарёфти эътидол дар ҷомеа аст, дар ин маврид озодии нисбӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ ва маданӣ ба мушоҳида мерасад.

Гурӯҳи дуюми қонуниятҳоро қонуниятҳои иқтисодӣ-сиёсӣ ташкил медиҳанд. Онҳо баҳамтаъсири низомҳои ҷамъияти иқтисодӣ ва сиёсиро инъикос мекунанд. Масалан, қонунияте ошкору бармалост, ки иртиботи мутақобилаи мустақими байни дараҷаи рушди низоми иқтисодӣ ва рушди демократияро дар ин ё он кишвар инъикос менамояд.

Дигар қонуният дар ин гурӯҳ дар даҳсолаҳои охир тамоюл ба афзудани таъсири воситаҳои сиёсӣ ба рушди соҳаи иқтисодии ҷомеа аст. Масалан, бо воситаҳои сиёсати иқтисодии маъмурияти Р.Рейган ҳалли масойили қаблан иҷронопазири коҳиши яквақтаю якбораи суръати таварун (инфляция), паст кардани дараҷаи бекорӣ ва дар зимни ин ба даст овардани афзоши буҷаи давлатӣ муяссар гардад. Ҷомеаи муосир низ қобиляти густардаи бо воситаҳои иқтисодӣ муваффақона танзим кардани равандҳои калиди сиёсиро соҳиб гашт.

Чуноне таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ҳар яке аз зернизомҳо дар сохтори сиёсати иқтисодӣ метавонад воситаи муқтадири таъсиррасонӣ ба низоми иқтисодӣ ва умуман ба ҳаёти ҷамъиятӣ бигардад. Дар ин бобат нақши сиёсати буҷавӣ – молиявӣ, пӯлӣ – қарзӣ ва андозро аз будани бештар арзёбӣ кардан имконнпазир аст. Иқтисоддоти маъруфи олмонӣ Ф. Ноймарк дар асараш « Назария ва амалияи ташаккули буҷа» панҷ вазифаро иҷро мекунад: 1) Молиявӣ – сиёсӣ. 2) сиёсӣ. 3) хуқуқӣ. 4) молиявӣ –назоратӣ. 5) иқтисодӣ – сиёсӣ.

Дар ин маврид Ноймарк вазифаи сиёсии буҷаро махсусан муҳим арзёбӣ мекунад, зеро тавассути он давлат дар пиёдакунии сиёсати иқтисодӣ метавонад бисёр муноқишаҳои иҷтимоӣ – синфиро фурӯ нишонад, ба дарёфти созишҳо ва эътидоми сиёсӣ мусоидат намояд.

Иқтисоддоти итолиявӣ Э. Морселлӣ муаллифи консепсияи сиёсии молияҳост. ӯ моҳияти молияро аз назарияи умумии давлат хулоса карда бароварда исбот менамояд. ки қонунҳои молиявӣ, ба туфайли он, ки ба маҳакҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ такя мезананд, метавонанд дар ҷомеа нақши ҳалкунанда бибозанд.

Нақши сиёсати молиявӣ, қарзӣ ва андоз фақат аз танзими рушди иқтисодии давлат иборат нест. Имконияти онҳо хеле густурдатаранд. Масалан, таҷрибаи ҷахонӣ оид ба имкониятҳои ҳокимияти сиёсӣ бо ёрии сиёсати андоз иваз кардани таносуби шаклҳои мухталифи моликият дар кишвар бе инкилобҳо аз ин шаҳодат медиҳад. Дар ин бора таҷрибаи ИМА гувоҳ аст, ки двар ин ҷо дар ҳоли ҳозира амалан дар моликияти ашхоси ҷудогона муассиса (фирма) – ҳои бузург намондаанд. Хамаи онҳо дар гузаштаи на он қадар дур ба шакли саҳҳомии моликият табдил пазируфтанд. Ин баъди он ҳолате рух дод, ки андоз ба даромади ашхоси воқеӣ нисбат ба андоз ба фоидаи ширкатҳо, яъне ҷамоатҳои саҳҳомӣ хеле баландтар рафт.

Сохторҳои ҳокимияти сиесати иқтисодиро бо ду роҳ пиёда мекунанд.

Ин таъсиргузорӣ ба равандҳои дар соҳаи иқтисодӣ рухдиҳанда тавассути воситаҳои қонунгузорӣ, ба танзим даровардани иқтисодиёт аз ҷониби худи таркибаҳои он( молия, қарз, андоз ва ғ) аст. Чунин қоғазпечи кифоятҳои тавоноӣ васоит ба давлат имкон медиҳад:

— таноззулоти амиқи буҳрониро дар баъзе давраҳо пешгири кардан ва болоравиро дар дигар давраҳо таъмин созад;

— равандҳои муҳими иқтисодиро назорат кунад, ки ҳар яки онҳо дар ҳолати акс метавонад ба нерӯи ташаннуҷбарангез ва ҳатто харобиовар (афзоиши таварун( инфлятсия), бекорӣ, камчинии буҷавӣ) табдил пазирад;

— боиси рушди соҳаҳои нави иқтисодиёт шавад, бозсозии сохторӣ гузаронад, ба афзоиши вазни хоси бизнеси хурду миёна дар иқтисодиёт ва зимнан ба афзоиши сифати, ба истилоҳ «синфи миёна» мусоидат намояд.

Низоми сиёсӣ дар ҷомеа кадом вазоифро иҷро мекунад? Вазифаи асосии низоми сиёсии ҷомеа идоракунии ҷомеа (вазифаи роҳбарии сиёсии давлат аст. Он дар муайянкунии аҳдофи стротежӣ ва дурнамоҳои рушди ҷамъиятӣ, дар коркарду татбиқт роҳи пешгирифтаи сиёсӣ зоҳир мегардад.

Роҳбарияти сиёсӣ барои татбиқи аҳдофу масоили муҳими рушди ҷамъиятӣ тамоми аносири низоми сиёсиро сафарбар мекунад. Ин вазифаро баъдан вазифаи мақсадгузорӣ гӯянд.

Вазифаи баҳамоварӣ (интегративӣ) ҳадафи муттаҳидсозии ҷомеа сохти ҷамъиятӣ сиёсӣ, расидан ба эътидоли ҳаракатманд умуман ва дар низомҳои ташкилдиҳандаи онро ба думбол дорад.

Вазифаи танзимгарии низоми сиёсӣ ба мураттабгардонию батанзимоварии рафтори сиёсӣ ва муносибатҳои сиёсӣ дар давлат нигаронида шудааст. Он бо коркарду асоснок кардани намунаҳои рафтори қобили қабули ҷамъияти одамон алоқаманд аст.

Нисбати мақоми субъктҳои сиёсии дар ҷомеа амалкунанда андешаҳои гуногун вуҷуд дорад, вале ба андешаи бештари муҳаққиқон субъекти фаъоле, ки амалишавии идоракунии равандҳои ҷамъиятиро ба амал мебарорад, ин давлат мебошад. Бинобар ҳамин ҳам он ҳамчун ниҳоди асосии сиёсӣ ба шумор меравад. Нисбати пайдошавии давлат ва нақши он дар адабиёти илмҳои ҷомеашиносӣ таълимотҳо ва назарияҳои гуногун ба вуҷуд омадаанд. Дар ташкили тосинфии ҷомеа сиёсат ҳамчун санъати идоракунии муносибату фаъолияти одамон аз хусусияти иҷтимоию гурӯҳӣ ва синфӣ бархурдор набуд ва тадриҷан вобаста ба афзоиши тақсими кор, зуҳуру дарки гуногунии манфиатҳо иродаи танзимкунандаи муносибатҳои иҷтимоии одамон дар шакли давлат намудор гашт. Дар он таркиби муайян иборат аз дастгоҳи махсуси идоракунии ҳокимияти оммавӣ пайдо шуд, ки дар навбати худ эҳтиёҷ ба ташкили артиш, полис, додгоҳҳо ва дигар муассисоти татбиқкунандаи иродаи маҷбуркунию ҷазодиҳиро доштанд, ба миён омад. Дар давлатҳои ташкилнамудаи мардуми эронитабор муассисоти динӣ ҳам ба сохтори давлат дохил мешуданд ва онҳо ба татбиқшавии сиёсати ҳукуматҳо таъсири фаъол мерасониданд. Дар мамлакатҳои аврупойӣ низ вазъият чунин буд ва танҳо аз замони нав инҷониб кӯшиши ҷудо намудани сарҳадоти масъулияти давлат ва дин ба миён омад, ки раванди секуларизм унвон гирифт.

Ба аломатҳои аслии давлат ба ҷӯзъ аз таркиби зикршуда инчунин ҳудуд, аҳолӣ, мустақилият дохил мешаванд. Давлат на ҳамеша вуҷуд дошт ва пайдошавии он натиҷаи тараққиёти таърихии ҷамъият ва мураккаб шудани тақсими кор мебошад. Вобаста ба пайдошавии давлат таълимотҳои зерин мавҷуд аст: назарияи теократӣ, ки давлатро маҳсули хиради офаридгор меҳисобад; назарияи патриархалӣ давлатро ҳамчун оила тасаввур намуда, муносибати шоҳ ва раиятро ҳамчун шакли зоҳиршавии муносибату падару фарзандон шарҳ медиҳад; назарияи шартномавӣ, ки он давлатро маҳсули шартномаи ҷамъиятии байни аъзоёни ҷомеа ба хотири эмин нигоҳ доштани ҳуқуқҳои табииашон, озодиҳояшон, ҳифзи шахсияту амволашон баста шудааст, шарҳ медиҳад; назарияи марксистӣ, ки он пайдошавии давлатро натиҷаи тадриҷан аз ҳам ҷудо шудани хелҳои гуногуни меҳнат, пайдо шудани моликияти хусусӣ ва дар ҳамин замина ба гурӯҳу синфҳои мухталиф ҷудо шудани ҷомеа меҳисобад.

Давлат дар ҷомеа вазифаҳои махсуси ба воҳиди сиёсӣ хосро иҷро менамояд. Ин вазифаҳоро аслан иборат аз вазифаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, ҳуқуқию маданӣ, сиёсию тарбиявӣ, таъмини якпорчагии мамлакат, ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо давлатҳои дигар ва ғайра мебошанд. Бо мурури мураккаб шудани раванди идоракунии давлат ва кӯшиши аз иродаи мутлақи шахсӣ алоҳида озод намудани раванди татбиқи ҳокимияти сиёсӣ, то ин ки он манфиати на танҳо як гурӯҳ, балки умумиро низ ифода намояд, зарурияти тақсими ҳокимияти давлатӣ ба зинаҳои иҷроия, қонунбарор ва судӣ ба миён омад. Тартиб ва асосноккунии ин зарурият марбут ба таълимоти Локк ва Мотескё мебошад. Дар заминаи чунин табақабандии ҳокимияти давлатӣ давлат на танҳо хусусияти таҷассумкунандаи манфиати гурӯҳ ё синфи алоҳидаро касб мекунад, балки он ҳамчун ифодакунанда ва ҳамоҳангсозандаи манфиатиҳои кули аъзоёни ҷомеа баромад намуда, барои дастрасияшон ба захираҳои инкишофи ҷомеа шароит фароҳам меорад. Ҷомеа низ дар ин маврид заминаи назорат аз дараҷаи судмандии фаъолияти давлатро дар доираи таҳкими ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ пайдо менамояд.

Дар адабиёти улуми иҷтимоӣ тафсирҳои мухталифи мундаричаи мафҳуми «чомеаи шаҳрвандӣ» мавҷуд аст. Дар ин чо ду шакли баррасии мундаричаи мафҳуми чомеаи шаҳрвандиро ёдовар шудан зарур аст, ки вобаста ба онҳо дар чомеашиносии муосир консепсия, назарияҳои мухталифи «чомеаи шаҳрвандӣ» ба миён омадааст. Ин таърифҳо аз «чомеаи шаҳрвандӣ» аксаран чунин баён мешаванд:

-Чомеаи шаҳрвандӣ ин мачмуи муносибатҳои байнишахсӣ ва сохторҳои оилавӣ, ичтимоӣ, иктисодӣ ва фарҳангиест, ки дар чомеа берун аз дахолати давлат инкишоф меёбанд:

-Чомеаи шаҳрвандӣ умдатан дар шакли фазои ичтимоӣ, иктисодӣ ва фарҳангие зоҳир мешавад, ки тавассути он афрод дар чараёни дарки манфиатхояшон бо ҳамдигар бо муносибатҳои чудогона ворид мешаванд.

Чуноне, ки пайхас кардед дар ҳарду маврид ҳам мафҳуми «чомеаи шаҳрванди» асосан дар мукоиса бо мафҳуми давлат истифода мешавад, ҳарчанд дар таърифи дуюм таъкид шудааст, ки он чанбаҳои гуногуни ҳаёти чомеаро инъикос менамояд. Яъне агар чомеаи шаҳрвандӣ фазои муносибатҳои гайрирегламентатсияшудаи афрод бошад, пас давлат баръакс фазои муносибатҳои пурра танзимшудаи сиёсии субъектҳои муташаккил (сохторхои давлатӣ, макомоти маъмурӣ, гуруҳҳои сиёсӣ ва гайра) мебошад.

Вобаста ба таърифоти зикршуда чомеаи шаҳрвандӣ маҳсули инкишофи давраи сармоядории чомеа аст. Зеро танҳо дар ин давра инсон имконияти ба роҳ мондани фаъолияташро дар чаҳорчубаи конунҳои юридикии расман эътирофшуда пайдо карда, вобаста ба масолии гуногуни ҳаёти чомеа мустакилона ё дар доираи ахзобу ташкилотҳои гуногун мавкеи худро муайян мекардагӣ шуд. Яъне ин зинаи инкишофи чомеаи инсон дар баробари мавчудияти сохторҳои расмӣ, инчунин зарурати мавчудияти ниҳодҳои гайрирасмиро барои пуштибонию мусоидат аз амалишавии манфиати мардум ба миён гузошт. Хамчунин дар асоси риояи конунхои дар чомеа кабулшуда ба таъмини фаъолияти мустакилонаю озоди онхо аз чониби давлат кафолат дода шуд. Ташкилотхои гайрирасмӣ дар баробари сохторхои давлатӣ дар ташаккули афкори умум рох ёфта, онро назди хокимияти сиёси муаррифи менамуданд. Чунин чомеа ба он хотир хам «чомеаи шахрвандӣ» муаррифӣ мешуд, ки дар он кулли шахрвандони давлат имконияти аз худ нишон додани ибтикори сиёсӣ, иктисодӣ, фархангӣ пайдо намуда, метавонистанд муносибати худро ба хокимияти сиёсӣ озодона муайян созанд ва алайхи конунхои гайриодилонаи алохидаи давлат эътироз баён намоянд. Аҳёнан дар натичаи ин эътирозхо сохторхои расмӣ моили мавриди тачдиди назар карор додани карорхои кабулнамудаи худ мешаванд.

Аз ин ру, харчанд мавчудияти чомеаи шаҳрвандиро дар доираи режими алоҳидаи сиёсӣ маҳдуд намудан мукин нест, вале танҳо дар шароити режими демократӣ пешрафти он вусъати бештаре пайдо мекунад. Зеро дар шароити режимхои хусусияти истибдодӣ дошта оиди ташаккули чомеаи шахрвандӣ, новобаста аз мавчудияти баъзе сохторхои гайрирасмӣ, сухан гуфтан мухол аст, зеро дар ин сохторхо мартабаи алокахои шахсию табиӣ нисбати алокахои ичтимоӣ бартарияти назаррас доранд. Одатан чунин бартарият доираи эътимоди афроду гуруххои ичтимоиро нисбати хамдигар махдуд месозанд. Дар чомеаи шахрвандӣ доираи эътимоди афрод нисбати якдигар аз марзи махаллу хешу таборӣ фаротар рафта, замонати оромии чомеаро руи вахдати ичтимоӣ карор дода, одамонро барои шинохту хифзи мафиаташон ба фаъолияти дастчаъомна сафар мекунад. Аммо казовати фавкуззикр маънои онро надорад, ки дар режимхои истибдодӣ танхо давлат фарогири кулли сохти хаёти чамъиятӣ бошад. Шаклхои дигари алохидаи тачаммуъи ичтимоии афрод дар шароити ин режимхо низ мустакиляти муайяне аз давлат доштанд, вале пешгузории хадафи таъсиррасонӣ ба қабули қарорхои ташкилотхои давлатӣ барояшон бегона аст. Ба ин гуруххои хирфавӣ, хешутаборӣ ва гайраро метавон хамрох кард.

Хамин тавр, баррасии мохияти чомеаи шахрвандӣ дар чомеашиносӣ мучиби ба миён омадани назариёти чудогонае гашт, ки дар заминаи онхо ду равиши асосии шархдихӣ аз мундаричаи чомеаи шахрвандӣ пайдо шуд:

  • Ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамчун низоми махсуси муносибати одамон, ки дар руёруи муносибатҳои расмии сиёсӣ қарор доранд:

2) ҷомеаи шаҳрвандӣ чунин шакли мадании ташкили сохтори демократию бозоргонию ҳаёти ҷомеа аст, ки тавассути он одамон дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодияшон мустақилияти муайян ба даст меоваранд.

Навобаста аз фарқиятхои ҷӯзъӣ дар ҳарду маврид таъкид ба он мешавад, ки давлат дар ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷузъи зарурии ҳаёти иҷтимоии аъзоёни ҷомеа буда, барои ташаккули муносибати (иқтисодӣ, сиёсӣ, фархангӣ) муайяни онҳо хизмат менамояд. Чомеаи шаҳрвандӣ пеш аз ҳама ҳамчун фазои ҳамкории озоди иктисодию иҷтимоии шаҳрвандони баробарҳуқуқ ба ихтиёри давлат вазифаи танзимии қонунии рафтори одамонро дар ин соҳаҳо вогузор месозад. Давлат дар навбати худ тавассути фишангҳои қонунии ҳокимияти сиёсӣ барои инкишофи на танҳо ҷомеа, балки амалишавии кушиши ҳар як шахс шароит фароҳам меорад. Яъне давлат ҳамеша қудрати ба танзимдарории сиёсии иқтисодиёт, фарҳанг ва гайраро дорад. Вобаста ба арҷгузориашон ба ин аломатҳо дар чомеашиносӣ назарияҳои гуногуни ҷомеаи шаҳрвандӣ ба миён омада аст.

Шарҳи либералии ҷомеаи шаҳрвандӣ марбут ба таълимотҳои Т. Гоббс ва Ч. Локк аст. Мафҳуми ҷомеаи шаҳрвандии аз ҷониби эшон барои тавсифи инкишофи таърихии чомеаи инсонӣ, гузариши инсон аз ҳолати табиӣ ба зинаи тамаддунии зист истифода шуда буд. Алайҳи ҳолати табиӣ, тодавлатии чомеа ҳолати тамаддунӣ, ки муносибати шаҳрвандию тартиботро таҷассум мекунад, ру ба ру гузошта мешавад. Хамин тавр Т. Гоббс расидан ба чунин зинаро аз имконияти мавчудияти давлат берун меорад. Асосгузорони шарҳи либералии ҷомеаи шаҳрвандӣ барои тавсиаи он риояи чунин омилҳоро ҳатмӣ меҳисобанд:

— бори аввал макоми шахсро валотар аз давлат гузошта, озодии фард, замонати мухторияти сиёсии уро аз доштани моликияти хусусӣ иборат медонистанд;

— Озодиро ҳамчун ҳолати эмин будан аз дахолати берун, пеш аз ҳама давлат, медонистанд;

— Чунин меҳисобиданд, ки одамон ҳамчун мавҷудоти оқил байни ҳамдигар шартнома мебанданду ҷомеаи шаҳрвандиро бунёд мекунанд. Дар натича он кафили эҷоди як зумра сохторхои эминнигоҳдорӣ миёни фард ва давлат мешавад.

Консепсияи дигари позитивию либералӣ дар дарки ҷомеаи шаҳрвандӣ мутааллиқ ба Г.В.Гегел аст. Тибқи он

— ҷомеаи шаҳрвандӣ маҷмуи афродест, ки тавассути меҳнат талаботҳои ҳамарузаи худро таъмин месозанд;

— асоси ҷомеаи шаҳрвандиро моликияти шахсӣ ташкил медихад;

— неруи ҳаракатдиҳандаи таърихӣ на ҷомеаи шаҳрвандӣ, балки давлат аст, ки одамонро аз тасодуфҳо эмин нигоҳ медорад, адолатро таъмин месозад ва манфиатҳои умумиро амали месозад;

— ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шахс таҳти химояту итоати давлат карор доранд, зеро маҳз он афроди алоҳидаро дар доираи умумияти органикӣ муттаҳид сохта, зиндагияшонро маъно медиҳад.

Чунин қазовати Гегелро аз муҳтавои ҷомеаи шахрвандӣ оиди аввалияти давлат дар баробари ҷомеаи шаҳрвандӣ таълимоти марксистӣ дар шакли дигар ҷилвагарӣ намуд. Тибқи он ҷомеаи шаҳрвандӣ бунёди кулли чомеа буда, фаъолияти афрод омили ҳалкунандаи инкишофи таърихӣ аст. Зеро таҳаввули ҷомеа натичаи таҳаввули шароити зиндагии моддии аъзоёни он аст. Чомеаи шаҳрвандӣ дар ин тафсир ҳамчун маҷмуи муносиботи моддии афрод зуҳур мекунад. Гусастагии миёни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлат дар натиҷаи эъмори ҷомеаи шакли нав – коммунистӣ – бидуни давлат, ки дар он инкишофи озоди ҳар фард шарти инкишофи кулли ҷомеа аст, пушти сар мешавад.

Дар ҷомеашиносии муосир барои такмили муҳтавои назарияҳои мавчудаи тафсири ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ба воқеият наздик намудани рукнҳои он солҳои охир равияҳои дигар низ ба миён омаданд. Яке аз чунин назарияхо марбут ба анъанаи сотсиалдемократӣ аст, ки он аслан руи эътирофи бартарияти муносибатҳои сиёсӣ ҳамчун маҳаки эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ карор дорад. Тавассути муносибати ҳокимиятӣ сиёсат ҳаёти ҷомеаро фарогир мешавад ва ҷеҳраи чомеаи шаҳрвандиро ташаккул дода, барои оромии он сахм мегирад. Дар ин маврид давлат бояд дар таъмини мавҷудияти ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намояд, то ин ки таъмини роҳбарии демократии онхоро дошта бошад ва ягон бахши ҷомеаи шаҳрвандӣ ба нируи дарҳамшикананда табдил наёбад, бозор ҷомеаро таҳти итоати худ надарорад. Батанзимдарории давлатии иқтисодиёт, иҷтимоиё

570
Нет комментариев. Ваш будет первым!