Назарияи ҷомеаи постиндустриалӣ ва информатсионӣ
Дар нимаи дуюми асри ХХ вобаста ба тағиротҳои технологии дар кишварҳои пешрафта ба амаломада диду назарҳои нав оид ба табақабандии ҷомеаҳо пайдо шуд. Мақсади асосии чунин табақабандиҳо аслан аз муайян кардани хусусиятҳои фарқкунандаи ҷомеаҳои аз ҷиҳати технологӣ пешрафта аз соири ҷомеаҳои дар зинаҳои индустриалӣ, аграрӣ ва ибтидоии инкишоф қарордошта иборат буд. Ҷомеашиносони дар ин самт фаъолиятдошта акнун дар фарқият аз назарияи форматсионӣ на тарзи истеҳсоли воситаҳои моддӣ, балки зинаи рушди технологиро меъёри табақабандии ҷомеаҳо интихоб намуданд. Вобаста ба ин табақабандии ҷомеаҳо чунин сурат гирифт: ҷомеаи ибтидоии истеъмолкунанда, аграрӣ, индустриалӣ ва постиндустриалӣ ё пасосаноатӣ. Дар заминаи таълимотҳои баъзе мутафаккирон номгузории зинаи охир ҳарчанд аввалан дар шаклҳои гуногун пешниҳод шуда буд (Тоффлер «ҷамъияти фароиндустриалӣ», Бжезинский «технотронӣ», Масудӣ «Хабарбунёд (Информатсионӣ)»), вале баъдан батадриҷ унвони аз ҷониби Даниел Белл пешниҳодшуда, яъне «ҷомеаи пасосаноатӣ», маъруфият пайдо карда, дар доираҳои илмӣ қабул гашт.
Гузариш аз зинаҳои аввала ба дараҷаҳои баъдӣ тавассути таҳаввулотҳои куллии технологӣ(амвоҷҳо) дар истеҳсолоти ҷамъиятӣ сурат мегирад. Ба ақидаи Тоффлер инсоният то имрӯз ду навъи чунин амвоҷро пушти сар карда (тамаддуни аграрӣ ва саноатӣ), алҳол ба остонаи зинаи сеюм (тамаддуни пасосаноатӣ) қадам мегузорад. Ҳар кадоме аз ин зинаҳо ба шакли муайяни муносибатҳои иҷтимоӣ, ҳамбастагии одамон алоқамандӣ доранд. Агар дар ҷомеаи тосаноатӣ меҳвари муносиботи одамон аз ҳамбастагии онҳо бо табиат ва дар ҷомеаи саноатӣ ҳамбастагии инсон бо табиати дуюм маншаъ гирад, пас дар ҷомеаи пасосаноатӣ ин ба сурати ҳамбастагии инсон бо инсон ё бозии байни онҳо зоҳир мешавад. Ҳеҷ кадоме аз ин ҷомеаҳо ба сурати инкори маҳз ҷойгузини ҳамдигар намешаванд; ҷомеаи пасосаноатӣ дар худ ҷузъҳои таркибиву равандҳои хоси ҷомеаи саноатӣ ва ҷомеаи саноатӣ бошад ҷузъҳои таркибиву равандҳои хоси ҷомеаи аграриро ба ворисият мегиранд. Ҷузъҳои таркибиву равандҳои аз зинаи саноатии инкишоф ба ворисият гирифташуда дар ҷомеаи пасосаноатӣ мақому манзалати аввалаи худро тағйир медиҳанд ва нақши ҳалкунандаро истеҳсол ва фурӯши иттилоот ҳамчун соҳаи нави хизматрасонӣ мегирад. Ин соҳаи афзалиятноки ҷомеаи пасосаноатӣ ба соҳаҳои хусусияти саноативу кишоварзӣ дошта низ босуръат роҳ ёфта, боиси афзоши маҳсулнокии меҳнат дар онҳо мегардад. Бинобар ҳамин ҳам дар ин соҳаҳои анъанавии истеҳсолот низ аксари кормандон акнун на ба меҳнати ҷисмонӣ, балки ба истеҳсоли донишу иттилоот ва татбиқи онҳо машғуланд. Бо ин шумораи нафарони дар соҳаи нави истеҳсолот, яъне донишу иттилоот машғулбуда, дар ҷомеаи пасосаноатӣ тамоюли рӯ ба афзоиш дорад: «Соли 1970 дар ИМА 65% қувваи корӣ дар соҳаи хизматрасонӣ, қариб 30 – дар саноату сохтмон ва камтар аз 5% дар хоҷагии қишлоқ машғули кор буданд»(тибқи маълумотҳои солҳои 80-ум ин рақамҳо мутаносибан чунинанд саноат-18%, аграрӣ-2%, хизматрасонӣ-80%). Дар ҳамин мақола Д.Белл се ҷанбаи муҳими ҷомеаи постиндустриалиро барои дарки тағйиротҳои дар нимаи дуюми асри ХХ ба амаломада тазаккур медиҳад: 1) гузариш аз афзалияти истеҳсолоти саноатӣ ба соҳаи хизматрасонӣ, ба маънои густариши талабот ба иттилооту дониш ва истеҳсоли он; 2) ҷаҳиши ҳалкунандаи дониши назариявии сабтшуда(кодификатсияшуда) барои навовариҳои технологӣ; 3) табдили «технологияи интеллектуалии» нав ба сифати олоти калидии таҳлили системавӣ ва назариявии қабули қарор.
Ба ақидаи Белл ҳар як ҷомеа вобаста ба дараҷаи инкишофаш ба ягон шакли иттилооту дониш такя менамояд, ки тавассути онҳо байни аъзоёни ҷомеа муоширату табодули моддию маънавӣ сурат мегирад. Ҳар кадоме аз ин навъи иттилооту донишҳо мутаносибан ба ташаккулу пешрафти шаклҳои мувофиқи инфраструктураи хос замина мегузоштанд. Масалан дар ҷомеаи саноатӣ паҳнсозии иттилооту дониш дар шакли чопӣ вусъат пайдо кард ва ин дар навбати худ саноати чопиро тавсеа дод. Вале дар нимаи дуюми асри ХХ омезиши илм ва муҳандисӣ ба амал омада, моҳияти технологияро тағйир дод. Бинобар ҳамин дар ин зина нақши донишгоҳҳо, марказҳои илмӣ боло рафта, инфраструктураи интиқолдиҳандаи донишу иттилоот дар шакли технологияи компютерӣ густариш пайдо кард. Истеҳсоли саноатии насли аввали компютерҳо ба соли 1946 ва 2-юмаш ба соли 1960 дар Амрико рост меояд. Наслҳои сеюму чоруми компютерҳо, ки асосашонро схемаҳои интегралии дар пластинкаҳои хурдҳаҷми нимноқилӣ сабтшуда ташкил медод ва дар як сония чандсад миллион амалиётро иҷро менамуданд, байни солҳои 1963-1980 истеҳсоли саноатии худро диданд. Баъдан компютерҳои шахсию суперкомпютерҳое пайдо шуданд, ки то миллиардҳо амалиётро дар як сония анҷом медиҳанд ва ин баробари дар як сония мутолиа кардани чандин ҷилди қомусҳо аст. Барои дарк ва тасаввури суръати афзоиши истеҳсоли саноатии компютерҳо ва нақши даромад аз технологияи иттилоотӣ дар таркиби маҷмӯи маҳсулоти дохилии Амрико таваҷҷӯҳ ба рақамҳои зерин аз фоида холӣ нест. То соли 1960 дар олам 7 ҳазор компютер истифода мешуд. Гардиши таърихӣ дар истеҳсоли саноатии он соли 1993 ба амал омада, адади компютерҳои истеҳсолшуда аз шумораи автомобилҳо зиёд шуда, ба 35,4 млн. расид. Пас аз як сол он 27% афзоиш ёфта ба 48 млн. ва соли 1997 боз 25% баланд гашта ба 60млн. адад наздик шуд. Имрӯзҳо дар баъзе кишварҳо компютерҳо аз телевизиор дида бештар истеҳсол ва фурӯхта мешавад. Солҳои охир тақрибан 30% маҷмӯи маҳсулоти дохилии Амрико аз истеҳсолу фурӯши технологияи иттилоотӣ ба даст меояд ва ин миқдор рӯ ба афзоиш аст.
Ҳарчанд дар ҷомеаҳои аграрию саноатӣ ҳам соҳаи хизматрасонӣ амал мекард, вале моҳияти он дар ҷомеаи пасосаноатӣ дигаргун гашт. Агар дар ҷомеаи аграрӣ соҳаи хизматрасонӣ дар алоқаи зич бо густариши савдо, корвонсаройҳо, меҳнати кироя, дар ҷомеа саноатӣ алоқаманд ба соҳаҳои ғизою ҳурокворӣ, нақлиёт, молия ва ғайра вусъат дошт, пас дар ҷомеаи пасосаноатӣ манзараи соҳаи хизматрасонӣ куллан тағйир ёфт. Дар ҷомеаи пасосаноатӣ шаклҳои нави хизматрасонӣ алоқаманд ба истеҳсолу интиқоли донишҳо ба соҳаҳои дигар, дар амалия татбиқнамоии онҳо, афзудани мартабаи хизмати маслиҳатии мутахасисону коршиносон дар қабули ҳамагуна қарорҳо, ҷалби коршиносон дар таҳқиқу таҳияи стратегияи пешрафти соҳаҳои гуногуни истеҳсолот, коркарду пешниҳоди компютерии маълумоту маслиҳатҳои коршиносӣ ва ғайра ба вуҷуд омаданд. Ин шаклҳои нави хизматрасонӣ дар навбати худ ниҳодҳои нави иҷтимоиро дар шакли компанияҳои консалтингӣ, пойгоҳҳои иттилоотию маслиҳатдиҳии коршиносӣ, марказҳои таҳқиқотию илмӣ ва ғайраро ташаккул доданд. Ин соҳаҳо инфраструктураи истеҳсоли интиқолдиҳандаи ахборотии худ -компютерро низ рушд доданд. Зуҳури компютерҳо имконият дод, ки инсон моделҳои батафсил шарҳу баст шудаи рушду идоракунии соҳахои мухталифи ҳаёти ҷомеаро эҷод намояд. Ин низому моделҳо барои барқарории худ пайваста ба вуруди иттилооти ҷадид эҳтиёҷ доранд ва дар сурати ба таъхир гузоштани қонеъсозии ин талабот халалдоршавии як ҷузъи чунин модел метавонад риски фалаҷшавии кули низомро ба дунбол дошта бошад. Падидаҳои марбут ба буҳрони молиявии солҳои охир метавонад мисоли ин гуна халалдоршавиҳо бошад. Аз ин рӯ ҷомеаи пасосаноатӣ барои нигоҳдории инкишофи босуботи ин моделҳо пайваста эҳтиёҷ ба истеҳсолу пешниҳоди иттилооту донишҳои ҷадидро ҳис мекунад.
Нақши марказии дониши назариявӣ дар ҷомеаи пасосаноатӣ, ба андешаи Д.Белл, мақоми олимро низ чун симои марказии чунин ҷомеа муайян мекунад. «Он тавре ки ширкатҳо дар садсолаҳои ахир ба туфайли нақшашон дар ташкили истеҳсолоти оммавии молҳо ниҳоди калидӣ буданд, донишгоҳ ва дигар шаклҳои ниҳодигардонидашудаи дониш дар садсолаҳои баъдӣ ба шарофати нақши манбаи навовариҳо ва донишҳоро доштанашон ниҳодҳои марказӣ мегарданд»- пешгӯӣ мекунад ҷомеашиноси амрикоӣ. Дар ҷомеаи пасосаноатӣ нақши умдаро дар таъмини рушди иқтисодиёт пажӯҳишҳо ва коркардҳои илмии аз тарафи ҳукумат ва ширкатҳои алоҳида дастгириёбанда ва фармоишшаванда мебозанд. Бинобар ҳамин ҳам муносибати эҳтиёткорона ба истеъдодҳо ва густариши ниҳодҳои маълумотӣ ва зеҳнӣ (интелектуалӣ) пайваста мадди назар қарор доранд. Барои ҷомеаи пасосаноатӣ зубдаи (элитаи) ҷадиде хос аст, ки ба касби тахассуси тавассути таҳсилот ба даст овардашуда асос ёфтааст, на ин ки бар соҳибият бар моликияте, ки меросист ё аз ҳисоби қобилиятҳои соҳибкории хариду фурӯшӣ ба даст омадааст ва инчунин, на бар мавқеи сиёсӣ, ки дар мавриди ҷонибдорию узвият ба аҳзобу гурӯҳҳои ба ҳукумат наздик муяссар мегардад.
Пайванди илм, техника ва иқтисодиёт дар хориқаи пажуҳишҳои илмию тадқиқотӣ ифода меёбад, ки ба андешаи Д.Белл, бояд дар ҷомеаи ба оянда тамоюл дошта нақши нисбатан муҳим бибозад. Тамоюл ба оянда- боз як хусусяти дигари ҷомеаи пасосаноатӣ- назоратро аз болои технологияҳо, баҳодиҳӣ ба технологияҳо, коркарди амсилаҳои(модел) пешгӯии технологиро дар назар дорад. Д.Белл чунин меҳисобад, ки хусусияти хоси ҷомеаи пасосаноатӣ ин вусъати истифодаи технологияи интелектуалии дар раванди қабулкунии қарорҳои идоракунӣ мебошад. ӯ тахмин мекард, ки охири қарни ХХ технологияи ҷадиди интелектуалӣ дар корҳои инсонӣ он нақши шомихеро хоҳад бозид, ки чунин нақшро технологияи мошинӣ дар муддати якуним асри гузашта дар ҷомеаи саноатӣ бозида буд.
Аз нигоҳи Д.Белл технологияи интелектуалӣ истифодабарии васеи амалиётҳои риёзиро (алгоритмҳоро) чун қоидаҳои ҳалли проблемаҳо бар ивази муҳокимаҳои ҳадсӣ (интуитивӣ) дар назар дорад. Ин амалиётҳои риёзӣ дар мошинаи автоматӣ, дар барномаи компютерӣ ё дар ғункунии дастурамалҳое амалӣ мегардад, ки бар формулаҳои риёзӣ асос ёфтаанд. Ба ақидаи Д.Белл, намунаи технологияҳои ҷадиди интелектуалӣ назарияи бозиҳо ва таҳлилҳои системавиянд. ӯ менависад: «Ҳадафи технологияи нави интеллектуалӣ на каму на беш амалигардонии орзуи кимёгарони иҷтимоӣ- орзуи «ба тартиб овардани» ҷомеаи оммавист. Дар ҷомеаи муосир одамон ҳар рӯз миллиёнҳо қарорҳо қабул мекунанд — пиромуни он ки чӣ бихаранд, чанд фарзанд дошта бошанд, барои кӣ овоз диҳанд, куҷоро ҳамчун ҷойи кор бипазиранд, дар куҷо истироҳаи кунанд ва ғайра. Ҳама гуна интихоби ҷудогона метавонад пешгӯинашаванда бошад, чуноне ки бо вуҷуди ҳамчун мураббаъи ҳандасӣ аниқу возеҳ тарроҳӣ шудани маҷмӯъ рафтори баъзе атомҳои ҷудогона пешгӯинопазир аст». Д.Белл амалишавии чунин мақсадро хаёлпарастӣ ва иҷронашаванда эътироф намуда (азбаски инсон ба ақлоният муқовимат меварзад), чунин меҳисобад, ки бо вуҷуди ин ҳаракат ба сӯи ин ҳадаф имконпазир аст, зеро инсон бо ғояи ақлоният пайванд аст.
Дар тавофут аз консепсияи пасосаноатӣ, ки асоси росихи назариявӣ ва тамоюли универсалӣ дорад, консепсияи ҷомеаи хабарбунёд дар гунаи ибтидоии худ, пеш аз ҳама барои ҳалли масъалаҳои рушди иҷтимоӣ- иқтисодии Ҷопон кор кард шуда буд. Кашфи худи истилоҳи «Ҷомеаи иттиллоотӣ (хабарбунёд)» ба профессори донишкадаи технологии Токио Ю.Хаяши нисбат дода мешавад. Ангораҳои ҷомеаи хабарбунёд дар ҳисоботҳои ба ҳукумати ҷопунӣ пешниҳодкардаи як қатор ташкилотҳое, амсоли Ожонсии тарҳкашии иқтисодӣ, Донишкадаи коркарди истифодабараии компютерҳо, Шӯро доир ба сохтори саноат тарҳрезӣ шуда буданд. Худи номгӯйи ҳисоботҳо қобили таваҷҷӯҳанд: «Ангораҳои сиёсати таъсиррасонӣ ба иттиллоъкунонии ҷомеаи ҷопунӣ» (1969), «Нақшаи ҷомеаи хабарбунёд» (1971).
Дар ҳисоботҳои фавқуззикр ҷомеаи хабарбунёд чунин ҷомеае муайян шудааст, ки дар он раванди компютерикунонӣ ба одамон дастрасиро ба манобеи мӯътамади иттиллоотӣ фароҳам оварда, онҳоро аз меҳнати карахту кӯҳна раҳоӣ мебахшад, дараҷаи баланди автоматикунонии (худкоргардонии) истеҳсолотро таъмин менамояд. Дар ин маврид худи истеҳсолот низ тағйир мепазирад — маҳсулаш аз ҷиҳати иттиллоотӣ нисбатан васеътар мегардад, ки ин афзудани ҳиссаи навгаройӣ, дизайн ва маркетингро дар арзиши он ифода менамояд; «…истеҳсоли маҳсулоти иттиллоотӣ, на ин ки маҳсулоти моддӣ, балки нерӯи муҳаррики дигаргунсозию рушди ҷомеа мегардад».
Ба ҳам омезиш хурдани ғояҳои ҷомеаҳои пасосаноатӣ ва хабарбунёдро Д.Белл дар асараш «Чорчӯбаҳои иҷтимоии ҷомеаи хабарбунёд» баррасӣ менамояд. Таъбири «ҷомеаи хабарбунёд» тибқи андешаи Д.Белл ин номи наве барои ҷомеаи пасосаноатист, ки дар мутассилияти зинаҳои рушди ҷамъиятӣ баъди ҷомеаи саноатӣ қарор дорад ва сохтори он ба афзалиятҳои дониши илмӣ, назариявӣ иртибот дорад.
Дар ҳоли ҳозира дар чорчӯбаҳои мафкураи ҷомеаи хабарбунёд равия ва тамоюлоте падидор гардиданд, ки таваҷҷӯҳро ба ин ё тарафи муносибатҳои пиромуни иттиллоот ва воситаҳои техникӣ – технологии интиқол, нигоҳдорӣ ва коркарди дар ҷомеа мавҷудбудаи он мутамарказ гардонида, пешомадҳои мухталифи иҷтимоиро ба сифати пешомадҳои имконпазир, матлуб ё манфӣ баррасӣ менамоянд. Масалан, агар дар асарҳои Д. Белл назари мусбат ба имконоти танзими давлатии иқтисодиёт, қабулкунии чораҳои қонунгузорӣ барои таъмини дастрасии озодона ба итиллоот, пешгиринамоии таҳдиду таъқиби сиёсӣ ва пулисӣ бар афрод бо истифодабарии техникаи мукаммали итилоотӣ дар ҷомеаи хабарбунёд баён карда шудааст, пас ҷомеъашиноси франсавӣ Ж. Эллюл тахмин мезанад, ки ҷомеаи хабарбунёд маҳсули «татбиқи ғояҳои характери сотсиалистӣ, анархистӣ ва пасифистӣ дошта» ба шумор рафта, аз миён бардоштани давлати бюрократии мутамарказро дар назар дорад.
Муносибати интиқодӣ ба Д. Белл ба як қатор муаллифони консепсияҳои рақобаткунанда бо консепсияҳои ҷомеаи хабарбунёд хос мебошад. Чунончи, дар пажӯҳиши маҷмӯию сернақшаи аз ҷониби гурӯҳи мутахассисин дар миёнаи солҳои 70-ум анҷомдода ва дар асари С.Нора ва А.Минк «Компютеркунонии ҷомеа. Маърӯза ба президенти Фаронса» пешниҳодгардида ба пасосаноатигароӣ муносибати камбоварона баён шудааст. Муаллифон дар консепсияи Д.Белл навъи муносибати мусоҳилакоронаеро мебинанд, ки муноқишотро танҳо дар истилоҳи бозор дида, мекӯшад онҳоро ба ин соҳа баргардонад, агар онҳо аз ҳадди он убур ҳам кунанд. Онҳо чунин меҳисобанд, ки дар мавриди чунин муносибат пешомади рушди иҷтимоӣ бо «ҷомеаи пасосаноатии транквилизӣ» анҷом мепазирад, ки дар он фаровонӣ ва баробарии ҳар чи бештари меъёрҳои ҳаётӣ, иттиҳоди миллатҳо, тавассути синфи миёнаи якҷинса рафъ сохтани ташаннуҷи иҷтимоиро имконпазир мегардонад. Ба пиндори ин муаллифон, муносибати пасосаноатӣ «дар нисбати иттилооти марбут ба идоракунии рафтори истеҳсолкунандагон ва харидорон мусбат аст», аммо «ҳангоми бархӯрд бо проблемаҳои аз доираи фаъолияти тиҷоратӣ барояндаю аз амсилаи маданӣ вобастабуда бефоида мебошад». Ба ақидаи онҳо, равиши марксиситӣ низ қудрат надорад мураккабияти афзояндаи ҷомеаи муосирро ба назари эътибор бигирад, зеро он муноқишотро эътироф карда, рушди чунин муноқишотро аз тазоди байни синфҳое иборат медонад, ки гирди истеҳсолот ташкил ёфтаанд. Идоракунии марксистӣ, «чуноне ки он дар мамолики шарқӣ истифода бурда мешавад», нақшаҳои фардиро ба назар намегирад, аммо ба ҳар як гурӯҳ ва ҳар фарде нақши мувофиқеро дар иҷрои нақшаи дастаҷамъӣ пешниҳод сохта, мекӯшад низоми намояндагиеро муқаррар гардонад, ки робитаи байни нақшаи коллективӣ ва рафтори фардро таъмин менамояд. «Заъфи ин низом дар таззоди дохилии он аст. Ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин ҷо ҳарф намезанад. Он чи ки он ифода мекунад, дар вартаҳо, тангноҳо маҳфуз аст. Бад ин тариқ, мантиқи марказ тамоюли аз воқият канда шудан дорад».
С. Нора ва А. Минк муносибати назарияҳои пасосаноатӣ ва марксгаройиро ба воқеияти ҷомеаҳои муосир ҳамчун мусолиҳакорӣ тасниф карда, ба ивазашон модели чунин ҷомеаи иттилоотиеро пешниҳод сохтанд, ки дар он «ташкилот бояд бо ихтиёрият мувофиқ (созгор) ояд». Ин «ҷомеаи мукаммали бозоргонист, ки дар он ҷомеа тарҳезии комил дошта, тавассути дастраскунии ахбори саҳеҳ роҷеъ ба аҳдоф ва арҷгузориҳои ҳар як ҷӯзъ сохтору мавқеи худро ташаккул медиҳад. Иттиллоот ва иштирок дар идоракунӣ дар раванди ягона рушд мекунанд». Муаллифони фаронсавӣ қайд мекунанд, ки дар ҷомеаи хабарбунёд нақшаҳои гурӯҳӣ нисбати пештара ба андозаи бештаре аҳодофи иҷтимоию маданиро таҷассум менамоянд. Ҳамзамон таъсири омилҳои берунӣ низ афзудан мегирад. Дар чунин шароит «танҳо давлате, ки соҳиби иттиллооти саривақтист метавонад ба рушду таъмини соҳибихтиёрии кишвар мусоидат намояд».
Номи яке аз бобҳои асари С. Нора ва А.Минк «Оё ҷомеаи компютеронидашуда ҷомеаи муноқишоти маданӣ мешавад?» ном дорад. Муаллифон бо тахмини он ки ҷомеаи хабарбунёд нисбати ҷомеаи саноатӣ, аз лиҳози иҷтимоӣ ва нисбатан возеҳ ва нисбатан бештар сершакл сохта мешавад, ба чунин андешае меоянд, ки яке аз омилҳои сершаклии муносибати гурӯҳҳои мухталиф тамоюли соддакунии забонро пеш меорад. Ин дар навбати худ ба самаранокии фаъолияти пойгоҳҳои маълумот ва соири васоити иртиботи электронии ғайримустақим мусоидат хоҳад кард. Ҳамин тариқ, компютеркунонӣ зарурияти ташаккули забони ба тартиби муайяндаровардашударо пеш оварда, ба бартараф сохтани нобаробарии маданӣ мусоидат менамояд. Ҳамрадиф бо ин, ба қавли онҳо, ҳарчанд чунин забони соддашуда такмил пазируфта, барои ҳама муколамаҳои нисбатан мутараққӣ коршоям мегардад, он, бо вуҷуди ин дучор ба муқовимат мешавад. қобили қабул будани ин забони ба тартиби муайяндаровардашуда аз дараҷаи мадании субъектҳо вобаста мегардад, ки сабабгори таъсири маҳдудкунандаи телематика мешавад. «Забон аз замонҳои пеш дида бештар пули қимори маданият мегардад. Гурӯҳҳои мухолифин барои тасарруфи он дар набард қарор мегиранд».
Агар барои Д. Белл, чуноне дар боло ишора рафт, компиютеркунонӣ ва иттиллоъонии ҷомеа маънои афзоиши нақши маҳз дониши илмиро бифаҳмонад, намояндаи намоёни ҷомеашиносии интиқодӣ М. Постер (олими амрикоӣ, ки бо тамоюлоти интеллектуалии фаронсавии сохтгароӣ ва пасосохтгаройӣ зич алоқамандаст), ба он пофишорӣ дорад, ки тадқиқоти иҷтимоъшиносии мувофиқи иртиботи электронӣ ғайримустақим ифодашуда дар мавриде имкон дорад, ки агар муколамаи илмӣ аз намудҳои дигари дискурс аз мақоми имтиёзнок маҳрум гардад.
М.Постер исрор мекунад, ки барои фаҳмиши мувофиқи муносибатҳои иҷтимоӣ даврабандии мувофиқи таҳаввулоти дастрасии ҷомеа ба васоити муайяни техникӣ воҷиб аст. ӯ бо такя ба баррасии тағироти дар ҷанбаи забонӣ, фарҳангии ҷомеа тавассути вуруди техникаю иттилоот бавуҷудомада зинаҳои рушди ҷомеаҳоро табақабандӣ намудааст. Истилоҳи «тарзи иттиллоот», қайд мекунад муаллиф, бо назарияи марксистии тарзи истеҳсолот шабоҳат дошта, барои ҳадафҳои зерин хидмат мекунад: 1) барои даврабандии гузашта мувофиқ бо тарзҳои гуногуни ба даст овардани иттиллоот ва 2) ба сифати маҷозӣ барои тасвири хусусияти маданияти муосир, ки ба иттиллоот дар як маъное мазмуни парастишӣ мебахшад.
Нуқсони асосии консепсияи Д.Беллро, М.Постер дар он мебошад, ки ба кӯшиши зоҳирии аввалӣ барои маҳдудгардонии соҳаҳои ҷомеаи пасосаноатӣ танҳо бо дараҷаи сохтори иҷтимоӣ-иқтисодӣ нигоҳ накарда, ӯ бо вуҷуди ин «дар тӯли тамоми кори худ омилҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва маданиро бо як истилоҳи ҷомеаи пасосаноатии умумӣ ҷойгардон менамояд», ки дар натиҷаи ин «тавсифи падидаҳои нав тавсифи тамоми ҷомеа мегарданд». Ақидаи Д.Белл дар бораи он ки «дониш дар ҷомеаи пасосаноатӣ тағйирёбандаи мустақил буда, бо он дигар тағйирёбандаҳо, амсоли меҳнат ва капитал муайян карда мешаванд», ба андешаи М.Постер, метавонист чун фарзия дар пажӯҳиши оянда хидмат кунад, аммо Д.Белл «бо ёрии каломи ҷаззоб қазияро бо хулоса дигаргун карда» онро ба хонада ба сифати хулоса пешкаш месозад.
М.Постер бо Д.Белл, дар боби он ки дар маъное муайян дониш (ё иттиллоот) «меҳвари» асосии ҷомеаи муосир аст, ҳамфикр буданашро иброз дошта, чунин меҳисобад, ки Д.Белл ғояи иқтисодиёти иттиллоотиро пешниҳод намуда, ғайриқонунӣ иртиботро (масойили маданиятро ба каноре партофта) аз маҷози иқтисодӣ иборат медонад. ӯ менависад, ки назариётчиёни пасосаноатгаройӣ дигаргуншавиҳои ахирро намебинанд, зеро ба онҳо бо айнаки «иҷтимоӣ-иқтисодӣ» назар меафкананд. Тамоюлоти нави қайднамудаи Д.Белл ва соири муаллифон дар иқтисодиёт вуҷуд доранд, аммо изҳороти онҳо доир ба бозтаҷдиди бунёдии ҷомеа ва пайдоиши олами пасосанотӣ дар натиҷаи ин тағйирот аз дидгоҳии марксгароӣ ва дигар равияҳо барои интиқод сусту заифанд, азбаски, аз нуқтаи назари М.Постер, ин ҳама тағйирот миқдорианд, аммо на ин ки сифатӣ.
Заъфи назариявии консепсияи ҷомеаи пасосаноатиро М.Постер дар он мебинад, ки он «дараҷаи лингвистии падидаҳоро, ки дар чорчӯбаҳои он ҳамчун нав баррасӣ мегарданд, пахш месозад. Назариётчиёни ҷомеаи пасосаноатӣ ба сарфи назар кардани проблемаи забон, «ҳам дар дараҷаи назария ва ҳам дар дараҷаи соҳаи иҷтимоии додаи онҳо рағбат доранд». М.Постер тафсири иттиллоотро чун моҳияти иқтисодӣ ва асосноккуниҳои назариявии густариш муносибатҳои молиро ба соҳаи иттиллоотӣ ғайриқонунӣ маҳсуб мекунад. ӯ мӯътақид аст: сабукие, ки бо он иттиллоот метавонад бозтавлид ва интиқол ёбад, аллакай низоми ҳуқуқиро вайрон менамояд, ки асосҳои он барои ҳимояи моликияти хусусӣ ба ашёи моддӣ ташаккул дода шуда буданд.
Ҳамин тавр новобаста аз танқидҳо поягузор ва шахсияти маъруфи назарияи постиндустрализм ҷомеашиноси амрикоӣ Д. Белл шинохта шудааст, ки ақоидашро дар асари «Чомеаи ояндаи пасосаноатӣ» (1973) иброз доштааст. Ба лаҳзаи нашри ин асар ҷомеаи нави тасвиршаванда дар марҳилаи ибтидоии ташаккули худ қарор дошт. Вале ба туфайли борикбинии амиқе ки дар китоб ҳувайдост, пешгӯиҳои Белл асосан бо воқеияти мавҷуда мувофиқ омаданд. Белл дар осори баъдинааш истилоҳоти «ҷомеаи пасосаноатӣ», «ҷомеаи иттиллоотӣ»-ро ғолибан ҳамарзиш мавриди истифода қарор медиҳад, ҳарчанд ки ба мафҳуми аввалӣ бештар таваҷҷӯҳ дода шудааст. Яке аз дигар намояндагони асосии информатсионизм (иттиллоъгароӣ) иҷтимоъшиноси амрикоӣ М. Кастелс- муаллифи асари сеҷилдаи бунёдӣ «Давраи иттиллоотӣ: иқтисодиёт, ҷомеа ва фарҳанг» (1996) мебошад. ӯ дар тавофут аз Белл ба муносибати иттиллотӣ ба ҷомеа арҷгузор аст. Ҳамзамон ӯ муҳимияти кори Беллро эътироф карда, ба он иловаю ислоҳоти зурурӣ ворид мекунад. Дигар намояндагони иттиллоъгароӣ мутамоил ба онанд, ки ҷомеаҳои пасосаноативу иттиллотиро агар тавъам набошанд ҳам онҳо бо ҳам қаробати наздик доранд.
Ҳамин тавр агар таърихан ба ташаккули ҷомеаи пасосаноатӣ назар андозем мебинем, ки он ба миёнаи солҳои 70-уми асри ХХ рост меояд ва марбут ба тағйиротҳои дар як қатор мамолики ғарбию осиёӣ рух дода мебошад. Ҷомеаи пасосаноатиро бӯҳрони аз амсилаи рушд муқаддам ба миён овард. Нахустин нишонаҳои ноҷӯриҳои ҷомеаи ғарбие, ки тибқи нишондодҳои иқтисоддони намоёни асри ХХ Ҷ. Кейнс сохта шуд, дар с. 1966-67 дар шакли коҳиш ёфтани даромад, аввал дар ИМА, баъдан дар Ҷопун, Олмон, дигар кишварҳои аврупоӣ зоҳир гардиданд. Бӯҳрони нафтии дар соли 1973 ба вуқӯъпайваста аллакай ҳолати садомотии ҳақиқӣ шуд. Аз бӯҳрони энергетикӣ он ба бӯҳрони сохтори кули иқтисодиёти мамолики саноаташон пешрафта табдил пазируфта, то соли 1979 идома дошт.
Инқилоби сеюми илмӣ- техникии дар миёнаи асри ХХ оғозёфта воситаҳои бартараф кардани ин бӯҳронро ба миён гузошт. Кишварҳои ғарбӣ ва мамолики минтақаи Осиёӣ- Уқёнуси Оромӣ (ОУО) ба кашфиёту дастовардҳои илмии ба технологияи навтарин такя намуда, тавонистанд таҷдиди сохтори иқтисодро амалӣ гардонда, аз саноатгаройӣ ба пасосаноатгароӣ бигзаранд. Дар ин гузариш соли 1991- ро марҳилаи гардиши қатъӣ метавон маҳсуб кард, ҳангоме ки аввалин бор дар таърих барои харидани таҷҳизоти саноатӣ нисбати харидани техникаи иттиллоотӣ хароҷоти камтаре карда шуд: мувофиқан 107 млрд. ва 112 млрд. доллари ИМА. Дар Ҷопун маблағгузорӣ ба тадқиқоти илмӣ ва коркарди илмӣ аз хароҷот ба харидани воситаҳои истеҳсолот зиёдтар буданд.