Фалсафаи тоҷик дар асрҳои миёна. Абӯбакр Муҳаммад Муҳиддин Ибни Арабӣ

Абӯбакр Муҳаммад Муҳиддин Ибни Арабӣ (1165-1240) аз намоёнтарин орифони ҷаҳони ислом мебошад. Ин мутафаккир кӯшиш намудааст, то масъалаи «ваҳдати вуҷуд»-ро, ки дар таълимоти мутасаввифини пешин дар ҳар сурат ҷилва мекард, ба як низоми мувофиқ дарорад. Тибқи таълимоти ӯ ваҳдати вуҷуд бо ваҳдати воқеъият умумият дошта, асоси онҳо айни як чизанд. Яъне Худованд аз ҷаҳон комилан ҷудо нест. Ҷаҳон ба сурати асроромез дар Худованд аст. Олам ва ашёе, ки дар он аст, Худо нест, вале ҳақиқати онҳо чизе ҷуз ҳақиқати ӯ нест. Худованд аз ҳамаи сифот бартар аст ва дар айни ҳол аз онҳо холӣ нест ва аз ҳамин ҷо ин каломи маърифати суфиёна пайдо шудааст, ки сифоти ҳақ «На ба ӯст ва на ҷуз ӯ». Fарази Ибни Арабӣ баёни назаре аз воқеъият аст, ки даст ёфтани он боиси истифода аз равишҳои хоси андешидан аст.

Сифоти Ҳақ ба сурати як даста исмҳо (номҳо) як зумра номҳо ба худ касб кардааст. Ин номҳо имконоти илоҳии ҷоришаванда дар ҷаҳон аст; асҳобе, ки Худованд ба василаи онҳо худро дар ҷаҳон мутаҷҷалӣ месозад. Ба ин тартиб, исмҳои илоҳӣ боис мешавад, ки ба василаи онҳо одамӣ метавонад ба маърифати ваҳдонии ҳақиқати илоҳӣ бирасад. Чун номҳо, аслу асоси маърифат ва низ решаи асосии мавҷудот аст, бинобар он худро дар ҷаҳон ва дар ҳаёти маънавӣ ба таҷҷалӣ дармеоварад. Инсони комил, ки калима низ ҳаст, таҷҷалии томи номҳои Ҳақ аст ва намунае аз ҷаҳон ва ҳам аз инсон мебошад. Инсон, ки олами сағир аст тавассути он ҳамаи имконияти мавҷуд дар ҷаҳонро доро мешавад. Олами асғар ва олами акбар, ҳамчун ду оина рӯбарӯи якдигар қарор гирифтаанд ва дар ҳар як дигаре мунъакис мешавад ва ҳар як аз он ду дар навбати худ намунаи муштараки худро, ки инсони комил аст, мунъакис месозад.

«Фусус ул-ҳикам» дар воқеан васиятномаи рӯҳонии Ибни Арабӣ ба шумор меравад, ки бисту як (21) — фасли он ба арзёбию тавзеҳи ақоиди ботинии асосии инсон бахшида шудааст.


254
Нет комментариев. Ваш будет первым!