Фалсафаи тоҷик дар асрҳои миёна. Даҳрия

Даҳрия. Аксари сарчашмаҳои таърихӣ, адабӣ ва фалсафии баъди истилои араб дар хусуси даҳрия ба сифати яке аз мактабҳои фалсафии озодандешона сухан меронанд ва нуктаҳои моддии онро мавриди интиқоди шадид қарор медиҳанд. Мутаассифона, аз осори худи даҳриён осори хаттие боқӣ нест ва таърих номи намояндагони онро низ маҳфуз надоштааст. Гузашта аз ин, доир ба даврони зуҳури ин мактаб ва муносибати он ба Зурвония маълумоту далелҳои эътимодбахш дар даст надорем. Фақат аз рӯи баъзе оёти қуръон боҷураътона метавон гуфт, ки ин мактаби фалсафӣ дар ибтидои зуҳури ислом ривоҷ ва нуфузи зиёд дошта, усули он ба ақидаҳои ислом мухолиф будааст. Чунончи, дар оёти 23-24-и сураи «Ал-Ҷосия» — и қуръони карим доир ба даҳрия сухан рафтааст: «(Эй Расули мо!) Менигарӣ онро, ки ҳавои нафсашро Худои худ қарор дода ва Худо ӯро дониста, гумроҳ сохта ва мӯҳр бар гӯш ва дили ӯ ниҳода ва ба чашми вай пардаи зулмат кашида. Пас ӯро баъд аз Худо дигар кӣ ҳидоят хоҳад кард. Гуфтаанд, ки зиндагии мо ҷуз ҳамин нишоти дунё ва марг ҳаёти табиат нест ва ҷуз даҳр ва табиат касе моро намемиронад…» (қуръони Карим, саҳ 501).

Мувофиқи ахбори сарчашмаҳои фалсафӣ, даҳрия оламро қадим ва абадӣ медонистааст, ки бисёр нукоти усули фалсафиаш ба усули фалсафии зурвония мувофиқ меояд.

Тибқи иттилои сарчашмаҳо, усули умдатарини фалсафаи даҳрия инкори Худо, ҳаёти охират, вуҷуди рӯҳонӣ, эътирофи сабабияти моддӣ ва ғайра будааст. Муассиси ҳикмати ишроқ Шаҳобуддин Сӯҳравардӣ аз хусуси даҳриён ёдрас шуда, нуктаи дигари назариёти даҳриёнро таъкид мекунад. Ин нукта иборат аз он аст, ки даҳриён нубувват ва пайғамбаронро низ инкор мекарданд. Ба ақидаи Сӯҳравардӣ, «даҳриён касонеанд, ки Офаридгор, пайғамбарон, рӯзи маҳшар, растохез, охират ва азобу роҳати баъди маргро инкор мекунанд».

Ақидаи даҳрия доир ба таносуби нафсу тан низ бо тобишу оҳанги тамоили озодандешидошта ба назар ҳувайдо мегардад. Тибқи назарияи даҳриён, нафси мардум пас аз он, ки аз ҷисм ҷудо шавад, ночиз шавад, ҳамчун нафсҳои наботию ҳайвонӣ ва беҷасад ӯро вуҷуде нест. Ҳол он ки гузориши ин масъала дар фалсафаи дунёи қадим ва асрҳои миёна ба куллӣ дигар буд. Ба ақидаи онҳо, нафси наботӣ ва ҳайвонӣ ба ҷисм зич пайвастаанд ва бо фанои он фосид мешаванд. Аммо нафси нотиқаи инсонӣ хосияти ҷисм нест ва бо нестшавии колбади он фосид намешавад.

Дар масъалаҳои тавзеҳи мақоми ақл бошад, назари даҳриён ин буд, ки ақлро сифати аълои одамӣ медонистанд. Мартабаи олии инсонро аз ақл иборат медонистанд ва мӯътақид бар он буданд, ки фарқи инсон ва ҳайвон аз ҳамин бармеояд. Умуман, нақши фалсафаи даҳрия дар рушди афкори фалсафии минбаъда, махсусан, фалсафаи табоия ва асҳоби ҳаюлло хеле калон аст.

443
Нет комментариев. Ваш будет первым!