Мафҳуми фарҳанг, моҳият ва вазифаҳои он

Фарҳанг асоси зиндагӣ ва бунёди ҳастии инсон аст. Пайдоиши фарҳанг бо таърихи башарият пайвастагии ногусастание дорад: он дар робита бо инсон ба вуҷуд омада, баробари инкишофи шууру маънавиёти ӯ такомул меёбад. Воқеан, фарҳанг офаридаи худи инсон аст, ки ба тавассути он одамон на фақат тамоми ниёзу ҳастии худро таъмин менамоянд, балки ба муҳити табиию иҷтимоӣ дигаргунӣ дароварда, худро низ комилан тағйир медиҳанд. Фарҳанг дар тӯли таърихи инсоният тамоми паҳлӯҳои рӯзгори мардум ва ҷомеаро фаро гирифта, ба дараҷаи пешрафту қудрати созандагии инсон ривоҷу равнақ мебахшад. Агар оиди мафҳуми «фарҳанг» сухан ронем, дар маънидоди ин истилоҳ аз давраи қадим то имрӯз бисёр тафсирро пайдо мекунем, ки ҳар яке мувофиқи илми замонаш паҳлӯҳои муҳимтарини ин падидаро муайян менамояд. Мувофиқи маълумоти олимони шинохта А.Крёбер ва К.Клакхон, дар аввали асри ХХ фақат 10 тафсири фарҳанг маълум буд, вале аз миёнаи аср ХХ таваҷҷӯҳи файласуфон ба шинохти мафҳум ва моҳияти он афзуд. Дар натиҷа, шумораи тафсири мафҳуми фарҳанг ба 150 ва ҳоло то ба 500 адад расидааст, ки шарҳҳои мухталифро дарбар мегиранд.

Дар забони ҳозираи тоҷик муродифи вожаи «фарҳанг» калимаи аз забони арабӣ иқтибосшудаи «маданият» ва баъзан ба ин маъно вожаи «култура», ки дар бисёр забонҳои муосири хориҷӣ чун калимаи интернатсионалӣ қабул шудааст, васеъ истифода мешаванд. Вожаи «култура» асосан аз калима лотинии colere – «коркард» гирифта шуда, дар давраи антиқа, аслан, дар соҳаи кишоварзӣ ба маънои киштукор, коркарди замин истифода карда мешуд. Сонитар, дар Руми Қадим, ин вожаро барои ифодаи «коркарди нафси инсон», яъне ба тавассути таълиму тарбия аз нуқсонҳо тозаву озод кардани хулқу хӯ ва фитрати инсон, мувофиқгардонии феълу атвори мардум ба шароитҳои воқеии ҳаёт дар ҷомеа истифода менамуданд.

Сисерон (с.105- 43.пеш аз.м.) чунин ишора мекунад: «Мисли он ки замини ҳосилхез бе коркард ҳосил намедиҳад, ҳамин тавр — нафс (рӯҳ). Фалсафа — коркарди нафс аст: он гӯё аз нафс нуқсонҳоро «хишова» намуда, рӯҳу нафси инсонро ба қабули «зироат» омода месозад ва дар он танҳо тухмиҳоеро мекорад, ки сабзида ҳосили фаровону муфид оваранд». Ба ақидаи Сисерон, фарҳанг — ба воситаи фалсафа тарбия ва такомул додани нафс(рӯҳ) ва нутқи инсон мебошад. Он ба шаҳрванд тарзи озодона баён намудани фикри худ ва санъати суханвариро меомӯзад, то ки ӯ дар маҷлисҳои сиёсӣ фаъолона баромад карда тавонад. Фалсафа, ақл ва суханварӣ — се воситаи муҳими такмили нутқ ва омили асосии тарбия ёфтани шаҳрванди фаъол мебошад. Ҳамин тариқ, дар давраи антиқа маданияти шаҳрвандон хусусияти фарҳангдорӣ ва демократияро муайян менамуд.

«Маданият», ки бо калимаи «мадина»-и арабӣ (маънояш «шаҳр») ҳамреша мебошад, дар асл мафҳуми ба урфу одатҳои шаҳриён наздик шуданро ифода мекунад, ба маънои васеъаш фазои иҷтимоии шаҳрро дар назар дорад. Дар давраи аъроб «маданӣ» гуфта, шахси шаҳрнишинеро меномиданд, ки умре дар шаҳр зиндагӣ кардааст. Шароити мутобиқшавӣ ба муҳити сунъии шаҳр аз ҳар сокини он савия, тартибу низом, ҳусни рафтор, ақлу заковат, фаросат доштан, яъне маданиятнокиро талаб менамуд. Бинобар ин одами шаҳрӣ беихтиёр ба фазои рушду камоли илму маърифат, донишандӯзӣ, ҳунармандию косибӣ ва фарҳангдорӣ кашида мешуд. Худтакмилдиҳӣ дар муҳити иҷтимоии шаҳр — шарти асосии ҳастӣ ва пешрафти рӯзгори ӯ буд, бинобар ҳамин одами шаҳрӣ нисбат ба деҳотӣ мебоист ҳаматарафа фаъолият мекард. Воқеияти иҷтимоии шаҳр — чун диалектикаи инкишоф инсонро водор месохт, ки дар ҷустуҷӯи воқеияти ободи иҷтимоии мушкилрас обу адо нашуда, сӯи пешбурди рӯзғор ва расидан ба ормонҳои худ ба меҳнати эҷодкоронаи фикрию ҷисмонӣ машғул шавад ва ақаллан дар ҳаёти воқеӣ мувозинат ва ҳамоҳангии маънавӣ пайдо кунад. Манфиатҳои ҷамъиятии пешраванда, низоми танги урфу одатҳо, талаботҳои қатъӣ ва назорати сахту мустаҳкамҷоришудаи сохти ғуломдорӣ воқеияти иҷтимоии беҳтареро тақозо менамуд. Бинобар ин дар баробари меҳнати фаъоли ҷисмонӣ зарурияти инкишоф додани меҳнати фикрӣ, ки эҷодкорию рушди маънавии одамонро талаб мекард, ба миён омад.

Тӯли таърихи инсоният миёни синфҳои золиму мазлум, дороёну халқи нодор, ашрофону демократҳо ҳамеша муборизаи шадиди баҳамзиддҳо рух медоданд ва салотин ҳамеша ба шахсиятҳои барӯманди замона, ки онҳо чун одамони маданӣ, тарафдори манфиатҳои ҷамъиятӣ буда, оммаро аз қафои худ мебурданд, бо ҳаросу шубҳа назар мекарданд. Баъзан, чунин шахсиятҳо ба қонуншиканӣ айбдор шуда, ба даъво кашида мешуданд ва ё бо ҳар баҳонае аз байн бардошта мешуданд. Масалан, чунин буд қисмати Суқрот, ки нахустин шуда диққати афкори ҷомеаро сӯи фитрати инсонӣ гардонид ва ҷустуҷӯи роҳи наҷоти башариятро на дар хунрезиҳо, балки бо усули баҳсу мунозира муайян намудани сабабу ҳалли тазодҳо медид. Нерӯҳои иртиҷоии ҷомеа ӯро оқибат аз ҷомеа дур карда, то охири умраш дар ҳабс нигоҳ доштаанд, то ки озодандешию нуфузи ӯ мардумонро бар зидди салотин ва сохти мавҷудаи ғуломдорӣ барнахезонад. Худкушии ин шахсият дар ҳабс як навъ эътирози бузурге буд бар воқеияти иҷтимоии ҳамондавра буд. Марги нобаҳангоми ин мутафаккири юнонӣ мисоли равшани номувофиқатии идеалӣ ва зиддиятнокии маънавиёт бар воқеияти замонаш буд, ки барои рушди маънавии ҷомеа такони ҷиддие бахшид. Чунин мисолҳо дар таърих бисёранд.

Тамоми фарҳанги минбаъдаи антиқӣ дар партави идеяи «полис» – шаҳр-давлати ободи аз ҷиҳати сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мустақилу пешрафта густариш меёфт. Он симои типпи олии «одами озоди бомаданият» ва идеали шаҳрванди садоқатмандеро ба вуҷуд овард, ки дар мувозинатӣ бо нафси худ ва дар ҳамоҳангӣ бо одамону оламу коинот таълиму тарбия меёбад. Идеяи шаҳр-полиси давраи антиқӣ – бузургтарин арзиши маънавию муқаддасоти ҷамъиятии Дунёи Қадим ба шумор мерафт. Бинобар ин шаҳрванди «полис» бояд шахси арзандаи ҷомеа — инсони маданӣ: бомаърифат, хирадманду соҳибҳунар, дорои покизагии фитрию ахлоқи ҳамида бошад. Симои чунин одами шаҳрии соҳибфарҳангу пуртоқат, ки феълу атвораш ба ҳаёти воқеии шаҳр мутобиқ бошад, ҳанӯз дар Юнони қадим ривоҷу равнақ ёфта, тасаввуроти оламиёнро нисбат ба «одами маданӣ», мафҳуми «фарҳанг» ва фарҳангдорӣ хеле васеъ ва мукаммал гардонид.

Истилоҳи «культура» ҳатто дар адабиёти лотинии антиқӣ, ки дертар аз асарҳои классикии эллинистӣ ба вуҷуд омада буд, амалан ҳамчун муродифи калимаи юнонии «paideia», ки маънояш «тарбияи ахлоқии» аз рӯи урфу одат ва анъанаи миллӣ ба роҳ мондаро ифода менамуд, васеъ истифода мешуд. Гуногунии тафовутҳои сарофати фитрию сабки зиндагии одамонро шинохта, мутафаккирони давраи антиқа ба тарбия ҳамчун ба падидаи муҳими иҷтимоӣ диққати махсус медоданд, чунки, ба қавли эшон, маҳз таълиму тарбия «одамро аз ҳайвон, юнониро аз барбарӣ, ашрофро аз омма, инсони озодро аз ғулом ва файласуфро аз авом фарқ мекунонад», бинобар ин онҳо ҳамаро яксар ба дарки амиқи тарбия водор менамуданд. Мақсади асосии тарбия воқеан ба вуҷуд овардани инсони мустақил ва соҳибиродаи озод буд, ки ин ақида дар ҳамон давра яке аз андешаҳои муассиру пешқадами замони худ гардид. Тарбия дар замони антиқӣ вазифаи ҳаматарафаро иҷро мекард, бинобар ин онро ба фаъолияти сиёсӣ зич пайваста, ба вазифаи аввалиндараҷаи фарҳанг табдил доданд.

Мутафаккирони давраи Маорифпарварӣ ва сипас, файласуфони классикии немис низ ба тарбия чун ба қисми таркибии фарҳанг диққати махсус дода «намунаи классикии фарҳангро» кор кардаанд. И.Кант (1724-1804) нахустин шуда, ба «олами табиат» «олами озодиро» муқобил гузошта, исбот кард, ки ба тавассути тарбия инсон метавонад роҳи худро мустақилона интихоб намуда, рафтори боақлонаро ирода кунад. ӯ таъкид мекунад, ки дар ҷараёни тарбия риоя кардани интизом — шарти муҳими муваффақият мебошад. Мувофиқи ақидаи И.Кант, инсон ҳамон гоҳ «ба қатори одам медарояд», агар бо амри виҷдон аз рӯи қонуни ахлоқ беихтиёр озодона рафтор кунад. Виҷдон ҳамоно ҳидояткунандаи рафтору кирдору пиндори нек бо озодии инсон пайванд аст. Вале озодӣ – ин аз рӯи ҳавову ҳавас кӯркӯрона паи матлаб рафтан нест. Инсон баҳри озодӣ тарбия меёбад. ӯ қодир аст, ки талаботҳои моддӣ ва маънавии худро мувофиқи мақсад маҳдуд намуда, ба он шакли фарҳангӣ бахшад. Амри виҷдон дар ин ҷода чароғи ҳидоят аст. Чунин «намунаи классикӣ» -и фарҳанг — чун маҳорати зидгузорӣ ва тобеъ кардани тинати худ бар табиат зоҳир мегардад.

То давраи маорифпарварӣ вожаи «фарҳанг» танҳо дар шакли ибораҳои таркибии «коркарди фарҳанги қоидаҳои рафтор», «фарҳанги хат», «фарҳанги такмили забон» ва ғайра вомехӯрд, ки бештар барои ифодаи ягон вазифаи муайян истифода мешуданд. Дарку омӯзиши фарҳанг ҳамчун падидаи иҷтимоии хоси инсон дертар – дар асри XVI-XVII оғоз меёбад. Файласуфони давраи маорифпарварӣ ба «фарҳанг» моҳияти инсонӣ бахшида, онро чун дараҷаи одамият ва боигарии маънавӣ, ки олами ботинии инсонро фаро мегирифт, муайян намудаанд. Маорифпарварони олмонӣ И.Гердер, С.Пуфендорф ва А.Аделунг фарҳангро ба таври умумӣ омӯхта, онро «азнавсозии фаъолиятноки олам аз тарафи одам» номидаанд. Фарҳанг ба ин маъно пеш аз ҳама ба воситаи ақлу хирад ба амал баровардани такомули маънавии насли башар ва фардҳои алоҳида мебошад. Маорифпарварон фарҳангро пояи баланди фитрати инсон дониста, таъкид мекарданд, ки нақши асосиро дар ин ҷода бештар на зар, балки дониш ва хислатҳои хуби инсонӣ мебозад. Агар ба таърихи адабиёти тоҷики давраи маорафпарварӣ таваҷҷӯҳ намоем, чунин гаровишҳоро дар он ҷо низ пайдо хоҳем кард. Шеъри «Одамият чист?»-и шоири машҳури охири асри XYIII ав. ХIХ Тошхоҷа Асирӣ ҳамин мавзӯъро пурра дар бар мегирад:

Одамият чист? Худро дур аз шар доштан,

Хайрхоҳи халқ будан нафъи безар доштан.

Аз сафо оина бастан хонаи дилро мудом,

В-аз чароғи сидқ хотирро мунаввар доштан…

Қомати ҳастӣ ба дебои камол оростан,

Ҷомаи фазлу ҳунар перояи бар доштан.

Бегумони дил дар чорсӯи коинот,

Халқро аз хулқи некӯ уди миҷмар доштан…

Маълум шуд, ки барои бомаданият будан, маърифатнокӣ кофӣ нест, дар баробари ин фарҳанг ҳанӯз пурра мавриди омӯзиш қарор нагирифта буд. Танҳо дар асри XX майли омӯзиши ҳаматарафаи фарҳанг ва ташаккули фарҳангшиносӣ ба мушоҳида мерасад. Олими мардумшиноси инглис Э.Тайлор дар китоби худ «Фарҳанги ибтидоӣ» аввалин шуда фарҳангро чун маҷмӯи донишу эътиқодот, санъату арзишҳо, урфу одат, анъанаву навъовариҳо, маҷмӯи қонуну дигар қобилиятҳое, ки одамон онро ҳамчун аъзоёни ҷамъият дар таҷриба андӯхтаанд, муайян мекунад. Аз рӯи тафсири тавсифии у фарҳанг — маҷмӯи ҳамагуна фаъолият, анъана, эътиқод ва донишҳоест, ки одамонро барои мутобиқшавӣ ба муҳити воқеии табиӣ ва шароити муайяни ҳаёти иҷтимоӣ тайёр мекунад. Ба ин навъи фарҳанг китобу мусаввараҳо, забон, одат, муомила ва муошират, ахлоқ, дин ва ғ., ки дар тӯли асрҳо ташаккул меёбанд, дохил мешаванд. Тавсифи таърихии фарҳанг ба он ишора мекунад, ки фарҳанг дар натиҷаи инкишофи таърихии инсоният ба вуҷуд омада, тамоми чизҳоеро, ки бо дасти одам ба вуҷуд оварда шудааст: олот, рамзҳо, ташкилотҳо, фаъолияти якҷоя, эътиқод ва ғайраро дарбар мегирад. Мувофиқи тафсири меъёрӣ фарҳанг — тарзи ҳаёти фард дониста шуда, меъёри он аз рӯи таъсири шароити муҳити атроф муайян мешаванд. Тавсифи равонӣ моҳияти фарҳангро аз рӯи ҳалли масъалаҳои дар сатҳи равонҳ пайдошуда муайян месозад, аз ин ҷиҳат фарҳанг чун қобилияти махсуси мутобиқшавии одам ба муҳити табиӣ ва талаботҳои иҷтимоию иѕтисодҳ шинохта шудааст. Он тафсире, ки дар асоси назарияҳои маърифатӣ ба вуҷуд омадааст, ба он далолат мекунанд, ки фарҳанг — услуби рафторест, ки ба одам одоби муомила ва муоширатро меомӯзонад. Мувофиқи шарҳи мафкуравӣ — фарҳанг — сели андешаҳоест, ки ба воситаи сухан ё тақлидкорӣ аз фард ба фард мегузаранд. Тафсири рамзӣ фарҳангро ташкили ашьёҳои моддӣ меҳисобад, ки ба воситаи рамзҳо дар эҳсосотҳо ва афкору андешаҳои инсон ифода меёбад.

Аз ин нуктаҳо се моҳияти аслии фарҳанг падидор мегардад:1) коркард, эҷодиёт ва истеҳсолот; 2) таълиму тарбия ва инкишоф; 3) ибодату эҳтиром кардан, парастиши динӣ мебошад. ҳамин тариқ, мафҳуми фарҳанг дар илми фарҳангшиносии муосир хеле гуногун тавсиф ёбад ҳам, се моҳияти он дар тафсири зерин хеле равшан ва мушаххас баён мегардад:

Фарҳанг — воситаи махсуси ташкили ҳаёти инсонӣ аст, ки чун маҳсули фаъолияти моддӣ ва маънавии одамон дар системаи арзишу меъёрҳо ва таъсисот дар муносибатҳои байниҳамдигарии одамон, инсон бо табиат ва инсон нисбат ба худаш зоҳир мегардад. Фарҳанг – маҷмӯи сарватҳои моддию маънавӣ ва қобилиятест, ки ба нафъи ҷамъият ва пешрафти инсоният истифода шуда, аз насл ба насл вогузор мегардад.

Фарҳанг — таҷассумгари тамоми он чизест, ки одамро аз табиат ва мавҷудоти дигар тафовут мебахшад. Фарҳанг — фазилати инсон аст. Табиат бо қонуну пояҳои хеш мустақил вуҷуд дорад. Инсон дар тамоми ҳаёт ҳамеша худро ба табиат муқобил гузошта, ба тавассути эҷодкориҳо ва навсозии он мавҷудияташро дар олам ҳифз мекунад. Фарҳанг — ҷузъи аз ҷониби инсон фарогирифта ва комилан таҷйир додашудаи табиат мебошад. Ба ибораи дигар фарҳанг «табиати сониест», ки инсон онро барои ҳифзи худ офарида, баҳри нигаҳдошти башарият бо мурури замон дигаргун сохтааст. Агар аз як тараф инсон ҷузъу зодаи табиат бошад, аз тарафи дигар, ӯ созандаи фарҳанг аст.Фарҳанг дастранҷу маҳсули меҳнати фикрию ҷисмони одамон буда, тарзу усули ба даст овардану истифодаи комёбиҳои кулли инсон аст, ки ба нафъи ҷамъият равона мегардад. Он маҷмӯи арзишҳои моддӣ ва маънавӣ, василаи мавҷудияти инсон ва ҷомеаи инсонӣ, меъёри инсонӣ дар инсон ва табиати ободкардаи ӯст. Фарҳанг маҷмӯи тамоми комёбиҳои фаъолияти инсон дар соҳаи меҳнати фикрию ҷисмонӣ ва роҳи ба даст овардану истифодаи ин комёбиҳо ба манфиати ҷамъият мебошад.Гуногунии фарҳанг аз рӯи рангорангии фаъолияти инсон муайян мегардад. Фарҳанг ду навъ мешавад: 1)фарҳанги моддӣ; 2) фарҳанги маънавӣ.

Фарҳанги моддӣ –маҷмӯи комёбиҳоест, ки дараҷаи ҳукмронии инсонро аз болои қувваҳои табиат ташкил медиҳанд. Он соҳаи истеҳсолоти моддӣ ва ҳамаи маҳсулотеро, ки аз тарафи инсон офарида шудааст, дар бар мегирад. Ба он олоти меҳнат, воситаҳои истеҳсолот ва маҷмӯи омилҳоеро, ки инсон барои қонеъ гардонидани талаботии моддии хеш ба вуҷуд овардааст, дохил мешаванд: бошишгоҳ, хонаю манзил, асбобу анҷоми рӯзғор, ашёҳо, либос, пойафзол, техника ва технология ва ғ.

Фарҳанги маънавӣ –маҷмӯи комёбиҳои маънавии инсон ва ҷамъият дар соҳаи илм ва татбиқи он мебошад, ки тамоми истеҳсолоти маънавӣ ва натиҷаҳои онро фаро мегирад: дин, илму маърифат, фалсафа, ахлоқ, ва ғ. Аз дохили он бештар фарҳанги бадеиро, ки адабиёт ва санъатро ташкил медиҳанд, ҷудо мекунанд. Илм ба сифати асосҳои фарҳанги ақлонӣ, илмӣ- техникӣ омӯхта мешавад.

Миёни фарҳанги моддӣ ва маънавӣ ягонагии амиқ мавҷуд аст. Ҳар ду навъи фарҳанг натиҷаи фаъолияти инсон мебошанд, ки аз як мабдаи маънавӣ – аз афкору ақида, ғояву мақсад, лоиҳа ва матлаби одамон сарчашма мегиранд. Аз ин рӯ, Н.Бердяев ҳама гуна фарҳангро маънавиёт меномад. На танҳо иншоотҳои техникӣ дорои шакли моддӣ мебошанд. Ба он асарҳои бадеӣ – ҳайкалтарошӣ, рассомӣ, адабӣ низ хеле ниёз доранд. Намунаи фарҳанги моддӣ ва маънавӣ ёдгориҳои таърихӣ ва эҷодиёти архитекторӣ мебошанд, ки онҳо аз як тараф чун санъати бадеӣ шинохта шаванд, аз тарафи дигар, дар амал дар рӯзгору маишати мардум истифода мешаванд (бинои театру меҳмонхона, ибодатгоҳ, манзилҳо ва ғ.). Дар баробари ин байни фарҳанги моддӣ ва фарҳанги маънавӣ тафовутҳои назаррас мавҷуданд. Дар асарҳои бадеӣ ҳам шакли моддӣ ва ҳам мазмуни маънавӣ хеле муҳим аст, аммо дар бисёр эҷодиёти техникӣ нишонае аз маънавиёт мавҷуд нест. Дар шароитҳои муайяни иҷтимоӣ-таърихӣ ин тафовутҳо ба зиддият ва ҳатто ба муноқишаҳо оварда мерасонад. Чунин ҳодиса дар асрҳои XIX ва махусан дар асри XX рух додааст. Дар ин давра бартарии фарҳанги моддӣ бар фарҳанги маънавӣ хеле равшан мушоҳида мешавад. Ҳамин тариқ, моҳияти фарҳанг дар он аст, ки вай ченаки муайянкунанда ва асосии ҳаёти инсонро ташкил дода, василаи инсонии ҳастиро дар худ таҷассум менамояд. Нақши шуур ва низоми рамзҳо дар ташаккули фарҳанги инсон хеле бузург аст. Фарҳанги инсонӣ ба воситаи шуур ва системаи рамзҳо ба вуҷуд омада аз насл ба насл мегузарад. Ба василаи фарҳанг инсон аз ҳолати ҳайвонӣ баромада ба дараҷаи «одамият» мерасад. Ба ақидаи З.Фрейд, фарҳанг ҳамаи он чизеро, ки ҳаёти инсонро аз шароити ваҳшигӣ боло дошта, аз ҳаёти ҳайвонӣ фарқ мекунонад, дар бар мегирад. Одам – ин фарҳанг аст.

Ҳам фарҳанги моддӣ ва ҳам фарҳанги маънавӣ чун нерӯи якҷоякунандаи одамон онҳоро ба ҳам мепайвандад ва ваҳдонияти башариятро таъмин месозад. Ин сарнавишти фарҳанг дар вазифаҳои иҷтимоии он равшан ифода меёбад. Вазифаҳои иҷтимоӣ муҳимтарин вазифаҳоеанд, ки алоқаи байниҳамдигарии фарҳанг ва ҷомеаро таъмин мекунанд. Вазифаҳои дигари фарҳанг чунинанд:

  1. Вазифаи ба муҳит мутобиқкунандаи фарҳанг;
  2. Вазифаи маърифатӣ ва ахборотии фарҳанг;
  3. Вазифаи арзишӣ ва меъёрии фарҳанг;
  4. Вазифаи коммуникативӣ (робитавии) фарҳанг;
  5. Вазифаи ҷубронпазирии фарҳанг;
  6. Вазифаи танзимсозандаи фарҳанг;
  7. Вазифаи ҷудокунанда ё баҳамсозандаи фарҳанг;
  8. Вазифаи эҷодии фарҳанг;
  9. Вазифаи иҷтимоии фарҳанг;

Вазифаи ба муҳит мутобиқкунандаи фарҳанг– чун яке аз қадимтарин вазифаҳои фарҳанг шинохта шудааст, ки ба инсон аз давраи вуҳуш мерос мондааст. Одамон баҳри зинда мондани худ мебоист ба муҳити атроф мутобиқ шавад: ғизо ба даст орад, манзил, либос ва олоти меҳнат ба вуҷуд орад. Онҳо барои он ки ба муҳити иҷтимоӣ мутобиқ шаванд забон, хат, давлат, ҳуқуқ ва диг. офариданд. Мутобиқшавӣ ба муҳит чун амали ҷавобии инсон ба табиат буд. Инсон ба олами табиат ва ҷамъият дохил шуда, дар давоми ҳазорсолаҳо василаҳои гуногуни мутобиқшавиро ба муҳит кор карда баромадааст. Мисоли равшани он мусаллаҳшавии инсон бо олотҳои гуногун ба мақсади худҳифзкунӣ ё таҳоҷум, ба вуҷуд овардани сохтори давлатӣ ва ҳуқуқӣ аст, ки одамонро аз қиркунии ҳамдигар нигоҳ медорад ва ғ. Хусусиятҳои шароитҳои гуногуни зиндагии мардум, ба фарҳангҳо хусусиятхои нодир мебахшанд.

Вазифаи маърифатӣ ва ахборотии фарҳанг.Вазифаи маърифатиифарҳангдар илму дониш зоҳир мешавад. Инсон ҳамеша барои донистани олами атроф вак олами худ кӯшиш мекунад. Он ду тарафа ба амал бароварда мешавад: 1) аз як тараф — ҷамъоварии ҳар гуна дониш ва кашфи қонунҳои табиат ва ҷамъият 2) аз тарафи дигар — хештаншиносӣ.

Вазифаи ахборотии фарҳанг давоматро таъмин мекунад: ба воситаи фарҳанг ҷамъоварӣ, афзункунӣ ва паҳн шудани таҷрибаи бои моддию маънавии инсоният аз насл ба насл иҷро мегардад. Ҳатто ҳар маҳсулот ё олоти меҳнате, ки то замони мо расидааст, оиди соҳиби он, тарзу усули тайёр кардану истифодаи он, инчунин дар бораи муносибатҳои ҷамъиятии давру замонааш маълумот дода метавонад.

Вазифаи коммуникативӣ (робитавии) фарҳанг.Фарҳанг чун воситаи муҳими муоширати байни одамон хидмат мекунад. Он ба воситаи забони гуфтугӯӣ, забонҳои махсуси санъат — мусаввара, мусиқа, ҳайкалтарошӣ, забонҳои рамзӣ ва формулаҳои илмҳои риёзӣ, кимиё, физика ва ғ. ҷараён мегиранд,. Бо тараққӣ ёфтани воситаҳои ахбори умум: синамо, радио, сабти садо ва симо, интернет ва ғ. имконияти бештари нигоҳ дошта шуда ба наслҳо расонидани бисёру маълумот ва арзишҳои фарҳангӣ муяссар мешавад.

Вазифаи танзимсозанда ва меъёрӣ:фарҳанг чун системаи меъёрҳо, қоидаю қонун, талаботҳо ва манъкуниҳо, муносибатҳои байниҳамдигарии одамон, байни гурӯҳҳо, синфҳо ва миллатҳо, ки табиат ва ҷамъият назди аъзоёни худ мегузорад, пешниҳод мекунад, Фарҳанг рафтору муносибатҳои мардумро бо табиат ва ҳаёти маишии онҳо — дар оила, корхонаҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба танзим медарорад. Ба ин восита зинданигоҳдории мардум ва мувозинатӣ дар ҷомеа таъмин мегардад.

Вазифаи арзишии фарҳангба воситаи арзишҳое,ки худбаҳодиҳӣ, шинохти дигарон ва муҳити атрофро таъмин месозанд, ба амал бароварда мешаванд. Дар ҷараёни ҷамъоварии таҷриба дар таърихи инсоният бисёр арзишҳо қимату қудрати худро гум мекунанд ё аз байн мераванд, ба ҷои онҳо арзишҳои дигар ва анъанаҳои нав, ки таҷрибаи мукаммалеро инъикос мекунанд, ба вуҷуд меоянд.

Вазифаи эҷодии фарҳанг ҳангоми бо назари танқидӣ азнавдида баромадани арзишу меъёрҳои гуногун, дониш, урфу одат, анъанаҳои мавҷуда, ислоҳотдароварӣ ва азнавкунии фарҳанг эҷодкорӣ ба амал меояд. Фарханг дар эҷод намудани арзишу меъёрҳои нав, ҷамъ овардани донишҳо, офаридани анъанаҳои нав фаъолона иштирок менамояд.

Вазифаи ҷудокунанда ё якӣоякунанда.Фарҳангчизест, ки тафовути байни гурӯҳҳои одамонро муайян мекунад. Фарҳанг инчунин мисли як ҷузъи вуҷуди ягонаи фарҳанги умумибашарӣ ва шакли муайяни таърихи миллӣ, ки дар он хусусиятҳои қавмии ба ҳамаи одамон якхела ва инчунин баромадебошанд, баромад мекунад. Ин вазифаи фарҳанг барои муайян намудани хусусиятҳои равонӣ — фарҳангии халқу миллатхо, барои барқарор ва мустаҳкам шудани алоқаи байни фарҳангҳо нақши муҳим мебозад.

Вазифаи ҷубронпазирии фарҳангхусусияти барқарор намудани нерӯ фараҳбахшандагии он аст, ки ташкили маишату дилхушии мардумро таъмин намуда, ҳолати рӯҳии одамонро дар мувозинат нигоҳ медорад.

Вазифаи иҷтимоӣ ё инсонсозандаи фарҳанг –вазифаи асосии фарҳанг ба шумор меравад. Ба тавассути фарҳанг одамон тавонистанд, ки худро аз табиат ҷудо карда, олами худро офаранд. Фарҳанг чун воситаи табдил ёфтани мавҷуди биологӣ ба иҷтимоию фарҳангӣ иштирок мекунад. Ин ҷараёни ҳамроҳшавӣ ба фарҳанг, ба донишҳо, арзишу меъёрҳо ба вуқӯъ меояд, ки дар натиҷаи он инсон аъзои комилҳуқуқи ҷомеа мегардад.

Аз як тараф, одамон худашон фарҳангро ба вуҷуд меоваранд, аз тарафи дигар, онҳо фарҳангеро меомӯзанд, ки одамони дигар офаридаанд. Фарҳанг бо роҳи ирсӣ намегузарад, аз ин рӯ, ҳар насли оянда маҷбур аст, ки онро аз нав кор карда барояд ва ба насли минбаъда вогузорад. Ин ҷараён қисми муҳими иҷтимоишавии инсон мебошад. Одамон аз тамоми таҷрибаи иҷтимоии худ, ки дар урфу одатҳо, анъанаҳо, дониш, маҳорату малакаҳои меҳнатӣ инъикос гардидаст, бархурдор шуда, таълиму тарбия гирифта, ташаккул меёбанд. Азхудкунӣ ва аз нав кор карда баромадани таҷрибаи иҷтимоӣ — фарҳангӣ одамонро ба фаъолият ва муносибатҳои гуногуни ҷамъиятӣ кашида, онҳоро ба зиндагии якҷоя, донишандӯзӣ, омӯзишу пажӯҳиши олами табиат ва хештаншиносӣ водор мекунад. Одамон ба шахсиятҳо табдил меёбанд. Агар ҷараёни иҷтимоишавӣ миёни мардум ногаҳон қатъ гардад, он ба нобуд шудани фарҳанг мерасонад. Фарҳанг — хосияти ҷудонопазири инсон аст. Ба шарофати фарҳанг инсон аз ваҳшоният халос шуда, бар олами ҳайвонот дастболо мешавад. Рафтори ҳайвонот асосан аз рӯи савқи табиӣ, бешуурона ба амал меояд, аммо рафтори одамон — натиҷаи таълиму тарбия аст, ки он яке аз вазифаҳои фарханг ба шумор меравад. Рафтори одамон аз маҷмӯи ҳаракатҳои мавзун иборат аст. Ҳатто чунин ҳаракатҳои беихтиёронаи роҳ рафтан, хоб кардан, атса задан, хӯрок хӯрдан ва ғ., ки ба одамон аз айёми кӯдакӣ омӯзонида мешаванд, ба хулқу хӯ ва усули зиндагии шахс табдил меёбанд. Клайд Клукхон қайд мекунад, ки агар гурӯҳи одамон новобаста ба тафовутҳо байни онҳо ба рафтор, эҳсос, эътиқоду фикрронии муайяни барои ҳамаи аъзоёни гурӯҳ якхела омӯзонда шаванд, пас рафтори азхудкардаи онҳоро, ки аз рӯи хусусиятҳояш барои тамоми гурӯҳ умумӣ мебошад ва ба наслҳо вогузор мешавад, фарҳанг номидан мумкин аст.

Инсон – ин фарҳанг аст. Аммо имрӯз мо киро воқеан «одами маданӣ» ё «одами бофарҳанг» гуфта метавонем? Афкори иҷтимоии давраи антиқӣ ба ин мафҳум пеш аз ҳама сифатҳои аҳли пешқадами ҷомеаро, ки дар худ боадабӣ, донишдорӣ, маърифатнокӣ, боистагӣ, шуҷоатмандии шаҳрвандӣ, вазифашиносӣ, лаёқати мартабадорӣ, соҳибҳунарӣ ва эҷодкориро тарбия мекарданд, таҷассум менамуд. Дар тасаввури юнониёни қадим одами бофарҳанг шахсе буд, ки соҳиби завқи баланди бадеӣ, нутқи буррою равон буда, ҳаёти пурсамару эҷодкорона ба сар мебурд. Румиён аз давраи қадим то имрӯз онҳоеро, ки ба худ ҳамсафари мувофиқ, чизи арзанда ё фикру андешаи дурустро интихоб карда метавонанд, «одами маданӣ» ё «бофарҳанг» мешуморанд. Дар асрҳои миёна шахсони тақводорро, ки аз ирфон бохабар буда, китобҳои диниро мутолиа мекарданд, «одами бофарҳанг» мешумориданд. Ба қавли мутафаккирон, одами бофарҳанг он шахсест, ки аз ӯҳдаи ҳама корҳое, ки дигарон иҷро мекунанд, баромада тавонад. Дар тӯли таърихи башарият шахсиятҳое низ буданд, ки дорои фарҳанги олӣ буданд, зеро илму амалашон бо хирад пайваст шуда, барои мардум хизмат менамуд, онҳо ашхоси комил ва шарафманд буданд. Ҳар қадар инсон бофарҳанг бошад, ҳамон қадар масъулиятшиносии ӯ назди мардум ва ҷамъият зиёдтар зоҳир мегардад. Одами бофарҳанги замона – шахси худогоҳ, хушмуомила, бомурувват ва хушрафтор аст. Худшиносии ӯ дар худогоҳӣ, мардумпарварӣ хидмати беҷаразонааш ба халқу ватан зоҳир мешавад. ӯ боодоб, бомаърифат, шикастанафсу фурӯтан буда, дорои нону шарафи инсонӣ мебошад. Шараф шиносномаи авлод, миллат ва ҳуввияти миллист. Шараф дороиест, ки қадру қимматаш ҳеҷ гоҳ паст намешавад, зеро он инсонро аз ҳар гуна амалҳои носазо боз медорад. Одами бофарҳанги замони муосир шахсест, ки шарафи инсониро дар рафтору пиндору гуфтораш нигоҳ медорад. Даврони пешрафти илму фан ва технологияҳои инноватсионӣ, ки шароитҳои мухталифи ҳаёти башарро ба вуҷуд оварда, фитрати инсонро дар кӯраи зиндагӣ тобу тоб дода, сақал намуд, ба тасаввуроти анъанавии одами бофарҳанг тобишҳои тозаеро муҷассам намуд. Одами бофарҳанг акнун на танҳо дар муносибатҳои байниҳамдигарии одамон дар ҷомеа шинохта мешавад, балки инчунин дар партави масъалаҳои ҷаҳонишавӣ дар виҷдонияту муносибати ҳар шахс нисбат ба олами атроф — муҳити ҷуғрофӣ ва зисту зиндагиаш низ муайян мегардад.

Ҳифзи муҳити оламу одам на фақат маданияти меҳанпарастӣ – «коркарди заминҳои ҳосилхез», истеҳсоли неъматҳои моддӣ ва беҳтар кардани некӯаҳволии мардум ва ҷомеа, ба гулгаштҳо мубаддал гардонидани харобот ва ғ. мебошад, балки бофарҳангиро бо маънои тому аслиаш — «коркарди нафс» — баланд бардоштани савияи дониш, эҷодкорӣ, масъулиятшиносӣ, вазифашиносиеро, ки ба ақлу хирад такя мекунад, тақозо менамояд.


1.59K
Нет комментариев. Ваш будет первым!