РОБИТАИ БИОЛОГИЯТ ВА ИҶТИМОИЯТ

Барои инсон ду роҳи асосии зиндагӣ ва фаъолият вуҷуд дорад:генетикӣ, ки дар робита бо муҳити атроф асоси эволютсияи биологии онро ташкил медиҳад ваиҷтимоӣ -маданӣ. Роҳи дуюм чунин нотакрорӣ ва махсусияти инсонро, ба монанди қобилияти бошууронаю мақсаднок меҳнату истеҳсол кардан, ташаккул додани муносибатҳои ҷамъиятиро ба вуҷуд овард, ки қиёси худро дар олами зинда надорад. Тамоми дастовардҳои таърихӣ, иқтисодӣ, техникӣ, маданӣ ва фарҳангии инсон ба туфайли барномаи дар ҷараёни антропогенез ва инкишофи минбаъдаи таърихӣ- иҷтимоии он ба даст омадаанд.

Ҳайвон аз рӯи барномаи ирсии намудӣ-биологии худ амал мекунад ва ба он шабоҳат дорад. Инсон, баръакс, бо барномаи ирсии намудӣ-биологии худ маҳдуд намешавад. ӯ дар робита бо барномаи табиии худ на фақат фаъолияти меҳнатӣ-истеҳсолӣ ва маданиву фарҳангии худ, балки шуури худро мавриди омӯзишу маърифати худ қарор медиҳад. Ҳама ончие, ки ӯ бунёд мекунад, пайваста бо он худашро ҳамчун субъект шиносонида, роҳҳои зиндагӣ ва фаъолияти худро мавриди таҳлилу омӯзиши худ қарор медиҳад.

Инсон ҳамчун мавҷуди зиндаи биологӣ, бар замми барномаи биологӣ-генетикӣ барномаи иҷтимоии худро бунёд мекунад, вале вай сабаби ягона ва мутлақи вуҷуд доштану фаъолияти худ нест. Аз таъсири яккаҳукумронии муҳити табиӣ озод шуда, инсон узвҳои бадани худро ихтисосӣ ва дорандаи функсияҳои корӣ ва маърифатӣ мегардонад. Зиндагие, ки инсон дар шароити иҷтимоият мегузаронад, ба воситаи предметҳо, рамзу образҳо гузаронида мешавад, ки онҳо ифодаи худфаъолиятӣ, худмаърифатӣ ва худшиносии онанд. Дар зери таъсири зиндагии иҷтимоӣ ва маданӣ, инсон табиати биологии худро гум накарда, дар айни замон мавҷуди дорои «табиати дуюм» шуд. Маданият ва иҷтимоият инстинктҳои соф ҳайвонии онро маҳдуду бетараф ва ром гардониданд. Зиндагӣ ва муносибатҳои ҷамъиятии инсон, ки дар фаъолияти меҳнатӣ-истеҳсолӣ, маънавӣ ва ғайраи он сурат мегирад, дар айни замон худташаккулдиҳӣ ва худсозии иҷтимои-фарҳангии он ба сифати субъекти иҷтимоӣ аст. Ҳастии ҷамъиятии инсон дар ягонагии ногусастанӣ бо тафаккуру шуураш сурат мегирад, чунки, агар ҳастии шахсии он маҳсули муносибатҳои ҷамъиятӣ ва тарзҳои зиндагии он бошад, мазмуни ин охириҳо низ маҳсули фаъолияти бунёдкорӣ ва созандагии он аст. Мазмуну мундариҷаи оъбективии тафаккуру шуури ӯро инъикоси фаъолияту ҳастии ҷамъиятии он ташкил медиҳад.

Дар хусуси таносуби ҷанбаҳои биологӣ ва иҷтимоии инсон ду нуқтаи назари ба ҳам хилоф вуҷуд дорад — биологикунонӣ ва иҷтимоигардонӣ. Назарияи дигаре низ вуҷуд дорад, ки он бо номи параллелизм-мувозинати биологӣ-иҷтимоӣ маълум аст. Мувофиқи он, инсон ҳам мавҷуди табиӣ-биологӣ ва ҳам мавҷуди иҷтимоӣ аст, чунки фаъолияту зиндагии он бе мубодилаи моддаҳо, протсессҳои табиӣ-биологӣ имконнопазир аст. Дар ин бобат ҷои баҳсу мунозира нест. Вале гап дар он аст, ки оё барномаи генетикӣ-биологии инсон дар худ барномаи пешакии иҷтимоӣ, маданӣ ва фарҳангишавии худро дорад? Магар инсон дар ҷабҳаҳои гуногуни фаъолияту муносибатҳои ҷамъиятӣ инкишофи маданӣ, фарҳангӣ, касбу ҳунарҳои худ, мартабаҳое, ки он дар «протсесси таърихӣ»-и худ пайдо мекунад, дар геноми он дода шудаанд?

Ягон дастовардҳои таърихӣ, истеҳсолӣ, илмӣ, техникӣ, технологӣ, тамаддунӣ, маданӣ ва фарҳангӣ дар шакли органикӣ, дар вуҷуди инсон пешакӣ дода нашудаанд ва аз як насли одамон ба насли дигари онҳо ирсӣ намегузаранд. Таърихан дар заминаи бадани биологӣ хосиятҳои он ва барномаи иҷтимоии инсон ташаккул меёбанд, вале мазмуну мундариҷа, моҳият ва таъиноти онҳо дар генҳо дода нашудаанд. Танҳо, таносуби комбинатсияҳои онҳо дар ҳар як фард барои «зоти инсон» умумӣ ва ҳам хислату хусусиятҳои нотакрори фардиро медиҳанд. Дар генҳо ва протсессҳои органикӣ, ки дар вуҷуди табиӣ-биологии инсон ҷой дорад, ҳамчун протсесс ва мубодилаи органикӣ аз насл ба насл мегузаранд, лекин дар онҳо на назму наср, на мусиқиву сиёсат, касбу ҳунарҳои гуногун, на демократия ва диктатура, на ғулому ғуломдор, на феодалу деҳқони мутеи он, на буржуа ва коргари кироя, на таъинот, сифатҳои шоҳу гадо шудан ниҳон нестанд, ки баъд аз ба дунё омадани одамон илму техника, назму наср, сиёсат, дипломатия ва муносибатҳои ҷамъиятӣ шаванд. Дар ин ва боз дар садҳо тарзу шаклҳои касбу ҳунар, таъиноту сифатҳои шахсӣ ва иҷтимоии инсон ҳамчун субъекти таърихӣ, генҳои пешакӣ махсусгардонидашуда барои тарзҳои фаъолияту муносибатҳои ҷамъиятӣ вуҷуд надоранд. Биология ва генетикаи инсон кулли хислатҳои табиӣ-органикии онро муайян мекунанд, ки онҳоро бо шахсияти инсон якмаъно донистан мумкин нест, чунки одамон чун шахс таваллуд намешаванд, шахсияти онҳо дар зиндагиву фаъолияти иҷтимоӣ ва муносибатҳои ҷамъиятиашон ташаккул меёбад.

Тарафдорони назарияи иҷтимоигардонӣ заминаҳои биологии иҷтимоишавии инсонро рад намекунанд, вале чунин ҳисоб мекунанд, ки инсон бо қобилияти (имконияти) дар маҷрои инкишофи иҷтимоиаш ташаккул додани қобилиятҳои ҳархелаи худ дар соҳаҳои гуногуни фаъолият, касбу ҳунар ва муносибатҳои ҷамъиятӣ ба дунё меояд, на бо қобилияти махсусгардонидашудаи генетикӣ ба ин ё он касбу ҳунар, тарзҳои зиндагӣ ва муносибатҳои ҷамъиятӣ.

Дар рафти иҷтимоишавӣ (дар ин хусус муфассал дар поён сухан меравад) фардҳои биологӣ сифатҳои шахсӣ, фарҳангӣ пайдо мекунанд, соҳиби касбу ҳунарҳои гуногун мешаванд, то иҷтимоишавиашон бо ягон касбу ҳунар ва дорандаи сифату муносибатҳои ҷамъиятӣ ба дунё намеоянд. Ҳамаи хислату хусусиятҳои табиии инсон (ҳамчун мавҷуди биологӣ) маданӣ ва иҷтимоӣ гардонда мешаванд. Онҳо дар ин протсесс доранда ва барандаи функсияҳои иҷтимоӣ мегарданд. Андозаҳои табиии одам фақат барои инсони ҷамъиятӣ вуҷуд доранд, чунки фақат дар ҷамъият табиати биологии фардҳои биологӣ пайванде мешавад, ки одамро бо одам мепайвандад. Фақат дар ҷамъият ҳастии табиӣ ҳастии инсонӣ мешавад. Инсон эҳёи инсонии худро дар ҷамъият меёбад. Дар эволютсия ва инкишофи пай дар пай ва зина ба зинаи материя ҳаракати иҷтимоии материя аз ҳаракати биологии он боло меистад. Барои ҳамин ҳам дар таносуби омилҳои биологӣ ва иҷтимоии инсоншавии одам мақоми муайянкунанда ва пешбаранда ба материяи иҷтимоӣ тааллуқ дорад.

Бо пайдоишу инкишофи илми генетика баҳсу мунозираҳо дар хусуси таносуби омилҳои биологӣ ва иҷтимоии инсон хеле афзоиш ёфтанд. Тасаввуротҳое пайдо шуданд, ки мувофиқи онҳо, маҳз ирсияти генетикӣ табиату моҳияти инсонро муайян мекунад, омилҳои иҷтимоӣ, тарбиявӣ ва фарҳангӣ фақат воситаи ёрирасони ошкору зуҳурёбии онҳост, худи табиату моҳияти инсонии одамон, тарбия ва иҷтимоият аз биологияи онҳо бармеояд. Мувофиқи ин тасавуротҳо, ки характери мавҳумотро пайдо карданд, аломату нишонаҳои ноаёну абстрактӣ (задатки) ва психофизиологии бадани одам гӯё бе иҷтимоият, назму наср, мусиқӣ, донишҳои математикӣ ва касбу ҳунарҳои гуногун ва бе шахсияти одам пайдо шуда, ҳастии инсонии одамонро муайян мекарда бошанд.

Оё чунин ҳисоб кардан мумкин аст, ки одамон ҳамчун мавҷуди биологӣ барномаи иҷтимоӣ ва инсоншавии худро бо хислату хусусиятҳои генетикӣ ва физиологии бадани худ ба ин дунё, ба ҷамъият меоранд ва аз онҳо ҷамъият, тарзу шаклҳои фаъолият ва муносибатҳои ҷамъиятии худро месозанд? Ба ҳеҷ ваҷҳ! Чунин тасаввурот хатои маҳз аст, ки баъзе одамон онро кӯркурона «ҳақиқати илмӣ» ҳисоб мекунанд.

Тадқиқотҳои олимони даврони шӯравӣ ва як қатор мамлакатҳои дигар, ки ба омӯзиши дугоникҳо, кӯру кару гунгҳо ва нафарони аз муҳити инсонӣ, иҷтимоӣ берун монадаю «тарбияи ҳайвонӣ» гирифта бахшида шудаанд, акси инро нишон доданд. Аз ҷумла муайян карда шуд, ки шахсияту иҷтимоияти инсон худ аз худ тавассути ирсияти биологии он пайдо намешавад. Одам ҳамчун инсон ва субъекти фаъолияти мақсадноки ба олами атроф таъсиррасонанда ва ин оламро дигаргунсозанда бе барномаи иҷтимоӣ сифатҳои инсонии худро пайдо намекунад. Инсоншавии зоти биологии одам дар заминаи имкониятҳои абстрактии ба ягон касбу ҳунар ва муносибатҳои иҷтимоии пешакии касбигардониданашудаи хислату хусусиятҳои бадани органикӣ, генетикӣ, нейрофизиологӣ ва нейропсихикии фардҳои зиндаи биологӣ сурат мегирад, вале на дар ягон шакли махсусгардонидашудаи касбӣ, на дар шакли сенарияшуда ва лоиҳавишуда, ки дар зиндагии иҷтимоии фардҳои биологии барои як кас назму наср, барои каси дигар касбу ҳунарҳои дигар, косибӣ, чорводорӣ, карбосбофӣ, шоҳибофӣ, барои сеюмиҳо сиёсатимадорӣ, фаъолияти дипломатӣ гардад. Инсоншавии фардҳои биологӣ дар ҳудуди муносибатҳои иҷтимоӣ, тамаддунӣ, фарҳангӣ сурат мегирад ва дар рафти зиндагӣ дар дунёи мутамаддин аз рӯзи таваллуд то марг давом меёбад, ҳаргиз дар организми одам то иҷтимоишавии он ва берун аз ҷамъият сурат намегирад.

Генҳо, нейрофизиология, нейропсихология аз қабили заминаҳои абстрактиву мутлақи ташаккули одамият, қобилиятҳо, фаъолиятҳо ва маънавияти одамон ҳастанд ва ба инҳо баробару айниятнок нестанд, ҳарчанд, ки ин охириҳо дар заминаи онҳо ташаккул меёбанд. Онҳоро як донистан нодуруст аст.

Ба маънидодкунии қатъиян нави табиату моҳияти инсон сотсиобиологҳо даъво доранд. Онҳо назарияи коэволютсияи (эволютсияи ҳамҷояи) «генетикӣ-маданӣ»-ро пешниҳод карданд. Мувофиқи назарияи онҳо, протсессҳои органикӣ ва маданӣ якҷоя ва дар як вақт (синхронӣ) ба вуҷуд меоянд, яъне биологият (табиият) ва иҷтимоият якҷоя ба вуқуъ мепайванданд. Сотсиобиологҳо чунин ҳисоб мекунанд, ки моделҳои (нусхаҳои) протоиҷтимоӣ (тоиҷтимоӣ ва якӯмини) рафтору амали одамон биологӣ ба нақша гирифта шудаанд, яъне барномаи пешакӣ муайяншудаи биологӣ доранд, аз инҷост, ки донистани геноми одам инконият медиҳад, ки рафтору амали онро дар оянда ва барои оянда муайян кунем. Вале чунин фаҳмиш фатализми биологӣ аст. Дар биология инро преформизм (пешакӣ муайяншуда) мегӯянд. Таълимоти сотсиобиологҳо дар бораи он, ки байни генҳо ва падидаву рӯидодҳои иҷтимоӣ ва таърихӣ робитаҳои бевоситаи сабабӣ вуҷуд дорад, аз ҳақиқат дур аст. Бояд онро ба назар гирифтаву фаҳмидан зарур аст, ки императиви эволютсионӣ ҳатман табиати генетикӣ дошта бошад ва императиви генетикӣ эволютсионӣ бошад, барои пайдоишу мавҷудияти маданияту тамаддун сабаби муайянкунанда гардад.

Мувофиқи ақидаи сотсиобиологҳо, кулли шаклҳои стереотипии рафтору кирдор ва амалиётҳои инсон низ ба ҳайвонҳо хос аст ва дар биологияи он пешакӣ муайян шудааст. Онҳо чунин ҳисоб мекунанд, ки алтруизм, ҳимояи макони зист, агрессия, таҷовуз бо ҳамон як андоза ҳам хоси ҳайвон ва ҳам хоси инсон аст. Сотсиобиологҳо эволютсияи маданӣ ва фарҳангиро дар фаъолияту зиндагии таърихии инсон умуман рад намекунанд, вале кӯшиш мекунанд, ки ба ҷанбаҳои иҷтимоии мавҷудияту инкишофи инсон мавқеи дуюмдараҷа диҳанд, ҷанбаи биологиро аз он боло гузоранд ва муайянкунанда ҳисоб кунанд.

Андозаҳои табиӣ-биологии инсон дар хислату хусусиятҳои генетикӣ, анатомӣ-физиологӣ, морфологӣ, системаи олии асаб, протсессҳои химиявӣ ва физикии бадани (организми) он дода шудаанд. Дар рафти зиндагии онҳо бетағйир намемонанд. Ҳамаи зуҳуроти табиӣ-биологӣ, иҷтимоӣ ва психикӣ ва психологии он дар ягонагии ногусастанӣ вуҷуд доранд. Берун аз ҷамъияту фаъолияти меҳнатӣ ва новобаста аз онҳо инсонро мавҷуди муттамадин, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ номидан мумкин нест.

Ба ин ё он тараф, яъне ба биологӣ ё иҷтимоӣ нисбат додани ақлу тафаккури ӯ нодуруст аст. Ақлу тафаккури инсонӣ падаидаи муракабтарину зиддиятноки биологӣ-психологӣ-иҷтимоӣ аст. Самтҳои ташакулу инкишофи онҳоро ҳампайвастагӣ, ҳамтаъсирӣ ва амали якҷояи ҳамин се ҷанбаи номбаршуда ташкил медиҳад. Субстрати материалии онҳоро паҳлӯи биологӣ (физиологӣ) ташкил медиҳад. Вале мазмуну мундариҷа ва моҳияти хоссаи инсонии онҳоро паҳлуҳои иҷтимоӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ ташкил медиҳанд. Паҳлӯҳои табиӣ-биологӣ ва иҷтимоӣ дар вуҷуди инсон алоҳидаю новобаста аз якдигар не, балки дар якгонагӣ вуҷуд доранд ва амал мекунанд, онҳо «қутбҳои» якдигарро истиснокунанда нестанд, ҳарчанд ки биологият иҷтимоият нест ва иҷтимоият биологият нест. Онҳо дар таносуби объективӣ вуҷуд доранд. Инсон дар протсесси иҷтимоишавиаш дорандаи (субъектӣ) функсияҳои иҷтимоӣ, маданӣ ва фарҳангӣ мешавад. Агар дар таҳлили таносуби биологият ва иҷтимоият шартан ба паҳлӯи табиӣ-билогии инсон гузарем, пас бо хусусияту сифатҳои тану бадани он, қонуниятҳои табии вуҷуддории биофизикӣ, химиявӣ ва энергетикии он сару кор дорем. Агар ба таҳлили иҷтимоии зуҳуроти хусусияту сифатҳои шахсии инсон гузарем, пас бо моҳияти таърихӣ-иҷтимоӣ, психологӣ маънавӣ ва фарҳангӣ, хуллас бо моҳияти хоссаи инсонии он сару кор дорем.

Кӯдаки навзод бо тамоми сохтори анатомӣ-морфологӣ ва физиологии баданаш, ки аз «зоти инсон» мерос мегирад, ба дунё меояд. Агар ӯ аз муҳити иҷтимоӣ, таъсири он, аз тамаддуну фарҳанги инсонӣ берун монад, он гоҳ вай ҳамчун мавҷуди биологӣ худ аз худ, ба маънои томи ин калима, инсони мутаммадин намешавад, ҳамчун шахсият ташаккул намеёбад. Аз ин ҷост, ки вай субъекти худфаъолияти ҷамъиятӣ ҳам шуда наметавонад. Инсон, ба маънои хоссаи ин мафҳум, субъектӣ иҷтимоӣ аст. Моҳияти инсонӣ ҷамъиятӣ ва фарҳангӣ буда, худи ӯ субъекти муошират ва дорандаи муносибатҳои ҷамъиятӣ аст.

Ҳамаи намояндагони «зоти одам» сифатҳои хосса ва умумиинсонии субъектшавии худро дар фаъолияту муносибатҳои ҷамъиятиашон пайдо мекунанд. Ин протсесс дар илм сотсиализатсия, яъне иҷтимоишавӣ ном дорад. Ҳар як фарди биологии ба дунё омада, аз рӯзи аввали зиндагӣ то охири умраш, сарфи назар аз он, ки инро мехоҳад ё намехоҳад, ба маҷрои сотсиализатсия – иҷтимоишавӣ ё инсоншавӣ ворид шуда, ҳамчун шахс худро ба сифати субъекти амалиёту фаъолияти хеш ташаккул медиҳад.

Иҷтимоишавиро аз иҷтимоигароӣ бояд фарқ кард. Иҷтимоишавӣ қонунияти куллии аз мавҷудоти табиӣ-биологӣ сабзида расидани ҳамаи намояндагони намуди биологии ҳомосапиенс ба инсонҳои иҷтимоӣ-таърихӣ, мутамаддин, фарҳангӣ ва субъектҳои ҳаёту фаъолияти ҷамъиятӣ аст. Иҷтимоигароӣ равияест дар фалсафаи иҷтимоӣ ва антропологияи фалсафӣ, ки қонуниятҳои инкишофи иҷтимоии инкишофи инсонро аз меъёр зиёд муболиға мекунад, омилу қонуниятҳои биологиро ё сарфи назар мекунад, ё дуюмдараҷа медонад. Дар протсесси инсоншавии фардҳои биологӣ ҳамаи узвҳои (органҳои) бадани онҳо доранда ва барандаи ин ё он функсияҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ мешаванд. Алҳол ин функсияҳо дар узвҳои бадани онҳо азалӣ дода нашудааст, онҳо мазмунан пайдоиши иҷтимоӣ-таърихӣ ва маданӣ доранд. Бе информасияи беруна (табиӣ-таърихӣ, иҷтимоӣ, фаъолияти маданӣ), бе инъикоси он дар майнаи сари инсон шуур мазмуну мундариҷаи муайяне надорад.

Инсон бо хусусиятҳои органикӣ-биологии тану бадани худ тобеи қонунҳои биологӣ аст, аммо бо сифатҳои субъектӣ ва шахсияш тобеи қонунҳои ҳастии ҷамъиятӣ ва таърихӣ аст. Ҳастии он ягона, том аст, онро ба ҳастии табиӣ-ҷисмонӣ ва ҳастии иҷтимоӣ ҷудо кардан, онҳоро муқобил гузоштан мумкин нест. Масъалаи баҳснок дар инҷо, муайян кардани вазни қиёсии «омилҳои биологӣ» ва иҷтимоӣ дар ҳастии инсон аст. Ин масъалаест, ки то имрӯз баҳсу мунозираҳои доманадор дар атрофии он давом доранд. Вале сарфи назар аз ин баҳсу мунозираҳо, инсонро ба «ҳиссаҳо»-и биологӣ, иҷтимоӣ ва психологӣ тақсим кардан мумкин нест. Вай моҳияти тому тақсимнашаванда дорад, наметавонад дар биологияташ як одам, дар иҷтимоият ва психологияташ одами дигар бошад. «Се одам» дар як одам не, балки як одами дорои сифатҳои (атрибутҳои) ҳамҷояи биологӣ, иҷтимоӣ ва психологӣ вуҷуд дорад.

Назарияҳои навтарини сотсиал-дарвинизм ва сотсиал-биологизм ба саволи «генҳо ё сотсиум» ҷавоб дода, ба ҷои аввал генҳоро мегузоранд, ( С.Пинкер, Ҷ.Тойч) гӯё ки ба ҳама он чие, ки бо он инсон дар рафти инкишофи таърихӣ-иҷтимоӣ ва маданӣ-фарҳангии худ дучор меояд ва бунёд мекунад, натиҷаи зуҳуроти генҳо буда, азалӣ дар ниҳоди биологии он дода шудааст, дар раванди таърихӣ-иҷтимоӣ ва мадании инсон худ аз худ ба тарзу шаклҳои фаъолият, муносибатҳои ҷамъиятӣ ва тарзи зиндагии иҷтимоӣ мубаддал мешавад. Гӯё ки ин генҳо ва табиати биологии инсон худ аз худ ба протсессу муносибатҳои ҷамъиятӣ, маданияту фарҳанг, сиёсат ва дигар сифату хусусиятҳои таърихан пайдошудаи он ва ҷамъятӣ табдил меёбанд. Чунин тарзи масъалагузорӣ ва маънидодкунии биологии инсон ва фаъолияти иҷтимоии он ба ҳақиқат рост намеояд. Тағйироту дигаргуниҳоеро, ки инсоният дар таърихи мутамаддини худ аз сар гузаронидааст, бо генҳо ва умуман ирсияти биологӣ муайян намегарданд ва андоза карда намешаванд.

Аз назари сотсибиологҳо, бунёди ирсӣ-генетикии инсон чунон пойдору устувор ва мукаммал аст, ки ҳеҷ гоҳ вайрон намешавад. Гурӯҳи дигаре аз тарафдорони биологикунонӣ ақида доранд, ки инсон ҳамчун намуди биологӣ гӯё рӯ ба нестшавӣ оварда истодааст. Онҳо сабабро дар он мебинанд, ки инсон муҳити иҷтимоии зисти худро бунёд намуда, соҳиби дорую дармон ва дигар воситаҳои тиббии зиндагии худ гардид, худро аз таъсири шадиди интихоби табиӣ раҳо дод. Дар натиҷа ӯ барои худ бори вазнини мутатсияи генетикиро ба дӯшаш гирифт. «Тӯфону ноҷӯриҳо», ки инсон дар раванди таърихи иҷтимоии худ ба амал овард, оҳиста-оҳиста боиси нестшавии вай ҳамчун намуд ва зоти биологӣ хоҳад гардид. Сеюмиҳо чунин ҳисоб мекунад, ки инсон намуди аз ҳама ҷавони биологӣ буда, дар худ то ҳанӯз генҳои ҳайвониро нигоҳ медорад. Ин ақида ғайр аз биологикунонии инсон ва қувваҳои моҳиятии таърихан пайдо кардани он, боз тарафдори элитаризм аст, ки тамаддун ва маданияти инсониро натиҷаи фаъолияти на ҳамаи нажодҳо, балки натиҷаи фаъолияту бунёдкории нажодҳои баргузида меҳисобад. Вале ин фаҳмиш ба ҷуз натурализми назариявӣ чизи дигаре нест.

Таълимотҳои генетикӣ-нажодпарастӣ даъво мекунанд, ки табиати генетикии инсон ислоҳталаб буда, инсон дар ояндаи наздик маҳз ба сабабҳои биологӣ зери хавфу хатар хоҳад монд. Фақат генетика эволютсияи биологии инсонро метавонад ба дасти худ гирад ва хавфро аз байн бардорад. Дар партави чунин ақидаву ғояҳои евгеника ва селектсияи одамон эҳё шуда истодааст. Аз ҳад зиёд муболиға кардани ҷанбаҳои генетикӣ ва имкониятҳои селексияи одамон муболиғаи сотсиал-дарвинизм ва сотсиал-биологизм, ба эътибор нагирифтани қонунияту протсессҳои инкишофи таърихӣ иҷтимоӣ ва маданӣ фарҳангии инсоният аст. Табиат назар ба он чие, ки иҷтимоият ва маданият аз инсон талаб мекунад ва ба он медиҳад, онро дода наметавонад, ҳарчанд ки иҷтимоият ва маданият бунёди биологии инсонро барҳам намедиҳад, зиёда аз он, ин охириҳо бе табиат ҳеҷ вақт бунёд намеёфтанд. Дар натиҷаи ба ҳам пайвастани биологият ва иҷтимоият аввалӣ дар ҳар як фарди биологӣ воситаи таҷасумкунонӣ ва барандаи иҷтимоияту маданият мешавад, вале чи тавре, ки дар боло гуфтем, биологияи он аз аввал ва азалӣ дар худ иҷтимоият ва маънавияти инсониро надорад. Ин охириҳо музаффариятҳои таърихан ба даст овардаи инсон ҳастанд ва онҳоро бо инстинктҳои биологии дар рафти таърихи иҷтимоӣ, маданӣ, фарҳангӣ ва маданикунонидашуда яксон сохтан мумкин нест.

Ҷанбаҳои биологӣ ва иҷтимоӣ дар инсон чигуна ба ҳам мепайванданд? Ирсияти биологӣ инсонро бо кулли хислату хусусиятҳои табиӣ-биологӣ, инстинктҳои намуди биологии он ва дигар имкониятҳои биологиаш барои гузаштан ба қонуниятҳои таърих ва иҷтимоият, маданияту фарҳанг, фаъолияту зиндагии ҷамъиятӣ имконият медиҳад. Хусусиятҳои табиӣ-биологӣ имконияти доимиву абстрактии инсони ҷамъиятӣ шудани фарди биологӣ аст. Худи протсесси инсони ҷамъиятӣ шудани он қонуниятҳои суратгирии ин протсесс дар ирсияти биологӣ дар ягон шакли тайёр ба ягон мазмуну самтҳои пешакӣ муайян шудаи воқеиятёбии касбу ҳунару муносибатҳои ҷамъиятии он дода нашудааст.


326
Нет комментариев. Ваш будет первым!