Фалсафаи тоҷик дар асрҳои миёна. Носири Хусрави Қубодиёнӣ
Носири Хусрави Қубодиёнӣ (1004-1088) аз бузургтарин шоир ва барҷастатарин файласуфи исмоилимазҳаби тоҷик ба шумор меравад. Муҳимтарин осори фалсафиаш: «Зод-ул-мусофирин», «Ҷомеъ-ул-ҳикматайн», «Хон-ул-ихвон», «Кушоиш ва раҳоиш», «Ваҷҳи дин», «Далел-ул-мутаҳайирин», «Сафарнома», «Рӯшноинома», «Саодатнома» ва осори манзумаш мебошанд.
Носири Хусрав аз мавқеи исмоилия бар он ақида будааст, ки Худо сарманшаи нахуст аст. ӯ Ақли Кулл ва нафсро офаридааст. Худо аз назари файласуф яккаю ягона аст, ибтидою интиҳо надорад, аз ваҳм, фикр ва ақлу андешаи инсонӣ берун аст, ломакон аст ва ақли инсон дар шинохти он дар таҳайюр аст. Ба ақидаи Носири Хусрав, Худо офаридгори олами моддӣ набуда, балки эҷодкори Ақли кулл ва рӯҳи умумиҷаҳонист. Ақидааш роҷеъ ба хилқати олам ин будааст, ки аз аҷрому афлок унсур ба вуҷуд омадааст, ки дар онҳо табъҳо (хушкӣ, тарӣ, сардӣ ва нармӣ), аз табъҳо роҳату ранҷ, дарду тансиҳатӣ, ҳамчунон аз чаҳор унсур се олами моддӣ-ҷамодод (ҷамъи ҷамод-санг, минерал, чизи беҷон), наботот ва ҳайвонот падид омадааст. Эҷоди табиӣ инсон аст, ки ҷисми ӯ низ аз унсурҳо таркиб ёфтааст. Ҳамин тариқ, Носири Хусрав назарияи офаринишро аз шакли ҷисмонӣ, ки хоси таълимоти исломи ибтидоист, берун оварда, ӯро аз корҳои дунявӣ ба олами рӯҳонии аз ақлу ваҳм берун расонида, Ақли Куллро офаридгори ҷаҳони моддӣ донистааст. Худо ба қавли ӯ, танҳо Ақли Куллро офаридааст ва Ақли Кулл дар миёни Худову олами моддӣ ҷой дорад. Ақли Кулл ҳам бо вуҷуди офаридгориаш ҳокими мутлақи моддӣ нест, вай онро барҳам низ намедиҳад. Бинобар ин, олами моддӣ ва ҳафт саёраву Офтобу Моҳтоб, ки дар фалак ҷовиданд, фанонопазиранд. Дигар масъалаи муҳиме, ки мавриди таҳқиқи файласуф қарор гирифтааст, ин масъалаи инсон мебошад. Ба андешаи Носири Хусрав, инсон ҷисми аз хок офаридаву аз ҷони атокардаи Худо нест, балки падидаи табиист, ки аз таркиби унсурҳо ва табъҳо дар батни модар аз хуни сурху сафед офарида шудааст. Яъне, тибқи андешаи мутафаккир, инсон ин хилқати моддию табиӣ аст, вале ҷисми ӯро моҳияти инсониаш намеҳисобад, чунки ба ақидаи ӯ, ҷони вай-рӯҳи абадиаш, ки аз олами рӯҳонӣ падид омадааст, дар ҷон асос аст ва ҷисми ӯ фонист. Пас ҷисми инсон дар ин дунё падидоварандаи нерӯи нотиқаи ӯст, ки аввал ба рӯҳи вай дода мешавад, зеро вай аз олами қудсӣ аст, мартабаи худоӣ дорад.
Носири Хусрав мартабаи инсониро ба дараҷаи Худоӣ боло мебардорад ва ба ин муносибат масъалаи маъод (бозгашт)-ро ба миён мегузорад. Бозгашти рӯҳи инсон ба олами қудсӣ бозгашти оддию муқаррарӣ нест. Вай бояд аз олоишоти дунявӣ комилан пок шавад. Бозгашти инсон ба рӯҳи илоҳӣ вобаста ба худшиносӣ пок гардонидани ахлоқ аст. Аз рӯи ақидаи мутафаккир, ҷаннат ин ахлоқи нек доштан ва бо Худо васл шудани рӯҳ аст.
Дар фалсафаи Носири Хусрав назарияи маърифат низ мавқеи муҳимро ишғол менамояд. Доир ба ин масъала дар асарҳояш «Зод-ул-мусофирин», «Ҷомеъ ул-ҳикматайн», «Ваҷҳи дин» ва «Хон ул-ихвон» изҳори андеша крдааст. Ба ақидаи ӯ, «ҷавҳари илм ҳамон низоми олам аст, ки аз Ақли кулл бархоста, ҳамаи мавҷудотро фаро мегирад ва ҷараёни ҳастиро маърифат кардани инсон барқарор намудани иртибот дар миёни ақли фардии инсонӣ ва ахтари ҳақиқии олам иборат мебошад» Файласуф ҳамчунин доир ба маърифати ҳиссию ақлӣ низ бисёр ақидаҳои ҷолиб иброз доштааст, ки инсон ба василаи он аз сирру асрори ниҳонии олам бархурдор мегардад.
Носири Хусрав роҷеъ ба масъалаҳои ахлоқӣ ва иҷтимоиву сиёсӣ низ як силсила фикрҳои бикру ноб баён кардааст. Мувофиқи ақидаи ӯ, хулқи баду нек ба нафс алоқаманд мебошад. Агар бадиву зиштӣ аз нодонию оҷизӣ ба миён ояд, пас накӯиву хайрот аз покизагии хулқи инсон бармеояд. Аз ин рӯ, ақл меъёри асосии ахлоқ аст. Мутафаккир бар зидди ҳама гунна ҷабру ситам баромад карда, одамонро ба меҳнаткашию дӯстӣ ва рафоҳияти байниҳамдигарӣ тарғиб намудааст.