Тасаввуф

Тасаввуф яке аз машҳуртарин таълимотҳои фалсафии форс-тоҷик маҳсуб мешавад. Ин ҷараён дар асрҳои авали густариши дини ислом дар мамолики Шарқи Наздику Миёна пайдо шудааст. Баъди ба фирқаҳо ҷудо шудани мусалмонон ҳар даста ба худ номи махсусе гирифт зоҳидоне, ки дар аъмолашон муносибати ифротӣ пайдо шуда буд, «суфӣ» ё худ «мутасаввиф» ном гирифтанд ва дар авали асри VIII алакай истилоҳи «тасаввуф» ва дигар калимаҳои аз ин реша баромада ба таври васеъ истифода мешуданд. Роҷеъ ба истилоҳи «тасаввуф» дар байни муҳаққиқон назарҳои мухталиф ҷой доранд. Гурӯҳе онро аз калимаи «суф» (матои пашмин), қисме аз «соф» (покии қалб), дастаи дигар аз «суфа» ва бархе аз «софия» (ҳикмати юнонӣ) гуфтаанд. Дар китоби «Кашф-ул-истилоҳот ул-фунун» омадааст: «Аммо тасаввуф дар луғат суф пӯшидан аст ва ин асари зӯҳд ва тарки дунёст ва дар истилоҳи аҳли ирфон покиза кардани дил аст аз муҳаббати мо сӯи Аллоҳ ва рост кардани зоҳир аст ва дур будан аз манъиёт (корҳои дар шариат инкор кардашуда) ва мувозибат (саъю кӯшиши доимӣ дар коре) намудан ба фармудаи расули Худо ва ин ҷамоат мутасаввифаи муҳаққанд ва баъзе мутасаввифаи мубталанд, ки худро суфия мешуморанд ва ба ҳақиқат суфия нестанд ва инҳо чанд фирқаанд…» (Ал-Таҳовӣ Муҳаммади Алӣ. Кашф ул-истилоҳот ул-фунун. Тавзеҳи Муҳаммади Возеҳ, Абдулғанӣ ва Ғуломқодир. Иборат аз ду ҷилд.-Ҳиндустон, 1346, ҷилди 1, саҳ, 841).

Бояд қайд кард, ки дар суханони суфиёни асрҳои VIII-IX инкишофи ҷиддии фикрӣ ба вуҷуд омад. Фаъолияти амалии зоҳидон ба риёзати нафс, муҷоҳида, мукошифа ва тасфияи (поксозӣ) қалб табдил ёфт. Ин фаъолият дар тасаввуф мазмуни тозаи назариро ба вуҷуд овард. Масъалаҳои ишқу муҳаббат, таносуби орифу маъруф ва матолиби фалсафаи илоҳӣ ба миён омад, ки якҷоя бо истилоҳоти нави ирфонӣ- ишқ, ирфон, маърифат, фано, бақо ва ғ. сирри мазҳари илоҳӣ ва асоси офариниши оламро шарҳ медоданд. Акнун ба ҷои «тасаввуф» ва «суфӣ» бештар «ирфон» ва «ориф» истифода мешуд. Аслан, «ориф» ва «суфӣ» муродифи ҳамдигаранд ва аксаран як маъноро ифода мекунанд. Калимаи «ирфон» аз решаи арабии «арафа» гирифта шуда, маънои шинохтанро дорад ва он ба равиши мутасаввифин мувофиқат мекард.

Дар адабиёти тасаввуфӣ маъмулан мутасаввифонро ба аҳли маърифат ва аҳли муҳаббат ҷудо мекунанд. Албатта, чунин тақсимбандӣ комилан шартист, зеро дар бисьёр маврид онҳо ба ҳам меомезанд. Ба ҳар ҳол вобаста ба моҳият ва хусусияти назарии таълимоташ Қушайрию Ғазолӣ, Сӯҳравардию Ибни Арабӣ ва Ҷомию Насафиро аҳли маърифат мехонанд. Дар ҳақиқат ин бузургони тасаввуф бештар ба ҷанбаи маърифатии масъала аҳамият дода, роҳу усулҳои маърифати маънавӣ ва худшиносии инсонро тадқиқу таҳқиқ намудаанд, робитаи олами кабиру сағир, масъалаи инсони комил, ваҳдаи вуҷудро ба як консепсияи томи фалсафию ирфонӣ расондаанд. Робиаи Адвия, Абӯбакри Шиблӣ, Боязиди Бистомию Мансури Ҳаллоҷ, Абӯсаиди Абулхайру Шамси Табрезиро аҳли муҳаббат медонанд. Онҳо асосан ташнаи ишқи илоҳӣ буданду назар ба ҷанбаи маърифатӣ ба ҷиҳати ахлоқии тасаввуф, ба ҳусну камоли холиқ (ҷиҳати этикию эстетикӣ) таваҷҷӯҳи бештар ба харҷ доданд. Байни ин ду гурӯҳи зикрьёфта тариқаи мобайние низ вуҷуд дошт, ки онҳоро аҳли футувват номиданд.

Назарияи маърифати тасаввуф ба шинохти ҳақиқати мутлақ ва ё ҳақиқати азалӣ равона шудааст. Шинохти ин ҳақиқат дар адабиёти тасаввуфӣ иборат аз се зинаи махсус- шариат, тариқат ва ҳақиқат ифода мегардад. Шариат аз маҷмӯи қоидаву қонунҳои динӣ, ахлоқӣ ва сиёсие иборат мебошад, ки барои ҳамаи мусулмонон воҷиб буда, муминонро аз роҳи шарр ва гумроҳӣ эмин медорад. Аз ин рӯ соликони роҳи тариқат низ мисли дигар мӯъминон бояд шариати ислом, махсусан аркони асосии онро риоя намоянд. Маҳз аз ҳамин сабаб дар бисёр маъхазҳои тасаввуфӣ шариатро зинаи авали роҳи солик мешуморанд, зеро он заминаи амалӣ барои марҳалаи баъдӣ- тариқат мебошад.

Тариқат дар луғат ба маънии «роҳ» меояд. Он дар тасаввуф марҳилаест, ки ҳадафаш поксозии қалб ва такмили нафс мебошад. Соликони тариқат дар ин марҳала тавассути ҷаҳду тало шва кашфу мушоҳида камол ёфта, ба марҳилаи ҳақиқат мерасанд. Вале қабл аз он, ки солик ба ҳақиқати азалӣ бирасад, дар марҳилаи тариқат зинаҳои махсуси равониро бояд гузарад, ки онҳо «мақомот» номида шуда, дар натиҷаи кӯшиши солик ба даст меоянд… Дар маҷмӯъ тариқат сайри махсуси мурод аст, ки соликонро сӯи ҳақ мебарад, аз тариқи тарки дунё, давоми зикру тавба ба мабдаъ (асос), инзиво (гӯшанишинӣ), сидқу ихлос ва назири инҳо.

Марҳалаи ҳақиқат сарманзили маърифат ва натиҷаи сулук дар тариқат аст. Агар дар марҳалаи тариқат исму сифатҳои илоҳӣ барои солик муайян гардад, дар марҳалаи ҳақиқат худи зоти илоҳӣ дарк мешавад.

Чуноне ки зикр шуд, тасаввуф аз зӯҳду тақво оғоз гардида, дар фаъолияти ҳар як суфии муайян ба шаклу намудҳои ба худ хосе зуҳур меёфт. Ҳамин тавр, аввал маҷмӯи кирдору аъмоли зоҳидон тасаввуфи амалию ахлоқиро созмон дод, баъд ҷанбаи назарию илмии он дар доираи ишқи маънавӣ падид омада, шохаҳои гуногуне, аз қабили асҳоби саҳву сукр, аҳли маърифат ва аҳли муҳаббат, тамоюлҳои мӯътадилонаю ифротӣ арзи вуҷуд карданд. Суфиёни аҳди аввал гурӯҳи зоҳидоне буданд, ки дар талаби наҷоти шахсии худ аз беадолатиҳои иҷтимоӣ канора ҷуста, гӯшаи узлат интихоб намудаанд. Намояндагони тасаввуфи ин давра Мусо Ансории Марвӣ, Абӯҳошими Куфӣ, Ҳасани Басрӣ, Ҷунайди Бағдодӣ ва дигарон буданд, ки аслан ба тафсири суфиёнаи Қуръону ҳадис ва тарғиби зиндагии одилонаи пайғамбар ва асҳобаш шуғл варзидаанд.

Суфиёни марҳилаи баъдӣ- Робияи Адвия, Боязиди Бистомӣ, Мансури Ҳаллоx, Аҳмади Ғазолӣ, Айнулқузоти ҳамадонӣ, Саноӣ, Аттор, ҷалолиддини Балхӣ, ва дигарон бошанд, масоили кашфу шуҳуди орифонаро тариқи ишқ ва самоъи ирфонӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Робиаи Адвия (713-851) аввалин зани орифест, ки дар бораи ишқу муҳаббати ҳақиқӣ сӯҳбат кардааст. То зуҳӯри Робиа тасаввуф ҳамчун зуҳду зоҳидӣ ва мактаби тарбиявии исломӣ фаҳмида мешуд. Яъне ҳанӯз ба масъалаҳои аслии тасаввуф диққати ҷиддӣ дода намешуд. Бо ба арсаи ирфон ворид гаштани ин зани соҳибандеша, тасаввуф, ки ҳамчун зуҳди хушк барои тавбаи гуноҳон фаҳмида мешуд, ба маърифати дардноки ишқу муҳаббат табдил ёфт ва масъалаи ишқи илоҳӣ ба миён гузошта шуд.ӯ дар таълимоташ ишқи бевоситаи маънавиро қоил буда, бо холиқ васл шуданро мақсади ниҳоии худ қарор медиҳад. Аз назари Робиа мақсаду мароми инсон дар зиндагӣ танҳо расидан ба висоли маъшуқи азалӣ ва павастан бо ӯ мебошад.


773
Нет комментариев. Ваш будет первым!