Муайянсозии асосҳои ҳастӣ
Дар қатори аниқ сохтани мафҳуми ҷавҳар, ки мазмунаш бо муайян кардани асоси ҳастӣ – материя ё идеалиёт – вобаста мебошад, ҳамчунин қишри дуюми масъалаҳои онтологӣ ҷой дорад, ки бо муайян кардани миқдори ҷавҳарҳои ҳастӣ асос меёбад.
Файласуфоне, ки асоси оламро аз як ҷавҳар, ибтидо иборат меҳисобанд, монистҳо номида мешаванд. Фаҳмиши монистии (аз юнонӣ, monos – як; ягона).ягонагии олам дар таърихи фалсафа дар ду ҷараёнҳои асосӣ, ки дар боло қайд кардем, амалӣ мешавад: дар монизми идеалистӣ ва материалистӣ.
Идеализми мутлақи Гегел яке аз намунаҳои муназзами монизми идеалистӣ мебошад. Шакли классикии монизми материалистӣ дар асарҳои материалистони фаронсавии асри XVIII баён шудааст, аммо фалсафаи материализми диалектикӣ чун шакли ривоҷёфтаи монизми материалистӣ эътироф гардидааст. Дар ин фалсафа ибтидои моддӣ ба сифати асоси олам эътироф карда шуда, гуногунии хосиятҳои ҳастӣ ҳамчун зоҳиршавии ягонагии моддии олам дониста мешавад.
Монизми идеалистӣ дар шарҳдиҳии сохторҳои моддии ҳастӣ ва гуногунии онҳо ҳатман ба мушкилӣ дучор мегарданд, инчунин монизми материалистӣ табиати ташкилаҳои идеалиро пурра шарҳ дода наметавонад ва маҷбур мешавад, ки дар ин кор ба эзоҳи шартии зеҳнӣ роҳ диҳад. Агар ба тарзи умумӣ гуфта шавад, пас қайд бояд кард, ки дар ҳеҷ кадом гаравишҳои монистӣ, новобаста аз монизми материалистӣ ё идеалистӣ буданаш, масъалаи гузариш аз идеяи абстрактӣ ба зуҳуроти мушаххас ҳал карда нашудааст, далел ва лаҳзаи «моддишавӣ»-и идея, хусусияти объекти алоҳида, аз ҷумла раванди эъҷодиёти субъекти алоҳида шарҳ дода нашудааст.
Ин дар навбати худ ба пайдоиши таълимотҳои плюралистӣ (аз лот., pluralis – бисёр, зиёд) сабаб гардид. Дар плюрализми онтологӣ сершумор будани ибтидоҳои мустақили фаъол ва худсабаб эътироф карда мешавад. Плюрализми онтологӣ метавонад ҳам идеалистӣ бошад (Лейбнитс) ва ҳам материалистӣ (Демокрит). Плюрализми босубот фаъолнокӣ ва озодии ботинии инсонро бомуваффақият шарҳ медиҳад, аммо, дар навбати худ, бо мушкилот дучор мегардад – бо имконнопазирии шарҳ додани пайдоиши ҷавҳарҳои фардиятии фаъоли сершумор, инчунин далели яқин будани ягонагии ҷисмию маънавӣ.
Дуализм (аз лот., dualis – духела, дугона) – кӯшиши бартараф кардани идеализм ва материализм дар фалсафа мебошад, ки ҷавҳарҳои моддӣ ва маънавӣ (рӯҳ ва материя)-ро ибтидоҳои баробарҳуқуқ меҳисобад. Намунаи классикии дуализм – таълимоти фалсафии Р.Декарт. Мувофиқи ақидаи ӯ, олами офаридашударо ду ҷавҳари ба ҳамдигар таалуқ надошта (моддӣ ва маънавӣ) ташкил додаанд.Ҷавҳари маънавӣ тақсимнопазир ва абадӣ мебошад. Вай худ тафаккур аст, ки дигар хосиятҳои тафаккур аз он тавлид мегардад. Идеяи чунин ҷавҳари ғайримоддӣ модарзодӣ, ирсӣ буда, дар таҷриба дастрас гардонидани он ғайриимкон мебошад. Ба онҳо, пеш аз ҳама, идеяи Худо, идеяи адад, як қатор мафҳумҳои кулл, ба монанди имтидолнокӣ, паҳноӣ, дарозӣ ва ғ. таалуқ доранд. Принсипи ибтидоии машҳури Р.Декарт чунин ифода карда шудааст: «Ман меандешам, пас вуҷуд дорам». Дар асоси ин, ӯ фалсафафаҳмии худро баён мекунад.
Дар фаҳмиши Р.Декарт, ҳастӣ – ин «ҳастии фикр аст. Боз аниқтараш, вай ҳастии субъекти андешанда аст». Ҳастии фикр принсипи ибтидоӣ аст, ки дар асоси он, аз рӯи ақидаи Р.Декарт, ҳастии Худоро ҳамчун кафолотдиҳандаи ҳақиқат ва ҳамчун нахустсабаби олами моддӣ исбот кадан мумкин мегардад. Дар мувофиқа ба ин, аз ибтидоҳои идеалии метафизикӣ худи ибтидоҳои аввалини физика ва эътимодбахшии онҳо бармеоянд.
Ҷавҳари моддӣ, баръакс, беохир тақсимшаванда буда, аз он хосиятҳои физикию геометрии олам ҳосил мешаванд. Мувофиқи ин, ҳамаи донишҳо доир ба олам, ки бо қонуниятҳои табиӣ инкишоф меёбад, дар таҷриба дастрас мегарданд. Р.Декарт аз мафҳуми материя аломату нишонаҳои ҳиссии чизҳоро истисно сохта, хосияти ягонаи онро танҳо имтидолнокӣ меҳисобад. Материя ҳамчун имтидолнокии холис бо мафҳуми халоъ (ҷои холӣ) мувофиқат надорад.
Имтидолнокӣ ҳамчун фазо ва ҳаракат зоҳир мегардад; гуногунии зуҳуроти олам аз миқдори ҳаракат, ки тағйирнопазир аст, вобаста мебошад. Агар соддатар гуфта шавад, ҳаракат ин ҷойивазкунии як қисми материя ё ҷисм дар фазо аст. Алҳол ин тарзи фаҳмиши механистии ҳаракат аст, вале ҳаракат танҳо ба ҷойивазкунӣ дар фазо нисбат дода намешавад.
Дар ҳар сурат қайд кардан ҷоиз аст, дар манзараи оламе, ки Р.Декарт тасвир кардааст, принсипҳо ва қонунҳои механика ҳукмрон мебошанд. Принсипи бақо аз он далолат мекунад, ки миқдори энергия дар олам доимӣ мебошад. Принсипи инертсия (аз лот., inertia – номуҳаррикӣ, беамалӣ) чунин ифода меёбад: азбаски материя ғайрифаъол аст, аз ин рӯ ҳар як ҷисм ба таъконёбӣ аз ҷисми дигар ниёз дорад. Назардошти ин принсипҳо Р.Декартро ба эътироф кардани идеяи нахусттаъкон водор менамояд.
ӯ ба хулоса меояд, ки ҳастии ҳақиқӣ, аниқтараш ҷавҳарияти ҳақиқӣ танҳо ба Худо хос буда, ҷавҳарҳои маънавӣ ва моддӣ барои мавҷудияти худ ба Худо эҳтиёҷ доранд. Ҳамин тавр, дуализми ҷавҳарии Р.Декарт хусусияти нисбӣ дошта, сухан асосан дар бораи он меравад, ки ҳастии Худо ҳамчун ибтидои аввал ва мавҷуди комил асоснок карда шавад. Р.Декарт ин маромро босубот дар асоси муқарраротҳое, ки ҳақиқаташон баҳсноталаб аст, амалӣ намуд (масалан, мо идеяи комилиро барои он дорем, ки худи Мутлақои комил вуҷуд дорад; идеяи Худоро бо худ дошта, мо вуҷуд дорем; табиати худододро мушоҳида карда, мо дарк мекунем, ки ӯ ҳаст, бидуни ҳеҷ муҳокима ). Ибтидоҳои нахустини физика низ дар мо ба намуди идеяҳои возеҳу равшан ҳузур дорад.
Қазияи асосие, ки дуализм ба он дучор мегардад – ин шарҳ додани масъалаи таъсири мутақобила ва махлутшавии ҷавҳарҳои баҳамзид, алалхусус ҳангоми тафсири табиати инсон, ки мавҷуди том аст.
Пантеизм (аз юнонӣ, pan – ҳама чиз + theos – худо) кӯшиши дигари ҳамҷоясозии материализм ва идеализм мебошад, ки ба ҷавҳари ягона хосиятҳои қутбиро (аксаран рӯҳ ва материяро) марбут меҳисобад. Дар ин таълимот табиат илоҳӣ ва Худо табиӣ гардонида мешаванд. Пантеизм ҳатман тафсироти органитсистӣ ва ҳатто гилозоистӣ (аз юнонӣ, hyle – моддиёт + zoe – ҳаёт; эътирофи рӯҳу ҷон доштани кулли материя) дар бораи табиатро ба назар хоҳад гирифт. Фалсафаи Б.Спиноза аз намунаҳои классикии шарҳ додани олам аз мавқеи пантеистӣ мебошад, ки дар он ҷавҳар худсабаб аст, Худо ба ҷавҳар айниятнок дониста мешавад. Аз назари Р.Декарт, агар Худо мавҷуди берун аз табиат ва барои табиат бахшандаи фаъолнокӣ бошад, пас Худо, назари Б.Спиноза, андешанда, соҳибхирад, нахустсабаби марбутии чизҳо мебошад. Худо, иброз кардааст Б.Спиноза, «сабаби якуми кулли чизҳо, инчунин сабаби худаш – аз худи худаш маърифат карда мешавад».[7] Дар натиҷаи чунин тафсирот Худо бо табиат ва рӯҳ бо материя якҷояю дарҳам карда мешаванд.
Аз назари Б.Спиноза, ҷавҳар ду атрибут (аз лот., attributum – хос будан, марбутӣ), яъне хосияти асосӣ, ҷудонашаванда дорад: тафаккур ва имтидолнокӣ. Аз ин лиҳоз, аз мавқеи ягона шарҳ додани ҳам табиат ва ҳам ҳастии инсони соҳибақл имконпазир мегардад. Метафизика ва фалсафаи табиатро Б.Спиноза аз ҳамдигар ҷудо намекунад, барояш онҳо то дараҷае айниятдор ҳастанд.
Ба сифати табиати тавлидшуда олами мушаххаси чизҳои имконан беохир, вале ҳатман мураттабшуда баромад мекунад. Таъсири мутақобилаи чизҳои том «дар фазои воқеӣ, таҷрибавӣ ва дар вақти комилан ченшаванда, ки одатан дарозӣ меноманд» ба вуқӯъ мепайвандад ва «… ҷавҳари феълии беинтиҳо, аз фазо беруна аз доираи вақт хориҷ аст, вай ҳамеша дар ҷовидона вуҷуд дорад». Агар соддатар баён шавад, зуҳуроту чизҳои том – ин модусҳо (аз лот., modus – андоза, образ, тарз) ё худ хосияту зоҳиршавиҳои муваққатии худи ҷавҳар. Олам ягона мегардад, ҷавҳар ва модусҳои он тавассути модусҳои сершумор бо ҳамдигар иртибот пайдо мекунанд. Чунончи, модуси беохири дарозӣ – ин ҳаракат ва оромӣ; дар тафаккур – ақли беинтиҳо. Худо ҷавҳарест, ки атрибутҳои беинтиҳо дорад, вале олами воқеӣ аз модусҳои боинтиҳо ва беинтиҳо ташкил ёфтааст. Онҳо бе ҳамдигар вуҷуд дошта наметавонанд ва аз ин лиҳоз, олам тасодуфӣ нест, балки маҳсули ҳатмии Худо аст.
Хусусияти хоси онтологияи Б.Спиноза – ҳамҷояю алоқаманд сохтани чизҳо, равандҳои гуногун, ки ҳатто ба ҳамдигар монанд нестанд, мисоли фарқияти тафаккури инсон ва олами табиати ғайризинда. Алҳол пантеизм мушкилоти худро дорад: а) номаълум аст, ки аз куҷо дар ҷавҳари аз ибтидо ягона чунин кӯшиш ба ҳаракат ва фаҳмиши тафовут пайдо мешавад; б) асосмандшавии онтологии равандҳои фардиятишавӣ нофаҳмо боқӣ мемонад, ҳарчанд ки ин раванд дар ҳастии инсон бараъло аён аст; в) унсурҳои маънавӣ ва моддӣ, психикӣ ва физикии ҳастӣ беҳад наздик карда мешаванд, қариб айниятӣ дониста мешаванд, ки баъзан ба фаҳмидани хусусияти хоси онҳо халал мерасонад; г) манзараи ҳаёти оламу одам бетароват тасвир карда мешавад.
Кӯшишҳои бартараф кардани камбудиҳои пантеизм ва комёб шудан ба муназзамсозии афкори классикии онтологӣ сабаб гардиданд, ки мавқеи монодуалистӣ (monos – якто, ягона + dualis – духела;) зуҳур ёбад. Унсурҳои монодуализм дар мазмуни аксари таълимотҳои онтологӣ ҷой дорад, вале ин назарияро Г.В.Лейбнитс муфассалтар баён кардааст.
Дар тафсироти Г.Лейбнитс ҷавҳар ҳамчун воҳиди махсуси фаъоли маънавии ҳастӣ – монада (аз юнонӣ, monados – воҳид, тақсимнопазир) фаҳмида мешавад. Монадаҳо содда буда, қисмҳои таркибӣ надоранд: онҳо як намуд «нуқтаҳои маънавӣ»-и берун аз фазо буда, хоси чизҳои мушаххаси фардӣ мебошанд. Хосияти асосии монада ин қувва (ё нерӯ) мебошад. Оламе, ки дар он монадаҳо интишор шудаанд, карахт набуда, балки пуртуғёну серамал аст. Ҷавҳар ин ибтидои асосии фаъолиятноки олам, маркази нерӯи ҳаётии он мебошад. Шумораи монадаҳо интиҳо надорад ва ҳар кадомаш фардияти худро дорад. Аз ин ҷиҳат, тафсири миқдории (механистии) олам кифоя нест, бояд фаҳмиши сифатии он сурат гирад. Ин ҷабҳаи пурарзиши таълимоти Г.Лейбнитс буд, ки ба муқобили механитсизми ҳукмрони замонаш равона шуда буд. Мувофиқи тафсироти мазкур олам на танҳо тағйирпазир аст, инчунин дар он тартибу низом ҳаст.
Г.Лейбнитс монадаҳоро ба се намуд ҷудо мекунад: урёнҳо, ҷонҳо, рӯҳҳо. Монадаҳои урён ё худ поёнӣ табиати ғайриорганикиро, ки на чандон фаъол аст, ташкил медиҳанд. Монадаҳое мавҷуданд, ки хотираи хуб дошта, нерӯи ҳаётиашонро беҳтар зоҳир менамоянд. Ин монадаҳо ҷонҳо номида мешаванд ва худи ҷон ҳамчун ибтидое, ки одамро бо олами ҳайвонот мепайвандад, ҳамчун нерӯи фаъоли ибтидоӣ фаҳмида мешавад. Азбаски ҷони организми том нобуднашаванда асту танҳо ҷисмаш фартуту нобуд мегардад, бинобар ҳамин ҳам ҷон ниятҳояшро мувофиқи мақсади муайян амалӣ месозад (инро дар фалсафа телеологизм меноманд; аз юнонӣ, teleos – мақсад +logos – таълимот).
Ин дар фаъолияти инсон, ки на танҳо қобилияти бо узвҳои ҳис идрок кардан (персепсия), инчунин қобилияти бошуурона дарк кардани умқҳои бешууронаи худро дорад (апперсепсия), бештар зоҳир мегардад. Мувофиқи ақидаи Г.Лейбнитс, дар олам «қонуни пешакӣ муқарраршудаи мувофиқат» ҳукмрон буда, он барои монадаи ба олами беруна «тиреза надошта» имкон медиҳад, ки ҳамаи равандҳо, ҳолатҳои монадаҳои оламро дониста тавонад. Меъёри ҷойгиршавии онҳо дар зинаи таҳаввулот – амиқии апперсепсия ва нерӯи эҷодӣ, ки дар ҷараёни таҳаввулоташ монадаҳои зинаҳои поёниро дар худ фаро мегирад. Дар фарқият аз монадаҳо, ки объекти муҳими тадқиқоти илмҳои физикӣ мебошанд, материя – ин танҳо «падидаи ба хубӣ асоснок кардашуда», на ин ки ноумен («чиз дар худ»-и И.Кант).
Г.Лейбнитс Декартро барои ба тарзи дуалистӣ ҷудо кардани ҷон ва тан, рӯҳ ва материя, Б.Спинозаро барои тасвири манзараи бетаровату беҳаёти ҳастӣ, ки танҳо бо ҷавҳар асос меёбад, танқид менамояд. Зиёда аз ин, дар тафсироти анҷомбахшидаи Б.Спиноза ҳаргуна фардият ва озодӣ барҳам мехӯрад. Аз ин ҷост, ки плюрализми лейбнитсӣ бо «марказҳои нерӯ»-и ҷавҳарии сершумор, ҳастии худро озодона муайянкунанда дар фазои афкори фалсафӣ омад.
Категорияҳои асосии фалсафаи Г.Лейбнитс (категорияи ҷавҳар ва категорияи Худо) бо ҳамдигар алоқамандии ногусастанӣ доранд. Худо се атрибут (хосияти асосӣ) дорад: қудрат, дониш, ирода. Новобаста аз он, ки қудрат атрибути асосӣ дониста мешавад, дониш мақоми ҳалкунанда дорад. Худо ҳамчун мавҷуди фавқултабиӣ, ҳамчун нерӯи андешандаю эҷодкор тафсир мегардад, ки ҷавҳарҳои фаъоли беинтиҳоро офарида, аз байни роҳҳои имконии таҳаввулоти онҳо олами мо – «беҳтарин аз ҳамаи оламҳои имконӣ»-ро интихоб менамояд. Натиҷаи чунин модели метафизикӣ тасаввуроти виталистӣ (аз лот., vitalis — ҳаётӣ) дар бораи ҷавҳар ва табиат, яъне тафсири органистии ҳастӣ гардид, ки ба талаботи замони худаш ҷавобгӯй буд.
Дар таълимотҳои монодуалистӣ олам ҳамчун томияти муттасилан таҳаввулёбанда ва густаришёбанда тасаввур мегардад, ки дар он байни қисматҳои моддӣ ва маънавӣ айният ва ҷудоӣ вуҷуд надоранд, вале таъсири мутақобилаи гуногуни ин қисматҳо дар зинаҳои гуногуни ҳастӣ вуҷуд дорад.