Санкҳя, Няя, Вайшешика, Йога

Санкҳя.Санкҳя — яке аз макотиби қадими фалсафии Ҳиндустон ба шумор меравад, ки дар асри VII пеш аз мелод ба вуҷуд омадааст. Санкҳя калимаи санскритӣ буда, маънояш адад, ҳисоб, ҳисобдон, ҳисоб кардан мебошад. Ақидае вуҷуд дорад, ки ин таълимот барои он чунин ном гирифтааст, ки пайравони он бо мақсади маърифати дурусти воқеият объектҳои асосӣ ва воситаҳои онро аз нав дида баромаданд. Фикри дигаре низ вуҷуд дорад, ки тибқи он мафҳуми «санкҳя» аз калимаи самяг-ҷаняна, яъне такмилёфта, асил гирифта шуда, маънии «дониши аслӣ» — ро дорад. Асосгузори санкҳя ҳокими афсонавӣ Капила ба шумор меравад. Осори қадимтарине, ки оид ба ин таълимот хабар медиҳад, асари Ишвара-Кришна «Санкҳя — карика» мебошад. Санкҳя Ведаҳоро эътироф мекунад, лекин таълимоташ дар асоси матнҳои он не, балки дар асоси таҷриба ва ҷаҳонбинии хоси худ ташаккул ёфтааст.

Таълимоти Санкҳя асосан дуалистӣ мебошад. Вай кӯшидааст, ки оламро аз мавқеи ду воқеияти ибтидоӣ-пракритӣ ва пуруша шарҳ диҳад. Тибқи маълумоти баъзе муҳаққиқон, сарчашмаи ин таълимот афкори Зардушт мебошад. Зеро, ҳамон тавре ки Зардушт ба ду қувваи хайру шарр мӯътақид буд, фалсафаи Санкҳя низ ба ду қувва: моддӣ (шарр) ва маънавӣ (хайр) мӯътақид аст, ки бо номҳои Пуруша ва Пракрити маъруфанд. Пуруша дар оини Зардушт бо Спантомину (рӯҳи хайр) ва Пракрити бошад, бо Анграмину (рӯҳи шарр) баробарандва роҳи наҷот аз ранҷу азобро дарёбад. Лекин бояд ёдовар шуд, ки фақат санкҳяи классикӣ хусусияти дуалистӣ дорад. Шаклҳои дигари он материалистӣ ва атеистӣ мебошанд.

Санкҳяи классикӣ, чи хеле дар боло зикр шуд, хусусияти дуалистӣ дорад. Чаҳонбинии ин шакли санкҳя аз тасаввурот оиди мавҷудияти ду мабдаи мустақил, яъне пракрити (иллати моддӣ) ва пуруша (ман, рӯҳ, шуур, субъект) маншаъ мегирад. Таносуби пракрити ва пуруша чун таносуби сабабу натиҷа ҷилвагар шуда, ҳамчун ду лаҳзаи (феъл ва қувва) як ҷавҳар дониста мешаванд. Прокрити нисбат ба пуруша фаъол ва дар ҳаракат буда, онро аз сукунату карахтӣ раҳо месозад ва ба дониста гирифтани олами моддӣ водор мекунад. Олам бошад, маҳз ба шарофати таъсири пуруша ба пракрити зуҳур мекунад.

Санкҳя аз тарафи худоён офарида шудани оламро инкор мекунад. Аз ин лиҳоз, вай даҳрӣ мебошад. Мавҷудияти худоро инкор карда, умуман ҳастии онро исботнашаванда мешумориданд. Муассиси Санкҳя таълим медод, ки олам офарида нест ва офаридагор ҳам надорад.

Няя.Тамоили дигари фалсафии Ҳинди қадим мактаби няя ба шумор меравад. Няя калимаи санскритӣ буда, маънояш қоида, муҳокима, тадқиқот, мантиқ мебошад. Асосгузори он мутаффакири Ҳинд Готама — муаллифи рисолаи «Няя — сутра» мебошад, ки тахминан дар ибтидои эраи мо умр ба сар бурдааст.

Няя нуфузи Ведаҳоро эътироф дошта бошад ҳам, таълимоташ мутобиқ ба матни он не, балки дар заминаи таҷриба ва тафаккури мустақили худ асос ёфтааст. Мувофиқи таълимоти няя роҳҳои дарки дурусти маърифатро танҳо илми мантиқ ва қонунҳои он муайян мекунанд. Барои маърифати олам чор манбаъ — идрок, қиёс, исбот ва хулосаро эътироф мекард. Мақсади ниҳоии ҳаётро дар ноил шудан ба мокша (озодшавӣ) ҳисоб мекард ва дар донистани олами воқеӣ сабру таҳаммулро афзал медонист.

Бархилофи дигар равияҳои фалсафӣ няя браҳмаро бо модда (материя, ҷаҳон) айниятдор намедонист. Балки онро ҳақиқати алоҳидае медонист, ки бо қувваи ҷаҳонӣ ҳамроҳ шуда, боиси ба ҷунбиш даромадани он гаштааст. Мувофиқи таълимоти няя инсон аз ду қисм- ҷисм ва манас, яъне нафси нотиқа ва атман (рӯҳ) иборат аст.

Вайшешика.Фалсафаи вайшешика (аз калимаи санскритии вашеша – тафовут, хусусият) бошад, дар асри V пеш аз эраи мо ба миён омада, асосгузори он Канада, ки бо номи Улука низ маъруф аст, ба шумор меравад. Таълимоти вайшешика дар китоби «Вайшешика — сутра» гирд оварда шудаанд.

Фалсафаи вайшешика ақлгароёна (ратсионалистӣ) буда, бо няя қаробат дошт. Барои маърифати олами воқеӣ ба донишҳои ақлӣ эътимод доштанд. Ведаҳоро инкор намекард, лекин таълимоташ дар асоси заминаҳои махсуси назариявӣ ва амалии худ ташаккул ёфтаанд. Фалсафаи вайшешика ҷаҳонро пур аз зарраҳои хурди ба чашм ноаён ва номутаҳаррик иборат медонист, ки тамоми ҷисмҳои дигар аз ин зарраҳо ба вуҷуд меоянд. (Чи хеле ки мебинем, аз ин таълимот бӯи назарияи атомистӣ меояд).

Дар масоили ахлоқ вайшешика дар муқобили таълимоти анъанавии макотиби дигари фалсафаи Ҳинд меистод. Чунончи, ба ақидаи он, инсон дар фаъолияти хеш озод буда, табиатан на нек мешавад ва на бад. Инро ба рафтори шахс ва муҳит вобаста медонад. Лекин агар ба бадӣ майл кунад, ба дараҷаи пасти ҳайвонӣ мерасад ва агар ба некӣ гарояд, ба зинаи малакутӣ мерасад.

Йога (калимаи санскритӣ буда, маънояш фикри амиқ, иштирок, якшавӣ, риёзати фикриву ҷисмонӣ мебошад). Фалсафаи йога низ мансуби мактабҳои қадими фалсафии ведӣ буда, аввалин бор дар «Упанишодҳо» ёдрас шуда буд, ки йогаро воситаи асосии дарки асрори ботинӣ ва ба даст даровардани донишҳои ҳақиқӣ мешумориданд. Лекин баъдтар (яъне дар асри II милодӣ) ин таълимот дар шакли мукаммалтарин аз тарафи Патанҷали таҳия карда шуд, ки он асосан аз маҷмӯи машқҳои фикрӣ ва ҷисмонӣ иборат буда, ҳадафи асосии он ҳосил намудани ҳолати махсуси рӯҳӣ мебошад.

Ба ақидаи йога, инсон қодир аст, ки бидуни ёрию мадади ҳис ҳақиқатро дарк намояд ва онро ошкоро мушоҳида намояд. Узвҳои ҳис, ки воситаи ҳосилшавии ақли инсонӣ мебошанд, метавонанд ба хато бираванд ва ҳақиқатро сарозер (чаппа) нишон диҳанд. Барои дарёфти ҳақиқати аслӣ инсон бояд ба олами атроф аз равзанаи дил нигоҳ кунад ва он гоҳ муваффақ мешавад, ки ашёҳоро дар шакли асл дарк намояд. Лекин дарки ҳақиқат ба ҳама муяссар намешавад. Барои ин йога таълим медиҳад, ки инсон бояд аз олоишоти дунявӣ ва асирии шаҳват дилро раҳо кунад ва бо риёзату ранҷу азоб нафси саркашу ҳукми шаҳватро занҷир занад. Танҳо дар чунин сурат дили инсон бо нури илоҳӣ равшан мешавад ва ҳақиқатро ба он сурате ки ҳаст, дарк мекунад. Вобаста ба хислати одамон Йога се роҳи ба озодӣ расидани инсонро нишон дода аст: 1) йога – ҷняна, яъне роҳи маърифату дониш; 2) йога – бҳакати, яъне роҳи муҳаббат ба худо; 3) йога – карма, яъне роҳи накӯкории беғаразона дар ҳаёт.

Барои покшавии ботадриҷи бадан ва тафаккур йога дар ибтидо силсилаи 8-гонаро талаб мекард, лекин баъдтар аз тарафи мутафаккири бузурги Ҳинд Шанкара боз ҳафт зинаи дигар илова карда шуд ва ба ҳамин тариқ, барои покшавӣ сисилаи иборат аз 15 зина, яъне иҷроиши 15 шарт муқаррар шуд.

Бояд гуфт, ки дар байни риёзаткашони Ҳинд риёзати йога аз ҳама вазнин ва тоқатфарсо ба шумор меравад. Навъҳои он ҳаштоду панҷто буда, пайрави йога бояд оддитарин қоидаҳо аз қабили хӯрдан, хобидан, нафас кашидан, нишастан, бархостанро дақиқкорона риоя намояд.

Мақсади асосии йога ба дарки асрори худи инсон расидан аст. Таълимоти йога дар китоби «Йога — сутра» гирд оварда шудаанд. Бояд гуфт, ки йога ҳамчун ҷузъи фалсафаи қадими мардуми Ҳинд имрӯз ҳам дар сайри такомул аст ва дар байни халқҳои гуногун низ маъруфият пайдо карда истодааст.

373
Нет комментариев. Ваш будет первым!